Барои
осонии пайгирии мавзӯъ пораҳое аз суҳбатҳои Иброҳим Усмоновро нақл
мекунам ва ба дунболи он бардошти худам аз мавзӯъро меоварам.
Иброҳим Усмонов: Ман
донистан мехоҳам, ки чаро халқи эрониасли тоҷикро на қавмҳои дигари
Осиёи Миёна, масалан, пантуркистҳо, соҳиби ин ватан ҳисоб намекунанд ва
на як гуруҳ ҷавонони имрӯзаи тоҷик, ки худро “форс” меҳисобанд.
Дориюш Раҷабиён: Вожаи
“порс” (ки тозишудаи он “форс” аст), дар даврони бостон ва садаҳои
миёна ба маънои қавме аз ақвоми эронӣ буд, бархоста аз сарзамини Порс.
Форс имрӯза яке аз 31 устони Эрон аст. Порс дар қалби таҳаввулоти сиёсии
даврони бостон қарор дошт ва ба ҳамин далел ҳам барои бегонагон саропои
Эрон Persia (Порс) ба шумор меомад. Ба монанди устони Ҳуланд дар соҳили
ғарбии кишваре, ки ба забони бумӣ онро Nederland номанд; феълан устони
Ҳуланд кӯчактар шуда ва сирфан як минтақаи он кишвар аст. Аммо барои
хориҷиҳо саропои он сарзамин ҳамчунон Ҳуланд аст ва тамоми мардуми бумии
он – ҳуландӣ. Ҳамин намуна дар мавриди Инглистон ҳам сидқ мекунад, ки
сирфан бахше аз Бритониёст, аммо барои бисёре аз бегонагон тамоми он
сарзамин Инглистон (Англия) маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ набояд таъаҷҷуб
кард, вақте ки дар навиштаҳои куҳан, чи дар Ғарбу чи дар Шарқ, ба тамоми
Эронзамин “Форс” (Persia) ҳам мегуфтанд ва “форс” (Persian) ба ҳамаи
мардумони бумии Эронзамин итлоқ мешуд.
Имрӯза бо тағйиру
таҳаввуле, ки дар таркиби қавмию нажодии афрод сурат гирифта, суҳбат аз
қавми сараву поки порс ё ҳар қавми дигаре бемаъност. Бад-ин ҷиҳат, ҳар
он касро, ки аз нажоди эронисту забони модариаш порсист, мешавад “порс”
номид. Садриддин Айнӣ дар соли 1919 ҳеч ибое надошт, ки тоҷиконро
“форсиён” биномад ва дар мақолае навишта буд: “Бадбахтона, мо, форсиён,
ҳанӯз дар кӯчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем” (“Танвири афкор”, 1919). Ва
“форсиён” барои устод Айнӣ ва бузургони дигари даврон мутародифи вожаи
“тоҷик” буд. Ба монанди вожагоне чун “деҳгон” ва “порсивон”.
Дар
идомаи мабҳас ба ин мавзӯъ бармегардем. Аммо инҷо бояд ба бардошти
иштибоҳе, ки Иброҳим Усмонов дорад, ангушт гузошт. Ҳеч тоҷикеро
надидаам, ки бо порс донистани худ ҳаққи тоҷикон бар сарзамини паҳновари
Осиёи Миёнаро зери суол бурда бошад. Порс будани бисёре аз тоҷикон ба
ин маъно нест, ки онҳо аз устони Форси Эрони кунунӣ омадаанд, балки
бад-ин маъност, ки соҳибони ин сарзамин эрониёне ҳастанд, ки имрӯза
умдатан забони порсӣ забони модаришон аст. Яъне “тоҷик” мутародифи
“эронӣ” аст ва забони модарии ҳамаи эрониён порсӣ нест. Метавонад яке аз
забонҳои эронии шарқӣ, мисли забонҳои помирӣ ё яғнобӣ бошад. Аммо
ҳамагӣ тоҷик, яъне эронӣ ҳастанд.
Иброҳим Усмонов: Пас
аз милод ба номи Эрон давлат набуд. Аврупоиҳо Эрони имрӯзаро Форс
мегуфтанд (Форсро ба хотири бузургдошти Эрони Бузург Паҳлавиҳо соли 1934
Эрон ном карданд).
Дориюш Раҷабиён:
Барои посух ба ин иддиъои оқои Усмонов ҳамин басанда аст, ки ӯро ба
рисолаи «Шаҳристониҳои Эроншаҳр» ирҷоъ диҳем, ки дар садаи ҳаштуми
мелодӣ ба забони порсии миёна навишта шудааст. Унвони ин китоб батанҳоӣ
бовари оқои Усмоновро ба чолиш мекашад. «Эрон» ва «Эроншаҳр» дар замони
Сосониён ба унвони номи расмии сарзаминашон (ки Тоҷикистони имрӯзӣ ҳам
бахше аз он буд) ба кор мерафт. Шопури Якум (писари Ардашери Якум) дар
сангнабиштаҳояш ба порсии миёна худро šāhānšāh ērān ut anērān (Шаҳаншоҳи
Эрону Анерон) ва ба забони паҳлавӣ šāhānšāh aryān ut anaryān (Шаҳаншоҳи
Ориён ва Анориён) меномад. Ифтихори тамоми фармонравоёни сарзаминамон
ин будааст, ки ба тоҷу тахти Эрон даст ёфтаанд ва адабиёти порсӣ саршор
аз намунаҳое дар ин боб аст. Навиштаеро, ки бар муҳри салтанатии
Сафавиён (1501-1722) мехонед, ин аст: “Шаҳриёри Эрон” (David Blow, Shah
Abbas: The Ruthless King Who Became an Iranian Legend).
Яъне
Эрон барои мардуми бумии ин сарзамин ҳамвора “Эрон” будааст. Аммо бино
ба далелҳое, ки болотар арз шуд, бегонагон онро Persia (Персия)
мехонданд. Соли 1935 мелодӣ иттифоқе, ки уфтод ин буд: Ризошоҳи Паҳлавӣ
бо интишори як баёния аз тамоми кишварҳои ҷаҳон хост, ки аз он рӯз ба
баъд номи бумии сарзаминаш (Эрон)-ро ба расмият бишиносанд ва онро дигар
“Порс” наноманд. Чун мардуми бумӣ сарзаминашонро бо номи “Эрон”
мешиносанд. Намунаҳое аз ин даст дар торих фаровон аст. Масалан, то соли
1989 танҳо номи шинохташудаи Миёнмор барои бегонагон “Бирма” буд. Аммо
давлати низомии он кишвар аз ҳамагон хост, ки номи кишварашонро ба
забони мардуми бумӣ “Миёнмор” бигӯянд. Ва ба ҳамин шева, давлати Ҳинд
номҳои давраи истеъморро тағйир дод ва, масалан, аз ҳамагон хост, ки
номи шаҳри Бамбаӣ (Bombay)-ро на ба имлои инглисӣ, балки ба талаффузи
моротӣ (забони расмии минтақа) ҳиҷҷӣ кунанд ва “Мумбой” (Mumbai)
бигӯянд.
Дар мавриди буъди торихии қазия ҳам бояд инро
афзуд, ки подшоҳони Сомонӣ дар Бухоро таборномаи худро аз Баҳроми
Чӯбинаи Сосонӣ оғоз карда буданд. Баҳроми Чӯбин, сипаҳсолори баноми
Сосонӣ, асолатан аз шаҳри Райи Эрон буд. Таборномаи Сомониён Сомонхудот
(падари падарҷадди Исмоъили Сомонӣ)-ро навосаи Нӯшрад, яке аз фарзандони
Баҳроми Чӯбин муъаррифӣ мекунад. Сомониён на танҳо худро подшоҳони Эрон
медонистанд, балки бонию ҳомии забони порсии даврони худ шуданд ва
марҳилаи тозае аз рушди забони порсиро дар Бухоро оғоз ниҳоданд ва
забони порсиро дубора “дарӣ” (дарборӣ; расмӣ) карданд.
Аз
ин рӯ иддиъои оқои Усмонов дар бораи номавҷуд будани давлате бо номи
“Эрон” пас аз мелоди Масеҳ бисёр шигифтангез ва ғариб аст.
Иброҳим Усмонов: Кадом
мардумро қирғизу ӯзбаку туркман ном буд? Ин номҳо дар адабиёт нестанд,
зеро ҳамаро турк мегуфтанд. Чаро ин қабилаҳои турк аз ягона баданаи худ
берун меоянду мо не? Онҳо бо ифтихор мегӯянд, ки фарҳангу забони мо
туркӣ, аммо мо қазоқу қирғизу ӯзбак ҳастем. Ё славянҳоро бигирем.
Булғор, словен, словак, рус, украин, белорус, чех ва ғайраву ҳоказо,
“ман рус, словак” ва ғайраву ҳоказо мегӯянд, на “ман – славян”. Ҳатто
бинед, чӣ талоше миёни ду бародар – русу украин меравад. Ман ҷонибдори
ин нестам, аммо ин талош барои мустақилият ва ҳуввият аст. Дар мо чӣ?
Тамоман баръакс.
Дориюш Раҷабиён: Даъвати
оқои Усмонов ба фаслу парешон кардани эрониён ва тафриқа андохтан миёни
онон метавонад сирфан далоили сиёсӣ дошта бошад, аммо илмҳои
забоншиносию мардумшиносӣ бо ин фарохон муғоират доранд. Нафси ин ки
оқои Усмонов эрониёни порсигӯро бо қавмҳои чандзабонаи турктабор (қазоқу
қирғизу узбак) ва ислов (булғорию, ислувену ислувоку русу укроинию
белорусию чеку ғайра) муқоиса мекунад, гӯёи ишкол дар дарки ӯ аз мавзӯъ
аст. Чаро? Зеро мардумони турктабору ислов, бо вуҷуди ягонагии решаи
нажодишон, ба забонҳои мухталиф сухан мегӯянд; ба гунае, ки дидорҳои
расмии сарони он кишварҳо ба мутарҷим ниёз дорад. Барои намуна, «pozor”
дар забони чекӣ ба маънии “таваҷҷуҳ” асту дар забони русӣ ба маънои
шармсорию русвоӣ. На танҳо вожагони ин забонҳо мутафовит аст, балки дар
мавориде сарфу наҳвашон ҳам бо ҳам яксон нест. Масалан, дар забони
булғорӣ ҳолати масдар вуҷуд надорад ва феъли аввалшахсро ба таври машрут
ба унвони масдар пазируфтаанд. Тафовут миёни забонҳои туркибун ҳам ба
ҳамин андоза зиёд аст. Кӯтоҳсухан, муқоисаи онҳо бо эрониёни порсигӯ
қиёси номарбут ва беҷост. Суҳбати мо дар бораи мардумонест, ки аз як
тираи нажодӣ (эронӣ) бархостаанд ва ба як забони воҳид (порсӣ) суҳбат
мекунанд. Ин мардумонро тоҷик ё эронӣ номанд. Бахши аъзами тоҷикон ё
эрониён ба забони порсӣ суҳбат мекунанд ва онҳо порс ё порсивон ҳастанд.
Бархе аз тоҷикон ҳам ҳастанд, ки ба забонҳои эронии ғайр аз порсӣ
суҳбат мекунанд, аммо ҳамчунон эронианд. Яъне забони порсӣ унсури
таъйинкунанда барои тоҷикон нест, балки як забони эронӣ ҳамроҳ бо табори
эронӣ аст, ки онҳоро тоҷик (эронӣ) мекунад. Вақте ки медонем табору
нажоди як кас эронист ва забонаш ҳам эронист, чигуна метавонем ҳувияти
миллии ӯро ғайриэронӣ бидонем?
Иброҳим Усмонов: Суол
мешавад: чӣ фарқ аст миёни пантуркисте, ки мегуфт, тоҷик дар Осиёи
Миёна нест ва онҳое, ки мегӯянд, “мо форсем, на тоҷик”? Ҳарду ҳам будани
тоҷикро дар хонаи азалии худаш инкор мекунанд.
Дориюш Раҷабиён: На
ҳеч понтуркистеро мешиносам, ки мункири ҳузури тоҷикон дар Осиёи Миёна
бошад ва на тоҷикеро дидаам, ки худро порс бидонаду тоҷик на. Ин иддиъо
дар зиндагии воқеъӣ мисдоқе надорад. Понтуркистҳо ин пиндорро
мепарокананд, ки тоҷикҳо аз Эрони имрӯзӣ ба минтақа муҳоҷират кардаанд.
Гуфтам «пиндор», чун як сухани газофу бепоя аст. Эрониён аз дербоз,
ҳатто пеш аз ин ки пояшон ба Эрони имрӯзӣ бирасад, дар Фарорӯд
(Мовароуннаҳр, Осиёи Миёна) ҳузур доштаанд. Паҳнаи Ориёно, ки баъдан
номи он тағйири шакл доду «Эрон» шуд, ҳамвора минтақаи моро ҳам дарбар
доштааст. Истробу (Страбон) дар садаи якуми пеш аз мелод дар китоби
“Ҷуғрофиё”-и худ менависад: “Номи “Ориёно” ба сарзаминҳои дигар ҳам
итлоқ мешавад; ба бахшҳое аз Порсу Мод ва ҳамин тавр ба сарзаминҳои
бохтариёну суғдиён дар шимол; зеро онҳо тақрибан ба як забон такаллум
мекунанд; гӯишҳои онҳо тафовути андаке дорад”. (Strabo, Geography, 15.8)
Яъне
ин ҷуғрофидон, файласуф ва торихдони юнонии даврони бостон бохтариёну
суғдиён (пешиниёни мо)-ро дар канори порсҳову модҳои он замон дар як
қаламрав қарор дода ва забони ҳамаи онҳоро тақрибан яке дониста, бо
тафовутҳое андак.
Пас ба ҳеч рӯй суҳбат аз “омада”
будани тоҷикон (эрониён) дар Осиёи Миёна нест. Осиёи Миёна
(Мовароуннаҳр, Фарорӯд), аз замоне ки торих мактуб шуда, сарзамини
эрониён (тоҷикон) буд ва боқӣ мондааст. Суҳбат аз ин аст, ки вожаи
“тоҷик” дар бофтор (контекст)-и торихию фарҳангию адабӣ сирфан
мутародифи “эронӣ” аст.
Фирдавсии Тӯсӣ ҳам дар дар тафсири мавзӯъ бештар аз Истробу сиҳҳа гузошта ва шаҳрҳои Эронро ингуна баршумурдааст:
Ҳар он шаҳр, к-аз марзи Эрон ниҳӣ,
Бигӯ, то кунам он зи туркон тиҳӣ.
Аз Эрон ба кӯҳ андар ояд нахуст
Дари Ғарчагон аз бари буми Буст.
Дигар Толиқоншаҳр то Форёб,
Ҳамедун дари Балх то Андароб.
Дигар Гӯзгонони фархундаҷой
Ниҳодаст номаш ҷаҳон-кадхудой.
Дигар Мӯлиён то дари Бадхишон,
Ҳамин аст аз ин подшоҳӣ нишон.
Фурӯтар дигар дашти Омӯйу Зам,
Ки бо шаҳри Хатлон барояд барам.
Чу Шигнону Тирмизу Висагирд,
Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд.
Ҳамедун бирав, то дари Суғд низ,
Наҷӯяд касе подшоҳӣ ба чиз.
В-аз он сӯ, ки шуд Рустами гардсӯз,
Супорам ба ӯ кишвари Нимрӯз…
Бигӯ, то кунам он зи туркон тиҳӣ.
Аз Эрон ба кӯҳ андар ояд нахуст
Дари Ғарчагон аз бари буми Буст.
Дигар Толиқоншаҳр то Форёб,
Ҳамедун дари Балх то Андароб.
Дигар Гӯзгонони фархундаҷой
Ниҳодаст номаш ҷаҳон-кадхудой.
Дигар Мӯлиён то дари Бадхишон,
Ҳамин аст аз ин подшоҳӣ нишон.
Фурӯтар дигар дашти Омӯйу Зам,
Ки бо шаҳри Хатлон барояд барам.
Чу Шигнону Тирмизу Висагирд,
Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд.
Ҳамедун бирав, то дари Суғд низ,
Наҷӯяд касе подшоҳӣ ба чиз.
В-аз он сӯ, ки шуд Рустами гардсӯз,
Супорам ба ӯ кишвари Нимрӯз…
Иброҳим Усмонов: Асоси
тоҷик дар Бухорову Самарқанд аст. Бақия вилоятҳои Ӯзбакистонро худатон
медонед. Дар вилоятҳои Бодканд, Ҷалолобод ва Ӯши Қирғизистон ва Чимкенту
Ҷамбули Қазоқистон ҳам тоҷикони таҳҷоӣ ҳастанд, на кӯчидарафта ё
мардикор.
Дориюш Раҷабиён: Ташхиси
маҳалли асосии “тоҷик” аз сӯи оқои Усмонов пурсишбарангез аст. «Асоси
тоҷик дар Бухорову Самарқанд аст», агар дидгоҳе маҳалгароёна ва
ғайриъилмӣ нест, ки чист? Чигуна ва бар мабнои чи меъёру милокҳое
мешавад маҳалли асосии «тоҷик»-ро мушаххас кард? Ва бар пояи чи далелҳои
илмие мешавад тоҷикони дигарро “ғайриасосӣ” ва фаръӣ донист?
Вожаи
“тоҷик” аз садаи 11-уми мелодӣ ба баъд барои эрониён ба кор меравад.
Нахустин мавриди корбурди он тавассути Юсуфи Баласоғунӣ, торихнигори
уйғур, дар китоби “Кутадгу билиг” ба мушоҳида расида, ки ӯ эрониёнро
“тоҷик” меномад. Восилӣ Бортулд (Василий Бартольд), ховаршиноси
олмонитабори Русия, дар соли 1910 рисолае ғарро навишт бо номи “Таджики”
(“Тоҷикон”) ва барои нахустин бор бо истинтоҷ аз тамоми навиштаҳои
муртабит дар тӯли торих ба забони содаву расои илмӣ далели итлоқи ин ном
ба эрониёнро тавзеҳ дод:
“Вожаи “тойчик” дар забони
паҳлавӣ, “точик” дар забони арманӣ ва “дошӣ” дар забони чинӣ ҳам ба
маънои “араб” аст. Зоҳиран, дар Осиёи Миёна ҳам мардуми эронии бумӣ
ишғолгарони мусалмонро чунин меномиданд; чун бино ба бардошти мардумони
он даврон, ҳар эроние, ки ба ислом гаравида, араб мешуд (руҷ. Торихи
Табарӣ, II, 1508, 13), ин вожа ба маънои “мусалмон, марди дастандаркори
густариши фарҳанги исломӣ” вориди забони туркҳо ҳам шуд. Ва чун бештари
мусалмононе, ки туркҳо мешинохтанд, эронӣ буданд, вожаи “теҷик” дар
забони туркҳо ба маънои “эронӣ” ба кор мерафт. Маҳмуди Кошғарӣ (I, 324)
вожаи “тежик”-ро “порс” (ал-форисӣ) маъно мекунад. Китоби “Кутадгу
билиг” ҳам ки дар ҳамон давра навишта шуда, “теҷикҳо”-ро ғайриъараб ва
порс медонад (Радлов, Словарь, III, 1096). Эрониён ҳам, дар ҳоли тақобул
бо фармонравоёни туркашон дар он давра худро “тозик” меномиданд (Торихи
Байҳақӣ, нашри Морлей, сафҳаи 746). Пайваста бар тақобул ва ихтилофоти
турку тоҷик таъкид мешуд ва иддиъо мешуд, ки равобити дӯстонаву
хешовандӣ миёни турку тоҷик ҳамеша поёни баде дошта ва ин ки тоҷик
ҳаргиз наметавонад ба турк эътимод кунад (Заҳириддини Маръашӣ, 248,
253).”
Ин таъбири устод Бортулд, фориғ аз балоёи
ақидатию сиёсие, ки ҳафт сол баъд (1917) домангири илми сарзаминаш шуд,
посухгӯи ҳамаи пурсишҳои мо дар бораи вожаи “тоҷик” аст. Шигифтиангез
аст, ки дар маросими рӯнамоии китоби Иброҳим Усмонов ҳам ҷаноби Усмонов
ва ҳам оқои Абдуннабӣ Сатторзода дам аз эътибори фармудаҳои муртабити
устод Бортулд мезаданд, аммо зоҳиран ба мағзи каломи ӯ дар рисолаи
“Тоҷикон” таваҷҷуҳи кофӣ надоштаанд. Вагарна бо такя бар ин тафсири
мантиқию торихӣ метавонистанд корбурди вожаи “тоҷик” дар ториху адабиёти
порсиро маъно кунанд. Дар ториху адабиёти порсӣ ин вожа ҳама ҷо ба
маънои “эронӣ” омадааст, бавежа дар тақобул бо “турк”:
Аз баҳри Худо, ки моликон ҷавр
Чандин накунанд бар мамолик.
Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик. (Саъдии Шерозӣ)
Чандин накунанд бар мамолик.
Шояд ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик. (Саъдии Шерозӣ)
Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш,
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад. (Саъдии Шерозӣ)
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад. (Саъдии Шерозӣ)
Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст
Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар ҷонро. (Мавлавӣ)
Чу ҷон бо тан, валекин тан набинад ҳеч мар ҷонро. (Мавлавӣ)
Туркӣ ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
Ман соъате туркӣ шавам, як лаҳза тоҷикӣ шавам. (Мавлавӣ)
Ман соъате туркӣ шавам, як лаҳза тоҷикӣ шавам. (Мавлавӣ)
Як ҳамлаву як ҳамла, к-омад шабу торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, не нармию тоҷикӣ. (Мавлавӣ)
Чустӣ куну туркӣ кун, не нармию тоҷикӣ. (Мавлавӣ)
Резахори наволаи карамаш
Турку тоҷику бандаву озод. (Ҳотифи Исфаҳонӣ)
Турку тоҷику бандаву озод. (Ҳотифи Исфаҳонӣ)
Туро додор турк асту ту тоҷик,
Бимонда бар сари ин роҳи борик (Аттори Нишопурӣ)
Бимонда бар сари ин роҳи борик (Аттори Нишопурӣ)
Бипурс ҳоли ман аз чашми худ, ки ин маънӣ
Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст. (Салмони Соваҷӣ)
Ҳикоятест, ки маълуми турку тоҷик аст. (Салмони Соваҷӣ)
Аз
ин намунаҳо фаровон аст. Ва ҳама ҷо мо он тақобули миёни турку тоҷикро
мебинем. “Тоҷик” ҳама ҷо ба маънои эронӣ омада, аммо танҳо дар мавориде
ба кор рафтааст, ки дар баробари он “турк” қарор мегирад. Чаро? Чун
“тоҷик” ба маънои эронии мусалмоне, ки барои туркон исломро ба армуғон
оварда, мавриди корбурди туркон буд. Ба монанди “аҷам”, ки ба маънои
“эронӣ” дар миёни арабҳо мутадовил буд ва дар забони порсӣ ҳам тақобули
“арабу аҷам”-ро сохт. Дуруст ба монанди “турку тоҷик”. Ва ҳамсоягии
эрониёни Осиёи Миёна бо қавмҳои турктабор ин номро саранҷом ниҳодина ва
расмӣ кард.
Иброҳим Усмонов: Ангелиус,
муаррихи голландӣ ҳанӯз асри 17 ба Хуросон омада, бо ҳайрат менависад,
ки дар кишвари Форс мардум худро тоҷик мегӯянд. Сафири аввалини Британия
дар Афғонистон навиштааст, ки мардуми Кобул пурра тоҷиканд ва аз он ба
шимол ҳам ҳама тоҷиканд…
Дориюш Раҷабиён: Ин
нуктае, ки оқои Усмонов зикр кардааст, хилофи бовари ӯро собит мекунад.
Дар садаи 17-уми мелодӣ, замоне ки сарзаминҳои эронӣ таҳти султаи
дудмонҳои турктабор буданд, мардуми “кишвари Форс” худро тоҷик
мегуфтаанд. Оё ин ба маънои мутародиф ё ҳаммаъно будани “тоҷик”-у
“эронӣ” нест, ки чист? Ё тасаввур бар ин аст, ки он одамон ҳамагӣ аз
Тоҷикистони имрӯзӣ ба Форс муҳоҷират карда буданд? На. “Тоҷик” ҳамвора
мутародифи “эронӣ” будааст. Ин ҳақиқати илмиро бояд бидуни айнакҳои
сиёсӣ дид.
Иброҳим Усмонов: Тоҷикону
ҳазораҳо – тоҷикзабонҳо 45 дарсади аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд.
Дар Чин сарикӯлиҳо ба сар мебаранд, ки беш аз 60 ҳазор гуфта мешаванд.
Дориюш Раҷабиён: Дар
Афғонистон ҳеч аҳади порсигӯе худро «тоҷикзабон» намедонад. Порсигӯ,
порсивон, порсизабон истилоҳоти қобили қабул барои ҳамзабонони мо дар
Афғонистон ва фаротар аз он аст. Чун «забони тоҷикӣ» як истилоҳи сиёсии
офаридаи Иттиҳоди Шӯравӣ аст ва корбурди он сирфан дар ҳавзаи расмист ва
фаротар аз қаламрави Шӯравии пешин ба кор намеравад.
«Тоҷикзабон» номидани порсигӯён ғалати торихӣ ва забоншинохтӣ ҳам ҳаст. Чаро?
Ҳамон
гуна ки дар бахшҳои пешини ин ҷустор арз шуд, «тоҷик» ба маънои «эронӣ»
аст, на танҳо «форсизабон». Яъне забони модарии як тоҷик (эронӣ)
метавонад порсӣ набошад, аммо ҳатман яке аз забонҳои эронист. «Тоҷикӣ»
хондани забони порсӣ барои тамомияти миллат дар Тоҷикистон ҳам хатарбор
аст. Мо тоҷиконе дорем, ки забонашон порсӣ нест. Тоҷикони Помиру Яғноб
порс ё порсизабон нестанд, аммо тоҷик ё эронианд. Пас бар пояи кадом
далели илмие мешавад забони порсиро «тоҷикӣ» номид? Оё порсӣ танҳо
забони тоҷикон аст? На. ЗабонҲОи тоҷикӣ (эронӣ) дорем, аммо як забони
воҳиди тоҷикӣ (эронӣ) вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, «тоҷикӣ» хондани забони
порсӣ – гузашта аз ин ки як амри сиёсист – ба маънои дувумдараҷа
донистани тоҷикони нопорсизабон аст. Ин таъбир барои тамомияти миллии
тоҷикон ҳам хатар дорад. Худи оқои Усмонов суҳбат аз тоҷикони сарикулӣ
дар Чин мекунад. Вале оё ӯ медонад, ки забони ин тоҷикон порсӣ нест,
балки сарикулӣ (яке аз забонҳои помирӣ ва эронии шарқӣ) аст? Пас ба чи
далеле муваҷҷаҳ бояд забони порсиро “тоҷикӣ” номид?..
Иброҳим Усмонов: Дар
Покистон, намедонам касе худро тоҷик меномад ё не, аммо як зани
покистонӣ дар Аврупо вазир шуда, худро тоҷик муаррифӣ кард, яъне
ҳастанд. Дар Эрон ҳам бовар дорам, ки тоҷикон ҳастанд, балки инро ман
шахсан дидаам.
Дориюш Раҷабиён: Он
зани покистонӣ, ки оқои Усмонов мегӯяд, Ҳадя Тоҷик аст. На вазир, балки
ҳамванд (узв)-и порлумони Нурвеж (Норвегия). Ҳадя Тоҷик ҳуқуқдон,
рӯзноманигор ва сиёсатмадори нурвежист, ки асолати покистонӣ дорад. Ӯ
худро “тоҷик” муъаррифӣ накардааст, чун миллияти ӯ нурвежӣ аст. Номи
хонаводагии ӯ “Тоҷик” аст. Бояд бидонем, ки дар кишварҳои Урупо
“миллият” ба маънои “шаҳрвандӣ” аст. Аммо қавмияти ин бонуи 31-солаи
нурвежӣ расман “покистонӣ” аст. “Тоҷик” сирфан номи хонаводагии ӯст, ки
дар кишварҳое чун Эрону Афғонистону Покистон роиҷ аст. Абдулҷамили Тоҷик
ҳам як пизишку физикдони маъруфи омрикоист, ки табори покистонӣ дорад.
Пӯё Тоҷик бозикуни баскетбол дар Эрон аст. Сомонто Тоҷик ҳунарпеша ва
мудели эронитабори Конодост. Номи хонаводагии “Тоҷик” дар ҳавзаи
фарҳангии Эрон фаровон аст. Ва танҳо далели он корбурди вожаи “тоҷик” ба
маънои “эронӣ” аст.
Дар Эрон, ҳар он кас ки забони
модариаш яке аз забонҳои эронист, тоҷик аст. Санад? Абёти бешумори
Саъдии Шерозӣ аз қалби Порс, ки худро “тоҷик” меномад. Оё ӯ аз сарзамини
Тоҷикистони кунунӣ ба Порс паноҳ бурда буд? Албатта, ки на. Ҳатто
имрӯза дар Шероз турктаборон ба расми қадимӣ ба эрониёни порсигӯ “тоҷик”
мегӯянд; чи бирасад ба 800 сол пеш, ки Саъдӣ аҳли он даврон буд.
Иброҳим Усмонов: Ислом
Каримов моҳи июни соли 2000 дар Кохи Борбад гуфта буд: дар Ӯзбакистон
оилае нест, ки тоҷикиро надонад ё нафаҳмад. Ин эътирофи он аст, ки он ҷо
тоҷикон бисёранд. Ҷои дигар гуфт, ки мо як халқем, ки ба ду забон гап
мезанем. Ин кадом халқ аст? Тоҷик ё ӯзбак? Ин суол аст.
Дориюш Раҷабиён: Дар
ин ки шумори тоҷикон дар Узбакистон бамаротиб бештар аз оморҳои
расмист, касе шак надорад. Аммо фаротар аз онро ҳам бояд дид. Появу
устухони фарҳангии Узбакистон порсӣ аст. Аз Алишери Навоӣ гирифта то
Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва адабиёти имрӯзии Узбакистон саропо мулҳим
(илҳомгирифта) аз порсист. Яъне адабиёти Узбакистон нусхаи чағатоии
фарҳанги эронии минтақа аст. Ислом Каримов, ки худ як тоҷики дурага аст,
ин мавзӯъро хуб медонад. Аммо умури сиёсӣ гоҳ заруратҳоеро дикта
мекунад, ки бо воқеъиятҳои илмӣ созгор нест. Албатта, коршиносони ҳавзаи
фарҳангии Фарорӯд ин нуктаро бахубӣ медонанд. Илмҳои ториху
мардумшиносӣ мегӯяд: узбакҳо умдатан эрониёни туркигӯшудаи Осиёи Миёна
ҳастанд. Ин истидлол дар мавриди мардумони ҳамаи шаҳрҳои бузурги
Узбакистон, аз ҷумла Хева ва перомуни он (Хоразм), сидқ мекунад. “Торихи
табартақсим”-и Раҳим Масов ҳам ба мо кумак мекунад, ки чигунагии иҷрои
ин амалиёти душвори торихиро дарк кунем. Бештари узбакҳо эрониёне
ҳастанд, ки забонашон туркӣ шудааст. Таъкид мекунам: ин дидгоҳ бидуни
кӯчактарин ғарази қавмию нажодӣ баён шудааст ва сирфан баёни ҳол аст.
Иброҳим Усмонов: Бубинед,
дар қадим чор халқ буд: суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва форс. Ин ҳама аз як
нажод ва решаи умумӣ ҳастанд. Ин нукта ҷои баҳс надорад. Аммо савол ин
аст, ки чаро сеи аввал бояд набошанд ва ахирӣ монад? Ин чӣ раванд аст?
Дориюш Раҷабиён: Ман
аз шахси Иброҳим Усмонов пурсише дорам: кӣ ба шумо гуфтааст, ки дар
қадим сирфан чаҳор (4!) «халқ»-и эронӣ (тоҷик) будаанду дигар ҳеч?! Ин
дидгоҳ беандоза ғайриъилмӣ ва пурсишбарангез аст. Агар манзури оқои
Усмонов сирфан мардуми шарқи Эрон будаанд, манзураш аз “форс” чӣ
будааст? Ва агар мехостааст тамоми мардумони эрониро баршумурад, чаро аз
дигарон ном набурдааст? Ин гуна пурсишҳо арзиши илмии суханони тарафро
зери суол мебарад. Ба ҳар рӯй, бояд посух гуфт.
Бояд ба
ин устод тавсия кард, то торихи сакоиҳо, модҳо, портҳо, согортиҳо,
кордухҳо, киртиҳо, коспиён, кодусиён, рухаҷиҳо, доҳонҳо, зарангҳо ва
бисёре дигар аз мардумони ҳамтабори моро ҳам дар доираи мутолеъоти худ
қарор диҳад, то дарёбад, ки “дар қадим фақат чаҳор халқ набуд”.
Бамаротиб бештар аз он буд. Онҳо нопадид нашудаанд, балки ба забоне
дигар ва ғолибан ба забони порсӣ суҳбат мекунанд.
Иброҳим Усмонов: Аммо савол ин аст, ки чаро сеи аввал бояд набошанд ва ахирӣ монад? Ин чӣ раванд аст?
Дориюш Раҷабиён: Торих
чизе дорад ба номи assimilation, яъне яксон шудан. Суғдию бохтарӣ (бар
мабнои ҷадвали И. Усмонов) яксон шудаанд. Яъне имрӯза суғдиҳо бо
бохтариҳо яке шудаанд ва бахши аъзами онҳо дигар чанд забон надоранд,
балки як забони воҳид доранд, ки номаш порсӣ аст. Оё бояд нороҳат шуд аз
иттиҳоди ду гурӯҳи эронии мардум? Суғдиҳову бохтариҳо миллияти худро
тағйир надодаанду эронӣ мондаанд ва сирфан забонашонро яке кардаанд:
порсӣ. Оё аз диди касе чун Иброҳим Усмонов бояд гузаштагони суғдию
бохтарии худро “хоин” бидонем? Ба назари ман, на. “Хоин” касест, ки
маслиҳати миллатро ба хотири маслиҳати шахсии худаш нодида бигирад. Ин
ки акнун мо, эрониёни Фарорӯд (тоҷикон), як забони воҳид (порсӣ) дорем,
барги барандаи мост.
Иброҳим Усмонов: Маликушшуаро
Баҳор мегӯяд, ки то истилои араб забони асосии мардуми Эрон суғдӣ буд,
паҳлавӣ ба форсии имрӯза камтар монандӣ дошт. Пас аз истилои араб, ба
қавли ӯ, то 300 соли дигар забони асосӣ – дарӣ (дарборӣ) буд. Рӯдакиву
Робиаи Балхӣ, Дақиқиву Манучеҳрӣ забони худро дарӣ гуфтаанд, на форсӣ.
Дориюш Раҷабиён: Устод
Баҳор дар бораи шеъру забони шеър ҳар чи бигӯяд, ба рӯи чашм. Аммо агар
аз забоншиносӣ чизе гуфтааст, дар чашми забоншиносон нанамудааст. Чун
устод забоншинос набуд. Шоъир буд. Ба монанди Иброҳим Усмонов, ки
забоншинос нест, балки як рӯзноманигори даврони шӯравӣ аст. Иддиъоҳои
оқои Усмонов сирфан ба далели матраҳ шудани ин баҳс дар маҳофили маҷозӣ
ҷиддӣ гирифта шудааст.
Вагарна чи касе, ки аз торихи
Эронзамин огоҳ бошад, чунин хибтеро муртакиб мешавад: «То истилои араб
забони асосии мардуми Эрон суғдӣ буд”?! Барои огоҳони амр ҳувайдост, ки
пеш аз истилои араб ин сарзамин таҳти сайтараи Сосониён буд. Забони аҳди
Сосонӣ порсии миёна буд ва порсии навини мову шумо имрӯза дунболаи
торихии ҳамон забони эронии ғарбист. Пас “забони асосии мардуми Эрон”
донистани забони суғдӣ оё ҳеч далели илмӣ дорад? Ё сирфан савор бар
мавҷи эҳсос аст?
Иброҳим Усмонов: Осори
Бедилу Зебуннисову Амир Хусравро онҳо маданияти ӯзбакия ҳам мегуфтанд,
ҳарчанд забон форсиву тоҷикӣ буд ва онҳо тоҷик буданд. Чаро? Зеро ин
маданиятро ӯзбакҳо бурданд ва чун давлат – давлати ӯзбакҳо буд.
Дориюш Раҷабиён: “Маданияти
узбакия”-ро шояд оқои Усмонов ихтироъ карда бошад, зеро чунин иборате
дар торихи башарӣ вуҷуд надорад. Подшоҳони Гӯрконии Ҳиндустон, ки забони
порсиро бо худ ба шибҳиқора бурданд, бар хилофи бовари оқои Усмонов,
узбак набуданд. Бунёнгузори дудмони Гӯрконӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур
буд; як барлоси порсизабони Осиёи Миёна, ки асаре ба номи “Бобурнома”
дорад. Бар мабнои “Бобурнома”, ин фармонравои шибҳиқораи Ҳинд узбак
набуд, балки узбакҳоро рақиби худ медонист ва каллаҳои барканда аз тани
узбакҳоро дар зумраи пирӯзиҳои ҷангияш бармешумурд ва порсӣ бар ҷои
забони модариаш нишаста буд. Бедилу Зебуннисову Амир Хусрав ҳам аз ҳамон
табор буданд, аммо порсигӯтар. Яъне тоҷик.
Иброҳим Усмонов: Моро
дар сад соли дигар касе дар ҷаҳон форс намегӯяд. Ҳама моро тоҷик
мешиносанд ва қабул кардаанд. Дар сад соли дигар ҳам тоҷикони
Афғонистонро ҳам “форс” нахоҳанд гуфт.
Дориюш Раҷабиён: Аслан
чаро касе бояд Шуморо “форс” хитоб кунад, агар Шумо форс набошед?.. Ҳар
инсоне аз худ ҳувияте дорад. Пазириши ин ҳувият аз сӯи касе дигар
набояд таъсире бар шинохти он инсон аз худ дошта бошад. Танҳо дар
ҳолатҳое, ки инсон дучори худкеҳтарбинӣ (“комплекс неполноценности»)
шуда бошад, бовари дигарон дар бораи ӯ бар шинохти худи ӯ аз худаш
таъсир мегузорад ва ӯро ба боварҳои ғалат мерасонад.
Дар фурсатҳои баъдӣ ба иддиъоҳои дигари Иброҳим Усмонов ва ҳамандешонаш хоҳем пардохт.
No comments:
Post a Comment