Tuesday, March 01, 2011

When Women Become Men

Вақте ки занҳо мард мешаванд

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Заноне, ки бо чеҳраи гирифта ва чашмони ашкбор канори Кохи раёсати ҷумҳурӣ ё Додситонии кул дод меҷӯянд; аксест, ки тайи солҳои ахир борҳову борҳо дар расонаҳо дидаем. Аммо ҳаргиз аз ҳеч манбаъе нашунидаем, ки додхоҳии ин занон ба ҷое расида бошад.

Замона ҷинсияти муътаризони моро ҳам тағйир додааст. Дар саросари ҷаҳон мардҳо дар саффи нахусти муътаризон қарор доранд; дар деҳкадаи мо ашку оҳу нолаи занон сипари бало шудааст. Тарс аз мусибатҳои даврони ҷанги дохилӣ ҳанӯз сару синаи мардонро тарк нагуфта. Дигар шояд вақти он аст, ки истилоҳоте чун “марду мардона”, “мардонавор”, “мардак ворӣ”… барои “зану занона”, “занонавор”, “занак ворӣ” ҷой холӣ кунад. Дигар чи кори мардонае мондааст, ки занони тоҷик бо шаҳомату бурдборӣ онро анҷом надода бошанд? Вожаи “мардикорӣ”-ро ҳам боиста аст иваз кунем, чун фаровон дидаем занони тоҷики “мардикор”-ро. Ва боз ҳам занон ҳастанд, ки гоҳ садои эътирози мардумро ба гӯшҳои гарони давлатмардон мерасонанд, ҳарчанд борҳо мавриди латукӯби маъмурони, ба истилоҳ, интизомии мард воқеъ шудаанд. Аммо ҳамоно қалби занонаи саршор аз меҳру меҳрҷӯӣ ва доду додхоҳишон иҷоза намедиҳад, ки ҳақорату хориро фурӯ бибаранду хомӯш бимонанд. Дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии зан ин шуҷоъати занонаро бояд тақдир кард ва дар сӯги шуҷоъати мурдаи мардона нишаст.

Ин бор занон ба додхоҳӣ омадаанд, чун хонаву кошонаашон дар маҳаллаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ якшаба бо хок яксон шудааст. Мегӯянд, санади хариди заминро аз ҷамоъати маҳал гирифтаанд ва бино ба қонунҳои мавҷуд дору надорашонро ҷамъ кардаанду хона сохтаанд, то як шаб бибинанд, ки хонаву дору надорашон ба бод рафтааст. Акнун қарор аст чи касе ба доди ин бехонумонҳо бирасад ва зиёни воридаро ҷуброн кунад? Ин пурсишест, ки дар долонҳои мақомот тавассути ҳамин занон ва хабарнигорон борҳо танин андохта ва посухе наёфтааст.

Баъдан таъаҷҷуб мекунем, ки чаро давлати Қаззофӣ дар Либӣ, ки зоҳиран 42 сол орому рӯ ба пешрафт буд, якбора дастхуши таҳаввулоти вайронгаре шуд ва ин ки эътирози мардум чи сарчашмае дорад. Баъдан намефаҳмем, ки 30 сол ҳукумати Муборак чи бадӣ дошт, ки мардум ба зӯр аз арш ба фаршаш афканданд. Ва гич мемонем, ки чаро давлатҳои араби дигар ин рӯзҳо дар таҳлукаи бақо уфтодаанд.

Ҳамин “ҳаққи кас хурданҳо”, мардумозориҳо, гӯш бастан ба садои эътирози занон, чашм бастан ба гиряву ранҷи як кӯдаки бехонумоншуда, нодида гирифтани эътирози хафашуда пушти нигоҳи андӯҳбору хашмгини мардон буд, ки пояи ҳукуматҳои ҷаҳони рӯ ба бедории арабро мутазалзил кард. Ин иттифоқот якшаба намеуфтад. Ба дарозо мекашад ва анбони дарду ранҷҳои мардум пур мешавад. Ва давлатҳо пайваста аз ин ғалатҳо мекунанд ва раҳбарон ҳамвора ба фикри хонаводаи худ мемонанд ва фарзандонашонро ба мақомҳои болову болотар ҳидоят мекунанду менишонанд ва ҷайби давлатмардон аз пуле, ки манбаъу маншааш маълум нест, пур мешавад ва ҷайби мардум, ки хонаҳояшонро вайрон кардаанд, холиву холитар мешавад ва мардум ба сатҳе аз фақру нодорӣ мерасанд, ки дигар чизе надоранд аз даст бидиҳанд ва дар изои маҳрумият аз ҳама чиз шуҷоъат меёбанд ва садои ҳабсшудаи эътироз раҳо мешавад ва пояҳои истибдод меларзад… Ин як сенориюи абадист, ки ҳамеша ва ҳама ҷо рух дода, аммо барои ҳеч ҳокими мустабидду худкомае дарси ибрат нашудааст. Деру зуд дорад, ба истилоҳ, аммо сухту сӯз надорад.

Пас ҳар ҳокими фарзонае талош мекунад мизони эътирозҳоро бо бароварда кардани ниёзи мардум поин биоварад. Шайхҳову султонҳои нобихради араб ҳам, ки аз дур мавҷи эътирозҳои кӯбандаро мушоҳида мекунанд, дар ҳоли бож додан ба мардуми худашон ҳастанд. Ҳафтаи гузашта подшоҳи Арабистони Саъудӣ эълом кард, ки байни мардумаш ҳудуди 35 милёрд дулорро тавзеъ хоҳад кард; ин як навъ ришва ба мардум, бавежа ҷавонон аст, то ба тақлид аз ҳамзабонони мисришон пояҳои тахти хонадони фосиди Саъудро нашкананд. Маълум нест пас додани ҳаққи ҳалоли мардум ба худашон, ки чорае деррасида ба назар мерасад, то чанд сабоҳи дигар Оли Саъудро бар тахт устувор нигаҳ дорад. Аммо ин чора ҳокӣ аз огоҳии хонадони Саъуд аз эътирозоти фурӯхуфтаи ҷамъияти кишвараш аст.

Аз ин рӯ, вақте ки занҳо мард мешаванд, мардикор мешаванд, мардонавор эътироз мекунанду дод мехоҳанд, давлатҳо бояд нигарон шаванд; чун пушти садои ҳар зане гирифторию бечорагии чандин мард нуҳуфта аст, ки феълан ёрои эътироз кардан надоранд. Давлате, ки бақои худашро мехоҳад, бояд ба мардум маҷоли эътироз диҳад, то эътироз табдил ба инфиҷор нашавад; то бо огоҳии комил аз хостаҳои мардум ба ислоҳи кӯтоҳиҳои худ бикӯшад. Чун зарфи сарбастаи ҷӯшанда дер давом намеоварад.

Дар акси боло аз торнамои BBCPersian гурӯҳе аз маъмурони пулисро мебинем, ки занони муътаризро аз канори Кохи раёсати ҷумҳурӣ меронанд.

No comments: