Рӯбарӯи
ойина истода буду ашк мерехт. Барои нахустин бор пероҳани баланди фарангӣ танаш
карда буд, ки то зонуяшро мепӯшонд, аммо соқаи пойҳояш бараҳна буд. Бояд
ҳаминшаклӣ ба мадраса мерафту ба шогирдонаш дарс мегуфт.
Ашкҳояшро
пок карду гуфт: “Наметавонам. Охир ин чи либосест?! Чиро бояд поҳоямро нишон
диҳам? Эҳсос мекунам, ки лухтам. Ман ки наметавонам иншаклӣ роҳ биравам. Ҳама
ба ман нигоҳ хоҳанд кард.” Ва гиря мекард.
Ман ба
мудири мадрасае, ки хоҳарбузургамро водор ба пӯшидани либоси фарангӣ карда буд,
дар дили худ нафрин гуфтам. Дар мухайялаи кӯдаконаи ман намегунҷид, ки чигуна
метавон касеро ба пӯшидани либосе, ки дӯст надорад, водошт.
Хоҳарбузургам
тоза дар мадраса истихдом шуда буд ва рӯзҳои аввал худаш буд. Бо пероҳану эзори
зебои атласӣ, ки он замон боби рӯз буд. Кулоҳи чаҳоргӯши гулдор ба ҳуснаш
меафзуд. Вале мудири мадраса, ки ӯ ҳам як бону буд, пӯшиши ӯро муносиб
намедонист. Гуфта буд: “Шумо як муъаллимаи саветӣ ҳастед ва бояд дархури
мақоматон либос бипӯшед.” Ва ӯро ташвиқ ба пӯшидани “либоси русӣ” кард.
Охираш ҳам
натавонист. Он мадрасаро тарк кард. Рафт ҷое дигар, ки аз қазо бо пӯшиши тоҷикиаш
канор омаданд. Ва то имрӯз пойбанди ҳамон пӯшише, ки барои худаш муносиб
медонад, мондааст. Акнун солҳост, ки ба ҷои кулоҳи чоргӯш рӯсариро тоҷикона аз
пушти гардан мебандад. Ва ӯро дар ҳеч либоси дигаре наметавонам тасаввур кунам.
Ва ба худ меболам, ки хоҳарбузургам барои ҳифзи пӯшиши дилхоҳи худаш дар
даврони шӯравӣ, ки ҳеч навъ мухолифатеро барнаметобид, аз худ поймардию шаҳомат
нишон дод ва баранда шуд.
Солҳо баъд
мебинам, ки торих варақ хурдааст. Солҳо баъд аз он ки бисоти ҳукумати шӯравӣ
барчида шуд ва Тоҷикистон ба сарошебии бозгашт ба давраи иморати Бухоро уфтод,
мебинам, ки хурда-мустабидҳо ё хурда-диктотурҳое пайдо шудаанд, бо ҳамон равишу
маниши он мудири мадраса. Бо ин тафовут, ки инҳо як шеваи пӯшиши дигареро вежаи
занон медонанд, ки онро “ҳиҷоби исломӣ” номидаанд. Ва бо ин тафовут, ки инҳо
бештарашон мардҳое ҳастанд, ки аз зарурати пӯшиши исломӣ муъофанд ё худро муъоф
медонанд. Ва сирфан ба занҳо дикта мекунанд, ки чи бипӯшанду чигуна нафас
бикашанд. Ва боз ҳам дар мухайялаи ман намегунҷад, ки чигуна метавон касеро ба
пӯшидани либосе, ки дӯст надорад, водошт. Гӯӣ ифроту тафрит бо хуни қавми мо
ъаҷин аст. Ва таъассуб, ки мантиқро барнаметобад.
Рӯзе фаро
хоҳад расид, ки дасту забони хурда-мустабидҳо аз таҳмили ҳар навъ пӯшише кӯтоҳ
хоҳад шуд. Аммо он рӯз ҳанӯз дур аст.
No comments:
Post a Comment