Sunday, April 06, 2008

Rumours from Tajikistan

Шунидам, ки яке аз огозгарони умдаи бахси махалгаройи, ки дар илтихоби ин бемории чонфарсо месузад, дар шумораи ахири хафтаномаи «Миллат» матлабе навишта ва дар банде аз он дар мазаммати ман кушидааст. Далели сарзаниш хануз бароям батамом равшан нест ва шояд пас аз дидани он матлаб бо чашми сар ба вазохат бирасад. Аммо далели нохушояндии матлаби каблии ман ба ин бандаи Худо равшантар аз руз аст. Навиштаи ман алайхи махалгаройи дар Точикистон бегумон барои тудаи азиме хушоянд набуд, чун ман аз чинси махалгаро безорам ва ин безориро дар он матлаб ба сарохат баён кардам. Он око (ки номаш ба шакли «Давлати Рахмониён» ба ман расидааст) аз ман ранчида, ки чаро бидуни ичозаи эшон бо Бозор Собир дар Омрико тамос гирифтаам ва ёвахои махалгароён дар Душанберо бо у дар миён гузоштаам. Бехтарин коре, ки ин око (аз ин ба баъд «Давлати Рахмониён») метавонад бикунад, ин аст, ки аз сандалиаш баланд шавад, ду-се култ оби сард бинушад, ду-се нафаси жарф бигирад, сарашро ду-се бор сахт такон бидихад ва мутаваччех шавад, ки шахрванди кураи Замин дар садаи 21-и мелодист ва мумкин аст эшон барои мусохибат бо устод Бозор даллоли хар касе набошанд. Ва дарёбад, ки дар дунёи пешрафта аз асри махалгаройи дастикам сад сол мегузарад. Ва ба кунхи ин матлаб пай бибарад, ки дар чахли мураккаб гир кардааст. Давлати Рахмониён барои ман як точик аст, аммо андаке гирифтор. Ва дар айни хол азиз, чун хаммехан аст. Аз ин ру, аз самими калб барои ин бародари гирифтор орзуи растагорй дорам. Бошад, ки рузе Давлати Рахмониён хам хамаи порсигуёнро ба як чашм бибинад, на бо як чашм, ки чашми махалгаройист.

Махалли ман кучост? Кучактарини он Точикистон аст, сипас пахнаи порсй, сипас курраи Замин. Ин навъи биниш ба ман оромиши хотире додааст, ки васфнопазир аст ва бо мантики замину замон созгор аст. Пас ниёзе дар тагйираш намебинам. Давлати Рахмониёни азиз посухи мустакими ман ба эшонро нахохад дид. Ин хам ки менависам, андешахои дарунии ман аст, на посухи аланй. Аммо ба гунае бояд сипосамро ба эшон бирасонам. Чун навиштахои махалгароёнаи хаму буда, ки манро ба андеша дар бораи ин бемории вогирдор водошт ва касд дорам ба зудй матлаби муфассале дар бораи ин мараз ва паёмадхои гирифторй ба он бинависам. Аз пеш аз Давлати Рахмониён ва хамтоёни эшон пузиш мехохам, агар Худой накарда, он макола бо мазоки эшон насозад (ки бино бар тасаввури ман, нахохад сохт).

Як шунидаи дигар. Ин яке масарратбахш ва ин хам марбут ба хафтаномаи Миллат. Адолати Мирзо, сардабири ин хафтанома ва дусти кадимии банда, чи бихохад ва чи нахохад хамеша дар радифи дустони кадимии банда хохад омад. Уро ба унвони як бонуи фархехта ва точики ростину богурур хамеша ба унвони як бародараш дуст доштааму дорам. Гилояхое доштаам, ки хамсони гилояхои як бародар ба хохараш аст. Достоне, ки шунидам, дар бораи дидори ахири Адолат бо Рамазон Абдуллатифов – сафири Русия дар Душанбе аст.

Адолат барои як мусохибаи рударру бо Рамазон карор мегузорад. Аммо вакте ба махалли сафорат мерасад, мутаваччех мешавад, ки карор нест касе пурсишхои у ба сафир ва посуххои сафир ба уро ба порсй баргардон кунад. Адолат аз сафир такозо мекунад, ки мутарчими сафоратро фаро бихонад. Рамазон лоуболона мегуяд, ки сафорат мутарчим надорад, чун бино ба дарки у, дар Точикистон хама забони русиро балад хастанд ва ниёзе ба мутарчим нест. Адолат эътироз мекунад, ки магар пазируфта аст, ки дар як сафорати хоричй мутарчиме набошад. Дар вокеъ, Адолат ба Рамазон ин матлабро мерасонад, ки Русия як кишвари хоричист ва хузури мутарчим дар сафорати он аз асбоби корашон бояд бошад. Сипас сухбат андаке даври тундтар мегирад ва Рамазон ба Адолат мегуяд: «Мо медонем, ки бо душманон бо чи забоне бояд сухбат кард!» Тахдиди ошкор ва кабули ин иддаъо, ки Русия душмани дастикам кишре аз равшанфикрони точик аст. Адолат бо шахомати занона (дар мавориде занон бо шахомати бештар рафтор мекунанд ва таъбири «мардона»-ро тагйир медиханд) аз чо баланд мешавад ва мусохиба бо сафир (!)-ро лагв мекунад. Далели он хам беэхтиромии сафорати як кишвари хоричй ба забони расмии Точикистон буд.

Ин достонро, ки шунидам, чизе ба чуз офарин надоштам, ки нисори Адолат кунам.

Адолати арчманди Точикистон! Умрат мудом бод ва каламат хамвора равон. Ин хабар дусад руз бар умри ман афзуд. Сипос.

18 comments:

Anonymous said...

Хеле ачиб мебуд, агар киссаи сафири Русия дар нашрияхо хам чоп мешуд. То ки дигархо хам бубинанд, чи гуна мешавад аз хуввияти миллии худ дифоъ кард. Ба андешаам, ин амали сардабири Миллат, апаи Адолат барои шуморе аз дигар миллатдустон мисли мухаррике хохад буд, ки дар дифоъи забони худ часуртар бошанд.

Дар пахлуи рости сомонаи шумо назарсанчиеро дар мавриди Махалгарои дидам. Раъй додам. Дидам, ман савумин нафаре будаам ки гуфтам, онро бояд решакан кард.

Аммо баъзан вакт мутаваччех мешавам, шумори зиеде аз мардум(олимон, адибон, шоирон, нависандагон, равшанфикрон, муаллимон, журалистон, умуман хамингуна афрод), ки харф аз бадии махалгарои мезананд, чойе мерасад ва мепурсанд, "писарам, ту аз кучо хасти".... Фикр мекнуам, нафаре ки махалгаро аст, бо хамон андешаи чомеаи ибтидои ба сар мебарад, ки мабодо агар ба дасти одамони кабилаи дигар афтад, онхо уро кушта мехуранд.... Хол он ки хамаги чанд сол кабл точикони мардикорро хангоми бзгашт аз Русия дар катора хамватанони рекеташон горат мекарданду аз катора ба берун мепартофтандаш то дар чулу биебони КЗК лукмаи каргасхо шавад, ва мавориде рух медод, ки кампиракони русе холи зори чавонаки точикро дида дилаш месухт ва уро ба хонааш рох медод...

D said...

Эй кош махалгаройи бо хамон пурсиши "аз кучо хастй" хулоса мешуд. Аммо хисси махалгаройи дар миёни бештари "рашванфикрон"-и точик ба хадди фошисми махаллй расидааст, ба гунае, ки намояндаи як кишлок фикр мекунад танхо хамуст, ки точики нажода аст ва хуни хамсоягонаш хатман бо турку яхудй даромехта ва носара аст. Кулли навиштахои хамин Давлати Рахмониён, ки вокеъан намедонистам ахли кучост, як баёнияи эъломи махалли таваллудаш ва такрими он аст. Саропои навиштахояш чизе надорад чуз ин ки бигуяд у ва мардуми кишлоки у точиканду дигарон ноточик. Ин даста аз афрод вокеъан ба ин дидгох бовар доранд. Каблан хам гуфта будам, ки як хамкорат дар родю Озодй Давлатманди Хол ва Чурабеки Муродро мутаъаллик ба ду тамаддуни мухталиф медонад. Он чо аз ин намунахо фаровон аст, албатта.

Anonymous said...

Ман бо кахрамонии Адолат коре надорам. Аммо газетаи марбут ба Адолат хар хафта чунин матлабхои махалгароиро нашр мекунад. Хамин Адолат барин инсонхое, ки дар назар миллатсозанд, аммо миллатро месузонанд, махалгаро хастанд. Хаминхо фикр доранд, ки хафтод сол ленинободихо хурданду хоб рафтанд. дар холе ки дар замони хафтод соли будани ленинободихо дар сари хукумат шиками кулобихо сер буд. Холо - ку на шиками кулоби сер аст ва на шиками лениободи. Пас, ин мушкили яксон бояд хамаи минтакаи Точикистонро ба хам орад. Аммо хануз иддае инро намехоханд ва моро дар инзивои махалгарои нигох медоранд. Хохиш мекунам, моро аз ин ботлоки дахшат бирахонед. Аз ин ру, Адолат кахрамони кардааст ё на, дигар хушоянд нест. Ин корро хар фарди бедордил метавонад бикунад ва хич боварам намеояд, ки сафорати Русия дар ТОчикистон мутарчим надошта бошад. Ин дуруги махз аст. Чойи тарафгири нест. Аммо ба сафорати Русия занг занед, агар ба забони точики гап занед, хатман ба Шумо онхоеро дарёфт мекунанд, ки бо забони точики ба Шумо посух медиханд. Гохо инсонхо аз худ ситора месозанд ва ин хам навъе аз худнамоист, на бештар аз он.

Бо ташаккур,
Сиёвуш аз Точикистон

Anonymous said...

Окои Сиевуш ба сафорати Русия дар Душанбе занг зада ва бо точики сухбат карда бошанд?

D said...

Сиёвуши гиромй,

Бисёре аз афроди хуби мо гирифтори бемории мехалгаройи хастанд. Ахиран дар ин бора матлабе дар торнамои Tajikistanweb.com хам мунташир шуд. Аз чумла худи шумо дар хамин паёматон ба вузух аз як махалли Точикистон химоят кардаед. Дар холе ки 70 сол хукумати як махалро хич кас ба хич навъе наметавонад тавчех кунад. Кори ба таври комил галат буд ва дар торих бо хамон сиёхномй сабт мешавад. Ба монанди махалгаройии иддае дигар, ки имруз мебинем. Махалгаройи аз суи хар кас ва хар махалле дар Точикистон накухида ва нописанд аст.

Аммо дар садокати ривояте, ки дар бораи Адолат шунидам, далеле надорам, ки шакке дошта бошам. Ман ин достонро аз худи у нашнидаам, чун зохиран у моил нест бо ман дар тамос бошад. Аз манбаъи мувассаке шунидам. Ва дар часорати Адолати гиромй хам кучактарин шак надорам. Вучуди як хислати нобоб набояд далели нодида гирифтани вижагихои хуби як фард шавад.

Пояндаи бошед

Anonymous said...

Вокеан, окои Сиевуш. Дурустии ин матлабро тахкик кардам ва сабти садоии чанд лахзаи бахси сафир бо сардабири Миллатро бар ман доданд, ки хак будани шунидахои Дориюшро исбот мекнуад.

Агар мехохед, шумораи телефонтонро бигзоред, то он сабтро ба шумо низ бишунавонам.

Anonymous said...

Агар чунин кардааст, халолаш бод! Сарам ба осмон расид. Аммо хадафи ин хонум бештар худро хамчун як миллатсоз нишон додан аст. Харчанд дар банди махалгарои гирех мондааст. ба чуз ду-се хамсафонашон дигаронро кабул надоранд. Академикхо низ онхо хастанд гуиё, проффесорон хам онхо. Ана, ин андешаашон маро ором намегузорад. вакте масъалаи махалгарои дар миён гузошта мешавад, ин кори кардаи у дар назар кучак метобад. Чунин бархурд кардани Адолат чанбаи дигар хам дорад. Аммо хакоики ин мавзуъ барои хама рушан аст, махсусан барои онхое, ки аз шахсияти у хуб огох астанд.

Шахриёри азиз, ман ба бародарон бовар мекунам. Агар он садоро шунидед, бовар кардам, ки ин нукта дуруст аст. Аммо ман бо онхое, ки дуди махалгароиро пуф медиханду дубора оташ меандозанд, бовар надорам. Адолатро хам суе гузореду "Миллат"-ашро хам. Худо нигахдор!

Сиёвуш

D said...

Сиёвуши гиромй,

Агар хисоби хамаи корхову кардахоро аз хам чудо бигзорем, арзиши ин рафтори Адолат барчаста мешавад. Пас хар чизе ба чои худ. Бояд рафтори миллатдустонаи дустонро ташвик кард. Бад-ин гуна рухияи махалгаройи тазъиф мешавад. Бо кубидани сарку каллаи хамдигар то абадулобод даргири хами як куча хохем монд.

Поянда бошй

Anonymous said...

Бародар Сиевуш,

Ман Адолат ва Миллати уро хуб мешиносам. Бо итминон метавонам бигуям, ки танхо хамин амалаш (лагви сухбат бо сафири Русия) часоратес, ки дар ин солхои истиклол касе анчом надодааст. Агар у махалгаро мебуд, ое он кадар ихлос ба Тохири Абдучаббор медошт, ки хаммахалли у нест?

Anonymous said...

Шахриёр,

Киссаи мехрубонии Адолат ба Тохири Абдучаббор мавзуъи бахси мо нест, дусти азизам. Ту, фикр мекунам, аз берун, ба кори онхо бахо медихи. Дар дохил киссахо ранги дигар мегиранд. Дориюш ва Шахриёри азиз, ман ба Адолат хусумати фарди надорам. Ман Адолатро хуб мешиносам ва у чи мехохад барои ман мисли оина рушан аст. Ин чо аз як зане, ки саропо махалгарост, харфи беш намегуям. Бехтар аст, ки мавзуъи миллатдустиро ба Адолат нисбат надихем, то замоне ки аз мавзуъоти маъхалгароияш даст накашад.

Сиёвуш

D said...

Ман бо Сиёвуши гиромй мувофикам, ки хохарам Адолат ба монанди хазорон тани дигар хамакнун гирифтори махалгаройист ва далоили он андак нест. Химояти ошкори у аз як тарафи бахси махалгароён тозатарин намунаи он аст. Умед ба шифои зудхангоми у дорам.

Аммо бо Шахриёри гиромй хам сад дарсад мувофикам, ки кори у дар сафорати Русия часоратеро мехост, ки хич марди мо то кунун нишон надодааст.

Умедворам миллигаройии так-таки точикхо бар махалгароиашон пируз ояд.

D said...

Аммо бино ба шинохте, ки аз Адолат аз дербоз дорам, у ба хич руй махалгаро набуд. Шояд тахти таъсири ачониб уфтодааст. Вале сиришти инсон бетагйир мемонад, бо ин ки лояхои сатхй руи онро фаро мегирад. Пас сиришти Адолат миллист.

Anonymous said...

Се изофа дорам. Ё шояд се пурсиш.

1. Барои давлати рахмониён оё Абуалии Сино низ хамчун зодаи Бухоро шахси бад аст ва аз точикон нест? Бухоро пойдевори миллат ва ватани мост, ки дар он намояндагони махаллхои гуногуни точикнишин ба вахдат расиданд ва агар чизе имруз дорем аз он чо омадааст. Оё давлати рахмониён метавонад бе пойдевор хонае бисозад? Хатто похса ё посха???

2. Оё ба назар намерасад Адолати азиз гирифтори чанд нафари бадманиш аст?

3. Чунин нест, ки аз даъвохои давлати рахмониён ва Миллат он касоне ки дар гузашта махалгаро набуданд ё зидди ин мараз буданд: акнун махалгаро шудаанд ва ё хоханд шуд? Пас оё хадаф ин буд?

D said...

Мутмаиннан ин сатрхоро Давлати Рахмониён низ мехонад ва шояд ба гунае ба пурсишхои дурусти Точвари гиромй посух хохад гуфт. Аммо то он чо ки аз навиштахои захрогини у бар меояд, Сино чузъи пешиниёни «шахришуъурон» аст ва номи уро дар миёни «миллатсозон»-е, ки Рахмониён таъйин кардааст, намебинем. Хамин кофист, ки як хайю нисори навиштааш кунем. Дар мавриди тавоноиаш ба сохтани похса ё посха ё симбулох чандон мутмаин нестам.

Хамон гуна ки ишора шуд, зохиран Адолат тахти таъсири мустакими сиголи махалгароёнаи афроде будааст.

Посух ба пурсиши ахири Точвари гиромй, ба назарам, чизе ба чуз «оре» буда наметавонад. Харчанд боз хам бо шинохти пешине, ки аз Адолат доштам, наметавонам номи Рахмониёнро канори номи у биёварам. Рахмониён ошкоро дар марохили пешрафтаи ибтило ба махлагаройи карор дорад ва барои тавчехи он як «назария»-и ланг хам даступо кардааст. Аммо химояти сарехи Адолат аз ин «назарияпардоз» дар огоз ба шиддат боъиси ранчиши хотири шумори зиёде аз дустдоронаш, аз чумла ман шуд. Идомаи ин пайванди маънавй миёни Давлати Рахмониён ва Адолат бегумон барои охирй (Адолат) паёмадхои баде ба монанди дилсардии дустдоронашро хохад дошт.

Ва аммо паёмади бадтар хезиши беш аз пеши рухияи мухарриби махалгаройи дар миёни тудахо хохад буд.

Хадафи Рахмониён аммо, худнамойи буд. Ман Рахмониёнро харгиз намешинохтам ва хануз намешиносам ва нахустин бор номи уро бар фарози жожхойихои матбуъотиаш хондам. Хадафи аввалияи у изхори фазл ва чилва фурухтан ва муъаррифии худ ба ахли бозор буд, ки сахт хандадор ва дар айни хол гамбор аз об даромад. У акнун дар миёни равшанфикрон шухрате ёфтааст ва медонем чи шухрате. Аммо мардуми азизи диёри у (ки диёри ман хам хаст, чун мутмаиннан порсигуст) хамчунон азизанд ва бояд бимонанд ва он ёвасаройихо набояд ба хич руй таъйинкунандаи рафтори шахси равшане бошад.

Чарикаи умеде дар дарун су-су мезанад, ки Адолат аз пайрохаи танги махалгаройи берун хохад омад. Ба хар хол, умед аст. Риштаи умри ин умед ба дасти Адолат аст.

Anonymous said...

Эхсоси ман ин аст, ки бахсхои ба шаъни точикон нозебои махалу минтака танхо барои он зарур аст, ки махалгароии давлатй дар кишвар паси парда бимонад.

Агар Сорбон романи "Зарафшон"-ро наменавишт, ин магар чои фараху шодмонй дошт? Чаро мо аз чизхое, ки офарида шудаанд ё мешаванд, эътироз мекунем? Намефорад, нахон -- ин аст конуни бозор! Чаро аз зарафшонии дигар -- Кухзод ёд намекунед, ки аксари осораш ба Хатлон бахшида шудааст? Аслан чи интикоди пуче! Аслан худи рахмониён ба мардум чи додааст: ки хакки чунин казоватхоро дошта бошад. Адибони точикро ба афкори бегона муттахам мекунад, афкори нихилистии худаш аз кучо меояд?

Дар маколаи Миллат танхо ва танхо адибони як минтака интикод (на тавхин) шудаанд ва ачибаш, ки адибони кавй. Магар мо то холо нависандае чун Бахманер дорем, ки дар берун аз Точикистон хам уро бишиносанд? Кист у?

Ин шикастазабону шикастакалам, ки чахор номеро аз кучое шунидааст, адибони шимолиро айбдор мекунад, ки тору пуди адабиётро сохтаву бар сари у тахмил кардаанд ва намефахмад, ки худаш бо ин харакот мехохад, афкори хому хаталаашро ба дигарон тахмил кунад.

Аммо рахмониён гунохе надорад, зеро шояд намедонад, чи мегуяд, аммо аз Адолат метавон озурда шуд, ки медонад, чи дорад мекунад.

D said...

Бегумон он навиштахо хадафманд аст ва дигар зохиран хама аз он огоханд. Ман бисёр хичил мешавам, вакте ки дустонам аз манотики мухталифи Точикистон аз хафтаномаи "Миллат", ки дустдоштанй буд, ба истехзо бо номи хафтаномаи "Махал" ёд мекунанд. Ин истехзо бояд сардамдорони "Миллат"-ро ба андеша водорад ва агар падидаи нангини махалгаройи нохудогохона дар сафахоти он чилва кардааст, хатои худро ислох кунанд ва бештар дар бораи чигунагии истехкоми миллат бинависанд, на инхидоми он. Барои бонуи фархехтае чун Адолат ин мавзуъ бояд батамом равшан бошад, ки ёвасароихои давлатй ва рахмонй (бо ду ишора) нихояте чуз фасл-фасл кардани миллати парешони мо надорад ва лаккае бар чабини хафтанома бокй хохад гузошт. Ислохи ин амри башиддат шармбор хануз дер нест.

Ман хамчунон таъкид бар шинохти худи ман аз сиришти Адолат мекунам ва ин хаторо натичаи гумрохии муваккат медонам.

Рахмониёнро як чавонаки гулу нафахм намедонам (бо ин ки нодон аст). У хуб мефахмад, ки чи кор мекунад ва хамаи чарандиёташ хисобшуда аст. Барои худи у хам шояд мизони гаразварзиаш, ки дар чарандиёташ мавч мезанад, хандаовар бошад. Аслан чи касе ба ин гаразварзихои бемагз махал мегузорад, магар ин ки худи у низ бемагз бошад? Мавчудоти хакир мелоянду корвон мегузарад.

Худи ман, худоиш, аз осори ахири нависандагони точик аслан дили хуше надорам. Аз бахти бад, китобхое, ки Рахмониён намуна оварда, ба дасти ман нарасидааст. Аммо мутмаиннам, ки назму насри порсии Осиёи Миёна, чи зарафшониву чи гайри он, дучори бухрони даступогири тулоние шудааст. Адабиёти мо нафаси тоза мехохад. Дар ин шакке нест. Аммо на аз рохи гузи матбуъотии рахмониёнхо, албатта. Пузиш, агар каломи охир андаке дурушт буд. Аммо он навиштахо ба ростй чизе чуз гуз нест. Пас бехтар аст факат димогамонро бибандему ба холи гузини матбуъотй бихандем, то шармаш ояд ва дигар аз ин бадкорихо накунад.

Ва бояд мувозиб буд, ки он боди ганда тану чони моро наолояд.

Anonymous said...

На, касе ки содикона мардум ва ватани худро дуст медорад, харгиз ба чунин рох намеравад ва ман шахсан аз худам дар ин мавриди миллаирдхо бор мутмаъинам. Агар хатто аклам хам ки хост, дилам ба ин рох намедихад.

Ман дар сартосари ин кишвари кучакам будаам ва холи зори хамаи мардуми худро ба хубй медонам ва ин хиёнат хохад буд, агар ман махалли зоида шудани худро аз дигарон чудо бигузорам.

Аммо дар мавриди "Миллат" ва "Нигох". Оё ин амалкарди онхо зери конуни чиноии Точикистон -- барангезиши танаффур ва тафрикаангезии кавмию нажодй намебошад? Дар конуни кайфарии Точикистони шуравй банде барои махалгарой чазо пешбинй мекард, оё намешавад, ин нашрияхоро ба додгох кашид, то барои хиёнатхои худ посухгу бошанд?

D said...

Дар кишваре, ки шолудаи сиёсату давлатдориаш махалгаройист, гумон намеравад, ки чунин икомаи даъвое дар додгох ба натичаи дурусте бианчомад. Давлат мушаввик, мухаррик ва мусаббиби махалгаройист.

Аммо, ба назари ман, агар касе андак-андак мутаваччехи хатои худ шавад, бехтар аст аз у химоят кард, то ташвик шавад ва он хаторо барои хамеша тарк кунад. Агар Э. Рахмон хам дар хузури як макоми Русия кори Адолатро карда буд, ман худ ба худ ба у офарин мегуфтам. Аммо чун чавхари Рахмон мутафовит аст, сухбати у аз миллат ба монанди сухбати Рахмониён аз миллат садо медихад, самимона нест. Аммо Адолат то кунун дар ин росто корхои малмусе хам анчом додааст.

Чашми мо ба Миллат духта хохад монд, то бибинем ба Миллат наздиктар хохад шуд ё ба чохи Махал сарозер. Казоват бо хонандагони Миллат аст ва мо хам чузъи онон хастем. Ба хафтаномаи Миллат бармегардем.