Барои барномарезии
гузор ба хатти порсӣ нигоҳе ба таҷрубаи кишварҳои ҳамсоя ъорӣ аз манфиъат нест;
то бишавад аз кӯтоҳиҳои онҳо парҳез карду аз ҳасаноташон омӯхт.
Узбакистон дар соли 1993 тасмим гирифт то соли 2000 аз алифбои сириллик ба лотин бигзарад. Алифбои бисёр печидае тадвин шуд, бо ҳуруфи изофии ç, ş, ğ, ö, ñ, ɉ, ки ду сол баъд (1995) ҳуруфи ъумдатан таркибии дигаре (ch, sh, gʻ, oʻ, ng, j) ҷойгузини онҳо шуданд. То соли 2000 ин барнома анҷом нагирифт, чун дастгоҳи Ислом Каримуф тибқи ъодат ҳамчунон ба сириллик (ва дар бисёре аз маворид ба забони русӣ) менивиштанд, расонаҳо пойбанди сириллик монда буданд ва танҳо нишонаи гароиши Узбакистон ба лотин дар бархе аз нивиштаҳои сарироҳиву овезаҳо ба чашм мехурд.
Раванди гузори Узбакистон аз сириллик (ё “сирбакӣ” – сириллики узбакӣ) ба лотин барои панҷ соли дигар тамдид шуд. Аммо дар соли 2005 ҳам пешрафти чашмгире надошт. Боз панҷ соли дигар изофа шуд. Ва боз панҷ соли дигар. Ва бо гузашти ҳудуди 24 сол аз замони интишори фармони Ислом Каримуф дар бораи гузор ба хатти лотин, ин барнома, ки қарор буд дар 7 сол анҷом бигирад, ҳамчунон дар нимароҳ аст.
Далел?

- Узбакистон барномаи гузорро бисёр дастикам гирифта буд ва дар оғоз сирфан ҳафт солро барои он кофӣ медонист. Аммо муҳосиба нашуда буд, ки дар тӯли ин ҳафт сол чигуна мешавад дастикам тамоми китобҳои дарсии мавҷуд ва адабиёти бунёдин барои мадорису донишгоҳҳоро ба лотин баргардон кард ва ба ҳамаи ҷамъияти ҳудуди 30-милюнӣ алифбои ҷадидро омӯзиш дод? Чиро 7 сол? Магар як давраи комили таҳсил дар дабистону дабиристон ҳадди ақал 10 сол нест? Пас 7 сол аз куҷо меояд? Бо ин ки дар фарҳангҳои мо 7 шумораи хушюмн аст, дар ин мавриди бахусус барои Узбакистон ҳумоюн набуд. Магар аз ҳамон аввал мешуд интизор дошт, ки дар тӯли ҳафт сол насли ҷадиде парварда шавад, ки фақат ба лотин бинивисад? На. Зеро давраи омӯзишии насли ҷадид бештар аз 7 сол аст. Пас муддатзамони муносиберо дар назар нагирифтаанд.
- Бо вуҷуди имзо пои Фармони гузор ба хатти лотин шахси Ислом Каримуф ва ҳамаи мақомҳои дигари Узбакистон ҳамчунон ба сирбакӣ (сириллики узбакӣ) менивиштанд ва дар бештари маворид ҳам ба забони русӣ, ки ҳамчунон забони коргузории пуштипарда дар Тошканд буду ҳаст. Яъне давлат, ки мебояст намунаи ъибрат мешуд, ба фармону барномаи худаш пойбанд набуд.
- Бо набуди имконот ва фурсати кофӣ барои таълими алифбои нав матбӯъот ҳам тарҷеҳ медиҳад ба хатти сириллик бинивисад, то муштариёни худро аз даст надиҳад. Ҳарчанд бархе аз нашрияҳову торнамоҳо акнун, бо гузашти ин ҳама сол, ду бахши сириллик ва лотин доранд.
- Печидагии алифбои ҷадид ва истифода аз таркибҳо барои баёни як садо хатти лотини узбакиро номаҳбуб кардааст. Бисёре тарҷеҳ медиҳанд ба хатти сирбакӣ (сириллики узбакӣ) бинивисанд, чун нивиштан ба ин хат фазо ва вақти камтареро мегирад.
- Набуди сахтгирӣ барои иҷрои шароити гузор. Ҳар бор, ки барномаи гузор барои 5 соли дигар тамдид шуда, талош накардаанд, ки кӯтоҳиҳои панҷ соли гузаштаро шиносоӣ ва бартараф кунанд, балки ҳамон иштибоҳҳоро дар 5 соли баъдӣ ҳам такрор кардаанд.
- Муҳимтар аз ҳама, набуди появу асос барои гузори Узбакистон ба хатти лотин аст. Узбакистон ҳам ба монанди Тоҷикистон барои 10 сол алифбои лотин доштааст (то соли 1939), аммо дар он давраи кӯтоҳ на адабиёти чандоне мунташир шуда, ки ба дарди имрӯз бихурад ва на алифбои лотини имрӯзи узбакҳо ҳамсони алифбои лотини он даврон аст ва як алифбои дигарест бар пояи дабираи лотин.
Ба ин далоил таҷрубаи Узбакистон то инҷои кор чандон муваффақ набудааст.
Ҳоло ба як таҷрубаи
муваффақиятомез нигоҳ биандозем:
Ҷумҳурии Озарбойҷон нахустин кишвари мусалмоннишин буд, ки хатти худро ба лотин тағйир дод; дар соли 1922. Туркия шаш сол пас аз Ҷумҳурии Озарбойҷон лотиннивис шуд. Пас Ҷумҳурии Озарбойҷон бар пояи устувортаре хатти сирилликро тарк карду ба оғӯши лотин баргашт. Ҳарчанд имрӯза озариҳо се алифбои расмӣ доранд: лотин (дар Ҷумҳурии Озарбойҷон), форсии озарӣ (дар Эрон) ва озиллик (озарии сириллик дар Русия).
Гузори дубораи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба хатти лотин дар соли 1992 оғоз шуд ва нуҳ сол баъд, дар соли 2001 ба фарҷом расид. Имрӯза расонаҳои Ҷ. Озарбойҷон ҳама бидуни истисно ба хатти лотин аст ва коргузории расмӣ ҳам ба хатти лотин анҷом мегирад.
Далели комгорӣ?

- Далели аслӣ ҳамонест, ки зикр шуд: гузор бар пояи пешинае қобили таваҷҷуҳ. Ҷумҳурии Озарбойҷон, бар хилофи Тоҷикистону Узбакистон, тайи давраи дарозтаре лотиннивис будааст. Ва аслан мубтакири гузор ба хатти лотин дар миёни милали мусалмон ҳамоно Ҷумҳурии Озарбойҷон будааст. Дар тӯли ҳудуди 18 соли лотиннигорӣ Ҷумҳурии Озарбойҷон тӯшаи бештареро нисбат ба Тоҷикистону Узбакистон ба хатти лотин фароҳам карда буд. Ва гузашта аз он, лотинро ҷузъи ифтихороти миллии худ медонад, чун оғозгари гузори кишварҳои туркизабони дигар, аз ҷумла Туркия, ба лотин ба шумор меояд. Дигарон будаанд, ки аз Ҷумҳурии Озарбойҷон пайравӣ кардаанд, на воруна. Ва ин мавзӯъ барои мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳаммияти намодин дорад ва ба онҳо шӯру иштиёқи бештаре бахшид, то ҳар чи зудтар ба хатте, ки худашон бонии он ҳастанд, баргарданд. Ба гунае, ки ҳамасола рӯзи якуми ут (август) дар Ҷумҳурии Озарбойҷон “Рӯзи бузургдошти алифбои озарӣ ва забони озарӣ” аст.
- Забони туркии озарӣ бо туркии туркияӣ тафовут дорад, аммо ин тафовут нисбатан андак аст. Ба қавли Мусо Оташ, мударриси забони туркии ман, агар забони узбакӣ бо туркӣ 20 дарсад муштаракот дошта бошад, ин рақам миёни забонҳои туркию озарӣ 95 дарсад аст. Яъне бо андак талоше як озарӣ метавонад забони туркиро биомӯзад ва ҳамин тавр баръакс. Матраҳтарин забони туркибуни ҷаҳон ҳамоно худи туркӣ аст, ки бештарин осор дар миёни ақвоми турктабор ба он забон офарида мешавад. Ин ҷойгоҳи забони туркӣ мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба он забон қаринтару наздиктар кардааст. Ва алифбои лотини озарӣ бо алифбои туркӣ тафовути андаке доранд ва ҳар ду тараф метавонанд нивиштаҳои якдигарро бихонанд ва чизҳоеро дарёбанд. Пас ин ҳам яке аз далелҳои аслии иқболи мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон ба хатти лотин аст. Хатти лотини Ҷумҳурии Озарбойҷон муттакӣ бар боду ҳаво нест, балки бар як воқеъияти малмус, пешинаи ифтихорофарин ва адабиёти мавҷуд устувор аст. Бисёре аз мардум дар Ҷ. Озарбойҷон ҳатто пеш аз гузори дубораи ин кишвар ба лотин бо он алифбо ошно буданд.
- Давлат намунаи ъибрат буд. Билофосила пас аз судури фармони гузор ба хатти лотин раҳбарии кишвар ба табдили сириллик ба лотин дар коргузориҳои худ кӯшид ва дар муддате кӯтоҳ муваффақ шуд. Тобистони соли 2001 (18.06.01) Ҳайдар Алиеф Фармони “Такмили тарҳи корбурди забони расмӣ”-ро имзо кард ва ин ҷумҳурӣ ба пешинаи сирилликаш падруд гуфт.
- Муҳосибаи дақиқтар ва сахтгирӣ дар иҷрои фармони гузор ба хатти лотин. Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, бар хилофи Узбакистон, замони дақиқеро барои анҷоми барнома таъйин накарданд, балки ҳамзамон бо судури фармон дар иҷрои он кӯшиданд ва бо гузашти 9 сол поёни фарояндро эълом карданд, ҳарчанд поёни воқеъии ин фароянд панҷ сол пас аз эъломи он буд. Аммо саранҷом ин иттифоқ уфтод.
Ҳоло аз ин
миён кадом таҷруба бо воқеъиятҳои Тоҷикистон ҳамхонии бештар дорад? Мусалламан,
таҷрубаи Ҷумҳурии Озарбойҷон. Ва ҳатто шароит барои Тоҷикистон мусоъидтар аст.
Чиро?
Чиро?
- Муҳимтарин далели он ин аст, ки Тоҷикистон танҳо нест. Дар ду кишвари дигари ҷаҳон забони миллии Тоҷикистон расмӣ ба шумор меояд. Яъне Тоҷикистон бо гузор ба хатти порсӣ пой бар дашту биёбон нахоҳад гузошт, балки ба боғу бӯстони порсии худ боз хоҳад гашт. Имрӯза тамоми дониши башарӣ ба хатти порсӣ вуҷуд дорад, дар ҳоле ки 0.1 дарсади онро ҳам наметавон ба хатти пириллик ёфт. Яъне пойбандӣ ба хатти пириллик барои Тоҷикистон ҳазинаи бамаротиб бештаре дорад. Пул мебарад. Замон мебарад. Бояд тамоми фарҳангҳои луғот, фарҳангҳои тахассусӣ, китобҳои дарсӣ, адабиёти омӯзишӣ, адабиёти дигар, барномаҳои роёнаӣ, нармафзорҳои ҳушманд ва ғайра ба пириллик баргардон шавад, ки Тоҷикистон бо бунмояи молии андакаш қодир ба иҷрои он нест. Аммо бо гузор ба хатти порсӣ метавонад аз ҳамаи ин ҳазинаҳо ҷилавгирӣ кунад ва пули онро дар заминаҳои дигари тавсеъаи инсонӣ ҳазина кунад.
- Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон, бар хилофи Узбакистону Озарбойҷон, маҷбур ба ихтироъи як алифбои дигар нест, мизони муваффиқияти Тоҷикистон метавонад чанд баробар бештар аз комгории Ҷумҳурии Озарбойҷон бошад. Дуруст аст, ки забони озарӣ бо туркии Туркия қаробати танготанге дорад, аммо ин ду забон яке нестанд. Дар ҳоле, ки забони миллии Тоҷикистон ҳамон забонест, ки дар Эрону Афғонистон ҳам забони расмию миллӣ ба шумор меояд. Ва алифбову имлои ҳар ду якест ва ниёзе ба дасткории он нест. Сирфан басанда аст, ки 32 ҳарфи алифбо ба мардуми кишвар омӯзиш дода шавад ва ҳамарӯза имлову нивиштору хониши порсӣ тамрин шавад. Ин бузургтарин нуқтаи қуввати Тоҷикистон дар заминаи тарки алифбои сириллик аст. Ҳеч кишвари дигаре дар минтақа аз ин неъмат бархурдор нест. Ин нуқтаи қувват ҳазинаи гузор ба хатти порсӣ ва заҳамоти сипардани ин роҳро барои Тоҷикистон даҳчандон коҳиш медиҳад.
- Пас аз гузор ба хатти порсӣ Тоҷикистон бо халаъ (холигоҳ)-и донишию омӯзишию иттилоъотӣ рӯбарӯ намешавад. Зеро нашрияҳову адабиёту барномаҳову торнамоҳову нармафзорҳои фаровоне ба забони миллии Тоҷикистон ва ба хатти порсӣ вуҷуд дорад ва ҳамарӯза мунташир мешавад. Ба андозае теъдоди онҳо зиёд аст, ки пириллик ҳаргиз дар ҳазор соли ъумраш ҳам ба он нахоҳад расид. Пас ниёзе нест, ки Тоҷикистон ин фарояндро аз сифр оғоз кунад, бар хилофи, масалан, Узбакистон, ки ин корро карду то кунун дар он гирифтор мондааст. Ҷумҳурии Озарбойҷон бо тӯшаи андаке, ки аз лотин дошт, тавонист муваффақтар аз Узбакистон бошад. Тоҷикистон бо тӯшаи ҷаҳоншумуле, ки аз забону хатти порсӣ дорад, бениёзтар, ва дар натиҷа, муваффақтар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон хоҳад буд.
Ва аммо барои пиёда
кардани ин ҳадаф чи бояд кард?
Дар ин мавриди бахусус таҷрубаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бисёр омӯзанда аст, ки бидуни таъйини муддатзамони мушаххасе вориди ҷараён шуд ва онро дар нуҳ сол ба марҳилаи ниҳоӣ расонд.
Аммо барои рафъи нигарониҳо ва гузори соффу сода мешавад даҳ солро дар назар гирифт. Аз рӯзи нахусти судури Фармони Гузор тамоми нивиштаҳои дару девори шаҳрҳо ба ду хатти порсию пириллик хоҳад буд, ба расми Душанбеи соли 1992. Яъне мо дар гузаштаи наздик таҷрубаи ин корро доштаем.
Ҳамзамон барои омӯзиши хатти порсӣ дар мадрасаҳо соъоти бамаротиб бештаре ихтисос хоҳад ёфт, ба гунае, ки дар ҳамон соли аввал дарсҳои “Забони модарӣ” ва “Адабиёти тоҷик” ва ъулуми инсонии дигар батадриҷ ба хатти порсӣ тадрис шаванд.
Ҳамзамон неҳзати саводомӯзӣ дар саросари кишвар ба роҳ хоҳад уфтод ва 32 ҳарфи алифбои порсӣ ва наҳваи хондану нивиштанро ба тамоми ҷамъияти кишвар аз ҳар қишру синну соле омӯзиш хоҳад дод. Неҳзати саводомӯзӣ муддатзамони мушаххасе нахоҳад дошт ва то замоне, ки сад дарсади мардум бар хатти порсӣ мусаллат шудаанд, идома хоҳад дошт.
Забону хатти коргузорӣ аз ҳамон рӯзи аввал ба ду хатти пириллик ва порсӣ хоҳад буд ва ҳамзамон ҳамаи мақомҳои давлатӣ муваззаф хоҳанд буд рӯзе ду соъат дарси порсӣ бихонанду хатро фаро бигиранд ва бедиранг бикӯшанд, ки асноди давлатиро ба порсӣ бинивисанд.
Дар тамоми донишгоҳҳои кишвар риштаи забону адабиёти порсӣ роҳандозӣ мешавад, то ба таъмини ниёзи мадорису донишгоҳҳо ба муъаллиму мударриси порсихон бипардозанд.
Тамоми нивиштаҳо дар шабакаҳои телевизюнии кишвар аз рӯзҳои оғозини барномаи гузор ба ду хатти пириллику порсӣ хоҳад буд. Ва батадриҷ ба нивиштаҳои порсӣ авлавияти бештар дода хоҳад шуд.
Китобҳо ъумдатан ба ду хатти порсию пириллик мунташир хоҳад шуд, ба расме, ки дар Ландан таҷруба кардаем. Беҳтарин роҳи омӯзиши хатти порсӣ барои як тоҷики ошно бо забони порсӣ муқоисаи нивиштаҳои порсию пириллик бо ҳам аст.
Агар то кунун тадриси алифбои порсӣ (ниёкон) дар мадориси Тоҷикистон чандон муваффақиятомез набуда, ба далели он аст, ки дар зиндагии рӯзмарра ҳеч истифодае аз хатти порсӣ сурат намегирад.
Паёми Farhad Sharifov-и гиромӣ долл бар ин ҳақиқат аст:

Яъне як шогирди дабиристон эҳсоси ниёз намекунад, ки хаттеро фаро бигирад, ки ба бовари ӯ дар тӯли зиндагӣ ба дарди гузарони рӯзгораш намехурад. Ба маҳзи ин ки дабираи порсӣ яке аз ду хатти расмии Тоҷикистон эълом шавад, авзоъ тағйир хоҳад кард ва шогирдони мадорис бо ҷидду ҷаҳди бештаре ба омӯзиши он хоҳанд пардохт.
"Ҳаминро ҳам ба инобат бигирем, ки Дориюши гиромӣ, аксари ҷавонон хатти форсӣ омӯхтаанд, аммо бинобар он ки дар амал, дар ҳаёти рӯзмаррашон ин хатро истифода набурдаанд, қариб 90 дарсад онро фаромӯш кардаанд.. Шахсан ман дар синфи 4 омӯхта будам ва пас фаромӯш карда будаму пас аз ошноӣ бо ин гурӯҳ боз аз нав ёдаш гирифтам... Манзурам, ҷавононро тамрини бештар бо ин хат зарур аст".
Инҳо шаммае аз
тасаввури бозгашт ба хатти порсӣ дар Тоҷикистон буд, ки шитобон нивишта шуд ва
мусалламан, ба кору ҷаҳди бештар барои ташхису тадқиқи мароҳили гузор ниёз
дорад. Аммо агар ба тамоми мавориде, ки зикр шуд, таваҷҷуҳи лозим сурат
бигирад, дар хоҳем ёфт, ки гузори Тоҷикистон ба хатти порсӣ комилан воқеъбинона
ва шуданист ва барои Тоҷикистон суди молию иқтисодию фарҳангии фаровоне дорад.
No comments:
Post a Comment