Showing posts with label society. Show all posts
Showing posts with label society. Show all posts

Saturday, September 14, 2019

Талангури Барзу бар виҷдон


Барзу Абдурраззоқ, ҳунарманди баному хушном ва андешаварзи тоҷик, дар посух ба касе, ки бо интишори матолиби козиб саъй дар махдуш кардани равобити миёни Тоҷикистон бо Эрону Афғонистон дошт, посухе нивиштааст, ки ҳайфам омад тарҷумааш накунам.

Барзу чунон расову балеғу хоида ин луқмаи зеҳниро фароҳам кардааст, ки ҳар касе онро бихонад, бо як зарра шуъуре, ки дорад, вахомати авзоъ ва зарурати гузор ба хатти порсӣ ва тармими ин вазъиятро дарк мекунад. Виҷдоне, ки бо ин талангури такондиҳандаи Барзу бедор нашавад, виҷдон нест.

Он ҳаммеҳани мо муддаъӣ шуда буд, ки дар Эрон бо тоҷикон бадрафторӣ мекунанд. Аммо Барзу ба фарзи ин ки он ҳаммеҳанамон дуруст мегӯяд, чунин посух нивишт:

“Ман метавонистам бо Шумо мувофиқ бошам, агар тоҷик дар хонаи худ зиндагии шоистае медошт, дар меҳани худ аз ҳаққу ҳуқуқе бархурдор буду ҳифозат мешуд. Вақте ки арзиши як тоҷик дар сарзамини худаш баробар бо ҳеч (сифр) аст, вақте ки ҳуқуқи як гови мазраъа бештар аз ҳуқуқи ӯст, вақте ки ҳар сарҷӯха (“ефрейтор”)-и пулис метавонад ӯро лагад бизанад, вақте ки ҳар маъмури давлате метавонад ба сурати ӯ туф кунад, вақте ки ин тоҷики бадбахт маҷбур аст аз ин зиндон ба зиндони нисбатан амнтар (Эрон, Русия...) бигурезад, моро гилоя кардан нашояд, ки дар ҷое дигар он тоҷикро таҳқир мекунанд ё мекушанд.

Беқонунӣ ва таҳқири ӯ дар Хона оғозгари тамоми моҷарост. Ҳар миллате, ки дар сарзамини худаш таҳқир шавад, дар берун аз марзҳои он ҳам таҳқир хоҳад шуд. Ин аз бадеҳиёт (“аксиома”) аст.

Ва баъдаш ҳам, рафтори афроди мо бо бародарони тоҷики афғонистонимонро ба ёд оваред, ки 20 сол пеш маҷбур буданд аз ҷанги дохилӣ ба кишвари мо паноҳ оваранд. Ба онҳо лақаби “афғони бӯйгин” доданд. Ҳатто ҳақиртарин мавҷуд дар Душанбе метавонист муҳоҷири афғонистониро ғорат кунаду кутак бизанад. Мадди назар дошта бошед, ки онҳо (ғолибан) тоҷикони Афғонистон буданд. 

Худи ман борҳо шоҳид будаам, ки як афғонистонии гирён, баъд аз ин ки ғорат шуд, хитоб ба тӯдаи пурсарусадои атрофаш мегуфт, ки ӯ тоҷик аст; дар ъайни ин ки шиносномаашро болои сараш боз нигаҳ дошта буду ба хатти “қавмият” ишора мекард. Аз ҳамон замон равшан шуда буд, ки мо ба инсоният пушти по задаем ва фоҷеъаҳое, ки таҷруба мекунем, танҳо оғози як поёни дарднок аст; ва ин ки ҳанӯз роҳи дарози пур аз иҳонату таҳқиру бохту шикасту рехту ваҳшигарию торикфикрию говпарастию уфти ахлоқию динӣ пеши рӯ дорем.

Мо бояд ба худамон бирасем; бояд аз гузаштаи бадхими кумунистимон дармон ёбем, тавба кунем. Ва бале, бале, бале! Агар барои ин кор бозгашт ба хатти порсӣ ногузир аст, ҳатман бояд ба он баргардем. Ҳатман ва фавран!

Мо бояд аз ҳар тариқи мумкин касофати манкуртиятро аз вуҷудамон бишӯем; дуруст ба монанди инсони мафлуки гирифтори бемории кушанда, ки даст ба ҳар доруву дармоне мезанад, то шояд наҷот ёбад.

Мо дорем замонро аз даст медиҳем. Метарсам, дар ин шох ба шох шуданҳо бо ҳамдигар ба монанди ду бузак бар сари пулаке торик замонро дигар аз даст додаем. Вале ҳатто агар 0,000,1 дарсад фурсат ҳамчунон боқист, бояд аз он баҳра бибарем ва мардумро, ки рақсону хандон бо ҷидду ҷаҳд ба сӯи партгоҳи маргу нобудӣ мераванд, ба роҳе дигар ҳидоят кунем. 

Медонам, ки пур гуфтам, аммо бовар кунед, ин суханҳо ва нигарониҳо аз зеҳни инсоне бармеояд, ки поёни ин роҳро медонад; медонад, ки агар мардум қоъидаҳои душманро ҳамчун суннатҳои худ бипазирад, торихи таҳмилии душманро торихи худаш пиндорад, ахлоқиёти ӯро ахлоқиёти худаш бидонад, костиҳои ӯро чун ойини гузаштагони худ арҷ бигзорад, чи поёне дар интизораш аст. Албатта, худи шумо ҳам медонед. Кофист китоби клоси 8-ро боз кунем, то аз сарнивишти чандин миллати фурӯрафтаву гумшуда дар замона огоҳ шавем. Куҷоянд онҳо? Ва чигуна мешавад мутмаин буд, ки чунин сарнивиште дар интизори мо ҳам набошад? 

Телевизюни миллиро равшан кунед, дар кӯчаву хиёбонҳо парса бизанед, то бо ваҳшати тамом ояндаи мардуми худатонро бибинед. Имкон надорад, ки набинед, чун медонед, ки бебандубории маънавию ахлоқӣ муҷозот дорад.”



Ин ҳам асли матлаб:

"Я мог бы с вами согласиться, если таджику было бы хорошо дома, он был бы защищён у себя на родине, имел бы человеческие права. Когда его цена у себя на родине равна нулю, когда он безправнее коровы на ферме, когда его может пнуть 
любой милицейский ефрейтор, когда может плюнуть в него любой уполномоченный любой властью, когда этот несчастный таджик вынужден бежать из одной тюрьмы в менее безопасную тюрьму(Иран, Россия...), тогда нам не следует сетовать на то, что где-то его унижают или убивают. Всё начинается из беззакония и унижения Дома. Любой народ униженный на родине, будет унижен за его пределами, это аксиома.

Да и вспомните отношение наших по отношению к нашим собратьям афганским таджикам 20 лет назад вынужденным бежать от внутренней войны к нам. Имя им было " афгони буйгин". Даже самый отпетый урод мог в Душанбе ограбить и побить афганца. Учтите, мой друг, таджика по паспорту. 

Сколько раз я сам слышал, как плачущий афганец, которого только что ограбили говорил улюлюкающей толпе, что он таджик и при этом подняв паспорт над головой указывал на ту строку, где было записана его национальность. Тогда было ясно, что мы не люди и трагедии которые мы переживаем, есть только начало конца и что нам предстоит длинный путь унижений, потерь, дикости, мракобесия, поклонение Тельцам, нравственной и религиозной деградации.

Нам нужно заняться с собой, вылечиться от гнусного коммунистического прошлого, покаяться,и да, да, да!!! если для этого нам необходимо вернуться к письменности, то мы должны к ней вернуться. Причём неотлагательно!

Нам нужно отмыться от манкуртизма любым доступным путём, как ищет любой путь излечения человек заболевший смертельной болезнью. 

Мы теряем время, боюсь уже потеряли бодаясь друг с другом, как те два козлика на темном мостике. Но если остался у нас 0,000,1%, то мы должны его использовать и вывести наш народ из гибельного пути, куда он стремительно идёт танцуя и припеваючи.

Знаю, много слов, но поверьте, это слава и переживания человека, который знает, чем заканчивается путь народа который принял правила врага, как свои традиции, его навязанную историю, как свою, его мораль, как свою мораль, его пороки, как привитые "дедами" правила. Да и вам это известно. Стоит открыть историю за 8-й класс и мы увидим там скольких народов поглотила время. Где они? И почему мы можем быть уверены, что нас не ждёт то же самое. Включите национальное телевидение и пройдитесь по нашим улицам, как вы с ужасом увидите будущее собственного народа, не можете не увидеть, ибо вам известно, что моральный беспредел наказуем."

Friday, June 03, 2016

Дар идомаи баҳси сатру ҳиҷоб

Посух ба мулоҳизоти Сайидюнуси Истаравшанӣ Аз Сайидюнуси Истаравшании гиромӣ сипосгузорам бобати ташреҳи дидгоҳҳояш дар бораи ҳиҷоби иҷборӣ. 

Бале, ҳамоно суҳбат аз иҷбор ва бавежа ҳиҷоби иҷборӣ аст ва коре бо ин таъбир намешавад кард. Он иҷбор чи аз тариқи вазъи қонун сурат гирифта бошад ва чи ҷузъи муқаррароти нонавиштаи ҷомеъа бошад (ва дигаронро маҷбур ба риъояти он кунад), чизе ҷуз иҷбор нест. Чун пӯшиш қазияе фардист, на ҷамъӣ ва, масалан, наметавон онро бо риъояти қоъидаҳои роҳ ё трофик ва чароғи роҳнамо муқоиса кард. Ва лав ин ки “дар мисол ҳаргиз муноқиша намешавад”, барои қиёсу татбиқи падидаҳои гуногун бояд намунаҳое овард, ки таҷонус дошта бошад, вагарна қиёси маъ-ал-фориқ ба шумор хоҳад омад.

Эҳтиром ба говҳои хуспида дар ҷоддаҳои Ҳинд ҳам ба ҳамин навъ қиёс бармегардад ва рабте ба мавзӯъ надорад.

Суҳбат аз таъарруз ба ихтиёроти шахсию фардист, ки бо бовару эътиқодот ва ҳувияти инсон сарукор дорад. Ва таҳмили он бовару эътиқодот ба фард-фарди ҷомеъа номе ҷуз “иҷбор” надорад. Ҳар он чизе ҳам, ки бо иҷбор пиёда мешавад, ҳаргиз мувофиқати сад дарсади мардумро ҷалб намекунад. Риъояти ҳиҷоб дар кишварҳое, ки қонуни ҳиҷоби иҷборӣ надоранд (ҳамон гуна ки оқои Истаравшанӣ намунаҳои Молезию Мисрро овардаанд) бештар мушоҳида мешавад. Ва дар ҷавомеъе, ки ҳиҷоб иҷборист (ба монанди Эрон) тамоюл ба риъояти ҳиҷоб башиддат рӯ ба коҳиш аст. Ва ин як раванди комилан табиъию мантиқист.

Қонуни ҳиҷоб дар Эрон ҳам чизе ҷуз иҷбор нест ва мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар ин маврид ибое надоранд. Ҳамон гуна ки дар навиштаи қаблиам аз қавли Ҳасани Рӯҳонӣ овардам, ӯ дар садри Инқилоби исломӣ масъули иҷрои “тарҳи иҷборӣ кардани ҳиҷоб дар идороти артиш” будааст. Яъне номаш рӯи худаш аст. Ва пас аз тасвиби қонуни ҳиҷоб ҳам ин тарҳ бо номи “иҷборӣ кардани ҳиҷоб” матраҳ буда ва ҳаст. Оятуллоҳ Толиқонӣ ҳам мухолифи "ҳиҷоби иҷборӣ" буда ва гуфтааст: "Ҳиҷоби иҷборӣ надорем!" Пас ҳеч кулоҳи шаръие бар иҷборӣ будани ҳиҷоб наметавон гузошт.

Ва ҳамон гуна ки ҷаноби Истаравшанӣ изъон кардааст, ин мавзӯъ ҳамчунон дар миёни ъуламои ислом матраҳ аст ва наметавон ҳеч ҳукмеро ниҳоӣ ва малакутӣ ва ғайри қобили бозбинӣ талаққӣ кард.

Monday, May 30, 2016

Пӯшиш ва иҷбор

Рӯбарӯи ойина истода буду ашк мерехт. Барои нахустин бор пероҳани баланди фарангӣ танаш карда буд, ки то зонуяшро мепӯшонд, аммо соқаи пойҳояш бараҳна буд. Бояд ҳаминшаклӣ ба мадраса мерафту ба шогирдонаш дарс мегуфт.

Ашкҳояшро пок карду гуфт: “Наметавонам. Охир ин чи либосест?! Чиро бояд поҳоямро нишон диҳам? Эҳсос мекунам, ки лухтам. Ман ки наметавонам иншаклӣ роҳ биравам. Ҳама ба ман нигоҳ хоҳанд кард.” Ва гиря мекард.

Ман ба мудири мадрасае, ки хоҳарбузургамро водор ба пӯшидани либоси фарангӣ карда буд, дар дили худ нафрин гуфтам. Дар мухайялаи кӯдаконаи ман намегунҷид, ки чигуна метавон касеро ба пӯшидани либосе, ки дӯст надорад, водошт.

Хоҳарбузургам тоза дар мадраса истихдом шуда буд ва рӯзҳои аввал худаш буд. Бо пероҳану эзори зебои атласӣ, ки он замон боби рӯз буд. Кулоҳи чаҳоргӯши гулдор ба ҳуснаш меафзуд. Вале мудири мадраса, ки ӯ ҳам як бону буд, пӯшиши ӯро муносиб намедонист. Гуфта буд: “Шумо як муъаллимаи саветӣ ҳастед ва бояд дархури мақоматон либос бипӯшед.” Ва ӯро ташвиқ ба пӯшидани “либоси русӣ” кард.

Охираш ҳам натавонист. Он мадрасаро тарк кард. Рафт ҷое дигар, ки аз қазо бо пӯшиши тоҷикиаш канор омаданд. Ва то имрӯз пойбанди ҳамон пӯшише, ки барои худаш муносиб медонад, мондааст. Акнун солҳост, ки ба ҷои кулоҳи чоргӯш рӯсариро тоҷикона аз пушти гардан мебандад. Ва ӯро дар ҳеч либоси дигаре наметавонам тасаввур кунам. Ва ба худ меболам, ки хоҳарбузургам барои ҳифзи пӯшиши дилхоҳи худаш дар даврони шӯравӣ, ки ҳеч навъ мухолифатеро барнаметобид, аз худ поймардию шаҳомат нишон дод ва баранда шуд.

Солҳо баъд мебинам, ки торих варақ хурдааст. Солҳо баъд аз он ки бисоти ҳукумати шӯравӣ барчида шуд ва Тоҷикистон ба сарошебии бозгашт ба давраи иморати Бухоро уфтод, мебинам, ки хурда-мустабидҳо ё хурда-диктотурҳое пайдо шудаанд, бо ҳамон равишу маниши он мудири мадраса. Бо ин тафовут, ки инҳо як шеваи пӯшиши дигареро вежаи занон медонанд, ки онро “ҳиҷоби исломӣ” номидаанд. Ва бо ин тафовут, ки инҳо бештарашон мардҳое ҳастанд, ки аз зарурати пӯшиши исломӣ муъофанд ё худро муъоф медонанд. Ва сирфан ба занҳо дикта мекунанд, ки чи бипӯшанду чигуна нафас бикашанд. Ва боз ҳам дар мухайялаи ман намегунҷад, ки чигуна метавон касеро ба пӯшидани либосе, ки дӯст надорад, водошт. Гӯӣ ифроту тафрит бо хуни қавми мо ъаҷин аст. Ва таъассуб, ки мантиқро барнаметобад.

Рӯзе фаро хоҳад расид, ки дасту забони хурда-мустабидҳо аз таҳмили ҳар навъ пӯшише кӯтоҳ хоҳад шуд. Аммо он рӯз ҳанӯз дур аст.

Sunday, March 14, 2010

Who Shapes Our Destiny?

Сарнавишти мо дар дасти кист?

Мурури зиндагиномаи чеҳраҳои барҷастаи торихӣ ин тасаввурро падид меоварад, ки торих сохтаву пардохтаи ҳамин шахсиятҳои бузург аст ва бидуни онҳо рӯзгори мо наметавонист шаклу намои кунуниро дошта бошад. Ба қавли Томас Карлайли искотландӣ, “торихи ҷаҳон чизе ба ҷуз зиндагиномаи абармардон нест.” Ё ба гуфтаи Ничеи олмонӣ, “ҳадафи башарият дар шахсиятҳои бартари он нуҳуфта аст.”

Агар бародарон Лумер дар соли 1895 нахустин филми ҷаҳонро насохта буданд, имрӯз аз синемову Ҳоливуду Боливуду Оскар хабаре набуд. Агар Ленин инқилоб накарда буд, мову шумо ҳам эҳтимолан низоми кумунистиро тарҷруба намекардем. Пас ин пиндошт дуруст аст, ки торихро шахсиятҳо месозанд.

Аммо аз сӯи дигар, агар Томас Эдисон нахустин дурбини тасвирҳои мутаҳаррикро ихтироъ намекард, бародарон Лумер ҳам муваффақ ба сохтани нахустин филм намешуданд. Ва ҳамин гуна, агар Моркс китоби “Сармоя”-ашро нанавишта буд, шояд андешаи инқилоб ба зеҳни Ленин ҳам роҳ намеёфт. Пас ҳар андешаву иқдом пешинае дорад ва мураккаб аз шароити торихист, ки он андешаву иқдомро дар бистаре муносиб шакл медиҳад. Бар пояи ин бовар, бархе дигар аз соҳибназарон мегӯянд, ки шахсиятҳо зодаи равандҳои торихианд, на баръакс. Ин мавзӯъ ба баҳси “мурғу тухмимурғ” мемонад, ки оё нахуст тухм буда, ки мурғ аз он берун ҷаста ё баръакс, мурғ буда, ки тухм аз он берун ҷаста.

Ҳеч як аз ду дидгоҳро наметавон қотеъона рад кард. Ва беҳтарин посухе, ки то кунун матраҳ шуда, ин аст, ки таъсири шахсиятҳову равандҳои торихӣ ба якдигар мутақобил аст. Яъне шароити торихӣ шахсиятҳоро мепарварад ва шахсиятҳо ба навбаи худ шароити торихиро таъйин мекунанд. Мисли волидоне, ки фарзандеро мезоянду мепарваранд, аммо дар пирӣ фарзанд нигаҳдори онҳост. Ва агар ин падару модар (шароити торихӣ) маҷол бидиҳанд, фарзанд (шахсият) меболаду шакл мегирад ва ба беҳбуди вазъияти падару модар (шароити торихӣ) мекӯшад. Беҳбудро як шахсият тавсеъаталабию эҷоди нажоди бартар медонад (Ҳитлер) ва дигарӣ муборизаи бехушунату сулҳомез бо ситамгарӣ (Гондӣ). Ба қавли Мавлавӣ, “ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман”.

Ҳамин шароити торихӣ, ки ба навбаи худ омезаест аз шароити сиёсию иҷтимоъию фарҳангии як замони муъайян, аз яке қаҳрамон месозаду аз дигарӣ ғаддор ва шояд пас аз муддате ҷои “қаҳрамон”-ро “ғаддор” бигарад ва ҳамин тавр баръакс. Ҳанӯз ёдамон ҳаст, ки ҳамин бист сол пеш Ленин кӣ буду баъдан чӣ шуд. То андешаҳои сиёсиаш комгор буд, қаҳрамон буд. Ва то он андешаҳо ба бунбасте бархурду муталошӣ шуд, бадном шуд.

Ва ё агар Восеъ дар даврони мо зуҳур мекард ва алайҳи султаҷӯии русҳо даст ба исён мезад, ба эҳтимоли зиёд “террорист”-у “муздур” эълом мешуду дар зиндон мегандид. Аммо тағйири шароити торихӣ аз он мард, ки алайҳи ситами узбакони манғит қиём карда буд, барои мо қаҳрамон сохт.

Вале рафта-рафта дар илмҳои ториху ҷомеъашиносӣ дар канори шахсият ва шароити торихӣ омили севвум матраҳ шуд: тӯдаҳо ё мардуми одӣ. Бидуни ин омил на синемо шакл мегирифту на инқилоби Ленин рух медод. Хостаҳо, ниёзҳо, нигарониҳо, андӯҳҳо, хушиҳо ва шеваи зиндагии тӯдаҳост, ки боъиси пайдоиши як андеша дар зеҳни андешапарваре аз даруни ҳамон тӯдаҳо мешавад. Ва он андеша танҳо замоне давом меоварад, ки бо тӯдаҳо созгорӣ дошта бошад. Агар Ленин зодаву парвардаи Аморати Бухоро буд, ба фикри инқилоби сурх намеуфтод. Фирдавсӣ ҳам наметавонист “Шоҳнома”-ро дар Инглистон бинависад. Андешаҳои онҳо зодаи орзуҳо, хостаҳо ва нигарониҳои мардумонашон буд. Онҳо танҳо бо истифода аз тавоноиҳои худ он орзуҳову хостаҳову нигарониҳоро фурмулбандӣ (формулировка) карданду ироа доданд.

Яке аз намунаҳои барҷастаи аҳамияти омили “тӯдаҳо” (массы – рус.) рӯйдодҳои ахир дар Эрон аст. Ҷунбиши Сабзи Эрон раҳбари мушаххасе надорад. Яъне бо ин ки шароити торихӣ ва “тӯдаҳо” заминаи вуқӯъи як таҳаввули бунёдинро фароҳам кардаанд, аммо яке аз се омили мавриди баҳс (шахсият) ҳанӯз шакл нагирифтааст. Дастгоҳи ҳукуматӣ дар ҷилавгирӣ аз зуҳури андешавари бонуфузи навин муваффақ будааст, аммо натавонистааст монеъ аз зоиши андешаи навин дар миёни тӯдаҳо шавад. Дар натиҷа тӯдаҳо ё мардуми одӣ ҳастанд, ки барои худ шахсият месозанд (Мӯсавӣ) ва он шахсиятро ҳамроҳ бо раванди торихӣ ба сӯи маҷрое дигар ҳидоят мекунанд.

Аммо дар ҷомеъаҳое, ки рӯҳи мардум саркӯб шудааст, омили “тӯдаҳо” мунфаъил (пассив) аст ва худашро дар ихтиёри ду омили дигар (шахсият ва равандҳои торихӣ) раҳо кардааст. Тоҷикистон намунаи боризе аз ин навъ ҷомеъаҳост. Дар ин ҷавомеъ ду омили “шахсият” ва “шароити торихӣ” сохтаву пардохтаи бегонагон аст. Яъне “шахсият”-ҳо ва “шароити торихӣ” дар берун муҳандисӣ мешаванд ва таҳмили онҳо бар мардум дар дохил бо муқовимати чандоне рӯбарӯ намешавад. Мардум ҳанӯз ба булӯғи фикрию сиёсии басандае нарасидаанд, ки шахсиятҳо ва раванди торихии худро баргузинанду таъйин кунанд.

Ин шароит хатароти бунёдинеро мутаваҷҷеҳи тамомияти арзии кишвар ва сарнавишти сиёсии он мекунад. Таҳаввулоти азиме чун табаъият аз импротурии Рус, бохтани пораҳои бузурге аз ҳавзаи фарҳангӣ, пайвастан ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва парт шудан аз он, ҷанги дохилӣ ва хории давраи истиқлол аз паёмадҳои хобидагии омили “тӯдаҳо” дар сарзамини мост.

Пас мешавад ба ин натиҷа расид, ки аз миёни се омили шахсият, раванди торихӣ ва тӯдаҳо севвумӣ муҳимтар аз ҳама аст. Чун дар сурати хобидагии “мардум” бегонагон ба фикри ду омили дигар ҳастанд: онҳоро месозанду таҳвил медиҳанд. Аммо бо фаъъол шудани омили “тӯдаҳо” сарнавишти ҷомеъа бакуллӣ дар дасти худи ҷомеъа хоҳад буд.

17/01/2010

Wednesday, February 10, 2010

Joseph Leaves the Promised Land

Юсуф аз Канъон рафт

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Гиря зишт аст. Нишоне аз гирифторист. Аммо вақте сарнавишт чизе бештар аз зиштӣ надорад, ки таҳвили мо диҳад, гиря танҳо шеваи тадовуми зиндагист, ки буғзро мешиканад, то гиряи баъдӣ. Гиря сари сарнавишти талх. Гиря бар гулҳои нашкуфтаи орзу. Гиря бар бузургоне чун Фаррухи Қосим, ки бо як бағал гулҳои нашкуфта бо дунё падруд мегӯянд. Мо 12 сол фурсат доштем он гулҳои нашкуфтаро рӯи зонуҳои Устод бар сандалӣ (курсӣ)-и чархдор бибинем, аммо бар решаи ҳеч ғунчае об нарехтему ҳамагӣ ногушуда хушкиду рафт.

Агар бигӯем, ки Фаррух Қосим нобиға буд, ҳарфи тозае нагуфтаем. Нобиға, яъне касе, ки оянданигар бошад ва чанд қадам пештар аз замонаи худ бошад, ки ӯ буд. Чӣ касе медонист, ки дар оғози даҳаи 1990 чӣ рӯзгоре ба суроғи мо хоҳад омад? Ӯ медонист. Ва ҳамӯ буд, ки дар соли 1988 дар намоишномаи “Хонасӯзон” бонги ҳушдору бедорбош сар дод ва ба мухотабонаш гуфт, ки агар аз хоби гарон барнахезанд, рӯзгори сахте дар интизорашон аст. Ҳамӯ буд, ки “Юсуфи гумгашта”-ро дар хиёбонҳои Душанбе медид; бародареро, ки кинатӯзии бародаронаш ба чоҳаш афканда буд. Ӯ “даҷҷол”-еро медид, ки қасди баҳам задани оромиши моро дорад. Ӯ медид, Ӯ бетоб мешуд, Ӯ фарёд мезад; мо ба шӯхию бозӣ мегирифтем. Мо дар намоишномаҳои Ӯ бозиеро медидем ва Ӯ бо намоишномаҳояш паёми сарнавиштсозеро пахш мекард. Паёмҳо ношунида монд, мисли шукуфаҳои ношукуфтаи бағалаш, ва сарнавиште талх гирифторамон кард...

Ва акнун ман аз ин навиштаи худам шармам меояд.

Охир то ба кай бояд бо ин нолаҳои надоматомез фазоро пур кунем? То бузурге мемирад, ба ёди носипосиҳоямон меуфтем. Аммо ҳамеша ёдамон меравад, ки бузурге дигар дар ин миён ҳаст, ки посаш надоштаем.

Фаррух Қосим ҳафтаи гузашта зинда буду дар миёни мо. Аммо чӣ касе ба хостаҳои ӯ маҳал мегузошт? Орзӯи бистсолаи ӯ барои дидани бачаҳои театри “Аҳорун”-аш дар як сохтмони собит бо ӯ ба гӯр рафт. Орзӯе, ки то солиёни охир бо забони безабонӣ дар чашмонаш медурахшид. Бо ин ки ваъдаи сохтмонро бузургворони қудрат ҳаргиз аз ӯ дареғ намедоштанд. Аммо ҳаргиз ҳам аз марзи ваъда фаротар нарафтанд. Шарм бар ононе бод, ки ваъдаҳояшонро ҳадар карданд.

Фаррух Қосим меваи хонадоне ҳунарманду ҳунаршинос буд ва ҳунарро арҷ мегузошт ва пайваста суроғи дурри тозаеро дар бисоти ҳунар мегирифт. Ба қавли Барзӯ Абдурраззоқ, бо рафтани ӯ ҷустуҷӯи шеваҳои тозаи баёни ҳунарӣ ҳам аз миёни мо рахт барбаст. Ба гуфтаи Нур Табар, дар садаҳои 20 ва 21 Фаррух Қосим беҳамто будааст. Ба эътиқоди Гулрухсор, Фаррух Қосим шеъри порсиро, ки ба зону нишаста буд, дубора бар курсӣ нишонд. Ба бовари ман, Фаррух Қосим ирфонро боз офарид, театрро бо мардум оштӣ дод ва мактаби навинеро дар ҳунари театри Осиёи Миёна поярезӣ кард.

Аммо оё ин гуфтаҳову боварҳои мо шабеҳи нӯшдоруи баъд аз марги Суҳроб нест? Оё тақдими унвони расмии бехосияти “Ҳунарпешаи мардумӣ” посухи ин ҳама хидмати бузургворе чун Фаррухи Қосим буд?

Боз ҳам дуруду сипос бар он бунёди салтанатии Ҳуланд, ки бо эътои яке аз бартарин ҷоизаҳои худ дар соли 2004 Устодро аз заҳмати болову поин рафтан то табақаи ҳафтуми як сохтмон раҳонид. Маблағи он ҷоиза ба Устод маҷоли онро дод, ки ҳавлие бихарад, то бо сандалии чархдораш имкони рафту омад дошта бошад. Боз ҳам хориҷиҳо буданд, ки дар сибқати ҳиммат нисбат ба бузургони мо аз давлати мо пешӣ гирифтанд.

Мехоҳам ба рӯзе бирасем, ки сӯгномаҳоро бе ҳисси пушаймонӣ ва бе нолаҳои заъифона бинависем. Эй кош метавонистем ситораи дурахшоне чун Фаррухи Қосимро бидуни надомат биситоем.

Оё рӯзе фаро хоҳад расид, ки аз носипосиҳои худ ранҷур набошем ва бо ризояти хотир бинависем, ки бузурге рафт, аммо ба бузургвориаш арҷи муносиб гузошта шуд? Мешавад рӯзе аз марази ситоишҳои пасазмарг дармон ёбем? Мешавад аз дидани “ашк”-и масъулони Вазорати фарҳанг ба ҳангоми даргузашти як чеҳраи дурахшони фарҳангӣ ҳисси ногуворе ба мо даст надиҳад? “Ашк”-е, ки бо зӯри риё дар дидаҳо медурахшад, аммо дар воқеъ, оби тазоҳури дурӯғине беш нест. Ва дилат мехоҳад рӯбарӯи он мақоми баландпоя биистию бигӯӣ: “Агар рост мегӯӣ, арзиши бузургони боқимондаро бидон!”

Юсуфи театри тоҷик ба дори боқӣ шитофт. Бинёминҳоро дарёбем.

Гузориши тасвирй:

Tuesday, February 02, 2010

Our Manners

Хулқиёти мо, тоҷикон

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Солҳо пеш буд. Вориди утоқи кории як ҳамкорам дар Ландан шудаму ҳайрон мондам. Бар фарози мизи оқо акси як ташноби чиркин овезон буд. Ташноби фарангии зангорбаста, ки аз васати он оби қаҳваӣ ҷорӣ буд.

Пурсидам: “Ин дигар чист?” Гуфт: “Дастшӯӣ (туалет)-и тоҷикӣ”. Ва тавзеҳ дод, ки тайи сафараш ба Душанбе дар оғози даҳаи 1990 аз дидани ин саҳна ваҳшатзада шуда буд ва он ваҳшат амиқтарин бардошташ аз фарҳанги Тоҷикистон буд. Аз ҳамкорам хоҳиш кардам, ки бо риъояти адаб он аксро дур андозад ва аз ӯ ранҷидам, ки танҳо раҳоварди сафараш аз Душанбе як акси ташноби касиф будааст.

Ёдам омад, ки яке-ду сол пеш аз он яке дигар аз ҳамкорони ланданиам ба Душанбе омада буд. Бо ҳам дар чойхонаи “Роҳат” лағмон хурдему чои сабз нӯшидем. Ҳамкорам мехост ба ташноби чойхона сар бизанад. Аз ӯ хостам андаке сабр кунад, то ба дафтар бирасем. Гуфт, на, мехоҳад ташноби ҳамагониро бибинад. Пас аз лаҳзае чанд ошуфтаву парешон аз ташноби пушти чойхона, ки пирмарде дами дараш коғази рӯзнома мефурӯхт, баргашту пурсид: “Ин дигар чӣ вазъ аст? Як сӯрох васати замин бо як олам коғази касифи рӯзнома.” Ва афзуд, ки дастшӯӣ (ташноб) намоёнгари даруни бисоти фарҳангии мардум аст. Агар он дӯстамро ба сӯи дастшӯиҳои шуста-руфтаву тамизтари Душанбе роҳнамоӣ накарда будам, шояд ӯ ҳам фарҳанги мардумии моро дар як акси ташноби олуда хулоса мекард.

Дарёфтам, ки хориҷиҳо барои шинохти фарҳанги як кишвар бо завоҳир иктифо намекунанд ва ба дуртарин сӯрох-сунбаҳои он сар мезананд, ба вижа ба ташноб, то дарёбанд, ки фарҳанги мардуми он дар чи пояе қарор дорад. Мусалламан, бардошти амиқи ҳар ду ҳамкорам аз фарҳанги Тоҷикистон на рақсу ҷилваҳои ҳунарӣ дар Кохи Борбад, балки чирку зангори дастшӯиҳои тоҷикӣ буд.

Акнун тибқи одат аз ҳар меҳмоне, ки тоза аз сафар ба Тоҷикистон баргаштааст, бардоштҳои амиқашро ҷӯё мешавам. Ва ҳар бор бароям хулқиёти тозае аз мардуми мо барҷастатар мешавад, ки маъмулан мавриди таваҷҷуҳи мо воқеъ намешавад.

Як бонуи инглисӣ, ки соли гузашта аз Душанбе баргашт, аз суқути ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистон таъаҷҷуб мекард ва аз ин ки бештари мардум балад нестанд ба роҳатӣ ба забони модаришон суҳбат кунанд. Ин бону мехост дар Тоҷикистон торнамо (вебсайт)-е ба забони порсӣ (тоҷикӣ) роҳандозӣ кунад, аммо акнун мегӯяд, ки мунсариф шудааст. Мегӯяд, бояд фурсат дод, то мардум аз буҳрони забонӣ раҳо шаванд ва забони модаришонро бахубӣ фаро бигиранд, то матолиби як расонаи порсӣ мухотаб дошта бошад.

Ду-се рӯз пеш аз як дӯсти дигарам, ки муқими Кембриҷ аст ва ахиран аз Тоҷикистон боздид карда, хостам, то аз бардоштҳои сафараш бигӯяд ва аз хулқиёти мо, тоҷикон. Мисли ҳар меҳмони дигаре меҳмоннавозии тоҷикон афсунаш карда буд, аммо як маврид дар тӯли сафараш ӯро озор медод. Ин хонуми эронӣ бо дӯстписари зарринмӯи ҳуландиаш сафар карда буд, аммо ҷуръат намекард ба касе бигӯяд, ки марди ҳамроҳаш маҳбубаш аст. Маҷбур буд тавре ҷилва диҳад, ки гӯё онҳо зану шавҳаранд. Аммо бо ин найранг ҳам мушкилаш рафъ намешуд. Чун, ба гуфтаи вай, ба вижа мардҳои тоҷик пайваста истинтоқаш мекарданд, ки чи тавр як зани мусалмон бо як марди хориҷӣ издивоҷ кардааст.

Ин бону дар шигифт буд, ки чи гуна мардум ба худ иҷоза медиҳанд дар зиндагии шахсии фарде дигар мустақиман дахолат кунанд ва интихоби ӯро зери суол баранд. Мегуфт, интизор надошта, ки Тоҷикистон пас аз таҷрубаи шӯравӣ ҳамчунон як ҷомеъаи башиддат суннатӣ боқӣ монда бошад. Ӯ бо дӯстписараш ба Афғонистон ҳам рафта буд, аммо мавриди ин ҳама бозпурсию бозҷӯӣ воқеъ нашуда буд.

Мавриди дигаре, ки боъиси ҳайрати ин бону шуда буд, хомӯшию сарбазерии кӯдакони тоҷик буд ва ин ки шӯру нишотеро дар вуҷуди аксари онҳо мушоҳида намекард.

Инҳо аз маъдуди ҳикоёту шикоёти хориҷиҳо пас аз сафар ба Тоҷикистон аст. Мо маъмулан онҳоро пушти гӯш меандозему ҷиддӣ намегирем, аммо Тоҷикистон дар зеҳни хориҷиҳо батадриҷ шакл мегирад: бо дастшӯиҳои чиркин, забони шикаставу баста, мардҳои музоҳиму фузул ва кӯдакони берамақаш. Мусалламан, ин тасвир комил нест. На ҳамаи дастшӯиҳо он ҳоли низорро доранд, на ҳама лакнати забон дорад, на ҳар марде коре бо маҳбуб ё шавҳари он бону дорад ва на ҳар кӯдаке беҳол аст. Аммо чи мешавад кард, ки бардоштҳои амиқ маъмулан нозудуданианд ва мисли он акси ташноб бар фарози мизи кории ҳамкорам барои солҳо ё шояд ҳамеша дар зеҳни меҳмонон овезон мемонанд.

Мо, ки ба таърифу тамҷид муътодем, ҳанӯз бо шунидани ҳарфи росту дуруст хӯ нагирифтаем ва агар меҳмоне аз кӯтоҳиҳои мо гуфт, шояд ҳолати дифоъӣ ба мо даст диҳад ва чи басо, ки ба пархош бархезем. Аммо ҳақиқати талхро чун доруи талх бояд фурӯ бурд, то шояд беҳбуде ҳосил шавад.

Аз хулқиёти манфии мо, тоҷикон, ки бедиранг ба чашми як тозаворид мехурад, метавон фаровон гуфту навишт. Нависандаи эронӣ Муҳаммадъалии Ҷамолзода ҳафтод сол пеш китобе таълиф карда буд, зери унвони “Хулқиёти мо, эрониён”. Китоб, дар воқеъ, гирдоварии пораҳое аз навиштаҳои афроди мухталиф дар бораи эрониёни он давра буд ва айбҳои иҷтимоъию фарҳангии мардумро бозгӯ мекард. Чи хуб мешуд, агар ҷомеъашиносе дар Тоҷикистон китоби мушобеҳе таълиф кунад ва аз костиҳои фарҳангию иҷтимоъии мо бигӯяд, бо намунаҳое барҷаста. Дарки айб ва бозгӯи он оғози пероишу ислоҳи фарогир аст.

Wednesday, January 27, 2010

Lack of Critical Thinking

Андар интиқод

вижаи ҳафтаномаи Нигоҳ

Дар ҷомеъаҳои суннатӣ, ҳамонанди ҷомеъаи Тоҷикистон, интиқод писандида нест ва чи басо, ки густохӣ ва беадабӣ арзёбӣ мешавад. Интиқод аз ҳар касе: аз устод, аз шогирд, аз зердасту забардаст, аз фарзанду аз волид ва ҳатто аз худ. Навъи охири интиқод, албатта, на нишони беадабӣ, балки намоёнгари заъфи инсон пиндошта мешавад. Дар натиҷа биниши мӯшикофонаи наққод (интиқодӣ) аз ҷомеъа рахт бармебандад ва ҷомеъа роҳро бо чоҳ иштибоҳ мегирад.

Тамошои саҳнаҳое аз баҳсу ҷадали намояндагони порлумони Бритониё бо нахуствазирашон барои намояндагони ҷомеъаҳои суннатӣ буҳтовар аст. Бисёре боварашон намешавад, ки чи гуна метавон раҳбари як қудрати ҷаҳониро ин гуна дар баробари дурбинҳо истинтоқ карду ба ҳар нуктаву ҷумлааш эрод гирифт. Ва он ҳам бо ҳаёҳӯю сарусадои дастаҷамъӣ. Нахуствазир маҷбур аст ба ҳамаи эродҳо бо диққати тамом гӯш диҳад ва агар қодир аст, аз дидгоҳҳо ва сиёсатҳояш дифоъ кунад. Ба ростӣ, чарха ё муҳаррики асосии сиёсати ин кишвар ҳамин интиқодҳои ошкори порлумонист. Ҳамин интиқодҳост, ки иштибоҳҳои давлатро ошкор мекунад ва ба он самту сӯ медиҳад.

Агар диди наққод вуҷуд намедошт, ҳеч навъ пешрафте дар ҷаҳон муяссар намешуд. Аз роҳи ҳамин интиқодҳост, ки ҷомеъа дар паи роҳи беҳтаре барои беҳзистӣ мегардад ва саранҷом онро меёбад.

Дар воқеъ, интиқоди созанда танҳо бадгӯӣ аз корномаи касе нест, балки зикри мунсифона ва воқеъбинонаи нукоти заъфу қуввати он фард аст ва ба манзури беҳбуди кор анҷом мегирад, на бо кинатӯзӣ. Аз ин рӯ интиқоди созанда на танҳо нишони бадҷинсӣ ё бадахлоқии интиқодгар нест, балки баёнгари диди борику ахлоқи шоиста ва афкори созандаи ӯст. Интиқоди созанда, яъне талош барои беҳбуди авзоъ.

Дар ҷомеъае, ки ба ин навъи интиқод маҷол намедиҳанд, афрод дар баробари ҳар навъ интиқоде осебпазир мешаванд. Яъне дигар намешавад аз ҳеч кору сухани ӯ эрод гирифт, чун интиқод сахт озораш медиҳаду боъиси ранҷиши ӯ мешавад. Ба пиндошти ӯ, интиқодгар мехоҳад ӯро хору забун кунад. Ин осебпазирӣ ба навбаи худ як навъ ошуфтагии шахсиятиро ба бор меоварад, ки дар илми равоншиносӣ ба он худшефтагӣ (нарциссизм – рус.) мегӯянд.

Афроди худшефта вақте ба ному мақоме мерасанд, беш аз пеш ба ҳар навъ интиқод ҳассос мешаванд ва танҳо интизори онҳо шунидани таърифу тамҷиди шахсашон аст. Ба онҳо ин эҳсоси пучу козиб даст медиҳад, ки аз ҳар навъ хато мубарро ҳастанд ва шахсияташон ба ниҳояти камол расидааст. Дар натиҷа худшефтагон ба худ иҷоза медиҳанд, ки дигаронро сахт бо тозиёнаи интиқод бикӯбанд, аммо на аз навъи созандааш. Интиқоде, ки аз даҳони худшефтагон садо медиҳад, ба ростӣ, бо қасди тавҳину таҳқир, бо баёне тунду зананда эрод мешавад. Чун аз диди онҳо, ҳама ноқисанду танҳо эшон комил ва бо афроди ноқис ҳар навъ рафтор равост.

Дар чунин ҷомеъае диди интиқодӣ мемирад. Ва марги диди интиқодӣ ба маънои рукуди зеҳни наққод аст. Яъне мардум бо шароити худ – сарфи назар аз ин ки чи навъ шароит аст – месозанду хӯ мегиранд ва фикри беҳбуди авзоъ ба зеҳнашон намеояд, чун барои беҳбуди авзоъ бояд нақд кард.

Аз ин рӯ ҳеч ҷомеъаи пешрафтае дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ки зеҳни наққод дар он пирӯз набошад. Ҳар он ки роҳи пешрафтро паймуда, ҳатман аз вазъияте, ки қаблан дошта, нохушнуд будааст ва ба перомуни худ бо диди интиқодӣ нигаристааст ва ба фикри чора уфтодааст.

Парвариши диди интиқодӣ аз хонавода оғоз мегирад.
Дар ҷомеъаҳои суннатӣ ин навъи дид ҳамвора саркӯб шудааст ва хислатҳои як бачаи хуб дар хонавода маъмулан “бачаи бечора”, “мазлум”, “фақир”, “сархам” ё “сарбазер” аст. Ҷолиб ин ҷост, ки дақиқан ҳамин хислатҳои як кӯдак дар кишварҳои пешрафта падару модар ва омӯзгоронро нигарон мекунад. Яъне гӯшагирию камҳарфии як кӯдак нишонаҳои навъе гирифтории равонӣ тасаввур мешавад ва ҳатман он кӯдакро ба як равонпизишк муъаррифӣ мекунанд ва ба муъолиҷааш мепардозанд. Кӯдаки солим дар ҷомеъае пешрафта кӯдаке пурҷунбуҷӯш, пурҳарф, пурпурсиш, пуриддаъо ва наққод аст.

Ояндаи кадом як аз ин ду кӯдак равшантар аст? Сархам ё сарфароз? Чун ба ҳар рӯй ҳамин кӯдаконанд, ки ҷомеъаи фардоро сархам ё сарфароз мекунанд.

Зиҳӣ диди интиқодӣ!

Sunday, January 03, 2010

The Changing Face of Dushanbe

Чеҳраи нави Душанбе

04.12.2009 / 13 озари 1388 ҳ.х.
Гузориши тасвирӣ

به دبيرۀ پارسی

Ҳамин ҷо буд, канори ҳамин порк, ки акнун нардаи ҳифоз (решётка) надорад. Дарвозае баланд дошт, ки рӯ ба муҷассамаи баландтари Ленин боз мешуд. Ленини бовиқор, ки як даст ба пушту дасти дигар ба сӯи осмон моро ба сӯи ояндаи равшан, ки “кумунизм” меномиданд, ҳидоят мекард. Рӯи нимкатҳои даври ҳамон тандис (муҷассама) буд, ки бо дӯстону ҳамандешон менишастем ва аз ситамҳои ворисони Ленин гилоя мекардем ва роҳҳои муқобила бо онҳоро месанҷидем.

Ҳамин ҷо буд, онсӯтар аз тандиси Ленин, ки лаҳзаҳои шоду бесиёсати кӯдакимонро месохтем; рӯи сандалиҳои чархуфалакҳои танҳо “шаҳри бозӣ”-и шаҳри Душанбе. Ҳамин ҷо, пушти тандиси Ленин буд; зери дарахтони гашн (анбӯҳ)-и порк, ки шармгинона аз чашми дилбарон нигоҳ медуздидем.

Вале оё дақиқан ҳамин ҷо буд ё як зарра онсӯтар? Акнун танҳо метавон ҳадс зад. Чун дигар ҷои тандиси Ленин чизе ҷуз як мушт моса (рег) нест ва анбӯҳи дарахтони порк ва чархуфалакҳояш нопадид шудаанд. Рӯи сардари порк ба ҷои номи Ленин номи Рӯдакиро мехонем. Акнун ҷои дарахтҳо сонт ба сонт мушаххас шуда ва дуруст дар қалби порк муҷассамаи Рӯдакӣ зери тоқи нусрат худнамоӣ мекунад. Самти рости тандиси Одамушшуъаро, дар он сӯи ҳошияи порк, ки қаблан пушти дарахтҳо пинҳон буд, манзараи ғарибе шакл гирифта: уфуқи бозу паҳновар, ки дар миёнаи он “Қасри миллат” чун нигине тобнок медурахшад. Ин сохтмони бошукӯҳ ба сабки меъмории итолиёӣ дафтари нави раёсати ҷумҳурист, аммо ба далоиле ҳанӯз соҳибаш ба он ҷо нақли макон накардааст.

Таҳаввулоти мушобеҳе дар бахшҳои дигари шаҳр ҳам сурат гирифтааст. Сохтмонҳои куҳна зери хок рафтаанд ва биноҳои тоза дар ҷои онҳо рустаанд, ки бархешон таҳсинбарангез асту баъзешон – қурбонии салиқаи бад. Дар бисёре аз маворид сохтмонҳои куҳна фақат ҷома иваз кардаанд ва зоҳири бетунии шӯравишон шишаӣ шудааст, аммо даруни сохтмон бетағйир мондааст.

Ба ростӣ, тайи ду-се соли ахир Душанбе чеҳра иваз кардааст ва бисёре аз манотиқи шаҳрро ба сахтӣ метавон шинохт. Аммо осфолти сӯда ва ҳуфра (сӯрох)-ҳои фарохи ҷоддаҳо зоҳири оростаи шаҳрро махдуш мекунад. Ронандагӣ дар ин роҳҳо табдил ба хазандагӣ мешавад, то мабодо барҷастагии сатҳи роҳ ё санге ба зери мошин бихурад. Дар воқеъ, зербинои шаҳр тайи чандин даҳа аст, ки даст нахурда ва таъмиру тармими муфассал мехоҳад.

Оби шир (кран)-и хонаҳо, аммо, дигар мисли гузашта қаҳваӣ нест. Зоҳиран дастгоҳи полоиши об таъвиз шуда. Вале бо оғози фасли сармо барқ ҳамчунон қатъу васл мешавад, ки барои кишвари пуробе чун Тоҷикистон амри ғарибест.

Таъаддуд (бисёрӣ)-и худравҳои гаронқимати хориҷӣ ва антенҳои моҳвораии пушти бомҳо долли бар беҳбуди вазъияти иқтисодии шумори зиёде аз мардум аст, ки дар бештари маворид ҳосили чандин сол муҳоҷирати кории онҳо дар Русия ва кишварҳои атроф маҳсуб мешавад.

Ба назар меояд, ки омадушуди мошинҳо, ба вижа дар хиёбонҳои марказии шаҳр, сомонмандтар шудааст ва, масалан, бастани камарбанди эминӣ барои ронанда ва сарнишини сандалии ҷилав (пеш) илзомист; чизе, ки яке-ду сол пеш маъмул набуд. Ва аммо тараддуд (рафтуомад)-и мақомоти баландпоя дар хиёбонҳои марказӣ, дуруст ба монанди чанд сол пеш, ҳарҷу марҷи васеъе меофаринад: ҷоддаҳои аслӣ масдуд мешавад ва мардум барои расидан ба мақсад роҳе намеёбанд ва суфуфи бепоёни мошинҳо барои соъатҳо дар интизор буқ (сигнал) мезананд.

Танҳо пушти фармони мошин нест, ки эъмоли кунтрули мақомот беш аз пеш эҳсос мешавад. Акнун давлат муроқибат аз ҳазинаҳои мардумро ҳам вазифаи худ медонад ва, барои намуна, даъвати беш аз 150 тан меҳмон ба базмҳои арӯсиро мамнӯъ кардааст. Бино ба муқаррароти ҷадид, ки дар Тоҷикистон бо номи “танзимот” шинохта мешавад, теъдоди худравҳои корвони арӯсӣ набояд бештар аз ҷаҳор адад бошад ва муддати баргузории базм фақат се соъат аст. Давлат, ки қодир нест ба атбоъаш дастмузди муносиб бипардозад, зоҳиран талош мекунад бо эъмоли “танзимот” аз ҳазинаҳои мардум – ва мутаъоқибан аз мизони нохушнудии онҳо – бикоҳад.

Яке дигар аз дигаргуниҳои чашмгир дар пойтахти Тоҷикистон издиёд (зиёдӣ)-и гардишгарони хориҷӣ дар хиёбонҳои шаҳр аст. Дигар шунидани гӯиши теҳронӣ дар хиёбонҳои Душанбе як амри одист ва гӯши мардуми пойтахт бо ин гӯиш хӯ гирифтааст. Эрониён маъмулан барои тиҷорат ё саёҳат ё таҳсил вориди Душанбе мешаванд. Иддае ҳам шабҳошонро дар кобореҳо ва дискуҳои шику мудерни Душанбе рӯз мекунанд. Дискуҳои шаҳр, ки зоҳири батамом ғарбӣ доранд, дар изои ҳудуди чаҳор дулор сервиси хубе арза мекунанд ва бо тозатарин оҳангҳои ғарбӣ, тоҷикӣ ва эронӣ муштариёнро саргарм мекунанд.

Ҳузури бозаргонони эронӣ дар бозорҳо маҳсус аст. Бархе аз растаҳо сирфан колои эронӣ мефурӯшанд. Вале аҷноси ғолибан бадкайфият, ки бо қимати арзон харидорӣ ва ворид шуда, барои бозаргонони эронӣ ному эътиборе насохтааст. Бо вуҷуди ин, огаҳиҳои бозаргонии ширкатҳои муштараки тоҷикӣ ва эронӣ дар сатҳи шаҳр бафаровонӣ ба чашм мехурад.

Вале маҳбубияти овозхонони эронӣ дар шаҳри Душанбе ранг набохтааст. Акнун ситораҳои попи эронии муқими Лус Онҷелес беш аз пеш меҳмони Душанбе мешаванд. Чанде пеш Душанбе мизбони Муъини Исфаҳонӣ ва Афшин буд ва интизор меравад моҳи морси оянда Гугуш ба дидори ҳаводорони бешумораш дар Тоҷикистон биравад, ки бегумон, пас аз ин ҳама интизори ошиқона як рӯйдоди муҳим хоҳад буд.

Чеҳраи тозаи Душанберо метавонед дар гузориши мусаввари ҳозир бибинед.

Гузориши тасвириро бо суръати баланд метавонед дар инҷо бибинед.

Wednesday, September 09, 2009

Still, Happy Dream Day!

Хамчунон Рузи Орзу хучаста!


Гилояи яке аз хонандагони Як Дарвешро ба чон мепазирам:

«Салом бародари гироми. Ман яке аз хонандахои блоги шумо хастам... тули ду мох мешавад. Бо истифода аз архив анкариб аксари навиштахоятонро хондаам. Холо мехохам, ки бидонам чаро дар мавриди истиклолияти Точикистон (агар дошта бошад) чизе нагуфтед. Харчанд медонем хеле хам гуфтаед, вале дар ин мавсим хомушед...»

Аммо хар чи андешидам, дидам, ки ба навиштаи муртабити соли гузаштаам такрибан чизи тозае наметавонам биафзоям:

Имруз аз шумори зиёде аз дустони дуру наздик паёмхои шодбош дарёфт кардам. Ва дар посух ба хамагй паёмхои шодбош фиристодам. Шодбоши «истиклол»-е, ки дар хиёламон сабзиду хушкиду хазон шуд. Истиклоли намодинро ба хамагй хучастабод гуфтам ва орзу кардам, ки рузгоре ба истиклоли ростин бирасем. На, хануз нарасидаем. Ин ки дигар як амри мусаллам аст; мисли осмони Ландан, ки мебинам пур аз меги обистани тундар аст ва мисли мохе, ки дар чойгохи орзухои баландпарвозонаи мо нишастаасту моро сухра мекунад, мубархан аст.

Барои шинохти хар мафхум бехтар аст онро то ба тах бишикофем. Истиклол навъи густардатари худгардонй ё худфармоии як миллат ё кишвар аст. Мардуми он кишвар бояд дар таъйини роху равишу сарнавишти сарзаминашон батамом мухтор бошанд ва бар он хокимияти мутлак дошта бошанд. Дорем? Хануз на.

Вожаи мутазодд (антоним)-и истиклол (худфармойи) «итоъат» (фармонбардорй) аст. Яъне агар сарзамини мо тахти идораи сиёсй ва низомии давлате бегона карор дорад, пас мо мутеъем, на мухтор. Оё мо дар таъйини хатти машйи сиёсии худ харгиз Маскавро нодида гирифтаем? На. Оё харими хавоии мо тахти кунтрули давлате бегона аст? Оре. Оё давлати мо тахти каймумат ва химояти давлате бегона аст? Оре. Оё мо тавонистаем аз тамомияти арзии кишвар химоят кунем? На. Оё мо тавонистаем бонй ва хомии зиндагии мардуми кишварамон чи дар даруну чи дар берун бошем? На. Пас мо мутеъем ё мухтор? Аввалй ба вокеъият наздиктар аст.

Аз ин ру, орзуи истиклолро барои так-таки шумо шодбош мегуям ва орзумандам рузгоре ба ин орзуи баланд бирасем.

Оё истиклоли кишвари мо дар тули як соли гузашта аз хадди орзуву ормон фаротар рафтааст? Фикр намекунам. Ва хатто корбурди вожаи «ормон» дар ин таркибро бечо медонам. Миллати мо, ба кавли Зафар Суфй, як миллати беормон аст. Ва истиклол хам харгиз ормони ростини он набуда. Истиклол хам як тавфики ичборй буд, ки то кунун бештари мо арзиши онро дарнаёфтаем ва хатто иддае онро мояи бадбахтихои мо медонанд. Истиклоли тахмилй хануз дар зехни мо чои сазовори худро наёфтааст. Хануз хелехо бо такя бар мантик ба ин хакикат нарасидаанд, ки бадбахтихои мо бароянди корхои як давлати ношоиста аст, ки худи он низ то расидан ба кудрат аз истиклол безор ва даст ба домони Кремлин буд ва дар даштхои Русия суроги «Моми Механ»-ро мегирифт. Агар давлат ба истиклол арч мегузошт, кишвар ба истиклол ноил мешуд.

Пас хануз зуд аст, ки чашни истиклолро ба хамдигар шодбош бигуем. Хануз метавон орзуи истиклолро фархундабод гуфт.

ПС: Агар ба мохвора дастрасй доред, метавонед аз тарики барномаи "Навбати шумо"-и имшаби Би-Би-Сии порсй назароти шуморе аз хаммеханону хамкавмонамонро дар бораи "истиклол"-и Точикистон бишнавед ва худатон хам назар бидихед. Торнигорхои точикие хам ки ба ин мавзуъ пардохтаанд, дар ин барнома мурур хоханд шуд. Барномахои Би-Би-Сии порсй аз тарики Интернет хам кобили дарёфт аст. Ин чо хам метавонед назар бидихед.

Sunday, August 30, 2009

A Dervish Keywords

Калидвожахои Як Дарвеш

Имшаб ба калидвожахои чустучухои интернетии хонандагони Як Дарвеш нигох андохтам, то бибинам, ки одамон бештар дар чараёни чустучуи чи вожахое рохашон ба торнигори Як Дарвеш мунтахй мешавад. Барои намуна, агар иборати «Як Дарвеш»-ро руи чустучугари Google бизанед, нахустин унвоне, ки руи сафха зохир мешавад, унвони хамин торнигори мост. Бисёре аз ин рох мехмони мо мешаванд.

Аммо иддае хам бо чидани вожахои дигар ба кулбаи мо сар мезананд, ки бо мурури 50 калидвожаи умда дарёфтам, ки онхоро метавон дастабандй кард. Бештари калидвожахо номхои гуногуни торнигори Як Дарвеш ба лотин ё сириллик ё порсй аст. Мобакиро метавон панч бахш кард: динй, хабарй, адабй, хунарй ва чинсию чинсиятй.

Бештарин мурочеъаро хонандагоне доранд, ки суроги мафхумхо ё ибороти динй мегарданд. Чанд намуна аз ин иборахову чумлахо:

Оё дар мохи шарифи рамазон алокаи чинсй кардан мумкин аст?
Алокаи чинсй дар рамазон мумкин аст ё не?
Вакти намоз
Коидаи хондани намоз
Конун дар бораи дин
Матни Куръони шариф дар (ба) точикй
Сураи Куръон
Тарзи намоз хондани занхо
Чадвали мохи рамазон
Табрикоти мохи шарифи рамазон...

Ибороти хабарии мавриди чустучуи корбарон голибан инхост:

Мирзо Зиёев
Тарчумаи холи Ислом Каримов
Туи Рустам Рахмонов
Хасан Асаддулохзода
Radio Ashgabad...

Чанд намуна аз ибороти адабй:

Хеч шодй нест андар ин чахон
Ашъори Фарзона
Китобхои Фарзона
Бозор Собир
Шеъри Лоик
Шеъри Хофиз
Маро бисуду...

Ибороти хунарй:

Arash
Клипхои эронй
Муборакшох
Суруди миллии Точикистон
Далер Назаров...

Ва саранчом чинсию чинсиятй:

Рамазон ва алокаи чинсй
Духтархои точик
Точикистон girls...

Ин баррасии кучак метавонад гуёи тасвири бузургтаре аз алокахои корбарони точики Интернет бошад. Дар бисёре аз маворид худи ман шигифтзадаам, ки чи гуна як чустучуи бахусус корбарро ба кошонаи Як Дарвеш расондааст. Барои намуна, ёдам намеояд, ки дар бораи рамазон ва алокаи чинсй дар торнигор чизе мунташир карда бошам, аммо ин калидвожа мукарраран рохро ба суи торнигори мо хамвор кардааст. Шояд хикмате дар он нухуфтааст, ки тааммул мехохад.

Ногуфта намонад, ки пайгирии калидвожахои чустучугархоро ба тозагй рохандозй кардаам ва дар оянда бароянди он метавонад мутафовит бошад.

Monday, February 16, 2009

Golden Middle Is Needed

Мухточи миёнгини зарринем

Гашту гузоре кутох дар торнигорхои ангуштшумори точик як мавзуъро бармало мекунад: бахсхо маъмулан перомуни мавзуъоте дар мегирад, ки камтарин ахамиятро барои пешрафти кишвар дорад. Дар холе ки миллат дар чохи гумномию баднасибии ношй аз бемоягй такалло мекунад, зехнхои нисбатан фаъъоли миллат дар кучахои 1400-солаи торих парса мезананд ва ба оянда пушт кардаанд. Ин зехнхои фаъъол лузуман равшан нестанд. Як даста туъмаи анкабути иртичоъи кухананд ва дастае дигар сайди ифроти динситезианд. Миёнгини заррине дар уфуки ин бахсхо падид наомадааст. Лаъну нафрини баромада аз тактозихои зехнй дарки дакики масоилро сахт кардааст.

Занчираи андешахои мо ба як халка ниёз дорад, то миёни ин ифроту тафрит пуле бисозад ва онхоро ба хам наздик кунад, то фаъъолияти ин зехнхо созанда шавад, на сузанда. Ва он халка басирате фарогир аст, ки хар ду тиккаи занчири пораро бибинаду бисанчад ва эътидолро баркарор кунад. Албатта, бо тундравй хам метавон авзоъро барои муддате иваз кард. Инкилоби исломии Эрон боризтарин намунаи як тундравии дастачамъист, аммо бо гузашти сй сол мебинем, ки натичаи он чизе гайр аз дарегу хайхоти шумори зиёде аз худи хамон инкилобиюни гузашта нест. Яъне дастоварде, ки аз рохи тундгаройи ба даст омада, умре кутох дорад ва пас аз муддате чун ампротурии Шуравй гард-гард мешавад. Танхо эътидол аст, ки бо гомхои шумурда ва хисобшуда метавонад раванди такомулро тай кунад ва паёмадхои собиту пояндае дошта бошад ва аз як чизи ибтидойи чизе пешрафтатар бисозад. Эътидолро метавон аз равандхои табиъй омухт, ки паёмадхои собиту пуё доранд. Ба монанди раванди такомули инсон аз як чонвари ибтидойи, ки Бедил хам ба он ишора карда буд (Хеч шакле бе хаюло кобили сурат нашуд, Одамй хам пеш аз он-к одам шавад, бузина буд).

Он хаюло, ки мо мухточаш хастем, хамон халкаи заррину матлуби занчир (эътидол) аст.

Monday, June 09, 2008

Inflation Consequences Poll

Паёмади эхтимолии гаронии физоянда дар Точикистон:

12 раъй

Рохпаймоихо: 1 (8%)
Нооромихо: 5 (41%)
Идомаи хомушй: 6 (50%)
Дигар: 0 (0%)