Showing posts with label Dushanbe. Show all posts
Showing posts with label Dushanbe. Show all posts

Monday, December 04, 2017

Шаҳре, ки бо вуҷуди ин ҳама тазодду таноқузаш ъошиқона дӯст дорем...

این شهر کجاست؟

شهری که زبان دولت و ملتش سرشار از افتخار به تاریخ و گذشتگانش است، اما با بیل و کلند و بولدوزر و جرثقیل به جان ساختمان‌های تاریخی‌اش درافتاده؛

شهری که خود را نگین و نماد تمدن سامانیان می‌داند، اما از رسم‌الخط دربار سامانیان بیزار است؛

شهری که نام رودکی را بر خیابان و برزن و باغ و راغش گذاشته، اما نام زبان رودکی را نمی‌پسندد؛

شهری که هزاران مهاجر کاری چینی دارد، اما صدها هزار ساکن خود را به مهاجرت کاری در خارج گسیل می‌کند؛

شهری که ساختمان‌های چندمیلیون‌دلاری می‌سازد، اما برای ساختن کارخانه پول ندارد؛

شهری که نوترین و باشکوه‌ترین ساختمان کتابخانه‌اش انباشته از کتاب‌های کهنۀ مردم است؛

شهری که مردمش از پلیس، ضامن امنیت و انتظام، بیشتر از دزد و راهزن می‌ترسند؛

شهری که همۀ رانندگانش کمربند ایمنی می‌بندند، اما نه برای خودشان، بلکه برای پلیس راه و با دیدن سایۀ او؛

شهری که راه‌ها را فراختر کرده است تا هر روز یکی دو بار به روی ساکنانش بسته شود، حتی اگر بیماری جان‌به‌لب پشت راهبندان گرفتار مانده باشد؛

شهری که کاخ دولتش «قصر ملت» نام دارد و مفهوم‌های «دولت» و «ملت» را از هم تفکیک نمی‌دهد؛

شهری که در آن سیگار کشیدن در فضای باز ممنوع است، اما در فضاهای بسته روا؛

شهری که در و دیوارش پر از شعارها در ستایش یک کشور آزاد و مستقل و حقوق‌بنیاد و دموکراتیک است، در کنار تصویرهای عظیم رهبر و تمجید و تکریم او؛

شهری که شیفته و شیدای اشغالگر سابقش است، اما از هم‌زبانان و هم‌تباران خود گریزان.

شهری که با وجود این همه تضاد و تناقضش عاشقانه دوست داریم...

این شهر عزیز تضاد و تناقضات کجاست؟


Ин шаҳр куҷост?
Шаҳре, ки забони давлату миллаташ саршор аз ифтихор ба ториху гузаштагонаш аст, аммо бо белу каланду булдузеру ҷарсақил ба ҷони сохтмонҳои торихиаш даруфтода;
Шаҳре, ки худро нигину намоди тамаддуни Сомониён медонад, аммо аз расмулхатти дарбори Сомониён безор аст;
Шаҳре, ки номи Рӯдакиро бар хиёбону барзану боғу роғаш гузошта, аммо номи забони Рӯдакиро намеписандад;
Шаҳре, ки ҳазорон муҳоҷири кории чинӣ дорад, аммо садҳо ҳазор сокини худро ба муҳоҷирати корӣ дар хориҷ гусел мекунад;
Шаҳре, ки сохтмонҳои чандмилюн-дулорӣ месозад, аммо барои сохтани корхона пул надорад;
Шаҳре, ки навтарину бошукӯҳтарин сохтмони китобхонааш анбошта аз китобҳои куҳнаи мардум аст;
Шаҳре, ки мардумаш аз пулис - зомини амнияту интизом бештар аз дузду роҳзан метарсанд;
Шаҳре, ки ҳамаи ронандагонаш камарбанди эминӣ мебанданд, аммо на барои худашон, балки барои пулиси роҳ ва бо дидани сояи ӯ;
Шаҳре, ки роҳҳоро фарохтар кардааст, то ҳар рӯз яке-ду бор ба рӯи сокинонаш баста шавад, ҳатто агар беморе ҷонбалаб пушти роҳбандон гирифтор монда бошад;
Шаҳре, ки кохи давлаташ "Қасри миллат" ном дорад ва мафҳумҳои "давлат" ва "миллат"-ро аз ҳам тафкик намедиҳад;
Шаҳре, ки дар он сигор кашидан дар фазои боз мамнӯъ аст, аммо дар фазоҳои баста раво;
Шаҳре, ки дару девораш пур аз шиъорҳо дар ситоиши як кишвари озоду мустақиллу ҳуқуқбунёду демукротик аст, дар канори тасвирҳои ъазими раҳбар ва тамҷиду такрими ӯ;
Шаҳре, ки шефтаву шайдои ишғолгари собиқаш аст, аммо аз ҳамзабонону ҳамтаборони худ гурезон.


Шаҳре, ки бо вуҷуди ин ҳама тазодду таноқузаш ъошиқона дӯст дорем...
Ин шаҳри ъазиз куҷост?

Sunday, December 08, 2013

...ингилисӣ

Ҳавои Душанбе ба сар месипорам
Сияҳ рӯзу равшан шаби ингилисӣ.

Чу Шекспир пири муғонам насиб аст,
Дар ин бехазони таби ингилисӣ.

Зи ахтар насибе бихоҳам, агар ҳаст,
Дусад чархиши кавкаби ингилисӣ.

Валекин чу Пири Хуросон набошад,
Ба коре наояд лаби ингилисӣ...

Tuesday, August 03, 2010

A Stranger in the Homeland

Дар ватани хеш ғариб

(вижаи "Ногуфтаниҳо"-и ҳафтаномаи Нигоҳ)

Тӯли се ҳафта иқомат дар шаҳри Душанбе дарёфтам, ки ман гунаҳкорам ва гуноҳам чизе нест ҷуз форсизабонӣ. Лаҳну забони форсиам нигоҳҳои шигифтомезу гумонолудро фаро мехонд. Агар эҳсос мекардам, ки забони сурхи форсиам оқибат сари сабзам медиҳад ба бод, ба русию инглисӣ мутавассил мешудам. Ва аҷаб ин ки наҷот меёфтам. Дар пойтахти тоҷикон бароям содатару роҳаттар буд, ки бо забоне ғайр муъошират кунам ва дар амон бимонам.

Тазодде шигарфтару занандатар аз инро ҷое суроғ надорам. Агар Рӯдакию Фирдавсӣ ба ҳукми Офаридгор дар ин рӯзҳо ба хостгоҳи забонашон (Тоҷикистон) ташриф биоваранд, шакке нест, ки ба монанди ман “афғон” ё “эронӣ” лақаб бигиранд ва ба унвони “шахси шубҳанок” бозрасию бозҷӯии муфассал шаванд. Ин иттифоқест, ки бо мани тоҷики мутаваллиди Тоҷикистони қарни 20 уфтод; чи бирасад ба чеҳраҳое, ки дар сарзаминҳои порсигӯи ҳазор сол пеш ба дунё омадаанд; ҳарчанд зиндагию дору надори худро вақфи фарҳанги он карда бошанд.

Пулисе мусаллаҳ дар роҳ нигоҳам медорад ва то мепурсам “Мушкил чист?”, мегӯяд: “Э ин авғонай! Мушкил? И чихелӣ гав задестай? И точна авғонай!” Мегӯям: “Э братан, ага “Праблема чияй” бгам, тоҷик мешам?” Гичу парешон нигоҳам мекунад. Шиносномаам ҳам сад дарсад мутақоъидаш намекунад, ки рӯбарӯяш як ҳаммеҳану ҳамзабонаш қарор дорад. Мехостам бо забони ғаррои Ахавони Солис фарёд бизанам, ки

Даст бардор аз ин дар ватани хеш ғариб,
Қосиди таҷрубаҳои ҳама талх…

Аммо мутмаиннан ин фарёд бедиранг муҳри “хориҷӣ”-ро бар пешонии ман мекӯбид. Дубора забони Пушкин ба имдодам мерасад. Зиҳӣ Пушкин, ки забонаш дар сарзамини Рӯдакӣ арзише бештар дорад! То мағз-мағзи ҷон шодравон Лоиқро дармеёбам, ки дилаш бар Рӯдакӣ месӯхт…

Дар аснои навиштани ин сатрҳо шумхабари даргузашти Сорбони овози тоҷик устод Зафар Нозимро шунидам. Бузургмарде, ки дар баробари деву дадони шӯравӣ поймардона истоду марзҳои маснӯъии гӯишҳои порсиро дарҳам шикаст; ба гунае, ки ҷилави сафарҳои ҳунариаш ба Афғонистону Эронро гирифта буданд, то воҳимаи дурӯғини ноҳамгунии се гӯиши як забон сари ҷои худ бимонад. Зафар Нозим тайи 70 сол зиндагии пурбораш таслими зӯргӯии порсиситезон нашуд, балки баръакс, дар саффи пешоҳангони эҳёи забон дар Тоҷикистон қарор гирифт ва дар поярезии Бунёди Забон саҳми басазое дошт; бунёде, ки замоне забони азпойуфтодаи моро дубора бар курсӣ нишонд.

Аммо ҳоло ки бузургони ҳомии забон чун Лоиқу Зафар Нозим ҳузурашонро аз мо дареғ доштаанд, аз вазъияти забони порсӣ дар Тоҷикистон дубора чизе ҷуз ҳайфу дареғ надорем, ки бигӯем. Ҳамин дирӯз дар яке аз гузоришҳои хабаргузории расмии “Ховар” мехондам, ки вожаи “мактаб”-ро ба сабки “ахборот” ду бор ҷамъ бастааст ва ба шакли “макотибҳо” даровардааст. Ин оқоёни хабарнигор зоҳиран ҷамъбандии арабии вожаи “мактаб”-ро шакли шиктару қашангтари ин вожа талаққӣ кардаанд. Бегудор ба об мезананд, яъне бидуни он ки шинохте аз вожа дошта бошанд, дар корбурди он саросема мешаванд, то шояд бад-ин гуна фазле фурӯхта бошанд. Он ҳам дар хабаргузории расмии кишвар, ки бояд ойинаи тамомнамои вазъияти забони расмӣ бошад. Ва чунин ҳам ҳаст, зоҳиран. Вазъи забони мо ҳамин аст, ки дар “Ховар” мебинем. Мавридҳои корбурди ғалати вожаҳо дар ин ва дигар расонаҳои кишвар яке-дуто нест. Фаровон аст ва беҳтар аст дар матлабе ҷудогона ба ин мавзӯъ бипардозем.

Ноошноӣ бо хатти модарӣ решаи балоест, ки бар ҷони забони мо нишастааст. Забони мо, ки аз хатти модарӣ ба дур монд, аз бистари табиъии худ маҳрум шуд. Ва акнун бояд бо як забони тарҷумазадаи намкашида дасту панҷа нарм кунем, ки дар бисёре маворид ҷумлаҳояш гунгу бемазмунанд. Дар як родюи пойтахт ҳамарӯза чандин бор садое раъдосо эълом мекунад: “Фақат сухан пайванд ба далел аст” ва ҳеч кас намедонад, ки манзур аз ин ҷумлаи пурҳавоидаҳан чист. Эҳтимолан бояд боз ҳам ба забони Пушкин андеша кунем, то шояд мазмуне аз ин баргардони ноҳамворро дарёбем…

То замоне ки забони мо ба бистари табиъии худ, яъне ба хатти порсӣ барнагардад, ин ҳама ҳарф беҳуда аст. Чун ҷудоӣ аз хатти модарӣ гӯишварони порсӣ дар Осиёи Миёнаро аз рӯҳи забон маҳрум кардааст. Ошноӣ бо рӯҳи забон лозимаи суханварию андешаварзист. Дар натиҷа зеҳнҳо нозо шудаанд ва ҳеч андешаи тозае намезоянд. Чун пайванди андеша бо забон як амри мусаллам аст ва бидуни забони суфта дар ҳеч заминае шоҳиди пешрафт нахоҳем буд. Ин суханонро пештар ҳам гуфта будам ва дар сурати лузум сад бори дигар ҳам батакрор хоҳам гуфт.

Агар авзоъ ба ҳамин минвол ҷараён дошта бошад, баъид нест, ки фардо тоҷикони порсигӯ дар кишвари худ ба як ақаллият табдил шаванд; ақаллияти дар ватани хеш ғариб.

Friday, July 30, 2010

Press Becomes 'Impudent'

Матбуъот “густох” мешавад

(Ногуфтаниҳои 21.07.2010 дар ҳафтаномаи Нигоҳ)

“Оё интихоби раисиҷумҳури нав дар Тоҷикистон шуданист?;” “Мо дар ҳоли табдил шудан ба миллати маддоҳем”; “IRS моли кист?”; “Дарвозаҳои зулм”; “Тоҷикистон ба президент ниёз дорад ё ба шоҳ?”; “Қатли мармузи Мирзо Ҷага”; “Чаро домоди президент ба гап даромад?”; “Ба гуфтаҳои домоди президент бовар доред?”..

Унвони чанд матлаби ҳафтаномаҳои Тоҷикистон буд, ки чеҳраи комилан мутафовитеро аз матбуъоти кишвар бароям тарсим кард: матбуъоте, ки дорад дубора эътимод ба нафсашро бозмеёбад ва тан ба хорию хиффати худсонсурӣ намедиҳад. Шояд дорам муболиға мекунам, аммо муболиғае андак, ки бар воқеъияте қобили мулоҳиза савор аст.

Матбуъоти Тоҷикистон дар ҳоли бозёбии густохии ҳирфаист, ки лозимаи матбуъоти ростин аст; густохӣ барои баёни воқеъиятҳои рӯзгор ё дастикам, барои тарҳи пурсишҳое, ки дар зеҳни бахши мутафаккири ҷомеъа мечархад, аммо то кунун касе ҷуръати тарҳи онҳоро надоштааст. Мутмаиннан, ин густохии ҳирфаӣ бояд бо виждону усули ҳирфаӣ ҳамроҳ бошад. Аз матбуъоти ду ҳафтаи ахир мешавад чунин бардоште ҳосил кард, ки рӯзноманигорон дар баёни нигарониҳову пурсишҳои худ эҳтиёти лозимро риъоят мекунанд, то мабодо иддаъои бедалелеро матраҳ кунанд.

Намунаи хуби ин нукта ҳамон мавзӯъи мармузи ширкати пулситонии IRS аст, ки расонаҳои дохилӣ бо риъояти усули хабарнигорӣ танҳо бо зикри манбаъи аслии хабар эълом карданд, ки соҳиби ширкат чи касе метавонад бошад. Пас аз эътирози Ҷамолиддин Нуралиев ба пахши ин хабар, ки ба гуфтаи ӯ, бепоя аст, ҳамон расонаҳо изҳороти Нуралиевро ҳам мунташир карданд, ки бо усули матбуъоти ҳирфаӣ ҳамхонии комил дорад.

Ва акнун чизе, ки аз як расонаи ҳирфаӣ интизор меравад, даст ёфтан ба лубби матлаб аст: яъне агар ин ширкат ба Нуралиев таъаллуқ надорад ва агар қарор аст, ки ин изҳоротро бовар кунем, пас соҳиби воқеъии ин ширкати, зоҳиран, хориҷӣ кист? Далели ношунида гирифтани эътирози Ожонси зидди инҳисор чист? Далели маъоф шудани ин ширкат аз пардохти шумори зиёде аз молиёти давлатӣ чи будааст? Суди ҳосил аз пулситониҳои ин ширкат ба чи сандуқе ворез мешавад? Ва аслан, чаро ин мавзӯъ дар ҳолаи рамзу роз қарор дорад? Агар ширкат ва фаъъолиятҳои он қонунист, чаро набояд аз сир то пиёзи умури он дар матбуъот бозтоб ёбад?.. Бо пофишориҳои матбуъоти ҳирфаӣ метавон саранҷом ин ҳолаи рамзу розро пароканд ва ба ҳақиқат даст ёфт. Чун вазифаи аслии матбуъоти ростин чизе ҷуз воқеънигорӣ ва бозтоби вазъияти ростини ҷомеъа нест.

Танҳо дар сурати анҷоми ҳамин вазифа аст, ки матбуъот ба қудрату эътибори лозим даст меёбад ва ҳамонанди матбуъот дар ҷомеъаҳои озод, ҳукуматро дар баробари ҷомеъа посухгӯ мекунад. Чопи матолибе дар бораи даромадҳои номашрӯъи намояндагони мардум дар порлумони Бритониё таҳаввулоти густардаи бесобиқаеро дар пай дошт, ки такрори он иштибоҳро тақрибан номумкин кардааст. Матбуъоти Тоҷикистон ҳам дар сурати иҷрои пайгиронатари ҳамон вазифаи аслии худ (воқеънигорӣ) метавонад ба унсури корсозе дар ҳидояти давлату ҷомеъа табдил шавад.

Давлат набояд аз матбуъоти озод ҳарос дошта бошад, чун рози мондагории сомона (систем)-ҳои сиёсии Ғарб ҳамоно матбуъоти ойинавори онҳост. Давлат метавонад кажиҳои худро дар матбуъот мушоҳида кунад ва ба пероишу ислоҳи он бикӯшад. Дуруст мисли як инсон, ки қабл аз берун омадан ба ойинаи тамомқад нигоҳ мекунад, то мабодо, масалан, ришашро комил натарошида бошад ё почаи шалвораш пора бошад, давлат ҳам ба як чунин ойинае дар шакли матбуъоти озод ниёз дорад. Матбуъоти вобаста ба давлат, яъне ойинаи дақ ё кажнамо, ки тасвири дурӯғинеро дар зеҳни давлат менишонад ва мушкилоту решаҳои онҳоро аз диди давлат пинҳон медорад. Кори матбуъоти дурӯғпардоз ва давлатмеҳвар “дӯстии хола-хирса” аст, ки саранҷом ба табоҳии давлат меанҷомад.

Дигар ин ки мизони озодии матбуъот аз нишондодҳои обрӯву эътибори як кишвар аст. Матбуъот ҳар чи ҳирфаитару озодтар бошад, ба ҳамон мизон бар эътибори давлату кишвар дар арсаи байнулмилалӣ афзуда мешавад. Албатта, дар ҳоли ҳозир матбуъоти Тоҷикистон ба ин марҳила нарасида, аммо оғози талоше сутуданӣ дар ин росторо метавон мушоҳида кард.

Шабакаҳои телевизюнии Тоҷикистон, ба далели вобастагишон ба давлат, аз расонаҳои чопӣ фарсангҳо вопас мондаанд. Масалан, пахши барномаи ҷашни Рӯзи Истиқлоли соли 2002 дар Истаравшан ба далели сафари раисиҷумҳур ба он ноҳия дар соли 2010 ё қатъи барномаи ҳамаи шабакаҳои марказӣ барои пахши суханронии раисиҷумҳур аз мавридҳои хандадору ашкбори ин навъ вобастагии хоркунанда аст. Таърифу такриму ситоиши сарвари давлат бо унвонҳои пуртумтароқи “шоҳ”-у “шоҳаншоҳ” аз қавли мардуми бечораи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонӣ, ки нони имрӯзашон ба фардо намерасад, хиёнат ба виждони рӯзноманигорист. Агар тамоми мардуми ҷаҳон ба таври дастаҷамъӣ ранги сиёҳро сапед тавсиф кунанд, боз ҳам таркиби ранги сиёҳ бетағйир мемонад. Пас беҳтар аст шабакаҳои телевизюнӣ ҳам даст аз худфиребӣ бардоранд ва ба вазифаи ҳирфаии худ бипардозанд, ки чизе ҷуз баёни воқеъиятҳо нест.

Барои санҷиши дурустӣ ё нодурустии ин гуфтаҳо бад нест биандешем, ки матбуъоти чи кишварҳое озод асту расонаҳои чи мамлакатҳое – вобаста. Он гоҳ дармеёбем, ки танҳо давлатҳои дорои эътимод ба нафс, қобили эҳтиром ва рӯ ба пешрафт ба матбуъот маҷоли озодӣ медиҳанд ва давлатҳои бадбахту фосиду рӯ ба завол монеъ аз озодии баён мешаванд, то табоҳишон ифшо нашавад. Ҳар давлате мухтор аст яке аз ин ду гузинаро баргузинад ва бо паёмадҳои интихобаш мувоҷеҳ шавад.

London-Dushanbe Travelogue

Роҳгуфтаҳои Ландан - Душанбе

(Ногуфтаниҳои 14.07.2010 дар ҳафтаномаи Нигоҳ)

Аз даруни лӯлаи бузурге мегузараму вориди солуни ҳавопаймои “airBaltic” мешавам. Мақсади парвоз шаҳри Риго аст ва мақсади ниҳоии ман - шаҳри Душанбе. Солҳост, ки вуруди ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии Бритониё мамнӯъ эълом шуда ва интизор ҳам намеравад, ки дар ояндаи наздик шароити парвози ширкатҳои тоҷикӣ бо мавозини парвози байнулмилалӣ ҳамхонӣ пайдо кунад, то бишавад мустақиман аз Ландан ба Душанбе парвоз кард. Аз ин рӯ ҳоли ҳозир ночорем дастбадомони ширкатҳои хориҷӣ бошем, ки дар ин миён ширкати “airBaltic”-и Летунӣ (Латвия) гӯи рақобатро аз ширкатҳои дигар бурдааст ва муштариёни бештареро ҷазб мекунад.

Шароити парвоз бо ҳавопаймои ин ширкат аз мавозини байнулмилалӣ бархурдор аст. Бархурди мизбонони ҳавопаймо бо мусофирон ҳам тавъам бо эҳтирому адаб аст ва ибороте чун “сипосгузорам” ва “хоҳиш мекунам” ҳар он ба гӯш мерасад. Огаҳиҳо ба ду забони инглисию летуниёӣ пахш мешавад ва мизбонон ҳар ду забонро, ба изофаи забони русӣ, бахубӣ баладанд; ҳарчанд русиро бо лаҳҷаи ғализтар суҳбат мекунанд, ки ҳокӣ аз дурии нисбии мардуми Летунӣ аз фарҳанги русист.

Интизори мо дар Риго ҳудуди ду соъат ба дарозо мекашад. Дар солуни интизор гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикро мебинам, ки даври духтаре эронӣ бо мӯҳои муҷаъад (ҷингила)-и боз гирд омадаанд ва бо иштиёқи тамом ба саргузашти ӯ гӯш медиҳанду ҷӯёи синну солаш ҳастанд. Духтар мегӯяд, номаш Маъсума асту 21 сол дорад ва аз Утриш (Австрия) меояд. Мутаваллиди онҷост, аммо падару модараш эронианд. Ҷавонони тоҷик таъаҷҷуб мекунанд, ки бо вуҷуди дурӣ аз Эрон ӯ бо чи салосату салобате ба форсӣ суҳбат мекунад. Маъсума ҳам ба навбати худ ибрози шигифтӣ мекунад, ки дар дарку фаҳми суҳбатҳои тоҷикон аслан мушкиле надорад: “Забонатон, ки тақрибан мисли забони мост!” Ман ҳам вориди баҳс мешавам ва тавзеҳ медиҳам, ки суҳбат аз ду гӯиши забони ягонаи порсӣ аст, на ду забони ҷудогона. Ҳам Маъсума ва ҳам ҷавонони тоҷик, ки аксаран аз Киев меоянд, бо ин иддаъои ман мувофиқат мекунанд.

Бо дӯстони тозаёфтаам ба самти ҳавопаймо меравам. Ин бор аз он лӯлаи бузург, ки солуни интизорро бо солуни ҳавопаймо васл мекунад, хабаре нест. Аз пилакон (зинапоя)-е, ки ба баданаи ҳавопаймо часпондаанд, боло меравем. Шояд ба далели ин ки ин бор мақсади парвоз Душанбе аст ва ба таҷаммулу тасҳилот ниёзе нест.

Нохудогоҳ дармеёбам, ки бархурди мизбонони ширкати “airBaltic” бо мусофирон ҳам ин бор мутафовит аст. Забони русӣ беш аз пеш ба гӯш мехурад ва фарёдҳои асабонии мизбонон бар сари мусофироне, ки зоҳири тоҷикӣ доранд, гӯшҳоро меозорад. Огаҳиҳо аз утоқи фармони ҳавопаймо ба се забони инглисию русию летуниёист, аммо аз забони форсӣ (тоҷикӣ), ки забони расмии кишвари мақсад (Тоҷикистон) аст, хабаре нест. Гӯё мо дар ҳоли сафар ба яке аз вилоёти Русия ҳастем, на як кишвари мустақил, ки забони худашро дорад.

Шояд ба далели набуди огаҳиҳо ба забони форсӣ бархе аз мусофирон ба тақозои утоқи фармон таваҷҷуҳе надоранд. Дуруст ҳангоме ки халабон аз мусофирон мехоҳад, ки сари ҷояшон бинишинанду камарбандҳои эминиро бибанданд, мусофире аз ҷо баланд мешавад, то чамадонашро аз тоқча бигирад. “А ну-ка сядьте на свое место!” Фарёди мизбон фазоро пур мекунад ва он мусофири бахтбаргашта саросема ба сандалиаш бармегардад. Пур равшан аст, ки мизбонони “airBaltic” мусофирони тоҷикашонро сазовори арҷу эҳтиром намедонанд; ҳамон мизбононе, ки ҳангоми парвоз аз Ландан ба Риго забонашон шакаррез буд, ин бор тундию талхӣ мепошиданд.

Дар фурудгоҳи Душанбе ҳам пилакон (зинапоя) ба баданаи ҳавопаймо мечаспаду пиёда мешавем. Ҳамон бисоти чандин сол пеш; тағйири чандоне намебинам. Марзбони тоҷике дами дар дарро боз мекунаду мегӯяд: “Проходите, пожалуйста!” Ба утоқи фармони “airBaltic” ҳақ медиҳам, ки забони расмии моро нодида бигиранд. Забоне, ки дар фурудгоҳи пойтахташ арҷе надорад, чи гуна метавонад дар ҳавопаймое бегона арҷ бибинад?

Мебинам, ки ин бор саффи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз саффи меҳмонони Тоҷикистон бо ду навишта аз ҳам ҷудо кардаанд. Хушҳол мешавам, ки дастикам дар як маврид ҳисси соҳиби ин марзубум будан ба мо даст медиҳад. Пас аз ҳудуди даҳ дақиқа интизор дар саффи “Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” як марзбони тоҷик эълом мекунад, ки шаҳрвандони кишвар бояд ба саффи дигар бипайванданд, ки дар баробари он навиштаи “Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ”-ро овехтаанд. Фалсафаи ин тасмимро дарнамеёбам ва аз ҷоям ҳам такон намехурам. Мехоҳам аз маъмури муҳру имзои гузарномаҳо бипурсам, ки чаро бояд шаҳрвандони Тоҷикистон дар саффи бегонагон мунтазир бимонанд. Аммо маъмур ҳавсалаи суҳбат надорад. Чанд пурсише аз киву чи будани ман, муҳру имзо ва падруд.

Дар баробари ду навори богож мунтазири бор мемонам ва ба худ меандешам, ки чанд сол тӯл кашид, то як навор табдил ба дуто шавад ва чанд соли дигар тӯл хоҳад кашид, то навори севуму чаҳорум ҳам сохта шавад. Мутмаин мешавам, ки фурудгоҳи Душанбе воқеъан нодир аст. Ҳеч шаҳреро надидаам, ки як чунин фурудгоҳи муҳаққаре дошта бошад, чи бирасад ба фурудгоҳи аслии як кишвар.

Савори токсӣ мешавам. Ҷастухези мошин рӯи роҳҳои пурчоҳи пойтахт саргиҷаам медиҳад. Аз ронанда мепурсам, ки ин роҳҳо кай обод мешуда бошад. Мегӯяд, ин роҳ базудӣ осфолт хоҳад шуд, чун “ин роҳ прямо то Белий Дома мера ва ҷаноби олӣ аз ҳамин ҷа мегузара.” Мепурсам: “Вале роҳҳое, ки мардум аз рӯяшон мегузаранд, кай обод мешавад?” Ронанда бо таъаҷҷуб ба ман нигоҳ мекунаду чизе намегӯяд.

Ман ҳам ногуфтаниҳои фаровонеро дар сина маҳбус мекунаму чизе намегӯям.

Sunday, January 03, 2010

The Changing Face of Dushanbe

Чеҳраи нави Душанбе

04.12.2009 / 13 озари 1388 ҳ.х.
Гузориши тасвирӣ

به دبيرۀ پارسی

Ҳамин ҷо буд, канори ҳамин порк, ки акнун нардаи ҳифоз (решётка) надорад. Дарвозае баланд дошт, ки рӯ ба муҷассамаи баландтари Ленин боз мешуд. Ленини бовиқор, ки як даст ба пушту дасти дигар ба сӯи осмон моро ба сӯи ояндаи равшан, ки “кумунизм” меномиданд, ҳидоят мекард. Рӯи нимкатҳои даври ҳамон тандис (муҷассама) буд, ки бо дӯстону ҳамандешон менишастем ва аз ситамҳои ворисони Ленин гилоя мекардем ва роҳҳои муқобила бо онҳоро месанҷидем.

Ҳамин ҷо буд, онсӯтар аз тандиси Ленин, ки лаҳзаҳои шоду бесиёсати кӯдакимонро месохтем; рӯи сандалиҳои чархуфалакҳои танҳо “шаҳри бозӣ”-и шаҳри Душанбе. Ҳамин ҷо, пушти тандиси Ленин буд; зери дарахтони гашн (анбӯҳ)-и порк, ки шармгинона аз чашми дилбарон нигоҳ медуздидем.

Вале оё дақиқан ҳамин ҷо буд ё як зарра онсӯтар? Акнун танҳо метавон ҳадс зад. Чун дигар ҷои тандиси Ленин чизе ҷуз як мушт моса (рег) нест ва анбӯҳи дарахтони порк ва чархуфалакҳояш нопадид шудаанд. Рӯи сардари порк ба ҷои номи Ленин номи Рӯдакиро мехонем. Акнун ҷои дарахтҳо сонт ба сонт мушаххас шуда ва дуруст дар қалби порк муҷассамаи Рӯдакӣ зери тоқи нусрат худнамоӣ мекунад. Самти рости тандиси Одамушшуъаро, дар он сӯи ҳошияи порк, ки қаблан пушти дарахтҳо пинҳон буд, манзараи ғарибе шакл гирифта: уфуқи бозу паҳновар, ки дар миёнаи он “Қасри миллат” чун нигине тобнок медурахшад. Ин сохтмони бошукӯҳ ба сабки меъмории итолиёӣ дафтари нави раёсати ҷумҳурист, аммо ба далоиле ҳанӯз соҳибаш ба он ҷо нақли макон накардааст.

Таҳаввулоти мушобеҳе дар бахшҳои дигари шаҳр ҳам сурат гирифтааст. Сохтмонҳои куҳна зери хок рафтаанд ва биноҳои тоза дар ҷои онҳо рустаанд, ки бархешон таҳсинбарангез асту баъзешон – қурбонии салиқаи бад. Дар бисёре аз маворид сохтмонҳои куҳна фақат ҷома иваз кардаанд ва зоҳири бетунии шӯравишон шишаӣ шудааст, аммо даруни сохтмон бетағйир мондааст.

Ба ростӣ, тайи ду-се соли ахир Душанбе чеҳра иваз кардааст ва бисёре аз манотиқи шаҳрро ба сахтӣ метавон шинохт. Аммо осфолти сӯда ва ҳуфра (сӯрох)-ҳои фарохи ҷоддаҳо зоҳири оростаи шаҳрро махдуш мекунад. Ронандагӣ дар ин роҳҳо табдил ба хазандагӣ мешавад, то мабодо барҷастагии сатҳи роҳ ё санге ба зери мошин бихурад. Дар воқеъ, зербинои шаҳр тайи чандин даҳа аст, ки даст нахурда ва таъмиру тармими муфассал мехоҳад.

Оби шир (кран)-и хонаҳо, аммо, дигар мисли гузашта қаҳваӣ нест. Зоҳиран дастгоҳи полоиши об таъвиз шуда. Вале бо оғози фасли сармо барқ ҳамчунон қатъу васл мешавад, ки барои кишвари пуробе чун Тоҷикистон амри ғарибест.

Таъаддуд (бисёрӣ)-и худравҳои гаронқимати хориҷӣ ва антенҳои моҳвораии пушти бомҳо долли бар беҳбуди вазъияти иқтисодии шумори зиёде аз мардум аст, ки дар бештари маворид ҳосили чандин сол муҳоҷирати кории онҳо дар Русия ва кишварҳои атроф маҳсуб мешавад.

Ба назар меояд, ки омадушуди мошинҳо, ба вижа дар хиёбонҳои марказии шаҳр, сомонмандтар шудааст ва, масалан, бастани камарбанди эминӣ барои ронанда ва сарнишини сандалии ҷилав (пеш) илзомист; чизе, ки яке-ду сол пеш маъмул набуд. Ва аммо тараддуд (рафтуомад)-и мақомоти баландпоя дар хиёбонҳои марказӣ, дуруст ба монанди чанд сол пеш, ҳарҷу марҷи васеъе меофаринад: ҷоддаҳои аслӣ масдуд мешавад ва мардум барои расидан ба мақсад роҳе намеёбанд ва суфуфи бепоёни мошинҳо барои соъатҳо дар интизор буқ (сигнал) мезананд.

Танҳо пушти фармони мошин нест, ки эъмоли кунтрули мақомот беш аз пеш эҳсос мешавад. Акнун давлат муроқибат аз ҳазинаҳои мардумро ҳам вазифаи худ медонад ва, барои намуна, даъвати беш аз 150 тан меҳмон ба базмҳои арӯсиро мамнӯъ кардааст. Бино ба муқаррароти ҷадид, ки дар Тоҷикистон бо номи “танзимот” шинохта мешавад, теъдоди худравҳои корвони арӯсӣ набояд бештар аз ҷаҳор адад бошад ва муддати баргузории базм фақат се соъат аст. Давлат, ки қодир нест ба атбоъаш дастмузди муносиб бипардозад, зоҳиран талош мекунад бо эъмоли “танзимот” аз ҳазинаҳои мардум – ва мутаъоқибан аз мизони нохушнудии онҳо – бикоҳад.

Яке дигар аз дигаргуниҳои чашмгир дар пойтахти Тоҷикистон издиёд (зиёдӣ)-и гардишгарони хориҷӣ дар хиёбонҳои шаҳр аст. Дигар шунидани гӯиши теҳронӣ дар хиёбонҳои Душанбе як амри одист ва гӯши мардуми пойтахт бо ин гӯиш хӯ гирифтааст. Эрониён маъмулан барои тиҷорат ё саёҳат ё таҳсил вориди Душанбе мешаванд. Иддае ҳам шабҳошонро дар кобореҳо ва дискуҳои шику мудерни Душанбе рӯз мекунанд. Дискуҳои шаҳр, ки зоҳири батамом ғарбӣ доранд, дар изои ҳудуди чаҳор дулор сервиси хубе арза мекунанд ва бо тозатарин оҳангҳои ғарбӣ, тоҷикӣ ва эронӣ муштариёнро саргарм мекунанд.

Ҳузури бозаргонони эронӣ дар бозорҳо маҳсус аст. Бархе аз растаҳо сирфан колои эронӣ мефурӯшанд. Вале аҷноси ғолибан бадкайфият, ки бо қимати арзон харидорӣ ва ворид шуда, барои бозаргонони эронӣ ному эътиборе насохтааст. Бо вуҷуди ин, огаҳиҳои бозаргонии ширкатҳои муштараки тоҷикӣ ва эронӣ дар сатҳи шаҳр бафаровонӣ ба чашм мехурад.

Вале маҳбубияти овозхонони эронӣ дар шаҳри Душанбе ранг набохтааст. Акнун ситораҳои попи эронии муқими Лус Онҷелес беш аз пеш меҳмони Душанбе мешаванд. Чанде пеш Душанбе мизбони Муъини Исфаҳонӣ ва Афшин буд ва интизор меравад моҳи морси оянда Гугуш ба дидори ҳаводорони бешумораш дар Тоҷикистон биравад, ки бегумон, пас аз ин ҳама интизори ошиқона як рӯйдоди муҳим хоҳад буд.

Чеҳраи тозаи Душанберо метавонед дар гузориши мусаввари ҳозир бибинед.

Гузориши тасвириро бо суръати баланд метавонед дар инҷо бибинед.

Thursday, November 26, 2009

Long Live My Town!

Зинда бод шаҳри ман!

(вижаи хафтаномаи Нигох)

Бӯи хоки ин шаҳрро ҳеч шаҳри дигаре надорад. Ранги дарахтони ин шаҳр чашмнавозтар аст ва садои оби ҷӯйборонаш хушояндтар. Ин шаҳр қасидаи ишқест, ки Худованд ба ҳангоми офаридани мо ба гӯши азал сурудааст ва хоки моро бо меҳр ба ин шаҳр сириштааст.

Сахт дилтанги Душанбе будам ва пас аз ҳудуди се сол дубора ба дидораш расидам. Ҳоло ки азми бозгашт ба Ғарбро дорам, таъми гас (нофорам)-и ғурбат дубора ба комам бармегардад ва медонам, ки рӯзҳои нахусти дурӣ аз зодбум бар ман сахт хоҳад гузашт.

Албатта, Душанбе хеле дигаргун шуда ва дигар он шаҳре нест, ки замоне бо исёни қалбҳои ҷавони мо месохт ва маркази худро бакуллӣ дар ихтиёри шӯри ҷавононаи мо гузошта буд; зери соябони рестурони “Сириус”-аш потуқ (нишастгоҳ)-и мо буд, дар Хонаи синемои он ба мо дарси худшиносӣ медоданд, дар Иттиҳодияи синемогарони он ба таври муназзам бо чеҳраҳои барҷастаи адабу ҳунар ба гуфтугӯ менишастем... Дигар аз ҳеч кадом хабаре нест ва ҳама танҳо дар хотироти мост, ки зиндаанд. Акнун Душанбе барои насли ҷавонтари худ хотира меофаринад; бо сурату сирате дигар.

Перояи нави пойтахт марказро то ҳадди зиёде дигаргун карда: бар рӯи сохтмонҳо ҷомаҳои шишаии тоза кашидаанд ё ба ҷои он сохтмонҳои тоза сохтаанд, ки сад дареғ, ҷавҳари асолаташон пайдо нест ва ғолибан аз зеҳнҳои муқаллид (тақлидкор) берун таровидаанд. Ҳарчанд дар мавориде андак метавон тарҳҳоеро ҳам дид, ки намоёнгари умқи диди меъмори он ҳастанд.

Аммо тағйирот дар сатҳи шаҳр сатҳист ва ба умқ нарасидааст. Чанд сохтмони тозаро мебинем, вале зербино ҳамон аст, ки буд. Дар байни роҳҳо чоҳҳое даҳон гушудаанд, ки заҳмати убур аз онҳо ба ҳафт хони Рустам мемонад. Набуди хутути роҳ, ки ҳадду марзи борикаҳо ё наворҳоро мушаххас кунад, сафар дар ин ҷоддаҳоро хатарноктар ва саҳмгинтар ҷилва медиҳад. Набуди чароғи роҳнамо дар чаҳорроҳҳо қазияро ҷиддитар мекунад. Ва дар он ҷо ҳам ки чароғ мавҷуд аст, вуҷудаш нодида гирифта мешавад ва ҳарҷу марҷи густардаи роҳҳо мусофирону роҳгузарҳоро таҳти фишори асабӣ нигоҳ медорад. Номи Худо пайваста бар сари забонҳои ронандагону сарнишинон ҷорист, то раҳмат бифармояду онҳоро басаломат то ба мақсаду манзилашон бирасонад.

Зоҳиран шароити зиндагии мардум беҳбуд ёфтааст: антенҳои моҳвораии фаровоне аз дару девору боми хонаҳо сар кашидаанд ва мошинҳои гаронқимати хориҷии бештаре дар хиёбонҳо ба чапу рост мешитобанд (ҳарчанд акнун ҳамаи мошинҳо барои кишвари мо хориҷӣ ба шумор меоянд). Аз соҳибони антенҳову мошинҳо мепурсам, ки чи гуна ба беҳбуди вазъи зиндагишон даст ёфтаанд. Рӯ ба самти Русия меоваранду дуруде мефиристанд, ки бозори кори он асбоби маъишаташонро муҳайё кардааст. Пас беҳбуди рӯзгор барои бисёре танҳо бар асари пазируфтани заҳмату хории муҳоҷират муяссар шудааст.

Дар базми арӯсии дӯсте аз муқаррароти тозаи мавсум ба “танзимот” огоҳ мешавам. Домод ба ҷои ин ки аз оҳангҳои маросим лаззат бибарад, машғули шумурдани теъдоди оҳангҳост, то мабодо аз шумори муқаррар фаротар биравад. Нигарон аст, ки шумори мошинҳои корвони арӯсӣ шояд бештар аз чаҳор адад бошад. “Танзим” инро ҳам мамнӯъ кардааст. “Танзим” ба ҳадде таваҷҷуҳамро ба худ ҷалб мекунад, ки мехоҳам онро бештар биомӯзам ва баъдан сари фурсат мулоҳизотамро дар бораи он дар миён бигзорам.

Дӯстони хабарнигорам аз расонаҳои мустақил мегӯянд, ки дигар қарор нест ахбори расмӣ ройгон бошад ва барои дарёфти хабар бояд ба мақомоти мавриди пурсиш маблағи андаке бипардозанд ва мунтазири анҷоми муқаррароти пардохту дарёфт бимонанд, ки боиси деркард (таъхир) дар пахши хабар хоҳад шуд. Ангушти тааҷҷуб ба даҳон ба худ меандешам, ки оё ҷои дигареро дар ҷаҳон суроғ дорем, ки чунин муқаррароти гӯшношунидро пиёда карда бошад? Ба ин мавзӯъ ҳам сари ҳавсалаву фурсат метавон баргашт.

Дубора барқ рафт. Пас ҳамчунон дар Душанбеи азиз ҳастам ва ин сатрҳоро ҳамин ҷо менависам. Барои набуди барқ дигар чӣ баҳонаҳои тоза кашф шудаанд? Оё ҳанӯз панҷ сол ҷанги дохилиро танҳо сабаби ин гирифториҳо медонанд? Ҷанги шумеро, ки аз поёнаш 12 сол гузаштааст, аммо гӯё паёмадҳои он ҳаргиз даст аз сари мо бар нахоҳад дошт. Ё ҳастанд афроде, ки мудирияти бадро далели камбуд ё набуди барқ мешуморанд?

Оре, акнун ҳастанд касоне, ки на танҳо воқеиятҳоро мебинанд, балки ҷуръати баёни он воқеиятҳоро низ дар худ пайдо кардаанд. Дубора нури умед дар чашми ҷавононе сӯ-сӯ мезанад (медурахшад), ки мепиндоранд бо шикастани қолибҳои бешумор барои худу ояндагон зиндагии беҳтареро фароҳам хоҳанд кард. Нуре заиф, аммо қобили дидан. Садое зариф, аммо қобили шунидан. Бозгашти шуълаи умедро ба ин чашмони ҷавон шодбош мегӯям.