Monday, June 20, 2011

Lessons For Tajik State

Дарсҳое барои давлати Тоҷикистон

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Лангари ҳилми ту, эй киштии тавфиқ, куҷост,
Ки дар ин баҳри карам ғарқи гуноҳ омадаем.

Гӯӣ ҳар ҷо санг аст, ба пои ланг аст. Ин рӯзҳо нигоҳ ба расонаҳои Ғарб чашми моро меозорад. Тоҷикистоне, ки андак касе номашро шунида буд, ба унвони як давлати худкома, ки хабарнигори Би-Би-Сиро боздошт кардааст, нақли маҳофили хабарист. Дар миёни ҳампешагони осиёимиёнаимон, ки мепурсанд: “Пас чи фарқе байни давлати шумову давлати мо?”, лол мемонем. Қаблан бо саре ним ваҷаб болотар, аз озодии нисбии матбуъот дар Тоҷикистон доди сухан медодем. Аммо боздошти хабарнигори расонае чун Би-Би-Сӣ бо далелҳое машкуку мардуд ниме аз забони моро кӯтоҳ кардааст.

Охир чи касе ба зеҳнаш хутур мекунад, ки Урунбой Усмонови шоъир, нависанда, равшанфикр, забондон, бофарҳангу фарҳехта сар аз ташаккули қурунивустоию вопасмондае чун Ҳизб-ут-таҳрир дароварад? Мегӯянд, бо таҳририён мулоқот дошта. Ох, чи аҷаб! Ва ҳамчунин мегӯянд, ба адабиёти таҳрирӣ дастрасӣ дошта. Ҷиддан?!..

Магар ин ҷамоъат аз сиришти рӯзноманигору кори рӯзноманигорӣ воқиф нестанд, ки бояд аз тамоми мавзӯъоти гузоришҳояш шинохти тамому камол дошта бошад, то ҳарфи муфт назанад? Ҳатто агар бихоҳад алайҳи Ҳизб-ут-таҳрир матлабе бинависад, оё бояд бо марому ормонҳои он ошно шавад ё на? Дар қафасаи китобҳои ман шояд “Mein Kampf”-и Ҳитлерро ҳам пайдо кунанд. Оё ин бад-он маъност, ки фардо манро ба ҳампаймонӣ бо Ҳитлер муттаҳам хоҳанд кард? Ё интизоре, ки аз Урунбой Усмонов мерафт, ин буд, ки бар мабнои фармудаҳои расмии мақомот бидуни шинохте ҳатто сатҳӣ аз Ҳизб-ут-таҳрир ёвасароӣ кунад?

Кай мақомоти мо ин ҳақиқатро хоҳанд пазируфт, ки Шӯравӣ мурдааст ва 20 сол пеш маросими хоксупориаш баргузор шуд ва ҳамроҳ бо шигирду шеваҳои ҳукумати он мори сурх ба зери хок рафт? Имсол, ки қарор аст бистумин солгарди истиқлоламонро таҷлил кунем, оё воқеъан ин мақомоти шӯравинасақ бо камоли шодию майманат ба пои мизи ҷашни истиқлол хоҳанд нишаст ё бо мӯяҳои дарунӣ барои он мори хокшуда, ки мағзи миллатро барои беш аз ҳафтод сол заҳҳоквор хурд, ки дар натиҷа то кунун камбуди мағз дорем? Агар баростӣ аз истиқлоли Тоҷикистон истиқбол мекунанд, бояд шеваи мудирияти хоҷаи пешинро ба боди фаромӯшӣ биспоранд ва тоҷикона (ба мафҳуми бостонии ин вожа), бо дирояту огоҳӣ, одилона, бо шарофату фазилат ҳукумат кунанд.

Ҳоли ҳозир кофист, ки рисолати як рӯзноманигорро фаро бигиранд, ки ӯ воқеъанигоре беш нест ва тобеъи хостаи ин ё он гурӯҳ нест, барои фалон малику беҳмон малик чормағз хурд намекунад, балки дар ҳоли таҳқиқу тафаҳҳус ва гузориш додан аз воқеъиятҳои ҷомеъа аст. Агар афроде дар канори шумо ёваҳои шуморо такрор мекунанду ҳамчунон номи “рӯзноманигор”-ро доранд, нонашон ҳалол нест. Чун рӯзноманигор ҳаргиз ҳарфи мақомотро такрор намекунад, магар ин ки нақли қавл бошад. Шумо ғаразе доред; ӯ ғаразе надорад, ҷуз ҳақиқат. Ҳақиқат бароятон талх аст. Ҳақиқати талх, агар коматонро озор медиҳад, воқеъиятҳоро дигаргуна кунед, то гузоришҳое, ки барои ҷаҳониён пахш мешавад, шаҳдбору шакарин бошад.

Дархости шуморе аз тоҷикони бурунмарзӣ аз давлати Тоҷикистон: Давлатҷон, моро сарфароз, ки намекунӣ, шармсор ҳам накун, лутфан.

Мабош дар паи озору ҳар чи хоҳӣ, кун,
Ки дар шариъати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.

***

Хастагонро чу талаб бошаду қувват набувад,
Гар ту бедод кунӣ, шарти мурувват набувад.

Дар конун, ҳаста ё маркази ин ҷанҷол нигаронии давлати Тоҷикистон аз гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ нуҳуфтааст. Ва ин дақиқан чизест, ки ҷаҳони пешрафтаро ҳам нигарон кардааст; ҳамонҳоеро, ки алайҳи боздошти Урунбой Усмонов эътироз мекунанд. Ин ҳақиқатест, ки ҳар нерӯи рӯ ба фардоро нигарон мекунад, чун андак нестанд нерӯҳое, ки мехоҳанд тугмаи “вопас”-ро фишор диҳанду моро шоҳиди сайри қаҳқароӣ (регресс) кунанд. Бо ин нерӯи вайронгар бояд бархурд кард; аммо бархурд аз навъи ақлониаш, на бозувониаш. Бархурди бозувонӣ моро худ ба худ дучори сайри қаҳқароӣ (регресс) хоҳад кард, дар ҳоле ки лозимаи ҳузури як миллат дар садаи 21 бархурди ақлонӣ бо падидаҳои номатлуб аст.

Чанде пеш хабари хуши гушоиши қарибулвуқӯъи китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар расонаҳо хондам. Аммо шӯрбахтона, гӯё мо маҷбурем, ки ҳамеша хабари хушро бо чошние аз хабари бад бишнавем: қарор аст шуморе аз кормандони идороти давлатӣ ҳар кадом панҷ адад китоб ба ин китобхона тақдим кунанд.

Маъмулан давлатҳое, ки китобхона месозанд, барои миллатҳо китобҳои тоза ба армуғон меоваранд, ки ҳовии андешаҳои тоза аст; на ин ки китобҳои миллатро барои ганҷинаи худ биситонанд. Гирам, ки шумо китобҳои мардумро аз ганҷаҳои даврони шӯравиашон ҷамъоварӣ кардед ва дар қафасаҳои локхурдаи ҷадидатон гузоштед. Чи чизе тағйир хоҳад кард? Оё бори андешае, ки он қафасаҳоро хам хоҳад кард, ҷадид аст ё куҳан? Ин андешаҳо қаблан ҳам буданду тоза нестанд. Агар он китобҳо куҳнаанд, ба чи дарди ҷомеъаи ташнаи дониши навин мехуранд?

Ҷаҳон дар таҷрубаи башарии худ дидааст, ки давлатҳо бо гушоиши китобхонаҳои нав андешаҳои навро ба умум ироа медиҳанд. Аммо ин нахустин таҷрубаи башарият аст, ки давлате китобхонае бисозад ва муҳтавои онро аз миллат биситонад. Маъмулан давлат заминаеро фароҳам мекунад, ки донишварони кишвар он қафасаҳоро бо пажӯҳишҳои тоза пур кунанд. Куҳна куҳна аст. Ва хуб нест, ки аз ҳамин ҳоло ин китобхонаи навро бо куҳнаҳо таланбор кунему куҳна кунем.

Ва инҷост, ки мавзӯъи аввали ин ногуфта бо мавзӯъи дувум пайванд мехурад. Давлате талош мекунад бо ифротгароии мазҳабӣ ё ақидатӣ ё аз ҳар навъи дигари тундравӣ мубориза кунад, аммо қурс (таблетка)-и онро надорад. Китобхонае сохтааст, ки метавонад дорухонаи зеҳнии хубе бошад, аммо қафасаҳои он холианд ва мардум маҷбуранд доруҳои куҳнаашонро ба ин дорухона таҳвил диҳанд. Аммо доруи куҳна асаре нахоҳад дошт. Ва набуди дору (набуди андеша, набуди китоб) ба таъассуб, кӯрбоварӣ ва тундравиҳои гуногун меанҷомад.

Агар китоб намедиҳед, интизор доред миллат чӣ бихонад? Китобҳои мунаққашу пурзарқу барқи ҳовии таблиғоти давлатӣ “ҳамин панҷ рӯзу шаш бошад”, ба қавли Саъдӣ. Аз чеҳраҳои шумо барои торихи фардо як акс бештар ниёз надоранд. Ва он ҳам агар чизе шоистаи таҳсин аз худ ба ёдгор бигзоред. Пас лутфан ба фикри чопи китобҳои донишварон бошед. Ва он чизест, ки чеҳраҳои шуморо мондагор хоҳад кард.

Ҳамон ки қаблан гуфтем, абзори мубориза бо тафаккуроти каж андешаҳои рост аст; муборизаи ақлонист, на бозувонӣ. Қарор нест бо куштани фалон шайх ва зиндонӣ кардани беҳмонӣ пайрави ӯ роҳ ба ҷое бибарем. Андешаҳои зиддимиллию абусу вайронкунанда то замоне рушд хоҳанд кард, ки дар баробарашон дарахти тануманди азиме аз андешаи миллии навин шакл бигирад. Дар ин маврид давлат наметавонад бигӯяд: “ҳар кас аробаи худашро худаш кашидан гирад”. Давлат муваззаф аст, ки ин халаъ (вакуум)-и фикрӣ, ақидатӣ, ормониро пур кунад. Давлат муваззаф аст, ки он қафасаҳои холии китобхонаеро, ки барои 10 милюн китоб сохта, бо 10 милюн андеша пур кунад; бо андешаҳои навин, на вопасмондаву куҳна, то фардо бо 10 милюн беандеша рӯдаррӯ қарор нагирем. Давлат бояд рӯи андешаи нав сармоягузорӣ кунад. Танҳо он гоҳ аст, ки давлат давлат мешавад.

Ва бо сипос аз ҳамроҳии Хоҷаи Шероз тайи ин ногуфтаҳо, ки гуфта:

Бедор шав, эй дида, ки эмин натавон буд,
З-ин сели дамодам, ки дар ин манзили хоб аст.

1 comment:

Shamsi said...

seems like we can enter blogspot websites from dushanbe again.