Tuesday, December 20, 2011

Post-totalitarianism Through the Eyes of Vaclav Havel

Низоми худкома аз диди Ҳовел


Вотслов Ҳовел (Vaclav Havel), нависанда, шоъир, андешаманд, вопасин раисиҷумҳури Чекуслувокӣ (Чехословакия) ва нахустин раисиҷумҳури Чек рӯзи якшанбе, 18 десомбр, дар синни 75-солагӣ даргузашт ва миллаташро дар сӯг нишонд. Вай дар паи муборизаи сиёсии ба дур аз хушунат саранҷом соли 1989 бо суқути режими кумунистӣ ба раёсати ҷумҳурии кишвараш даст ёфт ва аз раҳбарони инқилобҳои махмалии Урупои Шарқӣ дар поёни даҳаи 1980 ба шумор меояд. Матни зер фишурдаи суханронии ӯ дар Донишгоҳи Колифурниёи Омрико дар соли 1978 аст. Дар ин суханронӣ ӯ ба моҳияти режими худкомаи кумунистии он даврон дар кишвараш пардохтааст, ки бешабоҳат ба моҳияти режимҳои имрӯзии Фарорӯд нест.

Тафовути амиқи миёни низоми мо – бар ҳасби моҳияти қудрат – ва он чи ки мо ба таври суннатӣ “диктотурӣ” мефаҳмемаш (ва умедворам ин тафовут ҳатто аз ин муқоисаи бисёр сатҳӣ ҳам равшан бошад), маро бар он дошт, ки сирфан барои ин мақола ба ҷустуҷӯи истилоҳе муносиб бо низоми худамон бигардам. Агар аз ин пас аз он ба унвони низоме “пасо-тутолитор” (пост-тоталитарный) ёд мекунам, комилан огоҳам, ки чи басо ин истилоҳ дақиқтарин истилоҳ набошад. Вале истилоҳи беҳтаре ба зеҳнам намерасад. Бо ба кор бурдани пешванди “пасо-“ барои ин низом қасдам ин нест, ки бигӯям ин низом дигар тутолитер нест. Дуруст баръакс, мақсудам ин аст, ки ба наҳве комилан мутафовит бо диктотуриҳои клосик, ҳамчунон тутолитер аст ва бо тутолиторизм, ба наҳве, ки мо маъмулан мефаҳмем, тафовут дорад. 

Мудири як мағозаи мева ва сабзифурӯшӣ васати пиёзҳо ва ҳавиҷ (зардак)-ҳояш ин шиъорро мегузорад: “Коргарони ҷаҳон, муттаҳид шавед!” Чаро ин корро мекунад? Бо ин кораш чи паёмеро мехоҳад ба ҷаҳон бирасонад? Оё воқеъан шавқе ростин ба андешаи иттиҳод миёни коргарони ҷаҳон дорад? Оё иштиёқи ӯ ба он андоза азим аст, ки ангезише саркӯбнопазир дар худ ҳис мекунад, ки умуми мардумро бо ормонҳояш ошно кунад? Оё ҳаргиз беш аз лаҳзае фикр кардааст, ки чунин иттиҳоде чи тавр мумкин аст рух бидиҳад ва маънои он чист?

Фикр мекунам, метавон бо итминон фарз кард, ки аксарияти ғолиби мағозадорон ҳаргиз ба шиъорҳое, ки дар витрини мағозаашон мегузоранд, фикр намекунанд ва аз онҳо барои ибрози ақидаҳои воқеъишон истифода намекунанд. Ин пустер (плакат)-ро аз мақарри тиҷорӣ ба ҳамроҳи пиёзҳову ҳавиҷҳо ба сабзифурӯшони мо таҳвил додаанд. Ӯ ин шиъорро фақат барои ин дар витринаш гузоштааст, ки солҳо ин иттифоқ меуфтодааст. Чун ҳама кас ин корро мекардааст ва чун аслан бояд ин гуна бошад. Агар қарор бошад аз ин кор имтиноъ (парҳез) кунем, ба дардисар меуфтем. Мумкин аст ӯро ба хотири надоштани ороиши муносиб дар витринаш муохиза (бозпурсӣ) кунанд. Ҳатто мумкин аст яке ӯро муттаҳам ба хиёнат кунад. Ӯ ин корро мекунад, барои ин ки агар қарор бошад зиндагиаш идома пайдо кунад, ин корҳо лозиманд. Ин яке аз ҳазорон кори ҷузъист, ки як зиндагии нисбатан оромро барои ӯ тазмин мекунад, ки чунон ки мегӯянд, “ҳамсоз бо ҷомеъа бошад”.

Пайдост, ки сабзифурӯш ин шиъорро ба хотири майли шахсиаш барои ошно кардани умуми мардум бо ормоне, ки дар он баён мешавад, дар витринаш намегузорад. Ин, албатта, ба ин маъно нест, ки амали ӯ аслан ҳеч ангезае ё аҳаммияте надорад ё ин шиъор мутазаммин (дарбаргиранда)-и ҳеч паёме барои ҳеч касе нест. Ба таври шифоҳӣ метавон онро ба ин шакл баён кард: “Ман, сабзифурӯш фалонӣ, инҷо зиндагӣ мекунам ва медонам, ки бояд чи коре анҷом бидиҳам. Ман тавре амал мекунам, ки аз ман интизор меравад. Метавон ба ман эътимод кард ва наметавон бар ман ҳеч хурдае гирифт. Ман фармонбардорам ва дар натиҷа, ҳақ дорам, ки маро дар оромиши худ раҳо кунанд”. Ин паём, албатта, мухотабе ҳам дорад: мухотаби ин паём болодастиҳо ҳастанд, мофавқҳои сабзифурӯш. Ва дар ҳамон ҳол, сипарест, ки сабзифурӯшро аз хабарчинони билқувва (потентсиалӣ) муҳофизат мекунад. Дар натиҷа, маънои воқеъии шиъор решае муҳкам дар вуҷуди сабзифурӯш дорад. Ин шиъор мунъакискунандаи манофеъи ҳаётии ӯст. Аммо ин манофеъи ҳаётӣ чиҳо ҳастанд?

Биёед ба ин нукта таваҷҷуҳ кунем: агар сабзифурӯш дастур медошт, ки шиъори “Ман метарсам ва дар натиҷа бе ҳеч чунучарое фармонбардорам”-ро дар витринаш бигузорад, ин андоза ба мазмунҳо ва маъноҳои он бетафовут намебуд; ҳарчанд ин иборат мунъакискунандаи ҳақиқат бошад. Сабзифурӯш аз ин ки чунин баёни сареҳе аз инҳитоти худро дар витрини мағозааш ба намоиш бигзорад, эҳсоси шармсорӣ мекунад ва табиъӣ ҳам ҳаст. Чун ӯ инсон аст ва ҳисси қаромату иззате барои худ дорад. Барои ғалаба бар ин печидагӣ баёни ӯ аз вафодорӣ бояд шакли аломатеро ба худ бигирад, ки дастикам дар сатҳи матнии он нишондиҳандаи сатҳи эътиқоди беъалоқаи ӯ бошад. Ин баён бояд ба сабзифурӯш иҷоза бидиҳад, ки бигӯяд: “Ин ки коргарони ҷаҳон муттаҳид шаванд, чи айбе дорад?” Ба ин тартиб, ин аломат ба сабзифурӯш иҷоза медиҳад, ки шолудаҳои пасти фармонбардориашро аз худаш пинҳон кунад ва дар ҳамон ҳол шолудаҳои ҳақиру пасти қудратро пинҳон кунад. Ин шиъор пастии ин шолудаҳоро пушти ниқобе аз чизе мутаъолӣ (воло) пинҳон мекунад. Ва ин чиз идеулужӣ аст.

Идеулужӣ роҳе фиребанда барои иртибот барқарор кардан бо ҷаҳон аст. Идеулужӣ таваҳҳум (пиндор)-и ҳувият, иззату каромат ва ахлоқиётро ба одамӣ медиҳад ва дар айни ҳол ҷудо шудан аз онҳоро барояшон осонтар мекунад. Идеулужӣ ба масобаи махзане аз чизе забар-фардӣ ва айнӣ мардумро қодир мекунад, ки виҷдонашонро фиреб бидиҳанд ва мавзеъи ростинашон ва равиши зиндагии нангинашонро пинҳон кунанд; ҳам аз чашми ҷаҳониён ва ҳам аз нигоҳи худашон. Идеулужӣ чизест бисёр амалгароёна, вале дар ҳамон ҳол роҳест зоҳиран муҳтарамона барои машрӯъият бахшидан ба чизе, ки болодасти одамӣ, зердасти ӯ ва дар ду сӯи ӯ қарор дорад. 

Идеулужӣ мардум ва Худоро ҳадаф қарор медиҳад ва ҳиҷобу ҳоилест, ки одамӣ метавонад пушти он вуҷуди табоҳаш, ибтизол (пастӣ)-аш ва татбиқ додани худаш бо вазъияти мавҷудро пинҳон кунад. Идеулужӣ баҳонаест, ки ба кори ҳар касе меояд; аз сабзифурӯш, ки тарси аз даст додани шуғлашро пушти иддаъои алоқа ба иттиҳоди коргарони ҷаҳон пинҳон мекунад гирифта, то болотарин масъуле, ки алоқааш ба мондан дар қудрат дар лифофаи ибороте дар бораи хидмат ба табақаи коргар пинҳон шудааст. Бино бар ин, коркарди аввалияи эътизорӣ (узрҷӯёна)-и идеулужӣ ин аст, ки ба мардум ба масобаи ҳам қурбонӣ ва ҳам сутуни низоми тутолитер ин таваҳҳумро бидиҳад, ки низом бо низоми инсонӣ ва назми кайҳон ҳамсозу ҳамоҳанг аст...

Низоми пасо-тутолитерӣ дар ҳар қадаме мардумро ламс мекунад, аммо ин корро аз пушти дасткаш (дастпӯш)-ҳои идеулужик анҷом медиҳад. Ба ин далел аст, ки зиндагӣ дар матни ин низом башиддат ва амиқан бо риёкорӣ ва дурӯғ танидааст: ҳукумат аз тариқи девонсолорӣ (бюрократия)-ро “ҳукумати мардумӣ” меномад; табақаи коргар ба номи табақаи коргар ба бардагӣ гирифта мешавад; инҳитоти комили фард ба сурати раҳоии ниҳоӣ тасвир мешавад; маҳрум кардани мардум аз иттилоъот дар дастрас қарор додани он номида мешавад; истифода аз қудрат барои бозӣ додани мардум кунтрули қудрат ба дасти мардум номида мешавад ва сӯиистифодаи дилхоҳ аз қудрат риъояти қонунҳову муқаррарот номида мешавад; саркӯби фарҳанг тавсеъа хонда мешавад; басту тавсеъаи нуфузи империолистӣ ба сурати ҳимоят аз мазлумон намоиш дода мешавад; набуди озодии баён болотарин шакли озодӣ талаққӣ мешавад; интихоботи расво олитарин шакли демукросӣ хонда мешавад; манъи андешаи мустақил табдил ба илмитарин навъи ҷаҳонбиниҳо мешавад; ишғоли низомӣ табдил ба ёрии бародарона мешавад. Чун режим худ асири дурӯғҳои худ аст, бояд ҳама чизро ибтол (ботил) кунад. Гузаштаро ибтол мекунад, ҳолро ибтол мекунад ва ояндаро ибтол мекунад. Оморро ҳам ибтол мекунад. Тазоҳур (вонамуд) мекунад ба ин ки дастгоҳи пурқудрату беусули пулис дар ихтиёр ва тамаллуки ӯ нест. Тазоҳур ба эҳтиром ба ҳуқуқи башар мекунад. Тазоҳур мекунад ба ин ки ҳеч касеро таъқибу уқубат намекунад. Тазоҳур мекунад, ки аз ҳеч чиз наметарсад. Тазоҳур мекунад ба ин ки ба ҳеч чиз тазоҳур намекунад.

Афрод лозим нест ҳамаи ин муъаммогунаҳоро бовар кунанд, вале бояд тавре рафтор кунанд, ки ангор (гӯё) инҳоро бовар мекунанд ё дастикам бояд дар сукут инҳоро таҳаммул кунанд ё бо касоне, ки бо онҳо кор мекунанд, хуб канор биёянд. Аммо ба ҳамин далел, бояд бо дурӯғ зиндагӣ кунанд. Лозим нест дурӯғро бипазиранд. Кофист зиндагишон бо ин дурӯғ ва дар дили ин дурӯғро пазируфта бошанд. Чун аз раҳгузари ҳамин воқеъият аст, ки афрод низомро таъйид мекунанд ва ҳаққи низомро адо мекунанд ва онро низом мекунанд ва худашон ҳамон низом мешаванд.

Воқеъан, чаро сабзифурӯши мо маҷбур буд вафодориашро дар витрини мағозааш ба намоиш бигзорад? Ӯ ба қадри кофӣ вафодориашро ба шеваҳои дарунӣ ва нимаъумумии мухталиф нишон надода буд? Билохира, дар ҷаласаҳои иттиҳодияи синфӣ ӯ ҳамеша ҳамон гуна раъй дода буд, ки бояд медод. Ӯ ҳамеша дар рақобатҳои мухталиф ширкат карда буд. Дар интихобот мисли як шаҳрванди хуб ширкат карда буд. Ӯ ҳатто “зидди маншур”-ро имзо карда буд. Чаро, илова бар тамоми инҳо, бояд вафодориашро ба сурати умумӣ ҳам эълом кунад? Билохира, мардуме, ки аз пеши витрини ӯ мегузаранд, ҳатман намеистанд, ки инро бихонанд, ки ба назари сабзифурӯш, коргарони ҷаҳон бояд муттаҳид шаванд. Воқеъияти қисса ин аст, ки онҳо аслан шиъорро намехонанд ва метавон мунсифона фарз кард, ки ҳатто онро намебинанд. Агар аз зане, ки ҷилави ин мағоза истода бошад, бипурсед, ки дар витрин чӣ дидааст, ҳатман ба шумо мегӯяд, ки он рӯз гавҷафарангӣ (помидор) доранд ё на, вале бисёр номуҳтамал (ғайриэҳтимолӣ) аст, ки аслан мутаваҷҷеҳи ин шиъор шуда бошад; чи бирасад ба ин ки бибинад шиъор чи мегӯяд.

Ба назар бемаъно мерасад, ки аз сабзифурӯш бихоҳем вафодориашро ба сурати аланӣ (ошкор) ва умумӣ эълом кунад. Аммо бо ин ҳол, корест маънодор. Мардум ин шиъорро нодида мегиранд, вале ин корро аз ин боб мекунанд, ки чунин шиъорҳоеро дар витрини мағозаҳои дигар, рӯи тирҳои чароғбарқ, рӯи тоблуҳои эълонот, рӯи панҷара (тиреза)-и опортумонҳо ва рӯи девори сохтмонҳо ҳам мебинанд. Ин шиъорҳо, дар воқеъ, ҳама ҷо ҳастанд. Инҳо бахше аз тамомнамои зиндагии рӯзмарра ҳастанд. Албатта, мардум дар айни ин ки ин ҷузъиётро нодида мегиранд, худашон бахше аз ҳамин тамомнамои куллӣ ҳастанд. Ва шиъори сабзифурӯш чист ҷуз муаллафае кӯчак аз он пасзаминаи азими зиндагии рӯзмарра? Дар натиҷа, сабзифурӯш маҷбур буд ин шиъорро дар витринаш бигузорад, на ба ин умед, ки касе мумкин аст онро бихонад ё ин шиъор касеро ба чизе мутақоъид кунад, балки ин корро мекунад, барои мушорикат кардан дар канори ҳазорон шиъори дигар дар ин тамомнамое, ки ҳама кас бисёр аз он огоҳанд. Албатта, ин тамомнамо маъное зермарзин низ дорад: ба мардум ёдоварӣ мекунад, ки куҷо зиндагӣ мекунанд ва чи чизе аз онҳо интизор меравад. Ба онҳо мегӯяд, ки бақия доранд чи кор мекунанд ва ба онҳо нишон медиҳад, ки онҳо низ чи бояд бикунанд, агар намехоҳанд ба ҳошия ронда шаванд ва нодида гирифта шаванд, ба инзиво биуфтанд ё худро аз ҷомеъа берун кунанд, қавоъиди бозиро зери по бигзоранд ва ба аз даст додани сулҳу осоиш ва амнияти худ хатар кунанд.

Акнун биёед, тасаввур кунед, ки рӯзе чизе дар даруни сабзифурӯшии мо мешиканад ва ӯ дигар барои худширинӣ ва худ азиз кардан ин шиъорро дар витринаш нагузорад. Ӯ дар интихоботе, ки медонад намоише музҳик (хандаовар) аст, дигар раъй намедиҳад. Дар ҷаласоти сиёсӣ шурӯъ мекунад ба гуфтани ҳар он чизе, ки воқеъан фикр мекунад. Ва ҳатто ин қудратро дар худ пайдо мекунад, ки бо касоне, ки виҷдонаш амр ба ҳимоят аз онҳо мекунад, эъломи ҳамбастагӣ кунад. Сабзифурӯш дар ин шӯриш аз зиндагӣ кардан дар матну дили як дурӯғ қадам берун мениҳад. Ин ойину маносикро нафй (рад) мекунад ва қоъидаҳои бозиро мешиканад. Як бори дигар ҳувият ва каромати саркӯбшудаи худро боз меёбад. Ба озодии худ аҳаммияти айнӣ ва вижа медиҳад. Шӯриши ӯ кӯшишест барои зистан дар ростӣ.

Тӯле намекашад, ки суратҳисобаш аз роҳ мерасад. Аз мудирияти мағоза канор гузошта мешавад ва ба анбор мунтақил мешавад. Дастмуздаш коҳиш пайдо мекунад. Умедаш барои рафтан ба Булғористон барои таътилот дуд мешаваду ба ҳаво меравад. Дастрасии фарзандонаш ба таҳсилоти олия дар бутаи таҳдид меуфтад. Мофавқ (раис)-ҳояш ӯро озор медиҳанд ва ҳамкоронаш дар канори ӯ муҳтот (бо эҳтиёт) рафтор мекунанд. Аммо бисёре аз ин касон ин корҳоро аз сари эътиқоде дарунию ростин на, балки таҳти фишори шароит анҷом медиҳанд; ҳамон шароите, ки ба сабзифурӯш фишор ворид мекард, ки шиъорҳои расмиро дар витринаш бигузорад. Онҳо сабзифурӯшро уқубат мекунанд, ба хотири ин ки ё аз онҳо интизор меравад ин корро бикунанд ё барои ин ки вафодориашонро нишон бидиҳанд… 

Ба ин тартиб, сохтори қудрат аз тариқи омилияти касоне, ки ин маҳрумиятҳоро эъмол мекунанд, яъне он муаллафаҳои ношиноси низом, сабзифурӯшро аз даҳони низом қай мекунанд. Низом аз тариқи ҳузури бегонасозаш дар мардум ӯро ба хотири шӯришаш муҷозот мекунад. Низом ин корро ба ин хотир мекунад, ки мантиқи дифоъ аз худ онро тақозо мекунад. Сабзифурӯш ҳатто як ҷурми содаи воҳид ҳам муртакиб нашудааст, ки хатои беҳамто ва хос бошад, вале коре кардааст, ки ба наҳви қиёснопазире ҷиддӣ аст. Ӯ бо шикастани қоъидаҳои бозӣ бозиро ба ин шакл ба вақфа даровардааст. Ӯ парда аз бозӣ будани кулли ин қисса барандохтааст. Ӯ ҷаҳони тазоҳурро дар ҳам шикастааст ва рукни бунёдини ин низомро вайрон кардааст… Ва чун султон, дар воқеъ, урён аст, иттифоқе фавқулъода хатарнок рух додааст: сабзифурӯш бо амалаш ҷаҳонро мухотаб қарор додааст. Ӯ ҳамаро қодир кардааст, ки нигоҳе ба пушти парда биандозанд. Ӯ ба ҳама нишон додааст, ки имкон дорад бо ростӣ ва ҳақиқат зиндагӣ кунанд. Зистан дар дили дурӯғ танҳо вақте метавонад низомро шакл бидиҳад, ки он низом ҷаҳонраво бошад. Асл бояд ҳама чизро шомил шавад ва дарбар бигирад. Ҳеч зобитае мутлақан вуҷуд надорад, ки низом битавонад бар мабнои он бо ҳақиқат зиндагӣ кунад ва дар натиҷа, ҳар касе, ки аз хат хориҷ шавад, асос ва асли онро инкор мекунад ва тамомияти онро таҳдид мекунад.
Муҳимтарин ва аслитарин соҳати фаъъолият, ки таклифи бақияро аз пеш муъайян мекунад, сирфан талош барои эҷод ва ҳифзи як зиндагии мустақил аз ҷомеъа ба сурати таҷаллии табйиншудае аз зиндагӣ дар ҳақиқату ростӣ аст. Ба иборати дигар, хидмат ба ҳақиқат ба сурати ҳамсоз, ҳадафманд ва табйиншуда ва созмон додан ба ин хидмат аст. Билохира, ин ҳам амре табиъист: агар зиндагӣ дар ҳақиқату ростӣ нуқтаи азимате ибтидоӣ барои ҳар кӯшишест, ки мардум барои мухолифат бо фишори бегонасози низом анҷом медиҳанд, агар ин танҳо мабнои маънодории ҳар амали мустақилле бо аҳаммияти сиёсӣ бошад, дар ин сурат душвор битавон тасаввур кард, ки ҳатто “эътироз”-и ошкор битавонад шолудаи дигаре ҷуз хидмат ба ҳақиқат, зиндагии содиқона ва талош барои ҷо боз кардан барои ҳадафҳои ростини зиндагӣ бошад.
(бар мабнои тарҷумаи торнамои "Мардумак")

No comments: