Showing posts with label Egypt. Show all posts
Showing posts with label Egypt. Show all posts

Wednesday, June 19, 2019

Мерсӣ аз Мурсӣ?

Даргузашти ногаҳонии Муҳаммад Мурсӣ дар 67-солагӣ, он ҳам дар пайи беҳушӣ дар додгоҳ, нақли маҳофили хоссу ъом аст; бавежа дар Тоҷикистони офтобрӯя, ки офтобаш рӯ ба сӯи баҳсҳое метобад, ки тобиши ъақидатӣ дорад. Масалан, агар Мурсӣ як раҳбари котулики маҳкум ба зиндон буд, ин сарнивишти дардноки ӯ қалби андак ҳаммеҳани моро ба дард меовард. Ё агар “мулҳид” ё динситез ё бехудое буд, шояд касе дар Тоҷикистон ба ёди он мазлум намеуфтод.

Аммо шакке нест, ки Мурсӣ мазлум буд. На тақаллои раҳбарӣ дошт ва на дар роҳи расидан ба раҳбарӣ ҷиноёте карда буд; чуноне ки дар “корнома”-и бархе шоҳидаш ҳастем.

Марде буд, ки бар ҳасби тасодуф ба намояндагӣ аз “Бародарони мусалмон” (“Ихвон-ул-муслимин”)-и Миср номзад шуд ва раъйи бештари мардуми кишварашро ба даст овард. Яъне дар нахустин фурсате, ки кишвар ва тамаддуни чандҳазорсолаи Миср имкони интихоби раҳбари худро доштанд, ҳамин мард буд, ки раъй овард. Бештари миллат ба тарафдорӣ аз Мурсӣ раъй доданду Мурсӣ бар курсӣ нишаст. Неку бади раёсаташ мавзӯъи баҳс нест. Нафси интихоби ӯ ба ъунвони нахустин раҳбаре, ки аз роҳи демукротик бар маснади раҳбарӣ расид, қобили тааммул аст. Дар кишваре, ки тайи ҳазорон сол танҳо истибдод ҳоким буда, барои нахустин бор касе рӯи кор меояд, ки мардум ӯро хостаанд. Ин амр ба худии худ амри мубораке буд. Идомаи ин суннат метавонист Мисрро ба бузургроҳи пешрафту тамаддуни имрӯзӣ бирасонад.

Аммо ин инқилоби ъазим ъақим монд; чун раҳбарии як ихвонӣ дар пурҷамъияттарин кишвари ъарабизабон ба мазоқи бисёре хушоянд набуду нест. Дар натиҷа, нахустин таҷрубаи мардумсолорӣ дар Миср ъақим (нозо) монд ва касе, ки мардум писандида буданд, дар ниҳояти бадбахтӣ равонаи зиндон шуду мурд.

Оё марги Мурсӣ ба маънои поёни достон аст? Ба ҳеч рӯй. Миср, ки дар чунин марҳилаи пешрафти сиёсӣ қарор дорад, баногузир ба мурсиҳои дигар боз хоҳад гашт. Сисиҳо саранҷом ба мурсиҳо тан хоҳанд дод.

Дар воқеъ, базӯр наметавон чархаи торихро ъиваз кард. Ба зӯри Сисӣ ҳам намешавад мурсиҳоро аз сафҳаи сиёсату рӯзгори Миср зудуд. Солҳо баъд дубора зуҳур хоҳад кард. Пас коре, ки Сисӣ кардааст, ин аст, ки торихи Мисрро ба таъхир водоштааст. Иттифоқе, ки дошт меуфтод, ба дасти кудетогароне чун Сисӣ мутаваққиф шуд. Он раванди торихӣ боздошта шуд. Он марҳилае, ки Миср дар ҳоли гузораш буд, ба таъхир уфтод. Қарор буд Миср он давраи ъақидатиро ҳамин ҳоло сипарӣ кунад ва сипас, ба монанди Эрон, рӯ ба ояндаи озод аз бандҳои ъақидатӣ ҷилав биравад. Аммо кудетои Сисӣ боли парвози Мисрро баст. Ва чанд даҳа баъд ояндагон дубора шоҳиди зуҳури як Мурсии дигар хоҳанд шуд. Ин торих ҳамчунон такрор хоҳад шуд, то мардумон дарёбанд, ки бо бастани даҳану гирифтани ихтиёр аз мардум намешавад ҳукумат кард.


Ин дарсест, ки ҳамаи ъоқилон аз он панде гирифтаанд. Оё Тоҷикистон ҳам ҷузъи он ъоқилон аст?

Thursday, February 17, 2011

Mubarak's Message to Fellow Dictators

Паёмҳои сари нагуни Муборак

(15.02.2011)

Башар шефтаи пирӯзу пирӯзист ва шикасту шикастхурдаро хор медорад. Шикасти Ҳуснӣ Муборак дар баробари хашму муқовимати мардуми Миср ҳатто ононеро, ки шояд то ҳамин чанд рӯз пеш ҳам ба сарсахтии раҳбари куҳнакори Миср имон доштанд, аз ӯ дилсард ва аз пирӯзии мардум гӯё хурсанд кард.

Ҳатто бонкҳои Суис, ки то охирин лаҳзаи зимомдории Ҳуснӣ Муборак дар Миср фармонбардорона умури бонкиашро анҷом медоданд, ба маҳзи шикасти ӯ ҳисобҳояшро масдуд карданд ва аз дигар бонкҳои ғарбӣ ҳам тақозо шуд, ки дастрасии Муборак ба даҳҳо милёрд дулор дороиашро маҳдуд ва масдуд кунанд; даҳҳо милёрд дулоре, ки аз даҳони мардуми бенавои Миср зада ва барои худашу хонаводааш пасандоз карда буд.

620 милюн дулори раҳбарони сарнагуншудаи Тунис ҳам ба ҳамин шева дар Бонки Суис (Швейтсария) масдуд шуд. Аммо ҷолиб ин ҷост, ки танҳо пас аз шунидани хабари суқути раҳбар бонкҳо бо раҳбарони пешин номеҳрубон мешаванд, ҳарчанд фасоди молии он мустабиддон барои ҷомеъаи байнулмилалӣ пештар собит шуда буд. Аз дил биравад, ҳар он ки аз дида бирафт...

Аммо ҷолибтар ин ки шикасти Муборак ва поёни ҳукумати номубораки ӯ давлатҳои мутаъаллиқ ба урдугоҳҳои сиёсии мутафовиту мутазодро гӯё хурсанд кардааст. Ҳам Кохи Сафеди Омрико ва ҳам Теҳрон паёмҳои дуруду шодбошу ситоиш ба мардуми Миср фиристодаанд; дар ҳоле ки ҳам Вошингтуну ҳам Теҳрон сидқан нигарони ин рӯйдоданд. Омрико нигарони аз даст додани паймони сулҳи Мисру Исроил аст, ки 32 сол пеш имзо шуда буд. Теҳрон ҳам нигарони такрори рӯйдодҳои майдони Озодии Қоҳира дар майдони Озодии худаш аст. Аммо ҳар ду бо умеди ба даст овардани ҳимояти давлати ояндаи Миср чанд рӯзест, ки бо ҷидду ҷаҳди тамом дар ҳоли тамҷид аз истиқомати мардуми Миср ҳастанд.

Аз оғози тазоҳуроти мардум алайҳи Муборак то поёни он давлатмардони Эрон талош карданд, ки муътаризони мисриро ба “роҳи рост”, ба сӯи як инқилоби исломии дигар ҳидоят кунанд. Ҳам Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳам ҳатто Алии Хоманаӣ ба забонҳои форсию арабӣ хостанд ин паёмро ба муътаризон дар Қоҳираву Искандария бирасонанд. Дар айни ҳол, мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ кишварҳои ғарбиро ба талош барои мудохила дар авзоъи Миср муттаҳам мекарданд ва саъй ҳам намекарданд, ки мудохилаи ошкори худро ба гунае тавҷеҳ кунанд. Посухи муътаризони мисрӣ, албатта, мушти обдоре буд ба даҳони Аҳмадинажод ва Хоманаӣ. Дар суханрониҳои майдони Озодии Қоҳира ин даъватҳои масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сухра кашида шуд ва муътаризони мисрӣ бо ҳимоят аз Ҷунбиши Сабзи Эрон аз Теҳрон тақозо карданд, ки ба ҷои панду андарзи мисриҳо ба садои мардуми муътаризи худаш гӯш фаро диҳад.

Инқилоби Миср ҳам дуруст ба монанди инқилоби исломии Эрон рӯзи 22 баҳман ба самар расид. Аммо инқилобе шуд аз матоъе дигар. Инқилобе фаромазҳабӣ ва миллӣ, ки муборизонаш ба тамоми ақшор ва мазҳабҳои роиҷ дар ҷомеъаи Миср таъаллуқ доранд. Албатта, ҳоло бояд мунтазир монду дид, ки то куҷо хостаҳои мардум бароварда хоҳад шуд. Вале он чи мусаллам аст, сархурдагии Ҷумҳурии Исломӣ аз беэътиноии муътаризони мисрӣ ба хостаҳояш аст.

Се рӯз пас аз пирӯзии майдони Озодии Қоҳира бар 30 сол истибдоди Ҳуснӣ Муборак Ҷунбиши Сабзи Эрон ба нишони ҳимоят аз мардуми пирӯзи Тунису Миср ба хиёбонҳо рехт. Боризтарин паёми тазоҳуроти ҳазороннафараи чандин шаҳри Эрон дар рӯзи 25 баҳманмоҳ (14 феврие) зинда будани Ҷунбиши Сабз алорағми саркӯбҳои дадманишонаи мақомоти Теҳрон буд. Хушунате, ки Ҷумҳурии Исломӣ алайҳи мухолифонаш тайи ду соли гузашта анҷом додааст, бо хушунати давлати Муборак алайҳи муътаризони мисрӣ қобили муқоиса нест. Миср, ки муҳтоҷи ҳимояти бедареғи Ғарб аст, бо ҳудуди ду милёрд дулор кумаке, ки солона аз Омрико дарёфт мекунад, наметавонист бепарво ба латупори мардумаш бипардозад. Дар ҳоле ки давлати Эрон ба дур аз дағдағаи ҳимояти молию маънавии Ғарб ба осудагӣ ба озору шиканҷаи мухолифонаш нишастааст.

Дар Эрон ҳамон мақомоте, ки бо ҳимоят аз муътаризони мисрӣ давлати Муборакро ба эъмоли хушунат алайҳи мардумаш муттаҳам мекарданд, рӯзи 25 баҳман бо фиристодани нерӯҳои интизомию басеҷӣ ба хиёбонҳо муътаризони эрониро саркӯб карданд. Ин тазод дар бархурди мақомоти Теҳрон бо рӯйдодҳои Тунису Миср ва Эрон ба андозае зананда ва мутазоҳирона буд, ки ҷеғи вазирони хориҷаи Ғарбро даровард. Аз Теҳрон суол шуд, ки чи гуна метавон дар айни ҳимоят аз “мардуми мазлуми Миср” ба мардуми худ зулм кард. Яъне “на ҳар ки насиҳат гуфт, насиҳатпазирӣ донад”. Ва мусалламан, Ҷумҳурии Исломӣ он чиро, ки бар Муборак писандид, бар “вуҷуди муборак”- худ намеписандад.

Вале сарнавишти Муборак чизе ҷуз такрори ҳазоронбораи як ҳақиқати торихӣ набуд, ки саранҷоми як ҳокими золиму фосид сарнагунию бадномист. Ин паёмест, ки дили ҳамаи фармонравоёни ситамгару фосиди ҷаҳонро ба ларза овардааст, ки фардо ҳамин сарнавишт суроғи онҳо ҳам хоҳад омад. На аспу шутурҳои муҳоҷими Муборак ва на теғу мутурҳои маъмурони Хоманаӣ қодир ба тағйири ин мантиқи торихист.

Tuesday, February 01, 2011

Mubarak Under Siege

Рӯзҳои номубораки Муборак

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Мокёвелли, файласуфи сиёсии машҳури садаи 15-уми Итолиё, ба ҳокимон андарзе гуфта буд: Фармонравоён бояд ё мавриди эҳтиром бошанд ё мавриди тарси раъоёашон ва ба ҳар қимате бояд бикӯшанд, ки мавриди нафрати мардум воқеъ нашаванд. Бо ин ки аз баёни ин дидгоҳ ҳаминак 600 сол мегузарад, ҳақиқати он ҳамчунон ошкору мубарҳан аст.

Агар ин иддаъо ҳақиқат надошт, Ҳуснӣ Мубораки 82-солаи Миср ба ин рӯзҳои номуборак намерасид. Намедонам, то замоне ки ин навишта ба дасти хонандагони “Нигоҳ” бирасад, Муборак таслими чи сарнавиште шудааст. Аммо он чи тардидпазир нест, манфур шудани Муборак ва ҳукумати худкомаи ӯ пеши садҳо ҳазор тан аз раъоёаш аст, ки намоиши ин нафратро чандин рӯз аст, ки дар сафҳаҳои телевизюн мебинем.

Ҳукумати Ҳуснӣ Муборак тақрибан ба андозаи Инқилоби исломии Эрон умр кард ва дар моҳи уктубр (октябр)-и имсол сисола хоҳад шуд. Вай, ки соли 1981 сари қудрат омад, барои тамдиди “давраи раёсати ҷумҳурӣ”-аш дар солҳои 1987, 1993 ва 1999 се ҳамапурсӣ баргузор кард ва саранҷом дар соли 2005 дар “интихоботи раёсати ҷумҳурӣ” номзад шуд ва, мусалламан, ба пирӯзӣ расид. Нозирони байнулмилалӣ интихоботро зери суол бурданд, аммо маъмулан дар кишварҳои худкома дидгоҳи нозирони байнулмилалӣ арҷу қимате надорад ва ба зудии зуд фаромӯш мешавад. Ва аммо пеш аз интихобот шоеъ шуда буд, ки қарор аст Ҷамол Муборак, яке аз фарзандони Ҳуснӣ Муборак, ҷойгузини падари солмандаш шавад. Ин шоеъот ба дунболи варосати “тахту тоҷ”-и Сурия тавассути Башор Асад, писари раисиҷумҳури пешин, дар соли 2000 қувват гирифт.

Ин сенорию ба таври дардноке ёдовари барномаҳои ҳокимони минтақаи мо ҳам ҳаст. Варосати ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон тавассути Илҳом Алиев, писари раисиҷумҳури пешин, гӯё сармашқе буд барои раҳбарони дигар, ки тарҳи “сулолаҳои подшоҳӣ”-и худро бирезанд. Ғаме нест агар унвони “раёсати ҷумхурӣ” бар рӯяш ҳак шуда бошад, аммо коркардҳои он дуруст ба монанди як дудмони подшоҳӣ хоҳад буд ва ҳазинаи онро мардум хоҳанд пардохт! Ин наҳваи андешидан банохудогоҳ ҳар ҳокимеро табдил ба Ҳуснӣ Муборак хоҳад кард, ки дар деги нафрати мардумаш меҷӯшад. Бадсиголӣ ва заъфи ӯ дар баробари муъомилаи қудрат ва иродаи мардум на танҳо боъиси бадбахтии худи ӯ, балки асбоби азияту озори хонадонаш ҳам шудааст. Ба гунае, ки мегӯянд, акнун Ҷамол Муборак фирорро бар қарор тарҷеҳ дода ва ба Ландан паноҳ бурдааст. Ёдамон ҳаст, ки роҳи Максим Боқиев, писари раҳбари сарнагуншудаи Қирғизистон ҳам ки хиёли подшоҳӣ ба сар дошт, ба Ландан хатм шуда буд.

Рӯзе, ки хабари ҷунбиши мардумии Мисрро шунидам, рӯи сафҳаи “Фейсбук”-ам навиштам:
“Вақте ки Туниси тухмимурғӣ бо 10 милюн ҷамъият ва 165 ҳазор килуметри мураббаъ замин Мисри ҳазратифилӣ бо 80 милюн ҷамъият ва 1.010.000 килуметри мураббаъ заминро такон медиҳад, андоза (қадду қавора) маъниашро аз даст медиҳад ва мегӯӣ: Филфил набин чи рез аст, Бишкан, бибин чи тез аст :)”
Акнун ҳам ба ин натиҷагирӣ бовар дорам, ки андозаи муҳаррик чандон муҳим нест, балки муҳтавои паёми он муҳаррик муҳим аст. Дар Тунис ҳам ки мардум аз бекорӣ, таваррум, фасоди молӣ, хешовандсолорӣ, набуди озодии баён ва шароити бади зиндагӣ ба сутӯҳ омада буданд, фарёди хашмашонро ба хиёбонҳо бурданд ва он фарёд ба андозае баланд буд, ки Зайнулъобидин Бин Алиро пас аз 23 сол ҳукумати худкома фирорӣ дод. Дар паи он ҷунбишҳои мардумии мушобеҳе дар Яману Мисру Урдун роҳ уфтоданд ва ҳамчунон ҷараён доранд; ҷунбише, ки бисёре “бедории ҷаҳони араб” унвон кардаанд.

Аммо бероҳа нагуфтаем, агар ҷарақаи ҳамаи ин додхоҳиҳои хиёбониро “Ҷунбиши Сабзи Эрон” бидонем, ки соли 2009 бонги ғулғулаосои он ҷаҳонро дарнавардиду дар миёни хоку хун фурӯ нишаст. Шояд ҳамаи ҳукуматҳои мустабидди араб, ки бо хашми мардумонашон мувоҷеҳ шудаанд, мехоҳанд бо истифода аз шигирдҳои Теҳрон ошӯбҳои муваҷҷаҳи мардумиро фурӯ нишонанд. Аммо дасташон кӯтоҳ аст, чун дастбадомони Вошингтун ҳастанд. Агар Ҳуснӣ Муборак ҳам ба монанди Аҳмадинажод мардумашро барбарона саркӯб кунад, аз ҳимояти бедареғ ва кумакҳои милёрд-дулории Омрико маҳрум хоҳад монд. Дар ҳоле ки ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ чунин дағдағаеро надошт ва нигарони аз даст додани муттаҳидоне набуд, ки надорад. Аз ин рӯ ҳиммати мардуми муътаризи Эронро наметавон дастикам гирифт, ба вежа бо таваҷҷуҳ ба миқёси басе густардатари эътирозот дар Эрон. Ҳукуматҳо ва наҳваи бархурди онҳо бо мардумонашон фарқ мекунад.

Пас он чи файласуфи итолиёӣ 600 сол пеш гуфта буд, имрӯз ҳам сидқ мекунад: ҳукуматҳои манфур маҳкум ба сарнагунианд. Як унсури дигаре, ки мешавад ба он фармуда афзуд, часпидагии бас тӯлонии ҳокимон ба “тахту тоҷ” аст, ки нахуст боъиси бурузи фасод дар даруни ҳукумат ва сипас боъиси бурузи нафрат аз ҳукумат дар миёни мардум мешавад, ки дар ниҳоят ба сарнагунии ҳукумат меанҷомад.