Monday, February 11, 2019

Чашмҳоро бояд шуст!


Идомаи мунозира бо Нуриддин Шаҳобиддинуф

Дар пайи посухе, ки ба иддиъоҳои Нуриддин Шаҳобиддинуф додам, мунозирае дигар сурат гирифт. Нахуст вокуниши Шаҳобиддинуф ва сипас посухи худамро ин зер гузоштаам:

Shahobiddinov Nurudin: Ман вақт надоштам ки ин ҳама навиштаҳоро бихонам. Лекин маҷбуран ҳамаашро хондам. Ҳамааш музахрафот, чарандиёт, донотарошӣ, ва мисли инҳо (Ин ҷумларо аз он навиштам ки тамоми навиштаҳои шумо ҳамин оҳангро доро аст). Шумо дар сатҳе нестед, ки мақолаи маро таҳлил намоед. Лекин бадие надорад..

Ҳамин хел фаҳмидам, ки шумо "ман босмачӣ ҳастам"ро ҳамчун иқдоми меҳандустона мефаҳмед. Бо ҳамин даъво ҳамаро мехоҳед гул занед. Агар вусъати назар медоштед барои нишон додани эҳсоси меҳандустӣ арзиш, идея ва андешаҳои дигаре низ вуҷуд доштанд, ки миллатро ба суи оянда ҳидоят менамуданд, на як назари бунбастии вопасгароёна.

Босмачиҳо аввалин ва охирин мудофеони ин сарзамин набуданд. Агар иқдоми шумо воқеан меҳанпарастона мебуд танҳо ба босмачиҳо намечаспидед ва ба масъала аз руи вусъати назар бархурд менамудед. Аз Спитамен сар карда то ба босмачиҳо ҳама барои сарзамин мубориза бурдаанд, аммо ҳама шикаст хурдаанд. Аз муборизони маънавӣ низ аз Монӣ ва Маздак сар карда то ҷадидон ҳама шикаст хурдаанд. Чаро? Ман ба ин савол ҷавоб намедиҳам. Аммо аз он ки шумо фақат ба босмачиҳо часпидаед инро як тангназарӣ, иқдоми ғайриозодандешӣ, муғризона ва ғайримеҳанпарастона мефаҳмам. Агар меҳанпарастед пас масъаларо густурда ва бо тамоми фарохӣ матраҳ созед.

Дар аввал гуфтаед, ки ман пешинаи таҳаввулоту шароити сиёсию иҷтимоии сарзамини Волтерро ба канор гузоштаам. Аммо дар поён ҷумлаҳои ман дар мавриди ҳақиқати шароити сиёсию иҷтимоии Фаронса: Бастилия, мактубҳои саркушода....ро меоваред. Дидед чигуна ошкоро маро туҳмат мезанед. Аммо дар поён суханро ба дигар тараф мегардонед.

Ба ман диагнози Сандроми Стокҳолм мегузоред. Яъне ман ба гаравгонгирандаи худ дил бастаам ва босмачиро душман ва русро дуст гуфтаам. Агар ман дар ягон ҷо ҳамин маъниро гуфта бошам хоҳиш мекунам, ки иқтибос карда ба ин ҷо гузоред. На фақат дар мақолаи боло агар дар дигар навиштаҳо дар ин мавзуъ ҳам бошад, ман қабул дорам. Ин баҳсро шояд дигарҳо ҳам мехонанд.

Дар мақолаи худ ман калимаи ФАҲМИДАН ро бо ҳарфи калон навиштаам. Дар он ҷо ман шумобаринҳоро аллакай дар назар доштам. Маънии фаҳмидан ҳамин ки вақте дар оянда бо он дар муносибат мешавӣ бояд аз амалкардҳои дар гузашта анҷомдодааш дар зеҳни худ ёдовар шавӣ. Ин маънии ба гаравгонгирии худ дил бастанро надорад. Дар хотир дорам дар яке аз навиштаҳоям вақте ифодаи аскари хуношоми шуравиро навиштам дар қавс навишта будам (ман зидди ин ифода нестам). Дигаронро гул ва маро туҳмат назанед.

Чаро боз ин ҳама шарҳ дар бораи Волтер? Ман навиштаам ки ӯ асосгузори фалсафаи таърих. Ӯ 99 ҷилд китоб навиштааст. Албатта қисми зиёд оид ба таърих аммо на тавсифи хушку холии воқеаҳо. Чандин вақт аст, ки шумо дар мавриди Аморати бухоро менависед, ба ҷуз аз тоҷик будани он (хайр чӣ?) ва дорои хазинаи ғанӣ будани он дигар дар бораи кадом арзиши аморати бухоро навиштаед. Марҳамат пешниҳод намоед? Шумо то ба андозаи басгуфтанӣ зирак ҳам мебошед.

На фақат рус таҷовузгар буд. Англия низ беш аз ними ҷаҳонро мустамлика карда буд. Имрӯз низ ҳамаи онҳо омодаи ин амал ҳастанд. Набояд фақат русро сиёҳ кард, бояд ба масъала бовусъати назар муносибат намуд. Агар ҳаваси мустамликадорӣ доранд барояшон баҳона даркор аст на назари мо. Бо он назари бунбастии шумо мо боз шикаст мехурем. Аммо озодандеши асил дар фикри он мешавад, ки чи кор кунам ки дафъаи дигар пирӯз гардам. Шумо ҳеҷ вақт чунин шеваи андешаро фаҳмида наметавонед.

Ман барои он наомадаам ки бо шумо вориди чунин баҳсҳо шавам. Ин баҳсҳо хоси суханфурушҳои бемоя мебошад. Донотароши накунед ва ба мақола муғризона муносибат накунед. Онро ҳамчун оинае донед, ки дар баробари шумо истодааст. Натарсед. Бовар дорам ки он дар афкори шумо як тағйиротро ба вуҷуд меоварад. Вақте ман навиштаи шуморо мехонам мехоҳам ки Фаҳмам. Шумо дарҳол аз паи ишколёбӣ, "нафаҳмидам ..." ва мисли инҳо мешавед. Сухани охир: мақолаи маро: ХОНЕД, ХОНЕД ВА БОЗ ХОНЕД. Бароятон шоми хуш.

***

Dariush Rajabian:  Нуриддини гиромӣ, бино ба вокунишҳоятон, Шумо дар пайи дархости ман ҳамаи матни посухам ба иддиъоҳои худатонро хондаед. Ва ин бор нивиштаед: “Ман вақт надоштам ки ин ҳама навиштаҳоро бихонам. Лекин маҷбуран ҳамаашро хондам». Яъне худатон эътироф кардаед, ки пештар, бидуни ин ки тамоми матлаби маро хонда бошед, ба он вокуниш нишон додаеду гуфтаед: «Оғои Дориюш ман бисёр содда ва равшан навиштаам. Фиерҳои дигарро канор гузоред бовар дорам ки ҳамаашро мефаҳмед» (Имлои паём ҳифз шудааст).

Пас Шумо ъамалан ин ҳақиқатро ба намоиш гузоштаед, ки гоҳ бидуни огоҳӣ аз асли матлаб ва ҳатто пеш аз он ки бо асли мавзӯъ ошно шуда бошед, изҳори назар мекунед. Дақиқан ҳамон иттифоқе, ки иншои Шуморо беарзиш кард ва акнун дар пайнивиштҳои он ҳам такрор мешавад. На дар оғоз ва на дар поёни баҳс кӯчактарин талоше барои дарки асли матлаб мушоҳида намешавад. Бо вуҷуди тамоми таъкиде, ки дар оғози посухам ба ҷони матлаб доштаам, Шумо дубора ҳамон сухани беарзиши куҳнаро нӯшхор кардаед:

“яВолтер ба ватанаш идеяи озодии шахсӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро овард. Шумо бошед ҷумлаи бунбастиеро такрор карда истодаед. Дар куҷои он оҳанги меҳанпарамтӣ вуҷуд дорад? Меҳанпараст ояндаро ҳадаф қарор медиҳад на гузаштаро. Меҳанпараст арзишшузорӣ ва арзишшиканӣ меккнад на бо дидаи эътиқод ва догматикӣ ба гузашта ру меоварад ва онро такрор ба такрор оммавӣ мегардонад”. (Имлои матн ҳифз шудааст).

Аввалан, Вултер (Voltaire) ба тарзи диди Шумо, ки намоиш додаед, кӯчактарин рабте надорад. Шумо мунодии паёми бардагӣ ҳастед, на озодӣ. Ҳар он чиро Вултер сапед гуфтааст, Шумо сиёҳ хондаед. Вултер мухолифи истибдоди раъй ва табаъият аз назари ғалати ҳоким буд, аммо Шумо суханеро, ки мухолифи ҳукми ғалати расмӣ бошад, барнаметобед. Чун арбоби Шӯравӣ фармудаанд, “босмачӣ” душман аст, Шумо ҳам мудофеъони сарзамини худро душман медонед, чун тобеъи арзишҳои идеулужики Шӯравӣ ҳастед. Ба торих бо ъайнаки идеулужику ъақидатӣ нигоҳ мекунед. Пас бояд ин тарзи диди каҷу зиёнбор ё арзишгузории ғалати даҳаҳоро шикасту нигоҳе тоза ба воқеъиятҳо ва пешинаи миллии тоҷикон дошт. Ин дақиқан ҳамон коре буд, ки Вултер бо торихи Урупо ва бахшҳои ъазиме аз ҷаҳон кард. Ӯ нигоҳи идеулужик ба рӯйдодҳои торихро муҷоз намедонист ва агар акнун зинда буд, бар мабнои усули худаш, ҳатман Артиши Сурхро мутаҷовиз ва “босмачиён”-ро мудофеъи сарзаминашон медонист. Зеро ҳақиқати моҷаро чизе ҷуз ин набуд ва Вултер бо чизе ҷуз ҳақиқат ("факт") сарукор надошт.

Дар идомаи вокуниши хашмгинона ба посухи ман нивиштаед:

“Ҳамааш музахрафот, чарандиёт, донотарошӣ, ва мисли инҳо (Ин ҷумларо аз он навиштам ки тамоми навиштаҳои шумо ҳамин оҳангро доро аст).»

Албатта, худатон ҳам, агар хашму ғайз аз саратон парида бошад, ба ин сухани худ кӯчактарин эътиқоде надоред. Агар тамоми нивиштаҳои ман музахрафу чаранд буд ва агар ҳадафи ман мисли Шумо танҳо фазлфурӯшию худнамоӣ буд, мусалламан, чунин вокуниши Шуморо барнамеангехт ва Шуморо аз худ бехуд намекард. Посухи чаранду музахрафро мешавад бо сукут дод.

Агар манзуратон аз “донотарошӣ” худнамоӣ аст, мутмаин бошед, ки ҳаргиз чунин қасдеро надоштаам. Замоне вориди баҳсе мешавам, ки бибинам, касоне чун Шумо мекӯшанд миллатро ба қаҳқаро (“регресс”) бибаранд ва зиддиарзишҳоро арзиш ҷилва диҳанд ва воруни он. Аз ин рӯ, хоҳишмандам, агар имконашро доред, аз чунин баёнҳои пешипоуфтодаву мубтазал худдорӣ кунед ва рӯи мавзӯъ тамаркузи комил дошта бошед. Шояд пур аз худатон бошед, ки мегӯед: “Шумо дар сатҳе нестед, ки мақолаи маро таҳлил намоед”. Аммо бояд бипазиред, ки дар ъасри кунунӣ ва бавежа дар фазои маҷозӣ Шумо дар ҳадде нестед, ки чунин дикта кунед ва мардумро аз изҳори назар дар бораи дидгоҳҳои худ манъ кунед. Бавежа ин ки Шумо ба худ иҷоза додаед дар бораи дидгоҳҳои ман пешдоварӣ кунед, ки саропо ғалат аст. Агар баростӣ моил ба изҳори назар дар бораи дидгоҳҳои худатон нестед, аз фузулӣ дар мавриди дидгоҳҳои дигарон худдорӣ кунед. Ба қавли Шайх Саъдӣ:

Ҳар чи бар нафси хеш написандӣ,
Низ бар нафси дигарӣ маписанд.

Дар идома мегӯед:

“Ҳамин хел фаҳмидам, ки шумо "ман босмачӣ ҳастам"ро ҳамчун иқдоми меҳандустона мефаҳмед. Бо ҳамин даъво ҳамаро мехоҳед гул занед».

Бале, «Ман босмачӣ ҳастам» як корзори комилан меҳандӯстона дар баробари тарафдорони таҷовузи хориҷӣ ба Меҳани мост. Дарки ин мавзӯъ рамлу устурлоб намехоҳад. Як нерӯи низомии аҷнабӣ ба сарзамини мо – Бухоро ҳамлавар шуд, мардуми бумӣ ъалайҳи он бапо хостанду ҷангиданд, артиши аҷнабӣ онҳоро, ки аз Меҳани худ дифоъ мекарданд, “босмачӣ” номид. Агар манзури Артиши Сурху ҳаводоронаш аз “босмачӣ” мудофеъи бумии Бухоро бошад, пас чиро ман “босмачӣ” набошам? Бавежа ин ки “босмачиён” як нерӯи якдасту якрангу мунсаҷим набудаанд. Бисёре аз онҳо ба дифоъ аз хонаву дару зану фарзанди худ бапо шуда буданд, шуморе дағдағаи ҳифзи арзишҳои диниро доштанд, бархе ҳам барои дифоъ аз забону фарҳанги худ ҷонбаркаф шуда буданд ва ҳамаи онҳо аз сарзамини худ – Бухоро посдорӣ мекарданд. Онҳо созмонёфта набуданд, то бишавад ҳамаашонро тобеъи як дастурулъамал донист. Артиши Сурх ҳар касеро, ки бо ишғоли сарзамини мо мухолифат мекард, “босмачӣ” меномид. Яъне танҳо вежагии муштараки ҳамаи “босмачиён” ин буд, ки ҳамаи онҳо ба ишғоли сарзаминашон тан намедоданд ва бо ишғолгарон меҷангиданд. Пас дуруд бар “босмачиён”, ки посдори Меҳани мо буданд!

Фикр намекунам ҳеч бахше аз ин мавзӯъро бишавад “гӯл задани ҳама” таъбир кард. Бисёр равшану пӯстканда ва қобили дарк аст, агар берун аз чорчӯби “совок” биандешед.

Боз ҳам, лобуд дар ниҳояти заъф, ба ҳамалоти шахсӣ мутавассил мешаведу мегӯед:

“Агар вусъати назар медоштед барои нишон додани эҳсоси меҳандустӣ арзиш, идея ва андешаҳои дигаре низ вуҷуд доштанд, ки миллатро ба суи оянда ҳидоят менамуданд, на як назари бунбастии вопасгароёна. Босмачиҳо аввалин ва охирин мудофеони ин сарзамин набуданд. Агар иқдоми шумо воқеан меҳанпарастона мебуд танҳо ба босмачиҳо намечаспидед ва ба масъала аз руи вусъати назар бархурд менамудед. Аз Спитамен сар карда то ба босмачиҳо ҳама барои сарзамин мубориза бурдаанд, аммо ҳама шикаст хурдаанд.»

Вусъати назари Шумо агар маҷол медод, мавзӯъ бароятон комилан равшан мешуд, Нуриддини гиромӣ. Мегӯед, чиро ман аз Спитамон дифоъ накардаам. Яъне Шумо, ки руҷӯъ ба рӯйдодҳои торихиро нишонаи “бемоягӣ” медонед, маро ба бозгашт ба даҳаи 370 пеш аз мелод ташвиқ кардаед ва ба давраи мубориза бо лашкари Искандари Мақдунӣ. Инро ба далели ишора ба парешонӣ ва бесаботии мавзеъи Шумо гуфтам. Вагарна ба ниёям Спитамон ниҳояти арҷро дорам ва ба ӯ меболам ва хушнудам, ки дар сарзаминам ӯро Қаҳрамони миллӣ медонанд ва ба ифтихори ӯ нишони давлатии “Спитамен” ҳам вуҷуд дорад.

Аммо баҳси мо бар сари чизи дигарест. Тасаввур кунед, ки ҳамчунон Искандари Мақдунию ворисонаш бар Тоҷикистон ҳоким буданд ва ба мову шумо мегуфтанд, ки Спитамон душмани шумо будааст, чун мухолифи таҷовузи мо ба кишвари шумо буд. Шумо аз ин дидгоҳи душман ҳимоят мекардеду ман мухолифи он будам ва Спитамонро қаҳрамони миллати худ медонистам, ки дар баробари йуғи аҷнабӣ қад ъалам кардааст. Он замон ҳам баҳси мову Шумо ҳамин буд, чун расман Спитамон душмани фармонравоии аҷнабӣ (юнонӣ) бар сарзамини худаш буд.

Ҳамин ҳолати фарзӣ ба таври ъайнӣ дар мавриди мавзӯъи “босмачӣ” вуҷуд дорад. Спитамон масъала нест. Ҳатто Шумо ба ӯ арҷ мегузоред, чун иҷозаи расмӣ содир шудааст ва аз он рӯйдод ҳам беш аз 2300 сол гузаштааст. Вале ончи ҳалношуда мондааст, мавзӯъи мудофеъони Бухорост, ки Артиши Сурх онҳоро “босмачӣ” номид; сирфан ба далели ин ки онҳо ҳозир ба пазируфтани йуғи аҷнабӣ набуданд. Онҳо ҳам спитамонвор дар баробари нерӯи аҷнабӣ истоданду ҷангиданд. Аммо Шумо бо гузашти ин ҳама сол аз фурӯпошии Импротурии Сурх ҳанӯз дарк накардаед, ки таҷовузгару мудофеъ чи касоне будаанд.

Корзори “ман босмачӣ ҳастам” талангурест бар зеҳни хуспидаи касоне, ки торихро фақат аз чашми фотеҳ мебинанд ва ба миллати мағлуби худ пушт мекунанд, ки ъайни хиёнат аст.

Мегӯед:

“Агар меҳанпарастед пас масъаларо густурда ва бо тамоми фарохӣ матраҳ созед.»

Ба бовари ман, ҳама навъ таъарруз ба сарзамини худро бояд маҳкум кард. Ҳамлаву вайрониҳои Артиши Сурх тозатарини онҳост. Аммо “ман босмачӣ ҳастам” ба маънои ҳимоят аз ҳамаи мудофеъони Меҳан дар ҳамаи давру замонҳо ва дар саросари ҷаҳон аст. Тарҳи мавзӯъ фарохтар аз ин намешавад. Вале дареғ як як гӯши шунаво!

Шумо, ки зоҳиран бештар нигарони ваҷҳаи шахси худатон ҳастед, то асли мавзӯъ, нивиштаед:

“Дар аввал гуфтаед, ки ман пешинаи таҳаввулоту шароити сиёсию иҷтимоии сарзамини Волтерро ба канор гузоштаам. Аммо дар поён ҷумлаҳои ман дар мавриди ҳақиқати шароити сиёсию иҷтимоии Фаронса: Бастилия, мактубҳои саркушода....ро меоваред. Дидед чигуна ошкоро маро туҳмат мезанед.”

Туҳматро, ки яке аз абзорҳои муборизаву таблиғоти булшевикон аст, кори бисёр ношоист медонам ва дар ин мавриди бахусус ҳам ба Шумо туҳмат назадаам, албатта. Ишора ба Бостилу номаҳои саргушодаи Вултер дар поёни мақола ин пурсишро бартараф намекунад, ки чигуна Шумо бо пушти по задан ба мавзӯъи бофтор (“контекст”) миёни Вултери садаи 18 ва “озодандеши тоҷик”-и садаи 21 ин дуро канори ҳам гузоштаеду муқоиса кардаед ва интизори бароянди воҳид аз ҳар дуро доштаед. Агар бо кори ъилмӣ ошно ҳастед, бояд бидонед, ки чанд ишораи пароканда дар бораи корҳои яке аз он ду тараф матлабро адо намекунад, балки бояд муқоисаи тамому камоли шароити ҳар ду тараф сурат бигирад, то далел ё далелҳои тафовути миёни онҳо равшан шавад. Ин аз алифбои як кори татбиқӣ (comparative) дар фалсафа ва ъулуми дигар аст.

Мегӯед:

«Ба ман диагнози Сандроми Стокҳолм мегузоред. Яъне ман ба гаравгонгирандаи худ дил бастаам ва босмачиро душман ва русро дуст гуфтаам. Агар ман дар ягон ҷо ҳамин маъниро гуфта бошам хоҳиш мекунам, ки иқтибос карда ба ин ҷо гузоред.»

Нуриддини гиромӣ, ҳам вокуниши Шумо ба нивиштаҳои ман ва ҳам посухатон ба вокуниши ман гӯёи нафрати ғайри қобили васф ба «босмачӣ» ва меҳри бепоён ба ъаскарест, ки аз ҳазорон фарсанг дуртар омаду ба сарзамини «босмачӣ» ҳамла кард. Пештар гуфтем, ки манзур аз «босмачӣ» дар тӯли торихи Шӯравӣ касоне дар Осиёи Марказӣ буданд, ки ъалайҳи таҷовузи хориҷӣ бапо хостанду аз сарзамини худ дифоъ карданд. Агар Шумо ҳамчунон мухолифи «босмачӣ» ва тарафдори Артиши Сурх ҳастед, мутмаиннан, дучори ъоризаи Истукҳулм (Stockholm Syndrome) шудаед. Ва агар Шумо ба монанди мо «босмачиён»-ро мудофеъи сарзамини худ ва Артиши Сурхро як нерӯи мутаҷовизи аҷнабӣ медонед, пас он ъориза ё сандрум ба Шумо асар накардааст. Ҳамин нивиштаҳои Шумост, ки вазъияти Шуморо ошкор мекунад.

Ин бахш аз суханони Шуморо дарнаёфтам:

“Маънии фаҳмидан ҳамин ки вақте дар оянда бо он дар муносибат мешавӣ бояд аз амалкардҳои дар гузашта анҷомдодааш дар зеҳни худ ёдовар шавӣ. Ин маънии ба гаравгонгирии худ дил бастанро надорад. Дар хотир дорам дар яке аз навиштаҳоям вақте ифодаи аскари хуношоми шуравиро навиштам дар қавс навишта будам (ман зидди ин ифода нестам). Дигаронро гул ва маро туҳмат назанед.”

Ҳаргиз дигаронро гӯл ва ба Шумо туҳмат назадаам. Чизе, ки ъаён аст, чи ҳоҷат ба баён аст?

Мегӯед:

“Чаро боз ин ҳама шарҳ дар бораи Волтер? Ман навиштаам ки ӯ асосгузори фалсафаи таърих. Ӯ 99 ҷилд китоб навиштааст. Албатта қисми зиёд оид ба таърих аммо на тавсифи хушку холии воқеаҳо.»

Албатта, дар мавриди “асосгузори фалсафаи таърих” бояд гуфт, ки номҳои дигаре чун Кундурсе (Condorcet), Угуст Кунт (Auguste Comte) ва Жон Жок Русу (Jean-Jacques Rousseau) ҳам матраҳ ҳастанд. Дар мавриди шумори китобҳое, ки Вултер (Voltaire) нивишта ҳам рақаме, ки додаед, дақиқ нест. Аммо ба ҳар рӯй, ҳамон гуна ки пештар ҳам ёдоварӣ шуд, Вултер яке аз поягузорони торихнигории навин буд ва таърифҳои ъақидатӣ (идеулужик) аз рӯйдодҳои торихиро метарошид. Ва ин дақиқан ҳамон корест, ки бояд дар Тоҷикистон ҳам сурат бигирад. Шинохти Шумо аз “босмачиён” комилан ъақидатӣ (идеулужик) аст ва аз таърифи тарафи ишғолгар (Кремлин) бармеояд, ки батамом ъақидатист ва арзиши торихӣ надорад.

Яъне ҳамин ҳоло, дар ин баҳс, Шумо аз таърифи ъақидатии Шӯравӣ аз ҷунбиши “босмачигарӣ” ҳимоят мекунед. Шӯравӣ мегуфт, “босмачиҳо” бад буданд ва Шумо ҳам тӯтивор мегӯед, “босмачиҳо” бад буданд. Вултер мухолифи як чунин рӯйкард (“подход”) ва таърифе буд ва тақозо мекард, ки ҳақоиқ (“факты”) бармало шавад, то ҳар фарди соҳибъақле худ бардошти худашро аз он рӯйдод дошта бошад. Яъне ҳамон чизе, ки Шумо ба ъунвони “таърихи хушки воқеаҳо” пушти гӯш меандозед, масолеҳи кори Вултеру амсоли ӯ буд. Пас дар ин замина ҳам кӯчактарин монандие бо мактаби фикрии Вултер надоред.

Нуриддини гиромӣ, Шумо бо ъасабонияти тамом нивиштаед:

“Чандин вақт аст, ки шумо дар мавриди Аморати бухоро менависед, ба ҷуз аз тоҷик будани он (хайр чӣ?) ва дорои хазинаи ғанӣ будани он дигар дар бораи кадом арзиши аморати бухоро навиштаед. Марҳамат пешниҳод намоед? Шумо то ба андозаи басгуфтанӣ зирак ҳам мебошед.»

Сипосгузорам, ки маро зирак ҳам донистаед. Аммо дарки ин мавзӯъ ниёзе ба зиракӣ надорад, ки қавмияти амирони Бухоро асли масъала нест. Шуморе бар решаи туркии онҳо таъкид доштанду бо ин тазаккур шикаст хурданд, ки ҳамаи амирони Манғития решаи тоҷик (эронӣ) ҳам доштаанд ва забони модарию дарборишон порсӣ (ҳамин забони мову шумо) буд. Ишораатон ба «хазинаи ғанӣ» равшан нест. Аммо бархурди Шумо бо ман мавриди пурсиш аст.

Шумо бағалат мепиндоред, ки ман мудофеъи Иморати Бухоро ва амирони он ҳастам. Дар ҳоле ки аз ҳамон оғози корзори «ман босмачӣ ҳастам» ва дар посух ба шахси Шумо баравшанӣ гуфта шуда, ки мавзӯъ ҳимоят аз он иморати вайрон ва амирони нотавони он нест. Мавзӯъ аз ин қарор аст, ки заъифу нотавон будани давлат ҳам наметавонад баҳонаи хиёнат бошад. Ҳамин имрӯз ҳам давлати Тоҷикистон заъифу нотавон аст. Ин заъфу нотавонии давлат набояд бори дигар баҳонае ба дасти хоинон бидиҳад, ки ба обухоки худ пушт кунанд ва аз ҳамон нерӯи аҷнабӣ ё яке дигар пуштибонӣ кунанд, то сарзамини моро моли худ бидонад.

«Ман босмачӣ ҳастам» корзорест барои меҳандӯстон ва ъалайҳи ҳамаи хоинон, ки ба ҳар баҳонае ҳимоят аз нерӯи хориҷӣ барои таъарруз ба хоки Меҳанро тавҷеҳ мекунанд.

Ин пора аз вокуниши Шумо булъаҷабтар аст:

«На фақат рус таҷовузгар буд. Англия низ беш аз ними ҷаҳонро мустамлика карда буд. Имрӯз низ ҳамаи онҳо омодаи ин амал ҳастанд. Набояд фақат русро сиёҳ кард, бояд ба масъала бовусъати назар муносибат намуд.»

Ҳамон «вусъати назар»-и Шумо маро кушта, ки дар суҳбатҳоятон ҳеч эҳсос нашуд, ки нашуд!

Албатта, дуруст аст, ки таҷовузгар метавонад аз ҳар кишвари дигаре ҳам бошад. Худоро чи дидед? Шояд фардо чунин таъаррузи золимонае ба дасти қудрате дигар сурат бигирад!

Ва аммо мо дар бораи рӯйдодҳое суҳбат мекунем, ки сурат гирифтааст. Суҳбат аз гузашта аст ва Рус дар Бухоро таҷовузгар будааст. Ин Руси тезорӣ буд, ки дар соли 1868 Самарқанду бархе дигар аз бахшҳои Иморати Бухороро забт кард. Ва ин Руси булшевикӣ буд, ки дар соли 1920 тамоми Бухороро фурӯ бурду онро сепора кард. Бештари масоили ҳувиятии мардумони Осиёи Марказӣ ба ҳамон сол бармегардад.

Яъне Шумо, Шаҳобиддинуф, бояд дарёфта бошед, ки чи мегӯем. Суҳбат аз тамоми ҷаҳон нест. Мавзӯъ марбут ба ҳамин кишвари кӯчаки мост ва пешинаи фаҷеъи начандон дури он.

Мегӯед: «Англия низ беш аз ними ҷаҳонро мустамлика карда буд». Вале фикр намекунед, ки ин фарёди нафратолуди Шумо чи рабте ба мавзӯъ дорад. Бале, Инглистон (ки Шумо ба забони аҷнабӣ «Англия» мегӯед) мустаъмароти бисёре дошта, одамони бисёреро кушта ва ҷиноятҳои башарии фаровонеро муртакиб шудааст. Аз диди ман, яке аз ҷиноятҳои Инглистон ин аст, ки дар Ҳиндустон бисоти забони порсиро барчид. Ғалат кард. Аммо ин мавзӯъ чи рабте ба ишғоли Иморати Бухоро ба дасти Русия дорад?

Яъне оё мутаваҷҷеҳ ҳастед, ки мутаваҷҷеҳи мавзӯъ нестед? Рӯйдодҳои дур ва кишварҳои дурдастро намуна меоваред, ки чи кор бикунед? Оё мехоҳед бигӯед, ки чун Инглистон дар Ҳиндустон ва Офриқо ҷиноятҳое кардааст, Русия ҳам иҷоза дошта, ки дар Осиёи Марказӣ даст ба ҷиноятҳои торихӣ бизанад? Ҳадаф аз ёдкарди Инглистон чист? Ё фикр мекунед, Инглистон ҳам ҳамонанди Русия ё Тоҷикистони зери назари Русия аст, ки намешавад аз бадкориҳои он чизе нивишт?

Эй кош бо забони инглисӣ ошно будед, то бо чашмони худ медидед, ки чигуна дар ин сарзамин гузаштаи истеъмории он варандоз мешавад ва чигуна бознигарии торих сурат мегирад.

Вале дар мавриди мавзӯъи ҳимоят аз ё хиёнат ба Бухоро намешавад пойи Инглистон ё Русияро васат кашид. Ин мавзӯъ марбут ба мардуми бумии ин сарзамин аст.

Худамонро ба 100 сол пеш баргардонем ва бо ин вазъият рӯбарӯ шавем: Агар Шумо аз ҳамлаи Артиши Сурх (бегона) ба Бухоро ҳимоят мекунед, хоин ҳастед. Ва агар Шумо мухолифи таҷовузи хориҷӣ ба сарзамини Бухоро ҳастед, артиши кишвари Рус шуморо «босмачӣ» хоҳад хонд. Кудом якеро интихоб мекунед? Мусалламан, фарзандони сарзамини Бухоро тарҷеҳ медиҳанд, ки «босмачӣ» бошанд, на хоин.

Мегӯед:

«Ман барои он наомадаам ки бо шумо вориди чунин баҳсҳо шавам. Ин баҳсҳо хоси суханфурушҳои бемоя мебошад.»

Нуриддини гиромӣ, агар мухолифат бо таҷовуз ба Меҳан ва ҳимоят аз посдорони Меҳан «бемоягӣ» бошад, ман он «бемоягӣ»-ро ба ҷон мехарам.

Вагарна, дар зиндагии маъмул ман аз рангу рӯи баҳсҳое ба ин шевае, ки Шумо ба роҳ андохтаед, безорам. Гоҳ онҳоро итлофи вақт медонам ва гоҳ фурсате барои расондани паёми дуруст. Аммо баростӣ, аслан афроде чун Шуморо дар сатҳе намедонам, ки сазовори мубоҳиса бошанд. Ва аз шумогунаҳо сирфан ба ъунвони абзори расондани паём баҳра мебарам. Албатта, то ҳамин дирӯз Шуморо аслан намешинохтам ва бо ҳамин баҳс шинохте ҳарчанд андак ҳосил кардам.

Аммо маъмулан дар баҳс бо шумогунаҳо ҳарфе намерӯяд ва он чи аз пешина мегӯянд, ношӣ аз бардошти ғалат аст. Яъне бадтар аз «суханфурӯшҳои бемоя» мешаванд, ки мавриди гилояи Шумо ҳастанд. Ғофил аз ин ки бо ин тарзи ғайриъилмии баҳс, ки ба роҳ андохтаед, Шумо ҳам яке аз ҳамон «бемояҳо» ҳастед.

Метавонистед бидуни тавҳин ҳам "ҳақиқат"-и худро баён кунед. Аммо аз фарти ъасабоният шеваи булшевикии ифтирову тавҳинро баргузидаед, ки баёнгари заъфи истидлоли Шумост. Суханатон хому бепояву бемантиқ аст. Аз ин рӯ хашмгин мешаведу меғурред.

Мегӯед:

«Донотароши накунед ва ба мақола муғризона муносибат накунед. Онро ҳамчун оинае донед, ки дар баробари шумо истодааст.»

“Донотарошӣ” шояд барои Шумо мафҳуми ошное бошад, чун гӯянд: Кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад.

Мақолаи казоии Шумо ҳеч ойинаеро дар баробари ман қарор надодааст, албатта. Симои ростини Шуморо дар нивиштаҳоятон мебинам, ки тасвири ман нест, балки мунҳасир ба фард ва хосси Шумост.

Мегӯед:

“Натарсед. Бовар дорам ки он дар афкори шумо як тағйиротро ба вуҷуд меоварад.»

Далеле барои тарс намебинам ва ҳамеша пазирои тағйирот ҳастам. Аммо гуфтаҳои Шумо ҳамагӣ бидуни истисно куҳнаву фарсуда аст ва аз тозагӣ якка мехуред.

Дар поён мегӯед:

«Вақте ман навиштаи шуморо мехонам мехоҳам ки Фаҳмам.»

Мутмаин бошед, ки қобили фаҳмидан ҳаст, агар аз мағз баҳра бурда бошед. Пас ба ҳамон дастури шайхи аъзам (Хонед, хонед, боз хонед!) ъамал кунед ва ҳамаро ба гунае бихонед, то дарёбед.

Муҳимтар аз ҳама ҳамон посух ба иддиъои худатонро саропо дуруст бихонед (ва агар мумкин аст, ба дур аз таъассуб), то шояд гушоише ҳосил шавад.

Поянда бошед!

Ҳимоят аз нерӯи ишғолгар ҳеч тавҷеҳе надорад (ё Вултер хоин набуд!)


Бисёре аз дӯстони хубам маро насиҳат мекунанд, ки бархе аз инсонҳо қодир ба дарки ҳеч мавзӯъе нестанд ё дар мавриди мавзӯъе хос таъассубу пешдоварӣ доранд ва баҳс кардан бо онҳо суде надорад. Ман бо ин назар мувофиқам, аммо бо ин тафовут, ки баҳс дар фазои маҷозиро ба ҳар рӯй судманд медонам, сарфи назар аз ин ки мухотаб чи касест. Чун он мухотаби, фарзан, мутаъассиб танҳо касе нест, ки ба муҳтавои баҳс дастрасӣ дорад ва дар ниҳоят чунин баҳсҳое монеъ аз гароиши шуморе дигар ба таъассуб ва гирифтории онҳо ба марази мухотаби мутаъассиб мешавад.

Намунаи боризи он баҳси “босмачигарӣ” аст, ки ҳамчунон ҷараён дорад. Ҳарчанд борҳо ва батаъкид гуфтаем, ки корзори “Ман босмачӣ ҳастам” ба маънои дифоъ аз хонадони салтанатии нолоиқи Манғития ё вазъияти асафноки Иморати Бухоро дар он давра нест, балки нидои мухолифат бо ҳар навъ таҷовузи хориҷӣ ва хиёнат ба Меҳан аст, боз ҳам касоне ҳастанд, ки мавзӯъро воруна ҷилва медиҳанд. Ба монанди Shahobiddinov Nurudin ном касе, ки дар Фейсбук матлаби рӯдадарозе таҳти ъунвони “Ман босмачӣ ҳастам (Бенавогии андеша ва ё хунсосозии ҳамагуна наҳзатҳои холиси озодандешӣ дароянда)” мунташир кардааст.

Барои таъкиди музоъаф бар ин нукта пеш аз пардохтан ба рези матлаби Шаҳобиддинуф, ки моро ба “идеал қарор додани Аморати Бухоро” ва “дар сар доштани ҳаваси Аморати Бухоро” муттаҳам кардааст, бори дигар бояд гуфт: Бародар, бегудор ба об назанед! Мавзӯъ аз ин қарор нест ва касе мункири воқеъиятҳои талхи Иморати Бухоро нест ва бозгашт ба он давронро намехоҳад. Ҷони каломи мо ин буда ва ҳаст, ки сарфи назар аз вазъияти кишварамон дар он даврони тираву тор наметавон аз ҳамлаи хориҷӣ ба он дифоъ карду хоин шуд. Тавҷеҳи хиёнат метавонад паёмадҳои ваҳшатноке барои ояндаи кишвар ҳам дошта бошад. Агар ба бовари Шумо, ҳимоят аз ҳамлаи Артиши Сурх ба Иморати Бухоро кори дуруст аст, пас ъамалан Шумо хиёнати мухолифони давлати кунунии Тоҷикистон ба Ватанашонро ҳам мепазиред. Яъне мегӯед, ки агар бо давлату ҳукумати кунунии Тоҷикистон мухолифед, ба нерӯи низомии хориҷӣ кумак кунед, то режими Тоҷикистон сарнагун шавад. Яъне агар мегӯед, ки Артиши Сурх мутараққию таҷаддудхоҳ буд ва аз ин рӯ бояд ба сарзамини мо лашкаркашӣ мекард, пас ъамалан инро ҳам мепазиред, ки агар фардо як артиши “мутараққӣ”-и дигаре ба кишварамон ҳамла кунад, бояд бо ҷидду ҷаҳд аз он ҳимоят кунем ва муртакиби хиёнат шавем. Бале, чунин мавзеъгирӣ чизе ҷуз хиёнат ном надорад.

Шаҳобиддинуф, ки ба назар меояд, чанд китоби фалсафӣ хонда бошад, дастикам бояд бидонад, ки ҳамаи милали пешрафтаи имрӯз роҳи пешрафтро мустақиллан паймудаанд, на ба зӯру таъаддии аҷнабӣ. Агар Фаронса Каъбаи мақсудаш аст, бояд бидонад, ки таҳаввулоти торихию сиёсии он кишвар маҳсули талошҳои мардуми бумии он сарзамин буда, на натиҷаи ҳамлаи хориҷӣ. Ё агар ба мардуми Инглистон ғибта («белая зависть») мехурад, бояд огоҳ бошад, ки комгориҳои онҳо ҳам фароянде дарунӣ доштааст; дар даруни худ ҷӯшидаанду кӯшидаанд, ки ба озодманишию пешрафту осудагии бештар бирасанд. Касе онҳоро базӯр савори қатори “мудерните” накардааст. Касе барои онҳо “инқилоб” наофаридааст. Агар инқилобе доштаанд, сохтаи дасти худашон буд. Онҳо худ роҳашонро паймудаанд ва аз инҷост, ки роҳро аз чоҳ бозмешиносанд. 

Ба баёни дигар, агар кӯдакеро бо тарфанду афсун якбора табдил ба як ҷавони 25-сола кунед, ӯ ҳамчунон кӯдак мемонад. На аз таҷрубаи рӯзгор баҳра бурдаасту на аз панди омӯзгор. Ва ба маҳзи ин ки таъсири он афсун бигзарад, дубора мебинед, ки ҳамон кӯдаки хоми норасида аст. Ин дақиқан ҳамон ҳолатест, ки бо кишвари Бухоро дар пайи балвои 1920 ҳодис шуд. Табаддулоту таҳаввулоти он даврон таҳмилӣ буд ва сарчашмаи бегона дошт ва ба маҳзи ин ки сояи Шӯравӣ аз сари минтақа дур шуд, мебинем, ки фазои сиёсию иҷтимоъии кишварҳоямон ба ҳамон давраи Иморати Бухоро баргаштааст. Яъне таъаррузу ишғоли хориҷӣ ва таҳмили низоми сиёсии ҷадид ба дасти аҷнабӣ раванди табиъии фаргашт ё такомули кишвару миллатро қатъ мекунад ва онро дар як фазои маснӯъӣ қарор медиҳад. Ва ҳамин ки он фазои маснӯъӣ аз байн биравад, кишвару миллат ҳам ба ҳамон ҷое бармегарданд, ки аз он канда шуда буданд. Чун роҳро худашон напаймуда буданд, то дунболаи роҳро бидонанд.

Агар то инҷои матлаб бахубӣ адо шуда бошад ва агар мухотаби ман аҳли мантиқ бошад, ҳатман ба бисёре аз эродҳое, ки дар мақолааш тарҳ карда, посух гирифтааст.

Ва ҳоло нукоти рези матлаб: 

Шаҳобиддинуф аз ҳамон оғози матлаб ба қиёси маъалфориқ (берабт) пардохтааст: муқоисаи Вултери фаронсавии садаи 18 бо “озодандеш” ё “озодандешони тоҷик”-и садаи 21 (бидуни зикри ном). Дар ин муқоиса ӯ бофтор (“контекст”)-ро батамом фаромӯш карда, ки аз мақулоти муҳимми фалсафӣ ҳам ҳаст. Ба ҳамин иктифо кардааст, ки Вултер ҳам барои муддате дар Инглистон зиндагӣ кардаву “озодандешони тоҷик” ҳам. Аммо пешинаи таҳаввулоту шароити сиёсию иҷтимоъӣ дар сарзамини Вултерро бакуллӣ канор гузоштааст. 

Ҳатто агар ин кӯтоҳии аслӣ дар муқоисаи Шаҳобиддинуфро нодида бигирем, боз ҳам таноқуз аз саропои матлаби ӯ ҷеғ мезанад.

Мегӯяд: “Волтер ва ҳамраҳонаш исбот намуданд, ки онҳо дар Англия озод ва дорои вусъати назар буданд, аммо “озодандеш”-и мо собит гардонид, ки озод нест ва аз вусъати назар низ маҳрум мебошад”. Ва ин маҳдудияти назари “озодандеши тоҷик”, аз диди Шаҳобиддинуф, талоши ӯ (онҳо) ҷиҳати бознигарии торихест, ки ишғолгарон барои тоҷикон нивиштаанд.

Шояд Шаҳобиддинуф бидонад, ки Вултер на танҳо шоъиру нивисандаву филсуф, балки торихнигори забардасте ҳам будааст. Дар воқеъ, Вултер аз маъдуди касонест, ки бештарин таъсиру нуфузро бар торихнигорӣ гузоштаанд. Гилом ду Сйун (
Guillaume de Syon), торихнигори муъосири фаронсавӣ, дар ин бора мегӯяд: Вултер зиндагиноманивисию торихнивисии суннатиро қабул надошт, чун онҳо дар тавсифи рӯйдодҳо ба нерӯҳои мовароуттабиъа руҷӯъ мекарданд (яъне Вултер зиддихурофотӣ буд) ва то ба ҷое ҷилав рафт, ки торихнигории пешинро саршор аз шавоҳиди дурӯғ медонист ва хоҳони таҳқиқи дигарбораи манбаъҳову маъхазҳои онҳо шуд. Дар воқеъ, аз диди Вултер, рӯйкарди ъақлонӣ (rationalistic approach) барои бознивисии торих ногузир буд.

Пас ҳамон гуна ки мебинед, ҳадафи Вултер аз вуруд ба торихнигорӣ бознивисии торихе буда саршор аз нукоти хурофотию шавоҳиди дурӯғ. Ӯ хоҳони нигоҳе тоза ба пешина буд.
 

Ин дақиқан ҳамон рӯйкардест, ки “озодандешон”-и тоҷики мавриди назари Шаҳобиддинуф ҳам доранд. Торихи имрӯзаи Тоҷикистон бозмонда аз давраи истеъмор аст ва ҳаргиз аз манзари худӣ бознигарӣ нашудааст. Дар натиҷа, оғушта ба арзишёбиҳои идеулужику ъақидатии бегона ва дурӯғ аст. Торихест, ки тоҷикон ва сарзаминашонро сирфан ба ъунвони як овежа (“объект”) баррасӣ мекунад, на субже (“субъект”). Дар он торих тоҷикон қавме дорои огоҳии зотӣ ё ташаххуси вежаи худ нестанд, то овежа (“объект”)-ро мушоҳида кунанд, балки худашон он овежаи бидуни ихтиёр ҳастанд, дар ихтиёри субже (“субъект”), ки Рус аст.

Ба ҳамин далел, касе чун Шаҳобиддинуф ҳанӯз ба худ ҷуръат намедиҳад нигоҳи он субже (Рус) ба торихи сад сол пеши худро ба чолиш бикашад. Дурӯғзудоӣ аз торихро намепазирад, чун он хилофи торихи бегонанивишт асту ба дилхоҳи сардамдорони низоми кунунӣ ҳам нест. Тарҷеҳ медиҳад ба монанди даврони Шӯравӣ тӯтивор диктаи субжаи худро такрор кунад, ки “босмачиҳо” душман буданду Артиши Сурх дӯст; ҳарчанд аввалӣ (“босмачиҳо”) дар мақоми дифоъ аз хонаву дару зану фарзанду обу хоку сарзамини худ буд ва дувумӣ (Артиши Сурх) дар ҳоли ҳамлаву бумборони сарзамине дурдаст, ғорату чаповули дороиҳои мардуми он, ишғоли он сарзамин ва илҳоқи он ба хоки худ.
 

Яъне ворунагии арзишҳо (вафодорӣ ба таҷовузгар ва хиёнат ба Меҳан), ки дар давраи ишғол ба хурди зеҳнияти мардум дода мешуд, дар зеҳни касоне чун Шаҳобиддинуф русуб кардааст (таҳнишин шудааст). Дар ъилми равоншиносӣ ин гирифториро “сандруми Истукҳулм” (
Stockholm Syndrome) номанд. Сандруми Истукҳулм ҳолати гаравгонест, ки ба гаравгонгири худ дил бохтааст ва ба ӯ вафодор аст, ба гунае, ки ҳозир аст аз касе, ки ҷону молу озодиашро таҳдид мекунад, ҷонбаркаф ва ба таври ихтиёрӣ дифоъ намояд. Яъне дилбохтагию вафодории гаравгон ба гаравгонгири худ.

Вултер табъан бо чунин рӯйкарди мозушистӣ (“мазохистский”) миёнае надошт, балки воруни он, талош мекард нигоҳи мутафовити худ ба торихро дошта бошад; ҳақиқатро бидуни перояи ъақидатӣ (идеулужик) бибинад ва то метавонад, дурӯғро аз домани торихнигорӣ бизудояд. Ин хилофи рӯйкарди Шаҳобиддинуф ба торих ва ъайни рӯйкарди “озодандешони тоҷик”-и мавриди назари ӯст.

Питер Гей (Peter Gay), торихшиноси омрикоии олмонитабор, ки ахиран даргузашт, дар бораи торихнигории Вултер ҳаққи матлабро адо кардаву мегӯяд: торихнигории Вултер бисёр хуб буд ва ӯ васвоси ҳақиқат дошт, яъне ҳамеша мекӯшид, чизеро бигӯяд, ки баростӣ рух додааст ва шавоҳидро бо диққати зиёд баррасӣ мекард ва ҳушмандона мавориди муҳимро бармегузид ва бар ин бовар буд, ки ҳар тамаддуни комиле бояд як воҳиди омӯзишӣ бошад.

Ин дар ҳолест, ки Шаҳобиддинуф дар ъайни ситоиши Вултер бо сарзаниши “озодандеши тоҷик” мегӯяд:
 

“Агар “озодандеш” ба тафсири воқеаҳо мепардозад ва бо фактҳои таърихӣ худро машғул медорад, онгоҳ ӯ аз бемоягии худ дарак медиҳад. Таваҷҷуҳи ҳамаи озодандешони боасолати башариро дар ҳар давр маҳз идея ва арзишҳои воло ба худ ҷалб намудааст ва ба ибораи дигар онҳо ҳамеша бо таърихи фикри башар сару кор гирифтаанд, на бо таърихи хушки воқеаҳо”.

Бо таваҷҷуҳ ба нукоте, ки пештар баён шуд, метавон бо итминон гуфт: сухани Шаҳобиддинуф сад дарсад таҳқири тамоми корҳои арзишмандест, ки Вултер дар заминаи торихнигорӣ анҷом додааст. Китобҳои “Торихи Шорли Дувоздаҳум” ва “Ъаҳди Луии Чаҳордаҳум” ба қалами Вултер саршор аз “фактҳои таърихӣ”-ест, ки Вултер хоҳони нигоҳи тоза ба онҳо буд. Шаҳобиддинуф бо он донише, ки ба намоиш гузошта, Вултерро ҳам “бемоя” медонад? Ё дар воқеъ дучори як таноқузгӯии дигар шудааст? “Таърихи фикри башар” ҷудо аз раволи торихӣ ё “таърихи хушки воқеаҳо” нест, балки дарҳам танида аст. Масалан, агар бихоҳем дар бораи торихи ъасри Равшангарӣ дар Урупо суҳбат кунем, магар метавон аз рӯйдодҳои торихии садаи 18 дар Урупо ғофил буд? Чигуна мешавад дар бораи андешаи “свароҷ”-и Моҳотмо Гондӣ гуфт, агар аз воқеъиятҳои садаҳои 18 то 20 дар Ҳиндустон огоҳ нестем? Ин идеҳо, мафҳумҳо, андешаҳо дар танидагӣ бо рӯйдодҳои торихӣ аст, ки маъное пайдо мекунад ва дар воқеъ мафҳуми тамомъайёр мешавад.
 

Ҳоло бигзарем аз ин ки манзури Шаҳобиддинуф аз “идея ва арзишҳои воло” чи будааст, чун худи ӯ инҷо бар хилофи Вултер муртакиби арзёбии идеулужик шудааст. Чун чизе, ки Шаҳобиддинуф “арзиши воло” медонад, илзоман барои мани навъӣ арзише маҳсуб намешавад. Масалан, хушхидматӣ ба ишғолгару таҷовузгари худ шояд барои ӯ арзиш бошад, аммо барои ман хиффат аст. Ҳимоят аз мудофеъони бумии ҳар сарзамине дар баробари таҷовузи хориҷӣ шояд барои ӯ зиддиарзиш бошад, аммо барои ман арзиш аст. Шояд Шаҳобиддинуф дурӯғзудоӣ аз торихро ногузир надонад, аммо ҳастанду буданд касоне чун Вултер, ки ин корро вазифаи худ медонистанду медонанд.
 

Шаҳобиддинуф, ки зоҳиран улгуи зиндагиаш Вултер аст (аммо шӯрбахтона, аз ӯ шинохти хубе надорад), мегӯяд:

«Волтер аз Англия чи бардошт кард ва “озодандешон”-и мо чи бардоште кардаанд? Волтер ҳамагӣ се сол дар Англия буд, аммо инҳо як умр. Волтер ва дигар рушанфикрон ба осори Нютон, Франсиз Бекон, Ҷон Локк, Томас Ҳобс ва дигарон таваҷҷуҳ намуданд, аммо чунин ба назар мерасад, ки ба истилоҳ “озодандешон”-и мо ҳеҷ вақт ба ҳеҷ як назароти пешрафтаи сиёсӣ ва ё иҷтимоии дар Англия ва урупо мавҷудбуда таваҷҷуҳ нанамуданд, то андозае ба буҳрони тозаандешӣ гирифтор ҳастанд, ки берунтар аз тасаввуроти асримиёнагии худ иқдоми фарохтаре анҷом надодаанд».

Оё дар ҷаҳон фарҳехтае ҳаст, ки вафодорӣ ба Меҳани худ ва мухолифат бо ҳамла ба сарзамини худро ҷузъе аз “тасаввуроти асримиёнагӣ” бидонад? Оё касе, ки андак тӯшае аз дониш дар бисоташ дорад, метавонад мунодии паёми хиёнат ба Меҳан бошад? Фикр намекунам. На касе аз бузургони инглисие, ки Шаҳобиддинуф ном бурдааст, чунин гуфтаанд ва на Вултер. Балки воруни он, ҳамагон дар фикри таҳкими худшиносии милали худ ва бунёди ояндае равшан, ба дур аз зӯру таъаддии худию бегона буданд. Худгардонӣ (
self-government) аз мабоҳиси рӯзмарраи филсуфоне чун Ҷон Локу Тумос Ҳобз буд; ба гунае, ки Ҷон Лок мегуфт, на танҳо кишвар бояд мустақил бошад, балки ҳар фарди кишвар ҳам бояд аз озодию истиқлол баҳра бибарад. Аз ин рӯ “асримиёнагӣ” донистани идеҳои меҳандӯстӣ ва ҳифзи истиқлоли кишвар ҳарфи газофе беш нест.

Шаҳобиддинуф мегӯяд: “Озодандешон, инқилобчиён ва таҷдидгарон муваффақи ҷаҳонӣ ҳамеша аз ҳудудҳои маҳдуди қавмии худ мерун баромада идеяҳо ва арзишҳоеро, ки барои раҳнамунии башар ба сӯи пешрафт ва инкишоф мусоидат намудаанд, ҳамаруна марзҳо ва мрнеаҳоро шикастаанд».

Барои як фарди огоҳ пур равшан аст, ки на ҳар озодандеше хоҳони инқилоби сиёсист, балки, дар воқеъ, бештари озодандешон бо дарки масъулияти худ дар баробари миллат ғолибан хоҳони эҷоди инқилоби зеҳнӣ буданду ҳастанд. Чун хуб медонанд, ки дастёбӣ ба таҳаввулоти ниҳодинаи мусбат, ки ба беҳзистии мардум мусоъидат кунад, аз роҳи инқилоби зеҳнӣ муяссар мешавад, на сиёсӣ.
 

Барои намуна, Инқилоби Уктубри Русия ва сарнагунии салтанат барои он кишвар зиёнҳои фаровоне дар пай дошт ва имрӯз ҳам подшоҳи он бо номе дигар (Раисиҷумҳур) ҳукумат мекунад. Яъне муваффақ нашуд истибдоди раъйро аз байн бибарад. Ҳанӯз ҳам тамаркузи қудрат дар дасти як нафар аст. Салтанат бо ному созукоре дигар побарҷост; фақат номаш ъиваз шудааст.
 

Дар ҳоле ки инқилоби зеҳнӣ дар Бритониё ниҳоди салтанатро ба шакли машрутаю ташрифотӣ ҳифз кард (ба далели ҳифзи якпорчагии кишвар ва нуфузи он бар кишварҳои ҳамсуд), аммо худи салтанатро аз байн бурд ва имрӯза маликаи Бритониё ҳатто аз ҳаққи камтаре нисбат ба мардумаш барои изҳори назари сиёсӣ бархурдор аст. Дар воқеъ, чунин ҳаққе надорад. Ва ъамалан, ҳукумат дар дасти касонест, ки мардум баргузидаанд. Ба ин мегӯянд бароянди як инқилоби зеҳнӣ.
 

Аммо ин ки озодандешон “ҳамеша аз ҳудудҳои маҳдуди қавмии худ берун баромада идеяҳо ва арзишҳоеро, ки барои раҳнамунии башар ба сӯи пешрафт ва инкишоф мусоидат намудаанд”, андаке тавзеҳ мехоҳад. 

Бале, андешамандон пайваста кӯшидаанд аз андӯхтаҳои насли башар – он чи дар Ҳинду Эрон бошаду чи дар Чину Юнон – биомӯзанд. Бад-ин манзур, сайру сафар мекарданд, забонҳои дигарро меомӯхтанд, осори милали дигарро мехонданд, таҳлил мекарданд ва ҳамаи инҳоро пеш аз ҳама ба забони модарӣ ё миллии худ бозгӯ мекарданд, то боъиси пешрафти мардуми сарзамини худ шаванд. Ва ъалоқаманд ҳам буданд, ки милали дигар ҳам ба сухани онҳо гӯши ҷон фаро диҳанд, то ҷаҳон ҷои беҳтаре барои зиндагии насли башар шавад. Ва ҳаргиз ошноии онҳо бо забону фарҳангу осори милали дигар боъиси беарҷии онҳо ба забону фарҳангу миллати худашон намешуд. Шӯрбахтона, ин вежагии бархе аз “окодеминишин”-ҳои пешину кунунии Тоҷикистон аст, ки бо андаке ошноӣ бо забону фарҳанги русӣ пайваста дар ҳоли таҳқири забону фарҳангу пешинаи худ будаанду ҳастанд.

Агар манзури Шаҳобиддинуф аз шикастани “ҳамагуна марзҳо ва монеаҳо” тамоюли он андешамандон ба хиёнат ба миллату Меҳани худ аст, комилан ғалат гуфтааст. Ҳеч як аз андешамандони фарангии мавриди ъинояти ӯ ба миллати худ пушт накарда, аз таҷовузгари аҷнабӣ ҳимоят накарда ва бар мудофеъони сарзамини худ натохтааст. Ин кор аз як фарди фарҳехта дар ҳеч ҷои дунё барнамеояд.

Дар идома Шаҳобиддинуф бо таърифу тамҷид аз Фридриш Ничеи олмонӣ ва филсуфони Юнони бостон дубора ба пиндошти ғалаташ аз “озодандешони тоҷик” бармегардаду мегӯяд:

“Агар онҳо (андешамандони ғарбӣ - Д.Р.) бо таассуби миллӣ ва нажодии худ худро маҳдуд менамуданд ва чизакҳоеро аз муборизаҳои юнониҳо бар зидди эрониҳо асос қарор дода раҷазхонӣ ва мухахрафотнависӣ менамуданд, онгуна ки озодандешони бемояи мо имрӯзҳо анҷом медиҳанд, ҳеҷ вақт аз худ чеҳраҳои мондагори башарӣ боқӣ намегузоштанд.”

Ин оқо, ки мегӯяд аз фалсафа огоҳ аст, бояд тафовути миёни “таъассуби миллию нажодӣ” ва меҳандӯстию хидмат ба миллатро бидонад. Шувинисм ё таъассуби миллию нажодӣ ҳамонест, ки дар ъаҳди Шӯравӣ ва имрӯз ҳам аз сӯи Кремлин мушоҳида мешавад. Тахриби фарҳангҳои дигар, муҳандисии забонҳои миллии дигар, вопасмонда нигаҳ доштани милали дигар, тавҳин ба қавмҳову миллатҳои дигар (ҳар миллате ҷуз рус) нишонаҳои боризи шувинисм аст, ки аз паёмадҳои сиёсатҳои Кремлин аст ва имрӯз ҳам ғайрирусҳо онро рӯи пӯсту устухони худ эҳсос мекунанд. Аммо талош барои бознигарӣ ва бознивисии торихи бозмонда аз ъаҳди ишғол, пайкор ъалайҳи дурӯғҳои таҳмилии ишғолгар, барои барқарории ъадолати торихӣ, барои дифоъ аз ҳуқуқи поймолшудаи мардуми сарзамини ишғолӣ дақиқан ъайни муқобила бо шувинисм аст, на “таъассуби миллию нажодӣ”.

Ҳамон Фридриш Ничеи маҳбуби Шаҳобиддинуф аз нахустин филсуфоне буд, ки истилоҳи “миллият”-ро вориди корҳои ъилмӣ кард. Ӯ борҳо ба мафҳумҳои “миллат”-у “миллият” пардохта ва дар китоби “Инак инсон: чи буду чи шуд” (
Ecce homo: Wie man wird, was man ist) нивишта буд: “Ман шояд олмонитар аз олмониҳои навин бошам”. Пас Ниче ҳам як инсони беҳувияти миллатбезоре набудааст.

Дар идомаи матлабаш Шаҳобиддинуф дубора муртакиби “хато”-е мешавад, ки худаш нишонаи “бемоягӣ”-и “озодандеш”-и тоҷик хонда буд: руҷӯъ ба ҳақоиқи торихӣ. Мегӯяд:
“Шоҳи мутлақгарои Луи 14-ум, қалъаи Бастилия, мактубҳои сиррӣ, ки ҳар кадом сарнавишти нафареро ба тариқи фоҷиавӣ барбод медод ва ниҳоят таъсири ниҳоят сахти масеҳият. Аммо дар ин замон пешрафт дар Англия назаррабо буд.”

Дар ҳоле ки пештар гуфта буд: ““Агар “озодандеш” ба тафсири воқеаҳо мепардозад ва бо фактҳои таърихӣ худро машғул медорад, онгоҳ ӯ аз бемоягии худ дарак медиҳад.”

Ҳатман дарёфтааст, ки бидуни руҷӯъ ба ҳақоиқи торихӣ (“фактҳои таърихӣ”) наметавон дар чунин мавзӯъҳое изҳори назар кард.

Аммо Инқилоби Фаронса, ки ин ҳама Шаҳобиддинуфро шефтаи худ кардааст, модари мафҳуми “миллигароӣ”-ст, ки ӯ аз он безорӣ меҷӯяд. Дар воқеъ, андешаҳои нивисандагони давраи Равшангарӣ, ба монанди Мунтескйу, Ҷон Лок, Вултер ва Русу буд, ки нутфаи идеи миллигароӣ (
proto-nationalist ideas)-ро баст, ки бар Инқилоби Фаронса таъсири шигарфе гузошт. Ин андешамандонг ҳар кадом дидгоҳи мутафовите дар бораи миллат доштанд ва ҳар як шакли идеоли худ аз давлатдорию ҷомеъаву иқтисоду динро тарсим мекард. Аммо бидуни шакк нивиштаҳои ҳамин филсуфон буд, ки ба бурузи миллигароӣ дар ҷараёни инқилои 1789 мусоъидат кард. Идеи “ҳаққи таъйини сарнивишти миллат” (national self-determination) дар Урупо барои нахустин бор зери танини шиъори “Озодӣ”, Баробарӣ, Бародарӣ!”-и ҳамин инқилоб падид омад. Пас боз ҳам ба оқои Шаҳобиддинуф бояд гуфт, миллатситезии худашро анешаи ҳеч андешаманде надонад. Зеро чунин бузургворе то кунун набудааст.

Идомаи матлаби Шаҳобиддинуф ҳам саршор аз иддиъоҳои ҳамонандест, ки аз шинохти ғалати ӯ ҳам аз филсуфони Ғарб ва ҳам аз “озодандешони тоҷик”-и ланданӣ ношӣ мешавад. Агар ҳамин нивиштаи маро мӯбамӯ бихонад, ба ҳамаи эродҳояш посух хоҳад ёфт. Аммо ин ки оё тан ба мантиқ хоҳад дод ё даргири таъассуб хоҳад монд, пурсишест, ки феълан посухе барояш надорам.

Дар поёни матлабаш дубора руҷӯъе карда ба Вултери озодманиш, ки бояд бигӯям, ҳеч синхияте бо Шаҳобиддинуфу ҳамандешонаш надорад. Вултер мегӯяд: Озод бош! Шаҳобиддинуф мегӯяд: Дарбанд бимон! Мусалламан, фармоиши аввалӣ ъоқилонатар аст.

Вултер дар ҳамон ду-се соле, ки дар Инглистон монду инглисиро фаро гирифт, гуфта буд:

How I love the English boldness! How I love those who say what they think!”
(Тарҷума: “Ох чи қадр ман бебокии инглисиро дӯст дорам! Чи қадр дӯст дорам касонеро, ки ончи меандешанд, мегӯянд!”).

Шӯрбахтона, чунин ҳарферо наметавон дар бораи Шаҳобиддинуфу ҳамандешонаш гуфт. Сарсупурдагӣ ба дастурҳои як нерӯи ишғолгари мутаҷовиз ва таъйиди сухани ғалати расмӣ ҳаргиз аз нишонаҳои як фарди бебоку озодманиш набудааст.