“Фирори мағзҳо” – шикори нағзҳо
(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)
Давлатҳо падидаи “фирори мағзҳо”-ро мусибате медонанд, ки бо он бояд пайкор кард ва ҷилави онро гирифт. Давлатҳо мекӯшанд бо даҳҳо чораву тадбир заминаи бозгашти сармояҳои зеҳнии рафтаашонро фароҳам кунанд, то ободонии сарзаминашон мумкин шавад. Онҳо медонанд, ки резиши густардаи мағзҳо ба кишваре чун Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз ҳеч ҳама чиз сохт; рӯи реги саҳроҳои паҳновари сӯхта муҷаҳҳазтарин ҷаҳоншаҳрҳоро бунёд ниҳод. Ва то чанд тан аз пажӯҳишгарони мумтози омрикоӣ ба далели маҳдудиятҳое, ки режими Буши Дувум дар риштаи таҳқиқоти марбут ба сиқти ҷанин эъмол карда буд, кишварашонро тарк карданд, матбуъоти Омрико бар давлаташон тохт ва дам аз хатари “фирори мағзҳо” зад.
Аммо дар ин миён кишваре ҳаст, ки “фирори мағзҳо”-ро ташвиқ мекунад, то шояд бад-ин гуна бар умри давлати худ биафзояд: Тоҷикистон. Дар намунаи Тоҷикистон шояд истилоҳи “фирори мағзҳо” дақиқ набошад, балки “рониши мағзҳо” муносибтар аст. Мағзҳо ё зеҳнҳои мутафаккир ё афроде бо маҳоратҳои вижа ба ҳар баҳона ва сабаби мумкин ба берун аз кишвар парт мешаванд. Шуморе ба далели нофармонии сиёсӣ тард шудаанд, иддаеро шароити тоқатфарсои иқтисодӣ ба берун рондааст. Ва бархеро ҳам давлат ба ибтикори худ ба кишварҳои дигар меронад, то шояд аз фишори лашкари бекорон бикоҳад ва чанд соли дигар бо итминони хотир рӯи тахташ биосояд.
Тозатарин мавриди “рониши мағзҳо” аз Тоҷикистон муъомилоти миёни мақомоти тоҷику араби саъудист, ки заминаи ихроҷи садҳо мағзи мутафаккиру ҳазорон ҷуфт дасти пурмаҳоратро муҳайё кардааст. Лашкари пизишкону муҳандисону ҳунармандон пушти дари ширкатҳое чун “Замони Юнус” саф бастаанд, то шояд “иқбол”-и муҳоҷирати корӣ насиби онҳо ҳам шавад. Ин ширкат ба родю Озодӣ гуфтааст, ки то кунун ҳудуди 3500 тан довталаб номнавис кардаанд, то ба хидмати корфармоёни арабашон бишитобанд. Шумори зиёде аз ин афрод пешаварону кормандоне ҳастанд, ки кишвари навпое чун Тоҷикистон ба онҳо ниёзи мубрам дорад ва интизор мерафт ояндаи равшани кишвар бо дасти ҳамин афроди соҳиби тахассус сохта шавад.
Онҳое ҳам ки бо ҳазорон умеду орзу по ба хоки Арабистони Саъудӣ мегузоранд, то шояд дастикам барои худашон ояндае равшан бисозанд, бад нест достони сархурдагии ононеро бишнаванд, ки бо ҳамин орзуҳо вориди он кишвар шуда буданд, аммо худро дар шароите асафнок ёфтанд. Бо як ҷустуҷӯи мухтасари интернетӣ хоҳед дарёфт, ки чи теъдод афроди хориҷӣ шароити кору зиндагии худ дар Арабистони Саъудиро шабеҳи бардагӣ медонанд. Ва ҳатто арабҳои Мисру Судон, ки бо монеъи забонӣ дасту панҷа нарм намекунанд ҳам аз ҷумлаи қурбониёни сомона (систем)-и аҷибу ғариби додрасии Арабистон ҳастанд ва барои солҳо дар он кишвар дарбанд мондаанд.
Созмони “Дидбони Ҳуқуқи Башар” дар гузориши соли 2004-и худ зери унвони “Баҳракашӣ ва озори муҳоҷирони корӣ дар Арабистони Саъудӣ” навишта буд, ки шумори зиёде аз муҳоҷирон бо шиканҷа, додани эътирофоти иҷборӣ ва муҳокимаи номунсифона дар додгоҳ мувоҷеҳ ҳастанд. Соро Витсун, мудири омили ин созмон дар умури Ховари Миёна ва Офриқои Шимолӣ мегӯяд:
“Мо мардону занонеро дидем, ки дар шароите мушобеҳи шароити бардагӣ зиндагӣ мекарданд. Мақомоти саъудӣ ба азияту озори пайвастаи коргарони хориҷӣ чашм пӯшидаанд.”
Вазъияти коргарони зан дар Арабистон бисёр бад гузориш шудааст. Ҳуқуқи зан аз пуровозатарин муъзалоти ин кишвар аст ва шояд бузургтарин мояи шармсории он. Занҳо на танҳо аз ҳуқуқи комили инсонӣ бархурдор нестанд, балки ҳузурашон дар ҷомеъа таҳти назорати мустақими мардҳо сурат мегирад. Тоза дар поёни соли 2001 буд, ки мақомоти саъудӣ барои нахустин бор ҳувияти мустақилли занҳоро ба расмият шинохтанд ва барояшон шиноснома содир карданд. То пеш аз он номи занҳо танҳо дар шиносномаи падарон ва шавҳаронашон меомад. Зан дар Арабистон дар канори бисёре дигар аз ҳуқуқи бунёдини башарӣ ҳаққи раъй додан ё ҳатто ҳаққи ронандагӣ ҳам надорад. Душвор нест таҷассум кунед, ки дар он кишвар чи дурнамое метавонад дар интизори муҳоҷирони кории зан бошад. Яъне афзун бар табъизи нажодӣ, табъизи ҷинсӣ ҳам дар ин кишвари қуруни вустоӣ бедод мекунад.
Ба ҳар рӯй, расму шеваи зиндагӣ дар Арабистонро ширкатҳое чун “Замони Юнус” ба довталабони муҳочират ёд медиҳанд. Забони арабӣ, фарҳангу ойин ва қонунҳои Арабистони Саъудӣ аз ҷумлаи донистаниҳоест, ки муҳоҷирони оянда бояд пеш аз муҳоҷират фаро бигиранд. Мусалламан, донистани ин фарҳангу одоб барои зиндагӣ дар Арабистон судманд аст. Аммо чӣ суде аз ин фарҳангу донистани он оиди сарзамини мо мешавад? Агар Арабистон ҷомеъаи матлубе барои зиндагию шукуфоии башар буд, мутмаиннан то имрӯз ба чизе фаротар аз дороии нафтӣ даст меёфт. Таҷрубаи зиндагӣ дар ҷомеъае, ки дар садаҳои пеш гирифтор мондааст, метавонад ба изофаи ранҷе, ки барои муҳоҷирон меофаринад, барои кишвари мо ҳам дар дарозмуддат ранҷбор шавад. Яъне хӯ гирифтан бо шеваи зиндагии саъудӣ ва интиқоли он ба муҳитҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар оянда метавонад аз сарзамини мо ҳам кишвари бадбахте чун Арабистон бисозад; “хушбахтӣ”-и Арабистонро нафташ таъмин кардааст, ки Тоҷикистон фоқиди он аст. Аммо “мағз”-и салтанати саъудӣ ҳамвора воридотӣ буда ва акнун “мағзи тоҷикӣ” ҳам дар садади ёфтани ҷои пое дар бозори зеҳнии он кишвар аст. Як севум (сеяк)-и ҷамъияти Арабистонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд.
Тасмими давлати Тоҷикистон барои фурӯши нерӯи корӣ ба Арабистон ба манзури дур кардани хатари ошӯби иҷтимоъӣ бар асари бекорӣ сурат гирифт. Агар ин барнома бо комгорӣ пеш биравад, шояд нисфи дигари ҷамъияти шоғили Тоҷикистон ба Арабистон сарозер шавад (нисфи аввали он дар Русияву Қазоқистон аст) ва оромиши давлатро барои чанд соли дигар таъмин кунад. Аммо гумон намеравад, ки давлати кунунӣ тобу таҳаммули бори зеҳнии муҳоҷиронеро дошта бошад, ки пас аз солҳо зиндагӣ дар Арабистон ба кишвар бармегарданд. Тафаккуре, ки дар Арабистон, дар қалби мактаби ваҳобия, шакл мегирад, метавонад ошӯбе бас фарогиртар ба бор оварад. Ба вижа агар таваҷҷуҳ дошта бошем, ки бештари ҳамкориҳои Арабистон бо Тоҷикистон ба масобаи як бархурди тамомъайёри тамаддунҳо ҷиҳати мукобила ва рақобат бо Эрон сурат мегирад.
“Фирори мағзҳо”, ки замоне бархеро ба домани куфр ронда буд, акнун шуморе дигарро ба чоҳи таъассуб меронад.