Showing posts with label fascism. Show all posts
Showing posts with label fascism. Show all posts

Thursday, September 06, 2012

Pohantun Vs Daneshgah


Чанги “пуҳантун”-у “донишгоҳ”

Вожаи “пуҳантун”-ро бори нахуст дар давраи шўравй шунида будам ва тасаввурам ин буд, ки “Пуҳантун” исми хос аст; номи донишгоҳ аст. Мепиндоштам, ки мисли “Донишгоҳи Ленин” дар Душанбе мардуми Кобул “Донишгоҳи Пуҳантун” доранд. Лобуд номи касест.

Дертар, басе дертар, дарёфтам, ки “пуҳантун” як вожаи паштуст ба маънии “донишгоҳ”; дар воқеъ, тарчумаи дақиқи вожаи “донишгоҳ” ба забони паштуст ва дуруст ба монанди “донишгоҳ” ду бахш дорад: “пуҳан” – дониш ва “тун” – гоҳ. Ҳар ду вожа бо порсй пайванди танготанг дорад: “пуҳан” бо “панд”-и порсй ва “тун” бо пасванди “дон”-и порсй. “Пуҳан” дар забони афғонй (пашту) ба маънои “дониш аст ва “панд” дар забони порсй ба маънои андарз. Пасванди “-тун” дуруст ба монанди “-дон”-и порсй пасванди маконист. Дар бисёре аз гўишҳои порсй ҳам “-дон”-ро “-дун” гўянд, ки бисёр шабеҳтар ба “-тун” аст.

Тафовути “-дон”-и порсй бо “-тун”-и пашту ин аст, ки аввалй дар мавриди маконҳои кўчак (гулдун, қаламдун) ба кор меравад ва дувумй барои маконҳои бузургтар, монанди пасванди “-гоҳ” дар забони порсй (пуҳантун – донишгоҳ; роғтун – бемористон). Ва акнун боварам намешавад, ки ҳамин вожа шуда мояи чанги сардие ъазим байни қавмҳои бародару ҳамтабор дар Афғонистон (точикҳо ва паштунҳо ҳамтабору ҳамрешаанд, ҳамон гуна ки забонҳояшон долл бар ин ҳақиқат аст).

Худо биёмурзод Басири Бобай, рўзноманигори балхиро, ки ҳамин чанд ҳафта пеш сактаи қалбй карду даргузашт. Ҳамў буд, ки чанд сол пеш ба хотири корбурди вожаи “донишгоҳ” дар телевизюни Балх тавбех шуд ва ин оташи зери хокистарро рў кард. Ва то кунун бисёре аз арчмандони паштун ҳам дарёфтаанд, ки корбурди вожаи порсй ҳаққи мусаллами як порсигўст ва ҳеч нопорсигўе кўчактарин ҳаққи таъйини вожагон барои порсигўёнро надорад. Ин ҳақиқат дар мавриди ҳар забони дигаре ҳам сидқ мекунад. Чунончи порсигўёни Афғонистон ҳаргиз хостори таҳмили вожаи “донишгоҳ” бар ҳамагон нашудаанд. Ин ба он монад, ки ба омрикоиҳои муқими Афғонистон бигўед, ки дигар University нагўянд ва ба чои он “пуҳантун” бигўянд. Хандадор ва дар ъайни ҳол асафнок аст.

Таъйини “мусталаҳоти миллй” (ки худаш истилоҳи масхараест ва санаде аз он “мусталаҳот” вучуди хоричй надорад) барои тамоми ақвоми як кишвар иқдоме комилан фошистй ва ба дур аз тасаввури инсони имрўзист. Ҳар забоне роҳи пешрафт ва печухамҳои худро паймуда ва бо ўст, ки барои ниҳоде чун донишгоҳ чи номе биниҳад. Ин ки рўзи сешанбе (04.09.2012) Масъуди Тараштвол, раиси муассисоти таҳсилоти ъолии Афғонистонро аъзои Кумисиюни умури фарҳангию динии Мачлиси Намояндагон ба далели корбурди вожаи “донишгоҳ” задаанд, як рухдоди шармовари дигар дар ҳамин боб аст.

Бисёр дўст дорам, ки забони пашту ҳам ба авчи такомул бирасад, бирўяд, рушд кунад, андеша офаринад. Ба суди башарият аст. Эй кош кўбандагони мехи “пуҳантун” бар мух (мағз)-и миллат ин ҳама нерўро харчи роҳи такмилу пешрафти забони пашту мекарданд. Ба суди ҳамагон мешуд. Аммо ин ки бо монеътарошиҳои фошистона нагзоранд, ки забоне дигар (ки забони аслии кишвар аст) роҳи такомулро бипаймояд, ба он монад, ки дар мусобиқаи дав ман мучи давандаи бартарро бигирам ва нагзорам, ки чилавтар аз ман биравад... ки ъайни номардист. Хичолат ҳам хуб чизест. Дигар вақташ аст, ки домани донишгоҳу донишчўву додситонию додсарою додгоҳро раҳо кунед ва дар канори эчоди вожаҳое чун пуҳантуну соронволию ҳоказо андешаҳои созанда ҳам халқ кунед.

جنگ پوهنتون و دانشگاه


واژۀ «پوهنتون» را بار نخست در دورۀ شوروی شنیده بودم و تصورم این بود که «پوهنتون» اسم خاص است، نام دانشگاه است. می‌پنداشتم که مثل «دانشگاه لنین» در دوشنبه، مردم کابل «دانشگاه پوهنتون» دارند. لابد نام کسی است.

دیرتر، بسی دیرتر دریافتم که «پوهنتون» یک واژۀ پشتو است به معنی «دانشگاه»؛ در واقع، ترجمۀ دقیق واژۀ «دانشگاه» به زبان پشتوست و درست به مانند «دانشگاه» دو بخش دارد: پوهن – دانش و تون – گاه. هر دو واژه با پارسی پیوند تنگاتنگ دارد: «پوهن» با «پند» ِ پارسی و «تون» با پسوند «- دان» پارسی. پوهن در زبان افغانی (پشتو) به معنای دانش است و پند در زبان پارسی به معنای اندرز. پسوند «- تون» درست به مانند «- دان» پارسی پسوند مکانی است. در بسیاری از گویش‌های پارسی هم «- دان» را «- دون» گویند که بسیار شبیه‌تر به «- تون» است. تفاوت «- دان» پارسی با «- تون» پشتو این است که اولی در مورد مکان‌های کوچک (گلدون، قلمدون) به کار می‌رود و دومی برای مکان‌های بزرگ‌تر، همانند پسوند «- گاه» در زبان پارسی (پوهنتون - دانشگاه، راغتون – بیمارستان). و اکنون باورم نمی‌شود که همین واژه شده مایۀ جنگ سردی عظیم بین قوم‌های برادر و هم‌تبار در افغانستان (تاجیک‌ها و پشتون‌ها همتبار و همریشه‌اند، همان گونه که زبان‌هایشان دال بر این حقیقت است).

خدا بیامرزاد بصیر بابی، روزنامه‌نگار بلخی را که همین چند هفته پیش سکتۀ قلبی کرد و درگذشت. همو بود که چند سال پیش به خاطر کاربرد واژۀ «دانشگاه» در تلویزیون بلخ توبیخ شد و این آتش زیر خاکستر را رو کرد. و تا کنون بسیاری از ارجمندان پشتون هم دریافته‌اند که کاربرد واژۀ پارسی، حق مسلم یک پارسیگو است و هیچ ناپارسی‌گویی کوچک‌ترین حق تعیین واژگان برای پارسی‌گویان را ندارد. این حقیقت در مورد هر زبان دیگری هم صدق می‌کند. چنانچه پارسی‌گویان افغانستان هرگز خواستار تحمیل واژۀ «دانشگاه» بر همگان نشده‌اند. این به آن ماند که به آمریکایی‌های مقیم افغانستان بگویید که دیگر «یونیورسیتی» نگویند و به جای آن «پوهنتون» بگویند. خنده‌دار و در عین حال اسف‌ناک است.

تعیین «مصطلحات ملی» (که خودش اصطلاح مسخره‌ای است و سندی از آن «مصطلحات» وجود خارجی ندارد) برای تمام اقوام یک کشور، اقدامی کاملاً فاشیستی و به دور از تصور انسان امروزی است. هر زبانی راه پیشرفت و پیچ و خم‌های خود را پیموده و با اوست که برای نهادی چون دانشگاه چه نامی بنهد. این که روز سه‌شنبه مسعود ترشتوال، رئیس موسسات تحصیلات عالی افغانستان را اعضای کمیسیون امور فرهنگی و دینی مجلس نمایندگان، به دلیل کاربرد واژۀ «دانشگاه» زده‌اند، یک رخداد شرم‌آور دیگر در همین باب است.

بسیار دوست دارم که زبان پشتو هم به اوج تکامل برسد، بروید، رشد کند، اندیشه آفریند. به سود بشریت است. ای کاش کوبندگان میخ «پوهنتون» بر مخ ملت، این همه نیرو را خرج راه تکمیل و پیشرفت زبان پشتو می‌کردند. به سود همگان می‌شد. اما این که با مانع‌تراشی‌های فاشیستانه نگذارند که زبانی دیگر (که زبان اصلی کشور است) راه تکامل خود را بپیماید، به آن ماند که در مسابقۀ دو من مچ دوندۀ برتر را بگیرم و نگذارم که جلوتر از من برود... که عین نامردی است. خجالت هم خوب چیزی است. دیگر وقتش است که دامن دانشگاه و دانشجو و دادستانی و دادسرا و دادگاه را رها کنید و در کنار ایجاد واژه‌هایی چون پوهنتون و سارانوالی و هکذا اندیشه‌های سازنده هم خلق کنید.  

Tuesday, November 29, 2011

We Aren't Well-off

Ҳоли мо хуб нест

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Салом. Ҳоли ҳамаи мо хуб аст.
Малоле нест ҷуз гум шудани гоҳ ба гоҳи хиёле дур,
Ки мардум ба он “шодмонии бесабаб” мегӯянд.
Бо ин ҳама, умре агар боқӣ буд, тавре аз канори зиндагӣ мегузарам,
Ки на зонуи оҳуи беҷуфт биларзад, на ин дили номондагори бедармон!..
Аз нав бароят менависам:
Ҳоли ҳамаи мо хуб аст,
Аммо ту бовар макун!

Солҳо пеш Алии Солеҳӣ ном шоъире дар Эрон бад-ин шева дуруде фиристода буд, ба дурмондагонаш, бо тазоҳур ба ин ки ҳоли ӯ хуб аст, аммо набояд бовар кард. Ин дурудномаро Тоҷикистон ҳам метавонад ба дуруфтодагонаш бифиристад, бо таъкид бар ин ки ҳолаш хуб аст, аммо набояд ба хубии ҳолаш бовар кард. Тоҷикистоне, ки дар гузоришҳои шабакаҳои телевизюни давлатӣ механдад, мерақсад, бозӣ мекунад, овоз мехонад, зоҳиран ҳолаш хуб аст, аммо ту бовар макун!

***

Тоҷикистон, ҳамон гуна ки қаблан пешбинӣ шуда буд, дар рӯзи равшан зери зӯри Русия қад хам карду таслим шуд. Халабонҳое, ки базоҳир аз ҷурме ҳавлнок аз Афғонистон гурехта буданд, ба дархости тарафи “айбдоркунанда” дар толори додгоҳ нахуст ҷурмашон тахфиф (сабуктар) ва сипас худашон афв шуданд. Русия, ки аҳрум (фишанг)-и фишори қавии муҳоҷиронро дар ихтиёр дорад, ба унвони тарафи даъво 500 тан аз муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷикро озод накард. Русия таъкид дорад, ки ин муҳоҷиронро ҳам хоҳад ронд. Ҳарчанд Тоҷикистон мегӯяд: “Салом, ҳоли ҳамаи мо хуб аст”, ту бовар макун!

***

Тамоми шабакаҳои хабарии Русия тайи чанд ҳафтаи ахир ба ҷаҳониён ҷор заданд, ки 30 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ҳаволаҳои молии муҳоҷирони корӣ дар Русия ташкил медиҳад. Яъне 30 дарсади мояҳтоҷи зиндагӣ дар Тоҷикистон ба сутуни Русия такя додааст ва Тоҷикистон бидуни Русия суқут хоҳад кард. Давлати Тоҷикистон ин рақамҳоро чун қурсҳое оромбахш фурӯ мебараду мегӯяд: “Салом, ҳоли ҳамаи мо хуб аст”. Аммо ту бовар макун!

***

Ба гузориши расонаҳое, ки ҳоли Тоҷикистонро нохуб ҷилва медиҳанд, “Бахтиёр Расулов, сокини вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург токсӣ меронд, аз сӯи афроди номаълум дар яке аз ҷангалҳои атрофи шаҳр ба таври ваҳшиёна кушта шудааст. Ба қавли ин манбаъ, қотилон Бахтиёр Расуловро чанд корд зада, сипас сари ӯро аз тан ҷудо мекунанд ва сарашро ба қафои мошин андохта, мошинашро оташ мезананд. Ҳоло ҷасади Бахтиёрро, ки аз як лунда гӯшт иборат будааст, мақомоти зидахли Русия муъоина мекунанд”. Абдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигори тоҷик, нидои ҷон сар медиҳад, ки “чанд сари дигарро бояд бибуранд, ки Шумо дар фикри ин мардум шавед? Чанд модари дигар дар доғи фарзанд бисӯзад, ки Шумо дар фикри ин мардум шавед? Чанд падари дигар дар сӯзи фарзанд нури чашм аз даст диҳад, ки Шумо дар фикри ин мардум шавед?” Расонаҳои гӯшбафармони Тоҷикистон, дуруст ба монанди давлат, аз канори ин хабар мегузаранду мегӯянд: “Салом, ҳоли ҳамаи мо хуб аст”, аммо ту бовар макун!

***

Ту бовар макун ҳазёнҳои оғушта ба худфиребиро, ки аз сару гӯши ин сомон мерезад. Бовар макун, ки ҳоли мо хуб аст. Ҳоли мо табоҳ аст, чун дӯстро аз душман намешиносем. Давлате, ки ҳамасола ҳудуди 700 тобути тоҷикҳои ҷавонмаргро ба Тоҷикистон мефиристад, “ҳамкори стротежик”-и Тоҷикистон унвон шудааст. Давлате, ки кӯчактарин нофармонии Тоҷикистонро густохии як барда медонад ва ба гӯшмолаш мешитобад, қарор аст ба унвони давлати дӯст бар тораки сари мо бинишинаду корҳои бад-бад кунад. Давлате, ки бо ҳузури лашкари 201-аш дар хоки мо давлати моро таҳдид мекунад, то имтиёзе биситонад, қарор аст баҳори оянда муддати ҳузури он лашкари манҳусро то 49 соли дигар тамдид кунад. Мо чаҳорсад омӯзгори забони он давлатро ба сарзаминамон пазиро мешавем, то он забони аҷнабиро ҳарчи муҳкамтар бар мағзи тоҷикҳо бикӯбад (ҳамроҳ бо он ҳисси бардагиро), дар ҳоле ки мехи забони худамон шул (суст) шудааст.

Бо ҳамин мехи шули забонам бароят бигӯям, ҷони ман: Дуруд, ҳоли мо хуб нест. Ин якеро бовар кун. Ва аз мо бихоҳ, ки мо ҳам боварамон шавад, то шояд дастбакор шавем ва дигар маҷбур набошем бигӯем: Салом, ҳоли ҳамаи мо хуб аст, аммо ту бовар макун!

Tuesday, November 22, 2011

Russian Motifs

Ё Раб, зи тамошои ҳақорат бираҳонам,
Қомуси маро худ бинавис, ман ки надонам.
Кобуси маро пардаи поён барафкан,
Номус бидеҳ, аз дари Русия биронам.

یا رب، ز تماشای حقارت برهانم
قاموس مرا خود بنویس، من که ندانم
کابوس مرا پردۀ پایان برافکن
ناموس بده، از درِ روسیه برانم


***

Эй ёр, биё, Русияат ёр набошад,
Дилдода туву Русия дилдор набошад.
Ин қисса, ки бе Русия рӯзи сияҳ ояд,
Чизе ба ҷуз аз тавтеаи мор набошад.

ای یار بیا، روسیه‌ات یار نباشد
دلداده تو و روسیه دلدار نباشد
این قصه که بی روسیه روز سیه آید
چیزی به جز از توطئۀ مار نباشد

***

Хоки урус равзаи ризвон нест-ки!
Тоҷик намояндаи шайтон нест-ки!
Гӯли баландии муваққаташ чи мехурӣ?
Болотар аз чакоди Бадахшон нест-ки!

خاک اروس روضۀ رضوان نیست که!
تاجیک نمایندۀ شیطان نیست که!
گول بلندی موقتش چه می‌خوری؟
بالاتر از چکاد بدخشان نیست که!

***

Эй Рус, сарзамини далерон нестӣ,
Будӣ, гумон нест, вале ҳамон нестӣ.
Ёди Есенину Чехуфу Пушкин ба хайр,
Шоистаи каломи азизон нестӣ.

ای روس، سرزمین دلیران نیستی
بودی، گمان نیست، ولی همان نیستی
یاد یـِـسـِـنین و چـِـخـُـف و پوشکین به خیر
شایستۀ این جمع عزیزان نیستی

Tuesday, November 15, 2011

Russian Bully Needs a Lesson

Русия дарс мехоҳад

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Ончи дар Русия бар мо мегузарад, мояи сарафкандагию расвоии давлатҳои ҳар ду кишвари Русия ва Тоҷикистон аст. Саҳнаро дар кул мешавад ингуна тасвир кард: бузургтарин кишвари ҷаҳон алайҳи яке аз заъифтарин мамолик бадтарин шеваи бархурд – рондани атбоъи он кишвар аз сарзамини худро пеша кардааст. Ба қавли Юрий Крупнов, раиси Шӯрои нозирони Муассисаи оморнигорӣ, муҳоҷират ва тавсеъаи минтақаии Русия, “валвалаву ҳаяҷони Маскав атрофи ин достон ба обрӯву эътибори Русия осеби шадид расонда ва ба як муттаҳиди Русия зарбаи мустақим ворид оварда ва беъурзагию нотавонии мо дар ҳалли мушкилоти байнулмилалиро ба намоиш гузоштааст; бавижа дар минтақаи ҳассосе чун Осиёи Миёна”. Ба бовари ин нависанда ва сиёсатмадори рус, то кунун ҳеч як аз мақомоти марбутаи Русия натавонистаанд ба ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа алайҳи ду халабони русу эстониёӣ посухи мантиқию қонунӣ диҳанд. Ба ҷои он тарҷеҳ додаанд, ки аз забони зӯр баҳра бигиранд ва пеши як кишвари заъиф қудратнамоӣ кунанд. Ба гуфтаи вай, “ин шӯру валвала оруғи ҳамон миллигароии “русии маскавмеҳвар” аст, ки 20 сол пеш ба фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷомид”.

Якшаба муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ба бадтарин муҷримону ҷинояткороне мубаддал шуданд, ки бояд аз ин кишвар ихроҷ шаванд. Хадамоти марбутаи Русия муҳоҷирони тоҷикро дорои болотарин мизони ибтило ба бемориҳои омезишӣ (венерикӣ) ва сил унвон карданд.

Медведев густохона ва батакрор эълом мекунад, ки масъалаи ихроҷи тоҷикҳо аз Русия ва қазияи муҳокимаи халабони русро бояд “як тасодуф” бидонем; албатта, худи ӯ ҳам ба ин иддаъои худаш хоҳад хандид. Аз сӯи дигар, ҳамин Медведеве, ки дар оғози соли 2011 гуфта буд: “аз ман нахоҳед, ки бар додгоҳҳо фишор оварам, чун дуруст нест; додгоҳ бояд аз қувваи иҷроия мустақил бошад”, акнун бар Раҳмон фишор меоварад, ки бар додгоҳи Тоҷикистон фишор оварад ва ҳукми додгоҳро ба дилхоҳи Русия иваз кунад. Яъне Медведев он чиро, ки бар худаш намеписандад, бар Тоҷикистон меписандад, то дар остонаи интихоботи оянда обрӯи рафтаашро ба ҳисоби хорию зории Тоҷикистон ва шармсории тоҷикҳову давлаташон бозхарад. Саранҷом худаш ҳам шамрсору сарафганда шуд, албатта.

Як дӯсти русизабонам ин рӯйдодро бо қазияи маҳкумияти Виктор Бути рус дар Омрико муқоиса мекунад. Ин қочоқчии аслиҳаи рус дар оғози ҳамин моҳ дар Омрико равонаи зиндон шуд. Аммо аз таҳримҳои зиддиомрикоии Русия хабаре нест. Чаро? Чун моҳияти сиёсати Русия кутак задани заъифтарҳост.

Вале сарафкандагии давлати Медведев-Путин ба ҳеч рӯй аз шармсории давлати Раҳмон намекоҳад. Дар тамоми ҷаҳон ин ҳақиқат ба шакли фоҳише пахш шуд, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи нон ба Русия рафтаанд ва ба зӯр ҳам аз он кишвар хориҷ намешаванд. Ин нуқтаи заъфи бузург, ки давлати Тоҷикистонро ба Маскав ва нозҳои Кремлин башиддат вобаста мекунад, беш аз пеш барҷаста шуд. Аз давлати Тоҷикистон бояд пурсид, ки чаро тайи давраи истиқлол накӯшидаанд барои кишвари мо муттаҳиди инсонитар, мутамаддинтар ва муносибтаре пайдо кунанд.

Саранҷоми ин достонро мешавад баосонӣ ҳадс зад. Сиёсат ҳамчунон палид аст. Сиёсатмадорон забоне дигар доранд ва пушти парда задубанду муъомилоте дар ниҳоят масъаларо ба суди қулдури зӯргӯ ва ба зиёни заъифи бечора ҳал хоҳад кард. Владимир Садовничий, ки дар мақоми густохтарин маҳкуми як додгоҳи Тоҷикистон бар сари додрасони тоҷик ҷеғу ҳавору фарёд мекашид, бо сари баланд ба кишвараш боз хоҳад гашт ва ба унвони қаҳрамони миллӣ аз сӯи миллигароёни рус истиқбол хоҳад шуд. Тоҷикҳое, ки шиносномаҳояшон муҳри “вуруд мамнӯъ”-и панҷсола хурдааст, зери бори гарони рӯзгорашон фаромӯш хоҳанд шуд. Боқимондаи муҳоҷирони кории тоҷики Русия ҳамон зиндагии мусибатборашонро идома хоҳанд дод. Интихоботи Русия ва Тоҷикистон ба суди тарафҳои муъомила анҷом хоҳад гирифт. Муъомилае, ки қарор нест ин вазъияти нобобро андозаи як сонтиметр иваз кунад. Аммо, ба қавли Ҳофиз, чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд. Агар Маскав ва Душанбе аз ин хиффату хориашон дарсе нагиранд, дар ояндаи дуртар равобиташон дастхуши таҳаввулоти ногувори густардае хоҳад шуд.

Ин рӯйдоди нангин барои Тоҷикистон занги бедорбоши баланде буд, ки кош дар гӯшҳо фурӯ уфтад, на пушти гӯшҳо. Ҳузури лашкари якмилюнии муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз як сӯ ва ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомии бурунмарзии Русия дар Тоҷикистон аз сӯи дигар Душанберо тахтабанд кардааст. Ингуна вобастагӣ барои тамомияти арзии Тоҷикистон башиддат хатарнок аст. Рӯзномаи “Коммерсантъ”-и чопи Маскав бо истинод ба суханони як мақоми баландпояи Вазорати хориҷаи Русия менависад: “Мо ҳанӯз аз ҳамаи зарродхонаи абзорҳои гуфтугӯ бо Душанбе истифода накардаем, вале акнун онҳоро ба кор меандозем. Фақат лашкари 201-ро ҳоло бапо нахоҳем карду халос”.

Яъне, бар пояи суханони он мақоми рус, дар сурати зарурат аз лашкари 201 ҳам алайҳи давлати Тоҷикистон истифода хоҳад шуд; ҳамон гуна ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ин лашкар нақши калидӣ дошт ва Тоҷикистонро ба хоку хун кашид. Ҳеч шакке нест, ки лашкари 201 зомини манфиъатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангии Русия дар Тоҷикистон аст ва агар манофеъи Русия зери хатар равад, ин пойгоҳ вориди амал хоҳад шуд. Девонагони сиёсие чун Жириновский ҳатто тақозо кардаанд, ки лашкари 201 ба зиндон ҳамла ва халабони русро озод кунаду ба Русия бозпас бифиристад. Пас оё мо марази худозорӣ дорем, ки як чунин мори афъиро канори дӯшамон дошта бошем?

Русия дар ҳоли анҷоми ҷинояти башарии бузург аст. Боздошт, озору азият ва ихроҷи афрод ба далели таъаллуқи онҳо ба миллате хос ҷузъи аъмоли фошистӣ ба шумор меояд ва маҳкум аст. Русия бояд ғаромати ин ҷинояти худро бипардозад. Ғаромати он бояд муъомила ба мисл бошад, яъне ихроҷи низомиёни Русия аз Тоҷикистон. Ҳар давлати миллии бонангу оре дар баробари чунин ҷинояте лашкари 201-ро ба хонаи модараш гусел мекард. Аз ин рӯ, тамдиди ҳузури низомии Русия барои 49 соли дигар, ки қарор аст баҳори оянда имзо шавад, ба масобаи худкушии давлати Тоҷикистон ва қатли истиқлоли кишвари мо барои ним қарни дигар хоҳад буд. Кишварҳои ҳамсоя муваффақ шудаанд дасти Русияро аз сарашон кӯтоҳ кунанд ва балое бар онҳо нозил нашудааст. Дар ҷомеъаи ҷаҳонии имрӯз як кишвари мустақил – сарфи назар аз андозаи он – метавонад ва бояд аз истиқлол ва ҳуқуқаш дифоъ кунад. Пас нахустин вокуниши Тоҷикистон ба ҷинояти башарии Русия бояд рондани низомиёни рус аз кишвар бошад.

Як давлати миллии бонангу ор дар чунин шароите бо Русия низоми раводид ҷорӣ мекунад, ҳамаи шаҳрвандонашро ба кишвар фаро мехонад ва дар паи таъмини онҳо бо фурсатҳои шуғлӣ мешавад. Русия ягона бозори кори мавҷуд дар ҷаҳон нест ва иттифоқан, бадтарин бархурд бо муҳоҷирони кориро дорад. Таҳаммули хорию хиффат ба унвони “ меҳмони нохонда” дар он кишвар паёмадҳои равонии вайронгаре барои миллат дорад.

Ба хотири ҳифзи номус ва рӯҳияи миллии тоҷикон бояд бо басечи тамоми нерӯҳо давлати Тоҷикистон вазифаи худашро анҷом диҳад ва корзори густардаи корофаринӣ роҳ андозад: баландтарин парчами ҷаҳонро ба ҳамон қимате, ки сохтааст, ба кишвари худкеҳтарбини дигаре бифурӯшад ва бо пули он чандин корхонаи кӯчак бисозад; китобхонаи бузурги навсохтро, ки қафасаҳояш холӣ аст ва бурҷҳои “Душанбе-плазза”-ро, ки коркардашон маълум нест, табдил ба корхонаҳои тавлидӣ кунад; рехтупоши пули байтулмол дар тарҳҳои беҳуда ва намоиширо мутаваққиф кунад ва дар эҷоди корхонаҳо ва омӯзишгоҳҳо сармоягузорӣ кунад. Саранҷом хоҳем дид, ки он як милюн овораи бозгаштаи мо дар кишвари худашон соҳиби кор ва зиндагии шарофатмандона шудаанд. Ва он гоҳ номи чунин давлате ба унвони нахустин давлати миллии Тоҷикистон, ки кишварро ба истиқлоли ростин расонида, сабти торих хоҳад шуд.