Дориюши
Раҷабиён
Би-Би-Сӣ
Шӯру
ҳаяҷони ҳамапурсии Туркия дар ҳоли фурӯ нишастан аст, аммо баҳсҳо дар мавриди
ин ки чи тағйире дар Қонуни Асосии ин кишвар рух дода, барои муддатҳо идома
хоҳад дошт. Яке аз мавзӯъҳое, ки дар ин миён борҳо матраҳ шуда – ва ғолибан аз
сӯи ҳаводорони раъйи “оре” дар он ҳамапурсӣ – беҷиҳат будани нигарониҳо дар
мавриди эҳтимоли суқути Туркия дар партгоҳи истибдоду худкомагист.
Мегӯянд:
Туркия танҳо кишваре нест, ки низоми раёсати ҷумҳуриро бар низоми порлумонӣ
тарҷеҳ дода ва қарор аст то ду соли дигар (аз замони баргузории интихоботи
раёсати ҷумҳурии баъдӣ) шабеҳи низомҳои сиёсии кишварҳое чун Омрикову Фаронса
шавад. Ва беҷиҳат ҳам намегӯянд. Ҳарчанд низоми сиёсии Фаронса шибҳираёсатӣ аст
ва нахуствазир ҳам дорад.
Ва
аммо низомҳои сиёсии Туркияву Омрико ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон аз ин
ба баъд як таърифи воҳид хоҳанд дошт: низоми раёсатӣ. Низоме, ки дар раъси ҳам
ҳукумат ва ҳам давлати он як нафар қарор дорад ва ӯ раисиҷумҳур аст. Вале оё
ҳар гирде гирдуст?
Дар
расонаҳои дохилии Туркия истилоҳи Türk tipi başkanlık
(раёсати ҷумҳурӣ ба сабки туркӣ) мутадовил шуда, ки ҳикоят аз тафовути миёни
низоми раёсатии отии ин кишвар бо соири низомҳои ҳамном дорад. Барои намуна,
мешавад вежагиҳои низомҳои раёсатии Туркия ва Омрикоро канори ҳам гузошту
санҷид.
Истиқлоли қувваи қазоия
Ҳамапурсии Туркия 18
асли Қонуни Асосиро тағйир дод. Нахустини онҳо асли нуҳум буд, ки мегуфт: “Қудрати
қазоӣ бояд дар ихтиёри додгоҳҳои мустақил бошад, ки ба намояндагӣ аз миллати
Туркия ъамал мекунанд”. Дар паи ҳамапурсӣ як вожа ба таърифи моҳияти додгоҳҳо
изофа шуд: бетараф. Яъне фақат “додгоҳҳои мустақиллу бетараф” ҳаққи доварии
ҳуқуқӣ доранд.
Феълан додситонҳову
қузоти аршади Туркияро чаҳор марҷаъ таъйин мекунанд. Вазифаи таъйини 41 дарсади
онҳо ба дӯши қувваи қазоия аст, 46 дарсад бо раисиҷумҳур аст; 8 дарсадро
порлумон ва 5 дарсади боқимондаро нахуствазир ва кобине бармегуморанд.
Дар паи ҳамапурсии ахир
фақат ду марҷаъ додситонҳову қузоти аршади кишварро мансуб хоҳанд кард: 69
дарсад бо раисиҷумҳур аст ва 31 дарсад ҳам бо порлумон. Ъамалан саҳми ҳар ду
афзоиш ёфта, чун ду марҷаъи дигар ҳазф шудаанд, аммо бахши аъзами қузот аз
ҷумлаи мансубони шахси раисиҷумҳур хоҳанд буд. Мухолифони ҳамапурсии 27
фарвардин (16.04.17) мегӯянд, ки бо чунин тағйире асли тафкики қуввои сегона
зери суол рафта; бахши аъзами баданаи аслии қувваи қазоияро раиси қувваи муҷрия
таъйин мекунад ва мобақии онро ниҳоди қонунгузорӣ бо аксарияте, ки аз ҳизби
раиси қувваи муҷрия меояд. Интисобҳои раисиҷумҳури ниёзе ба таъйиди марҷаъи
дигар надорад.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи
Омрико, аммо, раёсати ҷумҳурӣ дар ин заминаи бахусус сирфан ниҳоди пешбарӣ ё
муъаррифӣ аст. Раисиҷумҳур номзадҳоеро ба мақомҳои қазоват дар Девони Ъолии
кишвар ба маҷлиси Сено пешниҳод мекунад ва ин маҷлиси Сеност, ки онҳоро
мепазирад ё намеписандад.
Ташкили кобине
Яке аз дағдағаҳои аслии
як раисиҷумҳури Омрико дар оғози кор гузиниши аъзои кобинеи худ аст; он ҳам ба
шевае, ки ба мазоқи аъзои маҷлиси Сено хуш ояд. Дар ниҳоят, ин намояндагони
мардум ҳастанд, ки баргузидаҳои раисиҷумҳурро месанҷанду арзёбӣ мекунанд ва
барояшон нумреи радд ё пазириш медиҳанд. Намунаи боризаш дардисарҳои ахири
Дунолд Тромп барои таъйиди салоҳияти бархе аз аъзои кобинеаш дар маҷлиси Сенои
Омрикост.
Аммо дар низоми ҷадиди
Туркия раисиҷумҳур дар гузиниши аъзои кобинеаш мухтор хоҳад буд ва бениёз аз
таъйиди салоҳияти онҳо дар маҷлис. Истизоҳи вазирон дар маҷлис ҳам ба торих
хоҳад пайваст. Танҳо марҷаъи посухгӯӣ барои вазирон ҳамоно шахси раисиҷумҳур
хоҳад буд.
Инҳилоли маҷлис
Дар низоми сиёсии
раёсатии Туркия раисиҷумҳур метавонад дар сурати зарурати мавриди ташхиси худаш
порлумонро мунҳал кунад. Дар бисёре аз низомҳои сиёсӣ як чунин ҳаққе барои
раисиҷумҳур дар назар гирифта шудааст. Масалан, дар Фаронса, ки як низоми
шибҳираёсатӣ ё омезае аз низомҳои раёсатӣ ва порлумониро дорад, раисиҷумҳур
метавонад дар паи ройзанӣ бо нахуствазир ва раисони ҳар ду бахши порлумон
Маҷлиси Миллиро мунҳал кунад. Дар низоми сиёсии ҷадиди Туркия раъйи раисиҷумҳур
барои инҳилоли маҷлис басанда хоҳад буд.
Ва аммо дар Омрико ин
маврид аз усули аввалии тафкики қувво ва истиқлоли онҳо ба шумор меояд.
Раисиҷумҳур наметавонад Кунгреро мунҳал кунад. Ҳамон гуна, ки Кунгре
наметавонад Девони Ъолиро мунҳал кунад. Ба хотири риъояти тавозуни қувво ҳар як
аз қуввои сегона қарор аст аз қудрати мусовӣ бархурдор бошанд.
Тафкику тавозуни қувво
Нигиронии аслӣ ҳамин
буд. Чи пеш аз ҳамапурсӣ ва чи пас аз он. Бисёре аз коршиносони Туркия муътақиданд
ки ҳамапурсии 27 фарвардин (16.04.17) ба тазъифи тафкику тавозуни қувво
меанҷомад.
Яке аз далоили ин
нигаронӣ ҳифзи пойбандӣ ва мақоми ҳизбии раисиҷумҳур дар низоми ҷадиди Туркия
аст. Яъне агар раҳбари як ҳизби сиёсӣ ба раёсати ҷумҳурӣ бирасад, муваззаф нест
мақоми ҳизбиашро тард кунад ва, ба истилоҳ, “раҳбари тамоми мардуму аҳзоб”
бошад.
Дар гузашта ин ваҷҳи
тамоюзи низомҳои раёсатӣ бо низомҳои порлумонӣ ё шибҳираёсатӣ буд. Нахуствазир
дар ғолиби низомҳои порлумонӣ ҳамзамон раҳбари як ҳизби сиёсӣ ҳам ҳаст, ки
аксарияти курсиҳои порлумонро ба даст оварда. Аммо раисиҷумҳумр як шахсияти фароҳизбист
ё дасти кам бо вуҷуди вобастагиҳои ҳизбиаш ҳеч мақоми ҳизбие надорад.
Ҷурҷ
Вошингтун, нахустин раисиҷумҳури Омрико, тӯли ҳашт соли раёсаташ ъузви ҳеч
ҳизби сиёсие набуд. Ӯ муътақид буд, ки бад-ин гуна мешавад аз якпорчагию
инсиҷоми миллӣ мувозибат кард. Албатта, ҳамаи 44 раисиҷумҳури баъдӣ дар оғози
кори худ вобастагии ҳизбӣ доштаанд, аммо на дар мақоми раҳбарии ҳизб.
Дар
натиҷа, дар Омрико раисиҷумҳум ва раҳбари ҳизби ҳоким ду фарди мутафовит
ҳастанд, бо тарҳу барномаҳои вежаи худ. Ва ин ду нафар метавонанд дар мавриди
масоили мухтали дидгоҳҳои мутафовите дошта бошанд ва назароти якдигарро арзёбӣ
кунанд ва бо ҳам ба баҳс бипардозанд.
Вале
дар низоми сиёсии ҷадиди Туркия раҳбари як ҳизби сиёсӣ, ки номзади раёсати
ҷумҳурӣ ҳам ҳаст, феҳрести номзадҳои интихоботи маҷлис аз ҳизби худашро таъйин
мекунад. Дар сурати пирӯзии ин ҳизб қувваи муҷрия ва муқаннана (қонунгузорӣ)
таҳти кунтрули раҳбари як ҳизби сиёсӣ хоҳад буд. Ва бо таваҷҷуҳ ба яди тӯлое,
ки ӯ дар таъини додситонҳову қузоти аршади кишвар дорад, қувваи қазоия ҳам то
ҳадди зиёе бо ӯ ҳамназар ё мувофиқ хоҳад буд. Мешавад тасаввур кард, ки дар як
чунин низоме ҳар се қувва мумкин аст зери назари мустақими як нафар қарор
бигиранд ва заминаи яккасолорӣ фароҳам шавад.
No comments:
Post a Comment