Showing posts with label Uzbekistan. Show all posts
Showing posts with label Uzbekistan. Show all posts

Sunday, February 03, 2019

Ситоиш аз хиёнат ва накӯҳиши садоқат?


(Вокуниш ба изҳороти Иброҳим Усмонуф дар бораи "босмачӣ"-ву булшевик)

Нашрияи “Ҷумҳурият” ва хабаргузории “Ховар”, ки ҳар ду давлатианд, суханронии пруфесур Иброҳим Усмонуфро зери ъунвони “Ба таърих бо чашми хирад бингарем. Ё чаро ҳаракати босмачигарӣ расонаӣ шуд?” мунташир кардаанд. Албатта, посухи ин пурсишро бояд аз худи расонаҳое чун “Ҷумҳурият” ва “Ховар” ҷӯё шуд, ки чиро “босмачигарӣ”-ро расонаӣ кардаанд. Чун дар Тоҷикистон, ки аз расонаи озод маҳрум аст, танҳо ҳамин расонаҳои давлатӣ ҳастанд, ки мавзӯъеро расонаӣ мекунанд ё намекунанд. Пас чиро ин бор “босмачигарӣ”-ро расонаӣ кардаед, эй қаламбадастони дарбор? Чиро ин корро кардаед? Магар ин ки, Худой накарда, ба расонаҳои масдудшуда (блокшуда)-и иҷтимоъӣ дуздакӣ нигоҳе андохта бошед? Яъне бо зери по гузоштани муқаррароти давлати Тоҷикистон ба бахши мамнӯъаи сарзамини Интернет ҳам сар мезанед ва расонаҳои мамнӯъае чун “Фейсбук”-ро мехонед? Оё ин ҳаракати Шумо хилофи тадбирҳои давлат барои полудани зеҳни шумо, расоначиҳои давлатӣ, нест?.. Бигзарем.

Гуфтам “суханронӣ”, чун “мусоҳиба”-е, ки хабарнигор бо оқои Усмонуф анҷом додааст, пурсише дар миён надорад, балки саропо “посух” аст. Дар воқеъ, ҳамаи пурсишҳо дар дебоча таланбор шудаву пруфесур якбора ба ҳамаашон посух додааст, ки мешавад “суханронӣ”, на “гуфтугӯ”.

Ба ҳар рӯй, ман чун ҳеч як аз суханрониҳои муҳимми устоди нимароҳамро аз назар наандохтаам, ин бор ҳам ҳамчун як нимашогирди қадрдон гуфтаҳои ӯро мурур кардам ва нукоти ҳодде дар зеҳнам падид омад, ки ночор аз баёнаш шудам.

Иброҳим Усмонуф ҳамлаи Артиши Сурх ба Иморати Бухороро бо ҳамлаи ъараб ба Эронзамин (сарзамини мо) муқоиса кардааст. Албатта, аз ӯ чунин қиёсҳои номарбут зиёд шунидаем, аммо ин яке ҷолибтар аст. Чун ӯ бад-ин гуна хунрезӣ ва ваҳшигарии Артиши Сурх дар Иморати Бухороро ҳам тавҷеҳ (“оправдать”) мекунаду мегӯяд:

“Дар таърихи башарӣ, натанҳо дар таърихи халқи тоҷик,  ҳеҷ тағйироти сиёсие нест, ки бе хунрезӣ ба амал омада бошад. Ҳатто ҷорӣ шудани ислом дар Осиёи Миёна сари ҳазорон падарон ва бобоҳои моро хӯрдааст. Ҳеҷ кас ба шакли одӣ рафта «Раҳмат, ки ба мо ислом овардед» нагуфтааст. Онро қабул кунонданд. Чунки ба ин шакл он дар оғоз барои мо чизи бегона буд. Вале мардуми тоҷик дар охирату оқибати он розӣ ҳастанд, розӣ аз он, ки ин дину фарҳангро пазируфтаанд… Вақте ки дар бораи ҳаракати босмачигарӣ ва Ҳокимияти Шӯравӣ сухану андешаамонро баён мекунем, бояд ин меъёру натиҷагирӣ риоя бишавад».

Ҳукме, ки Усмонуф кардааст, на танҳо барои донандагони торих, балки барои имрӯзиёни ноогоҳ аз торих ҳам хандадор аст. Ҳам дар ҳамон оғози ислом касоне буданд, ки ба артиши ғаддори ъараб «Раҳмат, ки ба мо ислом овардед» гуфтаанд ва ҳам имрӯз касоне ҳастанд, ки аз пазируфтани он дину фарҳанг розӣ нестанд. Яъне наметавон бо итминони хотири саддарсадӣ гуфт, ки дар оғози ҳамлаи ъараб ҳеч як тоҷик ё эронӣ ҳозир ба пазируфтани ислом набуд ва ё имрӯз ҳеч эронӣ ё тоҷике нест, ки ин дину фарҳангро аз они худ надонад. Худи оқои Усмонуф пеш аз ин ки билети Ҳизби Кумунисташро дарёфт кунад, маҷбур буд эътироф кунад, ки на танҳо ба ислом, балки ба вуҷуди Худо ҳам имон надорад ва Худову паёмбараш Ҳизбу Кумунисту Ленин аст. Агар чунин боваре надошт, кумунист намешуд. Пас чигуна ӯ «дар охирату оқибат» аз он дину фарҳанг розӣ будааст? Ё манзураш ин буда, ки бино ба тақозои замон мешавад «дар охирату оқибат» аз чизе хушнуд ё нохушнуд буд? Пас ин «меъёру натиҷагирӣ», ки эшон мефармояд, кӯчактарин санҷиши мантиқиро тоб намеоварад.

Сипас Усмонуф барои дифоъ аз мавзеъи зиддитоҷики худ аз шахсияти тоҷики барӯманде чун Сайид Ризо Ъализода ёд кардаву гуфтааст:

«Сайидризо Ализода шахсе буд, ки дар Туркистон, дар ҳукумати он шуъбаи тоҷикиро ба вуҷуд овард. Дар ин ҳукумат миллатҳои асосӣ ин халқҳои туркии Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафтанд: ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо. Афғонҳо, яҳудиҳо, ҳиндуҳо ва ба ин монанд халқҳои хурду майда ба ҳисоб мерафтанд. Аввал номи тоҷик на дар миллатҳои асосӣ ва на дар миллатҳои майда набуд. Ализода ба мақомоти болоӣ дархост карда, муваффақ шуд дар Ҳукумати Туркистон шуъбаи тоҷикӣ ташкил карда шавад.»

Замоне ки Артиши Сурх Иморати Бухороро муталошӣ карду аз сарзамини паҳновари мо кишваракҳои муҳаққаре бар пояи таъаллуқи қавмӣ сохт, ҳар тоҷики фарҳехтае мекӯшид, ки ҳаққи тоҷикон, мардумони бумии сарзаминро ҳифз кунад. Пеш аз ҳамлаи Артиши Сурх ба Бухоро ниёзе ба таъсиси «шуъбаи тоҷикӣ» дар кудомин «Туркистон»-е вуҷуд надошт. Чун тамоми он сарзамин мутаъаллиқ ба забону фарҳанги тоҷик буд ва миёни мардумони он марзбандии қавмӣ вуҷуд надошт. Тоҷику узбаку туркману қирқизу яҳудию ғайра канори ҳам зиндагӣ мекарданд ва забони коргузоришон форсӣ буд.

Аз ин рӯ, вақте ки мебинем касе чун Сайидризо Ализода, ки аз «эрониён»-и Самарқанд буд, маҷбур шудааст дар сарзамини тоҷикон «шуъбаи тоҷикӣ» таъсис кунад, оё бояд онро нокомию шикасти мардуми бумӣ, яъне тоҷикон бидонем ё бурду пирӯзии онҳо? Дар гузашта тамоми сарзамин порсигӯ буду ҳоло барои ҳифзи порсӣ дар гӯшаи бисёр хурди он бояд «шуъбаи тоҷикӣ» таъсис кард. Чигуна аст, ки Усмонуф аз ин рӯйдоди фаҷеъ ба ъунвони комгории тоҷикон ёд мекунад? Яъне хурду ҳақир шудани забони миллии тоҷикон барои ӯ нишонаи комгорист?

Ва агар дар пайи пирӯзии Артиши Сурх, ки Усмонуф падидаи хушоянд медонад, ҳақ ба ҳақдор мерасид ва ъадолат иҷро мешуд, магар ниёзе ба таъсиси «шуъбаи тоҷикӣ» мемонд? Мегӯяд, Сайидризо Ъализода «дар соли 1919 рӯзномаи тоҷикии «Шуълаи инқилоб»-ро таъсис дод. Бо нашри ин рӯзнома манфиатҳои халқи тоҷик ҳимоя ва соҳибӣ мешуданд». Пас ҳатман худи Усмонуф ҳам мепазирад, ки дар он солҳои сиёҳ  тоҷикон ба мудофеъу ҳомӣ ниёз доштанд, чун Артиши Сурху булшевикҳо ҳаққу ҳуқуқи мардуми бумии Бухороро зери по гузошта буданд ва на танҳо забони онро аз байн мебурданд, балки мавҷудияти ин забону таборро ҳам зери суол бурда буданд ва касоне чун Сайидризо Ъализода ва Садриддин Ъайнӣ буданд, ки дар баробари хабосати зиддитоҷики Артиши Сурх ва булшевикҳо пайкор мекарданд ва ҳамчунон мекӯшиданд, тоҷику порсиро дар минтақа ҳифз кунанд. Пеш аз ҳамлаи Рус чунин ниёзе вуҷуд надошт.

Усмонуф дар идомаи таърифаш аз Сайидризо Ъализода менивисад: «Ба назари ӯ, ки яке аз беҳтарин шахсиятҳои давр буд, ҳаракати босмачигарӣ ҳаракати зиддихалқӣ маҳсуб меёфт, зидди миллати мо, мардуми мо, манфиати оммаи мо буд. Дар ин рӯзнома ва баъдтар дар асарҳояш устод Садриддин Айнӣ дар муқобил, бар зидди ин ҳаракат сухан гуфтанд.»

Тасаввури Усмонуф ин аст, ки ҳамаи мухолифони ҳамлаи Артиши Сурх бояд силоҳ ба даст мегирифтанду «босмачӣ» маҳсуб мешуданд, ки пиндошти шигарфест. Андак набуданд афроде, ки ба ҷои шамшеру туфанг қалам ба даст гирифтанду дақиқан ҳамон ҳадафҳоеро дунбол карданд, ки бисёре аз «босмачиҳо» доштанд: муқовимат дар баробари ҳамлаи душмани хориҷӣ. Магар таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» хостаи Артиши Сурх ё булшевикҳо буд? На. Иттифоқан, таълифи он асар наздик буд Садриддин Ъайниро дар режими булшевикҳо ба дасти куштан бидиҳад. Магар таъсиси Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон хостаи Артиши Сурх ё булшевикҳо буд? На. Ҳамаи муассисони тоҷики он ҷумҳурии худмухтор ба дастури Кремлин эъдом шуданд. Оё баростӣ Иброҳим Усмонуф ва ҳамандешонаш ба ин бахши моҷаро фикр накардаанд? Оё баростӣ дарки ин мавзӯъ ба ин ҳад сахт аст, ки дарнаёбем, муқовимат бо ишғоли хориҷӣ ҳамеша дар батни ҷомеъа вуҷуд доштаву дорад ва ба шаклҳои мухталиф буруз меёбад?

«Босмачиҳо» мухолифи таҷовузи хориҷӣ буданд. Сайид Ризо Ъализода ва Садриддини Ъайнӣ ва садҳо қаламбадасти дигар ҳам мухолифи таҷовузи хориҷӣ. Мусалламан, сиёсати одамхори Шӯравӣ ба гунае буд, ки агар усули аслиашро намепазируфтӣ, каллаат парида буд. Аз ин рӯ, бузургоне ҳам буданд, ки бо пазириши сатҳии он усул ҳамоно дам аз муқобила бо таҷовузи хориҷӣ мезаданд. Бисёре аз онҳо кушта шуданд ва бархе зинда монданд. Барои касе чун Иброҳим Усмонуф, ки ба ҳар далеле «Худо нест!» гуфту билети Ҳизби Кумунистро ба даст овард, тасаввури он ҳолату мавқеъият набояд бисёр сахт бошад.

Усмонуф мегӯяд: «Дар ин мақолаҳо хусусияту шахсияти ин босмачиҳоро муайян карданд: дузду ғоратгару одамкуш. Онҳо ҳатто меншевик нестанд. Бо амалҳои зишташон ба гурӯҳи хурде барои манфиатҳои муайян такя мекарданд.»

Мусалламан, дар як режими ъақидатӣ, ки худро пирӯзи ҷанг ъалайҳи муборизони бумӣ («босмачиҳо») медонад, наметавон интизори мақолотеро дар мадҳи бозандагони он ҷанг дошт. «Босмачиҳо» дар ниҳоят бозанда шуданду кишвар ба дасти таҷовузгари аҷнабӣ уфтод. Пас бояд «босмачиҳо» накӯҳиш мешуданд ва таҷовузгари хориҷӣ ситоиш. Бозанда «дузду ғоратгару одамкуш» мешаваду баранда – мутамаддину ёру ёвару башардӯст. Вале чи касе ба ин ҳарфи муфт бовар мекунад? Танҳо туъмаҳои мағзшӯии режими ъақидатии ғолиб, ки аз худ фиришта ва аз рақиби худ Аҳриман тарсим мекунад. Касе, ки сари сӯзан мағзе дошта бошад ё аз воқеъиятҳои ҷаҳон андаке огоҳ бошад, метавонад ин тарсими “сиёҳу сапед”-ро зери суол бибарад ва мавҷудияти рангҳои дигарро ҳам ёдовар шавад. На ҳамаи булшевикҳо Аҳриман буданду на ҳамаи “босмачиҳо” Сипантоман. Аммо ҳамаи булшевикҳо мутаҷовиз (таҷовузгар) буданду ҳамаи “босмачиҳо” – мудофеъи сарзамини худ. Дарки ҳамин мавзӯъ аст, ки “босмачиҳо”-ро табраа (сафед) мекунад ва рӯи булшевикҳоро сиёҳ. Таҷовуз ба кишваре дигар ҷиноят аст. Ва ҳимояти як фарзанди он сарзамини ишғолӣ аз ин таҷовуз – хиёнат. Магар ҷуз ин аст?

Ҳол он ки, агар рӯйкарди Иброҳим Усмонуф муғризона набуд, ҳатман ба ин ҳақиқати торихӣ ишора мекард, ки “дузду ғоратгару одамкуш” худи булшевикҳо буданд, на соҳибони хона, ки “босмачӣ” ном гирифта буданд. Ба гувоҳии худи булшевикҳо, ғорату чаповул ва кушторе, ки Артиши Сурх дар Бухоро барои солиёни сол ба роҳ андохта буд, ҳамто надошт. Фақат ба яке аз ин гувоҳиҳо дар бораи дастдарозиҳои булшевикҳои ғаддор ба молу мулки мардуми Бухоро таваҷҷуҳ кунед:

“В 1921 г. в Бухаре на нужды РККА было изъято более 1,5 млн. пудов зерна, то есть четвертая часть всех запасов населения. Помимо зерна изымалось и мясо. По свидетельству одного из лидеров джадидов- младобухарцев Ф.Ходжаева, занимавшего тогда пост председателя Совнаркома Бухарской республики, «мясная разверстка в республике была выполнена с помощью русских вооруженных отрядов и вызвала не- нависть масс к русским вообще и Красной Армии в частности». (Л.Е. Бляхер, И.Ф. Ярулин, Кто такие басмачи?, Politeia.ru)

(Тарҷума: «Дар соли 1921 барои ниёзҳои "Артиши Сурхи коргару деҳқон" (РККА) беш аз 1.5 милюн пуд (24.4 ҳазор тун) ғалла тасарруф шуд, ки як чаҳорум (чоряк)-и тамоми захираи мардуми маҳаллӣ буд. Ба ҷуз ғаллаҷот гӯшт ҳам ғасб шуд. Ба гувоҳии Ф. Хоҷаеф, яке аз раҳбарони ҷавонбухориёни ҷадидӣ, ки он замон раиси Шӯрои кумисерҳои халқии Ҷумҳурии Бухоро буд, “бо кумаки гурӯҳҳои мусаллаҳи рус гӯшти мавриди ниёз ба даст омад, ки нафрати тӯдаҳои мардум ъалайҳи русҳо дар кул ва бавежа ъалайҳи Артиши Сурхро барангехт”.)

Яъне худи булшевикҳо ҳам эътироф кардаанд, ки нону ғаллаву гӯшти мавриди ниёзашонро ба зӯри аслиҳа аз мардуми маҳаллӣ мегирифтанду мехурданд ва дар миёни мардуми маҳаллӣ на танҳо маҳбуб набуданд, ки манфур ҳам буданд...

Ин корро Шумо чи меномед, Усмонуф? Кумаки башардӯстона? Ё ғорату чаповул?

Оё баростӣ ҳеч касе аз бозмондагони он даврон ба Шумо нагуфтааст, ки чигуна Артиши Сурх медариду медуздиду ғорат мекарду аспу чорвои мардумро бо худ мебурду мардумро мекушт? Шумо куҷо бузург шудаед, ки ин воқеъиятҳоро намедонед?

Усмонуф дар идома ба мағзи матлабаш расидааст:

“Ман мепиндорам, ки асоси назария дар он аст, ки мо бояд ба ҳисоб бигирем, ки ташкил шудани давлати Шӯравӣ, аз миён рафтани аморати Бухоро – ин ба манфиати халқи тоҷик буд ё ба зарари он? Мо аз бунёд шудани ин давлат бояд розӣ бошему шод ва ё афсӯс бихӯрем, ки аморати Бухоро барҳам хӯрд? Агар аз давлати Шӯравӣ розиву шод бошем, пас ҳаракати босмачигарӣ муқобилу зидди ин давлат буд ва ба яқин, бад аст. Вале, агар афсӯс бихӯрем, ки аморати Бухоро маҳв гардида, он бароямон беҳтар буд, пас ин ҳаракат нек мебошад.»

Бо ин пурсишҳо оқои Усмонуф лубби матлабашро гушадааст. Аз диди ӯ, ҳамлаи Артиши Сурх ва фурӯпошии Иморати Бухоро ба манфиъати тоҷикон будааст. Яъне ӯ ҳаводори ҳамлаи аҷнабиён ва фурӯпошии кишвари мо бар асари он ҳамла аст. Хушнуд аст, ки Бухорои порсигӯ, ки се кишварро дарбар мегирифт, фурӯ пошид ва кишваракҳое аз батни он берун омаданд (ки ҳеч як «порсӣ»-ро забони расмии худ намедонад) ва тоҷиконро маҳдуд карданду кӯҳистонеро «Тоҷикистон» номиданд. Яъне ӯ аз марзбандии қавмии сарзамини мо ва тикка-пора шудани он ва хурд шудани Ватани мо хушнуд аст. Оё як меҳандӯсти ростин метавонад чунин рӯйкарде ба мавзӯъи таҷовузи хориҷӣ ва парешон шудани сарзамини модарии худ дошта бошад?

Мегӯяд, аз давлати Шӯравӣ розиву шод аст. Эҳтимолан, ба далели имтиёзоте, ки ба шӯравишудагону шӯравизадагон дода шуд, бо сарфи назар аз ин ҳақиқат, ки ин низом бар пояи хуни садҳо ҳазор тоҷику узбаку туркману қирқизу яҳудию ғайра сохта шудааст, ки мухолифи таҷовуз ба хоки Меҳанашон буданд. Оё як фарди фарҳехта метавонад ба хотири шиками сери худаш он зулму ситамро фаромӯш кунад?

Мусалламан, Иморати Бухоро ба ислоҳоте ниёз дошт. Ислоҳоте, ки дар мухайялаи амир ҳам намегунҷид, аммо баночор ба бархе аз онҳо тан дода буд. Таҳти фишори мардуми бумии Бухоро, ки дар талаби ҳаққи худ буданд. Чун табъан дар ҳар кишваре таҳаввулоти сиёсӣ рух медиҳад. Ҳарчанд амири Бухоро камтар ба фикри мардум буд; чизе дар ҳадди ҳамин раисҷумҳури феълии Тоҷикистон буд, ки сирфан ба фикри суду баҳраи худу хонадонаш аст. Аммо Иморати Бухоро кишваре мустақил буд ва дар ҳоли таҳаввул. Албатта, аз замоне ки таҳтулҳимояи Русия шуд (1868), ба қаҳқаро (регресс) рафт ва дигар ба худ наомад. Аммо Иморати Бухоро дар ҳамон ҳолати таҳтулҳимоягии Русия ихтиёроти бештаре нисбат ба таҳтулҳимоягии имрӯзи Тоҷикистон дошт. Имрӯза Тоҷикистон вобастагии бештаре ба Русия дорад, то Бухорои он замон. Имрӯза Тоҷикистон мизбони бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзҳои он кишвар аст ва он замон набуд. Имрӯза на танҳо вобастагии тамомъайёри сиёсию низомӣ, балки ҳузури милюнҳо тоҷики муҳоҷир дар Русия Тоҷикистонро ба вобастаи тамому камоли Русия табдил кардааст. Имрӯза Тоҷикистон аз бими Русия номи ростини забонашро намепазираду ба хатти модарии худ пушт кардааст. Бухоро бад-ин андоза вобаста набуд.


Яъне ҳамин имрӯз мо шоҳиди натиҷаи чизе ҳастем, ки мавриди тамҷиду ситоиши Иброҳим Усмонуф аст. Ҳар он чи имрӯз мебинем, натиҷаи ҳамон таҷовуз аст ва Бухоро то кунун ба худ наомадааст. Аммо оқои Усмонуф он таҷовузро хубу мусбат медонад.

Оқои Ъусмонуф дар идома ба пешинаи худ мепардозаду мегӯяд:

«Дар солҳои 80-уми асри гузашта дар Афғонистон ба сифати муаллим чор сол кор кардам. Чӣ гуна будани зиндагии мардуми он кишварро дар он солҳо ва дар кадом вазъият будани тоҷиконашонро дар он даврон ва имрӯзаашро ҳам хуб медонам.»

Ва агар муъаллим Ъусмонуф он давронро бахубӣ ба ёд дорад, ҳатман медонад, ки Афғонистон пеш аз ҳамлаи Шӯравӣ чунин дарҳамшикаставу пора-пора набуд. Боз ҳам гоми манҳуси ҳамин Шӯравӣ бо дидгоҳҳои қавмиаш ба Афғонистон расиду он кишварро дар манҷалоби даргириҳои қавмию фирқаӣ гирифтор кард. Касоне, ки Афғонистони пешошӯравиро дидаанд ё ъаксҳое, ки аз он замон ба ёдгор монда, гӯёи ҳол аст.

Ва бисёр густохӣ мехоҳад, ки касе ба кишваре ҳамла кунад, онро вайрон кунад ва дар пайи он вайронӣ ашки тимсоҳ бирезаду нола сар диҳад, ки “Чиро чунин бечораву низорӣ?!”

Афғонистонро Шӯравӣ фиғонистон кард. Тамоми касоне, ки дар он ҳамлаи нангин даст доштаанд, бояд шармандаи торих бошанд. Аз ҷумла оқои Ъусмонуф. Чигуна метавонед осуда бошед, ҳангоме ки Афғонистонро дахолатҳои шумо (ҳамон дахолатҳое, ки ҳамчунон аз он дифоъ мекунед) ба чунин ҳоле афкандааст?

Ва муҳимтар аз он ин ки Афғонистон бо чунин вазъи фаҷеъе бисёр пешрафтатар аз Тоҷикистон будааст. Дар ҳар заминае, ки марбут ба ҷангу хунрезӣ набошад. Гӯ ин ки Бухоро дар ҳолати иғмо (кумо) қарор доштаву Афғонистон зиндаву пӯё буда, ҳарчанд дар ҳолати ҷанг.

Имрӯза ҷаҳони расонаҳои Афғонистон дар минтақа ҳамто надорад. Тоҷикистон наметавонад ҳатто орзуи рӯзеро бикунад, ки расонаҳои Афғонистон доранд. Ҷомеъаи мадании Афғонистонро наметавон дар Осиёи Марказии шӯравизада тасаввур кард.

Пас ҳарфи ҳисоби Усмонуфу ёронаш чист? Оё ҳамла ба кишвари худро мепазиранд (ки пазируфтаанд)? Пас маънои “меҳандӯстӣ” чи мешавад? Оё намояндагони ҳар дидгоҳе, ки мо тарафдораш ҳастем, ба кишвари мо ҳамла кунанд, бояд аз онҳо дифоъ кунем ва Ватанро дар баробари он андешаҳои сарихирманӣ бифрӯшем? Ватанфурӯш чи касест?!

Масалан, тасаввур кунед, ки фардо оқои Усмонуф баногоҳ ҳаводори дидгоҳҳои Дунолд Тромп шуд. Бар пояи истидлоле, ки Усмонуф кардааст, агар Дунолд Тромп ҳам ҳавои ҳамла ба Тоҷикистон ва илҳоқи хоки мо ба сарзамини Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро кунад, оқои Усмонуф аз ӯ ҳимоят хоҳад кард. Тромп посдорони сарзамини моро “душманҳо” биномад, Усмонуф ҳам онҳоро “душман” хоҳад хонд. Ҳамон гуна ки ба мудофеъони бумии Бухоро булшевиквор “босмачӣ” мегӯяд. Расму равиши Усмонуф чунин будааст. Аммо оё ин хиёнати ошкорро бо кадом футу фанне мешавад “меҳандӯстӣ” ҷилва дод?

Ватанфурӯш чи касест, оқои Ъусмонуф? Оё Шумо, ки аз ҳамлаи Артиши Сурх ҳимоят мекунед, ватанфурӯшед, ё мане, ки чун “босмачиҳо”-и дигар мухолифи таҷовузи хориҷӣ ҳастам?

Ҳатто агар он таҷовуз барои Шумо хотироти хуше ба ёдгор гузошта, оё боз ҳам мешавад ин таслиму таъзимро ватандорӣ донист?

Пурсиш инҷост: Оё аз диди Шумо, масъалае нест, ки касе биёяду таҷовузе бикунаду шумо ҳомили баччаи он таҷовуз бошед? Лубби матлаби Шумо чист, пруфесур? Яъне мефармоед, ки таҷовуз шудан бисёр хушу гуворост? Ва ватан фурӯхтан гуворотар? Ё матлаби дигаре доред?

Тамоми, ба истилоҳ, мусоҳибаи Иброҳим Усмонуф саропо пур аз таноқуз аст. Аммо шигифтангезтарини онҳо пораи булъаҷаби зерин аст:

“Забони давлатиро махсус, қасдан форсӣ мегуфтанд, то ки бегона будани ин забонро барои Осиёи Миёна таъкид бинамоянд, на барои он ки форсӣ машҳур аст. Дар Бухорову Самарқанд маҳаллаҳои алоҳидаи форсҳо буд, ки онҳоро порсиён мегуфтанд. Ҳамин тавр, бо ном бурдани забони  форсӣ забони ин мардумро дар назар доштанд. Ин ҳамаро шикаста, аслро бар ҷойи худ монда, мардуми тоҷик, ўзбек, қазоқ, қирғиз, туркман, бигзор бо ёрии аскари сурх ҳам бошад, системае ба вуҷуд оварданд, ки дар он манфиатҳои миллиашон ифода мешуданд, мепиндорам, ки чизи хуб аст.»

Яъне, бино ба мантиқи Усмонуф, масалан, расмӣ будани забони русӣ дар кишвари мо дар ъаҳди Шӯравӣ ъамалан як иқдоми зиддирусӣ будааст. Ё ин ки ҳамин ҳоло забони инглисӣ дар Конодо яке аз забонҳои расмист, ба далели нафрати Ҷостин Труду ва ҳамаи давлатмардони пешину кунунии он кишвар ба мардуми инглисист. Ба хотири ҳамин ҳам Ҷостин Труду ба худаш «конодоӣ» мегӯяд, аммо ба муҳоҷироне, ки аз Инглистон омадаанд, «инглис» мегӯяд… Ин чарандиёт чист, оқои Усмонуф? Чигуна мешавад иддиъоеро тарҳ кард, ки бад-ин андоза бавузӯҳ пуч будани тамоми суҳбатҳоятонро ба намоиш бигзорад? Шумо магар душмани худатон ҳастед?

Забони форсӣ на танҳо забони дарбору коргузории Манғития буд, балки забони модарии ҳамаи амирони манғит ҳам буд. Амирони манғит ба забони порсӣ шеъргунаҳое нивиштаанд ва ҳеч як дар такаллум ё иншо ба забонҳои туркибун табаҳҳур надоштаанд. Амир Ъолимхон пас аз фирораш ба Афғонистон то поёни ъумраш ба порсӣ гуфту шунуфту нивишт ва «Торихи ҳузнулмилал»-ашро ҳам на ба туркӣ ё узбакӣ, балки ба порсӣ нивишт.

Зимнан, барои нажодпарастоне чун Иброҳим Усмонуф, ки барои бар курсӣ нишондани дидгоҳи ғалат ва зиддитоҷики худ дастбадомони қавмияти Манғития шудааст, бояд гуфт, ки модарони тақрибан ҳамаи амирони Бухоро тоҷик (эронӣ) будаанд. Модари бисёре аз амирони Манғития аз Эрон будаанд ё аз миёни эрониён, яъне тоҷикони Бухоро. Дар натиҷа, ҳатто аз диди қавмӣ ҳам наметавон онҳоро барои минтақа бегона донист. Дигар ин ки узбакҳо ҳам тайи қуруни дароз ба яке аз ақвоми бумии минтақа табдил шуда буданд. Ва аслан, нигоҳи нажодӣ ба чунин мавзӯъе ҳокӣ аз тангназарии гӯянда аст.

Шукрия Раъд Ъолимӣ, вопасин духтари амир Ъолимхон, ки ҳамчунон зинда аст, ба Муҳйиддини Ъолимпур гуфта буд: «Ман ҳаргих худро шоҳзода эҳсос накардаам. Ҳамеша як духтари муҳоҷири тоҷик будаам». Яъне бозмондаи дарбори Манғития беибо худро «тоҷик» медонад, чун на танҳо модараш тоҷик аст, балки торупӯди зиндагиаш тоҷик аст.

Ғараз аз ин суханон иъодаи ҳайсият аз Амир Ъолимхон ё дигар амирони беъурзаи Манғития нест, албатта. Бисёре аз бадбахтиҳои мардуми Бухоро натиҷаи саҳлангорӣ ва нобихрадии онҳо буд. Аммо ҳамлаи хориҷӣ роҳи ҳал набуду нест. Ҳамлаи хориҷӣ фароянди рушди зеҳнию сиёсию иҷтимоъии минтақаро мутаваққиф кард. Ба ҳамин далел ҳам мебинем, ки бо поёни ъумри Шӯравӣ кишварҳои минтақа бомуваффақият ба воқеъиятҳои даврони Иморати Бухоро баргаштаанд. Тағйири низоми як кишвар бо зӯри хориҷӣ ҳаргиз паёмаде ҷуз таваққуфи пешрафти зеҳнию сиёсию иҷтимоъӣ надорад.

Мақолаи Иброҳим Усмонуф нукоти парешону подарҳавои бисёр зиёде дорад, ки нивиштаи мо муштест намунаи харвор. Танҳо чизе, ки дар он ёфт менашавад, ҳамон хирад аст, ки сарлавҳаи мақола қарор додаанд. Ва бибинед, ки ин ҳама пурсиш барои шахси Иброҳим Усмонуф ва ҳамандешонаш падид овард.

Хитоб ба онҳо бояд гуфт: То замоне, ки посухе ба ин пурсишҳо надоред, зинда бод "босмачӣ" ва нанг бар ҳар он ки тарафдори ҳамлаи Артиши Сурху булшевик ба Бухоро буд!

Зинда бод Бухоро!

Wednesday, February 07, 2018

“Мо, тоҷикони Узбакистон, забони Рӯдакиро пос медорем!”

Баъзан кофист як бор бо тараф суҳбат кунӣ ва ӯ дар кошонаи дилат бинишинад.

Аслиддини Қамарзода, нивисанда, устоди забону адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд, як чунин шахсияте аз об даромад. То забон ба гуфтан гушуд, мабҳути шаккари лаҳну лаззати каломаш шудам; бавежа бебокиаш, ки дар саропои гуфтораш рустамвор медурахшид. Далере қаламбардаст, бо саре ҳамвора барафрошта.

Суҳбат аз тоҷикони Узбакистон буд ва рӯйдодҳои хушоянди ахир. Ҳамаи даҳ дақиқа гуфтугӯямонро инҷо пиёда кардам, то ташнагии дидору гуфтор бо ҳамзабонони он сӯи марзамон андаке фурӯ бинишинад.

Дуруд бар сутунҳои устувори фарҳанги порсӣ дар Узбакистон!

 
ДР: Оқои Қамарзода, мо хабарҳое шунидем мабнӣ бар ин ки дар Узбакистон бедории фарҳангии тоҷикон ҷараён дорад, ки гӯӣ озодии нисбии фарҳангӣ барои тоҷикон эҳсос мешавад. Шумо, ки онҷо ҳастед, чи мегӯед?


Қамарзода: Дуруст гуфтед. Тайи чанд соли ахир бо сабабҳои гуногун дар сартосари Узбакистон теъдоди мактабҳои тоҷикӣ хеле кам шуд. Масалан, дар ибтидои қарни 21 дар тамоми Узбакистон бештар аз 300 мактаби миёна (барои тоҷикон) буд. Дар вилояти Самарқанд ва дигар вилоятҳо. Ба ҷуз Хоразму Қароқалпоқ дар ҳама ҷо буд. Лекин тайи солҳои ахир бахусус дар Бухоро тақрибан ҳеч мактабе боқӣ намонд. Дар вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё ва водии Фарғона ҳам камубеш. Локин дар вилояти Тошканд теъдоди мактабҳо (барои тоҷикон) афзуд. Ба ҳар ҳол, (дар кул) теъдоди мактабҳо кам шуд, ки сабабҳои гуногун дошт. Нисбати тоҷикони Узбакистон эътибор андаке сусттар шуд. Барои дохил шудан ба мактабҳои ъолӣ инҷо тест мегиранд, вале тест ба забони тоҷикӣ нест. Бино бар ин, мардум фарзандонашонро ба мактабҳои узбакӣ ё русӣ гузоштанд. Аз ҳамин лиҳоз кам шуд. Лекин теъдоди тоҷикон дар Узбакистон ба ҳисобе, ки имрӯз мегӯянд, беш аз 2 милюн, вале (дар воқеъ) на камтар аз 10 милюн аст.

ДР: Гуфтед, ки дар оғози қарни 21 беш аз 300 мактаб барои тоҷикон буд ва ҳоло камтар шуда. Ҳоло чандто мадраса ба забони форсӣ барои тоҷикон дар Узбакистон фаъъол аст?

Қамарзода: Андаке бештар аз 200. Ва ин ҳам асосан дар Сурхондарё, Фарғона, Тошканд ва дар Самарқанд аст. Дар Бухоро ва дигар вилоятҳо нест. Буданду аз байн рафтанд.

ДР: Далелаш чист, ки то кунун тайи ин ҳама сол тоҷикони Узбакистон ин мавзӯъро матраҳ намекарданд?

Қамарзода: Сабабҳои гуногун дорад. Муҳиммаш ин ки пештар, дар замони то истиқлол, ба мактабҳои мо китобҳо аз Тоҷикистон меомад. Китобҳои дарсӣ. Ал-он китобҳои дарсиро мо худамон менивисем. Китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ дар Тошканд нашр мешавад... Сабаби асосии кам шудани теъдоди мактабҳо дар мо мактабҳои ъолӣ ҳастанд. Дар мактабҳои ъолӣ имтиҳонҳо ба забони тоҷикӣ тақрибан нест. Фақат дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд. Ва як бахш дар Донишгоҳи Давлатии Тирмиз ҳаст. Як бахш ҳам имсол дар Фарғона боз шуд. Ва сабабҳои дигар нарасидани китобҳо, нарасидани омӯзгорону устодоне, ки ба забони тоҷикӣ, ба забони форсӣ дарс медиҳанд.

ДР: Пурсиши ман ин буд, ки ба чи далеле тайи чандин соли ахир тоҷикҳо дар Узбакистон дар ин бора суҳбат намекарданд?

Қамарзода: Мо, албатта, дар ин мавзӯъ суҳбат мекардем. Мо дар давраи Шӯравӣ ин масъалаҳоро матраҳ мекардем. Хусусан, дар солҳои ҳаштодум (даҳаи 1980), дар замони бозсозии горбачёвӣ, мо хеле афзун шуда будем. Ҳатто дар назди Иттиҳоди Нивисандагони Узбакистон бахши адабиёти тоҷик ташкил шуда буд, телевизюни Тошканд намоишҳои тоҷикӣ нишон медод... Лекин дар замони истиқлол, албатта... Ба назари ман, ҳамон воқеъаҳои ҳузнангези Тоҷикистон ҳам андаке таъсир кард. Баъзе мардум баъд аз ҳамин ҷанҷолҳое, ки дар Тоҷикистон шуд, гуфтанд, ки агар тоҷикҳо ҳамин бошанд, мо пас тоҷик нестем ва дар Узбакистон худро узбак ҳисоб мекунем ё ки тоҷик ҳисоб намекунем. Ранҷиданд. Ин ҳам яке аз сабабҳо шуд. Дигар ин ки раҳбарони давлатии мо ҳам... Дар ибтидо, ки андаке муносибатҳо Тоҷикистону Узбакистон кост, сарҳад баста шуд, рафтуомад душвор шуд, намоишҳои телевизюни Тоҷикистон манъ карда шуд, мо родюи Тоҷикистонро намешунавем, рӯзномаву маҷаллаҳо аз Тоҷикистон намегирем... Ҳамаи ин чизҳо таъсир расонд, албатта.

ДР: Ҳоло умеде ҳаст, ки ин вазъият беҳбуде биёбад?

Қамарзода: Албатта. Тайи соли ахир хеле беҳбудӣ шуд. Албатта, мо дар ҳамон шароити бисёр муташанниҷ ҳам китобҳо нашр мекардем. Аз ҳисоби худамон. Гарчанде ки давлат ба мо ёрӣ намекард, мо ба забони тоҷикӣ китобҳои зиёде нашр мекардем... Хушбахтона, тайи ду соли ахир, яъне соли 2017 ва ҳамин соли равон, дар ин замина беҳбудиҳо шуда истодааст. Беҳбудиҳо ба он маъно, ки ҳамин чанде пеш дар Маркази Байнулмилалии Тошканд маҷлиси бисёр пуршукӯҳе ба вуқӯъ пайваст. Дар онҷо шеъри тоҷикӣ, суруди тоҷикӣ баланд садо дод. Дар онҷо аз вилоятҳо меҳмонҳои бисёре омаданд, шеър хонданд, суруд хонданд, тарона хонданд... Мо шодем! Шодем, агар сарвари имрӯзаи ҷумҳурии мо Шавкат Мирзиёев дастгирӣ кунад. Ҳоли ҳозир иқдомҳои нек анҷом дода истодаанд. Агар рафтуомадҳо бо Тоҷикистон, бо Эрон, бо дигар мамлакатҳои форсизабон ҳамчу пешина дуруст сурат гирад, иншоаллоҳ, мо забони ноби тоҷикӣ, адабиёти ҳазорсолаи тоҷикиро дар шаҳру ноҳияҳои Узбакистон қувват медиҳем. Албатта, мардум ба забони ширини тоҷикӣ суханронӣ мекунанд. Ва мо умед дорем, ки рӯ ба беҳбудӣ хоҳад шуд. Хусусан, агар сарҳад байни Тоҷикистону Узбакистон боз шавад, рафтуомадҳои мо дуруст ба роҳ монда шавад, рӯ ба беҳбуд хоҳад шуд, албатта. Худо хоҳад.

ДР: Қарор аст базудӣ раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон биравад. Оё фикр мекунед, ки дар дидори ӯ бо ҳамтои тоҷикаш суҳбатҳое дар ин замина сурат хоҳад гирифт? Оё, масалан, Тоҷикистон мувофиқат хоҳад кард, ки ба Узбакистон китобҳои омӯзишӣ бифиристад?

Қамарзода: Ҳамин хел мегӯянд. Албатта, пештар мо китобҳои омӯзиширо аз Тоҷикистон мегирифтем. Ҳоло ки инҳо давлатҳои соҳибихтиёру мустақил шуданд, баъзе асарҳову китобҳо, ки дар Тоҷикистон чоп мешавад, аз нуқтаи назари баъзе сиёсатмадорҳо, гӯё, ки барои мо рост намеояд (муносиб нест). Бино бар ин, мо китобҳои дарсиро худамон менивисему таҳия мекунем. Ин гуфтаҳо марбут ба китобҳои ториху адабиёт аст. Лекин дар фанҳои дақиқ хуб мешуд, ки ин китобҳо дар Тоҷикистон нашр шавад. Китобҳое, ки дар Узбакистон нашр мешавад, барои узбакҳои Тоҷикистон фиристода шавад. Ин бисёр хуб хоҳад шуд. Умед аст, ки рафтуомадҳо, рӯзҳои адабиёт, санъат байни Тоҷикистону Узбакистон ҳамчу пешина ба роҳ монда шавад. Хуб мешуд. Чунки тайи ду-се соли ахир дар ин бобат бисёр тазйиқҳо ҳам шуд. “Тазйиқҳо” ба он маъно шуд, ки касе, ки ба Тоҷикистон рафта омад, дар инҷо ба ӯ бо шубҳа нигоҳ карданд. Баъзеҳо бо тасаввури ғалат нигоҳ карданд. Иншоаллоҳ, агар ин чизҳо аз байн бардошта шавад, мо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем. Худи ман, ҳамчун ъолиму адиб ба Тоҷикистон зуд-зуд рафта меомадам, дар маҷлисҳову анҷуманҳо ширкат мекардем, суханронӣ мекардем, аз номи тоҷикони Узбакистон, аз номи тоҷикони Самарқанд ҳарф мезадем, ки дар Самарқанди қандманд Рӯдакӣ, авлоди Рӯдакӣ, аҷдоди Рӯдакӣ имрӯз ҳам ҳастанд. Суруди ноби тоҷикӣ, шеърҳои тоҷикӣ, лафзи тоҷикӣ, албатта, аз Самарқанду аз Узбакистон, аз ҳавзаҳое, ки дар онҷо тоҷикон муқимӣ зиндагӣ мекунанд, гум намешавад. Пос медорем мо.

Friday, March 17, 2017

Баррасии чигунагии тағйири расмулхат дар Тоҷикистон дар партави таҷрубиёти Узбакистону Ҷумҳурии Озарбойҷон

Барои барномарезии гузор ба хатти порсӣ нигоҳе ба таҷрубаи кишварҳои ҳамсоя ъорӣ аз манфиъат нест; то бишавад аз кӯтоҳиҳои онҳо парҳез карду аз ҳасаноташон омӯхт.

Узбакистон дар соли 1993 тасмим гирифт то соли 2000 аз алифбои сириллик ба лотин бигзарад. Алифбои бисёр печидае тадвин шуд, бо ҳуруфи изофии ç, ş, ğ, ö, ñ, ɉ, ки ду сол баъд (1995) ҳуруфи ъумдатан таркибии дигаре (ch, sh, gʻ, oʻ, ng, j) ҷойгузини онҳо шуданд. То соли 2000 ин барнома анҷом нагирифт, чун дастгоҳи Ислом Каримуф тибқи ъодат ҳамчунон ба сириллик (ва дар бисёре аз маворид ба забони русӣ) менивиштанд, расонаҳо пойбанди сириллик монда буданд ва танҳо нишонаи гароиши Узбакистон ба лотин дар бархе аз нивиштаҳои сарироҳиву овезаҳо ба чашм мехурд.

Раванди гузори Узбакистон аз сириллик (ё “сирбакӣ” – сириллики узбакӣ) ба лотин барои панҷ соли дигар тамдид шуд. Аммо дар соли 2005 ҳам пешрафти чашмгире надошт. Боз панҷ соли дигар изофа шуд. Ва боз панҷ соли дигар. Ва бо гузашти ҳудуди 24 сол аз замони интишори фармони Ислом Каримуф дар бораи гузор ба хатти лотин, ин барнома, ки қарор буд дар 7 сол анҷом бигирад, ҳамчунон дар нимароҳ аст.

Далел?

  1. Узбакистон барномаи гузорро бисёр дастикам гирифта буд ва дар оғоз сирфан ҳафт солро барои он кофӣ медонист. Аммо муҳосиба нашуда буд, ки дар тӯли ин ҳафт сол чигуна мешавад дастикам тамоми китобҳои дарсии мавҷуд ва адабиёти бунёдин барои мадорису донишгоҳҳоро ба лотин баргардон кард ва ба ҳамаи ҷамъияти ҳудуди 30-милюнӣ алифбои ҷадидро омӯзиш дод? Чиро 7 сол? Магар як давраи комили таҳсил дар дабистону дабиристон ҳадди ақал 10 сол нест? Пас 7 сол аз куҷо меояд? Бо ин ки дар фарҳангҳои мо 7 шумораи хушюмн аст, дар ин мавриди бахусус барои Узбакистон ҳумоюн набуд. Магар аз ҳамон аввал мешуд интизор дошт, ки дар тӯли ҳафт сол насли ҷадиде парварда шавад, ки фақат ба лотин бинивисад? На. Зеро давраи омӯзишии насли ҷадид бештар аз 7 сол аст. Пас муддатзамони муносиберо дар назар нагирифтаанд.
  2. Бо вуҷуди имзо пои Фармони гузор ба хатти лотин шахси Ислом Каримуф ва ҳамаи мақомҳои дигари Узбакистон ҳамчунон ба сирбакӣ (сириллики узбакӣ) менивиштанд ва дар бештари маворид ҳам ба забони русӣ, ки ҳамчунон забони коргузории пуштипарда дар Тошканд буду ҳаст. Яъне давлат, ки мебояст намунаи ъибрат мешуд, ба фармону барномаи худаш пойбанд набуд.
  3. Бо набуди имконот ва фурсати кофӣ барои таълими алифбои нав матбӯъот ҳам тарҷеҳ медиҳад ба хатти сириллик бинивисад, то муштариёни худро аз даст надиҳад. Ҳарчанд бархе аз нашрияҳову торнамоҳо акнун, бо гузашти ин ҳама сол, ду бахши сириллик ва лотин доранд.
  4. Печидагии алифбои ҷадид ва истифода аз таркибҳо барои баёни як садо хатти лотини узбакиро номаҳбуб кардааст. Бисёре тарҷеҳ медиҳанд ба хатти сирбакӣ (сириллики узбакӣ) бинивисанд, чун нивиштан ба ин хат фазо ва вақти камтареро мегирад.
  5. Набуди сахтгирӣ барои иҷрои шароити гузор. Ҳар бор, ки барномаи гузор барои 5 соли дигар тамдид шуда, талош накардаанд, ки кӯтоҳиҳои панҷ соли гузаштаро шиносоӣ ва бартараф кунанд, балки ҳамон иштибоҳҳоро дар 5 соли баъдӣ ҳам такрор кардаанд.
  6. Муҳимтар аз ҳама, набуди появу асос барои гузори Узбакистон ба хатти лотин аст. Узбакистон ҳам ба монанди Тоҷикистон барои 10 сол алифбои лотин доштааст (то соли 1939), аммо дар он давраи кӯтоҳ на адабиёти чандоне мунташир шуда, ки ба дарди имрӯз бихурад ва на алифбои лотини имрӯзи узбакҳо ҳамсони алифбои лотини он даврон аст ва як алифбои дигарест бар пояи дабираи лотин.


Ба ин далоил таҷрубаи Узбакистон то инҷои кор чандон муваффақ набудааст.

Ҳоло ба як таҷрубаи муваффақиятомез нигоҳ биандозем:

Ҷумҳурии Озарбойҷон нахустин кишвари мусалмоннишин буд, ки хатти худро ба лотин тағйир дод; дар соли 1922. Туркия шаш сол пас аз Ҷумҳурии Озарбойҷон лотиннивис шуд. Пас Ҷумҳурии Озарбойҷон бар пояи устувортаре хатти сирилликро тарк карду ба оғӯши лотин баргашт. Ҳарчанд имрӯза озариҳо се алифбои расмӣ доранд: лотин (дар Ҷумҳурии Озарбойҷон), форсии озарӣ (дар Эрон) ва озиллик (озарии сириллик дар Русия).

Гузори дубораи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба хатти лотин дар соли 1992 оғоз шуд ва нуҳ сол баъд, дар соли 2001 ба фарҷом расид. Имрӯза расонаҳои Ҷ. Озарбойҷон ҳама бидуни истисно ба хатти лотин аст ва коргузории расмӣ ҳам ба хатти лотин анҷом мегирад.

Далели комгорӣ?

  1. Далели аслӣ ҳамонест, ки зикр шуд: гузор бар пояи пешинае қобили таваҷҷуҳ. Ҷумҳурии Озарбойҷон, бар хилофи Тоҷикистону Узбакистон, тайи давраи дарозтаре лотиннивис будааст. Ва аслан мубтакири гузор ба хатти лотин дар миёни милали мусалмон ҳамоно Ҷумҳурии Озарбойҷон будааст. Дар тӯли ҳудуди 18 соли лотиннигорӣ Ҷумҳурии Озарбойҷон тӯшаи бештареро нисбат ба Тоҷикистону Узбакистон ба хатти лотин фароҳам карда буд. Ва гузашта аз он, лотинро ҷузъи ифтихороти миллии худ медонад, чун оғозгари гузори кишварҳои туркизабони дигар, аз ҷумла Туркия, ба лотин ба шумор меояд. Дигарон будаанд, ки аз Ҷумҳурии Озарбойҷон пайравӣ кардаанд, на воруна. Ва ин мавзӯъ барои мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳаммияти намодин дорад ва ба онҳо шӯру иштиёқи бештаре бахшид, то ҳар чи зудтар ба хатте, ки худашон бонии он ҳастанд, баргарданд. Ба гунае, ки ҳамасола рӯзи якуми ут (август) дар Ҷумҳурии Озарбойҷон “Рӯзи бузургдошти алифбои озарӣ ва забони озарӣ” аст.
  2. Забони туркии озарӣ бо туркии туркияӣ тафовут дорад, аммо ин тафовут нисбатан андак аст. Ба қавли Мусо Оташ, мударриси забони туркии ман, агар забони узбакӣ бо туркӣ 20 дарсад муштаракот дошта бошад, ин рақам миёни забонҳои туркию озарӣ 95 дарсад аст. Яъне бо андак талоше як озарӣ метавонад забони туркиро биомӯзад ва ҳамин тавр баръакс. Матраҳтарин забони туркибуни ҷаҳон ҳамоно худи туркӣ аст, ки бештарин осор дар миёни ақвоми турктабор ба он забон офарида мешавад. Ин ҷойгоҳи забони туркӣ мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба он забон қаринтару наздиктар кардааст. Ва алифбои лотини озарӣ бо алифбои туркӣ тафовути андаке доранд ва ҳар ду тараф метавонанд нивиштаҳои якдигарро бихонанд ва чизҳоеро дарёбанд. Пас ин ҳам яке аз далелҳои аслии иқболи мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон ба хатти лотин аст. Хатти лотини Ҷумҳурии Озарбойҷон муттакӣ бар боду ҳаво нест, балки бар як воқеъияти малмус, пешинаи ифтихорофарин ва адабиёти мавҷуд устувор аст. Бисёре аз мардум дар Ҷ. Озарбойҷон ҳатто пеш аз гузори дубораи ин кишвар ба лотин бо он алифбо ошно буданд.
  3. Давлат намунаи ъибрат буд. Билофосила пас аз судури фармони гузор ба хатти лотин раҳбарии кишвар ба табдили сириллик ба лотин дар коргузориҳои худ кӯшид ва дар муддате кӯтоҳ муваффақ шуд. Тобистони соли 2001 (18.06.01) Ҳайдар Алиеф Фармони “Такмили тарҳи корбурди забони расмӣ”-ро имзо кард ва ин ҷумҳурӣ ба пешинаи сирилликаш падруд гуфт.
  4. Муҳосибаи дақиқтар ва сахтгирӣ дар иҷрои фармони гузор ба хатти лотин. Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, бар хилофи Узбакистон, замони дақиқеро барои анҷоми барнома таъйин накарданд, балки ҳамзамон бо судури фармон дар иҷрои он кӯшиданд ва бо гузашти 9 сол поёни фарояндро эълом карданд, ҳарчанд поёни воқеъии ин фароянд панҷ сол пас аз эъломи он буд. Аммо саранҷом ин иттифоқ уфтод.


Ҳоло аз ин миён кадом таҷруба бо воқеъиятҳои Тоҷикистон ҳамхонии бештар дорад? Мусалламан, таҷрубаи Ҷумҳурии Озарбойҷон. Ва ҳатто шароит барои Тоҷикистон мусоъидтар аст.

Чиро?
  1. Муҳимтарин далели он ин аст, ки Тоҷикистон танҳо нест. Дар ду кишвари дигари ҷаҳон забони миллии Тоҷикистон расмӣ ба шумор меояд. Яъне Тоҷикистон бо гузор ба хатти порсӣ пой бар дашту биёбон нахоҳад гузошт, балки ба боғу бӯстони порсии худ боз хоҳад гашт. Имрӯза тамоми дониши башарӣ ба хатти порсӣ вуҷуд дорад, дар ҳоле ки 0.1 дарсади онро ҳам наметавон ба хатти пириллик ёфт. Яъне пойбандӣ ба хатти пириллик барои Тоҷикистон ҳазинаи бамаротиб бештаре дорад. Пул мебарад. Замон мебарад. Бояд тамоми фарҳангҳои луғот, фарҳангҳои тахассусӣ, китобҳои дарсӣ, адабиёти омӯзишӣ, адабиёти дигар, барномаҳои роёнаӣ, нармафзорҳои ҳушманд ва ғайра ба пириллик баргардон шавад, ки Тоҷикистон бо бунмояи молии андакаш қодир ба иҷрои он нест. Аммо бо гузор ба хатти порсӣ метавонад аз ҳамаи ин ҳазинаҳо ҷилавгирӣ кунад ва пули онро дар заминаҳои дигари тавсеъаи инсонӣ ҳазина кунад.
  2. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон, бар хилофи Узбакистону Озарбойҷон, маҷбур ба ихтироъи як алифбои дигар нест, мизони муваффиқияти Тоҷикистон метавонад чанд баробар бештар аз комгории Ҷумҳурии Озарбойҷон бошад. Дуруст аст, ки забони озарӣ бо туркии Туркия қаробати танготанге дорад, аммо ин ду забон яке нестанд. Дар ҳоле, ки забони миллии Тоҷикистон ҳамон забонест, ки дар Эрону Афғонистон ҳам забони расмию миллӣ ба шумор меояд. Ва алифбову имлои ҳар ду якест ва ниёзе ба дасткории он нест. Сирфан басанда аст, ки 32 ҳарфи алифбо ба мардуми кишвар омӯзиш дода шавад ва ҳамарӯза имлову нивиштору хониши порсӣ тамрин шавад. Ин бузургтарин нуқтаи қуввати Тоҷикистон дар заминаи тарки алифбои сириллик аст. Ҳеч кишвари дигаре дар минтақа аз ин неъмат бархурдор нест. Ин нуқтаи қувват ҳазинаи гузор ба хатти порсӣ ва заҳамоти сипардани ин роҳро барои Тоҷикистон даҳчандон коҳиш медиҳад.
  3. Пас аз гузор ба хатти порсӣ Тоҷикистон бо халаъ (холигоҳ)-и донишию омӯзишию иттилоъотӣ рӯбарӯ намешавад. Зеро нашрияҳову адабиёту барномаҳову торнамоҳову нармафзорҳои фаровоне ба забони миллии Тоҷикистон ва ба хатти порсӣ вуҷуд дорад ва ҳамарӯза мунташир мешавад. Ба андозае теъдоди онҳо зиёд аст, ки пириллик ҳаргиз дар ҳазор соли ъумраш ҳам ба он нахоҳад расид. Пас ниёзе нест, ки Тоҷикистон ин фарояндро аз сифр оғоз кунад, бар хилофи, масалан, Узбакистон, ки ин корро карду то кунун дар он гирифтор мондааст. Ҷумҳурии Озарбойҷон бо тӯшаи андаке, ки аз лотин дошт, тавонист муваффақтар аз Узбакистон бошад. Тоҷикистон бо тӯшаи ҷаҳоншумуле, ки аз забону хатти порсӣ дорад, бениёзтар, ва дар натиҷа, муваффақтар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон хоҳад буд.


Ва аммо барои пиёда кардани ин ҳадаф чи бояд кард?

Дар ин мавриди бахусус таҷрубаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бисёр омӯзанда аст, ки бидуни таъйини муддатзамони мушаххасе вориди ҷараён шуд ва онро дар нуҳ сол ба марҳилаи ниҳоӣ расонд.

Аммо барои рафъи нигарониҳо ва гузори соффу сода мешавад даҳ солро дар назар гирифт. Аз рӯзи нахусти судури Фармони Гузор тамоми нивиштаҳои дару девори шаҳрҳо ба ду хатти порсию пириллик хоҳад буд, ба расми Душанбеи соли 1992. Яъне мо дар гузаштаи наздик таҷрубаи ин корро доштаем.

Ҳамзамон барои омӯзиши хатти порсӣ дар мадрасаҳо соъоти бамаротиб бештаре ихтисос хоҳад ёфт, ба гунае, ки дар ҳамон соли аввал дарсҳои “Забони модарӣ” ва “Адабиёти тоҷик” ва ъулуми инсонии дигар батадриҷ ба хатти порсӣ тадрис шаванд.

Ҳамзамон неҳзати саводомӯзӣ дар саросари кишвар ба роҳ хоҳад уфтод ва 32 ҳарфи алифбои порсӣ ва наҳваи хондану нивиштанро ба тамоми ҷамъияти кишвар аз ҳар қишру синну соле омӯзиш хоҳад дод. Неҳзати саводомӯзӣ муддатзамони мушаххасе нахоҳад дошт ва то замоне, ки сад дарсади мардум бар хатти порсӣ мусаллат шудаанд, идома хоҳад дошт.

Забону хатти коргузорӣ аз ҳамон рӯзи аввал ба ду хатти пириллик ва порсӣ хоҳад буд ва ҳамзамон ҳамаи мақомҳои давлатӣ муваззаф хоҳанд буд рӯзе ду соъат дарси порсӣ бихонанду хатро фаро бигиранд ва бедиранг бикӯшанд, ки асноди давлатиро ба порсӣ бинивисанд.

Дар тамоми донишгоҳҳои кишвар риштаи забону адабиёти порсӣ роҳандозӣ мешавад, то ба таъмини ниёзи мадорису донишгоҳҳо ба муъаллиму мударриси порсихон бипардозанд.

Тамоми нивиштаҳо дар шабакаҳои телевизюнии кишвар аз рӯзҳои оғозини барномаи гузор ба ду хатти пириллику порсӣ хоҳад буд. Ва батадриҷ ба нивиштаҳои порсӣ авлавияти бештар дода хоҳад шуд.

Китобҳо ъумдатан ба ду хатти порсию пириллик мунташир хоҳад шуд, ба расме, ки дар Ландан таҷруба кардаем. Беҳтарин роҳи омӯзиши хатти порсӣ барои як тоҷики ошно бо забони порсӣ муқоисаи нивиштаҳои порсию пириллик бо ҳам аст.

Агар то кунун тадриси алифбои порсӣ (ниёкон) дар мадориси Тоҷикистон чандон муваффақиятомез набуда, ба далели он аст, ки дар зиндагии рӯзмарра ҳеч истифодае аз хатти порсӣ сурат намегирад.

Паёми Farhad Sharifov-и гиромӣ долл бар ин ҳақиқат аст:

"Ҳаминро ҳам ба инобат бигирем, ки Дориюши гиромӣ, аксари ҷавонон хатти форсӣ омӯхтаанд, аммо бинобар он ки дар амал, дар ҳаёти рӯзмаррашон ин хатро истифода набурдаанд, қариб 90 дарсад онро фаромӯш кардаанд.. Шахсан ман дар синфи 4 омӯхта будам ва пас фаромӯш карда будаму пас аз ошноӣ бо ин гурӯҳ боз аз нав ёдаш гирифтам... Манзурам, ҷавононро тамрини бештар бо ин хат зарур аст".

Яъне як шогирди дабиристон эҳсоси ниёз намекунад, ки хаттеро фаро бигирад, ки ба бовари ӯ дар тӯли зиндагӣ ба дарди гузарони рӯзгораш намехурад. Ба маҳзи ин ки дабираи порсӣ яке аз ду хатти расмии Тоҷикистон эълом шавад, авзоъ тағйир хоҳад кард ва шогирдони мадорис бо ҷидду ҷаҳди бештаре ба омӯзиши он хоҳанд пардохт. 

Инҳо шаммае аз тасаввури бозгашт ба хатти порсӣ дар Тоҷикистон буд, ки шитобон нивишта шуд ва мусалламан, ба кору ҷаҳди бештар барои ташхису тадқиқи мароҳили гузор ниёз дорад. Аммо агар ба тамоми мавориде, ки зикр шуд, таваҷҷуҳи лозим сурат бигирад, дар хоҳем ёфт, ки гузори Тоҷикистон ба хатти порсӣ комилан воқеъбинона ва шуданист ва барои Тоҷикистон суди молию иқтисодию фарҳангии фаровоне дорад.

Monday, February 16, 2015

I am Tajik i.e. Iranian

Гуфтугӯи Иброҳим Усмонов бо хабаргузории TojNews ва дар пайи он маросими рӯнамоии китоби “Сарнавишти “тоҷик”-и ин донишвари тоҷик дар Душанбе баёнгари як ҳақиқати талх буд: бархе аз чеҳраҳо дар маҳофили илмии кишвар дучори таваҳҳумҳое ҳастанд, ки бо нафси илм, ки бояд орӣ аз эҳсосоту ғаразварзӣ бошад, ҳамхонӣ надорад.

Барои осонии пайгирии мавзӯъ пораҳое аз суҳбатҳои Иброҳим Усмоновро нақл мекунам ва ба дунболи он бардошти худам аз мавзӯъро меоварам.

Иброҳим Усмонов: Ман донистан мехоҳам, ки чаро халқи эрониасли тоҷикро на қавмҳои дигари Осиёи Миёна, масалан, пантуркистҳо, соҳиби ин ватан ҳисоб намекунанд ва на як гуруҳ ҷавонони имрӯзаи тоҷик, ки худро “форс” меҳисобанд.

Дориюш Раҷабиён: Вожаи “порс” (ки тозишудаи он “форс” аст), дар даврони бостон ва садаҳои миёна ба маънои қавме аз ақвоми эронӣ буд, бархоста аз сарзамини Порс. Форс имрӯза яке аз 31 устони Эрон аст. Порс дар қалби таҳаввулоти сиёсии даврони бостон қарор дошт ва ба ҳамин далел ҳам барои бегонагон саропои Эрон Persia (Порс) ба шумор меомад. Ба монанди устони Ҳуланд дар соҳили ғарбии кишваре, ки ба забони бумӣ онро Nederland номанд; феълан устони Ҳуланд кӯчактар шуда ва сирфан як минтақаи он кишвар аст. Аммо барои хориҷиҳо саропои он сарзамин ҳамчунон Ҳуланд аст ва тамоми мардуми бумии он – ҳуландӣ. Ҳамин намуна дар мавриди Инглистон ҳам сидқ мекунад, ки сирфан бахше аз Бритониёст, аммо барои бисёре аз бегонагон тамоми он сарзамин Инглистон (Англия) маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ набояд таъаҷҷуб кард, вақте ки дар навиштаҳои куҳан, чи дар Ғарбу чи дар Шарқ, ба тамоми Эронзамин “Форс” (Persia) ҳам мегуфтанд ва “форс” (Persian) ба ҳамаи мардумони бумии Эронзамин итлоқ мешуд.

Имрӯза бо тағйиру таҳаввуле, ки дар таркиби қавмию нажодии афрод сурат гирифта, суҳбат аз қавми сараву поки порс ё ҳар қавми дигаре бемаъност. Бад-ин ҷиҳат, ҳар он касро, ки аз нажоди эронисту забони модариаш порсист, мешавад “порс” номид. Садриддин Айнӣ дар соли 1919 ҳеч ибое надошт, ки тоҷиконро “форсиён” биномад ва дар мақолае навишта буд: “Бадбахтона, мо, форсиён, ҳанӯз дар кӯчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем” (“Танвири афкор”, 1919). Ва “форсиён” барои устод Айнӣ ва бузургони дигари даврон мутародифи вожаи “тоҷик” буд. Ба монанди вожагоне чун “деҳгон” ва “порсивон”.

Дар идомаи мабҳас ба ин мавзӯъ бармегардем. Аммо инҷо бояд ба бардошти иштибоҳе, ки Иброҳим Усмонов дорад, ангушт гузошт. Ҳеч тоҷикеро надидаам, ки бо порс донистани худ ҳаққи тоҷикон бар сарзамини паҳновари Осиёи Миёнаро зери суол бурда бошад. Порс будани бисёре аз тоҷикон ба ин маъно нест, ки онҳо аз устони Форси Эрони кунунӣ омадаанд, балки бад-ин маъност, ки соҳибони ин сарзамин эрониёне ҳастанд, ки имрӯза умдатан забони порсӣ забони модаришон аст. Яъне “тоҷик” мутародифи “эронӣ” аст ва забони модарии ҳамаи эрониён порсӣ нест. Метавонад яке аз забонҳои эронии шарқӣ, мисли забонҳои помирӣ ё яғнобӣ бошад. Аммо ҳамагӣ тоҷик, яъне эронӣ ҳастанд.

Иброҳим Усмонов: Пас аз милод ба номи Эрон давлат набуд. Аврупоиҳо Эрони имрӯзаро Форс мегуфтанд (Форсро ба хотири бузургдошти Эрони Бузург Паҳлавиҳо соли 1934 Эрон ном карданд).

Дориюш Раҷабиён: Барои посух ба ин иддиъои оқои Усмонов ҳамин басанда аст, ки ӯро ба рисолаи «Шаҳристониҳои Эроншаҳр» ирҷоъ диҳем, ки дар садаи ҳаштуми мелодӣ ба забони порсии миёна навишта шудааст. Унвони ин китоб батанҳоӣ бовари оқои Усмоновро ба чолиш мекашад. «Эрон» ва «Эроншаҳр» дар замони Сосониён ба унвони номи расмии сарзаминашон (ки Тоҷикистони имрӯзӣ ҳам бахше аз он буд) ба кор мерафт. Шопури Якум (писари Ардашери Якум) дар сангнабиштаҳояш ба порсии миёна худро šāhānšāh ērān ut anērān (Шаҳаншоҳи Эрону Анерон) ва ба забони паҳлавӣ šāhānšāh aryān ut anaryān (Шаҳаншоҳи Ориён ва Анориён) меномад. Ифтихори тамоми фармонравоёни сарзаминамон ин будааст, ки ба тоҷу тахти Эрон даст ёфтаанд ва адабиёти порсӣ саршор аз намунаҳое дар ин боб аст. Навиштаеро, ки бар муҳри салтанатии Сафавиён (1501-1722) мехонед, ин аст: “Шаҳриёри Эрон” (David Blow, Shah Abbas: The Ruthless King Who Became an Iranian Legend).

Яъне Эрон барои мардуми бумии ин сарзамин ҳамвора “Эрон” будааст. Аммо бино ба далелҳое, ки болотар арз шуд, бегонагон онро Persia (Персия) мехонданд. Соли 1935 мелодӣ иттифоқе, ки уфтод ин буд: Ризошоҳи Паҳлавӣ бо интишори як баёния аз тамоми кишварҳои ҷаҳон хост, ки аз он рӯз ба баъд номи бумии сарзаминаш (Эрон)-ро ба расмият бишиносанд ва онро дигар “Порс” наноманд. Чун мардуми бумӣ сарзаминашонро бо номи “Эрон” мешиносанд. Намунаҳое аз ин даст дар торих фаровон аст. Масалан, то соли 1989 танҳо номи шинохташудаи Миёнмор барои бегонагон “Бирма” буд. Аммо давлати низомии он кишвар аз ҳамагон хост, ки номи кишварашонро ба забони мардуми бумӣ “Миёнмор” бигӯянд. Ва ба ҳамин шева, давлати Ҳинд номҳои давраи истеъморро тағйир дод ва, масалан, аз ҳамагон хост, ки номи шаҳри Бамбаӣ (Bombay)-ро на ба имлои инглисӣ, балки ба талаффузи моротӣ (забони расмии минтақа) ҳиҷҷӣ кунанд ва “Мумбой” (Mumbai) бигӯянд.

Дар мавриди буъди торихии қазия ҳам бояд инро афзуд, ки подшоҳони Сомонӣ дар Бухоро таборномаи худро аз Баҳроми Чӯбинаи Сосонӣ оғоз карда буданд. Баҳроми Чӯбин, сипаҳсолори баноми Сосонӣ, асолатан аз шаҳри Райи Эрон буд. Таборномаи Сомониён Сомонхудот (падари падарҷадди Исмоъили Сомонӣ)-ро навосаи Нӯшрад, яке аз фарзандони Баҳроми Чӯбин муъаррифӣ мекунад. Сомониён на танҳо худро подшоҳони Эрон медонистанд, балки бонию ҳомии забони порсии даврони худ шуданд ва марҳилаи тозае аз рушди забони порсиро дар Бухоро оғоз ниҳоданд ва забони порсиро дубора “дарӣ” (дарборӣ; расмӣ) карданд.
Аз ин рӯ иддиъои оқои Усмонов дар бораи номавҷуд будани давлате бо номи “Эрон” пас аз мелоди Масеҳ бисёр шигифтангез ва ғариб аст.

Иброҳим Усмонов: Кадом мардумро қирғизу ӯзбаку туркман ном буд? Ин номҳо дар адабиёт нестанд, зеро ҳамаро турк мегуфтанд. Чаро ин қабилаҳои турк аз ягона баданаи худ берун меоянду мо не? Онҳо бо ифтихор мегӯянд, ки фарҳангу забони мо туркӣ, аммо мо қазоқу қирғизу ӯзбак ҳастем. Ё славянҳоро бигирем. Булғор, словен, словак, рус, украин, белорус, чех ва ғайраву ҳоказо, “ман рус, словак” ва ғайраву ҳоказо мегӯянд, на “ман – славян”. Ҳатто бинед, чӣ талоше миёни ду бародар – русу украин меравад. Ман ҷонибдори ин нестам, аммо ин талош барои мустақилият ва ҳуввият аст. Дар мо чӣ? Тамоман баръакс.

Дориюш Раҷабиён: Даъвати оқои Усмонов ба фаслу парешон кардани эрониён ва тафриқа андохтан миёни онон метавонад сирфан далоили сиёсӣ дошта бошад, аммо илмҳои забоншиносию мардумшиносӣ бо ин фарохон муғоират доранд. Нафси ин ки оқои Усмонов эрониёни порсигӯро бо қавмҳои чандзабонаи турктабор (қазоқу қирғизу узбак) ва ислов (булғорию, ислувену ислувоку русу укроинию белорусию чеку ғайра) муқоиса мекунад, гӯёи ишкол дар дарки ӯ аз мавзӯъ аст. Чаро? Зеро мардумони турктабору ислов, бо вуҷуди ягонагии решаи нажодишон, ба забонҳои мухталиф сухан мегӯянд; ба гунае, ки дидорҳои расмии сарони он кишварҳо ба мутарҷим ниёз дорад. Барои намуна, «pozor” дар забони чекӣ ба маънии “таваҷҷуҳ” асту дар забони русӣ ба маънои шармсорию русвоӣ. На танҳо вожагони ин забонҳо мутафовит аст, балки дар мавориде сарфу наҳвашон ҳам бо ҳам яксон нест. Масалан, дар забони булғорӣ ҳолати масдар вуҷуд надорад ва феъли аввалшахсро ба таври машрут ба унвони масдар пазируфтаанд. Тафовут миёни забонҳои туркибун ҳам ба ҳамин андоза зиёд аст. Кӯтоҳсухан, муқоисаи онҳо бо эрониёни порсигӯ қиёси номарбут ва беҷост. Суҳбати мо дар бораи мардумонест, ки аз як тираи нажодӣ (эронӣ) бархостаанд ва ба як забони воҳид (порсӣ) суҳбат мекунанд. Ин мардумонро тоҷик ё эронӣ номанд. Бахши аъзами тоҷикон ё эрониён ба забони порсӣ суҳбат мекунанд ва онҳо порс ё порсивон ҳастанд. Бархе аз тоҷикон ҳам ҳастанд, ки ба забонҳои эронии ғайр аз порсӣ суҳбат мекунанд, аммо ҳамчунон эронианд. Яъне забони порсӣ унсури таъйинкунанда барои тоҷикон нест, балки як забони эронӣ ҳамроҳ бо табори эронӣ аст, ки онҳоро тоҷик (эронӣ) мекунад. Вақте ки медонем табору нажоди як кас эронист ва забонаш ҳам эронист, чигуна метавонем ҳувияти миллии ӯро ғайриэронӣ бидонем?

Иброҳим Усмонов: Суол мешавад: чӣ фарқ аст миёни пантуркисте, ки мегуфт, тоҷик дар Осиёи Миёна нест ва онҳое, ки мегӯянд, “мо форсем, на тоҷик”? Ҳарду ҳам будани тоҷикро дар хонаи азалии худаш инкор мекунанд.

Дориюш Раҷабиён: На ҳеч понтуркистеро мешиносам, ки мункири ҳузури тоҷикон дар Осиёи Миёна бошад ва на тоҷикеро дидаам, ки худро порс бидонаду тоҷик на. Ин иддиъо дар зиндагии воқеъӣ мисдоқе надорад. Понтуркистҳо ин пиндорро мепарокананд, ки тоҷикҳо аз Эрони имрӯзӣ ба минтақа муҳоҷират кардаанд. Гуфтам «пиндор», чун як сухани газофу бепоя аст. Эрониён аз дербоз, ҳатто пеш аз ин ки пояшон ба Эрони имрӯзӣ бирасад, дар Фарорӯд (Мовароуннаҳр, Осиёи Миёна) ҳузур доштаанд. Паҳнаи Ориёно, ки баъдан номи он тағйири шакл доду «Эрон» шуд, ҳамвора минтақаи моро ҳам дарбар доштааст. Истробу (Страбон) дар садаи якуми пеш аз мелод дар китоби “Ҷуғрофиё”-и худ менависад: “Номи “Ориёно” ба сарзаминҳои дигар ҳам итлоқ мешавад; ба бахшҳое аз Порсу Мод ва ҳамин тавр ба сарзаминҳои бохтариёну суғдиён дар шимол; зеро онҳо тақрибан ба як забон такаллум мекунанд; гӯишҳои онҳо тафовути андаке дорад”. (Strabo, Geography, 15.8)

Яъне ин ҷуғрофидон, файласуф ва торихдони юнонии даврони бостон бохтариёну суғдиён (пешиниёни мо)-ро дар канори порсҳову модҳои он замон дар як қаламрав қарор дода ва забони ҳамаи онҳоро тақрибан яке дониста, бо тафовутҳое андак.

Пас ба ҳеч рӯй суҳбат аз “омада” будани тоҷикон (эрониён) дар Осиёи Миёна нест. Осиёи Миёна (Мовароуннаҳр, Фарорӯд), аз замоне ки торих мактуб шуда, сарзамини эрониён (тоҷикон) буд ва боқӣ мондааст. Суҳбат аз ин аст, ки вожаи “тоҷик” дар бофтор (контекст)-и торихию фарҳангию адабӣ сирфан мутародифи “эронӣ” аст.

Фирдавсии Тӯсӣ ҳам дар дар тафсири мавзӯъ бештар аз Истробу сиҳҳа гузошта ва шаҳрҳои Эронро ингуна баршумурдааст:
Ҳар он шаҳр, к-аз марзи Эрон ниҳӣ,
Бигӯ, то кунам он зи туркон тиҳӣ.
Аз Эрон ба кӯҳ андар ояд нахуст
Дари Ғарчагон аз бари буми Буст.
Дигар Толиқоншаҳр то Форёб,
Ҳамедун дари Балх то Андароб.
Дигар Гӯзгонони фархундаҷой
Ниҳодаст номаш ҷаҳон-кадхудой.
Дигар Мӯлиён то дари Бадхишон,
Ҳамин аст аз ин подшоҳӣ нишон.
Фурӯтар дигар дашти Омӯйу Зам,
Ки бо шаҳри Хатлон барояд барам.
Чу Шигнону Тирмизу Висагирд,
Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд.
Ҳамедун бирав, то дари Суғд низ,
Наҷӯяд касе подшоҳӣ ба чиз.
В-аз он сӯ, ки шуд Рустами гардсӯз,
Супорам ба ӯ кишвари Нимрӯз…

Иброҳим Усмонов: Асоси тоҷик дар Бухорову Самарқанд аст. Бақия вилоятҳои Ӯзбакистонро худатон медонед. Дар вилоятҳои Бодканд, Ҷалолобод ва Ӯши Қирғизистон ва Чимкенту Ҷамбули Қазоқистон ҳам тоҷикони таҳҷоӣ ҳастанд, на кӯчидарафта ё мардикор.

Дориюш Раҷабиён: Ташхиси маҳалли асосии “тоҷик” аз сӯи оқои Усмонов пурсишбарангез аст. «Асоси тоҷик дар Бухорову Самарқанд аст», агар дидгоҳе маҳалгароёна ва ғайриъилмӣ нест, ки чист? Чигуна ва бар мабнои чи меъёру милокҳое мешавад маҳалли асосии «тоҷик»-ро мушаххас кард? Ва бар пояи чи далелҳои илмие мешавад тоҷикони дигарро “ғайриасосӣ” ва фаръӣ донист?

Вожаи “тоҷик” аз садаи 11-уми мелодӣ ба баъд барои эрониён ба кор меравад. Нахустин мавриди корбурди он тавассути Юсуфи Баласоғунӣ, торихнигори уйғур, дар китоби “Кутадгу билиг” ба мушоҳида расида, ки ӯ эрониёнро “тоҷик” меномад. Восилӣ Бортулд (Василий Бартольд), ховаршиноси олмонитабори Русия, дар соли 1910 рисолае ғарро навишт бо номи “Таджики” (“Тоҷикон”) ва барои нахустин бор бо истинтоҷ аз тамоми навиштаҳои муртабит дар тӯли торих ба забони содаву расои илмӣ далели итлоқи ин ном ба эрониёнро тавзеҳ дод:
“Вожаи “тойчик” дар забони паҳлавӣ, “точик” дар забони арманӣ ва “дошӣ” дар забони чинӣ ҳам ба маънои “араб” аст. Зоҳиран, дар Осиёи Миёна ҳам мардуми эронии бумӣ ишғолгарони мусалмонро чунин меномиданд; чун бино ба бардошти мардумони он даврон, ҳар эроние, ки ба ислом гаравида, араб мешуд (руҷ. Торихи Табарӣ, II, 1508, 13), ин вожа ба маънои “мусалмон, марди дастандаркори густариши фарҳанги исломӣ” вориди забони туркҳо ҳам шуд. Ва чун бештари мусалмононе, ки туркҳо мешинохтанд, эронӣ буданд, вожаи “теҷик” дар забони туркҳо ба маънои “эронӣ” ба кор мерафт. Маҳмуди Кошғарӣ (I, 324) вожаи “тежик”-ро “порс” (ал-форисӣ) маъно мекунад. Китоби “Кутадгу билиг” ҳам ки дар ҳамон давра навишта шуда, “теҷикҳо”-ро ғайриъараб ва порс медонад (Радлов, Словарь, III, 1096). Эрониён ҳам, дар ҳоли тақобул бо фармонравоёни туркашон дар он давра худро “тозик” меномиданд (Торихи Байҳақӣ, нашри Морлей, сафҳаи 746). Пайваста бар тақобул ва ихтилофоти турку тоҷик таъкид мешуд ва иддиъо мешуд, ки равобити дӯстонаву хешовандӣ миёни турку тоҷик ҳамеша поёни баде дошта ва ин ки тоҷик ҳаргиз наметавонад ба турк эътимод кунад (Заҳириддини Маръашӣ, 248, 253).”

Ин таъбири устод Бортулд, фориғ аз балоёи ақидатию сиёсие, ки ҳафт сол баъд (1917) домангири илми сарзаминаш шуд, посухгӯи ҳамаи пурсишҳои мо дар бораи вожаи “тоҷик” аст. Шигифтиангез аст, ки дар маросими рӯнамоии китоби Иброҳим Усмонов ҳам ҷаноби Усмонов ва ҳам оқои Абдуннабӣ Сатторзода дам аз эътибори фармудаҳои муртабити устод Бортулд мезаданд, аммо зоҳиран ба мағзи каломи ӯ дар рисолаи “Тоҷикон” таваҷҷуҳи кофӣ надоштаанд. Вагарна бо такя бар ин тафсири мантиқию торихӣ метавонистанд корбурди вожаи “тоҷик” дар ториху адабиёти порсиро маъно кунанд. Дар ториху адабиёти порсӣ ин вожа ҳама ҷо ба маънои “эронӣ” омадааст, бавежа дар тақобул бо “турк”:

Аз баҳри Худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунанд бар мамолик.
Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик. (Саъдии Шерозӣ)

Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш,
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад. (Саъдии Шерозӣ)

Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст
Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар ҷонро. (Мавлавӣ)

Туркӣ ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
Ман соъате туркӣ шавам, як лаҳза тоҷикӣ шавам. (Мавлавӣ)

Як ҳамлаву як ҳамла, к-омад шабу торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, не нармию тоҷикӣ. (Мавлавӣ)

Резахори наволаи карамаш
Турку тоҷику бандаву озод. (Ҳотифи Исфаҳонӣ)

Туро додор турк асту ту тоҷик,
Бимонда бар сари ин роҳи борик (Аттори Нишопурӣ)

Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ
Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст. (Салмони Соваҷӣ)

Аз ин намунаҳо фаровон аст. Ва ҳама ҷо мо он тақобули миёни турку тоҷикро мебинем. “Тоҷик” ҳама ҷо ба маънои эронӣ омада, аммо танҳо дар мавориде ба кор рафтааст, ки дар баробари он “турк” қарор мегирад. Чаро? Чун “тоҷик” ба маънои эронии мусалмоне, ки барои туркон исломро ба армуғон оварда, мавриди корбурди туркон буд. Ба монанди “аҷам”, ки ба маънои “эронӣ” дар миёни арабҳо мутадовил буд ва дар забони порсӣ ҳам тақобули “арабу аҷам”-ро сохт. Дуруст ба монанди “турку тоҷик”. Ва ҳамсоягии эрониёни Осиёи Миёна бо қавмҳои турктабор ин номро саранҷом ниҳодина ва расмӣ кард.

Иброҳим Усмонов: Ангелиус, муаррихи голландӣ ҳанӯз асри 17 ба Хуросон омада, бо ҳайрат менависад, ки дар кишвари Форс мардум худро тоҷик мегӯянд. Сафири аввалини Британия дар Афғонистон навиштааст, ки мардуми Кобул пурра тоҷиканд ва аз он ба шимол ҳам ҳама тоҷиканд…

Дориюш Раҷабиён: Ин нуктае, ки оқои Усмонов зикр кардааст, хилофи бовари ӯро собит мекунад. Дар садаи 17-уми мелодӣ, замоне ки сарзаминҳои эронӣ таҳти султаи дудмонҳои турктабор буданд, мардуми “кишвари Форс” худро тоҷик мегуфтаанд. Оё ин ба маънои мутародиф ё ҳаммаъно будани “тоҷик”-у “эронӣ” нест, ки чист? Ё тасаввур бар ин аст, ки он одамон ҳамагӣ аз Тоҷикистони имрӯзӣ ба Форс муҳоҷират карда буданд? На. “Тоҷик” ҳамвора мутародифи “эронӣ” будааст. Ин ҳақиқати илмиро бояд бидуни айнакҳои сиёсӣ дид.

Иброҳим Усмонов: Тоҷикону ҳазораҳо – тоҷикзабонҳо 45 дарсади аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд. Дар Чин сарикӯлиҳо ба сар мебаранд, ки беш аз 60 ҳазор гуфта мешаванд.

Дориюш Раҷабиён: Дар Афғонистон ҳеч аҳади порсигӯе худро «тоҷикзабон» намедонад. Порсигӯ, порсивон, порсизабон истилоҳоти қобили қабул барои ҳамзабонони мо дар Афғонистон ва фаротар аз он аст. Чун «забони тоҷикӣ» як истилоҳи сиёсии офаридаи Иттиҳоди Шӯравӣ аст ва корбурди он сирфан дар ҳавзаи расмист ва фаротар аз қаламрави Шӯравии пешин ба кор намеравад.

«Тоҷикзабон» номидани порсигӯён ғалати торихӣ ва забоншинохтӣ ҳам ҳаст. Чаро?
Ҳамон гуна ки дар бахшҳои пешини ин ҷустор арз шуд, «тоҷик» ба маънои «эронӣ» аст, на танҳо «форсизабон». Яъне забони модарии як тоҷик (эронӣ) метавонад порсӣ набошад, аммо ҳатман яке аз забонҳои эронист. «Тоҷикӣ» хондани забони порсӣ барои тамомияти миллат дар Тоҷикистон ҳам хатарбор аст. Мо тоҷиконе дорем, ки забонашон порсӣ нест. Тоҷикони Помиру Яғноб порс ё порсизабон нестанд, аммо тоҷик ё эронианд. Пас бар пояи кадом далели илмие мешавад забони порсиро «тоҷикӣ» номид? Оё порсӣ танҳо забони тоҷикон аст? На. ЗабонҲОи тоҷикӣ (эронӣ) дорем, аммо як забони воҳиди тоҷикӣ (эронӣ) вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, «тоҷикӣ» хондани забони порсӣ – гузашта аз ин ки як амри сиёсист – ба маънои дувумдараҷа донистани тоҷикони нопорсизабон аст. Ин таъбир барои тамомияти миллии тоҷикон ҳам хатар дорад. Худи оқои Усмонов суҳбат аз тоҷикони сарикулӣ дар Чин мекунад. Вале оё ӯ медонад, ки забони ин тоҷикон порсӣ нест, балки сарикулӣ (яке аз забонҳои помирӣ ва эронии шарқӣ) аст? Пас ба чи далеле муваҷҷаҳ бояд забони порсиро “тоҷикӣ” номид?..

Иброҳим Усмонов: Дар Покистон, намедонам касе худро тоҷик меномад ё не, аммо як зани покистонӣ дар Аврупо вазир шуда, худро тоҷик муаррифӣ кард, яъне ҳастанд. Дар Эрон ҳам бовар дорам, ки тоҷикон ҳастанд, балки инро ман шахсан дидаам.

Дориюш Раҷабиён: Он зани покистонӣ, ки оқои Усмонов мегӯяд, Ҳадя Тоҷик аст. На вазир, балки ҳамванд (узв)-и порлумони Нурвеж (Норвегия). Ҳадя Тоҷик ҳуқуқдон, рӯзноманигор ва сиёсатмадори нурвежист, ки асолати покистонӣ дорад. Ӯ худро “тоҷик” муъаррифӣ накардааст, чун миллияти ӯ нурвежӣ аст. Номи хонаводагии ӯ “Тоҷик” аст. Бояд бидонем, ки дар кишварҳои Урупо “миллият” ба маънои “шаҳрвандӣ” аст. Аммо қавмияти ин бонуи 31-солаи нурвежӣ расман “покистонӣ” аст. “Тоҷик” сирфан номи хонаводагии ӯст, ки дар кишварҳое чун Эрону Афғонистону Покистон роиҷ аст. Абдулҷамили Тоҷик ҳам як пизишку физикдони маъруфи омрикоист, ки табори покистонӣ дорад. Пӯё Тоҷик бозикуни баскетбол дар Эрон аст. Сомонто Тоҷик ҳунарпеша ва мудели эронитабори Конодост. Номи хонаводагии “Тоҷик” дар ҳавзаи фарҳангии Эрон фаровон аст. Ва танҳо далели он корбурди вожаи “тоҷик” ба маънои “эронӣ” аст.

Дар Эрон, ҳар он кас ки забони модариаш яке аз забонҳои эронист, тоҷик аст. Санад? Абёти бешумори Саъдии Шерозӣ аз қалби Порс, ки худро “тоҷик” меномад. Оё ӯ аз сарзамини Тоҷикистони кунунӣ ба Порс паноҳ бурда буд? Албатта, ки на. Ҳатто имрӯза дар Шероз турктаборон ба расми қадимӣ ба эрониёни порсигӯ “тоҷик” мегӯянд; чи бирасад ба 800 сол пеш, ки Саъдӣ аҳли он даврон буд.

Иброҳим Усмонов: Ислом Каримов моҳи июни соли 2000 дар Кохи Борбад гуфта буд: дар Ӯзбакистон оилае нест, ки тоҷикиро надонад ё нафаҳмад. Ин эътирофи он аст, ки он ҷо тоҷикон бисёранд. Ҷои дигар гуфт, ки мо як халқем, ки ба ду забон гап мезанем. Ин кадом халқ аст? Тоҷик ё ӯзбак? Ин суол аст.

Дориюш Раҷабиён: Дар ин ки шумори тоҷикон дар Узбакистон бамаротиб бештар аз оморҳои расмист, касе шак надорад. Аммо фаротар аз онро ҳам бояд дид. Появу устухони фарҳангии Узбакистон порсӣ аст. Аз Алишери Навоӣ гирифта то Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва адабиёти имрӯзии Узбакистон саропо мулҳим (илҳомгирифта) аз порсист. Яъне адабиёти Узбакистон нусхаи чағатоии фарҳанги эронии минтақа аст. Ислом Каримов, ки худ як тоҷики дурага аст, ин мавзӯъро хуб медонад. Аммо умури сиёсӣ гоҳ заруратҳоеро дикта мекунад, ки бо воқеъиятҳои илмӣ созгор нест. Албатта, коршиносони ҳавзаи фарҳангии Фарорӯд ин нуктаро бахубӣ медонанд. Илмҳои ториху мардумшиносӣ мегӯяд: узбакҳо умдатан эрониёни туркигӯшудаи Осиёи Миёна ҳастанд. Ин истидлол дар мавриди мардумони ҳамаи шаҳрҳои бузурги Узбакистон, аз ҷумла Хева ва перомуни он (Хоразм), сидқ мекунад. “Торихи табартақсим”-и Раҳим Масов ҳам ба мо кумак мекунад, ки чигунагии иҷрои ин амалиёти душвори торихиро дарк кунем. Бештари узбакҳо эрониёне ҳастанд, ки забонашон туркӣ шудааст. Таъкид мекунам: ин дидгоҳ бидуни кӯчактарин ғарази қавмию нажодӣ баён шудааст ва сирфан баёни ҳол аст.

Иброҳим Усмонов: Бубинед, дар қадим чор халқ буд: суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва форс. Ин ҳама аз як нажод ва решаи умумӣ ҳастанд. Ин нукта ҷои баҳс надорад. Аммо савол ин аст, ки чаро сеи аввал бояд набошанд ва ахирӣ монад? Ин чӣ раванд аст?

Дориюш Раҷабиён: Ман аз шахси Иброҳим Усмонов пурсише дорам: кӣ ба шумо гуфтааст, ки дар қадим сирфан чаҳор (4!) «халқ»-и эронӣ (тоҷик) будаанду дигар ҳеч?! Ин дидгоҳ беандоза ғайриъилмӣ ва пурсишбарангез аст. Агар манзури оқои Усмонов сирфан мардуми шарқи Эрон будаанд, манзураш аз “форс” чӣ будааст? Ва агар мехостааст тамоми мардумони эрониро баршумурад, чаро аз дигарон ном набурдааст? Ин гуна пурсишҳо арзиши илмии суханони тарафро зери суол мебарад. Ба ҳар рӯй, бояд посух гуфт.

Бояд ба ин устод тавсия кард, то торихи сакоиҳо, модҳо, портҳо, согортиҳо, кордухҳо, киртиҳо, коспиён, кодусиён, рухаҷиҳо, доҳонҳо, зарангҳо ва бисёре дигар аз мардумони ҳамтабори моро ҳам дар доираи мутолеъоти худ қарор диҳад, то дарёбад, ки “дар қадим фақат чаҳор халқ набуд”. Бамаротиб бештар аз он буд. Онҳо нопадид нашудаанд, балки ба забоне дигар ва ғолибан ба забони порсӣ суҳбат мекунанд.

Иброҳим Усмонов: Аммо савол ин аст, ки чаро сеи аввал бояд набошанд ва ахирӣ монад? Ин чӣ раванд аст?

Дориюш Раҷабиён: Торих чизе дорад ба номи assimilation, яъне яксон шудан. Суғдию бохтарӣ (бар мабнои ҷадвали И. Усмонов) яксон шудаанд. Яъне имрӯза суғдиҳо бо бохтариҳо яке шудаанд ва бахши аъзами онҳо дигар чанд забон надоранд, балки як забони воҳид доранд, ки номаш порсӣ аст. Оё бояд нороҳат шуд аз иттиҳоди ду гурӯҳи эронии мардум? Суғдиҳову бохтариҳо миллияти худро тағйир надодаанду эронӣ мондаанд ва сирфан забонашонро яке кардаанд: порсӣ. Оё аз диди касе чун Иброҳим Усмонов бояд гузаштагони суғдию бохтарии худро “хоин” бидонем? Ба назари ман, на. “Хоин” касест, ки маслиҳати миллатро ба хотири маслиҳати шахсии худаш нодида бигирад. Ин ки акнун мо, эрониёни Фарорӯд (тоҷикон), як забони воҳид (порсӣ) дорем, барги барандаи мост.

Иброҳим Усмонов: Маликушшуаро Баҳор мегӯяд, ки то истилои араб забони асосии мардуми Эрон суғдӣ буд, паҳлавӣ ба форсии имрӯза камтар монандӣ дошт. Пас аз истилои араб, ба қавли ӯ, то 300 соли дигар забони асосӣ – дарӣ (дарборӣ) буд. Рӯдакиву Робиаи Балхӣ, Дақиқиву Манучеҳрӣ забони худро дарӣ гуфтаанд, на форсӣ.

Дориюш Раҷабиён: Устод Баҳор дар бораи шеъру забони шеър ҳар чи бигӯяд, ба рӯи чашм. Аммо агар аз забоншиносӣ чизе гуфтааст, дар чашми забоншиносон нанамудааст. Чун устод забоншинос набуд. Шоъир буд. Ба монанди Иброҳим Усмонов, ки забоншинос нест, балки як рӯзноманигори даврони шӯравӣ аст. Иддиъоҳои оқои Усмонов сирфан ба далели матраҳ шудани ин баҳс дар маҳофили маҷозӣ ҷиддӣ гирифта шудааст.

Вагарна чи касе, ки аз торихи Эронзамин огоҳ бошад, чунин хибтеро муртакиб мешавад: «То истилои араб забони асосии мардуми Эрон суғдӣ буд”?! Барои огоҳони амр ҳувайдост, ки пеш аз истилои араб ин сарзамин таҳти сайтараи Сосониён буд. Забони аҳди Сосонӣ порсии миёна буд ва порсии навини мову шумо имрӯза дунболаи торихии ҳамон забони эронии ғарбист. Пас “забони асосии мардуми Эрон” донистани забони суғдӣ оё ҳеч далели илмӣ дорад? Ё сирфан савор бар мавҷи эҳсос аст?

Иброҳим Усмонов: Осори Бедилу Зебуннисову Амир Хусравро онҳо маданияти ӯзбакия ҳам мегуфтанд, ҳарчанд забон форсиву тоҷикӣ буд ва онҳо тоҷик буданд. Чаро? Зеро ин маданиятро ӯзбакҳо бурданд ва чун давлат – давлати ӯзбакҳо буд.

Дориюш Раҷабиён: Маданияти узбакия”-ро шояд оқои Усмонов ихтироъ карда бошад, зеро чунин иборате дар торихи башарӣ вуҷуд надорад. Подшоҳони Гӯрконии Ҳиндустон, ки забони порсиро бо худ ба шибҳиқора бурданд, бар хилофи бовари оқои Усмонов, узбак набуданд. Бунёнгузори дудмони Гӯрконӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур буд; як барлоси порсизабони Осиёи Миёна, ки асаре ба номи “Бобурнома” дорад. Бар мабнои “Бобурнома”, ин фармонравои шибҳиқораи Ҳинд узбак набуд, балки узбакҳоро рақиби худ медонист ва каллаҳои барканда аз тани узбакҳоро дар зумраи пирӯзиҳои ҷангияш бармешумурд ва порсӣ бар ҷои забони модариаш нишаста буд. Бедилу Зебуннисову Амир Хусрав ҳам аз ҳамон табор буданд, аммо порсигӯтар. Яъне тоҷик.

Иброҳим Усмонов: Моро дар сад соли дигар касе дар ҷаҳон форс намегӯяд. Ҳама моро тоҷик мешиносанд ва қабул кардаанд. Дар сад соли дигар ҳам тоҷикони Афғонистонро ҳам “форс” нахоҳанд гуфт.

Дориюш Раҷабиён: Аслан чаро касе бояд Шуморо “форс” хитоб кунад, агар Шумо форс набошед?.. Ҳар инсоне аз худ ҳувияте дорад. Пазириши ин ҳувият аз сӯи касе дигар набояд таъсире бар шинохти он инсон аз худ дошта бошад. Танҳо дар ҳолатҳое, ки инсон дучори худкеҳтарбинӣ (“комплекс неполноценности») шуда бошад, бовари дигарон дар бораи ӯ бар шинохти худи ӯ аз худаш таъсир мегузорад ва ӯро ба боварҳои ғалат мерасонад.
Дар фурсатҳои баъдӣ ба иддиъоҳои дигари Иброҳим Усмонов ва ҳамандешонаш хоҳем пардохт.