Ҳамсояи нобоби мо
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Ҳамсоя, яъне касе, ки ҳузури шумову худашро зери сояе муштарак таҳаммул кунад. Дар сурати набуди мизони лозими таҳаммул ҳамсоя ба мавҷуди бемояе табдил мешавад, ки пайваста дар паи осеб расондан ба шумо ва берун рондани шумо аз зери он соя аст.
Тайи бист соли ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Узбакистон, аз бахти бад, сояи шуми ин ҳамсоя аз сари сарзамини мо дур нашуд. Бо ин ки мардумони ду кишвар наздиктарин пайвандҳои қавмию фарҳангиро бо ҳам доранд, ҳукуматҳо бо ҳам намесозанд. Бо ин ки дар оғоз бисёр ҳам хуб бо ҳам месохтанд ва доноёни ҳол донанд, ки он созишҳо чи миқёси густардае дошт. Аммо давлати Узбакистон ҳаргиз ин воқеъиятро напазируфт, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил метавонад сиёсатҳои дохилию хориҷии худашро дошта бошад, рушд кунад ва ба зумраи кишварҳои пешрафта бипайвандад.
Дар воқеъ, Тоҷикистони пешрафта аз бадтарин кобусҳои Ислом Каримов дар заминаи сиёсати хориҷиаш аст. Тоҷикистоне, ки ҳусни таваҷҷуҳу тамоюли бузургтарин ақаллияти қавмии Узбакистон, яъне тоҷикҳоро ба худ ҷалб кунад, барои уртоқ Каримов бадтар аз ҷанги ҷаҳонии севум аст. Ӯ худро муваззаф кардааст, ки Тоҷикистонро дар ҳолати фақру бенавоӣ кунсерв кунад, то ҳаргиз нутфаи он ҳусни таваҷҷуҳу тамоюли тоҷикони Узбакистон ба Тоҷикистон (ҳамоне, ки дар оғози даҳаи 1990 имкони бурузи андаке ёфта буд), баста нашавад. Ин барномаи Каримов аз роҳи оташ задани китобҳои тоҷикӣ, бастани мадрасаҳои тоҷикӣ, бастани марз, бастани хатти парвоз, бастани роҳи вуруди вогунҳо, таҳрими тарҳҳои барқи обӣ, мумонеъат аз вуруди адабиёти порсӣ ба Узбакистон ва чораҳои бадсиголонаи дигар анҷом мегирад. Яъне мехоҳад аз як сӯ, монеъ аз пешрафти иқтисодии Тоҷикистон шавад ва аз сӯи дигар, ҷилави барқарории иртибот миёни мардумони Тоҷикистону Узбакистонро бигирад.
Дар яке аз иқдомоти ахир созмонҳои, ба истилоҳ, мардумниҳод ва дар асл рӯ ба давлати Узбакистон бори дигар аз осеби зистмуҳитии корхонаи олюминиюми Тоҷикистон гила кардаанд ва мехоҳанд ин бор шикояташонро ба додгоҳҳои байнулмилалӣ бибаранд. Мусалламан, метавон аз зиёнҳои зистмуҳитии як корхона ба додгоҳ шикоят кард. Аммо оё дар ин замина пажӯҳише муштарак байни тарафҳои тоҷику узбак анҷом гирифтааст, ки иддаъои Узбакистон аз кӯчактарин эътиборе бархурдор бошад? На. Оё пешниҳоди анҷоми як чунин таҳқиқе аз сӯи Тоҷикистон шуда? Бале. Оё Узбакистон ба пешниҳоди Тоҷикистон вақъе гузоштааст? На. Пас ғалат мекунанд, ки аз Тоҷикистон ба ҷое шикоят бибаранд. Ин навъ муноқишаҳо метавонад танҳо бар пояи таҳқиқоти муштарак ва дастёбӣ ба додаҳои дақиқ мавриди баррасӣ қарор бигирад, на бо ҳавои даҳани ину он.
Ин иддаъоро кишваре мекунад, ки чанд сол пеш зоеъоти шимиёӣ (химикӣ)-и корхонаҳои шаҳри Фарғонааш боъиси бурузи бемориҳои чашму биноӣ дар миёни кӯдакони водии Фарғона шуда буд. Худи мақомоти беҳдоштии Узбакистон дар суҳбат бо хабаргузориҳо таъйид карда буданд, ки зоеъоти полоишгоҳи нафт ва чанд корхонаи шимиёии дигар бар саломати мардуми маҳаллӣ, бавижа кӯдакон, таъсироти суъи фаровоне доштаанд. Бемориҳо ба ҳадде шоеъ шуда буд, ки Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал дастбакор шуда буд ва дар миёни кӯдакон витомину дору тавзеъ мекард. Ин “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон”, ки камар ба шикоят алайҳи Тоҷикистон бастааст, он замон машғули гирду хурдан буд?
Дар ҳоле, ки 33 дарсади даромади нохолиси милии Узбакистон аз саноеъ ҳосил мешавад, бахши саноеъи Тоҷикистон танҳо 23 дарсади даромади нохолиси кишварро ташкил медиҳад. Таносуби иқтисоди азими Узбакистон ва иқтисоди тухмимурғии Тоҷикистон ҳам мадди назаратон бошад. Яъне миқдори зоидоту зоеъоте, ки Узбакистон ба фазо парт мекунад, чандин баробар бештар аз Тоҷикистон аст. Узбакистоне, ки 2200 корхонаву коргоҳи фаъъол дар беш аз 100 бахши санъатӣ дорад, ба як корхонаи нимаҷони олюминиюми Тоҷикистон гир додааст, ки таъминкунандаи аслии даромади арзии кишвари мост. Корхонаҳои Узбакистон аз ҳавопаймову троктуру худрав гирифта, то ҷарсақил (кран)-у телевизюну осонсур (лифт)-у хулоса, ҳама чиз месозанд. Аммо Тоҷикистон набояд ҳатто олюминиюм тавлид кунад. “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон” бояд аз якояки он корхонаҳо бипурсад, ки кадом якеашон мавозини кунтрули олудагиро риъоят мекунанд. Оё бештар аз 4 дарсади корхонаҳои Узбакистон, ки соли 1995 гузоришашро давлаташон дода буд?
Аслан, ба ин ҳама ададу рақам ниёзе нест. Дарёи Орол боризтарин намунаи як фоҷеъи зистмуҳитӣ дар ҷаҳон аст, ки он ҳам дар Узбакистон иттифоқ уфтод. Бо тағйири маҷрои Омӯдарёву Сирдарё барои обёрии пунбазорҳо аз чаҳорумин дарёчаи бузурги ҷаҳон акнун камтар аз нисфаш боқӣ мондааст. Дар натиҷаи он ба ҳаёти ваҳшу гиёҳони минтақа латмаи маргборе ворид шуд ва тӯфонҳои ғубору намаки дарёи Орол муҳити зисти ҷаҳонро дар маърази хатар гузоштааст. Истифодаи лагомгусехта аз маводди кишоварзии шимиёӣ аз сӯи Узбакистон таркиби обу хоки минтақаро ба ҳам рехтааст. “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон” чаро ба фикри наҷоти Орол ва перомуни он нест?
Дар ҳоле ки дар замони шӯравӣ барои ҳар ҳектор мазраъа танҳо аз се килуграм куд (удобрение; поруи шимиёӣ) истифода мешуд, акнун дар ҳар ҳектор аз мазореъи Узбакистон 20 то 25 килуграм куд мепошанд, ки таъсири вайронгаре ба муҳити зисти минтақа мегузорад ва бавижа оби ошомиданиро олуда мекунад. Дар натиҷа, мавридҳои маргумири кӯдакон дар батни модар ва инҳирофи шакли навзодон афзоиш меёбад. “Ҷунбиши зистмуҳитии Узбакистон” бояд ин масъаларо бар пешонии давлати худаш бикӯбад; дар ҳамон додгоҳи худаш, агар метавонад.
Ин танҳо бахши кӯчаке аз осебҳои зистмуҳитии азимест, ки корхонаҳои санъатии Узбакистон ба муҳити минтақа ва ҷаҳон ворид мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон, ба ҷои дифоъи мудом аз худ, метавонанд бо ҳарбаи рақиб бар ӯ битозанд ва бо арзёбии муфассали осебҳои зистмуҳитии Узбакистон онро водор ба коҳиши мизони осебрасониаш кунанд. Мусалламан, корхонаҳои Тоҷикистон ҳам муваззафанд, ки мавозини зистмуҳитиро риъоят кунанд, то дар ин пайкор дасту забони дарозе дошта бошанд. Аммо он чи равшан аст, ҷанбаи пок сиёсии иддаъоҳои Узбакистон ҷиҳати боздоштани чархаи пешрафти Тоҷикистон аст, ки чунин мабод.
Showing posts with label business. Show all posts
Showing posts with label business. Show all posts
Tuesday, July 26, 2011
Tuesday, March 01, 2011
When Women Become Men
Вақте ки занҳо мард мешаванд
(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Заноне, ки бо чеҳраи гирифта ва чашмони ашкбор канори Кохи раёсати ҷумҳурӣ ё Додситонии кул дод меҷӯянд; аксест, ки тайи солҳои ахир борҳову борҳо дар расонаҳо дидаем. Аммо ҳаргиз аз ҳеч манбаъе нашунидаем, ки додхоҳии ин занон ба ҷое расида бошад.
Замона ҷинсияти муътаризони моро ҳам тағйир додааст. Дар саросари ҷаҳон мардҳо дар саффи нахусти муътаризон қарор доранд; дар деҳкадаи мо ашку оҳу нолаи занон сипари бало шудааст. Тарс аз мусибатҳои даврони ҷанги дохилӣ ҳанӯз сару синаи мардонро тарк нагуфта. Дигар шояд вақти он аст, ки истилоҳоте чун “марду мардона”, “мардонавор”, “мардак ворӣ”… барои “зану занона”, “занонавор”, “занак ворӣ” ҷой холӣ кунад. Дигар чи кори мардонае мондааст, ки занони тоҷик бо шаҳомату бурдборӣ онро анҷом надода бошанд? Вожаи “мардикорӣ”-ро ҳам боиста аст иваз кунем, чун фаровон дидаем занони тоҷики “мардикор”-ро. Ва боз ҳам занон ҳастанд, ки гоҳ садои эътирози мардумро ба гӯшҳои гарони давлатмардон мерасонанд, ҳарчанд борҳо мавриди латукӯби маъмурони, ба истилоҳ, интизомии мард воқеъ шудаанд. Аммо ҳамоно қалби занонаи саршор аз меҳру меҳрҷӯӣ ва доду додхоҳишон иҷоза намедиҳад, ки ҳақорату хориро фурӯ бибаранду хомӯш бимонанд. Дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии зан ин шуҷоъати занонаро бояд тақдир кард ва дар сӯги шуҷоъати мурдаи мардона нишаст.
Ин бор занон ба додхоҳӣ омадаанд, чун хонаву кошонаашон дар маҳаллаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ якшаба бо хок яксон шудааст. Мегӯянд, санади хариди заминро аз ҷамоъати маҳал гирифтаанд ва бино ба қонунҳои мавҷуд дору надорашонро ҷамъ кардаанду хона сохтаанд, то як шаб бибинанд, ки хонаву дору надорашон ба бод рафтааст. Акнун қарор аст чи касе ба доди ин бехонумонҳо бирасад ва зиёни воридаро ҷуброн кунад? Ин пурсишест, ки дар долонҳои мақомот тавассути ҳамин занон ва хабарнигорон борҳо танин андохта ва посухе наёфтааст.
Баъдан таъаҷҷуб мекунем, ки чаро давлати Қаззофӣ дар Либӣ, ки зоҳиран 42 сол орому рӯ ба пешрафт буд, якбора дастхуши таҳаввулоти вайронгаре шуд ва ин ки эътирози мардум чи сарчашмае дорад. Баъдан намефаҳмем, ки 30 сол ҳукумати Муборак чи бадӣ дошт, ки мардум ба зӯр аз арш ба фаршаш афканданд. Ва гич мемонем, ки чаро давлатҳои араби дигар ин рӯзҳо дар таҳлукаи бақо уфтодаанд.
Ҳамин “ҳаққи кас хурданҳо”, мардумозориҳо, гӯш бастан ба садои эътирози занон, чашм бастан ба гиряву ранҷи як кӯдаки бехонумоншуда, нодида гирифтани эътирози хафашуда пушти нигоҳи андӯҳбору хашмгини мардон буд, ки пояи ҳукуматҳои ҷаҳони рӯ ба бедории арабро мутазалзил кард. Ин иттифоқот якшаба намеуфтад. Ба дарозо мекашад ва анбони дарду ранҷҳои мардум пур мешавад. Ва давлатҳо пайваста аз ин ғалатҳо мекунанд ва раҳбарон ҳамвора ба фикри хонаводаи худ мемонанд ва фарзандонашонро ба мақомҳои болову болотар ҳидоят мекунанду менишонанд ва ҷайби давлатмардон аз пуле, ки манбаъу маншааш маълум нест, пур мешавад ва ҷайби мардум, ки хонаҳояшонро вайрон кардаанд, холиву холитар мешавад ва мардум ба сатҳе аз фақру нодорӣ мерасанд, ки дигар чизе надоранд аз даст бидиҳанд ва дар изои маҳрумият аз ҳама чиз шуҷоъат меёбанд ва садои ҳабсшудаи эътироз раҳо мешавад ва пояҳои истибдод меларзад… Ин як сенориюи абадист, ки ҳамеша ва ҳама ҷо рух дода, аммо барои ҳеч ҳокими мустабидду худкомае дарси ибрат нашудааст. Деру зуд дорад, ба истилоҳ, аммо сухту сӯз надорад.
Пас ҳар ҳокими фарзонае талош мекунад мизони эътирозҳоро бо бароварда кардани ниёзи мардум поин биоварад. Шайхҳову султонҳои нобихради араб ҳам, ки аз дур мавҷи эътирозҳои кӯбандаро мушоҳида мекунанд, дар ҳоли бож додан ба мардуми худашон ҳастанд. Ҳафтаи гузашта подшоҳи Арабистони Саъудӣ эълом кард, ки байни мардумаш ҳудуди 35 милёрд дулорро тавзеъ хоҳад кард; ин як навъ ришва ба мардум, бавежа ҷавонон аст, то ба тақлид аз ҳамзабонони мисришон пояҳои тахти хонадони фосиди Саъудро нашкананд. Маълум нест пас додани ҳаққи ҳалоли мардум ба худашон, ки чорае деррасида ба назар мерасад, то чанд сабоҳи дигар Оли Саъудро бар тахт устувор нигаҳ дорад. Аммо ин чора ҳокӣ аз огоҳии хонадони Саъуд аз эътирозоти фурӯхуфтаи ҷамъияти кишвараш аст.
Аз ин рӯ, вақте ки занҳо мард мешаванд, мардикор мешаванд, мардонавор эътироз мекунанду дод мехоҳанд, давлатҳо бояд нигарон шаванд; чун пушти садои ҳар зане гирифторию бечорагии чандин мард нуҳуфта аст, ки феълан ёрои эътироз кардан надоранд. Давлате, ки бақои худашро мехоҳад, бояд ба мардум маҷоли эътироз диҳад, то эътироз табдил ба инфиҷор нашавад; то бо огоҳии комил аз хостаҳои мардум ба ислоҳи кӯтоҳиҳои худ бикӯшад. Чун зарфи сарбастаи ҷӯшанда дер давом намеоварад.
Дар акси боло аз торнамои BBCPersian гурӯҳе аз маъмурони пулисро мебинем, ки занони муътаризро аз канори Кохи раёсати ҷумҳурӣ меронанд.

Friday, July 30, 2010
God of Modern Jungles
Худои деҳкадаҳои ҷангалӣ(Ногуфтаниҳои 28.07.2010 дар ҳафтаномаи Нигоҳ)
Ҷомеъаҳои ҷангалӣ ҳам чеҳра иваз мекунанд ва гӯшаҳое аз он ба таври ношинохтанӣ пӯст меандозад. Пӯсти тоза ҷое писандида асту ҷое нописанд. Сохтмонсозӣ дар атрофу акноф авҷ мегирад.
Ба ҷои кулбаҳои коҳгилии пешин сохтмонҳои хиракунандае қад мекашанд, ки бештар ба коху кушкҳои ашрофи инглисӣ мемонанд. Оре, ҷангалҳо ҳам баъзан шаҳр мешаванд; тағйир мекунанду арзишҳоро ҳам тағйир медиҳанд.
Дар ҷангал андак касе аз худ ё ҳамроҳи худ мепурсад, ки ин коху кушкҳо дар кишваре, ки ҳадди ақалли даромади мардумаш, масалан, 18 дулор аст, бо чи пуле сохта шудаанд. Вокуниши ғолиби мардум дар баробари ин сохтмонҳо дар ду ҷумла хулоса мешавад: “Қандша бзана мардак! Тонистай, ошуш шава!”
Дар зеҳни ҷомеъаи ҷангалӣ марзи миёни мафҳумҳои “пули ҳалол” ва “пули ҳаром” зудуда мешавад ва ба ҷои он арзишҳои “ҳалолу ҳаром”-и тозае шакл мегирад, ки танҳо ҷанбаи тазоҳурӣ дорад ва онро бо ҷаҳони маънавии мо коре нест. Чун қонун қонуни ҷангал аст ва ин коху кушкҳо дар ҷангал рӯидаанд.
Арзиши пулию молӣ бар соири арзишҳо ҳоким мешавад. Пеши соҳиби он коху кушк бояд таъзим кард, то шояд сари сӯзан суде аз ӯ ба мо ҳам бирасад. Эҳтиёҷ, гурусначашмӣ, судҷӯӣ, ҳақорату худкеҳтарбинӣ, бардахӯӣ ё ғуломсириштӣ ва беэҳтиромӣ ба зоти инсонии худ дар чашмҳо мавҷ мезанад. Пул арҷу эҳтироми газофе дорад; ба ҳадде, ки шояд дар оянда ин вожаро бо ҳарфи бузург бинависанд. Ва шояд дар фарти самимият суруди миллии баъдишонро дар ситоиш аз Пул бисароянд. Чун Пул аст, ки арзишҳои дигарро таъйин мекунад. Ва Пул аст, ки дар бештари гуфтугузорҳо гули сари сабад аст ва маҳбубтарин мавзӯъи суҳбатҳо зери дарахтҳои дудхурдаи ҷангале, ки шаҳр мешавад.
Дар ҷомеъаҳои ҷангалӣ Пул маҳаки дониш аст. Бо Пул мешавад донишро (дар воқеъ, коғази гувоҳии донишро) харид, ба унвонҳову рутбаҳои боло даст ёфт, аз қаҳри додгоҳу додрас гурехт... Пул қудрат меоварад. Аз ин ҷост, ки шумори маъдуде аз мардум дар ҷомеъаҳои ҷангалӣ иҷоза доранд миқдори мушаххасе Пул захира кунанд ва ҳамин ки аз ҳадди муҷоз по фаротар бигзоранд, озодӣ ва Пулашон мусодира мешавад. Дар ҷомеъаҳои ҷангалии падарсолор танҳо чанд хонаводаи ҳоким иҷозаи дастрасӣ ба миқдори номаҳдуди Пулро доранд. Чун Пул қудрат меоварад ва фаровонии он дар маҳфилҳои берун аз даму дастгоҳи ҳукумати қабилаӣ метавонад барои кадхудои деҳу ҳукумати падарсолораш хатарзо бошад.
Мардуми деҳкадаи ҷангалӣ ба хотири Пул ба ҳокимон таъзим мекунанд ва ҳокимон ба навбаи худ ба манбаъи Пул (яъне курсӣ) таъзим мекунанд ва барои ҳифзи он манбаъ ҳозиранд идеулужӣ ва андешаҳои ҳокимро борҳо иваз кунанд; чун Пул аст, ки марҷаъи ниҳоӣ барои ҳар навъ тағйир маҳсуб мешавад.
Мардуми деҳкада барои беҳбуди рӯзгору табъу ҳолу ҳавои Кадхудо зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар дуъоҳои худ аз Парвардгор мехоҳанд, ки гузори Кадхудо дастикам боре ба кӯи онҳо ҳам биуфтад, то шояд роҳи пургарди онҳо ҳам асфолт шавад ва сохтмонҳои атроф пас аз даҳсолаҳо гардзудоию тармим шаванд; то шояд гузари онҳо ҳам зоҳири шаҳрро ба худ бигирад.
Такрими Пул соири арзишҳоро хафа мекунаду аз нафас меандозад. Дигар дуруде бетамаъ садо намедиҳад ва донишманди бепул аз маҳфилҳо ронда мешавад ва бедониши пулдор ба ҷои ӯ менишинад. Ин ҳолати такарзишӣ роҳро танҳо ба сӯи чоҳ ҳамвор мекунад ва ҷангале, ки шаҳр шуда буд, дубора ба асли худ бармегардад ва калоғҳо фазои ҷангалро тираву тор мекунанд. Ва ҳамин ғоила такрор мешавад.
Ҳакимони давр фармудаанд, рози раҳоии деҳкадаҳои комгортар аз ин ғоила такрими арзише чун Дониш будааст, ки ба Шоистасолорӣ меанҷомад ва Пулро дар хидмати Дониш мегуморад, на баръакс.
Labels:
business,
corruption,
Tajikistan,
travelogues
London-Dushanbe Travelogue
Роҳгуфтаҳои Ландан - Душанбе(Ногуфтаниҳои 14.07.2010 дар ҳафтаномаи Нигоҳ)
Аз даруни лӯлаи бузурге мегузараму вориди солуни ҳавопаймои “airBaltic” мешавам. Мақсади парвоз шаҳри Риго аст ва мақсади ниҳоии ман - шаҳри Душанбе. Солҳост, ки вуруди ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии Бритониё мамнӯъ эълом шуда ва интизор ҳам намеравад, ки дар ояндаи наздик шароити парвози ширкатҳои тоҷикӣ бо мавозини парвози байнулмилалӣ ҳамхонӣ пайдо кунад, то бишавад мустақиман аз Ландан ба Душанбе парвоз кард. Аз ин рӯ ҳоли ҳозир ночорем дастбадомони ширкатҳои хориҷӣ бошем, ки дар ин миён ширкати “airBaltic”-и Летунӣ (Латвия) гӯи рақобатро аз ширкатҳои дигар бурдааст ва муштариёни бештареро ҷазб мекунад.
Шароити парвоз бо ҳавопаймои ин ширкат аз мавозини байнулмилалӣ бархурдор аст. Бархурди мизбонони ҳавопаймо бо мусофирон ҳам тавъам бо эҳтирому адаб аст ва ибороте чун “сипосгузорам” ва “хоҳиш мекунам” ҳар он ба гӯш мерасад. Огаҳиҳо ба ду забони инглисию летуниёӣ пахш мешавад ва мизбонон ҳар ду забонро, ба изофаи забони русӣ, бахубӣ баладанд; ҳарчанд русиро бо лаҳҷаи ғализтар суҳбат мекунанд, ки ҳокӣ аз дурии нисбии мардуми Летунӣ аз фарҳанги русист.
Интизори мо дар Риго ҳудуди ду соъат ба дарозо мекашад. Дар солуни интизор гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикро мебинам, ки даври духтаре эронӣ бо мӯҳои муҷаъад (ҷингила)-и боз гирд омадаанд ва бо иштиёқи тамом ба саргузашти ӯ гӯш медиҳанду ҷӯёи синну солаш ҳастанд. Духтар мегӯяд, номаш Маъсума асту 21 сол дорад ва аз Утриш (Австрия) меояд. Мутаваллиди онҷост, аммо падару модараш эронианд. Ҷавонони тоҷик таъаҷҷуб мекунанд, ки бо вуҷуди дурӣ аз Эрон ӯ бо чи салосату салобате ба форсӣ суҳбат мекунад. Маъсума ҳам ба навбати худ ибрози шигифтӣ мекунад, ки дар дарку фаҳми суҳбатҳои тоҷикон аслан мушкиле надорад: “Забонатон, ки тақрибан мисли забони мост!” Ман ҳам вориди баҳс мешавам ва тавзеҳ медиҳам, ки суҳбат аз ду гӯиши забони ягонаи порсӣ аст, на ду забони ҷудогона. Ҳам Маъсума ва ҳам ҷавонони тоҷик, ки аксаран аз Киев меоянд, бо ин иддаъои ман мувофиқат мекунанд.
Бо дӯстони тозаёфтаам ба самти ҳавопаймо меравам. Ин бор аз он лӯлаи бузург, ки солуни интизорро бо солуни ҳавопаймо васл мекунад, хабаре нест. Аз пилакон (зинапоя)-е, ки ба баданаи ҳавопаймо часпондаанд, боло меравем. Шояд ба далели ин ки ин бор мақсади парвоз Душанбе аст ва ба таҷаммулу тасҳилот ниёзе нест.
Нохудогоҳ дармеёбам, ки бархурди мизбонони ширкати “airBaltic” бо мусофирон ҳам ин бор мутафовит аст. Забони русӣ беш аз пеш ба гӯш мехурад ва фарёдҳои асабонии мизбонон бар сари мусофироне, ки зоҳири тоҷикӣ доранд, гӯшҳоро меозорад. Огаҳиҳо аз утоқи фармони ҳавопаймо ба се забони инглисию русию летуниёист, аммо аз забони форсӣ (тоҷикӣ), ки забони расмии кишвари мақсад (Тоҷикистон) аст, хабаре нест. Гӯё мо дар ҳоли сафар ба яке аз вилоёти Русия ҳастем, на як кишвари мустақил, ки забони худашро дорад.
Шояд ба далели набуди огаҳиҳо ба забони форсӣ бархе аз мусофирон ба тақозои утоқи фармон таваҷҷуҳе надоранд. Дуруст ҳангоме ки халабон аз мусофирон мехоҳад, ки сари ҷояшон бинишинанду камарбандҳои эминиро бибанданд, мусофире аз ҷо баланд мешавад, то чамадонашро аз тоқча бигирад. “А ну-ка сядьте на свое место!” Фарёди мизбон фазоро пур мекунад ва он мусофири бахтбаргашта саросема ба сандалиаш бармегардад. Пур равшан аст, ки мизбонони “airBaltic” мусофирони тоҷикашонро сазовори арҷу эҳтиром намедонанд; ҳамон мизбононе, ки ҳангоми парвоз аз Ландан ба Риго забонашон шакаррез буд, ин бор тундию талхӣ мепошиданд.
Дар фурудгоҳи Душанбе ҳам пилакон (зинапоя) ба баданаи ҳавопаймо мечаспаду пиёда мешавем. Ҳамон бисоти чандин сол пеш; тағйири чандоне намебинам. Марзбони тоҷике дами дар дарро боз мекунаду мегӯяд: “Проходите, пожалуйста!” Ба утоқи фармони “airBaltic” ҳақ медиҳам, ки забони расмии моро нодида бигиранд. Забоне, ки дар фурудгоҳи пойтахташ арҷе надорад, чи гуна метавонад дар ҳавопаймое бегона арҷ бибинад?
Мебинам, ки ин бор саффи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз саффи меҳмонони Тоҷикистон бо ду навишта аз ҳам ҷудо кардаанд. Хушҳол мешавам, ки дастикам дар як маврид ҳисси соҳиби ин марзубум будан ба мо даст медиҳад. Пас аз ҳудуди даҳ дақиқа интизор дар саффи “Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” як марзбони тоҷик эълом мекунад, ки шаҳрвандони кишвар бояд ба саффи дигар бипайванданд, ки дар баробари он навиштаи “Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ”-ро овехтаанд. Фалсафаи ин тасмимро дарнамеёбам ва аз ҷоям ҳам такон намехурам. Мехоҳам аз маъмури муҳру имзои гузарномаҳо бипурсам, ки чаро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон дар саффи бегонагон мунтазир бимонанд. Аммо маъмур ҳавсалаи суҳбат надорад. Чанд пурсише аз киву чи будани ман, муҳру имзо ва падруд.
Дар баробари ду навори богож мунтазири бор мемонам ва ба худ меандешам, ки чанд сол тӯл кашид, то як навор табдил ба дуто шавад ва чанд соли дигар тӯл хоҳад кашид, то навори севуму чаҳорум ҳам сохта шавад. Мутмаин мешавам, ки фурудгоҳи Душанбе воқеъан нодир аст. Ҳеч шаҳреро надидаам, ки як чунин фурудгоҳи муҳаққаре дошта бошад, чи бирасад ба фурудгоҳи аслии як кишвар.
Савори токсӣ мешавам. Ҷастухези мошин рӯи роҳҳои пурчоҳи пойтахт саргиҷаам медиҳад. Аз ронанда мепурсам, ки ин роҳҳо кай обод мешуда бошад. Мегӯяд, ин роҳ базудӣ осфолт хоҳад шуд, чун “ин роҳ прямо то Белий Дома мера ва ҷаноби олӣ аз ҳамин ҷа мегузара.” Мепурсам: “Вале роҳҳое, ки мардум аз рӯяшон мегузаранд, кай обод мешавад?” Ронанда бо таъаҷҷуб ба ман нигоҳ мекунаду чизе намегӯяд.
Ман ҳам ногуфтаниҳои фаровонеро дар сина маҳбус мекунаму чизе намегӯям.
Wednesday, June 09, 2010
Как поступить с Узбекистаном?
События текущей недели могут стать судьбоносными для Таджикистана, если власти и гражданское общество смогут воспользоваться двумя удобными случаями. Международная конференция высокого уровня «Вода для жизни», проходящая в Душанбе, и вслед за ней саммит стран-членов ШОС в Ташкенте сведут вместе властей двух стран, вовлеченных в своего рода необъявленную холодную войну вот уже несколько лет. Разумеется, глядя из Ташкента, в Душанбе о международных конференциях на высоком уровне и речи быть не может. Следовательно, узбекскую делегацию возглавила заместитель министра экономики. Горе не беда. И через Галину Каримовной можно передать ясные, недвусмысленные, логичные и обдуманные сообщения прямо в Ташкент.
Конечно же более значительными являются визит Рахмона в Ташкент 10-11 июня и его возможная встреча тет-а-тет с Каримовым. Сможет ли глава Таджикистана развеять хилую логику аргументации Каримова против строительства гидроэлектростанций в Таджикистане или же покорно выслушает популистическую риторику оппонента без проявления подобающей реакции и потопает обратно?
Участие региональных держав в обоих заседаниях может сыграть важную роль в урегулировании кризиса. В мае министр обороны Ирана Ахмад Вахиди предложил посредничество Тегерана для преодоления разногласий между Душанбе и Ташкентом. Учитывая симпатии Ирана к гидропроектам Таджикистана, можно надеяться на эффективное посредничество Тегерана, которое могло бы хотя бы немного растопить лёд таджикско-узбекских отношений.
Помимо того, Таджикистану следует добиваться и поддержки Китая. Покамест политика Узбекистана в плане привлечения симпатий держав более успешна. К примеру, проект строительства Зарафшанской ГЭС, подписанный с китайской стороной в 2007, не воспроизводился именно из-за вмешательства Узбекистана. Помеха заставила китайцев считаться с позицией более важного соседа и принебречь таджикскими клиентами.
Аргументы, приведенные узбекской стороной, не совпадают с доводами рассудка; якобы в результате запуска станции часть посевных земель в Узбекистане останутся без воды. Небольшими усилиями экспертов можно установить недействительность этого гиперболического описания последствий реализации таджикских гидропроектов.
В дни присутствия высокопоставленных гостей в столице гражданское общество Таджикистана, в свою очередь, может продемонстрировать сущность проблем, навязанных Узбекистаном. Таджикские экспаты в западных странах стараются организовать акции протеста у зданий узбекских посольтв в тех дальних краях. Однако проведение подобных мирных митингов в самом Таджикистане кажется более логичной и даже необходимой мерой.
Узбекистан неоднократно пользовался орудием «общественных протестов» против экономических проектов и предприятий Таджикистана, хотя было очевидно, что эти выражения «народного недовольства» носили исключительно заказной характер. Если таджикские власти-«митингофобы» разрешат простому народу выйти на улицы и высказаться против экономического гнета северного соседа, несомненно их голоса прозвучат громче и четче. От прямого вмешательсва Узбекистана в экономических делах Таджикистана посчитан колосальный ущерб в жизни таджикистанцев. Страдает простой народ, о чем наглядно свидетельствуют сотни вагонов, задержанных узбеками за пограничной чертой.
Участникам обоих заседаний следует запомнить нижеследующие факты. Во-первых, свыше 40% водяных ресурсов Центральной Азии истекают из таджикских гор. То есть 4% гидропотенциала Земного шара концентрируется в нашей стране. Но явная диспропорция в том, что всего лишь 15% из 115 кубокилометров воды, которая ежегодно формируется в реках региона, относится Таджикистану.
“Вода – это жизнь” для таджикистанцев – это не лишенный смысла слоган, а сущная реальность. Гидроресурсы являются единственным значительным природным богатством нашей страны. Узбекские власти донимают международное сообщество беспокойством о судьбе своих хлопковых полей; то есть они обеспокоены, что возможно с реализацией таджикских гидропроектов государственный доход узбеков убавится. В то время, как Таджикистан обеспокоен зимними энергетическими кризисами, которые ежегодно уносят жизни людей.
Все же Ташкенту не удалось доказать, что строительство ГЭС в Таджикистане катастрофически скажется на ирригиционную систему Узбекистана. Оценка группы независимых международных экспертов разнесла бы это глупое утверждение в пух и прах.
Узбекские власти также возмущены вероятными экологическими последствиями таджикских гидропроектов, хотя возмущаться вероятностью чего-либо – неразумно. Особенно когда подобное возмущение выражается на фоне экологической трагедии Аральского моря, причиненной неразумным управлением тех же властей. Была бы их экологическая тревога действительной, наверняка картина Аральского моря выглядела бы иначе.
Помимо гидропроектов Таджикистана есть и другие факторы, вызывающие возмущение Ташкента. Почему-то Узбекистану не по нраву все доходные экономические проекты Таджикистана. Кстати, часть “народных протестов” Узбекистана были направлены против Регарского алюминевого завода (Талко). Говорят, завод наносит серьезный экологический ущерб региону. Более нелепого утверждения не могло бы и быть. Глядя на цифры ежегодных промышленных отходов Узбекистана и ндустриальных отбросов всех заводов и фабрик Таджикистана можно догадаться, что гора сравнивается с песчинкой.
Очевидно то, что Узбекистан старается всеми способами воспрепятствовать экономическому процветанию Таджикистана и её выхода из-под экономического влияния Ташкента. Реализация гидропроектов в конечном счете приведет Таджикистан к экономическому самообеспечению, чего не желают узбекские власти. Кроме того, им кажется, что эти проекты могут оснастить Душанбе сильным рычагом давления против ташкентских властей.
Многое можно добавить, но если ознакомить представителей региональных держав с вышесказанными доводами (конечно же в более изощренном и обтесанном дипломатическом изложении), авось и до держав истина дойдет и с Ташкентом наладятся более дружеские отношения.

Central Asia,
politics,
Raghun,
Rahman,
Russian,
Tajikistan,
Uzbekistan
Tuesday, June 08, 2010
What's To Be Done with Uzbekistan?
Бо Узбакистон чи бояд кард?вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ
Рӯйдодҳои ин ҳафта метавонад барои Тоҷикистон сарнавиштсоз бошад, агар мақомоти давлат ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ битавонанд аз ду фурсати нодире, ки ба онҳо даст додааст, ҳадди аксари истифодаро кунанд. Нишасти байнулмилалии “Об барои ҳаёт” дар Душанбе ва дар паи он нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тошканд мақомоти ду кишвареро, ки солҳост даргири як навъ ҷанги сарди эъломнашуда ҳастанд, рӯбарӯи ҳам қарор хоҳанд дод. Албатта, зоҳиран Тошканд ба гирдиҳамоии Душанбе чандон маҳал нагзошта ва ҳайъатеро ба раҳбарии муъовини вазири иқтисодаш гусел кардааст. Аммо ҳузури Галина Саъидова ҳам ғанимат аст ва мешавад аз тариқи ӯ паёмҳои равшану мантиқӣ ва ҳисобшудаеро ба Тошканд иблоғ кард.
Мусалламан, ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Тошканд тайи рӯзҳои 10 ва 11 июн ва эҳтимоли баргузории дидори рӯбарӯи ӯ бо ҳамтои узбакаш аз аҳамияти бештаре бархурдор аст. Оё раҳбари тоҷик хоҳад тавонист мантиқи заъифи Каримов дар низоъ бар сари сохтмони нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистонро ошкор кунаду ба хок нишонад ё таслими жожхоиҳои авомфиребонаи ҳамтояш хоҳад шуд?
Ҳузури қудратҳои минтақаӣ дар ин ду нишаст ҳам аз масоили калидист. Аҳмади Ваҳидӣ, вазири дифоъи Эрон, моҳи гузашта тайи дидораш аз Тоҷикистон пешниҳоди подармиёнии Теҳрон миёни Душанбе ва Тошкандро карда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳусни нияти Эрон дар мавриди тарҳҳои барқи обии Тоҷикистон мешавад умедвор буд, ки ин миёнҷигарӣ корсоз воқеъ шавад ва яхи равобити Тоҷикистону Узбакистонро дастикам андаке бишканад.
Ҷалби ҳусни назари Чин ҳам барои Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ҳаётист. То кунун Узбакистон дар ҷалби ҳимояти қудратҳо комгортар будааст. Як намунаи он хунсо кардани тарҳи эҳдоси як нерӯгоҳи обӣ дар рӯди Зарафшон буд, ки қарордоди эҳдосаш бо як ширкати чинӣ дар соли 2007 имзо шуд. Дахолати Узбакистон монеъ аз иҷрои ин тарҳ шуд ва чиниҳо ба хостаи ҳамсояи бузургтари Тоҷикистон арҷ гузоштанду тарҳро канор гузоштанд.
Далеле, ки узбакҳо матраҳ карданд, ҳамон дурӯғи ҳамешагишон буд, ки эҳдоси нерӯгоҳ монеъ аз обёрии бархе аз заминҳои Узбакистон хоҳад шуд. Бо талоши андаке бештари коршиносон мешавад даруни холии ин иддаъоро шикофту бармало кард.
Аз сӯи дигар ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон метавонад дар рӯзҳои ҳузури мақомоти баландпояи хориҷӣ дар пойтахт моҳияти мушкилотеро, ки Узбакистон барои Тоҷикистон офаридааст, ба намоиш гузорад. Дар ин рӯзҳо ҷавонони тоҷик дар кишварҳои ғарбӣ мекӯшанд дар баробари сафорати Узбакистон дар он сарзаминҳои дурдаст тазоҳуроти эътирозӣ созмон диҳанд. Аммо ба назар мерасад, ки эътирозоти сулҳомези мардумӣ дар Тоҷикистон мантиқитар ва боистатар бошад.
Узбакистон борҳо абзори “эътирозоти мардумӣ”-ро алайҳи тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба кор бурда, ки сад албатта, сохтагӣ ва супоришӣ будани онҳо ошкор буд. Агар мақомоти тазоҳуротгурези Тоҷикистон ба мардум маҷол диҳанд, ки садои эътирозашонро баланд кунанд, бегумон садои расотаре аз Душанбе ба гӯши ҷаҳониён хоҳад расид. Чун дахолати мустақими Узбакистон дар умури иқтисодии Тоҷикистон ба вазъияти маъишии мардуми мо осеби ошкор расондааст ва вогунҳои мунтазири пушти хатти марзӣ як намунаи боризи ин дахолати дадманишона аст.
Меҳмонони ин ду нишаст бояд чанд мавридро бахубӣ фаро бигиранд: нахуст ин ки Тоҷикистон сарчашмаи беш аз 40 дарсади обҳои Осиёи Миёна аст ва дар воқеъ, дорои 4 дарсади зарфияти обии кураи Замин. Аз 115 килуметри мукаъаб обе, ки ҳамасола дар рӯдҳои минтақа ҷорист, танҳо 15 дарсади он ба ниёзҳои Тоҷикистон таъаллуқ мегирад, ки таносуби дурусте нест.
“Об барои ҳаёт” барои Тоҷикистон танҳо як шиъор нест, балки айни воқеъият аст, чун танҳо захираи табиъии қобили мулоҳизаи он ҳамин об аст. Узбакистон мегӯяд, ки нигарони пунбазорҳояш аст ва мумкин аст бо сохтани нерӯгоҳҳои Тоҷикистон даромади камтаре ба хазинаи давлаташ ворез шавад. Тоҷикистон мегӯяд, ки нигарони ҷони мардумаш аст, ки зимистонҳо бар асари бебарқӣ мемиранд.
То кунун Узбакистон натавонистааст собит кунад, ки эҳдоси обанборҳо дар Тоҷикистон ба раванди обёрии заминҳои он кишвар латма хоҳад зад. Як гурӯҳи мустақилли коршиносони байнулмилалӣ метавонад пучии ин иддаъоро ифшо кунад.
Нигарониҳои зистбумӣ (экологӣ)-и Узбакистон бепоя аст, ба вижа агар мадди назар дошта бошем, ки сӯимудирияти мақомоти он кишвар фоҷеъаи дарёи Оролро ба бор овардааст ва агар ба ростӣ чунин нигаронии башардӯстона дар миёни давлатмардони узбак шоеъ буд, шояд фикре ба ҳоли дарёи Орол мекарданд.
Эътирозоти Узбакистон танҳо бо тарҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Узбакистон бо ҳар навъ тарҳи иқтисодии даромадзои Тоҷикистон сари ситез дорад. Аз ҷумла шуморе аз “эътирозоти мардумӣ”-и Узбакистон ба Корхонаи алюминиюми Регар нишона рафта буд, ки ба гуфтаи онҳо, ба муҳити зисти минтақа осеб расондааст. Агар ба миқдори зубола (ахлот)-е, ки корхонаҳои ғӯлосои Узбакистон ҳамасола тавлид мекунанд, таваҷҷуҳ кунед, дар хоҳед ёфт, ки туфолаи корхонаи тоҷикӣ нимнахудест дар баробари як харбузаи кошифӣ. Он чи мусаллам аст, талоши пайгиронаи Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ва берун рафтани он аз зери нуфузи иқтисодии Тошканд аст. Анҷоми тарҳҳои барқи обӣ метавонад роҳи Тоҷикистонро ба сӯи худкифоии иқтисодӣ ҳамвор кунад ва чи басо, ки аҳрум (фишанг)-и фишори қавӣ дар баробари Узбакистонро дар ихтиёри Душанбе қарор диҳад.
Гуфтаниҳо фаровон аст, аммо дар ҳавсалаи “Ногуфтаниҳо”-и рези мо намегунҷад. Вале агар ҳамин паёмҳо ба забони суфтатари пероста бо шеваву шигирдҳои диплумотик ба намояндагони қудратҳои минтақа мунтақил шавад ва ҳимояти онҳоро барангезад, Худоро чи дидӣ, шояд Тоҷикистон ҳам ба тавфиқе даст ёбаду гиреҳ во шавад ва равобити дӯстонатаре бо Тошканд шакл бигирад.
Labels:
business,
Central Asia,
politics,
Raghun,
Tajikistan,
Uzbekistan
Tuesday, June 01, 2010
IRS: Illegal Road Solutions
Роҳбонӣ ё роҳзанӣ?вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ
Муддатҳост, ки моҷарои “роҳи пулакӣ” дар Тоҷикистон идома дорад, аммо ҳар чи мегузарад, бар ибҳому печидагии мавзӯъ меафзояд. Кӣ пул меситонад? Барои чӣ меситонад? Ширкати пулситон бегона аст ё худӣ? Ин пул ба хориҷ меравад ё дар Тоҷикистон мемонад? Давлат аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунад ё намекунад?.. Ба ин пурсишҳо ба теъдоди афроди коршинос дар Тоҷикистон посух дорем, аммо иттифоқи назаре басахтӣ мушоҳида мешавад.
Ҷолиб ин ҷост, ки ҳувияти ширкати пулситон мавсум ба “Инноватив Роуд Солюшенз” (IRS - Innovative Road Solutions) ҳам чандон равшан нест. Ҳатто хабаргузориҳои муътабар бо истифода аз истилоҳоти гӯлзанандае чун “гуфта мешавад” ё “маълумоте мавҷуд аст” дар бораи ҳувияти ин ширкат изҳори назар мекунанд. Гӯӣ ин ширкат чун қорч (замбурӯғ)-е аз зери хок руста ё чун борон аз осмон фурӯ уфтода, ки пас аз соъатҳо канкошу ковишу ҷустучӯ ҳам андозаи як мисқол иттилоъи дурусту ҳисобӣ дар бораи он ба даст намеояд.
“Инноватив роуд солюшенз”, яъне “чорасозии навоварона барои роҳҳо”. Ин ширкат, ки боз ҳам “гуфта мешавад” соли 2009 дар ҷазираҳои Вирҷини Бритониё номнавис шуда, танҳо чора барои беҳбуди вазъи роҳҳои моро божситонӣ аз мусофирони ғолибан нодораш донистааст. Албатта, мешавад баҳона кард, ки бо пуле, ки ҷамъоварӣ мекунанд, метавон роҳҳои беҳтаре сохт, то дар оянда ҳангоми ронандагӣ дар роҳҳои Тоҷикистон эҳсоси шиноварӣ ба мо даст надиҳад. Аммо пеш аз ҳама бояд асолати ин ширкат барои мардуми ин сарзамин ошкор шавад ва мақсаду наҳваи истифода аз кӯчактарин дирамҳои мусофирони роҳҳо бояд ба таври шаффоф дар маърази диду таваҷҷуҳи якояки шаҳрвандони Тоҷикистон қарор бигирад.
Агар ин ширкат дар Бритониё сабти ном шуда, молики он кист? Чаро дар Бритониё номнавис шудаву дар Тоҷикистон бож меситонад? Поярезони он киҳо будаанд? Тоҷиканд ё хориҷӣ? Даромади ҳосил аз рафту омади мардум ба ҷайби чи касоне меравад ва молиёти он ба сандуқи чи кишваре рехта мешавад?
Бо шунидани номи ҷазираҳои Вирҷини Бритониё нохудогоҳ ба ёди додгоҳи нангини Талкову Ансолу Русал меуфтем, ки ду сол пеш дар ҳамон ҷазоир баргузор шуда буд. Ҳамон додгоҳе, ки давлати Тоҷикистонро сабти торихи Бритониё кард; чун ба унвони яке аз фақиртарин давлатҳои ҷаҳон ҳазинаи яке аз гаронтарин муҳокимаҳои торихи додрасии он кишварро пардохта буд. Чи пайванде метавонад миёни ҳузури аъзои давлати Тоҷикистон дар ҷазираҳои Вирҷин таи солҳои 2008-2009 ва таъсиси ширкати IRS дар соли 2009 дар ҳамон ҷазираҳо вуҷуд дошта бошад? Оё ба ростӣ, ҳамон гуна ки “гуфта мешавад”, бунёдгузорони ин ширкат шаҳрвандони Тоҷикистонанд? Агар чунин аст, ному мақомашон чист?.. Ба кӣ метавон бо ин пурсишҳо рӯ овард? Ба вижа акнун, ки ба назар мерасад як ниҳоди давлатӣ ҳам аз ширкати вирҷинӣ дили хуше надорад.
Аз оғози моҳи гузашта то кунун Амонуллоҳи Ашӯр, раиси Ожонси зиддиинҳисории Тоҷикистон, борҳо гуфтаасту мегӯяд, ки фаъъолияти IRS ғайриқонунист ва бояд ҷилави божситониҳои он бар сари роҳҳои Тоҷикистонро гирифт. Аммо тасвире, ки мебинем, ширкати IRS-ро тавонмандтар аз ин ниҳоди давлатӣ нишон медиҳад. IRS бо сарпечии густохона аз дастури Ожонси зиддиинҳисорӣ бепарво ҳамчунон дар ҳоли божситонӣ аз мусофирони роҳи Душанбе-Чаноқ аст. Ин ширкат пуштгарми чи мақомест, ки ин қадр бебокона даст ба ҷайби мардуми мо мебарад ва ҳатто як ниҳоди давлатӣ қодир нест ҷилави роҳзании онро бигирад?
Ва аслан чаро бояд аз роҳе, ки бо пули молиёт (андоз)-и мардум сохта шуда, бож ситонанд? Камтарин маблағе, ки бояд дар ин “шоҳроҳ” бипардозед, 30 дирам барои ҳар килуметр аст. Дар ҳоле ки дар кишвари нисбатан мураффаҳтаре чун Русия ин рақам муъодили 2 дирам аст. Мақомоте ҷор задаанд, ки дар кишварҳои пешрафта мардум барои убур аз шоҳроҳҳо пул мепардозанд. Аҷиб аст, ки то суҳбат аз пул мешавад, мо ҳам худ ба худ худро дар радифи кишварҳои пешрафта мебинем. Аммо агар суҳбат аз арзишҳои иҷтимоъӣ ва озодиҳои марсум дар кишварҳои пешрафта бошад, ҳамон жожи мудомро мешунавем, ки “Тоҷикистон ҳанӯз омода нест ба ин урдӯгоҳ бипайвандад”. Ғофил аз ин ки озодиҳои башарӣ ғаризӣ (интуитивӣ) аст ва ҳама омодагии онро доранд ё худ ба худ касб мекунанд. Аммо пардохти божу андози сангин омодагии иқтисодӣ мехоҳад, ки мардуми Тоҷикистон аз он бенасибанд. Агар дар баробари “роҳи пулакӣ” роҳҳои ройгон ҳам вуҷуд медошт, нисфи мушкил ҳал мешуд, ки чунин нест.
Вале муҳимтар аз он наҳваи иҷрои ин барнома аст, ки амалкарди давлатро бакуллӣ зери суол мебарад. Барномаи божситонӣ аз ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рӯзи 1 апрел расмӣ шуд; мисли як дурӯғи рӯзи аблаҳон (ё рӯзи ханда), ки рост аз об даромад. Пас аз он буд, ки шикоёти мардум ба рӯи мизи Ожонси зиддиинҳисорӣ рехтан гирифту доди ин ниҳоди давлатӣ баланд шуд. Ҳузури ширкати IRS дар майдони божситонӣ чунон қавист, ки кас намедонад ба доди мардум бирасад ё ба доди ин ниҳоди давлатӣ. Ба вижа ин ки раиси ожонс ҳам ба мардум гилоя мебарад, ки аз 18 навъи молиёти давлатӣ ширкати IRS танҳо як навъашро мепардозад, ки он ҳам молиёти иҷтимоъии кормандонаш аст. Магар роҳҳои Тоҷикистон таҳти назорати давлати он нестанд? Чи касе ин барномаи булҳавасонаро пиёда карда ва посухгӯи шикоёти мардум аст?..
Доманаи васеъи пурсишҳое, ки дар ин навиштор баён шуд ва бисёре ҳам ногуфта монд, гӯёи ибҳом ва печидагии мавзӯъ аст, ки зоҳиран шохаҳои бисёре аз худи давлат ҳам дар лобалои он гирифтор мондаанд. Танҳо роҳкоре, ки мантиқӣ ба назар меояд, гушудани асрори ширкати IRS, посухгӯ кардани он дар баробари қонунҳои Тоҷикистон ва коҳиши чандинбаробари нархҳои хаёлпарваронаест, ки ин ширкати нокуҷоободӣ рӯи роҳҳои мо гузоштааст.
Labels:
business,
more,
politics,
roads,
Tajikistan
Tuesday, April 27, 2010
Dushanbe Encourages Brain Drain
“Фирори мағзҳо” – шикори нағзҳо
(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)
Давлатҳо падидаи “фирори мағзҳо”-ро мусибате медонанд, ки бо он бояд пайкор кард ва ҷилави онро гирифт. Давлатҳо мекӯшанд бо даҳҳо чораву тадбир заминаи бозгашти сармояҳои зеҳнии рафтаашонро фароҳам кунанд, то ободонии сарзаминашон мумкин шавад. Онҳо медонанд, ки резиши густардаи мағзҳо ба кишваре чун Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз ҳеч ҳама чиз сохт; рӯи реги саҳроҳои паҳновари сӯхта муҷаҳҳазтарин ҷаҳоншаҳрҳоро бунёд ниҳод. Ва то чанд тан аз пажӯҳишгарони мумтози омрикоӣ ба далели маҳдудиятҳое, ки режими Буши Дувум дар риштаи таҳқиқоти марбут ба сиқти ҷанин эъмол карда буд, кишварашонро тарк карданд, матбуъоти Омрико бар давлаташон тохт ва дам аз хатари “фирори мағзҳо” зад.
Аммо дар ин миён кишваре ҳаст, ки “фирори мағзҳо”-ро ташвиқ мекунад, то шояд бад-ин гуна бар умри давлати худ биафзояд: Тоҷикистон. Дар намунаи Тоҷикистон шояд истилоҳи “фирори мағзҳо” дақиқ набошад, балки “рониши мағзҳо” муносибтар аст. Мағзҳо ё зеҳнҳои мутафаккир ё афроде бо маҳоратҳои вижа ба ҳар баҳона ва сабаби мумкин ба берун аз кишвар парт мешаванд. Шуморе ба далели нофармонии сиёсӣ тард шудаанд, иддаеро шароити тоқатфарсои иқтисодӣ ба берун рондааст. Ва бархеро ҳам давлат ба ибтикори худ ба кишварҳои дигар меронад, то шояд аз фишори лашкари бекорон бикоҳад ва чанд соли дигар бо итминони хотир рӯи тахташ биосояд.
Тозатарин мавриди “рониши мағзҳо” аз Тоҷикистон муъомилоти миёни мақомоти тоҷику араби саъудист, ки заминаи ихроҷи садҳо мағзи мутафаккиру ҳазорон ҷуфт дасти пурмаҳоратро муҳайё кардааст. Лашкари пизишкону муҳандисону ҳунармандон пушти дари ширкатҳое чун “Замони Юнус” саф бастаанд, то шояд “иқбол”-и муҳоҷирати корӣ насиби онҳо ҳам шавад. Ин ширкат ба родю Озодӣ гуфтааст, ки то кунун ҳудуди 3500 тан довталаб номнавис кардаанд, то ба хидмати корфармоёни арабашон бишитобанд. Шумори зиёде аз ин афрод пешаварону кормандоне ҳастанд, ки кишвари навпое чун Тоҷикистон ба онҳо ниёзи мубрам дорад ва интизор мерафт ояндаи равшани кишвар бо дасти ҳамин афроди соҳиби тахассус сохта шавад.
Онҳое ҳам ки бо ҳазорон умеду орзу по ба хоки Арабистони Саъудӣ мегузоранд, то шояд дастикам барои худашон ояндае равшан бисозанд, бад нест достони сархурдагии ононеро бишнаванд, ки бо ҳамин орзуҳо вориди он кишвар шуда буданд, аммо худро дар шароите асафнок ёфтанд. Бо як ҷустуҷӯи мухтасари интернетӣ хоҳед дарёфт, ки чи теъдод афроди хориҷӣ шароити кору зиндагии худ дар Арабистони Саъудиро шабеҳи бардагӣ медонанд. Ва ҳатто арабҳои Мисру Судон, ки бо монеъи забонӣ дасту панҷа нарм намекунанд ҳам аз ҷумлаи қурбониёни сомона (систем)-и аҷибу ғариби додрасии Арабистон ҳастанд ва барои солҳо дар он кишвар дарбанд мондаанд.
Созмони “Дидбони Ҳуқуқи Башар” дар гузориши соли 2004-и худ зери унвони “Баҳракашӣ ва озори муҳоҷирони корӣ дар Арабистони Саъудӣ” навишта буд, ки шумори зиёде аз муҳоҷирон бо шиканҷа, додани эътирофоти иҷборӣ ва муҳокимаи номунсифона дар додгоҳ мувоҷеҳ ҳастанд. Соро Витсун, мудири омили ин созмон дар умури Ховари Миёна ва Офриқои Шимолӣ мегӯяд:
“Мо мардону занонеро дидем, ки дар шароите мушобеҳи шароити бардагӣ зиндагӣ мекарданд. Мақомоти саъудӣ ба азияту озори пайвастаи коргарони хориҷӣ чашм пӯшидаанд.”
Вазъияти коргарони зан дар Арабистон бисёр бад гузориш шудааст. Ҳуқуқи зан аз пуровозатарин муъзалоти ин кишвар аст ва шояд бузургтарин мояи шармсории он. Занҳо на танҳо аз ҳуқуқи комили инсонӣ бархурдор нестанд, балки ҳузурашон дар ҷомеъа таҳти назорати мустақими мардҳо сурат мегирад. Тоза дар поёни соли 2001 буд, ки мақомоти саъудӣ барои нахустин бор ҳувияти мустақилли занҳоро ба расмият шинохтанд ва барояшон шиноснома содир карданд. То пеш аз он номи занҳо танҳо дар шиносномаи падарон ва шавҳаронашон меомад. Зан дар Арабистон дар канори бисёре дигар аз ҳуқуқи бунёдини башарӣ ҳаққи раъй додан ё ҳатто ҳаққи ронандагӣ ҳам надорад. Душвор нест таҷассум кунед, ки дар он кишвар чи дурнамое метавонад дар интизори муҳоҷирони кории зан бошад. Яъне афзун бар табъизи нажодӣ, табъизи ҷинсӣ ҳам дар ин кишвари қуруни вустоӣ бедод мекунад.
Ба ҳар рӯй, расму шеваи зиндагӣ дар Арабистонро ширкатҳое чун “Замони Юнус” ба довталабони муҳочират ёд медиҳанд. Забони арабӣ, фарҳангу ойин ва қонунҳои Арабистони Саъудӣ аз ҷумлаи донистаниҳоест, ки муҳоҷирони оянда бояд пеш аз муҳоҷират фаро бигиранд. Мусалламан, донистани ин фарҳангу одоб барои зиндагӣ дар Арабистон судманд аст. Аммо чӣ суде аз ин фарҳангу донистани он оиди сарзамини мо мешавад? Агар Арабистон ҷомеъаи матлубе барои зиндагию шукуфоии башар буд, мутмаиннан то имрӯз ба чизе фаротар аз дороии нафтӣ даст меёфт. Таҷрубаи зиндагӣ дар ҷомеъае, ки дар садаҳои пеш гирифтор мондааст, метавонад ба изофаи ранҷе, ки барои муҳоҷирон меофаринад, барои кишвари мо ҳам дар дарозмуддат ранҷбор шавад. Яъне хӯ гирифтан бо шеваи зиндагии саъудӣ ва интиқоли он ба муҳитҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар оянда метавонад аз сарзамини мо ҳам кишвари бадбахте чун Арабистон бисозад; “хушбахтӣ”-и Арабистонро нафташ таъмин кардааст, ки Тоҷикистон фоқиди он аст. Аммо “мағз”-и салтанати саъудӣ ҳамвора воридотӣ буда ва акнун “мағзи тоҷикӣ” ҳам дар садади ёфтани ҷои пое дар бозори зеҳнии он кишвар аст. Як севум (сеяк)-и ҷамъияти Арабистонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд.
Тасмими давлати Тоҷикистон барои фурӯши нерӯи корӣ ба Арабистон ба манзури дур кардани хатари ошӯби иҷтимоъӣ бар асари бекорӣ сурат гирифт. Агар ин барнома бо комгорӣ пеш биравад, шояд нисфи дигари ҷамъияти шоғили Тоҷикистон ба Арабистон сарозер шавад (нисфи аввали он дар Русияву Қазоқистон аст) ва оромиши давлатро барои чанд соли дигар таъмин кунад. Аммо гумон намеравад, ки давлати кунунӣ тобу таҳаммули бори зеҳнии муҳоҷиронеро дошта бошад, ки пас аз солҳо зиндагӣ дар Арабистон ба кишвар бармегарданд. Тафаккуре, ки дар Арабистон, дар қалби мактаби ваҳобия, шакл мегирад, метавонад ошӯбе бас фарогиртар ба бор оварад. Ба вижа агар таваҷҷуҳ дошта бошем, ки бештари ҳамкориҳои Арабистон бо Тоҷикистон ба масобаи як бархурди тамомъайёри тамаддунҳо ҷиҳати мукобила ва рақобат бо Эрон сурат мегирад.
“Фирори мағзҳо”, ки замоне бархеро ба домани куфр ронда буд, акнун шуморе дигарро ба чоҳи таъассуб меронад.

Arabs,
brain drain,
business,
civil society,
fanaticism,
Islam,
more,
religion,
science,
Tajikistan
Thursday, April 08, 2010
Ban Ki-moon by Jeyhun
Гузори Бон Ки-Мун аз канори Ҷайҳун(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)
06/04/2010
Бон Ки-Мун сафараш ба “минтақаи ҳазорон савдо”-ро ба зудиҳо аз ёд нахоҳад бурд. Ҳанӯз ҷомадони сафарашро набаста, аз Эътилофи Мудофеъони Ҳуқуқи Башари Узбакистон паёме дарёфт кард, ки хушбинона аз ӯ мехостанд дар ҷараёни дидораш аз Тошканд мақомоти узбакро бо иттиҳоми иртикоби ҷиноятҳо алайҳи башарият ба додгоҳи Лоҳа (Гаага) гусел кунад.
То по ба хоки Бишкек гузошт, бахшҳое аз Қирғизистонро мавҷи эътирозот дарнавардидан гирифт. Замоне ки дар Тоҷикистон мекӯшид кӯргиреҳи равобити Душанбе-Тошкандро боз кунад, муътаризони қирғиз дар минтақаи Талас чумоқ (калтак)-у гози ашковар мехурданд. Шавқи як “инқилоби рангӣ”-и дигар дар бархе гул карда буд ва ҳирсу ози қудрат - дар вуҷуди афроде, ки дирӯз савор бар як чунин мавҷе рӯи кор омада буданд. Бон Ки-Мун, ки аз сарзамини хирадпарвари Куре (Корея) меояд, дар Осиёи Миёна як намуна аз таъсироти вайронгари қудратмадориро бо ду чашми сар диду дар аҷаб монд. Дар воқеъ, дар аҷаб рафт.
Ва дар ҳассостарин кишвари минтақа – Афғонистон деви қаҳри Ҳомид Карзай бедор шуда буд. Раҳбари собиқан мулоиму муътадили афғон таҳдид мекард, ки агар бештар аз ин озораш диҳанд, ба ҷунбиши Толибон хоҳад пайваст. Ҳамон ҷунбише, ки Омрико бисоташро барчида ба ҷои он хаймаи Карзайро паҳн карда буд, имрӯз муттаҳиди билқувваи ин оқост, ки зоҳиран бо ин найранг мехоҳад ҳам пойгоҳи иҷтимоъиаш дар миёни паштунҳоро устувортар кунад, ҳам аз омрикоиҳо бож биситонад. Найрангест бас зариф, аммо дар сурати нокомӣ сар ба бод хоҳад бурд. Аз сӯи дигар, бадгумонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди дурустии интихоби дубораи ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ низ аз байн нахоҳад рафт ва аломати суоли бузурге бар сари машрӯъияташ овезон хоҳад монд. Аммо мавзӯъи машрӯъият камтар раисҷумҳуреро дар минтақаи мо нигарон кардааст ва ин мавридест, ки Бон Ки-Мун зоҳиран хуб медонад.
Кӯтоҳсухан, дабири кулли Созмони Милал ҳар ҷо мерафт, дам аз зарурати суботу ҳалли муноқишот аз роҳи гуфтугӯ мезад, аммо шоҳиди бурузи навъе ҳарҷу марҷ дар минтақа буд, ки дар ҳоли шиддат гирифтан аст.
Аз гузориши расмии Созмони Милал чунин бармеояд, ки ихтилофи Тоҷикистону Узбакистон бар сари нерӯгоҳи Роғун аз далоили аслии сафари оқои Бон ба минтақа буд. Дабири кул муътақид аст, ки агар ҷилави ин мушкилро имрӯз нагирем, фардо дер хоҳад шуд. Ин ҷумла гӯёи умқи нигаронии дабири кул аст, ки дар ҷараёни дидораш бо мақомоти ҳар ду кишвар баён шуд.
Аммо он чи бояд барои мо нигаронкунанда бошад, ин аст, ки зоҳиран мақомоти Тоҷикистон натавонистанд дабири кулли Созмони Милалро ба чарандию беҳудагии иддаъоҳои Узбакистон дар бораи асароти сохтмони нерӯгоҳи Роғун мутақоъид кунанд. Натавонистанд тафҳим кунанд, ки агар Узбакистон воқеъан рост мегӯяд ва нигарони паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи Роғун аст, чаро он танҳо кишвари минтақа аст, ки масъули умдаи нобудии дарёи Орол ба шумор меояд. Чи гуна 70 дарсади оби ин дарё бухор шуду ба ҳаво рафт? Магар ҳамин сомона (систем)-и дарёдаркаши обёрии заминҳои васеъи Узбакистон набуд, ки Оролро ба гавдол (чуқурӣ) табдил дод? Ва оё пас аз он фоҷеъа метавон бовар кард, ки раҳбарии узбак кӯчактарин дарку тасаввур ё парвое аз муҳити зист дорад?
Албатта, вазири хориҷа талош мекард, чизҳое ба монанди инро ба дабири кул гӯшрас кунад. Аммо наҳваи баёни лакнатбори ӯ ва мантиқи пӯшида дар ҳиҷоби суханоне пуртумтароқу печида мафҳумро номафҳум карда буд. Аз ҷумла намедонам, ки бардошти дабири кулли Созмони Милал аз ин ҷумлаи оқои Зарифӣ чӣ буд ва нони мутарҷимаш ҳалол бод (!):
“Ин коршиносон дар таъмин намудани муваффақияти корҳои сохтмонӣ, ки дар Роғун анҷом дода мешавад, бо стандартҳои байналмилалӣ, сифат ва таҷрибае, ки дар сохтмон ба кор бурда мешавад, ҳамчунин амалӣ намудани ҳамоҳангии байни корҳои сохтмонӣ ва таҳқиқотҳои техникӣ тавассути ба назар гирифтани хулосаҳову натиҷаҳо ҳангоми лоиҳакашӣ ва анҷом додани ҳар яке аз ин марҳилаҳо (-и) сохтмон корҳо ба анҷом расонда хоҳад шуд.”
Шояд мутарҷим ҳам дар расондани матлаб оҷиз монда буд, ки дабири кулли Созмони Милал ба баҳонаи тангии фурсат барномаи дидор аз рӯди Вахшу тарҳи Роғунро лағв кард. Албатта, ҳар диплумоти дигар ҳам ки худро бетараф ҷилва медиҳад, по ба Роғун намегузошт. Бетарафӣ барои диплумотҳо ба масобаи бешарафӣ нест, балки айни шараф аст.
Аммо ба ҳар рӯй, аз суҳбатҳои Бон Ки-Мун чунин бардоште ҳосил мешуд, ки ин оқо бо азоби алими бебарқии Тоҷикистон дар фасли сармо ошно нашуда ва барояш ба дурустӣ нафаҳмондаанд, ки Узбакистон дар сардтарин рӯзҳои сол табдил ба қассобе мешаваду ҷараёни барқро қатъ мекунад, то кӯдакону солмандони мо аз сармо бимиранд ва зиндагӣ бозистад. Танҳо сарвате, ки Тоҷикистонро метавонад аз хоки тангдастӣ бардорад, ҳамин обаш аст. Мавқеъияти иқтисодии ду кишвар тафовутҳои фаровоне дорад ва аз рӯи инсоф нест, ки ин фишанги фишор дар дасти Узбакистон боқӣ бимонад... Танҳо паёми оқои Бон ин буд, ки то анҷоми арзёбии фаннии Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистону Узбакистон бояд аз ҳар навъ иқдоми яктарафа даст нигаҳ доранд.
Хушбахтона, дабири кул яке аз мавридҳои истифода аз фишанги фишор тавассути Узбакистонро нодида нагирифт ва аз Тошканд тақозо кард, ки садҳо вогуни ҳомили маводду масолеҳу сӯхтро раҳо кунад, то аз тариқи роҳи оҳани Узбакистон вориди Тоҷикистон шаванд. Марги садҳо шаҳрванди бегуноҳи Тоҷикистону Узбакистон бар асари исобат бо минҳои узбакӣ дар имтидоди марз низ дабири кулли Созмони Милалро дилреш кард ва ӯ ин таҷрубаи ғайриинсониро “ғайри қобили қабул” донист.
Оқои Бон таи дидораш аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аз давлатҳои худкома хост, ки ҳуқуқи башар ва додгариро риъоят кунанд, паймонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башарро, ки зерашон имзо кардаанд, арҷ бигзоранд, протоколи ихтиёрии паймони зидди шиканҷаро тасвиб кунанд, бо Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женев ҳамкорӣ кунанд ва аз ҷумла иҷоза диҳанд, ки коршиносони мустақилли он аз кишварҳои минтақа боздид кунанд. Мақомоти ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна сар такон доданд. Сарҳо ҳамчунон такон мехуранду аробаи демукросимон на.
Labels:
business,
Central Asia,
more,
politics,
Raghun,
Rahman,
Tajikistan,
Uzbekistan,
World
Tuesday, March 30, 2010
A Year Gone to Waste
Соле, ки гузашт
(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и Нигоҳ)
Бештари рӯйдодҳои муҳимми соли гузаштаи тоҷикӣ (ки аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсолро дарбар мегирад) рӯ ба поёни сол иттифоқ уфтод. Муҳимтарини онҳо, мусалламан, интихоботи саросарӣ буд, ки орзуи панҷсолаи қишре аз мардумро ба яъс нишонд: орзуи дидани порлумоне гӯё ва мардумӣ ба ҷои маҷлиси хомӯшу муҳрбадаст ва рӯбараҳбар, ки ангушти намояндагонаш аз рӯи тугмаи “оре” дур намешавад.
Маҷлисе якдаст, ки 54 адад аз 63 курсии онро ҳаводорони сардамдорони вақт ишғол кардаанд ва садои 3-4 тан аз дигарандешонашро метавон ба осонӣ ношунида гирифт. Дар ин интихобот машҳуд буд, ки унсури номатлуби хешовандсолорӣ рушди бештаре доштааст. Пас дар ин имтиҳони мардумсолорӣ Тоҷикистон боз ҳам ноком шуд ва як фурсати дигар барои даст ёфтан ба озодию шукуфоиро аз даст дод. Тазминоти раҳбар барои баргузории интихоботи шаффофу озод аз қолиби сухан берун наомад ва амалӣ нашуд. Нозирони дурдаст айни ҳақиқатро гуфтанд. Нозирони “хориҷаи наздик” ин нокомиро ташвиқ карданду шодбош гуфтанд.
Дар оғози соли нав аъзои Маҷлиси Миллӣ ҳам интихоб, ё шояд ба баёне дурусттар, таъйин шуданд. Бо он сарусомоне, ки интихоботи “мустақим”-и саросарӣ дошт, метавон наҳваи баргузории интихоботи номустақимро ҳадс зад. Ва ҳатто шахси раиси Маҷлиси Миллӣ, ки раиси Маҷлиси Олӣ ҳам ҳамӯ хоҳад буд, аз ҳамин акнун қобили ташхис аст. Ин рӯйдод баҳонае барои таҷлил надорад. Ба вижа ба хотири он ки касе суроғи раъйи баяғморафтаашро нагирифт.
Рӯйдоди муҳимми дигар корзори саросарии давлат барои сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун буд. Дар оғоз ҳатто дӯстдорони хориҷии Тоҷикистон эъломи омодагӣ карданд, ки дар раҳоии мардум аз буҳрони энержӣ саҳм хоҳанд гирифт ва ҳисобҳое бад-ин манзур ҳамчунон боз аст. Аммо фишори фавқулъодаи мақомот бар мардуми одӣ ва ғолибан нодор барои пардохти пули саҳоми неругоҳ ин амри хайрро махдушу зишт кард. Донишҷӯёне, ки бидуни пардохти пули саҳом иҷозаи вуруд ба утоқи имтиҳонро надоштанд, ба сутӯҳ омаданд. Кормандоне, ки водор ба харидории саҳоми нерӯгоҳ мешуданд, мақомотро нафрин карданд. Аммо эътирозоти дарунӣ ба ҳадди ғалаён нарасид ва ҳамчунон зери лиҳофу пӯшида аст. Дар натиҷаи ин фишорҳо ҷавви бадгумонӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷ боло гирифт ва накӯкорони хориҷӣ мунтазири дарёфти замонати сад дарсадии мақомотанд, ки пули ворезшуда танҳо ва танҳо барои эҳдоси нерӯгоҳи Роғун ҳазина хоҳад шуд.
Ҳамсоягони ҳасуде чун Узбакистон Роғунро баҳонаи хубе барои эъмоли фишори бештар бар Тоҷикистон ёфтанд ва Душанберо мавриди муҳосираи иқтисодӣ қарор доданд. Ба гунае, ки ҳудуди 400 вогуни ҳомили таҷҳизоти сохтмонии Роғун дар нимароҳ тавассути Узбакистон масдуд шуд ва бори дигар ин ҳақиқатро барҷаста кард, ки то чи андоза иқтисоди Тоҷикистон шикананда аст ва ба чи роҳатӣ як дастури раҳбари узбак метавонад чилави барномаҳои иқтисодии моро бигирад. Ҳақиқати дигаре, ки ошкортар шуд, ниёзи Тоҷикистон ба доштани роҳҳои иртиботии дигар бо ҷаҳони хориҷ буд. Чун агар қарор аст Роғун сохта шавад, бояд Узбакистонро ба унвони кишвари тронзит ба фаромӯшхона супурд. Чи бихоҳему чи нахоҳем, Узбакистон ҳамаи роҳҳои эъмоли фишорро ба кор хоҳад бурд, то монеъ аз анҷоми ин тарҳ шавад. Донистани ин ҳақиқат ба илми рамлу устурлобу ахтаршиносӣ ниёзе надошт. Айни воқеъияте буд, ки афроди муътақид ба давлатдорӣ бояд пеш аз эъломи тарҳ пешбинӣ мекарданду накарданд.
Ва чизе, ки қарор буд иттифоқ биуфтаду науфтод, гушоиши шабакаи телевизюнии кишварҳои порсигӯ ба номи “Наврӯз” буд. Соли гузашта дар остонаи Наврӯз шуморе аз мақомот ҷор зада буданд, ки қарор аст он дар рӯзи Наврӯзи соли гузашта ифтитоҳ шавад. Ба ҷои он шабакаи телевизюнии “Овоз”-и Туркия барои кишварҳои туркизабон гушоиш ёфт. Як сол гузашт, аммо аз шабакаи мавъуди мо ҳамчунон хабаре нест, ки нест. Пас дар масофи фарҳангӣ ҳам аз ҳамсоягон ақиб уфтодаем.
Нокомиҳои соли гузашта боъиси рушди беш аз пеши ифротгароию тундравӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеъа шуд. Эҳсоси дармондагӣ ва навмедӣ шуморе аз мағзҳои равшанро ҳам ба зулмати радикализм савқ дод ва имрӯз ёваи хушунатгароӣ баландтар аз дирӯз ба гӯш мерасад. Эҳтимоли такрори ғалатҳои гузашта беш аз пеш матраҳ шуд. Аммо мақомот дарсе нагирифтанд ва бо ин тасаввури козиб, ки номгузории соли 2009 ба номи Имоми Аъзам қишре аз норозиёнро розӣ хоҳад кард, иктифо карданд. Барои муқобила бо ин падидаи манфӣ, ки дар миёни қишрҳои гуногун ба шаклҳои гуногун буруз меёбад, касе ба фикри фарҳангпароканӣ ва густариши донишу огоҳӣ науфтод. Ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон таи соли гузашта пешрафте надошт, то битавонад дар сурати нотавонии давлат ба таври худҷӯш бо ин падида муқобила кунад.
Дар натиҷа Тоҷикистон ҳамчунон дар мағоки торих аст. Умед аст, ки соли нави тоҷикӣ нури огоҳии бештареро аз тӯдаҳои мо дареғ надорад.

Nowruz,
parliament,
politics,
President,
Raghun,
Rahman,
Tajikistan
Friday, January 29, 2010
Digital Battle
Пайкори диҷитолبه دبيرۀ پارسی
Рӯзе, ки дастгоҳи ОйПад (iPad) рӯнамоӣ шуд, аз дӯсте шунидам, ки мегуфт: “Хуб шуд шитоб накардам ва Киндел нахаридам. ОйПад бо имконоти бештару беҳтар вориди бозор шуда.”
Киндел (Kindle) номи китобхони диҷитол (рақамӣ)-и ширкати Омозун (Amazon) аст, ки дуруст ду сол пеш, дар моҳи январи 2008, вориди бозор шуд. ОйПад мушобеҳи мудернтари Киндел аст, ки рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, 27 январ, ҷаласаи рӯнамоии он дар шаҳри Сан Фронсискуи Омрико шефтагони фанноварии навинро ба шаъаф овард.
Монандии Киндел ва ОйПад дар ҳамон китобхонии диҷитол хулоса мешавад. Ширкати Апел (Apple) талош кардааст имконоти бештареро ба дастгоҳи ҷадидаш биафзояд; ба монанди гаштугузор дар паҳнаи маҷозӣ (Интернет), дарёфт ва ирсоли паёмҳои электруникӣ ва аксу видеу, мусиқӣ ва бозиҳои роёнаӣ. ОйПад намое ҷаззобтар дорад, борику сабук аст ва аз зарфияте бештар аз ҳофизаи Киндел бархурдор аст. Ба гуфтаи Стив Ҷобз (Steve Jobs), раиси ширкати Апел, дастгоҳи ОйПад халаеро, ки миёни телефуни ҳушманд ва лаптоп (ноутбук) вуҷуд дошт, пур кардааст.
Аз ҳамин ҳоло бархе аз коршиносон даромади газоферо барои ширкати Апел пешгӯӣ кардаанд. Мойк Обромскӣ (Mike Abramsky), аз коршиносони умури бозаргонии Омрико, ҳадс мезанад, ки мизони фурӯши ОйПад дар як соли нахуст панҷ милюн адад хоҳад буд. Қимати дастгоҳи ОйПад дар ҳоли ҳозир марбут ба зарфияти ҳофизаи он аст ва аз 499 то 699 дулор аст.
Ширкати Апел нармафзорҳои вижаи худро савори ин дастгоҳ кардааст. Барои гӯш додан ба мусиқӣ бояд вориди кулексиюни мусиқии ОйТйун (iTune) шуд; барои хондани китобҳо китобфурӯшии диҷитоли ОйБукз (iBooks) таъсис шуда ва барои анҷоми корҳои идорию муҳосиботӣ мешавад нармафзори ОйВурк (iWork)-ро пиёда кард. Дар китобхонаи ОйПад китобҳое ёфт мешаванд, ки тавассути чаҳор интишороти умдаи Омрико мунташир шудаанд ва тарафи қарордоди ширкати Апел ҳастанд.Ва аммо ОйПад бо ин ҳама имконот мунтақидони парупоқурсе ҳам дорад, ки ҳам номи дастгоҳро (ба далели маъниҳои мухталифе, ки дар забони инглисӣ дорад) ба сухра кашидаанд ва ҳам тавоноиҳои ин дастгоҳро. Ва гӯё азмашон росих аст, ки умеди ширкати Апелро ба яъс мубаддал кунанд. Афзун бар ин, ширкати жопунии Фуҷитсу (Fujitsu) муддаъӣ шудааст, ки дар соли 2002 дастгоҳеро бо ҳамин ном (ОйПад) тавлид карда буд ва молики ин ном онҳо ҳастанд.
Аммо аз ҷумлаи эродҳое, ки аз дастгоҳи ҷадиди Апел гирифта шуда, яке ин аст, ки дар ОйПад намешавад нармафзори Adobe Flash-ро ба кор гирифт, дар ҳоле ки бисёре аз наворҳои видеуӣ бо истифода аз ҳамин нармафзор пахш мешавад.
Ва ин воқеъият, ки дастгоҳи ОйПад дурбини аккосию филмбардорӣ надорад, аз нигоҳи мунтақидон, бар нуқоти заъфи ин дастгоҳ меафзояд. Дигар ин ки корти ҳофиза ё SIM-card-и ОйПад худвижа аст, бо ин ки андозаи дастгоҳ ба ҳадде бузург ҳаст, ки гунҷоиши корти ҳофизаи маъмулиро дошта бошад.
Вобастагии ОйПад ба ОйТйун барои пахши мусиқӣ ҳам аз ҷумлаи нуқоти заъфи дастгоҳ арзёбӣ мешавад. Масалан, агар шумо бихоҳед як оҳангро аз пойгоҳе дигар пахш кунед, муяссар нест. Мунтақидон ботрӣ (батарей)-и мунҳасир ба фарди ОйПад, бо қудрати даҳ соъат пахши паиҳам ва сафҳаи ҳассоси қодир ба ташхиси чанд ламс дар они воҳидро аз ҷумлаи нуқоти қуввати ОйПад медонанд. Аммо боз ҳам меафзоянд, ки сафҳаи ОйФун (iPhone) ҳам тавоноии ташхиси чанд ламс дар они воҳидро дорад ва ин мушаххаса дигар шигифтангез нест.
ОйПад ба унвони як китобхони диҷитол ҳам зери заррабин рафта ва ба бовари бархе аз донандагони фан, аз салафи худ - Киндел пешӣ нагирифтааст.
Бархе мегӯянд, ки ОйПад метавонад муштариёни вафодори худро пайдо кунад, аммо ба унвони як китобхони диҷитол Киндел аз вижагиҳои бартаре бархурдор аст. Тафовути умда миёни сафҳаҳои ду дастгоҳ аст. Сафҳаи намоиши ОйПад ҳамеша равшан аст ва нури он метавонад чашмони хонандаро зуд хаста кунад. Албатта, истифода аз як чунин дастгоҳе дар утоқе торик беҳтар аз Киндел аст, аммо дар соъоти рӯз истифода аз китобхони диҷитоли ОйПад метавонад тавонфарсо бошад. Дар ҳоле ки дастгоҳи Киндел худафрӯз нест ва аз ин лиҳоз ба сафҳаи рӯзнома ё китоб шабоҳати бештар дорад ва чашми хонандаро намеозорад.Тафовути умдаи дигар дар китобфурӯшиҳои маҷозии ин дастгоҳҳост. ОйПад бойгонии қобили мулоҳизае аз китоб фароҳам овардааст, аммо шояд дар ҳоли ҳозир он бо бойгонии Омозун (Amazon) қобили муқоиса набошад. Омозун дар арзаи китоб бамаротиб озмудатар аз ширкати Апел аст. Афзун бар ин, истифода аз китобфурӯшии ОйПад дар ҳоли ҳозир ҳаққи инҳисории афроди муқими Омрикост ва ба дигар кишварҳои ҷаҳон таъмим наёфтааст. Албатта, пас аз моҳи март, ки дастгоҳи ОйПад вориди кишварҳои дигар ҳам шуд, шояд ин маҳдудият лағв шавад.
Ба ҳар рӯй, ОйПад ҳанӯз бисёр ҷавон аст ва сарнавишти он қобили пешгӯӣ нест.
Гузориши тасвирӣ:
Labels:
business,
more,
science,
technology,
World
Tuesday, December 08, 2009
Forced charity is theft, not charity
Накӯкорӣ иҷборӣ намешавад
(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)
Дар кишварҳои мустабид ҳар коре аз роҳи зӯру таъаддию иҷбор анҷом мегирад. Ҳатто корҳои хайру савоб. Гӯё ба гумони бархе, ки зимоми умурро дар даст доранд, мардум забони дигарро намефаҳманд ва зӯру фишор танҳо василаи баёну такаллум бо онҳост. Дар кишварҳои пешрафта ҳатто кӯдакро ба анҷоми коре - ҳатто агар савоб бошад - водор намекунанд, балки мекӯшанд аз роҳи тафҳиму тавзеҳи мантиқӣ ӯро ба анҷоми он кори накӯ мутақоъид кунанд. Чун водоштани кӯдак аз роҳи зӯру фишор ҷурм маҳсуб мешавад.
Дар Тоҷикистон саранҷом тасмим гирифтаанд нерӯгоҳи обии Роғунро бо сармояи худӣ бисозанд. Ба ростӣ, бунёди ин нерӯгоҳ ба рағми ҳасодату рақобати ҳамсоягони норафиқ гиреҳи мушкилоти фаровонеро барои мардуми кишвар боз хоҳад кард. Афзун бар равшанию гармии хонаҳо дар чаҳор фасли сол, барқ ба сармояи умдаи кишвар табдил хоҳад шуд ва судури он хизонаи давлатро пур хоҳад кард ва дар сурати истифодаи беҳина аз даромади он кишварро аз хоки фақру бенавоӣ ба маснади дороӣ хоҳад нишонд. Аммо наҳваи тақозои мақомот аз мардум барои мушорикат дар анҷоми ин тарҳ носавоб аст.
Барои анҷоми марҳилаи нахусти сохтмони ин нерӯгоҳи ғулосо мақомот мехоҳанд аз мардум 600 милюн дулор бирӯёнанд. Торнамо (сайт)-и раёсати ҷумҳурӣ зимни эъломи ин хабар навишт: "Ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, ғайр аз оилаҳои камбизоъат, бояд бо маблағи на камтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кунад." Вожаи “бояд” дар таркиби ҷумлаи боло танҳо дар кишварҳои мустабид ба кор меравад. Вагарна, агар қарор аст мардум кори хайре анҷом диҳанд, иҷоза бифармоед, ки маблағи он садақаро худашон таъйин кунанд. Ва эъломи як чунин тақозо дар кишваре, ки бино ба омори расмӣ, 53 дарсади ҷамъияташ фақир ба шумор меоянд, чизе ҷуз зулму ситами фоҳиш нест. Ва агар қарор нест мардум ба пардохти он маблағ водор шаванд, маблағи мавриди назар ҳосил нахоҳад шуд.
Раисҷумҳур Раҳмон ҳам ҷумлаи мушобеҳеро дар ҷараёни дидораш аз устони Суғд ба забон ронд ва афзуд, ки “соҳибкорону сарватмандони кишвар бояд бо маблағҳои калон саҳмия харанд.” Дар кишваре, ки миёнгини даромади сарвари хонавода чизе ҳудуди 260 сомонӣ аст, интизори дарёфти 3000 сомонӣ таваққуъи газофест. Ба вижа ин ки шояд он сарвари хонавода соли 1996 ҳам водор ба хариди саҳоми Сангтӯда-1 шуда буд ва акнун бо гузашти 13 сол аз сарнавишти саҳомаш хабаре надорад. Дар чунин корҳо эътимодсозӣ нақши умдаро дорад, ки зоҳиран нодида гирифта шудааст.
Албатта, дар нишасти Шӯрои Ҷамъиятӣ, ки рӯзи 4 декабр баргузор шуд, Э. Раҳмон тасреҳ кард, ки харидории саҳоми нерӯгоҳи Роғун иҷборӣ нест. Аммо дар ҳамон нишаст ҳам ӯ ибрози умедворӣ кард, ки ба таври миёнгин (мутавассит) ҳудуди як милюн хонавода саҳоми нерӯгоҳро бо арзиши 5000 сомонӣ хоҳанд харид. Раисиҷумҳур зимни таъкид ба ин нукта, ки харидории саҳом “довталабона” аст, ҳатто шумори ононеро таъйин кард, ки метавонанд ин саҳомро нахаранд: 300 ҳазор хонавода. Намешавад ҳам ба наъл кӯбиду ҳам ба мех. Агар ин иқдом “довталабона” аст, таъйини теъдоди хонаводаҳое, ки аз харидории саҳом маъофанд, маънӣ надорад. Он ҳам дар кишваре, ки “умедворӣ”-и раҳбари он ҳамеша фармон ё дастури ӯ талаққӣ мешавад ва маъмурони иҷрои он бедиранг дастбакор мешаванд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин бахш аз суханони раисиҷумҳур, ки “соҳибкорону сарватмандони кишвар бояд бо маблағҳои калон саҳмия бихаранд”, бисёре чашм ба ахбор дӯхтаанд, то бибинанд, ки аз ҷайби сарватмандони ростин чи пуле ба сандуқи Роғун ворез хоҳад шуд. Барои ҳама ҷолиб аст бидонанд, ки масалан, худи Э. Раҳмон ва хонаводаи сарватмандаш чанд дарсад аз дороиашонро ба ҳисоби нерӯгоҳи Роғун мунтақил хоҳанд кард ва барои дигарон намунаи ибрат хоҳанд шуд. Пешгомӣ дар амри хайр савоби бештаре дорад.
Тамоми ин гуфтаҳо дар “Ногуфтаниҳо” ба маънои мунсариф кардани мардум аз мушорикат дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун нест. Сохтмони ин нерӯгоҳ барои сарзамини мо аҳамияти ҳаётӣ дорад ва саҳм гирифтан дар он вазифаи виждонии фарзандони ин обу хок аст. Аммо ҳеч коре набояд аз роҳи тавҳин ба шуъури миллат ва барда пиндоштани он сурат бигирад. Кори хайр, агар довталабона аст, бигзоред довталабона бимонад.
Мо, иддае аз порсигӯёни бурунмарзй ҳам дар ҳоли ҷамъоварии кумак барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳастем. Ҳеч кадом саҳоме намехоҳем ва танҳо хостаи мо бениёзии мардуми Тоҷикистон дар арсаи энержист. Аммо ин иқдоми мо на бо даъвати давлати Тоҷикистон, балки ба нишони ҳамраъйӣ бо мардуми он сурат мегирад, ки ба барқи Роғун ниёзи мубрам доранд. Роғун акнун чун як ормони миллӣ тоҷиконро перомуни худ фаро овардааст. Бегумон ҳар фарзанди ин сарзамин, ки аз ранҷҳои он огоҳ аст, дар ҳадди тавони худ дар сохтмони нерӯгоҳ саҳм хоҳад гирифт. Агар раҳбарони кишвар ҳам ҳадди тавони худро бисанҷанд, бегумон ин нерӯгоҳ сохта хоҳад шуд. Магар нагуфтаанд, ки “дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора нест”?

Tuesday, June 09, 2009
Poll: To Work in Arabia or Not to Work
Оё фиристодани 2000 коргари точик ба Арабистон ба манфиъати Точикистон аст?
Оре 2 (11%)
На 13 (72%)
Шояд 2 (11%)
Намедонам 1 (5%)
Votes so far: 18
Poll closed
Оре 2 (11%)
На 13 (72%)
Шояд 2 (11%)
Намедонам 1 (5%)
Votes so far: 18
Poll closed
Labels:
Arabs,
business,
polls,
Tajikistan
Tuesday, May 26, 2009
Welcome to Saudi Arabia!
Ахлан ва сахлан! Ураххиби бикум фи-л-Мамлакат-ул-Ъарабият-ус-Суъудия! Ба Арабистони Саъудй, бузургтарин кишвари нимчазираи араб, махди ислому чойгохи мукаддастарин шахрхои ин ойин, ба сарзамини харамайни-ш-шарифайн, ба бузургтарин кишвари содиркунандаи нафти чахон ва аз наздиктарин муттахидони Иёлоти Муттахидаи Омрико хуш омадед. Ба кишваре, ки ахолии дорояш хавсалаи кори сиёхро надоранд ва аз хорич муздур меоваранд, то корхои содаро барояшон анчом диханд.
То ин чои тавсифи мо аз Арабистон навмедкунанда набуд. Дар вокеъ, солиёна милюнхо тан ранчи сафар ба ин кишварро ба чон мепазиранд, то ба хокбуси Маккаву Мадина мушарраф шаванд. Ва бо ин милюнхо тан милёрдхо дулор ба ин пора аз сахрои араб сарозер мешавад ва тадричан сахроро ба боге пуррангу пуроб мубаддал мекунад. Арабхо мустахакканд, ки хамаруза даххо бор ба Мухаммаду оли Мухаммад салавот бифиристанд, ки сахрояшонро ба гулистон табдил кардаанд.
Хичрат ба хостгохи солшумории хичрй
Карор аст ба зудй ду хазор тан аз хаммеханони мо ба чамъи сокинони Арабистон бипайванданд ва аз неъмати зиндагй дар хостгохи ислом бахравар шаванд. Хабаргузорихои дуру наздик аз чараёни сафари Хамроххон Зарифй – вазири хоричаи Точикистон ба Арабистон ин навидро мунташир карданд, ки таи чанд мохи оянда садхо тан аз мухочирони бозгаштаи бекори точик метавонанд рахли гурбати худро дар Арабистон биафкананд.
Русияву Казокистон, ки дар ин рузхо бо бухрони молии фарогир дасту панча нарм мекунанд, аз боз пазируфтани шумори бисёре аз мухочирони кории точик маъзуранд. Дар натича микдори пуле, ки аз хорич ба Точикистон ворез мешуд, кохиш ёфт ва макомот мутаваччех шуданд, ки барои хаммеханони бекори мо бояд чои коре мухайё кард, то заминаи ошубе ичтимоъй фарохам нашавад. Чун хамеша чашми макомот аз даруни кишвар ба берун лагзид ва халли муъамморо ин бор дар Арабистон чустанд.
Албатта, ин мавзуъ чандон тоза нест. Мохи нувомбр (ноябр)-и соли гузашта буд, ки вазорати кишвар ё дохилаи Точикистон хабари дархости Арабистон мабнй бар фиристодани 2000 мухочири корй ба он кишварро эълом кард. Гуфта мешуд, ки арабхо ба мардони точик барои ронандагй ва ба занони точик барои хидматкорй дар хонахояшон ниёз доранд. Диловар Шоматов, аз кормандони вазорати кор, дар гуфтугу бо родю Озодй гуфта буд:
«Ин масъала ҳал шудагӣ аст, фақат фиристодани одамон мондааст. Касе мехоҳад, марҳамат, ба хадамоти муҳоҷират муроҷиат кунад».
Баргардони «хал шудагй аст» дар баёни он око чизе ба монанди «сиди, не рыпайся» ба забони русй буд. Чун шуморе аз фаъъолони сиёсию ичтимоъй ва мазхабй ба ин мавзуъ эътироз карда буданд.
Вокеъиятхои хичрат
Дар хамон рузхо Маъсуми Мухаммадрачаб аз кавли Шайх Муслихиддин дар Хучанд чунин гузориш дода буд:
«Зан, ки рафт, фасодкориву ҳама корҳо мешавад. Ман дар Маккаи Мукаррама, дар Ҷидда, дар Риёз будам… Он занҳое, ки аз Бангладеш, Ҳиндустон ва аз кишварҳои пешрафтаи Малайзияву Индонезия дар онҷо кор мекунанд, духтарони 18–25-сола, ҳамин қадар хор ҳастанд, он қадар ҳаққи паст доранд ки… Мебаранд, кор мефармоянд, дигар муомилаҳоша гуфта намешавад… Индонезиву малайзиягиҳо занҳоро мебаранд, ба хонаҳои арабҳо тақсим мекунанд, вале вай ягон ҳуқуқ надорад. Танҳо кор мекунад, ҳомиладор, ки шуд, бароварда гусел мекунанд…»
Мешавад суханони шайхро ба махаки санчишу арзёбй зад ва дарёфт, ки ин хам сухани наве нест.
Дар тобистони соли 2004 буд, ки созмони Дидбони Хукуки Башар гузорише зери унвони «Бахракашй ва озори коргарони мухочир дар Арабистони Саъудй» чоп кард ва дар он табли расвоии Арабистонро навохт.
Бино ба он гузориш, коргарони хоричй дар он кишвар хамаруза бо хатари шиканча шудан ва додани эътирофоти дуругин ва хатто бо хатари хатки номус рубаруанд. Хоричихое, ки ба хар далеле дар он кишвар боздошт мешаванд, хакки тамос бо намояндагихои диплумотики кишварашонро надоранд ва шиканча мешаванд, то эътирофномахоеро имзо кунанд, ки забонашро намефахманд.
Дар ин гузориш аз чанд мавриди эъдоми хоричихо дар чубахои дор ёд шудааст. Хешовандони он коргарони хоричй танхо пас аз катли онхо аз сарнавишти талхашон огох шудаанд. Соро Витсун (Sarah Whitson), мудири омили Дидбони Хукуки Башар дар умури Ховари Миёна ва шимоли Офрико гуфта буд, ки шумори курбониёни аъмоли макомоти саъудй бештар аз теъдоди курбониёни бегунохи амалиёти теруристй аст.
Дар идомаи суханони Соро Витсун омадааст:
«Мо мардону занонеро дидем, ки дар шароите хамонанди шароити бардагй зиндагй мекарданд. Бо кашфи хар як аз ин мавридхо бехтар мутаваччех мешудем, ки макомоти саъудй азияту озори муназзами коргарони хоричиро нодида мегиранд.»
"Обистании гайриконунй"
Бино ба хамин гузориши Дидбони Хукуки Башар, худуди 300 зан аз Хиндустону Сри Лонкову Филипин 12 соъат дар руз, шаш руз дар хафта, бемористонхои Чиддаро тамиз мекардаанд. Дар поёни рузи корй онхо ба як хобгохи пуродам мунтакил мешуданд, ки дар хар утоки кучакаш 14 зан канори хам мехобиданд. Дари утокхо аз берун баста мешуд ва занхо ичоза надоштанд берун бираванд. Онхо мачбур буданд то поёни муддати эътибори карордодашон, ки ду ё сесола буд, ин шароитро тахаммул кунанд. Дар ин миён чахор тан аз занхо шикоят кардаанд, ки мавриди тачовуз ба номус тавассути корфармоёни арабашон карор гирифтаанд. Додгоххои Арабистон занхои обистанро барои «обистании гайриконунй» зиндонй кардаанд ва суроги мардхои мутачовизро нагирифтаанд.
Вобаста ба неруи бегона
Як севуми чамъияти 27-милюнии Арабистонро коргарони хоричй ташкил медиханд. Сарфи назар аз сиёсати «саъудисозй» ё Saudiization-и давлати салтанатии Арабистон саноеъи ин кишвар хамчунон ба воридоти коргарони хоричй вобаста аст. 95 дарсади коргарони бахши хусусии Арабистон хоричианд, чун чавонони саъудй, ки маъмулан аз хонаводахои дороанд, майл надоранд дасташонро ба гарду хоки сохтмонсозй ва полоишгоххои нафт бизананд ва тарчех медиханд бекор бимонанд. Дар натича, бино ба додахои Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико(CIA), худуди 9 дарсади чамъияти чавону миёнсоли Арабистон бекоранд. Аммо манзур аз «чамъияти мустаъидди кор» дар он кишвари суннатй танхо мардонанд. Занхо ба шумор намеоянд.
Занхо дар ин кишвар то хамин чанд сол пеш шиноснома хам надоштанд ва дар саршуморихои он ба хисоб намеомаданд. Дар нахустин интихоботи шурохои шахр, ки соли 2005 баргузор шуд, танхо мардхо раъй доданд. Аммо нисфи аъзои шурохои шахрро хам, ба монанди мачлиси миллй, низоми салтанатии Арабистон таъйин мекунад.
Арабистон як кишвари нафтист ва иктисоди он руи хубоби нафтй устувор аст. 80 дарсади будчаи давлатии онро даромадхои нафтй ташкил медихад ва сукути бахои нафт дар дахаи 1990 боъис шуд, ки иктисоди Арабистон ба хок бинишинад. Ба дунболи он корфармоёни араб тарчех доданд шумори бештари кори хоричии арзонро вориди кишвар кунанд, чун чамъияти махаллй хозир нест дар баробари дастмузди поин барояшон кор кунад. Имруза худуди нух милюн хоричй дар ин кишвар сукно гузидаанд, ки голибашон аз Хинду Покистону Банглодешу Филипин хастанд.
Дар тозатарин баррасии Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико (CIA) аз вазъияти коргарони хоричй дар Арабистон мехонем:
«Бештари коргароне, ки ба Арабистони Саъудй мухочират мекунанд, асолатан аз чануб ва чануби шарки Осиёанд. Онхо маъмулан мавриди бардагии гайриихтиёрй карор мегиранд ва ба таври чисмию чинсй озор мебинанд, дастмуздашон пардохт намешавад, махбус мешаванд ва корфармоён шиносномахояшон мусодира мекунанд, ба гунае, ки онхо озодии рафту омад дар кишварро надошта бошанд; ба вижа коргарони хонагй осебпазиранд, чун онхо дар хонахо махбус мешаванд ва имкон надоранд аз касе кумак бихоханд.»
Бино ба хамин санад, ба Арабистони Саъудй хамасола садхо кудаки ничериёйи, яманй, покистонй, афгон, молиёйи ва судонй кочок мешаванд, то дар хиёбонхо гадойи кунанд; хамчунин гузориш шудааст, ки бархе аз занони ничериёйи барои бахракашии чинсии тичорй ба Арабистон кочок шудаанд.
Бардафурушии мудерн
Пас аз хондани ин додахо хабари мухочирати кории 2000 шахрванди Точикистон ба Арабистон хабари шуме ба назар мерасад. Бародарам Ботур Косимй дар яке аз навиштахои худ аз он нохушнуд аст, ки давлати мо барои мукобила бо ходисахои табиъии ахир аз кишвархои хамсоя ёрй хостааст ва «душмани шумораи яки Точикистон» хам тамасхуромез ба ин дархост посух додааст.
Бо Ботур мувофикам ва тангдастии давлат дар рафъи паёмадхои як ходисаи табиъиро нангин медонам. Вале гадойи аз давлати палиду манхусе чун Арабистонро нангинтар мебинам. Вуруди 2000 муздури точик ба хоки он кишвар огози хатки номуси миллати точик дар он сарзамин аст. Бегонагии забонй ва фархангй бо арабхо заминасози бадбахтихои точикон дар он сомон хохад буд ва мухри нангу нафратро хар чи мухкамтар бар пешонии давлати мо хохад кубид.
Гадоии тамомъайёри макомоти точик аз арабхои саъудй дар заминаи энержй хам ошкор буд. Дар холе ки макомоти араб аланан нишон медоданд, ки моил ба баррасии мавзуъи сармоягузорй дар арсаи энержии Точикистон нестанд, сарварони мо бо чидду чахд ваъдахои газофе медоданду талош мекарданд сели динори арабиро ба кишвар равона кунанд. Гофил аз ин ки арабхо дусти Омрикоанд ва агар бихоханд суде хосил кунанд, бояд дастикам суди хаштракамй бошад, на шашракамй.
Дустии Омрико бо Арабистон хам рози нихоне нест. Пайвандгари ин дустй нафт аст. Ва хатто номи ширкати давлатии нафти Арабистон, ки соли 1980 тавассути давлати он кишвар харидорй шуд, хамчунон ArAmCo (Arab-American Company) аст. Ва то замони бурузи нооромихо, ки чахонро дар худ балъид, то соли 2003, Омрико дар Арабистон пойгохи низомии густардае дошт. Ин ки Омрико аз накзи хукуки башар дар Арабистон забон барбастааст, ба суде бармегардад, ки Вошингтун аз карордодхои нафтиаш аз ин кишвар дарёфт мекунад.
Тавофуки Зарифй бо шахзодахои араб дар бораи фиристодани 2000 точик ба Арабистонро навъе бардафурушии мудерн медонам. Дар гузашта бардахоро аз хар навъу миллате дар бозорхои вижа мехариданд. Акнун ин иттифок пушти мизхои гуфтушунуди диплумотик меуфтад. Дар ин руйдоди бахусус Точикистон дар накши бардафуруш ва Арабистон ба унвони бардадор хуб чилва карданд.
Мо факат хафт милюн танем. Ва давлате, ки аз мо намояндагй мекунад, нишон додааст, ки тавоноии нигахдорй аз хафт милюн танро надорад ва хатто мувофик аст, ки моро ба кишвархои дигар ба кимати ночизе бифурушад. 600 дулоре, ки дар Арабистон карор аст ба точикхо бидиханд, бахши ночизе аз пулест, ки як араби нодор мохиёна дарёфт мекунад. Аз ин ру худи арабхо хозир нестанд он шуглро бипазиранд. Пас номи он шуглро чи чизе мешавад гузошт гайр аз гадоию бардагй?
Оё давлат хозир аст масъулияти хамаи балохоеро, ки карор аст ба сари хаммеханони мо дар сарзамини араб биёяд, бипазирад? Оё дар ин бора хам санади вижае имзо шудааст?
Давлате, ки натавонист барои мардуми худ дар даруни кишвар шугл биофаринаду кор эчод кунад, давлате, ки мардуми худро ба хоричихо фурухт, дигар давлати миллй ба шумор намеояд. Ё бояд аз худ давлате миллй бисозад ё аз дарун бисузад ва ба давлате миллй мачоли зухур дихад.
"Мамлакат-ул-Ъарабият-ут-Точикия!"
Ва агар мачоли зухур ба давлате мардумй дода нашавад ё давлати кунунй хую хилкати бардаворашро бознигарй накунад, фардо бисёр дер хохад шуд. Фиристодани неруи корй ба кишвари вопасмондаи зехние чун Арабистон фардо барои ин давлат мушкилоти басо бузургтарро ба бор хохад овард.
Он чи то кунун аз андешаи сангвораии арабй дар шакли вахобияту салафия вориди кишвари мо шуда, он гох нахустин гулхои бахор, ё дар вокеъ, нахустин баргхои зарди поиз (тирамох) хохад буд.
Бегумон шуморе аз ин бардагони мудерн дар миёни бисоти сафари худ хиёлоти захрогини иртичоъи арабиро низ бо худ ба Точикистон хоханд овард ва салафияву вахобият Точикистонро ба сутух хохад овард. Ин иттифокест, ки бо кишвархое чун Индунезй ва Молдив уфтод.
То кунун хеч макоми араби саъудй ба хеч фарди бегонае кумак накардааст, магар ин ки тафаккури барбаронаи уро бипазирад ва дар хайъати як вахобй бозофаринй шавад. Шояд он вакт макомоти мо мачбур бишаванд бигуянд: "Ураххиби бикум фи-л-Мамлакат-ул-Ъарабият-ут-Точикия!"
Дар акс: Малик Абдуллох, фармонравои Арабистони Саъудй ва сарвари давлате, ки борхо дар арсаи байнулмилалй муттахам ба фасод шудааст. Зимнан, бар пояи чадвале, ки мачаллаи Economist чоп карда, кишвари ин око нухумин кишвари худкомаи чахон аст. Зохиран Economist ба ин муттахиди Омрико хеле лутф карда, вагарна истеъдоди кашида шудан ба макоми нахустро хам дорад.
Labels:
Arabs,
business,
Tajikistan,
World
Thursday, April 16, 2009
Also Sprach Rahman (Thus Spoke Rahman)
Чунин гуфт РахмонРузи чахоршанбе, 15 оврил (апрел), бисёре аз шахрвандони Точикистон аз сарварони муассисоту корхонахои худ дастур гирифтанд, ки суханронии солонаи раисичумхурй Эмомъалии Рахмонро аз огоз то ба поён ба гуши чон бисупоранд.
Дар ин суханронй, ки дар толори порлумон хитоб ба намояндагони хар ду мачлис, аъзои давлат ва намояндагони кишри равшанфикр эрод шуд, Рахмон частаву гурехта ба тайфи густардае аз мавзуъхо, аз бухрони молии чахонй гирифта то манобеъи энержй ва зарурати сарфачуйи, Имоми Аъзам ва конуни нави дин, конуни забон, омузишу парвариш, пизишкй, интихоботи саросарии соли оянда ва пунбачинй нохун зад.
Торнамои родю Озодй нимрузи имруз (15.04.09 ба вакти Фарангистон) фишурдае аз ин суханрониро зери унвоне шабехи «Химояти Рахмон аз Конуни дин» мунташир кард, аммо пас аз чанд соъат ин унвонро ба «Президент шаффофияти интихоботро кафолат дод» тагйир дод. Унвони баргузидаи торнамои Би Би Си хунсо, фарогиртар, хирфаитар ва орй аз бори маъноии манфй ё мусбат буд («Паёми Эмомалй Рахмон ба порлумон») ва ниёзе хам ба дасткории сонавй надошт.
Аммо он чи мухимтар аст, магзи суханони раис аст.
Чайбхои пуландуд ва мардуми пурандух
Сарфачуйи сухани писандида аст. Ба вижа барои кишвари нодоре чун Точикистон. Аммо басе писандидатар хохад буд агар гуяндаи он суханони гарро худ аз гуфтахояш пайравй мекард ва аз хачми харочот ва дастмузди мохонаи хангуфташ мекост ва зиндагии дарвешонаеро ихтиёр мекард ва барномахои пуртумтурокеро барои бузургдошти ину он, ки садхо сол пеш даргузаштаанд, барпо намекард ва мучассамахои дугона барои касе намесохт ва солона даххо бор ба ин вару он вар парвоз намекард ва...
Мардуме, ки дар зери бори озори иктисодй куфтаву лех шудаанд, то кунун то хадди тавони худ сарфачуйи кардаанд, чун тавони пардохти хазинае бештар аз мухтавои чайбашонро надоранд. Он чайбхои омосида (варамида)-и пуландуданд, ки ниёз ба хушдор доранд. На чайбхои такидаи авом.
Бехтар мебуд агар раиси суханвар худ намунае барои дигарон мешуд ва пеш аз хама аз шумори коххои бешумораш мекост ва бо як кулбаи маъмулй иктифо мекард ва он кулбаро бо ду-се ломпи каммасрафи мавриди тавсияаш мунаввар мекард. Аз ин рох метавонист хам ба дили мардуми одй рох ёбад, хам дарсе ба дигарон бидихад ва марчаъи таклиди хамагон шавад.
Касе, ки аз мардум мехохад дар масрафи дороихо мухтоттар бошанд, хамон касест, ки хар солро бо номи бузургворе музайян мефармояд ва ба ин бахона садхо хазор сомонй дар коми семинорхову кунсертхову дабдабаву кабкабаи бехуда ва голибан бенатича хадар меравад.
Ба гуфтаи Рахмон, карор аст дар кашкули гадоии кишварамон микдоре садакаи тоза бирезад: 280 милюн сомонй аз кишвархои дихишгар (кумаккунанда) ва 300 милюн сомонй аз Сандуки Байнулмилалии Пул. Аммо равшан нест, ки фардо ин дарюзаро чи гуна бозпардохт хохем кард ва ин ки то кучо аз ин пулхо истифодаи хадафманд сурат хохад гирифт. Оё замонате хаст, ки фардо як “Ernst & Young”-и дигар табли расвоии макомоти фосиди кишвари моро нахохад навохт? Чи рохнамуде барои духтани чайбхои бетахи он макомот дода шуд? Хеч.
Дунёву ухрои Рахмон
Аммо яке дигар аз масоили доги кишвар, ки маъмулан аз масоили доги кишвархои вопасмонда аст, аз калами Рахмон науфтод: мазхаб. Вале суханони раис ин муъамморо хам нагушуд, ки билохира кишвари мо гайримазхабист ё мазхабй. Агар гайримазхабй ё секулор аст, пас иборати «дину мазхаби расмй» дар конуни тозатахрири «озодии виждон» чи кор мекунад? Рахмон гуфт:
Бо арзи эҳтиром ба иродаи мардуми кишварамон бори дигар дахлнопазирии асосҳои конститутсионии давлати мо – соҳибистиқлолӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявиятро таъкид намуда, бо қатъият изҳор менамоям, ки мо аз ин роҳи интихобкардаи худ барнамегардем
Ин ки ин низом тагйир хохад кард ё на, кобили пешбинй нест. Эрони гайримазхабии пешинро бибин. Аммо кишваре, ки барои худ “дини расмй” коил мешавад, аз раддаи кишвархои гайримазхабй ба таври худкор ронда мешавад. Харфи хисоби окои Химматзода хам хамин буд, ки эхтимолан ба кимати курсии намояндагиаш дар порлумон тамом хохад шуд. У мегуфт, ибороти “давлати дунявй” ва “накши шохаи ханафии ислом” дар матни “Конуни озодии виждон” бо хам мунофот доранд. Посухи Рахмон ба ин эътирозхо ин буд, ки бо таваччух ба 99 дарсад чамъияти мусалмони кишвар арч гузоштан ба ислом як амри мукаррарист.
Пеш аз хама кй ин итминонро ба у додааст, ки 99 дарсади чамъияти кишвар мусалмонанд? Сониян, кй метавонад ин дуругро собит кунад, ки хамаи ин, бар фарз, 99 дарсад мусалмони суннии ханафианд? Оё карор аст аст пайравони мазхаби исмоъилияро, ки сокини бузургтарин устони Точикистонанд, расман ба шахрвандони дарачаи дувум табдил кунем? Ва бо он хама точиконе, ки бо истифода аз хакки озодии виждон дину ойинхои дигарро пазируфтаанд, то бо худои худ бошанд, чй бояд кард?
Дар таърифи иборати “давлати гайримазхабй ё дунявй” дар донишномаи Wikipedia мехонем:
A secular state is a state or country that is officially neutral in matters of religion, neither supporting nor opposing any particular religious beliefs or practices. A secular state also treats all its citizens equally regardless of religion, and does not give preferential treatment for a citizen from a particular religion over other religions. Most often it has no state religion or equivalent. If there is a state religion, this should have only a symbolic meaning, not affecting the ordinary life of its citizens, and especially not making any distinction based on someone's religion.
“Давлати гайримазхабй давлат ё кишварест, ки расман дар баробари дин мавзеъи хунсо ё бетарафонаро иттихоз кардааст ва аз хеч дини бахусусе химоят намекунад ва бо хеч дине сари ситез хам надорад. Дар як кишвари гайримазхабй хамаи шахрвандон сарфи назар аз таъаллуки мазхабишон аз хукуки баробар бархурдоранд ва ба пайрави хеч дине арчахият дода намешавад. Дар аксари маворид як кишвари гайримазхабй дорои дини расмй ё давлатй ё муъодили он нест. Агар дар он кишвар дини расмй вучуд дошта бошад, он бояд танхо маънои намодин дошта бошад ва набояд бар зиндагии одии шахрвандонаш асар гузорад ва ба вижа бар мабнои таъаллуки мазхабии касе уро аз соири мардум мутамоиз донад.”
Вале агар бихохем барои кишварамон дини расмй коил шавем, ба унвони як кишвари секулор боястй дину ойинхои хамаи мардумони сокин дар он сарзамин расмй эълом шавад, то асли “адами тамоюз барои пайравони як дин ё ойини бахусус” риъоят шавад.
Ва хангоме давлат дар нахваи намозгузории шахрвандон дахолат мекунад ва махалли намозро мукаррар мекунад, казия чиддитар мешавад ва фосилаи мо аз мафхуми “давлати гайримазхабй” дуртар. Зеро ин дахолат мустакиман руи зиндагии мардуми диндори кишвар таъсир мегузорад ва давлатро ба як “дастгохи истибдоди мазхабй” табдил мекунад. Пас метавон иддаъо кард, ки бо имзои Конуни дин Рахмон дар вокеъ Точикистонро ба як давлати мазхабй табдил кард ва касе харидори суханони зидду накизи у нахохад буд. Аз хамин холо кишвархои гарбй дар бораи ин конун ва махдудиятхое, ки он эъмол мекунад, изхори нигаронй кардаанд.
Тазмину хушдори Рахмон
Зимни ин суханронй Рахмон як замонат дод. У тазмин кард, ки интихоботи саросарии соли ояндаи мелодй шаффофу озоду мунсифона хохад буд. Аммо оё дар тули торихи сарзаминамон ва ба вижа дар давраи басо тулонии хусравии Рахмон мо дастикам як мавриди интихоботи мунсифонаро дидаем, ки ба ин ваъда бовар кунем? Ба вижа хушдори Рахмон дар мавриди пархез аз “нуфузи хомиён ва сармоягузорони хоричй” ин пиндорро таквият мекунад, ки интихоботи оянда аз интихоботи гузашта тафовути чандоне нахохад дошт. Чун мафхуми “нуфузи хомиён ва сармоягузорони хоричй” хеле кашдору васеъ аст ва онро метавон хар гуна таъбир кард ва гуруххои мухталиферо зери хамин иттихом ба курсии муттахам нишонд.
Падруд, пахтазор!
Шояд малмустарин мавриди мусбати ин суханронй мамнуъияти чалби кудакон ба бегорй (кори бедаромад) дар мазраъахои пунба буд. Тоза чаноб мутаваччех шудаанд, ки тачрубаи бахракашй аз кудакон дар пунбазорхо барои омузишу бехдошти онхо паёмадхои ногуворе доштааст. Дар вокеъ, солхост, ки созмонхои байнулмилалй давлати Точикистонро ба хотири хифзи ин тачрубаи чомеъаи ибтидойи сарзаниш кардаанд. Орзумандам, ки шиъори бемухтавои “Пахтачон, пахта!” аз лабхои кудакони мо барои хамеша зудуда шавад ва зехнхои онхо аз омузахои судманд анбошта гардад, то дар оянда рахбарони окилтаре аз миёни онхо кад алам кунанд.
Labels:
business,
politics,
Rahman,
Tajikistan
Thursday, February 12, 2009
ICG: Tajikistan: On the Road to Failure
«Точикистон: ру ба шикаст»
Душанбе/Бруксел, 12 февриеи 2009: Точикистон на танхо ба бору ё деворе дар баробари нуфузи хушунат аз Афгонистон намемонад, балки ба таври рузафзун ба хамсояи чанубии худ шабех мешавад – давлате заъиф, ки аз нокомии рахбарй дар азоб аст.
«Точикистон: ру ба шикаст» тозатарин гузориши Гурухи Бухрони Байнулмилалист, ки мегуяд, бидуни ислохоти фарогир барои мукобила бо мушкилоти марбут ба амнияти гизойи, зерсохтхои энержй ва фасод, режими раисичумхур Рахмон дар маърази хатари фурупошй карор дорад.
Пол Квин-Чоч (Paul Quinn-Judgе), мудири барномаи Осиёи Миёнаи Гурухи Бухрон мегуяд: «Рахбарони Точикистон ба вузух эхсос мекунанд, ки хар навъ ислохоте боъиси аз даст додани кудрат хохад шуд. Аслан ба назар намеояд, ки тахти рахбарии раисичумхур Рахмон бехбуде иттифок биуфтад.»
То чанде пеш нисфи неруи кории Точикистон дар хорич аз кишвар кор мекарданд. Мухочирати корй на танхо рохи халоси осоне барои рахбарии голибан нокоромади кишвар буд. Он хамчунин (барои давлат) навъе амнияти сиёсй ба вучуд оварда буд, чун аъзои чавону пурэнержитари кишвар фурсатхои шуглй пайдо мекарданд ва тамоюле надоштанд, ки ба хиёбонхо бирезанду даст ба эътирозхои дастачамъй бизананд. Акнун дар паи бухрони иктисодии чахон фурсатхои шуглй дар Русия, Казокистон ва кишвархои дигар ру ба кохиш аст ва мухочирон ба хонахояшон бармегарданд.
Зерсохтхои кишвар, ки аз Шуравй ба мерос мондааст, ру ба фарсоиш аст ва зохиран рахбарии кишвар аслан намедонад, ки чи гуна бо як ришта бухронхои умдаи иктисодй ва ичтимоъй мукобила кунад. Дувумин зимистони паихам аст, ки бахши аъзаме аз кишвар аз неруи барк махрум аст.
Тавоноии чомеъаи байнулмилалй барои тагйири авзоъ дар Точикистон ба далели адами иттиход ва набуди алока (интерес) ба ин кишвар ё ноогохй аз мушкилоти Точикистон дар марказхои чахон бисёр махдуд аст. Дар холе ки руйкарди хамоханги кудратхо ба мушкилоти ин кишвари кучак метавонад суди фаровоне дар пай дошта бошад ва аз бурузи мушкилоти бузургтар чилавгирй кунад.
Сарфи назар аз шиканандагии хам режим ва хам зерсохтхои кишвар давлати Иёлоти Муттахидаи Омрико ба вузух Точикистонро ба унвони шарики умдаи эхтимолии худ чихати эчоди масири нави тадорукотй барои нерухои эътилоф дар Афгонистон арзёбй мекунад. Аммо як давлати бекифояту фосиди ру ба завол авлавиятхои амниятии Гарб дар минтакаро ба хубй таъмин нахохад кард.
Роберт Темплер – мудири барномаи Осиёи Гурухи Бухрон хушдор медихад: «Рахмон накшеро анчом намедихад, ки кишвархои гарбй интизорашро доштанд – эчоди як давлати мудерн ва коро, ки битавонад дар баробари густариши ифротгаройи аз Афгонистон ва дигар бахшхои Осиёи Чанубй девори устуворе бошад. Вай (Рахмон) бо хадафи равшани аз байн бурдани мунтакидони дарунй ва берунй, ки олтернотивхои зистпазире доранд, зимни чараёнхои нопухта, аммо муассири азлу насбхои амдй ва мучозот фазои сиёсиро холй кардааст.»

Thursday, January 29, 2009
Rahman Falls from Favour
Об мехохй? Гоз бидех!
Хамин чанд мох пеш буд, ки Д. Медведйев – рахбари навпои Русия, ки ба салафи салтанатиаш тезор Никулой (Николай) монандии шигифтангези зохирй дорад, дар шахри Душанбе аз «хамдилии русхову точикхо» ва «пайванди танготанги миёни ду кишвар» доди сухан медод.
Вай дар дидори мохи ут (август)-и худ бо Эмомъалй Рахмон гуфт: «Мо хамкорони стротежики чиддй хастем ва бисёре аз умур дар сарнавишти мардумони мо ва чахон ва хамчунин сулху оромиш дар Осиёи Миёна то хадди зиёде вобаста ба амалиёти хамохангшудаи мост.»
Зохиран дар он лахзаи бахусус Медведйев тахти таъсири пазироии бошукухе буд, ки дар остонаи Кохи раёсати чумхурии Точикистон сурат гирифт: суфуфи муназзами афсарону сарбозони точик аз ду су рахбарони ду кишварро пешвоз гирифтанд ва сурудхои миллии ду кишвар гуши хомуши Душанберо барои муддате навохт.
Акнун ба назар мерасад, ки торихи масрафи он суханхои рахбари Русия ба сар расидааст.
Дар Самарканд хам такрибан хамон гуфтахои «самимона» аз дахони раисичумхурии рус садо дод, аммо ин бор дар бораи ишголгари сарзамини точикон – Узбакистон. Медведйев ба «дурр»-и каломи Темурланги Сонй гуши чон супурд ва таъйид кард, ки хеч кишвари минтака ичоза надорад бидуни машварат бо хамсоягонаш неругохи обй бисозад. Ва барои мухкамкорй таъкид хам кард, ки агар кишваре худсарона даст ба эхдоси як чунин неругохе бизанад, Русия аз ширкат дар он тарх худдорй хохад кард. «Худдорй» баёни сабуке аз «мумонеъат» аст. Дар вокеъ, манзури Медведйевро макомоти Точикистон бехтар дарёфтанд ва пас аз се руз диранг садои эътирозашон дар Маскав танин андохт.
Ин нахустин мавриди эътирози ошкори Вазорати хоричаи Точикистон ба суханони як рахбари Русия буд. Дар ёддошти эътирози Вазорати хоричаи мо омадааст, ки изхороти зидду накизи Медведйев онхоро «шигифтзада» кардааст. Аммо Русия, ки худро валии точикон дар хамаи умур ва давлати моро дастнишондаи вомдори худ медонад, бештар аз макомоти точик «шигифтзада» шуда буд. Ба гунае, ки билофосила дар рузномаи машкуки «Коммерсантъ» гузорише аз эхзори сафири Точикистон дар Маскав ва тавбихи лафзии у мунташир шуд. Хабаре, ки Сафорати Точикистон такзибаш кард, аммо рузномаи чопи Маскав хамчунон бар сиххати он пофишорй дорад. Холо кадом як ин чо сари мо кулох мегузорад? Худо донад.
Аз эътирози Вазорати хорича бояд химоят кард. Ин аз маъдуди корхои хайрест, ки ин ниходи давлати мо анчом додааст. Аммо ин эътироз басанда нест. Химояти кулли мардуми Точикистон аз тарххои зерсохтии кишварро бояд чалб кард, то хама бо як садо дар баробари Русияи «харомбоз» кад алам кунанду «хакки худро аз дахони шер» биситонанд.
Дар паи куштори Андичон дар соли 2005 ва наздикии мутаъокиби Узбакистон бо Русия макомоти гуш-ба-Маскави мо нигарон шуда буданд, ки акнун Русия чойгузини бехтареро барои шарокати стротежик дар Осиёи Миёна пайдо кардааст. Комилан возех буд, албатта, ва дарки ин мавзуъ акли Сукротро намехост. Аммо макомоти вакти рус ширае ба сару гуши макомоти мо молиданду дилдорй доданд, ки дар накшаи стротежики Русия чойгохи Точикистон бетагйир хохад монд ва точиконро нигаронй нашояд.
Омад ба сари Рахмон он чи ки метарсид. Арбобе, ки уро сари кудрат оварда буданд (русу узбак), акнун чомаро воруна ба тан кардаанд ва дили хуше аз у надоранд. Ба гунае, ки мумкин аст дидори мутараккибаи Рахмон бо Медведйев дар Маскав дар рузи 2 феврие (феврал) лагв шавад. Вазорати хоричаи Точикистон дар ин маврид изхори ноогохй мекунад. Дар холе ки Маскав ба сарохат мегуяд, ки мумкин аст он дидор сурат нагирад.
Русия чашми оз ба гози Узбакистон бастааст. Чи накшаи иктисодие бехтар аз ин ки Русия гозро ба кимати арзонтар аз узбакхо дарёфт кунад ва гози фаровони худро ба кимати сарсомовар ба урупоихои ниёзманд бифурушад! Дар ин миён Рахмон колое надорад, ки нисори «шарик»-и бособикааш кунад ва тахту точи худро аз хашми Окпошшо дар амон нигах дорад.
Танхо колои арзишманду фаровони Точикистон об аст. Аммо дар ин замина хам Русия ва Узбакистон мехоханд дасту пои Точикистонро бибанданд ва дар мавриди нахваи истифода аз захоири оби Точикистон худ тасмим бигиранд. Далели Русияро тавзех додем: хушомаду курниш ба Узбакистон бо макосиди иктисодй ва чалби химояти сиёсии пурчамъияттарин кишвари минтака. Аммо далели расмии Узбакистон камбуди об дар кишвараш дар сурати ичрои тарххои баландпарвозонаи Точикистон дар заминаи энержии обист. Яъне агар мо неругоххои азиме чун Рогун бисозем, дар пиёлаи Каримов як чуръа камтар об рехта хохад шуд.
Албатта, ин хам чизе чуз бузургнамоии мавзуъ нест. Узбакистони дарандашт оби кофй гир хохад овард. Хатто агар панч-шаш-тои дигар Рогун бисозем. Дагдагаи аслии Тошканд эхтимоли истиклоли Точикистон дар заминаи энержист. Барои намуна, имсол хам Узбакистон интиколи барк ба Точикистонро катъ кард ва хатто ичоза намедихад, ки Туркманистон холисона баркашро ба Точикистон содир кунад. Тошканд аз Душанбе хакки интикол мехохад: 0.03 сент аз хар килувот барки туркманй, ки аз тарики хоки Узбакистон ба Точикистон содир мешавад. Дар натича, бунбасте ба дилхохи Узбакистон эчод шуда ва калофи мавзуъ сари дарозе пайдо кардааст.
Агар Точикистон аз лихози энержй ба худбасойи (худкифойи) бирасад, Узбакистон бехтарин фишанг (ахрум)-и фишори худ алайхи Душанберо аз даст хохад дод. Афзун бар ин, Точикистон дар паи таъмини мардум бо барк дар тули сол ва фуруши мозоди тавлиди барк ба хорич метавонад ба шукуфоии иктисодии нисбй даст ёбад, ки бо барномаи вайронгаронаи Узбакистон мунофот дорад. Аз ин ру, Узбакистон бо истифода аз хар рохе чилави ичрои тарххои энержии Точикистонро хохад гирифт. Акнун, ки Русия ба додаш расидааст, Тошканд эхсос мекунад, ки бозуи зурмандтаре дорад.
Давлати Рахмон, ки то кунун гули суханхои Русияро хурда буд, такон хурдааст. Бо деркарди зиёнбор. Агар аз пеш хирадро пешаи худ карда буд, руйдодхои имруз «шигифтзада» ё гофилгираш намекард. Ва таи ин муддат метавонист комилан дасту дил аз Русия бишуяд ва дунболи шарикони самимитаре бигардад.
Бо вучуди ин, дар ин мавриди бахусус бояд аз тарххои иктисодии давлат шадидан дифоъ кард ва садои эътирози худро ба давлатхои русу узбак расонд. Ба шарте, ки макомоти давлати мо даст аз чопидану горати миллат бар доранд ва ба фикри хамму гами миллат бошанд.
Агар хеч кишваре ичоза надорад аз оби худ ба дилхохи худ кор бигирад, хамин мукарраротро бояд дар мавриди гозу нафт хам эъмол кард. Об ба монанди гозу нафт аз чумлаи захирахои табиъист. Пас чаро Узбакистон бояд гози худро ба абзори фишор табдил кунаду Точикистон дар баробари истифодаи бехина аз оби худ косир бимонад? Мо барои гозе, ки аз Узбакистон меояд, пули хангуфте мепардозем. Ба хамон андоза, ки Узбакистон аз беобй ташна мемонад, мо аз бегозй дар чанги сармо мехушкем. Пас бехтар аст Узбакистон дар ин замина ба муъомилаи поёпой тан дар дихад.

Russia,
Tajikistan,
Uzbekistan
Subscribe to:
Posts (Atom)