Соле, ки гузашт
(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)
Бештари рӯйдодҳои муҳимми соли гузаштаи тоҷикӣ (ки аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсолро дарбар мегирад) рӯ ба поёни сол иттифоқ уфтод. Муҳимтарини онҳо, мусалламан, интихоботи саросарӣ буд, ки орзуи панҷсолаи қишре аз мардумро ба яъс нишонд: орзуи дидани порлумоне гӯё ва мардумӣ ба ҷои маҷлиси хомӯшу муҳрбадаст ва рӯбараҳбар, ки ангушти намояндагонаш аз рӯи тугмаи “оре” дур намешавад.
Маҷлисе якдаст, ки 54 адад аз 63 курсии онро ҳаводорони сардамдорони вақт ишғол кардаанд ва садои 3-4 тан аз дигарандешонашро метавон ба осонӣ ношунида гирифт. Дар ин интихобот машҳуд буд, ки унсури номатлуби хешовандсолорӣ рушди бештаре доштааст. Пас дар ин имтиҳони мардумсолорӣ Тоҷикистон боз ҳам ноком шуд ва як фурсати дигар барои даст ёфтан ба озодию шукуфоиро аз даст дод. Тазминоти раҳбар барои баргузории интихоботи шаффофу озод аз қолиби сухан берун наомад ва амалӣ нашуд. Нозирони дурдаст айни ҳақиқатро гуфтанд. Нозирони “хориҷаи наздик” ин нокомиро ташвиқ карданду шодбош гуфтанд.
Дар оғози соли нав аъзои Маҷлиси Миллӣ ҳам интихоб, ё шояд ба баёне дурусттар, таъйин шуданд. Бо он сарусомоне, ки интихоботи “мустақим”-и саросарӣ дошт, метавон наҳваи баргузории интихоботи номустақимро ҳадс зад. Ва ҳатто шахси раиси Маҷлиси Миллӣ, ки раиси Маҷлиси Олӣ ҳам ҳамӯ хоҳад буд, аз ҳамин акнун қобили ташхис аст. Ин рӯйдод баҳонае барои таҷлил надорад. Ба вижа ба хотири он ки касе суроғи раъйи баяғморафтаашро нагирифт.
Рӯйдоди муҳимми дигар корзори саросарии давлат барои сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун буд. Дар оғоз ҳатто дӯстдорони хориҷии Тоҷикистон эъломи омодагӣ карданд, ки дар раҳоии мардум аз буҳрони энержӣ саҳм хоҳанд гирифт ва ҳисобҳое бад-ин манзур ҳамчунон боз аст. Аммо фишори фавқулъодаи мақомот бар мардуми одӣ ва ғолибан нодор барои пардохти пули саҳоми неругоҳ ин амри хайрро махдушу зишт кард. Донишҷӯёне, ки бидуни пардохти пули саҳом иҷозаи вуруд ба утоқи имтиҳонро надоштанд, ба сутӯҳ омаданд. Кормандоне, ки водор ба харидории саҳоми нерӯгоҳ мешуданд, мақомотро нафрин карданд. Аммо эътирозоти дарунӣ ба ҳадди ғалаён нарасид ва ҳамчунон зери лиҳофу пӯшида аст. Дар натиҷаи ин фишорҳо ҷавви бадгумонӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷ боло гирифт ва накӯкорони хориҷӣ мунтазири дарёфти замонати сад дарсадии мақомотанд, ки пули ворезшуда танҳо ва танҳо барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун ҳазина хоҳад шуд.
Ҳамсоягони ҳасуде чун Узбакистон Роғунро баҳонаи хубе барои эъмоли фишори бештар бар Тоҷикистон ёфтанд ва Душанберо мавриди муҳосираи иқтисодӣ қарор доданд. Ба гунае, ки ҳудуди 400 вогуни ҳомили таҷҳизоти сохтмонии Роғун дар нимароҳ тавассути Узбакистон масдуд шуд ва бори дигар ин ҳақиқатро барҷаста кард, ки то чи андоза иқтисоди Тоҷикистон шикананда аст ва ба чи роҳатӣ як дастури раҳбари узбак метавонад чилави барномаҳои иқтисодии моро бигирад. Ҳақиқати дигаре, ки ошкортар шуд, ниёзи Тоҷикистон ба доштани роҳҳои иртиботии дигар бо ҷаҳони хориҷ буд. Чун агар қарор аст Роғун сохта шавад, бояд Узбакистонро ба унвони кишвари тронзит ба фаромӯшхона супурд. Чи бихоҳему чи нахоҳем, Узбакистон ҳамаи роҳҳои эъмоли фишорро ба кор хоҳад бурд, то монеъ аз анҷоми ин тарҳ шавад. Донистани ин ҳақиқат ба илми рамлу устурлобу ахтаршиносӣ ниёзе надошт. Айни воқеъияте буд, ки афроди муътақид ба давлатдорӣ бояд пеш аз эъломи тарҳ пешбинӣ мекарданду накарданд.
Ва чизе, ки қарор буд иттифоқ биуфтаду науфтод, гушоиши шабакаи телевизюнии кишварҳои порсигӯ ба номи “Наврӯз” буд. Соли гузашта дар остонаи Наврӯз шуморе аз мақомот ҷор зада буданд, ки қарор аст он дар рӯзи Наврӯзи соли гузашта ифтитоҳ шавад. Ба ҷои он шабакаи телевизюнии “Овоз”-и Туркия барои кишварҳои туркизабон гушоиш ёфт. Як сол гузашт, аммо аз шабакаи мавъуди мо ҳамчунон хабаре нест, ки нест. Пас дар масофи фарҳангӣ ҳам аз ҳамсоягон ақиб уфтодаем.
Нокомиҳои соли гузашта боъиси рушди беш аз пеши ифротгароию тундравӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеъа шуд. Эҳсоси дармондагӣ ва навмедӣ шуморе аз мағзҳои равшанро ҳам ба зулмати радикализм савқ дод ва имрӯз ёваи хушунатгароӣ баландтар аз дирӯз ба гӯш мерасад. Эҳтимоли такрори ғалатҳои гузашта беш аз пеш матраҳ шуд. Аммо мақомот дарсе нагирифтанд ва бо ин тасаввури козиб, ки номгузории соли 2009 ба номи Имоми Аъзам қишре аз норозиёнро розӣ хоҳад кард, иктифо карданд. Барои муқобила бо ин падидаи манфӣ, ки дар миёни қишрҳои гуногун ба шаклҳои гуногун буруз меёбад, касе ба фикри фарҳангпароканӣ ва густариши донишу огоҳӣ науфтод. Ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон таи соли гузашта пешрафте надошт, то битавонад дар сурати нотавонии давлат ба таври худҷӯш бо ин падида муқобила кунад.
Дар натиҷа Тоҷикистон ҳамчунон дар мағоки торих аст. Умед аст, ки соли нави тоҷикӣ нури огоҳии бештареро аз тӯдаҳои мо дареғ надорад.
No comments:
Post a Comment