Артишро тоҷикӣ кунем
(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")
Кишварҳое, ки дорои пешинаи торихии ғанӣ ҳастанд, пайваста кӯшидаанд бо такя ба истилоҳот ва вожагони куҳан вобастагии худ ба тамаддуне бостониро собит кунанд. Дар Эрони давраи Ризошоҳи Паҳлавӣ (1921-1941), ки ба шеваи Камол Ототурк дар ҳоли шакл додан ба ҳувияти миллӣ буд, ин иқдом аз артиши кишвар оғоз гирифт, ки ойинаи тамомнамои қудрати давлат ба шумор меомад. Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ки то замони Ризошоҳ пора-пора ва номунсаҷим буданд, бо номи туркии “қушӯн” шинохта мешуданд.
Ризошоҳи Паҳлавӣ бо дарки аҳаммияти номҳо ва истилоҳоти расмӣ, бавижа артишӣ, дар оғози соли 1935 донишмандони забонро гирди ҳам овард ва Фарҳангистони забону адаби порсиро таъсис кард, то барои ниёзҳои давлатӣ вожасозӣ кунад. Истилоҳоте, ки имрӯза дар артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кор меравад, барсохтаи ҳамин Фарҳангистон аст.
Муҳимтарин истидлоли ҳаводорони тағйири истилоҳот, бавижа дар заминаи низомӣ, ин буд, ки Эрон ба унвони импротурии бузург дар гузашта дорои номҳо ва истилоҳоти бумии деринае буда ва ниёзе ба вом гирифтани истилоҳоти туркии “қушӯн”-у “қӯч” нест. Гурӯҳе ҳам ба корбурди истилоҳоти низомии порсӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ишора мекарданд, ба монанди:
Набояд, ки аз кордорони ман,
Зи сарҳангу ҷангӣ саворони ман,
Бихуспад касе дил пур аз орзӯй,
Гар аз банда гар мардуми некхӯй.
Ё:
Сипаҳдор чун Булмузаффар бувад,
Сари лашкар аз моҳ бартар бувад.
Ё:
Яке маҳзар акнун бибояд навишт,
Ки ҷуз тухми некӣ сипаҳбуд накишт.
Дар даврони Ризошоҳ, ки бархе онро “истибдоди созанда” унвон мекунанд, фурсати баҳсу мунозирот сари вожасозию вожапардозӣ набуд. Подшоҳ истилоҳоти нобе мехост ва фавран мехост. Фарҳангистони забону адаби порсӣ ҳам ба ин хоста гардан ниҳод ва дар фурсате бисёр кӯтоҳ кореро анҷом дод, ки мондагор шуд ва умре бас дарозтар аз салтанати Ризошоҳу писараш ва ҳатто таҷрубаи салтанат ё шоҳаншоҳӣ дар Эрон ёфт.
Аммо вожаи аслиро, ки “артиш” дар баробари “қушӯн”-и туркӣ бошад, иддае аз фарҳангиёни Эрон пеш аз таъсиси Фарҳангистони забону адаби порсӣ сохтаанд. Бархе аз соҳибназарон асолати ин вожаро зери суол мебаранд ва мегӯянд, ки он баргирифта аз вожаи паҳлавии “артиштор” ё “артишдор” ба маънои “сипоҳӣ” аст ва созандагони он пиндоштаанд, ки бо ҳазфи пасванди “-дор” мешавад муъодиле барои вожаи “қушӯн” сохт. Аз сӯи дигар, иддае ҳам решаи вожаи “артиш”-ро ба номи бостонии Арта – нахустин бунёдгузори нерӯи низомӣ дар Эрони устураӣ пайванд медиҳанд. Сарфи назар аз дурустӣ ё нодурустии ин ду гумона, имрӯза вожаи “артиш” дар тамоми паҳнаи порсигӯ корбурди густарда дорад ва ҷо уфтодааст.
Аммо дар Тоҷикистон дараҷа (рутба)-ҳои низомӣ ҳамчунон ёдгори талху занандае аз султаи русҳо бар порае аз сарзамини Фирдавсӣ ҳастанд. Агар Фирдавсӣ мехост асари сутургашро имрӯз бинависад, шояд бо он ҳама бузургӣ аз қофия бастани “лейтенант”-у “подполковник”-у “полковник” оҷиз мемонд, чун ин вожаҳои аҷнабӣ бо рӯҳи забони мо, бо сиришти забони Фирдавсӣ, ҳамхонӣ надоранд. Ва гузашта аз аҳаммияти забонӣ, ин истилоҳот деринагии давлатдории тоҷиконро зери суол мебаранд. Агар мо пеш аз ҳамлаи арабу муғулу рус ҳам лейтенанту полковник доштем, чаро акнун нишоне аз он истилоҳот нест? Оё ҳар фарди ноошно бо торихи сарзамини мо ба ин пиндори ғалат намеуфтад, ки тоҷикон ҳаргиз артишдор набудаанд ва фанни артишдориро аз русҳо омӯхтаанд?
Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти ин мавзӯъ дар маҳфили фейсбукии “Забони порсӣ”, ки акнун беш аз 700 узв дорад, Сайидюнуси Истаравшанӣ, аз аъзои фаъъоли ин гурӯҳ, пешниҳодҳои зерро барои дараҷаҳои низомӣ дар Тоҷикистон матраҳ кард, ки ба таъйиди бештари аъзои гурӯҳ расид. Пешниҳодҳо ба се забони порсӣ, русӣ ва инглисӣ омадаанд:
Сарбоз - Рядовой - Private
Сарбози якум - Рядовой первого класса - Private First Class
Сарҷӯха - Капрал (ки имрӯза дар Русия вуҷуд надорад) - Corporal
Гурӯҳбони дуюм - Сержант первого класса - Sergeant First Class
Гурӯҳбон - Сержант - Sergeant
Саргурӯҳбон - Мастер-сержант (ки имрӯза дар Русия вуҷуд надорад) - Master Sergeant
Устувор - Сержант-майор (ки ин ҳам дар Русияи имрӯз вуҷуд надорад) - Sergeant Major
Сутвони дуюм - Второй лейтенант - 2nd Lieutenant
Сутвони якум - Старший лейтенант - 1st Lieutenant
Сарвон - Капитан - Captain
Саргурд - Майор - Major
Сарҳанги дуюм - Подполковник - Lieutenant Colonel
Сарҳанг - Полковник - Colonel
Сартип - Бригадный генерал - Brigadier General
Сарлашкар - Генерал-майор - Major General
Сипаҳбуд - Генерал-лейтенант - Lieutenant General
Артишбуд - Генерал – (Four Star) General
Раиси ситоди артиш - Начальник штаба - Chief of Staff
Фармондеҳи кулли қуво - Верховный главнокомандующий - Commander-in-Chief
Бузург-артишдорон – Маршал – Field Marshal
Агар ин истилоҳот ба ҷои баробари русии онҳо дар Тоҷикистон мутадовил шавад, бегумон тамоюзи давлатдории тоҷикон дар минтақа барҷастатар хоҳад шуд ва ҳувияти миллӣ бавижа дар миёни артишдорони кишвар устувортар ва нерӯмандтар хоҳад шуд.
Showing posts with label Shahname. Show all posts

Tuesday, May 31, 2011
Tuesday, October 05, 2010
Russians Faking History
Русҳо торих метарошанд
(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)
Замоне таҳсилкардагони донишгоҳҳои Русия ифтихор мефурӯхтанд ва шояд ҳам ҳақ доштанд. Бархурдорӣ аз дониши донишварони барҷастаи Русия дар муассисаҳое чун Донишгоҳи давлатии Ломоносов насиби ҳар навъи башаре намешуд. Он дониш дар ҳар гӯшаи ин кураи хокӣ мухотабу шунидору харидоре дошт, чун ҳосили пажӯҳишҳои чандсадсолаи мағзҳои мутафаккири бузургтарин кишвари ҷаҳон буд ва созгор бо тозатарин ёфтаҳои аҳли донишу пажӯҳиш дар саросари гетӣ, ҳарчанд бархе аз риштаҳои он бо андешаи расмии кишвари шӯроҳо олуда буд.
Бо фурӯпошии Шӯравӣ ва аз ҳам гусехтани шерозаҳои умур ҳатто дар густараи донишу донишпажӯҳӣ ин ифтихор дигар пучу беҳуда ҷилва мекунад. На ба хотири бутлони андешаи расмии шӯравӣ, балки ба хотири роҳи ботиле, ки бархе аз устодони он донишгоҳҳо паймудаанд. Гӯё бо фурӯпошии импротурии сурх сомона (систем)-и омӯзишӣ ва софӣ ё филтери донишмеҳвари он низ фурӯ рехтааст.
Агар на чунин буд, “донишмандон”-е чун А.Т. Фоменко ва Г. В. Носовский ҳам маҷоли буруз намеёфтанд. Ин ду пажӯҳишгар, ки таи чанд соли ахир рафҳои китобфурӯшиҳоро бо чандин ҷилд асари “торихӣ” анбоштаанд, зоҳиран ҳар ду риёзидонанд, вале аз чи бошад, ки ҳавои торихнигорӣ кардаанд ва торихро дар гирдобе аз фарзияҳои дурӯғолуд печондаанд. Дар як соли ахир аз ин ду “донишманд” се асар чоп шуда, ки базудӣ фаромӯш хоҳанд шуд.
Фарзияи модари ҳамаи фарзияҳои ин ду устоди Донишгоҳи Ломоносови Маскав ин аст, ки ҳар чи мо аз торих хондаем, бар мабнои донистаҳои мо дар садаи 17-уми мелодист ва бо донистаҳои кунунӣ созгор нест. Ба бовари онҳо, бештари навиштаҳои торихӣ дар воқеъ тафсире аз рӯйдодҳои давраи мавсум ба “Ошуфтагии бузург” ё “Великая Смута”-и Русия аст, ки садаҳои 16 ва 17-ро дарбар мегирад. Онҳо бар мабнои “назария”-и тозапардохтаи худ тамоми рӯйдодҳои муҳимми ҷаҳонро ба Русия нисбат додаанд ва ҳатто маҳалли зоиши Исои Масеҳро аз Носирия (Назарет) ба Крима (Крым) кӯч додаанд ва маҳалли хоксупории Марями муқаддасро ҳам ҳамон ҷо медонанд ва маҳалли Лавҳи Муқаддасро ҳам ва Шоҳ Артурро ҳам аз Инглистон ба Русия мунтақил кардаанд ва ӯро таҷассуме аз Исои Масеҳ ва Дмитрий Донской, аз шоҳзодагони руси садаи 14, донистаанд.
Ин ду донишпажӯҳ, ки дар воқеъ роҳзани донишанд, назарияеро зери унвони “Замоншиносии навин” ё “Новая хронология” поярезӣ кардаанд, ки ҳатто дар Донишномаи маҷозии Wikipedia ба унвони “назарияи илмии дурӯғин” ё «лженаучная теория» муъаррифӣ шудааст; назарияе, ки тавассути маҳофили илмии торихдонону бостоншиносон, забоншиносону риёзидонон, физикдонону ахтаршиносон такзиб мешавад.
Ин назария, дар воқеъ, зодаи миёнаҳои даҳаи 1990 аст; замоне ки ҳар азроҳрасидае метавонист газофагӯиҳои худро бо шуморгон (тираж)-е бештар аз 700 ҳазор нусха ҳам мунташир кунад. Пешоҳанги ин инҳирофи илмӣ Анатолий Фоменко, риёзидон ва узви Фарҳангистони улуми Русия буд, ки корҳои баъдиаш бо ҳамроҳии Глеб Носовский мунташир мешавад.
Бино ба назари ин ду риёзидони торихнигоршуда, замоннигории ҳамаи рӯйдодҳои торихӣ, ки мо медонем, ғалат будааст ва торихи мактуб (навишташуда)-и башарият кӯтоҳтар аз он аст, ки тасаввур мешавад ва аз садаи даҳуми мелодӣ ба он сӯ намеравад. Ба бовари онҳо, ҳамаи тамаддунҳои бостонӣ тасаввур ва хобу хаёли башарият аз тамаддунҳои баъдина будааст. Муаллифони ин назарияи бебунёд торихи башариятро ба наҳви худ бозсозӣ кардаанд, ки дар конуни он фарзияи мавҷудияти як импротурии ғулосо (дарбаргирандаи Урупо ва Осиё) дар садаҳои миёнӣ қарор дорад ва гӯё маркази сиёсии он импротурӣ ҳамоно хоки Русия будааст. Ба эътиқоди ин торихнашносон, додаҳои торихии маъруф аз пешинаҳои дур ношӣ аз дасткории санадҳои торихӣ будааст.
Дӯстам Умеди Ҷайҳонӣ огоҳам кард, ки А.Т. Фоменко ва Г. В. Носовский пас аз дарҳам кӯбидани додаҳои торихии Бохтарзамин ба торихи Ховарзамин ҳам даст ёзидаанд ва нахустин туъмаи онҳо “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ будааст. Дар китоби нави 669-сафҳаии ин ду пажӯҳишгари нобоб достонҳои “Шоҳнома”-и мо бозтобе аз рӯйдодҳои торихии Русия дар садаҳои 12 ва 17-уми мелодӣ унвон шудааст. Мусалламан, ин иддаъо ба ҳар гӯше хандадор мерасад. Агар рӯйдодҳои мазкур дар “Шоҳнома” ин ҳама ба мо наздик буда, пас чи гуна бузургони садаҳои 12 то 17-уми мелодӣ ва ҳатто бархе аз андешаварзони Бохтарзамин аз он ёд кардаанд? Аслан Каюмарси Пешдодию говаш дар торихи Рус кӣ метавонад бошад? Ва Фаридуну се писараш? Вале оё арзиши онро дорад, ки дар вокуниш ба чарандиёту «Наша Раша»-и торихии русҳо як матлаби пажӯҳишӣ бинависем ва собит кунем, ки Фоменко ва Носовский фаротар аз зери биниашон надидаанд ва ғалат кардаанд? Мусалламан на. Ҳадаф танҳо ин буд, ки таваҷҷуҳи андешаварзони тоҷикро ба ин вайронгарии торихии бархе аз русҳо ҷалб кунем, ки албатта, фаротар аз Русия хонандае надоранд.

Subscribe to:
Posts (Atom)