به دبيره پارسی
Марги 'Инсон-Худо'
Аз нахустин рузе, ки по ба мадрасаи Точикистони Шуравй ниходам, нишони кучаке бо акси Ленини кучулуро, ки руи ситорае насб шуда буд, сари синаам заданд ва хисси вафодорй ба идехои Ленинро дар зехнам санчок карданд.
Омузгорон хамаруза батакрор мегуфтанд, ки неъмати омузишу парвариш аз мурдарег (мерос)-и Ленин аст ва агар Ленин набуд, хонахои мо торик мемонд. Ба чарог «Нури Илйичй» мегуфтем. Номхои тозаи Мэлс (Маркс, Энгелс Ленин, Столин) Владлен (Владимир Ленин), Вили (Влалимир Ильич) ва Марлен (Маркс ва Ленин) дар миёни мардумони точику русу узбак маъмул шуда буд. Тоблухои азим, шиъорхову навиштахо ва тандис (мучассама)-хои мутаъаддиди «дохй» ба хеч руй ичоза намедод, ки як рузи даврони кудакиам бидуни ёде аз Ленин бигзарад.
Хашт сол бештар надоштам ва узви созмони «Уктубрзодагон» (Октябрята)-и мадраса будам, ки дар хамаи мадориси Иттиходи Шуравй вучуд дошт ва мархилаи баъдй узвият дар Созмони Комсомол (Кумунистхои чавон) буд ва баъд аз он, агар шонс меовардем, карор буд кумунист шавем ва дар ичрои идехои Ленин бикушем.
Рузе, ки як хамклосй (хамсинфй)-ам ру ба тасвири Ленин душноми кабехе ба забон овард, фикр кардам хамин ал-он забонаш хохад уфтод ё балое осмонй ба сарвакташ хохад расид. Аммо чунин нашуд ва ман дар шигифт мондам.
Дар синни нухсолагиам се мох дар Маскав дарс хондам. Пас аз бозгашт ба Душанбе манро аз як клос ба клосе дигар мебурданд ва мехостанд аз чалоли оромгохи Ленин ва пайкари мумиёйии у бигуям. Ба достонхои олуда ба тахайюли ман, ки бо обу ранги лениндустонй баён мешуд, хама бо валаъ гуш медоданд.
Бародарам, ки издивоч мекард, мисли хар тозадомоди дигаре бо арусаш пои тандис(мучассама)-и Ленин дар шахри Душанбе рафтанд ва дастагул гузоштанд. Пешоруи Ленин даф задему пойкубй кардем.
Чирагии МакДоналдз бар Ленин
Аммо дар соли 1990-и мелодй, бо ин ки хамчунон дар хамон мадраса будам, тасаввурам аз Ленин заминитар шуда буд. Дар рузномахо матолибе чоп мешуд, ки аз хатохои низоми шуравй ва пешвоёни он мегуфт. Бо вучуди ин, хисоби Ленин аз Брежневу Столин ва гайра чудо буд. Холаи такаддус – харчанд камнур – хамчунон даври сараш бокй буд. Аммо дар матбуъоти Русия навиштахое мунташир мешуд, ки андак-андак он холаи такаддусро хам мешикаст ва хислатхое чун касовати калб ё берахмй ва тангназариро ба Ленин нисбат медод, ки дар гузашта зикри онхо куфр махсуб мешуд.
Тибки одати хар инсони шуравй, ин бор хам ки гузорам ба Маскав уфтод, ба зиёрати оромгохи Ленин рафтам. Саффи боздидкунандагон кутохтар аз гузашта ва хатто кутохтар аз саффи даккаи чадиди McDonalds-и канори Майдони Сурх буд. Кормандони музеи маъруфи Ленин дар хошияи Майдони Сурх ба тарафдорй аз бакои музе имзо чамъ мекарданд. Ман хам зери тумор (петитсия) имзо кардам, бо ин ки дигар пайрави Ленин набудам ва хатто баръакс, гароишхои мухолифи ленинисм доштам ва медонистам, музе саранчом баста хохад шуд. Аммо намехостам торих фаромуш шавад. Он тумор бар умри Музеи Ленин факат чахор сол афзуд.
Рехлати дубораи Ленин
Як сол пас аз он (1991) такаддуси Ленин дар Точикистон хамрох бо мучассамаи аслии рахбари булшевикхо дар маркази Душанбе шикаста шуд. Узбакистон як сол баъд даст ба ин икдом зад ва тандисхои Ленин дар саросари Иттиходи Шуравй галтидан гирифт. Бо хамон шитоб уббухати Ленин ранг мебохт ва рахбари булшевикхо аз маснади волои Инсон-Худои хатонопазири парастиданй ба пояи як инсони мирои пурхато сукут кард. Дар марги ному корномаи Ленин ашки фаровоне рехта шуд ва марсияхои бисёре ба хамаи забонхои шуравй суруда шуд. (Ман на ашк рехтаму на марсия гуфтам.) Аммо зохиран китоби торих бепарво аз андухи дусторони Ленин дошт варак мехурд ва як кеши шахсият (шахсиятпарастй)-и дигар, ки гумон мерафт човидона бошад, ба торих мепайваст.
Дар паи он шахрхое, ки номи Ленинро доштанд, шитобон ба номхои пешини худ баргаштанд. Шахри Ленингрод, ки соли 1924 пас аз даргузашти Ленин тагйири ном кард, бар сари бозгашт ба номи каблии он ба ду пораи такрибан хамсанги мувофикону мухолифон таксим шуда буд. Мухимтарин солхои зиндагии Ленин бо хамин шахр пайванд хурдааст. Соли 1991 55 дарсади чамъияти ин шахр ба тарафдорй аз номи Санкт-Петербург (Сан-Петерзбург) раъй доданд ва номи шахр тагйир кард.
Шахри Ленинободи Точикистон бо сарусадои камтар ба номи каблии худ – Хучанд баргашт ва устони Ленинобод дар соли 2002 «Сугд» ном гирифт.
Тозатарин зарба ба кеши шахсияти Ленин дар Точикистон сарнагунии охирин тандиси у дар шахри Душанбе буд, ки дар поёни мохи феврие (феврал)-и имсол анчом гирифт. Карор аст ба зудй Абуъабдуллохи Рудакй чойгузини у шавад.
Ин тандиси Ленин нахустин мучассамаи рахбари булшевикхо дар Точикистон буд, ки соли 1926, ду сол пас аз марги Ленин, насб шуд. Онро бо катор аз Сан Петерзбург ба шахри Термези Узбакистон ва сипас аз он чо бо шутур ба шахраки Душанбе хамл карда буданд.
Ленини сармоядорй ва нустолжй
Аммо огози поёни асри Ленинисм аз гласност (ошкоргуйи) ва перестройка (бозсозй)-и Михаил Горбачев моя гирифтааст. Горбачев ба унвони як хаводори пуршуру харорати Ленин муътакид буд, ки Хизби Кумунист аз омузахои Ленин фосила гирифта ва фосид шудааст. У тахти шиъори бозгашт ба ленинисми ростин даст ба ислохоте зад, ки пояхои кеши шахсияти Ленинро мутазалзил кард, гофил аз он ки ин кеши шахсият худ пояи кулли низом буд ва бидуни он хифзи Иттиходи Шуравй номумкин мешуд.
Дар паи гусастагии шерозахои ленинисм ва Иттиходи Шуравй чумхурихо ба истиклоли хоставу нохоста расиданд ва бозпас рохеро пеш гирифтанд, ки бо зухури Ленин рахо карда буданд.
Ному тасвири Ленин имруз хам дар амокини мухталифи Маскав ба чашм мехурад; дар хилоли хашми хаводорони солманди Ленин ному тасвири Ленинро метавон дар фаровардахои ширкатхои сармоядорие чун “McLenin’s” (МакЛенинз) дид, ки тасвири рахбари булшевикхоро зери харфи заррини «М»-и Макдунолдз карор додаанд. Акнун ба чои китобхои мутаъаддиди Ленин бештар вудко ва ти-шерт (футболка)-и Ленинро метавон дид.
Вале оё бар сари он хама мудофеъи сахткушу сахтчони Ленин ва ленинисм чй омад? Оё шуру шавки онхо такаллубй ва замонасозона буд?
Бо нигохе ба гузашта метавонам бигуям, ки эхсосоти мардуми одй умдатан самимй ва содикона буд. Онхо ба Ленин имон доштанд. Хатто чунбишхои мухолифи кумунисм, дар холе ки ба сиёсатхои рахбарони вакти Шуравй метохтанд, нудратан Ленин ва акоъиди уро ба чолиш мекашиданд. Аммо бо гушуда шудани розхои магуи Хизби Кумунист ва огохии мардум аз он чи намедонистанд, кеши шахсияти Ленин ба фано расид ва як хакикати содаи торих такрор шуд, ки хар кеши шахсияте фонист.
Вокеъиятхои талхи имруз дар Точикистон ва дигар кишвархои шуравии пешин бисёреро гирифтори нустолжии даврони осудатари шуравй карда, аммо андак касе эътикоди пешинаш ба Ленинро хифз кардааст. Аз такдиси Ленин дигар хабаре нест.
2 comments:
Bechoraro hatto zamin kabul namekunad.
Роберт Сервис, лениншиноси барчастаи инглис, дар зиндагиномаи "Ленин" нукотеро равшан кардааст, ки дар вокеъ такондиханда аст. Ленин як инсони маъмулй буд, мисли хар инсони дигар, аммо бисёр кушо ва пурмутолеъа. Барои тадорук ба инкилоб дар як шабонаруз умдатан 4 соъат мехобид. Хамсараш Крупская бештар аз он ки маъшукаш бошад, шафику хамрохи корзори сиёсиаш буд. Ленин муъошикахое дигар дошт, ки Крупская аз хамаашон огох буд.
Ленин аз кудакй бисёр асабонй ва хашмгин буд. Порахое аз китоби Олга (хохари махбуби Володя) дар бораи Ленин, ки дар замони шуравй мунташир нашуд, дар китоби Роберт Сервис омадааст. Он навишта аз Ленин чехрае инсонй тарсим мекунад, на худогуна. Кутохихои Ленинро дар канори фазилатхояш бармешуморад.
Дастури катли хонадони салтанатй, аз чумлаи шахзодаи 4-солаи Русияро худи Ленин дода буд. Дастури катли бидуни мухокимаи такрибан хамаи пешвоёни зиддишуравиро худи Ленин содир карда буд.
Гирифтории равонии Ленин дар поёни зиндагиаш бисёр дарднок буд. Як шаб кабл аз ин ки у дар анчумани булшевикхо алайхи Столин суханронй бикунад, аз забону калом монд. Рузхои охири зиндагиаш пур аз надомату андух буд. Аз Столин дили хуше надошт ва пушаймон буд, ки зудтар нашинохташ.
Ба вижа дар мавриди таксимот ва ихтиёроти миллии чумхурихои Шуравй Ленин ва Столин бо хам ихтилофи дидгох доштанд. Бино бар он китоб, Ленин хостори эътои ихтиёроти бештар ба чумхурихо буд ва Столин сарсахтона бо он мухолифат кард. Столин дар давраи бемории Ленин ба Крупская занг зад ва ба хотири огох кардани Ленин аз иттифокоти даруни хизб хамсари рахбарро "фохиша" номид.
Крупская то поёни умр аз Столин озурдахотир буд (бо ин ки Столин баъдан аз у пузиш хост), аммо пас аз марги Ленин дигар наметавонист забон ба гилоя бикшояд. Шавхараш худогуна шуда буд ва у модархудогуна. Дастури онро хам Столин дода буд, то зери сояи хар ду комати баланди худогунае дигар (Столин) баланд шавад.
Сукути кеши шахсияти Ленин такрори хамон панди кадимист. Хар касе то кунун талош кардааст аз худ худое бисозад, накш бар об ва бадном шудааст. Аз Фиръавнхои дируз гирифта то фиръавнхои имруз. Хар рахбаре, ки имруз дар паи сохтани кеши шахсияти худ аст (ба монанди Каримов дар Узбакистон ва Рахмон дар Точикистон), фардо шармсору сарафканда хохад шуд. Ба вижа, замоне ки факат бадихои Ленинро ба ирс бурдаанд ва аз хубихои у насибе надоранд.
Ленин як андешаманд буд, ки мехост андешаашро руи мардумаш тачруба кунад. Тачрубаи башарй буд бо поёне фачеъ барои мардуми у. Мутмаиннан, у барои кишре аз мардум накукору хайрхох буд. Аммо кишре дигар зери сотури уву пайравонаш дору надору сару тану чону хираду донишу хуввияти худро аз даст доданд.
Хатто "прулеториё", ки кишри мавриди химояти Ленин буд (бино ба осори мухталиф, борхо тавассути рахбари коргарону барзгарон мавриди истехзои ошкор вокеъ шуд; ба унвони як кишри бесаводи муфтхур.
Шахсияти Ленин бисёр печида аст ва метавон чандин сафхаро дар борааш пур кард.
Post a Comment