Monday, May 23, 2016

Марги умед одамро даранда мекунад

Чанд рӯз пеш аз баргузории ҳамапурсӣ навишта будам: “Ин ҳамапурсӣ чи таҳрим шаваду чи на, расман 90 дарсади мардум дар он "ширкат хоҳанд кард" ва ҳудуди 90 дарсад ҳам аз пешниҳодҳои муҷримона ва табаҳкорона дар Қонуни Асосӣ "ҳимоят хоҳанд кард".

Муҳосибаи ман андаке хушбинона буд. Баъд аз ҳамапурсӣ шунидем, ки 92 дарсади мардум дар он “ширкат кардаанд”-у 94 дарсад ба тарафдорӣ аз ислоҳи Қонуни Асосӣ “раъй додаанд”. Кишварҳои демукротик дар сӯгу андӯҳ нишастаанд, ки барои чи наметавонанд ба монанди Тоҷикистон ин ҳама мардумро ба сандуқҳои раъй ҷазб кунанд ва ин ҳама ҳамдилӣ дар миёни мардум эҷод кунанд, ки 92 дарсад ба даъвати давлат лаббайк бигӯянду 94 дарсади онҳо зери хостаи давлат имзо бигзоранд.

Таъаҷҷуб набояд кард, агар расонаҳои ҷаҳон ба рӯйдоди муҳимме чун ҳамапурсӣ дар Тоҷикистон ҳадди ақалли таваҷҷуҳро доранд. Ва бархе ҳатто ба ин мавзӯъ напардохтанд ва ё ҳатто натоиҷи онро эълом накарданд. Чун дар ъарсаи сиёсии Тоҷикистон ҳама чиз қобили пешбинист. Натиҷаҳои ҳамапурсии дирӯзро мешуд чанд сол пеш ҳам бадурустӣ ҳадс зад. Пас чи ниёзе ба пӯшиши рӯйдоде мемонад, ки на таҳарруке дораду на ҳаяҷоне ва на, муҳимтар аз ҳама, тағйири маҳсусе дар зиндагии мардум эҷод мекунад?

Тоҷикистон гирифтори рӯзмаррагии сиёсӣ шудааст, ки ҳамаи барномаҳои сиёсиаш қобили пешбинӣ аст. Шӯрбахтона, ҳамаи кишварҳое, ки чунин сукуту рӯзмаррагии малоловарро таҷруба кардаанд, саранҷом бо тӯфоне саҳмгин рӯбарӯ шудаанд. Бавежа, вақте ки андак умеди тағйиру таҳаввул ҳам аз мардум рабуда мешавад ва ҳамаи роҳҳои тағйиру таҳаввули қонунӣ ва анҷоми интихоби ростин ба рӯи мардум баста мешавад, хатари балову мусибат дар камини миллат менишинад. Фурӯ нишастани охирин шуълаи умед ба монанди хомӯш шудани оташи нахест, ки ба ҳастаи диномит расидааст. Саранҷоми он инфиҷор аст. 

Марги умед одамро даранда мекунад.

No comments: