Friday, July 26, 2013

Модар

Агар аз кӯҳҳо деве
Зи хоби солиёне чанд бархезад,
Ба ман тозад, ки бар ахму* таби ӯ беибо будам,
Агар хашме чу деве бар сарам ояд, ки
Бе изнаш биосудам...

Агар дунё ба фарқи ин сари бечора даррезад,
Ки биғнудам,
Туро чун охирин тасвир меорам ба чашмонам,
Туро чун шоҳкори ъишқи инсонӣ...

Агар имрӯзи ман охир бувад ин рӯзгоронро,
Агар буғзам далеле бошадо ин бор-боронро,
Агар чашмам барои охирин бор аст механдад,
Агар зеҳнам барои вопасин бор аст меборад,
Туро дорам ба чашму зеҳни худ мастур,
Ба қалби хаставу маҳҷур,
Фазои суту кӯри ман бибахшоям,
Эй Модар...


***

Модар,
Ту ниҳояти тамоми башарӣ,
Модар,
Ту садоқати қазову қадарӣ.
Модар,
Ту маро чу ҷони худ парвардӣ,
Модар,
Ба тамоми шаън ту як падарӣ.

No comments: