Корзори мачозй
به دبيره پارسی
Имруз, ки доштам сари пушиши руйдодхои Эрон тавассути шабакаи телевизюнии Би-Би-Сии порсй андеша мекардам, шигифтзада шудам, ки сахми "рузноманигории шахрвандй" дар он чи кадр зиёд аст. Навиштаи зер хосили хамон шигифтй аст.
Анбухи мардум бо сар додани шиъорхои баланд арзу тули яке аз хиёбонхои Техронро пур кардаанд. Тасвири шаффоф, аммо ларзон, ки аз фарози як сохтмони мушриф ба хиёбон филмбардорй шудааст.
Дар сахнае дигар аз рузе дигар аз даруни издихоми муътариз дастхое баланд мешаванд ва ба зарбу чархи афроде мепардозанд, ки то он лахза хамгому хамрохашон буданд. Бедиранг афроди низомй бо ботунхои худ ба кумаки шибхинизомиёни шахсипуш мешитобанд ва зери фарёди имдоду вахшати занон издихомро пароканда мекунанд. Тасвир собит нест ва хамрох бо чамъият медавад. Филмбардор яке аз муътаризон аст, ки бо истифода аз телефуни харохаш ин лахзахоро забт ва аз тарики торнамои видеуии Youtube дастраси чахониён кардааст.
Интихоботи раёсати чумхурй дар Эрон ва руйдодхои мутаъокиби он накши расонахои дичитолеро, ки мухтавои онро шахрвандон тахия мекунанд, барчастатар кардааст. Дар холе ки расонахои расмй аз пахшу интишори комили матолиби марбут ба руйдодхои ахир дар Эрон пархез мекунанд, чои холии онро навиштахо ва наворхои видеуйи ва аксхои шахрвандон дар торнамохое чун Youtube, Facebook, Tweeter, Flickr, Дунбола ва Болотарин пур мекунад.
Акнун як шахрванди одй, ки як телефуни сайёри дурбиндор дар ихтиёр дорад, метавонад мухтавое расонайи тавлид кунад, ки хатто хабарнигорони хирфайи аз тахияи он очизанд. Табалвури журнолизми шахрвандии Эронро имруза дар бештари расонахои чахонй метавон дид ва шабакахои телевизюнии матрахи чахон хам он аксхову филмхо ва тавзихоти созандагонашонро ба кор мебаранд.
Тамоюл ба пушиши хабарии руйдодхо тавассути шахрвандони одй замоне беш аз пеш буруз кардааст, ки эхсос мешавад роххои дастрасй ба ахбор аз тарики мачории мутаъориф (роххои одй) махдудтар шудааст. Масдуд ё махдуд кардани дастрасй ба торнамохои мухолифон сели мухотабонро ба суи Youtube ва Facebook равона кард. Мумонеъат аз дастрасй ба он торнамохо хам сафахоти вижаеро дар пойгоххои тасвирии Flickr ва Picasso эчод кард. Ва хамин гуна неруи фаррору сайёли рузноманигории шахрвандй (citizen journalism) дар фазои мачозй аз мавонеъе, ки барояш эчод мешавад, ба содагй дар меравад ва мафарру маъмане тоза пайдо мекунад. Дар чомеъаи бастае, ки гуфта мешавад худуди як севуми чамъияташ ба Интернет дастрасй доранд, расонахои мардумй худ ба худ ба ракибе чиддй барои расонахои расмй табдил мешаванд.
Дар ин росто аз телефуни хамрох истифодаи фаровон сурат мегирад. Дар канори тахияи филм ва акс дорандагони ин телефунхо бо ирсоли паёмак (SMS)-хо дар пахши хабархое мекушанд, ки дар расонахои расмй мунташир намешавад. Бастани сервиси ирсоли паёмакхо дубора «шахрванд-рузноманигор»-хоро ба суи роёнахояшон савк медихад ва бар шумори торнигор (веблог)-хо афзуда мешавад ва ахбори мардуммехвар аз ин рох ишоъа мешавад.
Twitter, Болотарин, Facebook ва Дунбола барои тавзеъи хабархо ва пайвандхо ба матолиби мухталифи хабарй ва тахлилй хам муассир будааст. Танхо ишколи ин торнамохо шояд мувассак набудани бархе аз хабархои мунташира аст, ки ба иштибох ё бо хадаф тавассути корбароне чудогона руи шабака меравад. Аммо ин торнамохо ба корбарон имкон медиханд, ки дар бораи матолиб изхори назар ва бахс кунанд ва аз ин рох эътибори матлабро ба чолиш бикашанд ё онро тасхех кунанд.
Зимнан, ин торнамохо дар давраи корзори интихоботй ба яке аз пойгоххои таблиготии номзадхо табдил шуда буданд ва то кунун бархе аз чехрахои сиёсии Эрон сафахоти худро дар Twitter ва Facebook баруз (update) мекунанд ва ахбори марбутаро аз зовияи диди худ ташрех мекунанд.
Wikipedia хам, ки як донишномаи интернетист ва аз суи корбарон тахриру тасхех мешавад, сафахоти тозаеро ба руйдодхои ахири Эрон ихтисос дода, ки дар холи комилтар шудан аст.
Сй сол пеш нашрия, навори забти савт ва хатти телефун танхо расонахои «мардуммехвар» махсуб мешуданд ва иттилоъоти гайрирасмй голибан аз тарики хамин расонахо пахш мешуд. Аммо акнун Интернет ба хар касе ин имконро додааст, ки «шахрванд-рузноманигор» бошад ва дар ишоъаи ахбор ва иттилоъот сахм бигирад.
No comments:
Post a Comment