Showing posts with label Facebook. Show all posts
Showing posts with label Facebook. Show all posts

Friday, January 27, 2012

Fanaticism and Fanatic



Таъассуб ва мутаъассиб

Муддатест, ки бо худ каланҷор меравам, то дарёбам, сеҳри таъассуб куҷост, ки ҷавонони моро тӯда-тӯда бераҳмона мебалъад. Чаро ҳамарӯза, ҳар рӯзи Худо, бидуни истисно, дар фазои маҷозӣ сарамон ба девори таъассуб мехурад ва сархурда мешавем? Чаро бояд бунёдитарин усули ҳамзистию пешрафтро рӯзе чандин бор барои худамон ва дигарон ёдовар шавем?

Худи таъассуб, аз диди ман, зоидаи навмедию сархурдагист. Дар ҷомеъае гирифтор, ҷомеъае, ки барои бақо даступо мезанад, таъассуб гул мекунад. Дуруст ба монанди ангал (паразит)-е, ки дар ганду касофату олудагӣ такассур меёбад (бисёр мешавад) ва ба атроф пахш мешавад. Таъассуб вижаи ҷомеъаҳои мурдобгуна аст. Мурдоб фазои муносибе барои рушди ангалҳост. Ҷомеъаи исто ва мурдобгуна фазои муносибе барои тавсеъаи таъассуб аст.

Таъассуб ҳар навъ бовару рафторест, ки хоста ва ҳадафи он интиқодпазир нест. Он метавонад динӣ, сиёсӣ ё ҳатто варзишӣ бошад ва гунаҳои дигар ҳам дорад. Таъассуби динӣ, аммо, тавассути соҳибназарон шоеътарин, сарсахттарин ва хатарноктарин навъи таъассубҳо арзёбӣ шудааст. Донишномаи “Википедиё” ба нақл аз Хурхе Сонтоёно (Jorge Santayana), файласуфи баноми испониёӣ, таъассубро “дучандон кардани талошу кӯшиш ба ҳангоми фаромӯш шудани ҳадаф” таъриф мекунад. Яъне ҳадаф метавонад чизи хубе бошад, аммо таъассуб, ки дар миён меояд, он ҳадафи хуб фаромӯш мешавад, ки бар асари он талошҳои гумроҳ барои ёфтани он ҳадаф дучандон мешавад, аммо бероҳа меравад.

Фарди мутаъассиб кӯчактарин ҳарфи хилофи боварҳояшро қабул надорад. Чун бовари ӯ бар рӯи санг набишта аст ва нармиш намепазирад. Ба ҳеч рӯй наметавонад онро бознигарӣ кунад, чун бо он бовар ба бор омадааст ё он боварро дар мағзаш муҳаҷҷар (санггуна) кардааст. Тасаввури дурии андак аз он бовар барои фарди мутаъассиб баробар бо марг аст. Ва ҳар он кас, ки дар баробари ин бовар қарор бигирад, сазовори марг аст. Санг гудохта намешавад; танҳо шикаста мешавад. Мутаъассиб ҳам нарм намешавад; танҳо мешиканад. Бовари сифту сахт ба монанди чӯби кибрит (гӯгирд) аст, ки ё оташ мезанаду месӯзонад ё шикаста мешаваду аз байн меравад. Чун мум нарм нест, ки ҳар шаклеро ба худ бипазирад ва бимонад; мондагор бошад. Чун санг сахт аст, то бишканад ва бимирад.

Винстун Черчилл, нахуствазири пешини Бритониё, ки рӯзноманигори чирадасте ҳам буд, аз таъассубу мутаъассиб таърифи бадардбихуре дорад: “Мутаъассиб касест, ки на дидгоҳашро тағйир медиҳад ва на мавзӯъро”. Гӯӣ навъе сиреш (ширеш) ё оҳанрубо ин васат дар кор аст, ки ин дуро ба ҳам сахту муҳкам васл кардааст: мутаъассиб ва мавзӯъи мавриди таъассуби ӯро. Мутаъассиб мехоҳад ҳамагонро ҳамсони худ бибинад. Ин мавзӯъ барояш матраҳ нест, ки фитрати башарӣ танаввуъхоҳ аст ва ҳамаи афрод дар чорчӯбе мушаххас намегунҷанд ё намехоҳанд бигунҷанд. Ҳама ҳам аз як навъи бардошт аз мутуни динию ъақидатӣ бархурдор нестанд ва мехоҳанд роҳи худро бипаймоянд. То кунун мо низомҳои мутаъассиби бисёре доштааем; аз исломӣ гирифта, то кумунистӣ. Аммо ҳеч як муваффақ нашудаанд ҳамаро табдил ба дом (чорпо)-и ҳамгун кунанд ва ҳамвора бо муъзали дигарандешӣ дасту панҷа нарм кардаанд. Чун дигарандешӣ дар батни ҷомеъаи башарист ва ба юмни вуҷуди хиради инсонӣ ҳамеша ин васат хоҳад буд. Хиради инсонӣ метавонад бо ҳамаи ъақидаву эътиқодоти пазируфташуда мухолиф бошад ва роҳи дигаре барои мавҷудият, ҳузур ва бақо ёбад. Оне, ки мухолифи ин хирад аст, дар банди таъассуб аст.

Яъне агар чунин пиндорем, ки ҳамагон бояд ҳамсони мо биандешанду зиндагӣ кунанд, яқинан мутаъассибем. Агар ъодат надошта бошем, ки одамон дорои дидгоҳҳо ва бинишҳои гуногунанд, пас дар чанги таъассуб тақалло мекунем (даступо мезанем). Агар барои худ бовареро биписандем ва интизор надошта бошем, ки андешаву рафтору гуфтори ҳамагон чун они мо бошад, пас аз доми таъассуб раҳидаем. Бо ин фармудаи Сайидюунуси Истаравшанӣ ҳамнавоям, ки мегӯяд: “Шигифтангез аст, ки бархе чунин ҳастанд, ки ба фарде, ки гаҳ-гоҳе пойбанди намозу рӯзааш ҳам буда, аммо нисбат ба соири дастуроти қатъии шариати ислом беэътино бошад, чун касе ки дар моҳи Рамазон ҳарчанд рӯза гирифта, намози таровеҳ ҳам баҷо оварад, аммо дар ғайри ин моҳ гаҳ-гоҳе лаб ба шароб мезанад, ва ё касе ки ҳарчанд лофи диндорӣ занаду аммо таваҷҷӯҳе ба аҳкоми исломӣ надошта бошад, ба чунин фарде, мегӯянд, ин шахс мутаассиб нест. Аммо касеро, ки огоҳона пойбанди дастуроти шариат буда, ҳозир набошад ба ҳеҷ ваҷҳ хилофи авомири сареҳи ойини муқаддаси ислом гом бардорад, мегӯянд, он фард фарди мутаасибе мебошад”. Май нӯшидан ё нанӯшидан, рӯза доштан ё надоштан, намоз гузордан ё нагузорад ҷузъи ихтиёроти фард аст. Ба далели риъояти муқаррароти ойине хос ба ҳеч рӯй наметавон касеро мутаъассиб ангошт. Аммо агар он фарди фарзӣ бикӯшад, ки дигаронро ҳам ба парҳез аз майнӯшӣ водорад ва фарзиёти мазҳабии намозу рӯзаро бар онон таҳмил кунад, ӯ касе ҷуз як мутаъассиб нест. Чун мехоҳад ба зӯру иҷбору таҳдиду таҳмил боварҳои худро бар дигарон савор кунад. Чун бар ин пиндор аст, ки танҳо роҳи мумкини зиндагӣ дар ин саро роҳест, ки ӯ меравад, ва ҳамаи роҳҳои дигар ботиланд. Дар ҳоле ки роҳҳои расидан ба Худо яке-дуто нест. Ва шуморе қобили таваҷҷуҳе ҳам ҳастанд, ки коре бо “роҳҳои расидан ба Худо” надоранд. Ҳамаи боварҳо ин мавзӯъро барҷаставу пурранг кардаанд, ки ҳар касе масъули корнома ва аъмоли хеш аст. Пас афроди мутаъассиб бояд хомӣ ба харҷ надиҳанд, ки Мавлавӣ фармуда:
Сахтгирию таъассуб хомӣ аст,
То ҷанинӣ, кор хуношомӣ аст.

Яъне, фарди мутаъассиб ҳамсони як ҷанини хом аст; ҷанине, ки бо хуношомӣ зинда аст. Пас бархурди мутаъассибони хом бо воқеъиятҳои рӯзгори инсонӣ танҳо ба як амр меанҷомад: хуношомӣ.

Monday, July 18, 2011

Russophiles Vs Persophiles

Пархоши миёни русгароёну порсигароён дар Интернет

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Пархошҳо, вақте ки маҷозӣ мешаванду ба сафҳаҳои интернетӣ кӯч мекунанд, яъне гоме дигар ба сӯи ҷомеъаи маданӣ пеш гузоштаем. Дар ин рӯзҳо, ки Интернет ва бавижа торнамои иҷтимоъии Фейсбук ба доди забони порсӣ дар Тоҷикистон расидааст ва гурӯҳҳое дар он барои эҳёи забони порсӣ дар хостгоҳи он, Осиёи Миёна, шакл гирифтаанд, табли изтироби мухолифони забони порсӣ дар Тоҷикистон баландтар навохта мешавад. Ва ин падидаи писандидаест. Ба ҷои ин ки ба сару сурати ҳамдигар бизанем, аз роҳи дур бо санги мантиқ ҳамдигарро мекӯбем, то шояд саранҷом мантиқ яке аз ду тарафро чира кунад.

Аммо шуморе аз ин ду гурӯҳ тобу таҳаммули зарбаҳои мантиқиро надоранд ва тарҷеҳ медиҳанд дарро ба рӯи мухолифони худ бибанданд ва дар хафо (махфиёна) ба якдигар нон қарз диҳанд.

Ахиран дар шабакаи Фейсбук гурӯҳи пӯшида ё сиррии КИТ таъсис шудааст. КИТ, ки нишони наҳангро дорад, кӯтоҳшудаи иборати русии “Клуб интеллектуалов Таджикистана” (“Бошгоҳи равшанфикрони Тоҷикистон”) аст. Албатта, ба мизони худбоварӣ ё эътимод ба нафси поярезони ин гурӯҳ бояд офарин гуфт, чун ҳар касе ҷуръат намекунад бедалел худро ҷузъи қишри “равшанфикр” бидонад. Бигзарем аз ин ки мафҳуми “равшанфикр” дар ҷомеъаи мо мубтазал ва пешипоуфтода шуда ва ҳар касе, ки “а”-ро аз “б” тафкик медиҳад, савдои равшанфикрӣ бараш медорад.

Нахустин вижагии занандаи ин гурӯҳ такяи талабкоронаи он ба забони русӣ ва безории он аз забони порсист. Ҳар фарди тоҷике, ки ҷуръати такаллум ба забони модарӣ ва таъкид ба навиштан ба забони модариашро дошта бошад, дар беҳтарин маврид нодида гирифта мешавад ва дар бадтарин маврид аз гурӯҳ ронда мешавад. Пеш аз ронда шудан мудири гурӯҳ паёме маҳрамона ба узви мавриди назар мефиристад ва ба ӯ ҳушдор медиҳад; дуруст ба монанди як ниҳоди давлатӣ.

Ин мушаххасотро гуфтам, то ду маврид барҷаста шавад: нахуст, безорӣ аз забони расмии Тоҷикистон ва дувум, безорӣ аз эътироз ва тамоюли гардонандагони гурӯҳи, ба истилоҳ, равшанфикрон ба истибдоду зӯргӯӣ. Ҷомеъае, ки ҳатто “равшанфикр”-аш гароиши қавӣ ба зӯргӯӣ дошта бошад, ҷомеъаи маҳрум аз равшанфикр аст.

Ин гурӯҳи интернетӣ чандин пурсишро матраҳ мекунад, ки ба пурсишҳои умда ишора шуд. Чаро иддае, ки худро “равшанфикр” медонанд, аммо аз таҳсилоти казоӣ бархурдор нестанд, ба худ иҷоза медиҳанд забони русиро ба унвони нишоне аз таҳсилкардагиашон ба сару сурати мухолифонашон чун салибе оҳанин бикӯбанд? Оё таҳсилоти русӣ, ки ин рӯзҳо сахт мелангад ва аз ҷаҳони Ғарб вопас мондааст, ба худии худ ба онҳо маърифати ҷаҳони башариро додааст? Агар он маърифатро медоштанд, оё бархурдашон бо мухолифони дидгоҳашон иваз намешуд?

Як чистони дигар ин аст, ки барои ин даста аз “равшанфикрон”-и Тоҷикистон ишқу пойбандӣ ба забони русӣ айни маърифату равшангарӣ ва нишонаи пешрафт аст ва ишқу пойбандӣ ба забони порсӣ (забони мардуми кишваре, ки ҷуръати баррасии масоилашро доранд) айни миллигароию иртиҷоъ ва нишонаи вопасмондагист. Оё ин гурӯҳи нокуҷоободӣ ҳаққи маънавии чунин арзёбиро дорад? Ва аслан решаи ин навъ арзёбӣ зери чи хоке нуҳуфтааст?

Яке аз аъзои фаъъоли гурӯҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук омили тарсро сарнавиштсоз медонад. Ба гуфтаи вай, “тарси аз даст додани мавқеъият ва имкони рақобат бо тоҷикзабонҳо, тарси одии аз даст додани ҷои кор” боъиси ин порсиситезӣ шудааст. Чун, ба ақидаи ин узви гурӯҳи “Забони порсӣ”, дар сурати такяи ҳар чи бештари ҷомеъаи Тоҷикистон ба дониши порсӣ ин даста аз “равшанфикрон” мавқеъият ва ҳатто фурсатҳои шуғлии худро ба суди он гурӯҳ аз порсигӯёне аз даст медиҳанд, ки ҳам порсӣ ва ҳам забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиро беҳтар аз ин тоифа баладанд.

Ва боздидкунандаи ин гурӯҳро бовар намешавад, ки бист сол пас аз истиқлоли Тоҷикистон ҳам як русизабон аз забони русии як тоҷик эроди масхараомезе бигирад ва то бо пурсиши “оё шумо забони кишваратон Тоҷикистонро баладед?” ӯро ба миллигароии ифротӣ ва бадрафторӣ муттаҳам кунад. Яъне вақте ки як тоҷик забони русиро ба хубии як рус суҳбат намекунад, метавонад мавриди синҷину бозпурсии русҳо воқеъ шавад ва аз нодонии худ шарманда бошад. Аммо вақте ки як русизабони зодаи Тоҷикистон балад нест ду вожаи порсиро канори ҳам бигзорад ва мавриди пурсиш воқеъ мешавад, шахси пурсанда ба унвони як миллигарои шувинист ва русситез муттаҳам ва бадном мешавад. Мантиқи ин муъодила куҷо нуҳуфтааст, ки “равшанфикрон”-и мо ҳам қодир ба ёфтанаш нестанд? Оё далели ин густохии бегоназабонон бегонапарварии қонунҳои Тоҷикистон нест?

Бархурди забонии “равшанфикрон”-и Тоҷикистон ба худии худ падидаи ҷолибест; бигзарем аз он ки чи касе худро “равшанфикр” медонад. Аммо заминаи қонунии ин баҳс мояи андешаю баррасии ҷомеъест. Баҳонае, ки “равшанфикрон”-и русизабон пеш мекашанд, “забони муъоширати байнулмилалӣ” будани забони русӣ дар Тоҷикистон аст; ғофил аз ин ки мафҳуми “байнулмилалӣ” дар низоми навини ҷаҳонӣ ба маънои муъошират миёни мардуми кишвари мо ва кишварҳои дигар аст. Шакке нест, ки Шӯравӣ дар замини фарҳангии мо ҳам минҳои фаровоне киштааст ва дареғ аст, ки афроди “равшанфикр”-и ин ҷомеъа рӯи он пой бигзоранд. Ҳақиқат аз ин қарор аст, ки забони расмии Тоҷикистон забони порсист, ки дар кишвари мо бо номи “тоҷикӣ” шинохта мешавад. Ва ҳар фарде, ки аз дониши ин забон бебаҳра аст, бояд “равшанфикр будан”-и худро зери суол бибарад. Равшанфикре, ки дар тӯли умраш натавонистааст забони кишварашро фаро бигирад, оё барозандаи номи равшанфикрӣ ҳаст? Равшанфикронеро мешиносам, ки серӯза забоне ғайрро фаро гирифтаанд.

Медонам, ки бо эъломи ин пурсиш бисёре нависандаи ин сатрҳоро ба миллигароӣ муттаҳам хоҳанд кард. Хуб аст. Дар Тоҷикистон он чи кам дорем, миллигаро аст (дар ҳоле ки миллигароӣ лозимаи буруз ва зуҳури як миллат аст); ва он чи бисёр дорем, маҳалгаро ва бегонагарост. Бо кароҳат аз маҳалгароӣ ва бегонагароӣ ба миллигароӣ мечаспам (агар ин танҳо роҳи ба курсӣ нишондани ҳаққи тоҷикон барои идораи умур ба наҳви мавриди писандашон бошад) ва аз равшанзамирони ҷомеъа мехоҳам, ки парчами миллатро баланд барафрозанд ва дар баробари таҳдидҳои тоҷикситезон сари таслим фуруд наоваранд.

Monday, May 23, 2011

Tajiks Conquering Facebook

Тоҷикон Facebook-ро тасхир мекунанд

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Дигар чи гуна мешавад барои камсаводии мо баҳона тарошид, вақте ки ҷаҳони иртиботот тозатарин абзорҳои андешаандӯзию андешапардозӣ ва андешапароканиро фароҳам кардааст? Интернете, ки ба ҳисоби Столин ҳам хоҳад расид, агар бо даму дастгоҳи истибдодию ҷосусиаш аз зери хок ба растохез бирасад ва бихоҳад бори дигар “тоҷик” ва мафҳуми “тоҷик” ва забони порсиро мавриди саллохӣ (пӯст баркандан)-и дадманишонааш қарор диҳад ва моро дучори муъодилаҳое кунад, ки ҳатто сарварони миллат дар ҳаллу фаслаш оҷизу нотавон бимонанд… Интернет ҳақиқатро аз зери шабсарои ҳокимон фирорӣ хоҳад дод ва андеша ба солорӣ хоҳад расид, то замоне ки неъмати Интернет дами дасти насли башар аст.

Жулиён Оссонж тоза оғози достон аст. Коре, ки Оссонж бо ҷилваҳои вижаи ҳоливудиаш анҷом дод, танҳо ва танҳо ҳукуматҳои вақтро ба биму таҳлука андохт. Аммо Интернет аз нерӯи нуҳуфтаи бамаротиб бартаре бархурдор аст, ки бо канори ҳам овардани андешаҳо ва барангехтани тухмаҳои нуҳуфтаи андешаҳои фардо метавонад рӯзе-рӯзгоре ҷаҳоне бисозад, ки имрӯзиён дар гӯшаи хиёлашон ҳам аз таҷассумаш оҷизанд.

Лозим нест касе нигарони курсии нарму гармаш бошад. Суҳбат аз фарҳанг аст, ки шояд феълан пайванди мустақиме бо он курсиҳо надошта бошад. Аммо фарҳанг дору надори ҳар миллат аст ва бояд барои якояки оҳоди он миллат дорои аҳамият дошад.

Дар “Рухнома” (Facebook) дар канори даҳҳо сафҳаи тоҷикӣ ахиран гурӯҳе бо номи “Забони порсӣ” шакл гирифта ва маҳфиле миёни дӯстдорони забони порсӣ дар Осиёи Миёна ороста ва ба дунболи роҳкорҳое барои беҳбуду густариши ин забон аст. Аъзои он ғолибан аҳли Тоҷикистону Узбакистонанд. Дидгоҳҳое, ки дар он сафҳа баён мешавад, мутмаиннан, барои аҳли назар орӣ аз аҳамият нест. Хубии вуҷуди гурӯҳи маҷозие чун “Забони порсӣ” мубоҳисоти доғест, ки миёни аъзои он дар мегирад ва дар натиҷа донистаниҳое рӯи об меояд ва пешниҳодҳои дақиқу матине тарҳ мешавад. Бад нест, ки Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон гоҳ-гудоре гузораш ба ин сафҳа биуфтад; шояд доманаи судрасонии он фарохтар шавад.

То кунун дар ин сафҳаи фейсбукӣ се санад ба унвони пешниҳод мунташир шудааст, ки имрӯз мехоҳам ба нахустини онҳо бипардозам: “Номи вазоратхонаҳо”.

Умеди Ҷайҳонӣ, фарҳехтаи тоҷики муқими Маскав, муаллифи ин пешниҳод аст, ки дар сафҳаи “Забони порсӣ” баҳси густардаеро барангехтааст. Умед бо рӯйкард ба моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” менависад, ки “Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад”. Аз ин рӯ салоҳ он аст, ки номи ниҳодҳои давлатӣ ҳам мутобиқ бо меъёрҳои забони расмӣ бошад. Вай бо руҷӯъ ба пешинаи давлатдории тоҷикон ва бавижа давлати Сомониён (ки мояи ифтихори расмии мост), пешниҳод мекунад, ки вазоратхонаҳо “девон” ном бигиранд. Ҳосили баҳси тӯлонӣ ин буд, ки шояд беҳтар аст номи “вазорат” боқӣ бимонад, чун вожаи “вазир” шакли арабишудаи “вичир” ё “гузир” ё “фарзин”-и порсист ва ниёзе ба тағйиру табдили он нест. Ва аз “девон” метавон ба ҷои “ҳукумат” ба шакли “Девони вазирон” баҳра бурд, ки дар оғози истиқлоли Тоҷикистон собиқа дошт. Феҳрести вазоратхонаҳоро бо таваҷҷуҳ ба пешниҳодҳои Умеди Ҷайҳонӣ ва дигар ширкаткунандагони баҳс инҷо меоварам:

• Вазорати адлия – Вазорати додгустарӣ;
• Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат - Вазорати кишоварзӣ ва зистбум;
• Вазорати корҳои дохилӣ - Вазорати кишвар;
• Вазорати корҳои хориҷӣ - Вазорати умури хориҷӣ
• Вазорати маориф - Вазорати омӯзишу парвариш (“маъориф” дар номи ин вазорат тарҷумаи истилоҳи русии «просвещение» аст, ки дар форсӣ ба он “равшангарӣ” гӯянд);
• Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об - Вазорати обу обёрӣ;
• Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - Вазорати кору таъмини иҷтимоъӣ;
• Вазорати молия - Вазорати дороӣ;
• Вазорати мудофиа - Вазорати падофанд;
• Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия - Вазорати роҳу иртиботот (ё Вазорати роҳу таробарӣ);
• Вазорати рушди иқтисод ва савдо - Вазорати иқтисоду бозаргонӣ;
• Вазорати тандурустӣ - Вазорати беҳдошт (ё Вазорати беҳдошту дармон);
• Вазорати фарҳанг - Вазорати фарҳангу ҳунар
• Вазорати энергетика ва саноат - Вазорати нерӯ ва саноеъ.

Хуб аст, ки соҳибназарон дар мавриди ин пешниҳодҳо дидгоҳҳои худро дар расонаҳо матраҳ кунанд, то шояд асолати давлатдории тоҷикон расман собит шавад.

Зимнан, дар ин гурӯҳи интернетии навпо, ки ҳудуди ду ҳафта пеш гушоиш ёфт ва феълан беш аз 600 узв дорад, назарпурсиҳои мухтасаре ҳам анҷом мегирад. Пурмубоҳисатарин пурсише, ки матраҳ шуд, марбут ба хатти ояндаи тоҷикон буд. Дар посух ба ин пурсиш, ки “хатти мо бояд чӣ бошад?” то ин лаҳза аз миёни 92 раъйдиҳанда 60 тан раъй додаанд, ки бозгашт ба хатти порсӣ танҳо роҳи наҷоти забони расмии Тоҷикистон аз буҳронест, ки дар он гирифтор мондааст. 18 тан муътақиданд, ки хатти забони форсии Тоҷикистон ҳамон беҳ, ки сириллик бимонад. Пешниҳодҳои кӯчактаре ҳам ҳастанд, ба монанди хатти авестоӣ бо 4 тарафдор, хатти лотин бо 3 тарафдор ва хатти паҳлавӣ бо 2 тарафдор. Панҷ тан ҳам тарҷеҳ додаанд раъйи мумтанеъ (бетараф) диҳанд.

Сафҳаи “Забони порсӣ” дар Facebook коргоҳи андешаҳост ҷиҳати беҳбуду равнақи забони мо, ки умед аст базудӣ дубора бидурахшад. Пешниҳодҳои ноби ин сафҳаро пайгирӣ хоҳем кард.