Дар торнигористони точик чи хабар?
Соли гузашта дар рузе чун имруз Точвар расман аз гардонандагии торнигори Андеша даст кашид ва лагоми умури онро ба Рустами Субхонй супурд. Дар огоз тасаввур бар ин буд, ки Андешаи азизи мо пас аз чалби он хама дустдор андак-андак ба кухулат хохад гароид ва махфили гарми мо сард хохад шуд. Як намунаи он дидгохи маъюсонаи Як Дарвеш дар хамон руз буд.
Як соли гузашта ин нигаронихоро бартараф кард. Андеша имруз хам чушандатарин майдони бахси интернетист. Афзоиши таъаххудоти корй боъис шуда, ки натавонам дар бахсхои он ширкат дошта бошам, аммо мурури тунди он бахсхо рохи муносибест барои санчидани набзи андешахои ичтимоъию сиёсй ба вижа дар миёни чавононе, ки ёро ё тавоноии андешидан доранд.
Дар ин муддат торнигористони точик доман густард ва аъзои тозае вориди арсаи он шуданд. Торнигори Салими Аюбзод бехтарин намунаи як торнигори шахсист, ки ховии мушохидоти бикр, хотироти талху ширин ва тахлилхои хондании як рузноманигори саршинос аст ва бедиранг хонандагони худро дар торона ёфт. Шояд ин икдом дигар рузноманигоронро низ ташвик кунад, ки дар сахнаи бозу озоди Интернет ба дур аз махдудиятхое, ки дар дафтархои коришон доранд, чавлон бизананд.
Дар паи он торнигори Мардикорнома зухур кард, ки дар навъи худ бехамтост ва шояд нахустин ёдворапардозии як мардикори точик дар торона бошад. Умед аст, ки доманаи корбарони он низ тавсеъа ёбад.
Ва тозатарин торнигоре, ки хабари гушоишашро аз «Торнигори Салими Аюбзод» гирифтам, веблоги хушноми Акбар Турсон аст – «Мурги самандар». Зохиран ин донишманди баноми гариби точик касд дорад пас аз солхо сукут дар арсахои хамагонии Точикистон самандарвор аз зери хокистар берун ояд ва дубора лаб ба гуфтан бигушояд. Як Дарвеш дар ин росто барои устод комгорй мехохад.
Дар зарфи як соли гузашта "Футболи Точикистон" ба бехтарин мачаллаи футболи кишвар табдил шуд. Ба гунае, ки такрибан хамаи руйдодхои майдони футболи Точикистон ва мухимтарин бозихои байнулмилалиро метавон аз тарики он дунбол кард.
Нуктаи манфие, ки таи 12 мохи ахир мушохида кардам, сукути бисёре аз торнигорхои точикист, ки дар гузашта бисёр фаъъол буданд. Хайф аст, ки ба торнигорхои хуби «Ойина»-хо, «Садои механпараст», «Шахриёристон», «Чоми Чам», «Эроншахр», «Сухансаро», «Ватандор» ва гайра сар бизанем ва бетуша таркашон кунем. Медонам, ки дустон пуркоранд. Аммо шояд бехтар аст, ки веблогнависиро хам чузъе аз хамон корхоямон бидонем, то ба ташаккули журнолисми шахрвандй ва бунёди як чомеъаи шахрвандй дар Точикистон мусоъидат кунем.
No comments:
Post a Comment