Сарнавишти мо дар дасти кист?
Мурури зиндагиномаи чеҳраҳои барҷастаи торихӣ ин тасаввурро падид меоварад, ки торих сохтаву пардохтаи ҳамин шахсиятҳои бузург аст ва бидуни онҳо рӯзгори мо наметавонист шаклу намои кунуниро дошта бошад. Ба қавли Томас Карлайли искотландӣ, “торихи ҷаҳон чизе ба ҷуз зиндагиномаи абармардон нест.” Ё ба гуфтаи Ничеи олмонӣ, “ҳадафи башарият дар шахсиятҳои бартари он нуҳуфта аст.”
Агар бародарон Лумер дар соли 1895 нахустин филми ҷаҳонро насохта буданд, имрӯз аз синемову Ҳоливуду Боливуду Оскар хабаре набуд. Агар Ленин инқилоб накарда буд, мову шумо ҳам эҳтимолан низоми кумунистиро тарҷруба намекардем. Пас ин пиндошт дуруст аст, ки торихро шахсиятҳо месозанд.
Аммо аз сӯи дигар, агар Томас Эдисон нахустин дурбини тасвирҳои мутаҳаррикро ихтироъ намекард, бародарон Лумер ҳам муваффақ ба сохтани нахустин филм намешуданд. Ва ҳамин гуна, агар Моркс китоби “Сармоя”-ашро нанавишта буд, шояд андешаи инқилоб ба зеҳни Ленин ҳам роҳ намеёфт. Пас ҳар андешаву иқдом пешинае дорад ва мураккаб аз шароити торихист, ки он андешаву иқдомро дар бистаре муносиб шакл медиҳад. Бар пояи ин бовар, бархе дигар аз соҳибназарон мегӯянд, ки шахсиятҳо зодаи равандҳои торихианд, на баръакс. Ин мавзӯъ ба баҳси “мурғу тухмимурғ” мемонад, ки оё нахуст тухм буда, ки мурғ аз он берун ҷаста ё баръакс, мурғ буда, ки тухм аз он берун ҷаста.
Ҳеч як аз ду дидгоҳро наметавон қотеъона рад кард. Ва беҳтарин посухе, ки то кунун матраҳ шуда, ин аст, ки таъсири шахсиятҳову равандҳои торихӣ ба якдигар мутақобил аст. Яъне шароити торихӣ шахсиятҳоро мепарварад ва шахсиятҳо ба навбаи худ шароити торихиро таъйин мекунанд. Мисли волидоне, ки фарзандеро мезоянду мепарваранд, аммо дар пирӣ фарзанд нигаҳдори онҳост. Ва агар ин падару модар (шароити торихӣ) маҷол бидиҳанд, фарзанд (шахсият) меболаду шакл мегирад ва ба беҳбуди вазъияти падару модар (шароити торихӣ) мекӯшад. Беҳбудро як шахсият тавсеъаталабию эҷоди нажоди бартар медонад (Ҳитлер) ва дигарӣ муборизаи бехушунату сулҳомез бо ситамгарӣ (Гондӣ). Ба қавли Мавлавӣ, “ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман”.
Ҳамин шароити торихӣ, ки ба навбаи худ омезаест аз шароити сиёсию иҷтимоъию фарҳангии як замони муъайян, аз яке қаҳрамон месозаду аз дигарӣ ғаддор ва шояд пас аз муддате ҷои “қаҳрамон”-ро “ғаддор” бигарад ва ҳамин тавр баръакс. Ҳанӯз ёдамон ҳаст, ки ҳамин бист сол пеш Ленин кӣ буду баъдан чӣ шуд. То андешаҳои сиёсиаш комгор буд, қаҳрамон буд. Ва то он андешаҳо ба бунбасте бархурду муталошӣ шуд, бадном шуд.
Ва ё агар Восеъ дар даврони мо зуҳур мекард ва алайҳи султаҷӯии русҳо даст ба исён мезад, ба эҳтимоли зиёд “террорист”-у “муздур” эълом мешуду дар зиндон мегандид. Аммо тағйири шароити торихӣ аз он мард, ки алайҳи ситами узбакони манғит қиём карда буд, барои мо қаҳрамон сохт.
Вале рафта-рафта дар илмҳои ториху ҷомеъашиносӣ дар канори шахсият ва шароити торихӣ омили севвум матраҳ шуд: тӯдаҳо ё мардуми одӣ. Бидуни ин омил на синемо шакл мегирифту на инқилоби Ленин рух медод. Хостаҳо, ниёзҳо, нигарониҳо, андӯҳҳо, хушиҳо ва шеваи зиндагии тӯдаҳост, ки боъиси пайдоиши як андеша дар зеҳни андешапарваре аз даруни ҳамон тӯдаҳо мешавад. Ва он андеша танҳо замоне давом меоварад, ки бо тӯдаҳо созгорӣ дошта бошад. Агар Ленин зодаву парвардаи Аморати Бухоро буд, ба фикри инқилоби сурх намеуфтод. Фирдавсӣ ҳам наметавонист “Шоҳнома”-ро дар Инглистон бинависад. Андешаҳои онҳо зодаи орзуҳо, хостаҳо ва нигарониҳои мардумонашон буд. Онҳо танҳо бо истифода аз тавоноиҳои худ он орзуҳову хостаҳову нигарониҳоро фурмулбандӣ (формулировка) карданду ироа доданд.
Яке аз намунаҳои барҷастаи аҳамияти омили “тӯдаҳо” (массы – рус.) рӯйдодҳои ахир дар Эрон аст. Ҷунбиши Сабзи Эрон раҳбари мушаххасе надорад. Яъне бо ин ки шароити торихӣ ва “тӯдаҳо” заминаи вуқӯъи як таҳаввули бунёдинро фароҳам кардаанд, аммо яке аз се омили мавриди баҳс (шахсият) ҳанӯз шакл нагирифтааст. Дастгоҳи ҳукуматӣ дар ҷилавгирӣ аз зуҳури андешавари бонуфузи навин муваффақ будааст, аммо натавонистааст монеъ аз зоиши андешаи навин дар миёни тӯдаҳо шавад. Дар натиҷа тӯдаҳо ё мардуми одӣ ҳастанд, ки барои худ шахсият месозанд (Мӯсавӣ) ва он шахсиятро ҳамроҳ бо раванди торихӣ ба сӯи маҷрое дигар ҳидоят мекунанд.
Аммо дар ҷомеъаҳое, ки рӯҳи мардум саркӯб шудааст, омили “тӯдаҳо” мунфаъил (пассив) аст ва худашро дар ихтиёри ду омили дигар (шахсият ва равандҳои торихӣ) раҳо кардааст. Тоҷикистон намунаи боризе аз ин навъ ҷомеъаҳост. Дар ин ҷавомеъ ду омили “шахсият” ва “шароити торихӣ” сохтаву пардохтаи бегонагон аст. Яъне “шахсият”-ҳо ва “шароити торихӣ” дар берун муҳандисӣ мешаванд ва таҳмили онҳо бар мардум дар дохил бо муқовимати чандоне рӯбарӯ намешавад. Мардум ҳанӯз ба булӯғи фикрию сиёсии басандае нарасидаанд, ки шахсиятҳо ва раванди торихии худро баргузинанду таъйин кунанд.
Ин шароит хатароти бунёдинеро мутаваҷҷеҳи тамомияти арзии кишвар ва сарнавишти сиёсии он мекунад. Таҳаввулоти азиме чун табаъият аз импротурии Рус, бохтани пораҳои бузурге аз ҳавзаи фарҳангӣ, пайвастан ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва парт шудан аз он, ҷанги дохилӣ ва хории давраи истиқлол аз паёмадҳои хобидагии омили “тӯдаҳо” дар сарзамини мост.
Пас мешавад ба ин натиҷа расид, ки аз миёни се омили шахсият, раванди торихӣ ва тӯдаҳо севвумӣ муҳимтар аз ҳама аст. Чун дар сурати хобидагии “мардум” бегонагон ба фикри ду омили дигар ҳастанд: онҳоро месозанду таҳвил медиҳанд. Аммо бо фаъъол шудани омили “тӯдаҳо” сарнавишти ҷомеъа бакуллӣ дар дасти худи ҷомеъа хоҳад буд.
17/01/2010
2 comments:
Салом,
Дориюши азиз, дастатон дард накунад!
Сайидюнуси Истаравшани
Дуруду сипос аз лутфатон, Сайидюнуси гиромй.
Post a Comment