28 сол пеш соъати марги Иттиҳоди Шӯравӣ бо шитобе бештар ба шумориш уфтод.
28 сол пеш кудетои давлатии мавсум ба “ГКЧП” шикаст хурд ва саркардагони он дарбанди зиндон шуданд ё худкушӣ карданд. Ба мағоки тираи торих нишастанд.
21-уми ут (август) -и 1991 поёни кудетое буд, ки поёни Иттиҳоди Шӯравиро рақам зад. Торихи 74-солаи Шӯравӣ дар ниҳояти хорию зорӣ ба сар расид ва тоҷикон ҳам аз йуғи Шӯравӣ раҳо шуданд.
Тасаввури солим ин аст, ки ҳамаи тоҷикон бояд ин рӯзро ҷашн бигиранд. Яъне агар тоҷикон толибу ташнаи истиқлол буданд, бояд сарнагунии неруи ғосибро ҷашн мегирифтанд. Бояд шод мебуданд, ки саранҷом он дасти ситами бегона аз сарашон дур шуд. Ё дастикам, қарор буд дур бишавад.
Аммо ғамангез аст, ки ҳеч тоҷики шодмонро дар ин рӯз дар фазои маҷозӣ надидам. Шояд ин торих ҳам ба мағоки торих рафтааст (бо вуҷуди ин ки ҳамин дирӯз, яъне 28 сол пеш буд) ё шояд ҳам барои бисёре фурӯпошии импротурии Сурх рӯйдоди шуме буд.
Алаззоҳир, дидгоҳи дувум дурусттар аст. Бар пояи воқеъиятҳои имрӯзи Тоҷикистон ва фазои ғолиб мешавад чунин бардоште дошт, ки фурӯпошии Шӯравӣ барои бисёре аз тоҷикон хабари шуме будааст. Бисёре аз тоҷикон дӯст доштанд зери йуғи Шӯравӣ бимонанд ва “докторская колбаса” дар канори “сырок” бо як тикка “бухонка” ва як ҷуръа “самогон” нӯши ҷон кунанд. Лобуд.
Ин вазъият маро ба ёди сериёли “Бозии тоҷу тахт” (Game of Thrones; “Игра престолов”) меандозад. Онҷое, ки Теун Грейҷуй (Theon Greyjoy), бозмондаи хонадони ашрофии Грейҷуй, ба асорати Рамзӣ (Ramsay), ҳаромзодаи хонадони ашрофии Бултун (Bolton) меуфтад. Чунон шиканҷа мешавад, ки ҳувийяташро аз даст медиҳад. Ахта ва табдил ба навкари Рамзӣ мешавад. Ба гунае, ки душмани пешини Рамзӣ “бале, қурбон!”-гӯи ӯ мешавад, ҷоми шаробашро пурмай мекунад, ғизои субҳу шомашро меоварад ва ҳатто рози хоҳархондаашро ба ӯ бозгӯ мекунад. Маҳалли будубошаш гӯшае аз сагхона аст. Хоҳари диловари Теун меояд, ки бародарашро озод кунад. Ва ҳатто муваффақ мешавад бародарашро аз сагхона берун бикашад. Аммо ин ҳамоно Теун аст, ки хоҳарашро бо мушту лагад аз худ дур мекунад ва дубора ба гӯшаи асорати худ, дар сагхона, мехазад...
Ин тасвири такондиҳанда ёдовари мардумонест, ки аз озодӣ безоранд. Шояд ба ин далел, ки озодиро таҷруба накардаанд (ба монанди бардаҳое, ки ъалайҳи Дейнерис Торгориен (Daenerys Targaryen) ба далели лағви бардадорӣ шӯриш карда буданд), ё шояд ҳам ба далели ин ки балад нестанд ғайр аз бардагӣ кори дигаре бикунанд. Ба хурду хурок ниёз доранд, аммо кори дигаре ҷуз бардагӣ фародасташон нест. Шояд ҳам ин тавр бошад...
Ба ҳар рӯй, фурӯпошии Шӯравӣ барои бисёре хабари шуме буд. Аз ҷумла барои бисёре аз давлатдорони имрӯзи Тоҷикистон, ки агар Шӯравӣ фурӯ напошида буд, ҳаргиз пояшон (ва пушташон) ба эрикаи қудрат намерасид. Инҳо ҳам сӯгворанд. Ҳаминҳо буданд, ки 27 сол пеш барои ҳифзи вазъияти шӯравӣ силоҳ ба даст гирифтанду ҷангиданд, то тоҷикҳо ба истиқлол нарасанд. Имрӯза ҳамон шӯравидӯстон бар маснади қудрат ҳастанд ва соҳиби “истиқлол” ҳастанд. Ҳамонҳо худро “меъмори истиқлол” медонанд (Ёди устод Тоҳир ба хайр ва равонаш шод!).
Ва мо ҳам дар як сериёли фаҷеътар аз “Бозии тоҷу тахт” зиндагимонро идома медиҳем.
Ва мани хушнуд аз фурӯпошии импротурии сурхи ситам пайки сурхфоме сар мекашам.
No comments:
Post a Comment