Tuesday, February 01, 2011

Mubarak Under Siege

Рӯзҳои номубораки Муборак

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Мокёвелли, файласуфи сиёсии машҳури садаи 15-уми Итолиё, ба ҳокимон андарзе гуфта буд: Фармонравоён бояд ё мавриди эҳтиром бошанд ё мавриди тарси раъоёашон ва ба ҳар қимате бояд бикӯшанд, ки мавриди нафрати мардум воқеъ нашаванд. Бо ин ки аз баёни ин дидгоҳ ҳаминак 600 сол мегузарад, ҳақиқати он ҳамчунон ошкору мубарҳан аст.

Агар ин иддаъо ҳақиқат надошт, Ҳуснӣ Мубораки 82-солаи Миср ба ин рӯзҳои номуборак намерасид. Намедонам, то замоне ки ин навишта ба дасти хонандагони “Нигоҳ” бирасад, Муборак таслими чи сарнавиште шудааст. Аммо он чи тардидпазир нест, манфур шудани Муборак ва ҳукумати худкомаи ӯ пеши садҳо ҳазор тан аз раъоёаш аст, ки намоиши ин нафратро чандин рӯз аст, ки дар сафҳаҳои телевизюн мебинем.

Ҳукумати Ҳуснӣ Муборак тақрибан ба андозаи Инқилоби исломии Эрон умр кард ва дар моҳи уктубр (октябр)-и имсол сисола хоҳад шуд. Вай, ки соли 1981 сари қудрат омад, барои тамдиди “давраи раёсати ҷумҳурӣ”-аш дар солҳои 1987, 1993 ва 1999 се ҳамапурсӣ баргузор кард ва саранҷом дар соли 2005 дар “интихоботи раёсати ҷумҳурӣ” номзад шуд ва, мусалламан, ба пирӯзӣ расид. Нозирони байнулмилалӣ интихоботро зери суол бурданд, аммо маъмулан дар кишварҳои худкома дидгоҳи нозирони байнулмилалӣ арҷу қимате надорад ва ба зудии зуд фаромӯш мешавад. Ва аммо пеш аз интихобот шоеъ шуда буд, ки қарор аст Ҷамол Муборак, яке аз фарзандони Ҳуснӣ Муборак, ҷойгузини падари солмандаш шавад. Ин шоеъот ба дунболи варосати “тахту тоҷ”-и Сурия тавассути Башор Асад, писари раисиҷумҳури пешин, дар соли 2000 қувват гирифт.

Ин сенорию ба таври дардноке ёдовари барномаҳои ҳокимони минтақаи мо ҳам ҳаст. Варосати ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон тавассути Илҳом Алиев, писари раисиҷумҳури пешин, гӯё сармашқе буд барои раҳбарони дигар, ки тарҳи “сулолаҳои подшоҳӣ”-и худро бирезанд. Ғаме нест агар унвони “раёсати ҷумхурӣ” бар рӯяш ҳак шуда бошад, аммо коркардҳои он дуруст ба монанди як дудмони подшоҳӣ хоҳад буд ва ҳазинаи онро мардум хоҳанд пардохт! Ин наҳваи андешидан банохудогоҳ ҳар ҳокимеро табдил ба Ҳуснӣ Муборак хоҳад кард, ки дар деги нафрати мардумаш меҷӯшад. Бадсиголӣ ва заъфи ӯ дар баробари муъомилаи қудрат ва иродаи мардум на танҳо боъиси бадбахтии худи ӯ, балки асбоби азияту озори хонадонаш ҳам шудааст. Ба гунае, ки мегӯянд, акнун Ҷамол Муборак фирорро бар қарор тарҷеҳ дода ва ба Ландан паноҳ бурдааст. Ёдамон ҳаст, ки роҳи Максим Боқиев, писари раҳбари сарнагуншудаи Қирғизистон ҳам ки хиёли подшоҳӣ ба сар дошт, ба Ландан хатм шуда буд.

Рӯзе, ки хабари ҷунбиши мардумии Мисрро шунидам, рӯи сафҳаи “Фейсбук”-ам навиштам:
“Вақте ки Туниси тухмимурғӣ бо 10 милюн ҷамъият ва 165 ҳазор килуметри мураббаъ замин Мисри ҳазратифилӣ бо 80 милюн ҷамъият ва 1.010.000 килуметри мураббаъ заминро такон медиҳад, андоза (қадду қавора) маъниашро аз даст медиҳад ва мегӯӣ: Филфил набин чи рез аст, Бишкан, бибин чи тез аст :)”
Акнун ҳам ба ин натиҷагирӣ бовар дорам, ки андозаи муҳаррик чандон муҳим нест, балки муҳтавои паёми он муҳаррик муҳим аст. Дар Тунис ҳам ки мардум аз бекорӣ, таваррум, фасоди молӣ, хешовандсолорӣ, набуди озодии баён ва шароити бади зиндагӣ ба сутӯҳ омада буданд, фарёди хашмашонро ба хиёбонҳо бурданд ва он фарёд ба андозае баланд буд, ки Зайнулъобидин Бин Алиро пас аз 23 сол ҳукумати худкома фирорӣ дод. Дар паи он ҷунбишҳои мардумии мушобеҳе дар Яману Мисру Урдун роҳ уфтоданд ва ҳамчунон ҷараён доранд; ҷунбише, ки бисёре “бедории ҷаҳони араб” унвон кардаанд.

Аммо бероҳа нагуфтаем, агар ҷарақаи ҳамаи ин додхоҳиҳои хиёбониро “Ҷунбиши Сабзи Эрон” бидонем, ки соли 2009 бонги ғулғулаосои он ҷаҳонро дарнавардиду дар миёни хоку хун фурӯ нишаст. Шояд ҳамаи ҳукуматҳои мустабидди араб, ки бо хашми мардумонашон мувоҷеҳ шудаанд, мехоҳанд бо истифода аз шигирдҳои Теҳрон ошӯбҳои муваҷҷаҳи мардумиро фурӯ нишонанд. Аммо дасташон кӯтоҳ аст, чун дастбадомони Вошингтун ҳастанд. Агар Ҳуснӣ Муборак ҳам ба монанди Аҳмадинажод мардумашро барбарона саркӯб кунад, аз ҳимояти бедареғ ва кумакҳои милёрд-дулории Омрико маҳрум хоҳад монд. Дар ҳоле ки ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ чунин дағдағаеро надошт ва нигарони аз даст додани муттаҳидоне набуд, ки надорад. Аз ин рӯ ҳиммати мардуми муътаризи Эронро наметавон дастикам гирифт, ба вежа бо таваҷҷуҳ ба миқёси басе густардатари эътирозот дар Эрон. Ҳукуматҳо ва наҳваи бархурди онҳо бо мардумонашон фарқ мекунад.

Пас он чи файласуфи итолиёӣ 600 сол пеш гуфта буд, имрӯз ҳам сидқ мекунад: ҳукуматҳои манфур маҳкум ба сарнагунианд. Як унсури дигаре, ки мешавад ба он фармуда афзуд, часпидагии бас тӯлонии ҳокимон ба “тахту тоҷ” аст, ки нахуст боъиси бурузи фасод дар даруни ҳукумат ва сипас боъиси бурузи нафрат аз ҳукумат дар миёни мардум мешавад, ки дар ниҳоят ба сарнагунии ҳукумат меанҷомад.

No comments: