Панди либиёӣ
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Либӣ аз балои Қаззофӣ раҳо шуд. Аз балои раҳбаре, ки 42 сол ҳам барои мардумхориаш басанда набуд. Ҳукумати интиқолӣ дам аз баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи мардумсолорона медиҳад ва гӯӣ насими Баҳори Араб ба машоми як кишвари дигар дар ҷаҳони араб расидааст. Дигар қарор нест худкомагии Муъаммар Қаззофию хонадонаш монеъ аз хушбахтии мардумаш шавад. Қаззофӣ раҳбаре буд, ки дар кохҳои тилоӣ зиндагӣ кард ва дар лӯлаи фозилоб (заҳоб)-и чиркину бадбӯй ба даст уфтоду мурд. Раҳбаре буд, ки мухолифони бешуморашро “муш” меномид ва саранҷом ба сарнавишти муш гирифтор омаду мурд. Миллат бо шӯру нишот ба пойкӯбӣ бархостанд ва нобудии ҳокими ситамгарашонро таҷлил карданд.
Вале саҳнаҳои ракику занандаи боздошт ва саранҷом қатли Қаззофӣ, ки бо дурбинҳои ларзони телефунӣ филмбардорӣ шуда буду даври ҷаҳонро гашт, ҳикояте дигар дорад ва он рӯи сиккаро нишон медиҳад. Раҳбари тарсону ҳаросонро мебинем, ки илтиҷо мекунад ӯро назананд. Аммо ӯро мезананд. Аз сару мӯяш мекашанду ба хоки зиллат меафкананд ва ниҳоятан мекушанд. Пайкари беҷони ӯ дар сатҳи шаҳри зодгоҳаш мисли лошаи саг кӯбакӯ кашонда мешавад… Қаззофӣ марги ҳавлноке дошт, ки ба қавли куҳансолон, кас барои душмани худ орзу намекунад.
Муъаммар Қаззофӣ дар тӯли 42 соли султаи қулдуронааш бар Либӣ хуни фаровоне рехт ва ғалати бисёре кард. Садҳо тан аз мухолифони режими ӯ ба ҳамин шева кушта шуданд; пули қатли садҳо хориҷиро байтулмоли Либии Қаззофӣ пардохтааст; ҷиноёти саҳмгине сабти корномаи ин чеҳраи махуфи торих шудааст. Аммо шеваи қатли ӯ дар зеҳни содаи ҳазорон нафар корномаи бади ӯро сутурд ва аз Қаззофӣ шаҳиди мазлум сохт. Наҳваи куштани Қаззофӣ хатти тафовут миёни ӯ ва мухолифонашро зудуд ва гӯӣ фарёд баровард, ки:
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!
Ва ҳеч касе набуду нест, ки он фарқро дарёбад. Чун фарқе дар кор нест. Қаззофӣ ба ҳамон шеваи дадманишона, барбарона ё ваҳшиёнае кушта шуд, ки худаш рақибону мухолифонашро мекушт. Дар натиҷа ҳеч ваҷҳи тамоюз ва тафовуте миёни ӯ ва мухолифонаш боқӣ намонд.
Қасоват ё бераҳмӣ зоидаи заъфу нотавонист. Наҳваи куштани Қаззофӣ баёнгари заъфи маънавии шадиди мухолифонаш буд. Қасоват зоидаи тарс аст ва тарс вижаи афроди нотавон аст. Қасовате, ки дар марги Қаззофӣ ба кор рафт, паёмади сиёсатҳои иҷтимоъии 42 соли ахири ӯ буд. Аммо ин умедро аз дилҳо зудуд, ки ин кишвар дар ояндаи қобили пешбинӣ ба қофилаи ҷаҳони мутамаддин хоҳад пайваст.
Аммо “ҷаҳони мутамаддин” ҳам таъбирест нисбӣ. Ва ин ҳақиқат замоне барҷаста шуд, ки хабари қатли Қаззофӣ ҷаҳонро дарнавардид. Паёмҳои шодбоши раҳбарони Ғарб ба муносибати марги касе ба андозае боварнакарданӣ буд, ки мафҳуми “инсонгарӣ”-ро зери суол мебурд. Ҳеч раҳбаре аз кишварҳои ба ном “мутамаддин” изҳори таассуф накард. Нагуфт, ки ин мардак бояд ба сазои аъмолаш мерасид. Ва ин ки сазои аъмолаш қатли хиёбонии худсарона набуд. Бозмондагони ҳазорон қурбонии сиёсатҳову ҷиноятҳои Қаззофӣ ба муродашон нарасиданд ва муҳокимаи мунсифонаи ӯро надиданд. Ва худи Қаззофӣ дар силлул (камера) нанишаст, то ба кардаҳояш биандешад ва маънии надомату пушаймониро ламс кунад. Ҳақ ба ҳақдор нарасид ва Қаззофӣ муҷозот нашуд. Боқии умрашро дар тааммул нагузаронд. Рафт, то барои муште хирасар шаҳид шавад ва асбоби дардисарҳои фаровони оянда. Ин кавданони нафаҳм, ки бо қасовати барбарона аз аждаҳое шаҳид сохтанд, ҷоизаи хушбахтиро набурданд.
Сарнавишти Қаззофӣ, аммо, ҳовии дарсҳои муҳимме буд; ҳам барои фармонравоён ва ҳам барои раъоё. Дарсе, ки фармонравоёни хирадманд аз ин поёни шум гирифтанд, ин буд, ки магасвор ба курсии раёсат начаспанд, раёсатро табдил ба салтанат накунанд, дороиҳои мардумро миёни аъзои хонадонашон тақсим накунанд ва худашонро инсони мирое беш надонанд. Раъоёи хирадманд дарсе, ки гирифтанд, ин буд, ки таслими хашми худ нашаванд ва бадкорро инсонвор ба дарки бадкориҳояш водоранд.
Муъаммар Қаззофӣ ҳамоне буд, ки ба хиёли пандгӯӣ ба раҳбари Иттиҳоди Шӯравии рӯ ба завол дар поёни даҳаи 1980 “Китоби Сабз”-ашро бо дебочае ғарро ба Михаил Горбачёв пешкаш карда буд ва танҳо роҳи наҷоти импротурии сурхро дар эҷоди “кумитаҳои мардумӣ ба сабки Либӣ” тавсиф карда буд. Аммо торих нишон дод, ки кумитаҳои ба ном “мардумӣ” давои дарде намешавад, магар ин ки баростӣ мардумӣ бошад. Агар Горбачёв қаззофивор ба курсии раёсаташ овезон мешуд, чи басо, ки ҳамин сарнавишти шум суроғаш меомад. Акнун лобуд Горбачёви 80-сола саҳнаҳои марги ҳақоратбори Қаззофиро дар сафҳаи телевизюнаш мебинаду панду андарзи “сабз”-и ӯро ба ёд меоварад ва афсӯс мехурад, ки дар посух ба он насиҳат худаш ба Қаззофӣ панде озодвор надода буд.
Ба қавли Рӯдакӣ, замона, чун нигарӣ, сарбасар ҳама панд аст. Пурсиш инҷост, ки гӯшу ҳушамон то куҷо ниюшои панди замона аст.
No comments:
Post a Comment