«Инкилоби себзаминй» ё «инкилоби сабз»?
Имруз, одина, Чумхурии Исломии Эрон дунболаи инкилобе тадричиро тачруба мекунад, ки дар соли 1997 (бо пирузии Хотамй) огоз ёфт ва соли 2005 (бо рафтани у) барои чахор сол дучори вакфа шуд. Шояд ин бор ин инкилоб ба номе хам мавсум шавад: «инкилоби сабз», ба таклид аз инкилобхои рангини Укроину Гурчистон, ки режимхои пешинро рубиду низомхои тозаро чойгузини онхо кард.
Бо ин тафовут, ки инкилоби Эрон комилан худчуш аст ва тадричй. Пешрафти хазандаи он тахаввулотеро ба бор меоварад, ки ниходина мешавад ва барои дервакт ё шояд барои хамеша дар чомеъаи Эрон реша медавонад. Тагйирот хар чи шумурдатару тадричитар ва пилла ба пилла анчом гирад, ба хамон андоза ниходинатар аст. Тагйире, ки торихи дакике нахохад дошт, чун онй нест. Вале агар карор аст дар Эрон низом тагйир кунад, соъати он тагйир дар хамон соли 1997 рох уфтод ва акнун дубора фаъъол шудааст. Дастандаркорони он бахши аъзами аз 60% чамъияти чавони Эрон хастанд, ки дар вокеъ хама бачахои инкилоби исломианд ва зери сояи оятуллоххо бузург шудаанд. Аммо аз он сояхо дигар дили чандон хуше надоранд.
Дар ин интихобот Махмуди Ахмадинажоду Мухсини Ризоии усулгаро дар баробари Мирхусейни Мусавй ва Мехдии Каррубии ислохталаб карор доранд. Албатта, хар кадом аз чехрахои ин ду урдугох хам ракиби якдигар махсуб мешаванд. Ба ростй, интихобот дар Эрон ва ба вижа корзори интихоботии имсол хамрох бо нахустин мунозирахои зиндаи телевизюнй миёни номзадхо ба шеваи гарбихо кишвархои хамсояро шарманда кард. Дар хеч як аз кишвархои минтака наметавон чунин интихоботи нисбатан демукротикро мушохида кард.
Дарсхои сиёсии Эрон ба минтака
Дуруст аст, ки гузиниши номзадхо бар мабнои усули шаръии исломй анчом мегирад. Аммо пас аз он ки номзадхо аз софии шаръии Шурои Нигахбон гузаштанд, ин онхову ин хам гую майдон. Такаллуби раъйхо дар интихоботи Эрон аз наводири рузгор аст ва такрибан сурат намегирад.
Танхо нишонахои гайридемукротики он хамон софии Шурои Нигахбон ва гох суиистифодаи раисичумхурии вакт аз ихтиёроташ аст. Ба монанди масдуд кардани торнамохои Мусавй – ракиби аслии Ахмадинажод дар интихоботи имруз, бастани муваккатии Фейсбук, ки махалли тачаммуъи хаводорони Мусавй буд ва ихтисос додани 25 дакикаи изофй ба Ахмадинажод барои дифоъ аз худаш дар охирин рузи корзори таблиготй.
Аммо на Ахмадинажод ва на хеч хусрави дигаре дар Эрон метавонад ба монанди Хайдар Алиев писарашро чойгузини худ кунад ё ба монанди Рахмон Конуни Асосиро ба дилхохи худ тагйир дихаду муддатзамони билкувваи рахбариашро ба 28 сол бирасонад. Раисичумхурй меояд, чахор сол хидмат мекунад, агар мардум писандиданд, чахор соли дигар мемонад ва пас аз он бисоташро чамъ мекунаду меравад, то баъдй биёяд. То кунун хамаи раисони чумхурии Эрон ду даврайи раёсат кардаанд. Аммо ба назар меояд, ки Ахмадинажод дар ин кор комгор нахохад шуд.
Чаро Ахмадинажод манфур шуд?
Сахтгирии мазхабии давлати вай таи чахор соли гузашта, 24 дарсад таварруми соли равон, 13 дарсади расмй ва 20 дарсади гайрирасмии мизони бекории имсол, лаффозихои Ахмадинажод дар арсаи байнулмилалй, ки Эронро мунзавй кард, бастани рузномахову торнамохо, мумонеъат аз чопи баъзе китобхо, додани ваъдахои бешуморе, ки харгиз амалй нашуд ва гайра танхо шуморе аз ангезахои нохушнудии бахши азиме аз чамъияти Эрон аз Ахмадинажод аст. Ин нохушнудй ба андозае кавист, ки ин бор такрибан хамаи фаъъолони хукуки занону чавонон тасмим гирифтаанд дар раъйдихй ширкат кунанд. Дар давраи гузашта, соли 2005, нокомии Хотамй дар анчоми тагйироти решайи боъиси дилсардии онхо аз мушорикати сиёсй шуда буд ва бисёре интихоботро тахрим карда буданд. Хосили он касе чун Ахмадинажод шуд, ки талош кард хашт сол захматхои Хотамй дар заминаи озодихои фархангию ичтимоъиро накш бар об кунад. Аз ин ру ин гуруххо ин хакикатро дарк кардаанд, ки тахрими интихобот чизе ба чуз пушаймонй ба бор намеоварад ва голибан касеро сари кудрат меоварад, ки мухолифи хостахои онхост.
Нишонаи дигар ва боризтари номахбубияти Махмуди Ахмадинажод дар миёни тудахои тахсилкардаи Эрон бархурди тунду тези мардум бо шахси раисичумхурй аст. Дар чараёни дидори Ахмадинажод аз Донишгохи санъатии Шариф рузи чахоршанбеи гузашта донишчуён бо наворхои сабз, ки нишони химоят аз Мусавист, монеъ аз вуруди у ба донишгох шуданд ва бо шиъорхои «Мусавй! Мусавй! Ахмадй бой-бой! (худо хофиз!), Дуруггу! Дуруггу!» коре карданд, ки Ахмадинажод саросема болои мошинаш париду фирор кард. Ин дар торихи Чумхурии Исломй собика надоштааст.
"Дуруг нагу, Дуруггу!"
Дар ин рузхо хам тудахо ва хам шуморе аз нухбагони Эрон Ахмадинажодро ба дуруггуйи муттахам кардаанд. Барчастатарини ин чехрахо Хошимии Рафсанчонй, раиси Мачмаъи ташхиси маслихати низом аст, ки дар паи «ифшогарихо»-и Ахмадинажод раисичумхуриро дуруггу номид. Ахмадинажод дар икдоме бесобика дар чараёни мунозирааш бо Мусавй Хошимии Рафсанчонй ва хонаводаи уро ба фасоди молй муттахам карда буд. Дар паи он Рафсанчонй дар номае хитоб ба Оятуллох Хоманайи – рахбари Чумхурии Исломй гила кард, ки чаро рахбар дар ин маврид сукут ихтиёр кардааст ва аз Ахмадинажод хост, ки суханонашро пас бигирад.
Гилагузорй аз рахбари Чумхурии Исломй тавассути чехраи бонуфузу барчастае чун Рафсанчонй ба навбаи худ руйдоде бесобика аст, ки метавонад огози фуру рехтани лояи хифоз (нигахдоранда)-и режим арзёбй шавад. Ин руйдодхо худ ба худ чараёни «переструйко»-ро дар зехнхо тадоъй мекунад, ки боъис шуд сели дардхои чамъшуда берун бирезад ва низомро бо худ бибарад. Шояд ин ташбех то хадде муболигаомез бошад. Аммо ин ду вазъият бешабохат хам нест. Номаи Рафсанчонй ба Хоманайи то хадди зиёде холаи такаддусро аз даври сари рахбар зудуд ва хурмати уро шикаст. Аз суи дигар, бар шаффофияти умури сиёсй афзуд, чун нома саргушода буд ва ховии нукоте буд, ки дар гузашта хеч макоме чуръат намекард ошкоро ба забон оварад.
Яъне мутуре, ки Хотамй равшан карда буд, таи чахор соли раёсати Ахмадинажод батамом хомуш нашуд. Чомеъаи эронй имруз бедортар аз пеш аст ва барои ояндае бехтар беш аз пеш талош мекунад. Шохиди он тачаммуъи шабонарузии мардум дар хиёбонхои шахрхои бузурги Эрон таи чанд рузи ахир аст. Ин давлат нест, ки чомеъаро тагйир медихад, балки воруна, чомеъа аст, ки давлат ва давлатмардонро дигаргун месозад ва онхоро ба шаффофияту садокат вомедорад.
Тафовутхои хамгинон
Тафовути чомеъаи Эрон аз чомеъахои Осиёи Миёна ин аст, ки мардуми он пешрафтатар аз конунхои кишваранд. Дар холе ки дар кишвархои мо конунхо пешрафтатар аз чамъиатанд. Барои намуна, нудратан як марди эрониро метавон дид, ки бештар аз як зан дошта бошад, харчанд конун ба у ин ичозаро додааст. Аммо дар кишвархои мо бо вучуди мамнуъияти конунй чандзанй ривоч дорад ва тоза роичтар хам мешавад.
Дар Эрон веблогнависй ташвик намешавад ва веблогхои бисёре филтер шудаанд. Бо вучуди ин ду-се сол пеш торнигорхои эронй дар торнигористони чахонй аз лихози теъдод макоми чахорумро доштанд ва шояд хануз хам доранд.
Бино ба конуни шариъат дар Эрон занон аз хукуки баробар бо мардон бархурдор нестанд. Масалан, барои хиёнат ба шавхар сангсор мешаванд, дар холе ки шавхаронашон метавонанд то бехисоб занони муваккатй (сига) дошта бошанд. Ё дар сурати талок фарзандони болои 7 сол ба мард таъаллук мегиранд. Ё хакки варосат (мерос бурдан)-ашон нисфи хакки мард аст ва гайра. Дар кишвархои Осиёи Миёна хануз аз ин конунхо хабаре нест, аммо амалан ин иттифокот меуфтад. Ва боз хам мебинем, ки кавитарин чунбиши занон дар минтака дар Эрон шакл гирифтааст. 65 дарсади доничшуён дар Эрон зананд; яъне бештари макомхо дар оянда ба занхо таъаллук хохад гирифт ва ин боъиси нигаронии муллохо шудааст.
Аз ин чост, ки мегуям, чомеъаи Эрон чилавтар аз конунхои он аст ва чомеъаи мо баръакс. Ин чизе буд, ки дар мусохибаи имрузам бо бахши русии Би-Би-Си руи он таъкид доштам. Чун пиндошти мучрии мусохиба аз Эрон як чахордевории бепанчара буд.
Дар бораи интихоботи торихии имруз суханони зиёде метавон гуфт. Аммо бояд гуфт, ки ин руйдод хам ба монанди бештари руйдодхои торихи муъосири Эрон гайри кобили пешбинист. Магар чахор сол пеш касе интизор дошт, ки Ахмадинажод ном окое сари кор ояд? Мушохидоти мо аз дур хам бештар бар мабнои чизхоест, ки аз шахрхои бузурги Эрон мешунавем ва аз рустохо камтар иттилоъ дорем.
Шояд себзаминй (картошка)-хои фаровоне, ки Ахмадинажод дар давраи муборизоти интихоботй миёни рустоиён тавзеъ кард, корсоз вокеъ шавад? Чолиб аст, ки ин око пеш аз раёсаташ кавл дода буд, ки пули нафтро ба мардум бидихад. Холо зохиран нафт ба себзаминй табдил шудааст.
Шояд рузи якшанбе ошкор шавад, ки тахаввули оянда «инкилоби себзаминй» хохад буд ё «инкилоби сабз».
Акс аз Бехрузи Мехрй, AFP
No comments:
Post a Comment