Зимистони русӣ ва ларзаҳои ҳосил аз он
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Русия гирифтори буҳрон аст ва медонад, ки бояд иқдоме анҷом диҳад, вагарна дар банди балост. Тайи ҳудуди 12 соли ахир ин ҳама мардум ба хиёбонҳо нарехта буданд, ки алайҳи қудрати ҳоким садои эътироз баланд кунанд ва чурт (ғанаб)-и ҳокимонро бишкананд ва хостори таҳаввулот шаванд. Русияи дармонда дар миёни ду нимаи фарангӣ ва осиёиаш баъд аз муддатҳо маҷбур ба фарангӣ будан ё фарангӣ вонамудан шудааст.
Бо тамоми талоши ниҳодҳои ҳоким бар умури Русия, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, танҳо ҳудуди панҷ ҳазор нафар рӯзи душанбе дар Маскав гирди ҳам омаданд, то маротиби вафодориашон ба Путин ва Медведевро эълом доранд. Ин теъдод мардум дар дарёи шастмилюнии муътаризони ҳукумати Медведев ва Путин, ки рӯзи шанбе, даҳуми десомбр (декабр), Маскавро дарнавардиданд, баосонӣ ғарқ мешаванд. Ҳатто бар мабнои натиҷаҳои расмии раъйгирии интихоботи саросарӣ беш аз нисфи раъйдодагон мухолифи ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” ҳастанд. Ба бовари мухолифони давлати Медведев-Путин (дар воқеъ, Путин-Медведев), ҳамин рақам кофист, ки ин ду рафиқи курсии раёсат даст аз курсӣ бишӯянд ва паи корашон бираванд.
Аломати суолро мешавад рӯи пешонии Путин бавузӯҳ дид. Ҳар боре, ки ин оқо дар сафҳаи телевизюн зоҳир мешавад, мебинем, ки сардаргум аст ва намедонад ё шояд ҳам намефаҳмад, ки чаро мардум алайҳи ӯ бархостаанд; ҳамон мардуме, ки бино ба тасаввури ӯ, Путин аз хоки сиёҳашон бардошта ва ба корҳое гумоштааст. Ғофил аз ин ки дар садаи 21 қарор нест касе барои даҳсолаҳо сари қудрат бимонад ва барои худаш муҷассама битарошад. Ҳар касе бештар аз муддати муқаррари раёсати ҷумҳурӣ ва бо ҳар ҳилаву найранге сари қудрат мемонад, саранҷом сияҳрӯю бадном хоҳад шуд ва бо хорию хиффат аз курсиаш ронда хоҳад шуд. Путин, мутаассифона, то дар кашидани он ҷоми шавкарон (ҷоми заҳр) сари қудрат боқӣ монд ва акнун маҷбур аст ҷоми шавкаронро то таҳ сар кашаду ба гӯристони сиёсатмардони худкомаи Русия бипайвандад.
Путин, ки метавонист эҳёгари Русия пас аз фурӯпошии Шӯравӣ маҳсуб шавад, акнун як қулдур (зӯргӯй)-и худкома аст, ки мехоҳад қудратро ба ҳар қимате, ки шуда, ҳифз кунад ва базӯр бар мардум ҳукм биронад. Ин хостаи Путин нақш бар об хоҳад шуд. Путин бо Русияе дигар рӯбарӯст. Русияе бедортар аз сарзамине, ки аз Йелтсин ба ирс бурда буд. Русияе дорои қишри мутавассити ҷомеъа, ки чизе фаротар аз нону вудко (водка) мехоҳад. Русияе, ки мардумаш баногоҳ ба фикри озодиҳои маданӣ уфтодаанд. Ба гуфтаи Борис Акунин, нависандаи баноми рус ва аз мухолифони сарсахти режими Путин, “муътаризони Русия бо муътаризони “баҳори араб” бакуллӣ фарқ доранд. Инҷо мардуме ба хиёбонҳо рехтаанд, ки ранҷ намебаранд ва зиндагии баде надоранд. Ҳама одамони муваффақе ҳастанд, таҳсилкардаанд ва бархурдор аз рифоҳу беҳзистӣ. Вале онҳо мефаҳманд, ки чизе кам доранд, ва он шаъру эътибори инсонист. Ва онҳо мекӯшанд, ки онро ҳам ба даст оваранд”. Ин нишонаҳои бурузи қишри мутавассит (миёна) дар Русия аст.
Рӯзи 24 септомбр (сентябр), вақте ки Медведеву Путин ба тавофуқ расиданд, ки мақомҳояшонро таъвиз кунанд ва дар навбати баъдӣ Путин раисиҷумҳур шаваду Медведев нахуствазир, содадилона намедонистанд, ки бузургтарин иштибоҳ дар корномаи сиёсиашонро муртакиб шудаанд. Ин тавофуқ ба ин маънӣ буд, ки “Шумо биравед, раъй диҳед, аммо натиҷааш барои мо аз ҳамин ҳоло равшан аст”. Мардуме, ки ба худашон ва раъйяшон кӯчактарин эҳтироме қоиланд, ин бовари Путин ва Медведевро ба сухра кашиданд. Баростӣ, аз ҷосуси дараҷаи яке чун Путин баъид буд, ки ҳолу ҳавои мардуми Русия ва таҳаввулоти иҷтимоъию сиёсии кишварашро нодида бигирад ва як чунин хатои бузургеро муртакиб шавад.
Бедиранг пас аз оғози нооромиҳо дар Русия Путин барои худаш фоле зад ва эълом кард, ки Ҳиларӣ Клинтон – вазири хориҷаи Омрико бо изҳороти нописандаш дар бораи интихоботи саросарии Русия аломат додааст, то мухолифони режими Путин фаъъол шаванд. Ин шигирд (токтик)-и обшустаи режимҳои худкома аст, ки то гирифтор мешаванд, решаи гирифториашонро дар хориҷ аз марзҳояшон меҷӯянд. Аммо худи Путин бахубӣ огоҳ аст, ки ҳатто пеш аз баргузории интихобот ӯ суханрониҳои ӯ дар малаи ом ҳодисаофарин буд ва мардум бо сарусадо мехостанд ӯро аз трибун ба таҳ бикашанд. Яъне мизони эътибори Путин ва ҳизби ҳокими Русия ба ҳадде поин аст, ки мардуми шаҳрҳои марказӣ таҳаммули шунидани суханонашонро надоранд.
Фасоди молӣ ва набуди озодиҳои мардумсолорона аз умдатарин гилояҳои мухолифони давлати Путин аст. Тайи ҳудуди 12 сол ҳукумати Путин Русия батадриҷ дошт ба қолиби Шӯравии пешин бармегашт ва инро мешуд аз барномаҳои садову симои расмии Русия мушоҳида кард. Ҳамин рӯзҳо ҳам расонаҳои расмии Русия чизе ба ҷуз таърифи Путину Медведев ва ҳизбашон надоранд, ки арза кунанд. Аммо ин шигирдҳо куҳна шуда ва боздеҳи воруна (баръакс) дорад. Ҳамин корҳо буда, ки Путину Медведевро ба ин чоҳи бадномӣ кашондааст.
Тоҷикистон метавонад аз ин рӯйдодҳои Русия дарси фаровон бигирад, чун ҳар он чи дар Маскав иттифоқ меуфтад, баногоҳ дар Душанбе ҳам бозтоб меёбад. Муҳимтарин нуктае, ки тахтдорони Душанбе бояд аз бар бидонанд, ҳақиқатест, ки акнун Путин ҳам медонад: ҳар касе бештар аз муддати муқаррари раёсати ҷумҳурӣ ва бо ҳар ҳилаву найранге сари қудрат мемонад, саранҷом сияҳрӯю бадном хоҳад шуд ва бо хорию хиффат аз курсиаш ронда хоҳад шуд. Шояд Путин муқовимат кунад, аммо муқовимати ӯ танҳо ва танҳо ба маънии сиёҳии ҳар чи бештари рӯяш хоҳад буд.
Зимистони русие, ки ғосибонро, аъам аз Нопулеуну Ҳитлер шикаст дода буд, оё акнун хоҳад тавонист Путинро сари тахт ҳифз кунад? Ёдамон наравад, ки ин бор юришу шӯриш аз дарун аст ва “инқилоби норинҷӣ”-и Укроин ҳам дар зимистон ба самар расида буд.
No comments:
Post a Comment