Гузори Бон Ки-Мун аз канори Ҷайҳун
(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)
06/04/2010
Бон Ки-Мун сафараш ба “минтақаи ҳазорон савдо”-ро ба зудиҳо аз ёд нахоҳад бурд. Ҳанӯз ҷомадони сафарашро набаста, аз Эътилофи Мудофеъони Ҳуқуқи Башари Узбакистон паёме дарёфт кард, ки хушбинона аз ӯ мехостанд дар ҷараёни дидораш аз Тошканд мақомоти узбакро бо иттиҳоми иртикоби ҷиноятҳо алайҳи башарият ба додгоҳи Лоҳа (Гаага) гусел кунад.
То по ба хоки Бишкек гузошт, бахшҳое аз Қирғизистонро мавҷи эътирозот дарнавардидан гирифт. Замоне ки дар Тоҷикистон мекӯшид кӯргиреҳи равобити Душанбе-Тошкандро боз кунад, муътаризони қирғиз дар минтақаи Талас чумоқ (калтак)-у гози ашковар мехурданд. Шавқи як “инқилоби рангӣ”-и дигар дар бархе гул карда буд ва ҳирсу ози қудрат - дар вуҷуди афроде, ки дирӯз савор бар як чунин мавҷе рӯи кор омада буданд. Бон Ки-Мун, ки аз сарзамини хирадпарвари Куре (Корея) меояд, дар Осиёи Миёна як намуна аз таъсироти вайронгари қудратмадориро бо ду чашми сар диду дар аҷаб монд. Дар воқеъ, дар аҷаб рафт.
Ва дар ҳассостарин кишвари минтақа – Афғонистон деви қаҳри Ҳомид Карзай бедор шуда буд. Раҳбари собиқан мулоиму муътадили афғон таҳдид мекард, ки агар бештар аз ин озораш диҳанд, ба ҷунбиши Толибон хоҳад пайваст. Ҳамон ҷунбише, ки Омрико бисоташро барчида ба ҷои он хаймаи Карзайро паҳн карда буд, имрӯз муттаҳиди билқувваи ин оқост, ки зоҳиран бо ин найранг мехоҳад ҳам пойгоҳи иҷтимоъиаш дар миёни паштунҳоро устувортар кунад, ҳам аз омрикоиҳо бож биситонад. Найрангест бас зариф, аммо дар сурати нокомӣ сар ба бод хоҳад бурд. Аз сӯи дигар, бадгумонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди дурустии интихоби дубораи ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ низ аз байн нахоҳад рафт ва аломати суоли бузурге бар сари машрӯъияташ овезон хоҳад монд. Аммо мавзӯъи машрӯъият камтар раисҷумҳуреро дар минтақаи мо нигарон кардааст ва ин мавридест, ки Бон Ки-Мун зоҳиран хуб медонад.
Кӯтоҳсухан, дабири кулли Созмони Милал ҳар ҷо мерафт, дам аз зарурати суботу ҳалли муноқишот аз роҳи гуфтугӯ мезад, аммо шоҳиди бурузи навъе ҳарҷу марҷ дар минтақа буд, ки дар ҳоли шиддат гирифтан аст.
Аз гузориши расмии Созмони Милал чунин бармеояд, ки ихтилофи Тоҷикистону Узбакистон бар сари нерӯгоҳи Роғун аз далоили аслии сафари оқои Бон ба минтақа буд. Дабири кул муътақид аст, ки агар ҷилави ин мушкилро имрӯз нагирем, фардо дер хоҳад шуд. Ин ҷумла гӯёи умқи нигаронии дабири кул аст, ки дар ҷараёни дидораш бо мақомоти ҳар ду кишвар баён шуд.
Аммо он чи бояд барои мо нигаронкунанда бошад, ин аст, ки зоҳиран мақомоти Тоҷикистон натавонистанд дабири кулли Созмони Милалро ба чарандию беҳудагии иддаъоҳои Узбакистон дар бораи асароти сохтмони нерӯгоҳи Роғун мутақоъид кунанд. Натавонистанд тафҳим кунанд, ки агар Узбакистон воқеъан рост мегӯяд ва нигарони паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи Роғун аст, чаро он танҳо кишвари минтақа аст, ки масъули умдаи нобудии дарёи Орол ба шумор меояд. Чи гуна 70 дарсади оби ин дарё бухор шуду ба ҳаво рафт? Магар ҳамин сомона (систем)-и дарёдаркаши обёрии заминҳои васеъи Узбакистон набуд, ки Оролро ба гавдол (чуқурӣ) табдил дод? Ва оё пас аз он фоҷеъа метавон бовар кард, ки раҳбарии узбак кӯчактарин дарку тасаввур ё парвое аз муҳити зист дорад?
Албатта, вазири хориҷа талош мекард, чизҳое ба монанди инро ба дабири кул гӯшрас кунад. Аммо наҳваи баёни лакнатбори ӯ ва мантиқи пӯшида дар ҳиҷоби суханоне пуртумтароқу печида мафҳумро номафҳум карда буд. Аз ҷумла намедонам, ки бардошти дабири кулли Созмони Милал аз ин ҷумлаи оқои Зарифӣ чӣ буд ва нони мутарҷимаш ҳалол бод (!):
“Ин коршиносон дар таъмин намудани муваффақияти корҳои сохтмонӣ, ки дар Роғун анҷом дода мешавад, бо стандартҳои байналмилалӣ, сифат ва таҷрибае, ки дар сохтмон ба кор бурда мешавад, ҳамчунин амалӣ намудани ҳамоҳангии байни корҳои сохтмонӣ ва таҳқиқотҳои техникӣ тавассути ба назар гирифтани хулосаҳову натиҷаҳо ҳангоми лоиҳакашӣ ва анҷом додани ҳар яке аз ин марҳилаҳо (-и) сохтмон корҳо ба анҷом расонда хоҳад шуд.”
Шояд мутарҷим ҳам дар расондани матлаб оҷиз монда буд, ки дабири кулли Созмони Милал ба баҳонаи тангии фурсат барномаи дидор аз рӯди Вахшу тарҳи Роғунро лағв кард. Албатта, ҳар диплумоти дигар ҳам ки худро бетараф ҷилва медиҳад, по ба Роғун намегузошт. Бетарафӣ барои диплумотҳо ба масобаи бешарафӣ нест, балки айни шараф аст.
Аммо ба ҳар рӯй, аз суҳбатҳои Бон Ки-Мун чунин бардоште ҳосил мешуд, ки ин оқо бо азоби алими бебарқии Тоҷикистон дар фасли сармо ошно нашуда ва барояш ба дурустӣ нафаҳмондаанд, ки Узбакистон дар сардтарин рӯзҳои сол табдил ба қассобе мешаваду ҷараёни барқро қатъ мекунад, то кӯдакону солмандони мо аз сармо бимиранд ва зиндагӣ бозистад. Танҳо сарвате, ки Тоҷикистонро метавонад аз хоки тангдастӣ бардорад, ҳамин обаш аст. Мавқеъияти иқтисодии ду кишвар тафовутҳои фаровоне дорад ва аз рӯи инсоф нест, ки ин фишанги фишор дар дасти Узбакистон боқӣ бимонад... Танҳо паёми оқои Бон ин буд, ки то анҷоми арзёбии фаннии Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистону Узбакистон бояд аз ҳар навъ иқдоми яктарафа даст нигаҳ доранд.
Хушбахтона, дабири кул яке аз мавридҳои истифода аз фишанги фишор тавассути Узбакистонро нодида нагирифт ва аз Тошканд тақозо кард, ки садҳо вогуни ҳомили маводду масолеҳу сӯхтро раҳо кунад, то аз тариқи роҳи оҳани Узбакистон вориди Тоҷикистон шаванд. Марги садҳо шаҳрванди бегуноҳи Тоҷикистону Узбакистон бар асари исобат бо минҳои узбакӣ дар имтидоди марз низ дабири кулли Созмони Милалро дилреш кард ва ӯ ин таҷрубаи ғайриинсониро “ғайри қобили қабул” донист.
Оқои Бон таи дидораш аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аз давлатҳои худкома хост, ки ҳуқуқи башар ва додгариро риъоят кунанд, паймонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башарро, ки зерашон имзо кардаанд, арҷ бигзоранд, протоколи ихтиёрии паймони зидди шиканҷаро тасвиб кунанд, бо Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женев ҳамкорӣ кунанд ва аз ҷумла иҷоза диҳанд, ки коршиносони мустақилли он аз кишварҳои минтақа боздид кунанд. Мақомоти ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна сар такон доданд. Сарҳо ҳамчунон такон мехуранду аробаи демукросимон на.
No comments:
Post a Comment