Friday, July 26, 2013

Туфу бар ту, эй чархи гардун, туфу!


Рӯзгор ғарибу ноҷавонмард аст. Мехоҳам чизе бинависам, ки ба дебоча ниёз дорад.

Дар дебоча маҷбурам батаъкид бигӯям, ки ҳар он чи ман менависам, сирфан ва ихтисосан дидгоҳҳои шахси ман аст ва бо хонаводаи ман кӯчактарин нисбате надорад. Бигзоред инро ҳам бигӯям, ки хонаводаи ъазизи ман шарики андешаҳои сиёсии ман нестанд. Ҳаргиз ҳам набудаанд. Барои ман ҳисоби хонаводаву сарзамин ҷудост. Ҳамеша чунин буда. Аз навҷавониам, ки сар ба ин барзан задам ва ононе, ки маро аз дербоз мешиносанд, метавонанд гувоҳ бошанд.

Ин дебоча ногузир буд, чун номардумони давр дар тафкик (ҷудо кардан)-и фард аз фард сахт меланганд; ва ба ин гумони ғалатанд, ки ҳар он чи яке мегӯяд, бозтоби дидгоҳҳоест, ки аъзои хонавода дар он шариканд. На. Дар зиндагии ман ҳаргиз чунин набуда ва ман ҳаргиз эҳсоси иштироки ъақидатӣ бо аъзои хонаводаам надоштаам. Хубу бадаш бимонад барои баъд, аммо феълан ҳаминро бидонем, ки дар ҷаҳони имрӯзӣ мафҳуми “истиқлоли ъақидатӣ” вуҷуд дорад. Яъне як нафар, ба ъунвони як воҳиди ҷудогона дар як хонавода, метавонад дидгоҳ ё дидгоҳҳое дошта бошад, ки бо тафаккуроти дигар ҳамвандони хонавода созгорӣ надорад. Ин нукта дар мавриди мани навъӣ сидқ мекунад. Ва бисёре дигар ҳам. Ин ҳақиқатро бояд дарк ва ҳазм кард. Вагарна мешавад ёрони худро дучори дардисар кард.

***

Пур равшан аст, ки “васиятномаи модар” (он чи ин дурӯза нақли маҳофили фейсбукист) супоришист ва барсохтаи давлати Тоҷикистон аст. Тадвини базоҳир ҳирфаӣ (профессиональный)-и он матлаб бо ҳузури ҳунарпешаи ҳирфаӣ далели ин иддаъост. Аммо он чи бояд равшантар шавад, шигирд (метод)-ест, ки созандагони он ба кор гирифтаанд. Дар ҳуқуқи байнулмилал чунин шигирде маҳкум ва қобили пайгард аст. Яъне агар дар як кишвари “ҳуқуқбунёд” зиндагӣ мекардем, созандаи он бояд ба додгоҳ мерафт. Тавассул ба зӯру фишор ба аъзои хонаводаи як мухолифи давлат ҷурми бузург аст. Номи байнулмилалии он ҷурм harassment ё “озору азият” аст, ки пайгарди қонунӣ дорад. Афзун бар ин, азияти равонии як модари 83-сола, ки ба далели зулми давлати вақт имкони дидор бо фарзанди худро надорад, дар қонуни инсоният “ғайриинсонӣ” тавсиф мешавад. Пас он коре, ки дастгоҳи таблиғотии ҳукумати Раҳмон кард, комилан ғайриинсонӣ ва берун аз шаъну ҳайсияти як инсон буд. Иқдоме ба тамоми маъно дадманишона.

Дар ин суханронии ҳунарпешае, ки нақши модари Додоҷони Атоуллоҳро бозӣ мекунад, вожаи “номардӣ” мавҷ мезанад. Ҳунарпеша бо садое, ки буғзи маснӯъиаш ҷову беҷо мешиканад ва гоҳ оруқвора аст, суҳбат аз “номардӣ” мекунад. Мегӯяд: “Роҳи номардонаеро пеш гирифтаӣ; миллат аз ту ҳазар хоҳад кард”.

Ин ҷусторро ба “номардӣ” ихтисос медиҳем, то дарёбем, ки номард дар ин миён чи касест.

Ин вожа аз дербоз дар адабиёти порсӣ корбурд дошта ва ба маънои хор шумурдани ҷинси зан набудааст. Низомии Ганҷавӣ гӯяд:

На ҳар к-ӯ зан бувад, номард бошад,
Зан он мард аст, к-ӯ бедард бошад.

Яъне мардию номардӣ дар ин бофтор (контекст) сирфан сифат аст; сифати ҷасорату шаҳомату садоқат, ки метавонад ҳам ба зан ва ҳам ба мард таъаллуқ бигирад.

“Номардӣ” дар адабиёти порсӣ ба маънии гурехтан аз пайкор ва тан додан ба бардагию хорист. Ончунон ки Саъдии Шерозӣ онро тавсиф кардааст:

Эй зарра, ту дар муқобили Хуршед,
Бечора чи мекунӣ ба ин хурдӣ?
Дар ҳалқаи корзор ҷон додан,
Беҳтар, ки гурехтан ба номардӣ.

Дар адабиёти порсӣ “номардӣ” худхоҳист; амнияту амонати худро авло донистан ва пушт кардан ба оҳоди миллат; ба фикри миллат набудан ва сирфан ба фикри сарватандӯзӣ ва хушгузаронии худ будан. Ончунон ки боз ҳам Саъдии Шерозӣ фармояд:

Чу сад дона маҷмӯъ дар хӯшае
Фитодем ҳар донае гӯшае,
Ба номардӣ аз ҳам бидодем даст,
Чу моҳӣ, ки бо ҷавшан уфтад ба шаст.

Яъне номардӣ даст аз ҳам гусехтан аст, ҳамдигарро танҳо гузоштан аст, яке дигариро туъмаи бало кардан аст... Оё ин сифот дар бораи Додоҷон сидқ мекунад ё мухолифонаш, ки чашми ниёз ба косаи давлат дӯхтаанд?

Оё касе, ки ҳамаи хатарҳоро ба ҷон харида, то шояд фараҷе дар умури кишвараш ҳосил шавад, номард аст ё оне, ки аз қаҳри кадом навкисае домани тар дорад? Оё тарс аз ҳокими бедодгар нишони номардист ё ситеза бо бедодӣ? Инҳо ки ба мисолу тавзеҳ ниёз надорад ва барои ҳамагон бояд пур возеҳ бошад. Ҳарчанд метавон аз Ъаттори Нишопурӣ намуна овард, ки мегӯяд:

Марди раҳи ъишқи ту аз домани тар тарсад,
Он кас, ки бувад номард, аз додани сар тарсад.
Гар бо ту дусад дарё оташ бувадам дар раҳ,
На дил зи худ андешад, на ҷон зи хатар тарсад.

Саноии Ғазнавӣ ҳам хитоб ба бедодгарони даҳр, ки пайваста аз роҳҳои дунманишона дар ҳоли пайкори ноҷавонмардона бо занону мардони даҳр буданд, гӯяд:

Кай кунад нохубро бедод хуб?
Чун кунад номардро кофур мард?
Ту ҳама бодию моро бо ту сулҳ,
Мо туро хоку туро бо мо набард.

Ва боз ҳам Саноии Ғазнавист, ки ба тафкики “мард”-у “номард” ва мафҳуми ин ду сифат мепардозаду мегӯяд:

Ҷуз ъишқу ихтиёр ба майдони ному нанг
Номардро зи мард ки кардаст ошкор?

Яъне ъишқу ихтиёр (озодии интихоб, истиқлоли андеша) аст, ки мардро аз номард тамйиз медиҳад. Ҳоло, бо дарке, ки аз мафҳумҳои “мард”-у “номард” дар адабиёти порсӣ ҳосиламон шуд, кадом якеро мешавад номард тавсиф кард? Додоҷонро, ки ъишқу ихтиёр дорад ё ононеро, ки ъишқу ихтиёру истиқлол надоранд ва бардагони ҳалқабаргӯши ҳокиманд?

Авҳадӣ ҳам байте дорад, ки мегӯяд:

Номардро муроди биҳишт аст аз он ҷаҳон,
Моро муроди рӯи ту аз ҳар ҷаҳон, ки ҳаст.

Номардони даҳрӣ, мусалламан, муроди биҳиштро аз ҳамин ҷаҳон доранд. Ҳамин ҷост, ки соҳибу арбоб доранд. Ҳамин ҷост, ки ба побӯси соҳибонашон мераванд ва дар изои он побӯс ба силие чашми ниёз дӯхтаанд. Филми “Васиятномаи модар” побӯсе беш набуд, дар қиболи пашизе чанд.

Дар оғоз аз қавли Низомии Ганҷавӣ гуфтем, ки бедардӣ камоли номардист. Абӯсаъиди Абулхайр дар таҳкими он дидгоҳ гӯяд:

Кӣ ҳоли фитода ҳарзагарде донад?
Бедард куҷо лаззати дарде донад?
Номард ба чизе нахарад мардонро,
Марде бояд, ки қадри марде донад.

Пас чи касе дарди захмҳои бози Тоҷикистонро эҳсос мекунад ва хостори илтиёми он аст? Давлате, ки мегӯяд “дигар захме намондааст!” ё Додоҷоне, ки мегӯяд “захмҳои бисёреро бояд даво кард”? Кадом яке ба фикри давои захмҳост? Давлате, ки дар як ҷурми бузург ба модаре солманд фишор меоварад ва аз қавли ӯ дурӯғ мебофад ё Додоҷоне, ки мегӯяд, Тоҷикистон бемор аст ва ба мудовои фаврӣ ниёз дорад?

Оё касе, ки шиъораш ин рубоъии Бобо Тоҳири Ъурён аст, номард аст ё мухолифони ин шиъор?:

Ман он риндам, ки гирам аз шаҳон боҷ,
Бипӯшам ҷавшану бар сар ниҳам тоҷ.
Фурӯ н-ояд сари мардон ба номард,
Агар дорам кашанд монанди Ҳаллоҷ.

Вале чи касе беҳтар аз Шаҳриёр ҳисоби номардонро кафи дасташон гузошта, ки виҷдони худ баҳри луқмае нон ба номардон фурӯхтаанд?:

Баҳри нон бар дари арбоби наъими дунё,
Марав, эй мард, ки ин тоифа номардонанд.

Бо гузоре бар он чи гуфта шуд, пур ҳувайдост, ки иқдоми ахири ҳукумат (ба васат кашидани модари солманди Додоҷони Ъатоуллоҳ ба корзори додоҷонситезӣ) камоли номардӣ аст. Пеш аз интишори он видеуи нангин, дар Фейсбук ҳам сафҳае тавҳиномез бо тасвири модари Додоҷон боз шуда буд, ки дар натиҷаи селе аз гилояҳо баста шуд. Баъд аз чанд рӯз ҳамон тасвирро дар видеуи “Васиятнома” дидем. Шакке нест, ки манбаъи номардумонаи ҳар ду як гурӯҳи номардуму номард будаанд. Ва сарчашмаи ҳар ду ҳукумати Тоҷикистон аст. Торих қазоват хоҳад кард...

Агар кӯчактарин ъақлу шуъуре дар ин афрод боқист, бояд дастикам аз абёти ҷовидонаи Рӯдакӣ панд бигиранд:

Нашнидаӣ, ки зери чиноре каду буне
Барҷасту бардавиду бар ӯ бар ба рӯзи бист,
Пурсид аз чинор, ки “Ту чандрӯзаӣ?”
Гуфто чинор: “Ъумри ман афзунтар аз дувист”,
Гуфто: “Ба бист рӯз ман аз ту фузун шудам,
Ин коҳилӣ* бигӯй, ки охир зи баҳри чист?”
Гуфто чинор: “Нест маро бо ту ҳеч ҷанг,
К-акнун на рӯзи ҷангу на ҳангоми доварист.
Фардо, ки бар ману ту зад боди Меҳргон,
Он гаҳ шавад падид, ки номарду мард кист”.
_____________________________

*Коҳилӣ - танбалӣ




No comments: