Пил дар утоқи торик ё хиёре рӯи суфра
Таъсирпазирии динҳои сомӣ (иброҳимӣ) аз
маздаясно
Хиёр (бодиринг)-е васати суфра буду як зистшиносу як шоъир ба он
нигоҳ мекарданд ва ҳар як шинохти худ аз он гиёҳро бозмегуфт.
Зистшинос гуфт: “Хиёр гиёҳест аз тираи кадуиён, ки дар забони ъилмии фарангиён ба он
«кукумис сотивус» гӯянд, омада аз Ҳинд, ва ине, ки мебинед, навъи туршии он
аст, ки хурданист ва хиёр анвоъе ҳам дорад, ки хурданӣ нест ва оне, ки
хурданист, дар таркибаш фулон миқдор витомини B-ву C-ву калсиюму манганезу
фусфуру рӯйу ғайра дорад”.
Шоъир гуфт:
“Инҳо ҳама зиришк!..
Ин мехи заминро меситоям,
ки аз барояш
суфраи гуфтмоне андешабарангез
фароҳам шуда
ва хиёр аст, ки мезанад маҳмез
бар саманди хиёлам...
Зистшиносон аз вуҷуди ин афшураи хиради замин,
ки мунҷамид шуда,
ҳеч намедонанд...”

Ҳоло ин шуда ҳикояти Зӯбини Бихрад, поягузору сардабири маҷаллаи
конодоии Reorient аз як сӯ ва бародарон Маҳмудхони Бурҳонуфу Сайидюнуси
Истаравшанӣ аз сӯи дигар бар сари ҳақоиқи торихии марбут ба дини зартуштӣ ва
адёни иброҳимӣ. Як сӯ ба ин мавзӯъ рӯйкарди торихию ъилмӣ дорад ва сӯи дигар
сирфан эътиқодӣ. Як сӯ ҳамон зистшиноси достон асту сӯи дигар ҳамон шоъир, ки
ҳар кадом аз зовияи диде мутафовит ба мавзӯъ нигоҳ кардаанд. Ва он чи дар ин
миён аз диди торихию ъилмӣ муътабар аст, истидлоли Зӯбини Бихрад аст.
Манзур посухи Маҳмудхон Бурҳонуф ба мақолаи “Дини гумноме, ки Ғарбро шакл дод” (The obscure religion that shaped the West) ба қалами Зӯбини
Бихрад аст. Сари фурсат ба якояки нукоти тарҳшуда мепардозем.
Албатта, ин васат Зӯбини Бихрад ғоиб аст, вагарна посухи дархуртаре
менивишт. Аммо чун пораҳое аз матлаби ӯро ман баргардон кардаму дар сафҳаи
Фейсбукам гузоштам ва ба ъунвони тарафи муқобили Маҳмудхон Бурҳонуф дар матлабе
таҳти ъунвони “Оё адёни иброҳимӣ аз резахорони хони маздаясно ҳастанд?” номам
омадааст, ҳатталимкон дар ин фурсати андак посух хоҳам дод.
Дар мақолаи торнамои “Кимиёи саъодат”-и Сайидюнуси Истаравшанӣ мехонем: “Дар он мақола(-и Зӯбини Бихрад) кӯшида шуда, то шабоҳатҳое байни омӯзаҳо ва мафоҳими ойини зартуштӣ ва адёни иброҳимӣ (яҳудият, масеҳият ва ислом) нишон дода шавад, сипас ин шабоҳатҳоро далеле бар раҳ ёфтани ин мафоҳими динӣ аз дини зартуштӣ ба адёни иброҳимӣ гирифтааст.”
Дар воқеъ, сароғози мақолаи Зӯбини Бихрад банди зер аст:
Talk of ‘us’ and ‘them’ has long dominated Iran-related politics in the West. At the same time, Christianity has frequently been used to define the identity and values of the US and Europe, as well as to contrast those values with those of a Middle Eastern ‘other’. Yet, a brief glance at an ancient religion – still being practised today – suggests that what many take for granted as wholesome Western ideals, beliefs and culture may in fact have Iranian roots.
Мегӯяд: “Муддатҳост, ки мақулаи “мо” ва “онҳо” бар сиёсатҳои марбут ба Эрон дар Ғарб фоиқ будааст. Дар ъайни ҳол, маъмулан аз масеҳият ба ъунвони шохиси ҳувияту арзишҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Урупо – ва он ҳам барои қарор додани онҳо дар баробари арзишҳои “они дигар”-и ховаримиёнаӣ – истифода мешавад. Аммо бо нигоҳе кӯтоҳ ба як дини бостонӣ – ки имрӯз ҳам пайравоне дорад – мешавад ба ин дидгоҳ расид, ки бисёре аз андешаҳо, боварҳо ва фарҳанге, ки дар кул ғарбӣ маҳсуб мешавад, метавонад дар воқеъ решаҳои эронӣ дошта бошад”.

Яъне мухотаби Зӯбини Бихрад ғарбиҳое ҳастанд, ки аз дини маздаясно
шинохти андаке доранд ва масеҳиятро дар кул як падидаи ғарбӣ медонанд. Дар ин
росто оқои Бихрад, дуруст бар хилофи оқои Бурҳонуф, ҳақоиқу далоили торихиро
манбаъ ва пояи нивиштаи худ қарор додааст. Дар натиҷа дар мақолаи Маҳмудхон
Бурҳонуф мо бо усуле сару кор дорем, ки рабте ба усули машҳуд дар мақолаи
Зӯбини Бихрад надорад.
Барои намуна, Зӯбини Бихрад истидлол мекунад, ки андешаву мафҳумҳои Худои якто, биҳишту дӯзаху барзах, растохез ё рӯзи қиёмат, ваҳйи ниҳоӣ, фариштаҳову деву аҷинна ва Шайтон ҳама реша дар омӯзаҳои Зартушт доранд. Мегӯяд, вожаи “пардис” ҳам, ки имрӯза дар забонҳои фарангӣ (paradise) ва ъарабӣ (“фирдавс”) ба маънои боғи биҳишт аст, асолатан як вожаи порсии бостон асту ба маздаясно бармегардад. Ҳамаи ин иддиъоҳо мубтанӣ бар додаҳое аз ъилмҳое чун ториху забоншиносӣ аст. Ва танҳо касе, ки ба ъулум арҷ мегузорад, метавонад мухотаби он бошад. Аммо касоне, ки муътақиданд, тамомии дониши ҷаҳон дар китоби диниашон омада ва фаротар аз он набояд суроғи чизеро гирифт, чун ҳақиқат надорад, наметавонанд тарафи ин баҳс бошанд; чун ҳавзаи он баҳс комилан мутафовит аст.

Маҳмудхон Бурҳонуф барои вуруд ба баҳс нивишта: “шабоҳат байни ду ё
чанд мақула эҳтимол дорад ба хотири чанд далел бошад” ва 3 мавридро бармешумурда:
доштани ъиллати ягона, доштани як ъиллату як ё чанд маълул, тасодуф.
Дар тавсифи нуктаи дувум мегӯяд: “Яке иллат ва дигаре маълул бошад: яъне яке асл бошад ва мобақӣ фаръи бар он ва баргирифта аз он бошанд. Мисол: шабоҳат байни забонҳои сомӣ (арабӣ, ибрӣ ва оромӣ) далолат бар он мекунад, ки яке аз ин се забон бар ду тои дигар таъсир гузошта ва он ду фаръи бар он ва баргирифта аз он як мебошанд”.
Дар ин мавриди бахусус бояд гуфт, ки ташаккули ин забонҳо бар асари таъсирпазирӣ аз ҳамдигар сурат нагирифта, балки ҳамагӣ мутаъаллиқ ба як решаи воҳид ҳастанд ва ҳар кадом роҳи мустақилли худро рафтааст. Яъне яке баргирифта аз дигарӣ нест, балки ҳамагӣ баромада аз як решаанд. Ба гунае, ки имрӯза забони оромии навин дорему ъибрию ъарабии навин ҳам. Реша якесту шохаҳо мустақилланд. Ба монанди порсию паштую курдию ғайра, ки мутаъаллиқ ба решаи эронӣ ҳастанд ва наметавон гуфт, ки, масалан, курдӣ баромада аз порсӣ аст ё воруна. Пас боз ҳам мешавад ҳамон шиққи аввал, ки оқои Бурҳонуф овардааст: “Иллати ягона доштан”.
Барои мавриди дувум (“Яке иллат ва дигаре маълул”) шояд бишавад забони эсперонтуро намуна овард, ки маълули фаргашт (такомул)-и забонҳои мухталифи ҷаҳон аст ва чи дастури забону чи вожагонаш баргирифта аз забонҳои дигар аст.
Аз ин бахши мақолаи Маҳмудхон Бурҳонуф, ки бигзарем, ба “Посух”-и ӯ ба мақолаи Зӯбини Бихрад мерасем.

Оқои Бурҳонуф посухашро бо ин ҳукми ҳамагонӣ оғоз кардааст:
“Ҳамагон медонем, ки манзур аз дини яҳудият, пайравони ҳазрати Мӯсо (алайҳис
салом) аст ва ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) дар садаи 13 қабл аз мелод мезист”.
Ин ки Мӯсо, паёмбари яҳудият (ки дар масеҳияту ислому баҳоият ҳам мақоми паёмбарӣ дорад), дар чи даврае зиндагӣ кардааст, ҳатто дар миёни яҳудиён як посухи воҳид надорад, чи бирасад ба ҳамагон. Яҳудияти хохомӣ давраи зиндагии ӯро байни 1391 то 1271 пеш аз мелод баровард кардааст. Жеруми Қиддис 1592 пеш аз мелодро соли таваллуди Мӯсо медонист. Солҳои 1393, 1571, 1593 пеш аз мелод ҳам ба ъунвони соли мелоди Мӯсо инҷову онҷо зикр шудааст.
Ҳеч як аз ин иддиъоҳо мубтанӣ бар ҳеч додаи ъилмӣ нест ва сирфан муттакӣ бар бовар аст. Дар воқеъ, донишвароне, ки чеҳраи торихии Мӯсоро таҳқиқ мекарданд, ба ин иттифоқи назар расиданд, ки ӯ як чеҳраи афсонаӣ ё як қаҳрамони устураӣ буда, ки бино ба ривоёти мардумӣ, яҳудиҳоро аз асорат дар Миср наҷот додааст. Аммо ҷолиб инҷост, ки бо он ҳама торихнигорию торихнигораҳо дар минтақа, ҳеч нишонае аз асорати яҳудиҳо дар Миср ва 40 сол саргардонии яҳудиҳо ба раҳбарии Мӯсо дар саҳрои Сино барои расидан ба Канъон вуҷуд надорад. Мӯсо як чеҳраи афсонаии яҳудист, шабеҳи Ҳеркул (Hercules)-и юнонию Рустами Золи эронӣ, ва вуҷуди торихӣ надоштааст, то бишавад соли таваллуди ӯро мушаххас кард. Ва баҳсҳое аз ин дастро бояд бо додаҳои торихӣ анҷом дод, ки сарфи назар аз бовари ину он ъайният дорад. Додаҳои торихӣ ба доди ин истидлоли оқои Бурҳонуф намерасад. Чунин додае дар мавриди ҳузури физикии Мӯсо ном паёмбаре бар рӯи замин вуҷуд надорад.

Танҳо адабиёти муътабаре, ки оқои Бурҳонуф бад-он тавассул меҷӯяд,
адабиёти динист. Ва адабиёти динӣ, онгуна ки пайдост, санади ниҳоӣ барои
таъйини ҳақоиқи торихии мавриди иддиъои худаш нест. Яъне торихе, ки дар он
кутуб омада, илзоман ба субуту эътибори ъилмӣ нарасидааст. Ба ъиборате,
намешавад барои таъйиди иддиъои як китоб худи ҳамон китобро санад овард. Аммо
дар мақолаи оқои Бурҳонуф фарозе чанд аз “Ъаҳди ъатиқ”- (“Ъаҳди қадим”)-ро
мехонем ва ин натиҷагирии ӯро:
“Бо ин ҳисоб яҳудиён тақрибан ба муддати 60 сол дар асорати Бобил буданд ва аз замони беъсати ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) то замони асорат ҳудуди 700 сол ва то замони раҳоӣ ҳудуди 760 сол мегузаштааст. Агар иддаои ҷаноби Зӯбини Бихрадро дуруст бидонем, ин бад-он маъност, ки муддати 760 сол дини яҳудият аз омӯзаҳои аслӣ ва муҳимми динӣ туҳӣ буда ва яҳудиён аз он омӯзаҳо бехабар.”
Ба қавли Ишон Торур (Ishaan Tharoor), аз нивисандаҳои “Вошингтун Пуст”, “берун аз нивиштаҳои инҷилӣ дар маъохизи бостоншинохтию торихӣ ҳеч ишорае ба мавҷудияти Мӯсо вуҷуд надорад. Ҳеч чорчӯби замонии мушаххасе ҳам барои вуқӯъи Хурӯҷи Бузург (Муҳоҷирати Банӣ Исроил аз Миср ба Канъон) дар назар гирифта нашуда ва донишварон бозаи замонии онро беш аз 500 сол фарз кардаанд. Ҳувияти Фиръавни шарир дар Китоби Муқаддас ҳам бароямон равшан нест, ҳарчанд дар филмҳо ӯро дар симои Ромесеси Дувум тарсим мекунанд. Он фиръавн ба хотири футӯҳот ва сохтмонсозиҳое, ки дошта, маъруф аст. Торихшиносон дар ҳеч ҳаффориву катибаву попирусе нишонае аз Мӯсое, ки дар давраи салтанати Ромесес зиндагӣ карда бошад, пайдо накардаанд”.
Пас оё мешавад сирфан бар пояи кутуби динӣ ҳузури он чеҳраҳо ва вуқӯъи он рӯйдодҳоро як ҳақиқати инкорнопазир донист? На. Аммо ин эроди оқои Бурҳонуф ҷои тааммул дорад:
“Агар иддаои ҷаноби Зӯбини Бихрадро дуруст бидонем, ин бад-он маъност, ки муддати 760 сол дини яҳудият аз омӯзаҳои аслӣ ва муҳимми динӣ туҳӣ буда ва яҳудиён аз он омӯзаҳо бехабар.”

Ҳатман истилоҳи “илоҳим”-ро шунидаед, ки бавежа дар миёни
порсигӯёни Осиёи Марказӣ роиҷ аст. Онро ба маънои “Худои ман” ба кор мебаранд,
ғофил аз ин ки ин вожаи ъибрӣ (אֱלֹהִים) ба маънои “худоён”, яъне ҷамъи худоён аст, на Худои
якто. Ин танҳо яке аз нишонаҳои чандхудоӣ будани яҳудият аз оғози кор аст.
Он чи имрӯз бо номи “яҳудият” шинохта мешавад, дар садаи шашуми мелодӣ, ҳамин
1500 сол пеш ниҳодина шудааст ва ба он “Яҳудут рабанит” יהדות רבנית (Яҳудияти хохомӣ) гӯянд ва истилоҳи
инглисии он Rabbanic Judaism аст. Ин ҷараёни яҳудият, ки саранҷом ба чирагӣ
расид, дар садаи дувуми мелодӣ падид омад ва 400 сол баъд ба ҷараёни аслии
яҳудият табдил шуд. Танҳо пас аз он буд, ки “Талмуди бобилӣ” ба тадвини ниҳоӣ
расид. Бино ба бовари Яҳудияти хохомӣ, Тавроти нивишторӣ ҳамроҳ бо тавзеҳоти
гуфтории он дар кӯҳи Сино ба Мӯсо ваҳй шуд ва ӯ онро ба мардуми худ мунтақил
кард.
Яъне як қонуни содаи табиъатро бояд дубора ба ёд овард, ки ҳеч чизе бар бод устувор нест ва ҳар чизе бар пояи чизе дигар сохта шудааст. Дар мавриди чигунагии гузори яҳудият аз арбоби анвоъ (чандхудоӣ) ба яктопарастӣ китобҳое нивишта шуда, ба монанди “Худованд дар тарҷума” аз Морк С. Исмит (God in Translation) https://books.google.co.uk/books?id=CmCVZ5mHsboC&printsec=frontcover&dq=Mark%20S.%20Smith%2C%20God%20in%20translation&source=bl&ots=FzHThONctW&sig=DJrqxkl7xwwXlGbVcY0V0hldC6Y&hl=en&ei=cv8CTLDPGcyeccuv3NUB&sa=X&oi=book_result&ct=result&redir_esc=y#v=onepage&q&f=false

ва “Торихи Худованд”-и Корен Ормстронг (A
History of God) ҳам ба ин мавзӯъ иҷмолан пардохтааст. Ва лубби матлаб ин аст, ки такхудоӣ дар яҳудият оғози роҳ набуда,
балки анҷоми он аст. Дар Таврот мешавад номи худоёни канъониро ҳам дид, ки гоҳ
ба ҷои “Яҳува” ба кор рафтаанд.
Канъониён арбоби анвоъ доштанд ва яктопараст набуданд. Дуруст ба монанди эрониён, ки то пеш аз омадани Ашӯ Зартушт арбоби анвоъе доштанд ва бо омадани маздаясно ҳамаи яздони худро дар як язд ё эзид, ки Аҳуромаздо бошад, хулоса карданд ва Худоро якто донистанд. Канъониён ҳам, ки мардумшиносию торих собит карда, ҳамон яҳудиён ҳастанд, худоёне доштанд, чун Илу Баълу Илйун, ки номҳояшон дар Таврот ҳам омадааст. Ҳамаи инҳо дар забони ъибрӣ дорои маъно ҳастанд. “Ил” (El) бо “илоҳ”-и ъарабӣ аз як реша аст, ба ҳамон маънои “худо” ва аз худоёни аслии канъониён буда, ба монанди Аллоҳ, ки пеш аз ислом аз худоёни аслии аъроби Макка буда ва номи падари паёмбари ислом (Ъабдуллоҳ) баромада аз ҳамон аст. Ҳиҷои охири номи кишвари “Исроил” ҳам ҳамон “ил” аст, ба маънои Худованд. Ва “илоҳим” ҷамъи он бошад.

Аммо “Яҳува” (номи Худои яҳудӣ) дар забони ъибрӣ реша надорад ва
вомвожаест бо асолати норавшан; ҳарчанд бархе кӯшидаанд барояш дар ъибрӣ маъно
битарошанд. Дар ин маврид ҳам матолиби фаровоне мешавад ёфт, аммо кунҳи мавзӯъ
ин аст, ки “Яҳува” дар оғоз худои тозавориде буда, ки пайравони Мӯсои афсонаӣ
ба ъунвони “Худои миллӣ” (National God)-и худ дар миёни худоёни бисёри дигар
муъаррифӣ кардаанд, ки намунае аз раванди мавсум ба “такпарастӣ” ё monolatrism
аст. Мунулатрисм ё такпарастӣ, яъне парастидани як худо дар ъайни эътиқод ба
вуҷуди чандин худо. Мисли кеши ҳинду, ки пайравонаш ба вуҷуди худоёни бисёре
эътиқод доранд, аммо гурӯҳе фақат Гонешро мепарастаду гурӯҳе дигар фақат
Ҳонумонро... Ба ин ҳолат “як-аз-чандпарастӣ” ҳам гӯянд, ки тарҷумаи истилоҳи Henotheism-и
юнонист. Инҳоро мегӯям, то ҳар кадомро худатон дар канори номи яҳудият биГуглед
ва аз натиҷаи ҷустуҷӯятон баҳра бибаред. Мисли ин яке, ки нивисандааш дар пайи
пажӯҳишаш ба “яказчандпарастӣ”-и яҳудиҳо дар садри яҳудият мутақоъидтар
шудааст:
http://toby.weebly.com/hebrew-henotheism.html

Кӯтоҳсухан, яҳудият ҳам мисли ҳар чиз, кас, раванд ё падидае
фаргашт ё сайри такомул доштааст ва аз оғоз ҳамоне набуда, ки акнун ҳаст. Ба
гуфтаи Солу Витмойер Борун, устоди ториху адабиёти яҳудӣ дар Донишгоҳи
Кулумбиё, “дар ҳудуди 4000 сол торихи худ мардум ва дини яҳудӣ вифқпазирӣ ва
истимрору пайвастагии қобили мулоҳизае ба намоиш гузоштаанд. Онҳо дар бархурди
худ бо тамаддунҳои бузурге аз Бобилу Мисри бостон гирифта то сарзаминҳои
масеҳии Ғарб ва фарҳанги секулори навин ъунсурҳои бегонаеро пазируфта ва онҳоро
дар низоми иҷтимоъию мазҳабии худ мудғам кардаанд ва бад-ингуна ба ҳифзи хатти
пайвастаи суннати қавмию динии худ муваффақ шудаанд”. Яъне ҳар он чи дар
яҳудият ҳаст, асолатан яҳудӣ нест.
Аммо ғайрияҳудитарин ном дар Таврот ҳамоно номи Куруши Бузург аст. Дар воқеъ, Куруш танҳо ғайрияҳудист, ки дар Таврот бо лақаби “Масеҳо” (Мошиҳо) аз ӯ ёду тақдир шудааст. Чун дастуру махориҷи бозсозии Маъбади Сулаймон ва Уршалими вайроншударо дода буд. Дар Китобҳои Ашъиё, Дониёл, Ъизро ва Наҳмиё дар канори тавсифу такрими Куруш пораҳоеро марбут ба зиндагию таҷрубиёти яҳудиҳо дар Эрон ҳам мешавад хонд, ҳамроҳ бо таъорифе аз Дориюшу Ардашери Дароздаст.

Пас аз озодсозии яҳудиёни дарбанд дар Бобил шумори бисёре аз
фарҳехтагони онҳо дар Эрон мондагор шуданд ва барои дарбори Ҳахоманишӣ кор
мекарданд. Пас аз ҳамин иттифоқ буд, ки дар нивиштаҳои малакутии яҳудӣ
дигаргуниҳои ъумдае рух дод ва мафҳумҳои тозае роиҷ шуд. Барои намуна, мафҳуми
таъаллуқи тамоми кайҳону ҷаҳон ба Худованди воҳид дар нивиштаҳои динии яҳудӣ
барои нахустин бор пас аз табъиди яҳудиҳо ба Бобил мушоҳида мешавад. Баъд аз тамоси
яҳудиҳо, бавежа фархеҳтагону ҳотифони яҳудӣ бо Эрон, барои нахустин бор дар
нивиштаҳои муқаддас аз фариштаҳо ёд мешавад. Яҳудиёни дар табъид нигарон
буданд, ки дар сарзамини ғурбат намозашон мустаҷоб намешавад, чун ба дур аз
сарзамини муқаддас ҳастанд. Аммо баъдан ин андеша вориди тафаккури динии яҳудӣ
мешавад, ки фариштаҳо намозу дуъояшонро ба мақсад хоҳанд расонд. Фариштаҳо аз
боварҳои росихи зартуштиёни он даврон буданд.
Пеш аз тамоси яҳудиҳо бо маздаясно мафҳумҳои биҳишту дӯзах барояшон гунг буд. Яъне дар китобҳои муқаддаси яҳудӣ пеш аз табъидашон ба Бобил ба “ъуқбо” ва биҳишту дӯзах ишорае нашуда буд. Он китобҳо ҳовии фалсафаи мухтасаре буданд: мо аз гард падид омадаему ба гард ҳам боз хоҳем гашт. Аммо пас аз ошноии яҳудиён бо дини импротурии Эрон буд, ки биҳишту дӯзах ба дини яҳудият ҳам роҳ ёфт.
Растохез ё рӯзи қиёмат, иблис, ҳисобрасӣ дар дарвозаи вуруд ба биҳишт ё дӯзах, ноҷии мавъуде, ки қарор аст умури дунёро ба сару сомоне бирасонад ва ғайра аз ҷумлаи мафоҳими дигаре ҳастанд, ки дар ҳамон давра ва дар пайи тамоси яҳудиён бо маздаясно вориди дини яҳудият шуданд. Инҳо дигар ҳарфи бовару эътиқод нест, балки ҳарфи торих аст ва қобили радёбист. Бавузӯҳ метавон радёбӣ кард, ки ин мафҳумҳо чи замоне ба низоми эътиқодии яҳудиён роҳ ёфтаанд.
Митчел Ҳервитз, як рӯҳонии яҳудӣ, дар ин мақолааш шуморе аз ин маворидро баршумурдааст:

http://www.greenwichtime.com/opinion/article/Syncretism-and-the-Zoroastrian-influence-on-4732682.php
Ҳамаи ин маворид, ки ҳазорон сол пеш ҳам ҳеч кадом барои зартуштиён
тозагӣ надошт, дар динҳои масеҳият ва ислом ҳам вуҷуд дорад, чун ҳар ду ба
монанди яҳудият аз адёни сомӣ (иброҳимӣ) ҳастанду аз як реша об мехуранд. Ва
аммо дар замони пайдоиши масеҳияту ислом маздаясно бузургтарин дини минтақа ва
аз муҳимтарин динҳои ҷаҳон буд. Табъан, наметавон дар мавриди таъсиргузории як
чунин дине ба динҳои дигар таъаҷҷуб кард. Барои намуна, дини баҳоӣ, ки дар
давраи ислом ва дар як кишвари мусалмон падид омада, саропо аз ислом таъсир
пазируфта ва барои касе ҳам таъаҷҷуб надорад. Он замон ҳам, ки масеҳият ва
ислом падид омаданд, маздаясно як чунин ҳолате дошт ва таъсиргузории он бар
динҳои тоза барои як фарди огоҳ аз торих як ҳақиқати ъодӣ ба шумор меояд, на
шигифтангез.
Ба ҳамин ҷиҳат ҳам, масеҳият ва ислом аз маздаясно таъсироти дигаре ҳам бардоштаанд. Бовар ба набарди миёни некию бадӣ ё фурӯзаҳои илоҳию нафси шайтонӣ, пайкори дарунии мудовим бо нафси аммора, ки бо номи “ҷиҳод” шинохта мешавад (пайкор бо Аҳриман ё шарри дарунӣ), омадани Сушёнс (Масеҳ) барои наҷоти ҷаҳон ва зода шудани ӯ аз як дӯшиза (зани бокира), панҷ вақт намоз, татҳир пеш аз намоз ва пок нигаҳ доштани маҳалли намоз, дастрасии афроди бахусусе ба мурда ва дурии аксарият аз он ва мавориди хурду рези бисёри дигар пеш аз пайдоишашон дар масеҳият ё ислом дар миёни зартуштиён роиҷ будаанд. Дар мавриди ҳар як аз онҳо мешавад соъатҳо нишасту гуфт ё нивишт, вале вақт феълан маҷоли бештар намедиҳад. Албатта, бо мутолеъае андак мешавад ба ин ҳақиқат расид, ки динҳои сомӣ (иброҳимӣ) аз резахорони хони маздаясно ҳастанд.

No comments:
Post a Comment