Навиштаи зер мутаъаллик ба калами азизе дар Эрон аст, ки бо мулохизоти маълум аз зикри номаш худдорй мекунем.
Такдим ба Нидо, духтари шахиди шахрамон
- Нидочон! Бобо, натарс. Натарс. Натарс, духтарам. Чизе нест.
Чашмони Нидо холо дигар рафтаанд ва лахзае баъд хун аз дахону бинии Нидо чорй мешавад.
Ва падар холо дигар фарёд мезанад:
- На! Духтарам, на! Нидочон, на!
Ва садои дилхароши касе шунида мешавад, ки мегуяд:
- Дорад мемирад. Дорад мемирад...
Ва Нидо мурдааст. Дуруст дар васати хиёбони Озодй, дар шанбеи сиёхи хурдоди 1388, бо шиллики гулулае аз ёварони валии факех, окои Хоманайи. Ин тасвирро мудом хамаи телевизюнхои дунё доранд намоиш медиханд. Ин охирин дастоварди хукумати динии Эронро.
Дурбин хануз дорад руи сурати хунини Нидо чарх мезанад ва садои нолаву фарёду гирйистан дар хам меомезад, ки тасвир тамом мешавад.
Аммо он лахазоти эхтизори Нидо дар зехни милёрдхо одам тамом намешавад. Он охирин нигох ва чумалоти дилхароши падар. На, онхо акнун доранд огоз мешаванд. Мухим нест, ки бештари онхо забони форсиро намефахманд. Марг, зиндагй, лабханд, адолат, ишк, нафрат ва ситам ниёзе ба забон надоранд.
Ва ёди шиъорхои ду руз пеш аз он меуфтам, ки рохпаймоёни сукут бар руи тиккаи когазе навишта буданд:
«Мечангам, мемирам, раъйамро пас мегирам.»
Ва Нидо мурдааст. Дуруст дар васати хиёбони Озодй ва онхо раъйи уро бурдаанд. Дакиктарашро дар шиъори чанд руз пеши рохпаймоён ба хотир меоварам, ки «Раъйи моро дуздида, Бо раъйи мо пуз меда».
Холо тасвири Хоманаист, ки худро ба зехнам тахмил мекунад. Истода дар чойгохи такво, намак бар захми Нидо мепошад. У раъйи Нидоро дуздидааст ва аз минбари намози чумъа мегуяд, ки раъйи Нидо ба низоми исломй будааст ва чашми душманонро кур кардааст. Ва падари Нидо дастони хунолудаш хануз бар гардани зарифу духтаронаи Нидо мондааст. Дуруст дар хамон чое, ки яке аз ёварони Хоманайи онро шиллики гулулае хадаф гирифт, то тахдиди рахбари муслимини чахон тахаккук биёбад, то Нидо натавонад раъйи худро пас бигирад. Нидо пеши чашмони падар, дуруст дар васати хиёбони Озодй мурдааст ва тани зарифу духтаронааш хамон чо мондааст ва лахзае аз зехни милёрдхо инсоне, ки онро дидаанд, дур намешавад ва садои гиряолуди падарашро мешунаванд, ки мегуяд:
- Нидочон. Бобо, натарс. Натарс, духтарам, чизе нест.
Аммо Нидо мурдааст. Ва садои гиря меояд. Хоманайи дорад гиря мекунад. Ва пайравонаш хамрох бо у мегирянд. У дорад тани заъифашро такдими Имоми Замон мекунад. Хамоне ки карор аст биёяд ва чахонро пур аз адлу дод кунад. Ва валии факех дорад заминаи зухури Окоро фарохам мекунад ва ба василаи пайравонаш хамаи мавонеъро аз пеши по бар медорад. Яке аз онхо гардани кашида ва духтаронаи Нидоро хадаф гирифтааст. Ва Нидо наздики падараш истодааст. Дуруст дар васати хиёбони Озодй. Чи кадр хушхол аст, ки тавониста аз халкаи пуршумори ёварони Око бигзарад. Пайравони Хоманайи уро ба ин ном мехонанд. Око ба онхо гуфтааст, хеч кас набояд худро ба Озодй бирасонад.
Вале холо Нидо ва падараш он чо хастанд. Дуруст дар васати Озодй. Онхо омадаанд, ки раъйашонро пас бигиранд. Раъеро, ки онхо ба наккоши шучоъу матини шахрашон дода буданд, то руи дару девори тамоми шахрро акси гулдонхои пур аз гул бикашад. Бахусус аз он гулдонхои шамъдонй, ки як радиф аз онхоро дар хонаашон хар руз падар об медод. Ва у вакте ки кудак буд, лахзае васвасаи чидани гулхояш даст аз сари у бар намедошт ва гох итоби падарро низ ба чон мехарид ва чандтое аз онхоро мечид.
Вале Око гуфтааст, ки у Наккошро дуст надорад ва Нидо ва хамаи мардуми шахр ба низоми исломй раъй додаанд ва ба марде, ки хамеша дасти Окоро мебусад ва кораш пок кардани хамаи наккошихо аз дару девори шахр аст. Ва Око уро аз хама бештар дуст дорад. Холо Нидо мурдааст. Дуруст дар васати хиёбони Озодй ва хамаи мардуми чахон дидаанд. Око хушхол аст, ки раъйи уро пас надодааст ва хушхол аст, ки хама фахмидаанд, ки хар кас худро ба Озодй бирасонад, ёрони Око уро хоханд кушт. Нидо мурдааст ва он марде, ки кораш пок кардани наккошихои шахр аст ва хамеша дасти Окоро мебусад, дорад хуни Нидоро аз хиёбони Озодй пок мекунад.
Аммо тани зарифу сурати хунини Нидо хануз хамон чост ва барои хамеша хамон чо хохад монд. Дуруст дар васати хиёбони Озодй. Ва хамаи мардуми дунё онро дидаанд ва хуни сурхранги Нидо, ки ба ранги гулхои шамъдонй мемонад, хеч гох аз васати хиёбони Озодй пок нахохад шуд.
Муртабит: NEDA
9 comments:
Nido ramzi istiklolkhohii ironiho shudaast, in harfo diruz yak shinosi amrikoiam niz meguft,
dar UTube yak bakhshi vijai Iron kushoda shudaast bo nomi ctzntube
http://www.iranian.com/main/2009/jun/makhmalbafs-message
Makhmalbaf calls for unity against dictators:
http://www.iranian.com/main/2009/jun/makhmalbafs-message
Please keep us updated on the situation in Iran. The people in Tajikistan are counting on you.
Dear Anonymous,
Thank you so much for your message. I wasn't sure if anybody cared a damn about whatever was written about the Iranian upheavals here. Just because of your message I'll do my best to keep you posted on Iran as regularly as possible.
Darius, you are not right,
In addition to Anonymous, Im the second person and probably not the last one who follows Iran's events from your blog.Before going to BBC Russian and English, I open 1 Darvesh for news from Iran.
so, if you will stop writing about this, you make upset at least two people, the Anonymous above and the Folloer,
Dear Follower,
Thanks a lot for your kind message. Will keep updating developments in Iran as long as I can. All the best, D
Дуруд бар Дориюши гиромй!
Дар вокеъ ду ношинос дуруст гуфтанд. Ман шигифтзада будам, ки чаро хабархои тозаро наменависед.
Мутаасифона, имруз дар Точикистон дар бораи ахволи хамкавмони бурунмарзиамон хабари зиёде намерасад. Як Дарвеш танхо чоест, ки дар пушиши лахза ба лахзаи ахбори Эрон ба форсии сирилик мавчуд аст.
Аз захамотатон сипосгузорам. Дасти шумо дард накунад.
Ромини гиромй, дуруду сипос аз хусни назаратон.
Хафтаномахои Точикистон, ки имруз мунташир шуданд, дар бораи руйдодхои Эрон батафсил маколоте навиштаанд, ки нишон медихад, зехни ситампарвари чамъии мо хамчунон хоким аст ва танхо аз касе химоят мешавад, ки бо берахмию саркуби хушунатомез мехохад хокимияти худро таквият кунад. Касе машруъияти давлати Ахмадинажодро дар Точикистон зери суол набурдааст, дар холе ки хатто бархе аз пешохангони Чумхурии Исломй ин корро кардаанд ва инсофан, машруъияти режим дар кул (хамрох бо рахбари он) то хадди зиёде осеб дидааст.
Комраво бошед.
Post a Comment