Friday, July 26, 2013

Гуфтаниҳо...

Эй давлати ситам, ки туро нафй кардаам,
То кай ба номи ман ситаматро раво кунӣ?
То чанд аз ҷабини кишоварз ошамӣ?
Кай ҷони мо зи чини ҷабинат раҳо кунӣ?


***

Эй қаҳқаро, суруда ба тақдири меҳанам!
То кай ба доми ту пасу пешем? Боз гӯ!
Домат бигиру дафъи бало шав, то абад,
Мо растагони хосаву хешем! Боз ҷӯ!


***

Пойиз ҳама фасли вуҷуди ману мо шуд,
Полез гирифтори ҳаюлои бало шуд.
Бархезу зи офат ба чаман ном намагзор,
Берун бирез он чи дучори ибтило шуд.
 

No comments: