Tuesday, March 16, 2010

The Triumphant Nowruz

Наврӯзро пирӯз кунем

(вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ)

Батадриҷ ҷаҳониён ҳикмати Наврӯзро дармеёбанд.

Наврӯзи имсол пирӯзтар аз солҳои гузашта аст. Маҷмаъи умумии Созмони Милал рӯзи 23 феврал қатъномае содир кард ва Наврӯзро ба унвони як муносибати ҷаҳонӣ ба расмият шинохт. Ба намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Милал пешниҳод мекунам, ки дар баробари ҳайъати Ҷумҳурии Озарбойҷон кулоҳ аз сар бигиранду таъзим кунанд, чун пешниҳод аз сӯи онҳо матраҳ шуд.

Албатта, пештар аз он дар поёни моҳи сентябри соли 2009 буд, ки Бунёди омӯзишию илмию фарҳангии Созмони Милал (UNESCO) Наврӯзро ба феҳрести мероси фарҳангии башарият шомил кард. Аммо бино ба солшумории ниёгон, он рӯйдод ҳам дар ҳамин соли равон иттифоқ уфтод. Пас Наврӯзамон дар роҳи пирӯзист.

Фарзандони обу хоки фарҳангии мо паёми ин ҷашни бостониро ба дурноҳо расондаанд ва ҳатто пеш аз шиносоии Наврӯз аз сӯи Созмони Милал ба унвони “рӯзи байнулмилалӣ” иёлатҳое дар Омрикову Конодо дар шиносоии расмии Наврӯз ва бузургдошти он пешдастӣ карда буданд. Афзун бар ин, рӯзи душанбеи гузашта Маҷлиси Намояндагони Омрико қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он “аҳамияти фарҳангӣ ва торихӣ”-и Наврӯз ба унвони муҳимтарин ҷашни бостонии эрониён ба расмият шинохта мешавад. Акнун Наврӯзи моро аҳолии фарҳангҳои гуногун арҷ мегузоранду пос медоранд. Ва шояд ҳоло навбат ба худи мо расида бошад ё ҳанӯз зуд аст? Шояд акнун Маҷлиси навпои мо ҳам битавонад бо тасвиби як қатънома Наврӯзро оғози соли нави Тоҷикистон эълом кунад?.. Хаёлбофӣ гоҳ ширин аст, бо таҳмазае талх аз воқеъиятҳо.

Дар “Ногуфтаниҳо”-и даймоҳ (поёни декабр) изҳори умедворӣ ва ҳатто итминон карда будам, ки “рӯзе фаро хоҳад расид, ки миллати тоҷик бо дарки комил аз пешинааш Наврӯзро сароғози гоҳшумориаш қарор хоҳад дод.” Аммо ба ҳеч рӯй тасаввур намекардам, ки ҷаҳониён пеш аз худи мубтакирони ин ҷашн (яъне мо) ба дарки аҳамияти Наврӯз хоҳанд расид ва онро ба муносибате ҷаҳонӣ табдил хоҳанд кард. Ҳам мояи шодист ва ҳам далели шармсорӣ.

Барои зимомдорони замон бояд пур ошкор бошад, ки ситеза бо Наврӯз дар тӯли ҳазорон сол роҳ ба чоҳ бурдааст. Наврӯз, бар хилофи ҷашни соли нави миллатҳои дигар, аз табиъату кайҳон бармеояд ва сохтаву бофтаи афсонаҳову устураҳо нест. Оғози бедории табиъат бо Наврӯз мусодиф мешавад ва соъати табиъат, ки дар поёни зимистон ба 12 мерасад, дар Наврӯз дубора аз 1 оғоз мегирад. Ситеза бо соъати табиъатро бо ҳеч делеле наметавон тавҷеҳ кард. Гардиши моҳу хуршед бо фармони маҷлису раҳбари як кишвар анҷом намегирад. Гардишест азалӣ ва ҳар ҳукумате, чӣ кумунистию халқи демукрот ва чӣ исломӣ, ногузир тобеъи он ҳаракоти самовист. Наврӯз намоди қудрати табиъат аст. Аз ин рӯ ҳатто дар сарзаминҳои фарангӣ (урупоӣ), ки замоне Наврӯз сароғози расмии гоҳшуморишон буд, имрӯз ҳам 21 март оғози расмии баҳор ба шумор меояд, на 1 март.

То ҳамин 20 сол пеш гилоя мекардем, ки русҳо Наврӯзро аз мо дареғ доштанд. Имрӯз чи касе бояд омоҷ (ҳадаф)-и гилояҳои мо воқеъ шавад? Магар мо “соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд” нестем? Истиқлоли кишвар ва ҳуқуқи мардум эҷоб мекунад, ки ба Наврӯз – барҷастатарин намоди тамаддунамон арҷи лозимро бигузорем ва онро бозпас ба курсӣ биншонем. Наврӯзро пирӯз кунем.

Албатта, ин кор шаҳомат мехоҳад; шаҳомати худро шинохтан ва тавоноии касби дубораи гавҳаре гумшуда. Наврӯз, гузашта аз ин ки оғози соли мост, метавонад пайванди мо бо мафҳуми “худӣ”-ро ҳам дарбар дошта бошад ва заҳмати мо дар паймудани роҳи худшиносиро кам кунад.

Пас ба паёмҳои шодбоши давлатмардони Тоҷикистон метавон танҳо замоне бовар кард, ки нахуст худашон Наврӯз ва аҳамияти онро дарёбанд ва онро ба ҷойгоҳи сазовори шаънаш баргардонанд. Вақте ҳар бор аз ину он ҷалолатмаъоб паёми “Наврӯзатон пирӯз бод!”-ро мешунавем, бояд аз ӯ бипурсем, ки оё ба ростӣ қасд доред, Наврӯзамонро пирӯз бикунед ё на. Агар рост мегӯед, лутфан ҳамин имрӯз Наврӯзамонро пирӯз кунед ва аз хок бараш дореду ба сароғози сол бараш гардонед. Он вақт Наврӯзи мо пирӯз мешавад.

12 comments:

Умед Ҷайҳонӣ said...

Дуруд бар бузургвор Дориюш!
Фаро расидани Наврӯзу Соли Навро бар Шумо ва хонаводаи арҷмандатон хуҷастабод мегӯям ва бароятон шодиву хушиву оромиву осудагиву хонаободонӣ орзумандам!

Дӯсти арҷмандам,
Аз Шумо ва ҳама дӯстдорони Наврӯзу фарҳанги тоҷикӣ даъват мекунам номае таҳия кунем ва аз Маҷлиси Тоҷикистон талаб кунем, ки Наврӯзро қонунан оғози солшумории расмии кишварамон эълом кунад.

Сайидюнуси said...

Бо ичозаи шумо, тиккае аз гуфтори нагзи зиндаёд Алии Шариатиро бар гуфтаи шумо изофа мекунам:
"... Ростӣ магар ҳар кас эҳсос намекунад, ки нахустин рӯзи баҳор, гӯи нахустин рӯзи офариниш аст? Агар рӯзе Худо ҷаҳонро оғоз карда аст, мусалламан он рӯз, ин Наврӯз буда аст. Мусалламан, баҳор нахустин фасл, ва Фарвардин нахустин моҳ, ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст. Ҳаргиз Худо ҷаҳонро ва табиатро бо пойиз ё зимистон ё тобистон оғоз накарда аст. Мусалламан, аввалин рӯзи баҳор, сабзаҳо рӯйидан оғоз кардаанд ва рӯдҳо рафтан ва шукӯфаҳо сар задан ва ҷавонаҳо шукуфтан, яъне Наврӯз..."
Албатта, матни комили ин гуфтор дар пойгоҳи Кимёи саодат ба ҳамин муносибат оварда шуда аст.
Комёб бошед.

D said...

Умеди фарзонаи гиромӣ. Бисёр пешниҳоди хуб аст. Тӯморро мешавад аз ҳамин ҳоло тадвин ва миёни дӯстон тавзеъ кард, то шояд дар тӯли соли равон ин мавзӯъ дар Меҳистон (Маҷлис) баррасӣ шавад. Ҳатто агар то соли оянда ба натиҷаи матлуб даст наёбем, нафси тарҳи мавзӯъ дар ниҳоди қонунгузории кишвар бар табалвури Наврӯз дар Тоҷикистон хоҳад афзуд ва роҳро барои пешбурди ин пешниҳод ҳамвор хоҳад кард. Дӯст доред ин муҳимро аз куҷо биоғозему ба чӣ шакле матраҳ кунем?

D said...

Сайидюнуси арҷманд, дуруду сипоси фузун аз зикри ёддошти зебою пурмуҳтавои Алии Шариъатӣ, ки мантиқи Наврӯзро ба наҳви малмусе гушудааст. Эй кош ҳамаи зеҳнҳо тобеъи мантиқ буданд. Он гоҳ Наврӯз ба ҳомию боние ниёз намедошт.

Умед Ҷайҳонӣ said...

Бо дуруд ва сипос аз бузургвор Дориюш!
Мехоҳам ин номаро чунон бо далелу бурҳону дову дастак нависем, ки кишвардору маҷлисиён ногузир шаванд Наврӯзро сароғози солшумории расмии кишварамон бипазиранд.
Ба назарам хуб мешавад агар ин туморро дар торнигорҳо нашр кунем ва аз тоҷикдӯстону фарҳангиёну донишгоҳиёну донишҷӯёну муҳоҷирону дигар дӯстдорони фарҳангамон хоҳиш кунем зераш имзо гузоранд, то як гуна раъйпурсӣ ҳам шуда бошад, ва натиҷаро бо номае расмӣ ба Маҷлис пешниҳод кунем.
Шумо кадом роҳро пешниҳод мекунед?

D said...

Дӯсти арҷмандам Умеди гиромӣ. Пешниҳоди бисёр хуб аст. Тарҳи дархостро мешавад ба шакли тӯморе навишт ва дар торнигорҳо мунташир кард. Сипас метавон аз роҳи торнамоҳои иҷтимоъие чун Facebook онро дар миёни дӯстон пахш карду имзо гирд овард. Мутмаиннам, ки шумори ҳаводорони ин таҳаввул андак нестанд.

Firdavsi Azam (Фирдавси Аъзам) said...

Durud bod bar Doriushi kabir.Navruz-Soli navro ba Shumo va bar khondoni giromiyu kiromii Shumo tabrik meguyam va khohohi tanho salomatii Shumo az dargohi beniyozash hastam.Piruz boshed.

PS:Harchand imkon nadoshtam dar vaktash tabrik kunam, dar har surat, fikr mekunam dar ayni tabriki fursatu fosilaho mavjud nest.

D said...

Дусти хубам Фирдавси гиромй, дуруд!

Наврузи фархундаро ба шумову хонадонатон шодбош мегуям. Хамеша сарбаланду шодкому пируз бошед. Ба умеди комгорихои фаровон барои Точикистон дар соле, ки огоз шуд.

Сайидюнуси said...

Дориюши азиз,
Оқои Чайҳони пешниҳоди некуе намуданд, росташ камина шахсан мунтазир мондам то ин нома аз суйи Чаноби Шумо ва ё худи устод Чайҳони навишта шавад то ҳамаги онро ибтидо руйи сомонаи хеш гузошта ва сипас дар зудтарин фурсат барои порлумон пешкаш кунем. Бовар кунед, ман умедворам ин пешниҳод радд нахоҳад шуд, агар имруз нашуд, рузе дигар ҳатман ба он таваччуҳ хоҳанд намуд.
Ба ҳар сурат, мунтазир мемонам, ё пешниҳоди дигаре ҳаст?

D said...

Сайидюнуси гиромӣ, дуруд бар Шумо.

Сипос аз тазаккури баҷо. Ман ба Умеди гиромӣ паёмҳое фиристодаам ва гӯшбазанги тамоси эшон ҳастам. Пешниҳоди ман ин аст, ки Умедҷон навиштори худро ба шакли тӯмор бифармоянд. Агар ман ҳам афзуданиҳое доштам, хоҳам афзуд. Хоҳишмандам сипас навишторро Шумо мурур кунед ва ду-се тани дигар аз дӯстон. Он гоҳ онро дар торнигорҳоямон мунташир мекунем ва дар торнамоҳои иҷтимоъӣ ва орову имзо гирд меоварем, то бо дасти пур ба Маҷлис рӯ оварему дархостро бо онон дар миён бигзорем. Умедворам Шумо ҳам бо ин пешниҳод ҳамсӯ бошед.

D said...

Зимнан, то кунун паёмҳову зангҳое ба ҳимоят аз пешниҳод Умеди гиромӣ дарёфт кардаам ва бар онам, ки дар ин кори хайр истихора накунем ва ҳар чи зудтар ба сомонаш бирасонем.

Сайидюнуси said...

Мувофиқам, Дориюши азиз, дастатон дард накунад, мунтазир мемонам.