Wednesday, June 19, 2019

Мерсӣ аз Мурсӣ?

Даргузашти ногаҳонии Муҳаммад Мурсӣ дар 67-солагӣ, он ҳам дар пайи беҳушӣ дар додгоҳ, нақли маҳофили хоссу ъом аст; бавежа дар Тоҷикистони офтобрӯя, ки офтобаш рӯ ба сӯи баҳсҳое метобад, ки тобиши ъақидатӣ дорад. Масалан, агар Мурсӣ як раҳбари котулики маҳкум ба зиндон буд, ин сарнивишти дардноки ӯ қалби андак ҳаммеҳани моро ба дард меовард. Ё агар “мулҳид” ё динситез ё бехудое буд, шояд касе дар Тоҷикистон ба ёди он мазлум намеуфтод.

Аммо шакке нест, ки Мурсӣ мазлум буд. На тақаллои раҳбарӣ дошт ва на дар роҳи расидан ба раҳбарӣ ҷиноёте карда буд; чуноне ки дар “корнома”-и бархе шоҳидаш ҳастем.

Марде буд, ки бар ҳасби тасодуф ба намояндагӣ аз “Бародарони мусалмон” (“Ихвон-ул-муслимин”)-и Миср номзад шуд ва раъйи бештари мардуми кишварашро ба даст овард. Яъне дар нахустин фурсате, ки кишвар ва тамаддуни чандҳазорсолаи Миср имкони интихоби раҳбари худро доштанд, ҳамин мард буд, ки раъй овард. Бештари миллат ба тарафдорӣ аз Мурсӣ раъй доданду Мурсӣ бар курсӣ нишаст. Неку бади раёсаташ мавзӯъи баҳс нест. Нафси интихоби ӯ ба ъунвони нахустин раҳбаре, ки аз роҳи демукротик бар маснади раҳбарӣ расид, қобили тааммул аст. Дар кишваре, ки тайи ҳазорон сол танҳо истибдод ҳоким буда, барои нахустин бор касе рӯи кор меояд, ки мардум ӯро хостаанд. Ин амр ба худии худ амри мубораке буд. Идомаи ин суннат метавонист Мисрро ба бузургроҳи пешрафту тамаддуни имрӯзӣ бирасонад.

Аммо ин инқилоби ъазим ъақим монд; чун раҳбарии як ихвонӣ дар пурҷамъияттарин кишвари ъарабизабон ба мазоқи бисёре хушоянд набуду нест. Дар натиҷа, нахустин таҷрубаи мардумсолорӣ дар Миср ъақим (нозо) монд ва касе, ки мардум писандида буданд, дар ниҳояти бадбахтӣ равонаи зиндон шуду мурд.

Оё марги Мурсӣ ба маънои поёни достон аст? Ба ҳеч рӯй. Миср, ки дар чунин марҳилаи пешрафти сиёсӣ қарор дорад, баногузир ба мурсиҳои дигар боз хоҳад гашт. Сисиҳо саранҷом ба мурсиҳо тан хоҳанд дод.

Дар воқеъ, базӯр наметавон чархаи торихро ъиваз кард. Ба зӯри Сисӣ ҳам намешавад мурсиҳоро аз сафҳаи сиёсату рӯзгори Миср зудуд. Солҳо баъд дубора зуҳур хоҳад кард. Пас коре, ки Сисӣ кардааст, ин аст, ки торихи Мисрро ба таъхир водоштааст. Иттифоқе, ки дошт меуфтод, ба дасти кудетогароне чун Сисӣ мутаваққиф шуд. Он раванди торихӣ боздошта шуд. Он марҳилае, ки Миср дар ҳоли гузораш буд, ба таъхир уфтод. Қарор буд Миср он давраи ъақидатиро ҳамин ҳоло сипарӣ кунад ва сипас, ба монанди Эрон, рӯ ба ояндаи озод аз бандҳои ъақидатӣ ҷилав биравад. Аммо кудетои Сисӣ боли парвози Мисрро баст. Ва чанд даҳа баъд ояндагон дубора шоҳиди зуҳури як Мурсии дигар хоҳанд шуд. Ин торих ҳамчунон такрор хоҳад шуд, то мардумон дарёбанд, ки бо бастани даҳану гирифтани ихтиёр аз мардум намешавад ҳукумат кард.


Ин дарсест, ки ҳамаи ъоқилон аз он панде гирифтаанд. Оё Тоҷикистон ҳам ҷузъи он ъоқилон аст?

No comments: