Wednesday, August 21, 2019

Андарзи устод Шакурӣ ба манкуртон


Яке аз душманони забони порсӣ дар Тоҷикистон, ки муътақид аст, номи забонамон бояд”тоҷикӣ” бошад, порае аз як нивиштаи устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороиро дар сафҳае гузошта ва муддаъӣ шудааст, ки устод ҳам бо ӯ ҳамнаво буда. Дар воқеъ, кӯшидааст аз номи устод Шакурӣ барои худ сипаре бисозад. Ва мусалламан, бо нокомии муфтазаҳонае дучор шуд, ки шарҳаш дар тазаккуроти зер ва дар вокуниш ба он чаранд омад:

“Ҳаргиз устод Шакурӣ ҳеч қаробате бо тоифаи манкурт аз табори Саади Махди ва Искандари Раҳмон ва устодашон Иброҳим Ъусмонуф надошт. Аз ҳузурашон безор буд. Дар солҳои поёнии ъумри бобаракаташ тақрибан ҳамарӯза аз зарурати бозгашт ба хатти порсӣ ва номи ростини забон мегуфт. Ин якеро соли 2011, ҳудуди 10 моҳ пеш аз даргузашташ гуфтааст:

"Муҳаммадҷон Шакурӣ: Агар ба хатти форсӣ нагузарем, бозгашти мо ба асли худ душвор мешавад. Мо бояд ба асли худ баргардем. Қарни 20 моро аз асли худ хеле дур кард. Миллати мо аз фарҳанги худ, аз забони худ хеле дур шуд. Ин дурӣ ҳанӯз давом дорад. Дар даврони истиқлол лозим меояд, ки мардуми мо ба фарҳанги худ, ба забони модарӣ наздик шаванд. Масалан, забони форсии тоҷикӣ, ки бештар аз ҳазор сол торих дорад, дар тӯли асрҳо ганҷинаҳои беназир гирд овардааст. Ин ганҷинаҳоро аз худ кардан лозим аст. Забони мо дар давраҳои ташаккул ва инкишофи худ ба қолиби хатти форсӣ рехта шудааст".

Мусалламан, устод борҳо истилоҳи "забони тоҷикӣ" ва бештар аз он "форсии тоҷикӣ"-ро ба кор бурдааст, аммо шакке надошт, ки номи ростини забон ҳамоно порсӣ / форсӣ аст.

Дар дунболаи ҳамон гуфтугӯ:

Муҳаммадҷон Шакурӣ: Ал-он давлат, дурусттар ин ки сарвари давлат, раисиҷумҳур Эмомъалӣ Раҳмон боре розигии худро барои баргаштан ба хатти форсӣ дода буданд. Барои ин ки баргардем ба хатти форсӣ, нахуст лозим аст, ки мактаб шароит омода кунад. Лозим аст, ки чуноне ки қарор буд, дар мактаб аз синфҳои ибтидоӣ то охири таҳсил хатти форсӣ таълим дода шавад. Мутаассифона, мактаб ин вазифаро иҷро накарда истодааст. Дар бисёре аз мактабҳо дарси алифбои ниёгон мавҷуд нест, зеро муъаллим нест. Ва агар дарс бошад ҳам, хеле кам аст. Ин гуна шароит, ки дар мактаби миёна аст, барои омӯхтани хатти ниёгон имкон фароҳам намеорад. Агар мактаби миёна вазифаҳои худро дар соҳаи омӯзиши хатти ниёгон дуруст иҷро кунад, мардуми мо хатти форсиро ёд гиранд, он гоҳ хоҳем дид, ки ба чи тарз ва ба чи василаҳо ба хатти форсӣ бояд гузашт.

Дар посух ба ин пурсиш, ки кай Эмомъалӣ Раҳмон ба пешниҳоди бозгашт ба хатти порсӣ мувофиқати зимнӣ додааст, устод гуфт, ки дар таҷлил аз Наврӯзи имсол раисиҷумҳурӣ чунин изҳороте доштааст.

Шакли комилтари ҳамон порае, ки Бахтиёри фарзона овардаанд, аз китоби "Забони мо ҳастии мост", ки устод Шакурӣ соли 1991 (!) мунташир карда буд:

«Истилоҳи «адабиёти тоҷикӣ» дар Осиёи Миёна аз нимаи даҳаи бистуми садаи бистум бо фармоиши таърих арзи вуҷуд кард. Истилоҳи «забони тоҷикӣ» низ аз ҳамон вақт ба тақозои замон ба расмият пазируфта шуд. Пайдоиши истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» низ ба сабабҳои ҷиддии таърихӣ вобастагӣ дошт. Он маҷбурияти таърихӣ, ки боиси ба вуҷуд омадани он истилоҳот шуда буданд, дигар вуҷуд надоранд. Имрӯз вазъи таърихӣ дигар аст ва имконе ба миён омадааст, ки адолати таърихӣ барқарор шавад ва ба номи забону адабиёти тоҷикон баргардем ва боз забони онҳоро забони форсӣ ва адабиёташонро адабиёти форсӣ биномем».

Устод Шакурӣ тарзи нигоҳи ин тоифаи манкурти худбохтаро чунин тавзеҳ дода буд:

“Даҳаи 20-30 асри ХХ давраи инкори ҳастии торихии инсон буд ва даъво доштанд, ки торих аз даврони сусиёлизм оғоз меёбад ва ҳар чи пеш аз он буд, торих набуд. Нестангорӣ (ниҳилизм)-и русӣ, ки торихе дорад ва дар садаи нӯздаҳум дар румони Тургенев “Падарон ва фарзандон” тасвир шудааст, дар садаи ХХ аз рӯҳияи инқилобӣ тавоноии бештар пайдо кард. Сарманшаи маънавиятситезӣ, аз ҷумла бединии ҷангҷӯй аз ҳамон нестигароии торихӣ буд. Нестигароии фарҳангӣ дар сиёсати ҳизби кумунист ва давлати шӯравӣ нуфузи комил ёфт ва саросари қаламрав ва импротурии шӯравиро фаро гирифт. Аз эҳтимол дур нест, ки он ақидаи ховаршиносони рус, ки мегуфтанд тоҷикон забони адабӣ (меъёр) надоранд, аз ҳамин сиёсат ғизо гирифта бошад ва онҳо ба маҳзи ин ки хилофи сиёсат нараванд, чунин ақидае пеш ниҳода буданд”. (Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист. Душанбе, “Адиб”, 2003, с.21)

Устод Шакурӣ дар асари мондагораш "Хуросон аст инҷо", ки бори нахуст ба хатти порсӣ (1996) ва сипас ба пириллик (1997) чоп шуд, тоҷикро ҳамон эронӣ ва забонашро форсӣ медонад:

"Дуруст аст, ки пас аз барҳам хўрдани давлати Сомониён дар зарфи нуҳсад соли охир дар Осиёи Миёна давлатҳои туркӣ ҳукм ронданд, вале аз давраи Қарахониён сар карда подшоҳон аз туркҳо бошанд ҳам, вазирон, қозиҳо, уламо аз эрониён - аз тоҷикон буданд ва дар дастгоҳи идорӣ тоҷикон кор мекарданд. Туркҳои хукмдор бештар бо ҷангуҷўш ва муборизаҳои хунини байни якдигар ё айшу нўш машғул буданд ва дастгоҳи азими кишвардорӣ аз поин то болоҳо аз тарафи кордорони маҳаллӣ идора мешуд, низому тартиби иҷтимоъӣ дар кишвар бештар, бо дасти онҳо ҷорӣ мегардид. Вазирони машҳур, қозиҳову раисҳои номдор, қонундонҳову ҳуқуқшиносони адолатгустар аз байни ҳаминҳо баромадаанд. Фуқаро асосан ва мансабдорон қариб тамоман тоҷик буданд, аз ин сабаб забони форсӣ забони расмии давлатӣ буд." (Хуросон аст инҷо, сафҳаи 105).

Устод Шакурӣ дар мавриди манкуртоне чун Саади Махди ва Искандари Раҳмону чанде дигар, ки форсӣ донистани забони тоҷикон ва эронӣ донистани худи тоҷиконро касри шаън медонанд, ишороте дорад:

"20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Намояндаи халқ Шуҳрат Султонов аз номи интихобкунандагони як вилояти бузурги кишвар пешниҳод кард, ки аз он моддаи Қонуни асосӣ калимаи «форсӣ» фурўгузор шавад. Ш. Султонов барои ин пешниҳоди худ чунин далел овард, ки мо тоҷикем, на эронӣ, забони мо забони тоҷикист, на форсӣ. Вай, ки ба забони русӣ суханронӣ мекард, гуфт: Ман мефахрам, ки тоҷик ҳастам, мо аз миллат ва забони худ бояд фахр кунем. Вай ва баъзе касони дигар гумон доштаанд, ки забони худро форсӣ номидани мо ва ба худ эроният нисбат доданамон шаъни миллии моро паст мекунад.

Пешниҳоди он намоянда ва «далелу бурҳони» вай ба намояндагони халқ маъқул афтод. Порлумони Тоҷикистон он рўз тасмим гирифт, ки вожаи «форсӣ» аз номи забони миллии тоҷикон берун андохта шавад."
(Хуросон аст инҷо, сафҳаи 157)

Муҳаммадҷон Шакурӣ дар идомаи тавсифи он рӯзи шум ва ғалати бузурги, ба истилоҳ, намояндагони мардум дар рӯзи 20.06.94, ишорае ҳам ба касоне дорад, ки хоҳони барқарории номи торихии забон (форсӣ) буданд ва ононро "равшанфикрони тоҷики солҳои 1988-1989 мехонад. Яъне Саади Махдию Искандари Раҳмонро агар дунболарави Шуҳрат Султонуф ва манкуртони дигар бидонем, ҳаводорони забони порсиро устод Шакурӣ пайрави равшанфикрони тоҷики даврони пеш медонад. Мегӯяд:

"Ин қарори Шўрои Олӣ чунин маънӣ дорад, ки лозим аст дар «Қонуни забон» низ ин гуна дигаргуние дохил гардад. Дар он санаде, ки Шӯрои Олӣ соли 1989 ба унвони «Қонуни забон» қабул карда буд, низ моддаи якум эълом доштааст, ки «забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Азбаски Қонуни асосӣ болотар аз Қонуни забон аст ва Қонуни забон бояд ба Қонуни асосӣ созгор бошад, лозим меояд, ки аз Қонуни забон ҳам калимаи «форсӣ» партофта шавад. Он гоҳ талошу муборизаҳое, ки равшанфикрони тоҷик солҳои 1988-1989 дар роҳи барқарории ҳуқуқи забони форсии тоҷикӣ ва номи таърихии он карданд, қисман ба ҳадар хоҳад рафт."
(Муҳаммадҷон Шакурӣ, Хуросон аст инҷо, сафҳаҳои 157 ва 158)

Бибинед, ки устод Шакурӣ чигуна дақиқу равшан ҳолату вазъияти манкуртоне чун Саади Махди, Искандари Раҳмон ва худбохтагони дигари дирӯзу имрӯз ва решаҳои ин гирифториро баён мекунад:

“Дар иҷлосияи Шӯрои Олии Точикистон аз таркиби номи забони тоҷикони Осиёи Миёна фурӯгузор шудани вожаи «форсӣ» нишон медиҳад, ки аксарияти кулли намояндагони халқ (ҳамаи онҳое, ки барои ин қарор овоз доданд) аз сарманзили худшиносии таърихиву фарҳангӣ фарсахҳо дуранд. Дар ҳақиқат на танҳо ин вакилон, балки бисёре аз тоҷикони Осиёи Миёна ҳанӯз чандон намедонанд, ки худ кистанд, халқашон чи халқест, забону фарҳангашон аз куҷоҳо сарчашма гирифтааст, чи хусусияту вежагиҳо дорад ва имрӯз ба кадом сӯ бояд биравад. Баъзе зиёъиён ҳам дар ин масъалаҳо тасаввури равшан ва мушаххас кам доранд.

Як ҳадафи сиёсати миллии импиротурии шӯравӣ миллиятзудоӣ буд. Мехостанд, ки халқҳои мустамлика аз хусусиятҳои миллии худ, аз фарҳанг, забон ва ғайра маҳрум шаванд, худогоҳии миллӣ то ҳадди имкон кунд бошад, шинохти худ яктарафа ва маҳдуд, ноқису номукаммал бимонад, аз доираи идеологияи шӯравӣ берун наравад. Бо вуҷуди маҳдудиятҳои зиёде, ки шароити таърихӣ, шароити мустамлика пеш оварда буд, Садриддини Айнӣ бо асарҳои адабӣ ва пажӯҳиши илмӣ бисёр ҷаҳду ҷадал кард, ки худогоҳии миллии тоҷикони Осиёи Миёна ба роҳи дуруст дарояд, худшиносии иҷтимоъиву фарҳангии онҳо мутобиқи воқеияти таърихӣ ё наздик ба он сурат бигирад.»
(Хуросон аст инҷо, сафҳаи 158)

Устод Шакурӣ ҳаргиз аҳли таслим набуд ва то поёни ъумраш талош кард, ки ин манкуртону худбохтагонро аз пешинаи мардуми сарзамини худашон огоҳ созад. Барои ин ки ин тоифаи нафаҳм ниҳоятан бифаҳманд, ки номи ин забон “форсӣ” асту сифати он “дарӣ” (дарборӣ) ба баёне сода чунин шарҳ дода буд:

“Аз ин ҳама пайдост, ки маънавияти олӣ аз қадим дар хоки поки Хуросон хеле амиқ, реша давонда буд.  Форсии дарӣ аз ҳамин сарзамин, ки хоку обаш парвардаи маънавият аст, ба арсаи таърих баромад. Ба таъкид бояд гуфт, ки решаҳои форсии дариро аз аввал як заминаи маънавиасос, як обу хоки маънавиятхез ғизо додааст ва парвариш кардааст. Ин таъкид ба он сабаб зарур аст, ки бояд дар ёд дошта бошем, ки муҳимтарин хусусиятҳои форсии дарӣ аз ҳамин заминаи маънавӣ сарчашма гирифтааст, сарнавишти таърихии форсии дариро бештар аз ҳама маҳз саргаҳу сарчашмаҳои маънавии он муайян кардааст.»
(Ҳамон ҷо, сс. 161, 162)

Порсиситезони зиддитоҷике чун Саади Махдию Искандари Раҳмону манкуртони дигар дар худ месӯзанду мепечанд, ки устод ҳамвора суҳбат аз забони «форсӣ» дар Осиёи Миёна ва фаротар аз он кардааст:

«Аз ин ки форсӣ дар Осиёи Миёна пеш аз расидани лашкари араб вуҷуд дошт, ин ҳам гувоҳӣ медињад, ки чун ҳокими араб Асад бинни Абдуллоҳ соли 725 ба Хатлон ҳамла овард ва сахт шикаст хурда ба Балх омад, мардуми Балх дар ҳаққи ӯ шеъри тамасхуромезе суруданд, ки низ ба форсист:

Аз Хуталон омазиҳ (омазия),
Ба рӯ табоҳ омазиҳ.
Обор боз омазиҳ,
Хушк низор омазиҳ.»
(Хуросон аст инҷо, сафҳаи 167)

Инҳо, ки бозгуфтам, аз нуки хамир фатире беш набуд. Хирман-хирман метавон далел овард, ки на танҳо устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, балки ҳеч фарди фарҳехтаи рӯи Замин ҳамандеши манкуртоне чун Саади Махди ва Искандари Раҳмону ҳамгинонашон набудаву нест ва мункири номи ростини забони мо намешавад, ки ҳамоно порсист. Ба ҳамин далел, вақте ки мебинем ин тоифаи гирифтор мехоҳанд худро пушти суханони устод Шакурӣ пинҳон кунанду аз сояи буланди устод барои худ сипаре бисозанд, фақат бояд ба ҳоли зору низорашон хандид. Азхудбегонагӣ натиҷае ҷуз хандахариши хоссу ъом шудан надорад.


No comments: