Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед!
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Имрӯз мехоҳам аз ҳаҷ бигӯям ва аз маносики ҳаҷ. Медонам, ки дар ҳадди ман нест, чун маносики ҳаҷ куҷову ман куҷо. Аммо дидор бо касе, ки борҳо дар айёми зилҳиҷҷа Каъбаро зиёрат карда, мавзӯъи ногуфтаҳои ин ҳафтаамро дар они воҳид тағйир дод. Ёдвораҳояш омӯзанда буд ва дареғам омад, ки бо шумо дар миён нагзорам.
Маросими ҳаҷҷе, ки дар моҳи қамарии зилҳиҷҷа ба муносибати иди Қурбон баргузор мешавад, ҳаҷҷи таматтуъ аст. Ва ҳоҷие, ки мусоҳиби ман буд, ҳаҷҷи таматтуъро адо кардааст. Аз аҳли ташайюъ аст, аммо фарқе барояш намекунад, ки ба ҳангоми вузӯ (таҳорат) дасташро аз оринҷ об бигирад ё аз каф; ба ҳангоми намоз ҳар ду дасташро пеши бар бигирад ё раҳо кунад. Ба ҳадду марзе, ки миёни шиъаву суннӣ кашидаанд, бовар надорад ва ин ҳамаро паёмади бархурдҳо ва пайкорҳои сиёсӣ медонад.
Мегӯяд, нахустин марҳилаи аъмоли ҳаҷ пӯшидани эҳром аст. Эҳром ду порчаи сапеди пунбаист, ки якe болотана ва дигарӣ поинтанаро мепӯшонад. Зану мард ҳамин эҳромро ба тан мекунанд, бо ин тафовут, ки эҳроми занон дӯхта асту эҳроми мардҳо дӯхта нест. Ду тикка порчаи сапед, ки ёдовари кафан аст; танҳо дороии дунё, ки чи шоҳу чи гадо бо худ зери хок мебаранд. Ду тикка порчае, ки сарвату макнати дунёиро ба сухра мекашад ва дорову нодорро дар як сатҳ қарор медиҳад. Гӯӣ ба диёри охират сафар мекунӣ; ба ҷое, ки аз имтиёзоти доро ва сархурдагию навмедии нодор хабаре нест.
Вориди Масҷид-ул-ҳаром ки мешавӣ, худатро дар миёни ҳамнавъони шабеҳи худат мебинӣ. Пайкарҳои печида ба ду тикка порча, бе зару зевару озин, содаву хокӣ. Зану мард бо чеҳраҳои боз, тан ба тан, паҳлӯ ба паҳлӯ, часпида ба ҳам, аммо ба дур аз таваҳҳумоти шаҳвонӣ. Чун ҳама омадаанд, ки гуноҳонашонро бирезанд, покиза шаванд. Инҷо касе ба фикри чашмчаронӣ нест. Чашмҳо обистани гиряанд. Ашкҳо меборанд. Риққати тасаввури ин ки фардо бо ҳамин ду тикка порча зери хок хоҳӣ шуд, ҳамроҳ бо шавқи ҳузур дар меҳмонии илоҳӣ, ашкҳоятро рӯи гунаҳо ҷорӣ мекунад. Чеҳраҳо бозанд. Занон ҳам иҷоза надоранд пӯшия, бурқаъ ё рӯбанде ба сар кунанд. Ҳамон заноне, ки дар зиндагии рӯзмарра бо чеҳраҳои пӯшида аз канори мо мегузаранд, дар тавофи Каъба муваззафанд, ки чеҳраҳояшонро боз нигоҳ доранд. Ва агар исрор ба пӯшиши ниқобу ҳиҷоб дошта бошанд, бояд ҷарима бипардозанд ва як гӯспанд қурбонӣ кунанд. Гӯӣ инҷо дар ҳузури Ҳақ парда бар рух кашидан маъно надорад. Ва ҳар он ки пойбанди ин одат аст, бояд тақоси пардадориашро бипардозад.
Аз даварони малакутии ҳафтгонаи Каъба ва эъломи “лаббайк” ба даъвати Худованд, ки берун меоянд, роҳии минтақаи Мино мешаванд ва аз онҷо ба сӯи кӯҳҳои Сафову Марва роҳ пеш мегиранд. Сафо дар забони арабӣ исми музаккар (мардона) аст ва Марва, муаннас (занона). Чун гӯянд, ки вақте Одаму Ҳавво аз равзаи ризвон ба замин фуруд омаданд, Одам бар Сафо ҳубут карду Ҳавво бар Марва. Пеш аз ислом ҳам арабҳои бутпараст ба ин ду кӯҳ ҳурмате қоил буданд ва бар фарози ҳар як буте бузург насб карда буданд. Пеш аз ислом ҳам зоирони буткадаи Каъба пас аз зиёрату тавофи Каъба ҳафт бор роҳи Сафо ба Марва ва баръаксро мепаймуданд. Пас аз барчида шудани бутҳои Каъба ва Сафову Марва ҳам ин одат боқист, аммо ин бор миёни пайравони дини ислом ва бидуни бутҳои кӯҳнишин. Зоирон ҳафт бор аз як кӯҳ ба сӯи кӯҳи дигар мераванд ва дар ин миён метавонанд бар фарози яке аз ин ду кӯҳ бинишинанду истироҳат ё тоъату ибодат кунанд.
Инҳоро ҳоҷӣ мегӯяду ман барои худ натиҷагирӣ мекунам: Ҳафт давр тавофи Каъба, ҳафт бор гашти ибодӣ миёни Сафову Марва, ҳафт санге, ки ба ҷамарот ё се сутуни Иблис партоб мешавад, ҳамагӣ ҳикоят аз тақаддуси шумораи ҳафт дорад. Ҳамон “ҳафт”-е, ки ҳафт рӯзи ҳафтаи моро месозад ва ба пеш аз ислом ҳам қад медиҳад ва ба ҳафт кишвар замини авестоӣ ва ҳафт амшоспандони зартуштӣ ва ҳафт ахтарон ҳам мерасад. Ҳамон ҳафт ахтароне, ки рӯи парчами Тоҷикистон ҳам мунаққаш аст. Ин шумораи муқаддас қадимитар аз фарҳангҳоест, ки мо бо номҳои “тамаддуни исломӣ” ва “тамаддуни ориёӣ” мешиносем ва ба бунёди тамаддуни бобилӣ бармегардад.
Дар маросими ҳаҷ зоирон муваззафанд, ки поктинату дурусткирдор бошанд: лаб ба дурӯғ нагшоянд, носазо нагӯянд, ба фикри суди дунёӣ набошанд, накӯкорӣ кунанд, дасти фитодагонро бигиранд ва дар фазои рӯҳонии ҳаҷ ҳал шаванд. Ин сифотест, ки интизор меравад як инсони дурусткор дар зиндагии одӣ ҳам дошта бошад.
Дӯсти ман мегӯяд, ки ҳаҷ ӯро дигаргун кард. Нигоҳаш чи ба дину чи ба дунёро дигаргун кард. Аз ӯ инсоне дигар сохт, ки мекӯшад марзбандиҳои нажодию эътиқодиро нодида бигирад ва ба кумак ба дармондагон бикӯшад.
Ба ёди мунозираи Носири Хусрави Қубодиёнӣ бо як дӯсти ҳоҷиаш уфтодам, ки ҳудуди ҳазор сол пеш бад-ин шарҳ таъриф карда буд:
Ҳоҷиён омаданд бо таъзим,
Шокир аз раҳмати Худои раҳим…
Мар маро дар миёни қофила буд,
Дӯсте мухлису азизу карим.
Гуфтам ӯро: “Бигӯ, ки чун растӣ,
З-ин сафар кардани ба ранҷу ба бим?..
Шод гаштам бад-он ки кардӣ ҳаҷ,
Чун ту кас нест андар ин иқлим.
Бозгӯ, то чигуна доштаӣ
Ҳурмати он бузургвор ҳарим.
Чун ҳамехостӣ гирифт эҳром,
Чи ният кардӣ андар он таҳрим?
Ҷумла бар худ ҳаром карда будӣ,
Ҳарчи модуни кирдгори қадим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Задӣ “лаббайк”
Аз сари илму аз сари таъзим?
Мешунидӣ нидои Ҳаққу ҷавоб,
Боздодӣ чунонки дод калим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу дар Арафот
Истодию ёфтӣ тақдим,
Орифи ҳақ шудию мункири хеш,
Ба ту аз маърифат расид насим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу мекуштӣ
Гӯсфанд аз паи ясиру ятим,
Қурби худ дидӣ аввалу кардӣ
Қатлу қурбон нафси шуми лаим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу мерафтӣ
Дар ҳарам ҳамчу аҳли Каҳфу рақим,
Эмин аз шарри нафси худ будӣ?
В-аз ғами фурқату азоби ҷаҳим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу санги ҷамор
Ҳамеандохтӣ ба деви раҷим,
Аз худ андохтӣ бурун яксар
Ҳама одоту феълҳои замим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу гаштӣ ту
Мутталеъ бар Мақоми Иброҳим,
Кардӣ аз сидқу эътиқоду яқин
Хешии хешро ба ҳақ таслим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Ба вақти тавоф,
Ки давидӣ ба ҳарвала чу залим,
Аз тавофи ҳама малоикатон
Ёд кардӣ ба гирди арши азим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу кардӣ саъй
Аз Сафо сӯи Марва бар тақсим,
Дидӣ андар сафои худ кавнайн,
Шуд дилат фориғ аз ҷаҳиму наъим?”
Гуфт: “Не”. Гуфтамаш: “Чу гаштӣ боз
Монда аз ҳиҷри Каъба бар дил рим,
Кардӣ онҷо ба гӯр мар худро
Ҳамчуноне кунун, ки гашта рамим?”
Гуфт: “Аз ин бод ҳар чи гуфтӣ ту,
Ман надонистаам саҳеҳу сақим”.
Гуфтам: “Эй дӯст, пас накардӣ ҳаҷ,
Нашудӣ дар мақоми маҳв муқим.
Рафтаӣ Макка дида, омада боз,
Меҳнати бодия харида ба сим,
Гар ту хоҳӣ, ки ҳаҷ кунӣ пас аз ин,
Инчунин кун, ки кардамат таълим”.
No comments:
Post a Comment