Бо Узбакистон чи бояд кард?
вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ
Рӯйдодҳои ин ҳафта метавонад барои Тоҷикистон сарнавиштсоз бошад, агар мақомоти давлат ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ битавонанд аз ду фурсати нодире, ки ба онҳо даст додааст, ҳадди аксари истифодаро кунанд. Нишасти байнулмилалии “Об барои ҳаёт” дар Душанбе ва дар паи он нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд мақомоти ду кишвареро, ки солҳост даргири як навъ ҷанги сарди эъломнашуда ҳастанд, рӯбарӯи ҳам қарор хоҳанд дод. Албатта, зоҳиран Тошканд ба гирдиҳамоии Душанбе чандон маҳал нагзошта ва ҳайъатеро ба раҳбарии муъовини вазири иқтисодаш гусел кардааст. Аммо ҳузури Галина Саъидова ҳам ғанимат аст ва мешавад аз тариқи ӯ паёмҳои равшану мантиқӣ ва ҳисобшудаеро ба Тошканд иблоғ кард.
Мусалламан, ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Тошканд тайи рӯзҳои 10 ва 11 июн ва эҳтимоли баргузории дидори рӯбарӯи ӯ бо ҳамтои узбакаш аз аҳамияти бештаре бархурдор аст. Оё раҳбари тоҷик хоҳад тавонист мантиқи заъифи Каримов дар низоъ бар сари сохтмони нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистонро ошкор кунаду ба хок нишонад ё таслими жожхоиҳои авомфиребонаи ҳамтояш хоҳад шуд?
Ҳузури қудратҳои минтақаӣ дар ин ду нишаст ҳам аз масоили калидист. Аҳмади Ваҳидӣ, вазири дифоъи Эрон, моҳи гузашта тайи дидораш аз Тоҷикистон пешниҳоди подармиёнии Теҳрон миёни Душанбе ва Тошкандро карда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳусни нияти Эрон дар мавриди тарҳҳои барқи обии Тоҷикистон мешавад умедвор буд, ки ин миёнҷигарӣ корсоз воқеъ шавад ва яхи равобити Тоҷикистону Узбакистонро дастикам андаке бишканад.
Ҷалби ҳусни назари Чин ҳам барои Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ҳаётист. То кунун Узбакистон дар ҷалби ҳимояти қудратҳо комгортар будааст. Як намунаи он хунсо кардани тарҳи эҳдоси як нерӯгоҳи обӣ дар рӯди Зарафшон буд, ки қарордоди эҳдосаш бо як ширкати чинӣ дар соли 2007 имзо шуд. Дахолати Узбакистон монеъ аз иҷрои ин тарҳ шуд ва чиниҳо ба хостаи ҳамсояи бузургтари Тоҷикистон арҷ гузоштанду тарҳро канор гузоштанд.
Далеле, ки узбакҳо матраҳ карданд, ҳамон дурӯғи ҳамешагишон буд, ки эҳдоси нерӯгоҳ монеъ аз обёрии бархе аз заминҳои Узбакистон хоҳад шуд. Бо талоши андаке бештари коршиносон мешавад даруни холии ин иддаъоро шикофту бармало кард.
Аз сӯи дигар ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон метавонад дар рӯзҳои ҳузури мақомоти баландпояи хориҷӣ дар пойтахт моҳияти мушкилотеро, ки Узбакистон барои Тоҷикистон офаридааст, ба намоиш гузорад. Дар ин рӯзҳо ҷавонони тоҷик дар кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд дар баробари сафорати Узбакистон дар он сарзаминҳои дурдаст тазоҳуроти эътирозӣ созмон диҳанд. Аммо ба назар мерасад, ки эътирозоти сулҳомези мардумӣ дар Тоҷикистон мантиқитар ва боистатар бошад.
Узбакистон борҳо абзори “эътирозоти мардумӣ”-ро алайҳи тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба кор бурда, ки сад албатта, сохтагӣ ва супоришӣ будани онҳо ошкор буд. Агар мақомоти тазоҳуротгурези Тоҷикистон ба мардум маҷол диҳанд, ки садои эътирозашонро баланд кунанд, бегумон садои расотаре аз Душанбе ба гӯши ҷаҳониён хоҳад расид. Чун дахолати мустақими Узбакистон дар умури иқтисодии Тоҷикистон ба вазъияти маъишии мардуми мо осеби ошкор расондааст ва вогунҳои мунтазири пушти хатти марзӣ як намунаи боризи ин дахолати дадманишона аст.
Меҳмонони ин ду нишаст бояд чанд мавридро бахубӣ фаро бигиранд: нахуст ин ки Тоҷикистон сарчашмаи беш аз 40 дарсади обҳои Осиёи Миёна аст ва дар воқеъ, дорои 4 дарсади зарфияти обии кураи Замин. Аз 115 килуметри мукаъаб обе, ки ҳамасола дар рӯдҳои минтақа ҷорист, танҳо 15 дарсади он ба ниёзҳои Тоҷикистон таъаллуқ мегирад, ки таносуби дурусте нест.
“Об барои ҳаёт” барои Тоҷикистон танҳо як шиъор нест, балки айни воқеъият аст, чун танҳо захираи табиъии қобили мулоҳизаи он ҳамин об аст. Узбакистон мегӯяд, ки нигарони пунбазорҳояш аст ва мумкин аст бо сохтани нерӯгоҳҳои Тоҷикистон даромади камтаре ба хазинаи давлаташ ворез шавад. Тоҷикистон мегӯяд, ки нигарони ҷони мардумаш аст, ки зимистонҳо бар асари бебарқӣ мемиранд.
То кунун Узбакистон натавонистааст собит кунад, ки эҳдоси обанборҳо дар Тоҷикистон ба раванди обёрии заминҳои он кишвар латма хоҳад зад. Як гурӯҳи мустақилли коршиносони байнулмилалӣ метавонад пучии ин иддаъоро ифшо кунад.
Нигарониҳои зистбумӣ (экологӣ)-и Узбакистон бепоя аст, ба вижа агар мадди назар дошта бошем, ки сӯимудирияти мақомоти он кишвар фоҷеъаи дарёи Оролро ба бор овардааст ва агар ба ростӣ чунин нигаронии башардӯстона дар миёни давлатмардони узбак шоеъ буд, шояд фикре ба ҳоли дарёи Орол мекарданд.
Эътирозоти Узбакистон танҳо бо тарҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Узбакистон бо ҳар навъ тарҳи иқтисодии даромадзои Тоҷикистон сари ситез дорад. Аз ҷумла шуморе аз “эътирозоти мардумӣ”-и Узбакистон ба Корхонаи алюминиюми Регар нишона рафта буд, ки ба гуфтаи онҳо, ба муҳити зисти минтақа осеб расондааст. Агар ба миқдори зубола (ахлот)-е, ки корхонаҳои ғӯлосои Узбакистон ҳамасола тавлид мекунанд, таваҷҷуҳ кунед, дар хоҳед ёфт, ки туфолаи корхонаи тоҷикӣ нимнахудест дар баробари як харбузаи кошифӣ. Он чи мусаллам аст, талоши пайгиронаи Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ва берун рафтани он аз зери нуфузи иқтисодии Тошканд аст. Анҷоми тарҳҳои барқи обӣ метавонад роҳи Тоҷикистонро ба сӯи худкифоии иқтисодӣ ҳамвор кунад ва чи басо, ки аҳрум (фишанг)-и фишори қавӣ дар баробари Узбакистонро дар ихтиёри Душанбе қарор диҳад.
Гуфтаниҳо фаровон аст, аммо дар ҳавсалаи “Ногуфтаниҳо”-и рези мо намегунҷад. Вале агар ҳамин паёмҳо ба забони суфтатари пероста бо шеваву шигирдҳои диплумотик ба намояндагони қудратҳои минтақа мунтақил шавад ва ҳимояти онҳоро барангезад, Худоро чи дидӣ, шояд Тоҷикистон ҳам ба тавфиқе даст ёбаду гиреҳ во шавад ва равобити дӯстонатаре бо Тошканд шакл бигирад.
No comments:
Post a Comment