Sunday, April 20, 2008

Graeme Loten: Next Murray?


Бори нахуст ман ин мардро, ки дар васати акси боло хамида истодааст, дар Ландан дидам.

Соли 2004 Вазорати хоричаи Бритониё аз бахши Осиёи Миёнаи Би-Би-Си хоста буд, ки як коршиноси Точикистонро ба ин вазоратхона бифиристанд. Чун бахши Осиёи Миёнаи Бунгохи Суханпарокании Бритониё (ВВС) дар умури Точикистон тахассус надорад ва Точикистонро бахши порсй пушиш медихад, Хамид Исмоъил – раиси бахши Осиёи Миёна манро ба унвони коршиноси умури Точикистон муъаррифй кард. Коршинос хам ки набудаму нестам, аммо ба гуфтаи русхо «на безрыбье и мясо рыбо» (дар набуди мохй гушт хам мохист).

Чахор коршинос аз созмонхои мухталифи Бритониё ба Вазорати хорича даъват шуда буданд, ки факат якеашро хуб мешинохтам: Ширин Акинер аз Муассисаи Мутолеъоти Осиёйи ва Офрикойии Ландан (SOAS). Яке дигар бонуе эронй буд. Севвумй ба ёдам намеояд ва чахорумй хам банда будам. Дар садри мачлис хамин мард нишаста буд, ки бо хушруйи худашро муъаррифй кард: «Graeme Loten». Карор буд ба зудй ба унвони сафири Бритониё дар Душанбе чонишини Майкл Смит шавад. Мавзуъе, ки аз ман хоста буданд рочеъ ба он сухбат кунам, хизбхои сиёсии Точикистон буд. Он замон шаш хизб бештар надоштем, бо инсичоме бештар аз акнун. Дар холе ки гох-гудоре кахваро маз-маз мекардам, барои хуззор, ба вижа сафири оянда тавзех додам, ки ин шаш хизб кихо хастанду чи мехоханд. Дар сухбатхоям заррае аз бовархои идеулужики худам кор нагирифтам, балки ба унвони як хабарнигори дуоташаи Би-Би-Си, ки бетарафиро шиъори кори худ кардааст, факат он чиро гуфтам, ки ошкору машхуд буд. Дигарон хам хар кадом мавзуъеро ба муддати панч дакика тавзех доданду мунтазири пурсишхои Лотен мондем.

Аз Лотен садое барнамеомад. Пурсишхоро умдатан ёваронаш мекарданд. Дар натича бардошти ман аз сафири чадид чандон мусбат набуд. Фикр мекардам у дар бораи кишвари ман то чи хад ноогох аст ва шояд хам буд.

Дар паи он иттифоке уфтоду бо Майкл Смит – сафири пешини Бритониё дар Точикистон пушти мизи нушгох (бар)-е дар Ландан нишастем. Сухбате гайрикорй ва комилан дустона бо марде бо андухтахое кобили тахсин аз Точикистон, ки дар мавориде мани «коршинос»-ро шигифтзада мекард. У дигар бо Точикистон коре надошт, аммо аз Эмомъалии Рахмон хотири хуше дошт. Мегуфт, раисичумхурй шахсан ба хангоми гуселаш аз Точикистон уро ба хонааш даъват карда ва гуфтааст: «Дафъаи баъдй мехмони хонаводаи ман хохед буд. Точикистон хонаи шумост, хар гохе хостед ташриф биёред.»

Аммо аз дидгохи Майкл Смит дар бораи Крейг Мурей (Craig Murray) – сафири нофармони пешини Бритониё дар Узбакистон хушам наомад, ки мегуфт: «он мардак девона аст! Кадом сафир ин гуна рафтор доштааст, ки у дошта бошад?!» Ман дар посух ба хашми Смит аз Мурей сухбатам бо Крейг Мурейро ба ёд овардаму гуфтам: «Мурей муътакид аст, ки хукуки башар авлотар аз хар чизи дигар аст, аз чумла вазифаи як диплумот». Майкл Смит гуфт: «Мо дар замони Столин хам дар Русия сафир доштем ва хуб медонистем, ки Столин милюнхо нафарро катлу камъ мекунад. Оё бояд сафири мо бо макомоти Шуравй даст ба гиребон мешуд? Манофеъи Бритониё бароямон авлотар буд ва бояд бошад.»

Хамин сухан кофй буд, ки аз Майкл Смит хам дилсард шавам. Агар сафиратон медонист, ки милюнхо тан ва ба вижа хазорон равшанфикр дар саросари Иттиходи Шуравй кушта мешаванд, чаро садо дар наовард? Магар у хам аз насли башар набуд? Магар чони так-таки он афрод, ки зери сотури Столин рафтанд, арзиши чони инсоне мисли худи уро надошт? Манофеъе, ки мегуйи, хамон сарвату сармоя аст. Оё ин сарвату сармоя, ки натичаи мазикаву бадбахтии милюнхо тан аст, дар баданат гувориш меёбад (хазм мешавад)?

Он сухбатро бо ишорае кутох, ки «ба назари ман, Крейг Муррей кореро кард, ки хар инсони бовиждон бояд мекард», ба поён бурдам.

Ва аммо дар мавриди сафири чадид (Граем Лотен) назарам билотагйир монда буд, то замоне ки шунидам мохи нувомбр (ноябр)-и 2007 ба унвони раиси Иттиходияи Урупо дар Точикистон аз конунхои Точикистон интикод карда ва гуфтааст, ки конунгузорй бояд шаффофияти бештаре дошта бошад, агар карор аст шумори бештари сармоягузоронро ба Точикистон чалб кунад.

Бо балое, ки ба сари ОРИМА оварданд, фикр намекунам як сармоягузори хоричии дигар по ба харими Точикистон бигзорад. ОРИМА пули давлати Точикистон набуд, ки мусодира шавад. Он як ширкати муштараки точикй-хуландист, ки дар огоз сахмияхояшон 50 ба 50 буд ва дар нихоят 70 дарсади он ба Маъруф Орифов таъаллук гирифт ва холо карор аст ба чайби давлат биравад.

Икдоми баъдии таъаччуббарангези Лотен сухбатхои рузи шанбеи у дар нишасти 35-умин солрузи поярезии Хизби Нахзати Исломй буд. Интикоди у аз Хизби Нахзати Исломй бисёр бачо ва дуруст буд. Хизбе, ки муддаъии мухолифат бо давлати феълист, бояд рафторе дигаргуна дошта бошад. Вакте ки мардум аз зачр ба дод омадаанд ва бо вучуди хатароти хоил дар баробари кохи раёсати чумхурй тачаммуъ мекунанд, лату кубу боздошт мешаванд, як хизби мухолиф чи гуна метавонад сокит бимонад? Дар зимистони гузашта, вакте ки кудакони навзод аз сармо мурданд ва солмандон хам дунёи пурранчро зудтар тарк гуфтанд, хизби мухолиф чи гуна метавонад гами давлатро бихурад ва аз эчоди захмат барои «давлати бечора» пархез кунад? Магар гунахкори он бадбахтй давлат набуд? Зимистони сахт вижаи точикхо набуд. Тамоми минтака ва фаротар аз он бо зимистони замхарире рубару шуданд, аммо чаро бояд точикхо бештар аз дигарон азоби онро мекашиданд? Чун давлат коромад набуду нест. Чаро Хизби Нахзати Исломй, ки сарточи мухолифон буд, ин вахшатро дар сукути комил мушохида кард ва баъд аз он хам чизе нагуфт?

Барои Греам Лотени бритониёйи ин навъи «мухолифат бо давлат» аслан кобили дарк нест. Дар Бритониё кучактарин кутохии давлат боъиси нишастхои густардаи мухолифон ва пахши баёнияхову барпойии рохпаймойихо мешавад, то давлатро аз чурт ё ганабаш бедор кунад, то бидонанд, ки дунё бесохиб нест ва коре бояд кард. То мутаваччехи ахамияти мардум шаванд ва неруи тахтбарафкани мардумро ламс кунанд. То мардумро табдил ба бардагони бечора накунанд, ки хар гирду (чормагз)-еро, ки давлат хост, бар сараш шикаста шавад. То намояндаи ростини мардум бошанд.

Бо ин изхороти Греам Лотен симои у батамом барои ман иваз шуд. Умедворам у хам аз кори неки Крейг Муррей, ки мухолифони давлати узбак уро «кахрамони мардуми Узбакистон» унвон кардаанд, дарс гирифта бошад ва аз ин ба баъд хам чои холии мухолифони давлатро пур кунад.

Шарм бод бар мухолифоне, ки моро чашм ба дахони сафире бегона кардаанд. Хизби Нахзати Исломй бо пуштвонаи азиме, ки дорад ва 25000 узвияте, ки унвон мекунад, чойгохаш он чо нест. Набуди садои мухолиф дар хар чомеъае он чомеъаро зудтар аз мавъид ба мархилаи фарсоиш мерасонад. Мавчудияти садохои мувофик ва мухолиф аз заруратхои бако ва мондагории хар миллат аст. Агар таносуби мувофику мухолиф дар кишвар мавчуд набошад, мавчудияти кишвар хам зери суол меравад. Дуруст ба монанди нерухои мусбату манфй, ки ба иттифоки хам як чарогро равшан мекунанд. Аз ин ру чароги кошонаи точик хомуш аст. Чун мо таркиби мутаносиби мусбату манфиро хануз надорем. Ба умеди он руз.

5 comments:

tojvar said...

Дориюши фарзона,

Дарвоқеъ суханони сафир Лотенро мехондаму сурх мешудам, харчанд узви хеч хизбе нестам ва танхо рушанфикри мухолифам. Чаноби сафир бегона нест, чун дарди мардуми моро ба ин хубй дарк кардааст ва ҳам шояд аз бозиҳои паси парда ва тичоратҳои сиёсй огаҳ аст. Худо кунад, сарнавишти Муррейро ба сари ў наоранд.

Инро хам бояд ба ёд овард, ки Лотен тагу тирези мақомоти давлати моро низ хуб медонад, вагарна намегуфт, кўмаки кишварашро шахсан ба дасти мардуми азийятдида мерасонад. Хуб медонист, ки агар ба ҳукумат диҳад, заррае ба мардум нахоҳад расид. Биноъан худаш ин кўмакро ба Кўлоб бурд, дасти сармозадаи пирамардони точикро фишурд ва ба онҳову наберагони онҳо дод.

Ба чаноби сафир барои кор орзу мекунам.

D said...

Талхии хадис шояд дар ин чост, ки Лотен - касе, ки кабл аз азиматаш ба Душанбе кучактарин шинохте аз Точикистон надошт, бо чи бардоште ба Ландан бармегардад. Кишваре факиру бадбахт бо ахзоби, ба истилох, мухолифе, ки аз мукаррароти давлат як гом фаротар намегузоранд; миллате махкум ба гирифторй, чун хануз худ ва чойгохи худро дарк накардаанд ва ниёзманданд, ки садои мухолифе дастикам аз берун баланд шавад. Нотавонию бечорагии мо дар руйдодхои кишвар мавч мезанад.

Шахриер said...

Вокеан хам, барои ХНИТ бояд боиси шармсори бошад. Ин гуна рафтор Кабириро ба Абдулхалиф Гаффорову Саидчаъфар Исмонов баробар мекунад. Хамон Масъуд Собиров хатто давлатро дар ин зимистон танкид карда буд. Хеле хам аз Кабири дилсард хохам шуд, агар маълум шавад ки у бизнесашро аз хакки мардум боло медонад. Хол он ки ХНИТ, ба андешаи ман, ба осони метавонад султаро хам ба даст бигирад. Аммо хаводиси ахир бозгуи онанд, ки дар ояндаи наздик риштаи хукумат ба сузани ХСДТ хохад даромад.

Бад намебуд, дар мавриди казоеи марбут ба Генплан низ ХСДТ изхороте мекард.

Шахриер said...

Сорри, АбдулхалиМ Гаффоров

D said...

Кабирй кавл додааст, ки аз ин ба баъд мушкилоти чомеъаро матрах ва омилхоеро, ки боъиси бурузи он мушкилот шудаанд, унвон хохад кард. Умедворам пешниходи халли мушкилот низ манзураш буда бошад. Пас бояд мунтазир монду дид, ки то чи андоза коркарди ХНИТ дар арсаи сиёсии кишвар тагйир хохад кард.