Thursday, April 29, 2010

Tajik Blogosphere Expanding

Зафари Мирзоён, хуш омадед!

Дар ҷараёни дидори ахирам аз Тоҷикистон бо марде ошно шудам, ки аз дербоз мешинохтамаш. Аммо ифтихори дидор танҳо дар моҳи нувомбри соли гузашта ба ман даст дод.

Медонистам, ки дар Хатлон, зодбуми бузургмардоне чун Имомназари Холназар, фарҳехтае ҳам ҳаст, ки бебокона дам аз шукӯҳи барбодрафтаву роҳҳои бозпас овардани он мезанад.

Дӯстони хубам Муъмину Сафаръалӣ заминаи дидор бо ин бузургворро фароҳам карданд. Ва дар як баъд аз зуҳри диловези поизӣ пас аз тафарруҷе дар Восеъ пои суҳбати Зафар Мирзоён дар Кӯлоб ҳам нишастем ва кӯлбори сафарамон аз дурри хираде, ки ӯ мерехт, пуртар шуд. Аз имрӯзи торику сояравшани дирӯзу равшаноии дирӯзатар гуфтем ва аз вазъи қаламкашону нависандагони минтақа ва фаротар аз он.

Намедонистам, ки ин фарзонаи суханварро ба ин зудӣ бори дигар хоҳам дид. Аммо ин бор дар паҳнаи маҷозии Интернет бо имзои намодини “Маздо” зери навиштаҳои вазине аз бозгашт ба асли хеш, хатти модарӣ, ашки ғурбати Бозори Собир, сардаргумӣ дар имло, равони Эрони куҳану навин ва дигар мавзӯъҳои дардогин.

Вуруди Зафари Мирзоёнро ба бошандагони торнигористони тоҷик шодбош мегӯям ва бовармандам, ки дар гӯшае дигар аз паҳнаи маҷозии тоҷикӣ гулистоне дигар дар ҳоли гулрез шудан аст.

Торнигори Зафари Мирзоён

4 comments:

Anonymous said...

Сипоси беандоза, дусти гиромикадр. Аз ин нигоштаи Шумо мо ва устод Мирзоён сар ба афлок шудем. Вокеан самими навиштаед. Дастатон дард набинад. Ташаккур, ки чун шумое гухаршинос дорем.

SzymonXY said...

Hi there! I was surfing on the Internet and I found this site... I think it's wonderful! Please, visit my blog, I would be grateful if you write me a comment: http://magicznerodzenstwo.ownlog.com Thank you very much! You will find here many graphics: vectors, wallpapers, icons and more. I repeat it: your site is lovely and wonderful!

Anonymous said...

Snaiper:
Ташаккур Дориюш барои маълумот! Акнун торнигорхои дустдоштаи ман сето шуданд: торнигори Шумо, Аюбзод ва Мирзоён. Дар бобати ахволи забони адабии форси дар Точикистон хеле назари дакик баён кардаанд. Дар хакикат хар ки хохад вожа ва кашфиёте аз худ мебофанд ва хеч назорате нест.

Anonymous said...

http://tojvar.wordpress.com/2010/05/06/бо-эрон-низоми-визаро-бархам-надихед/