Ватан вайрона аз ёр аст ё ағёр? Ё ҳарду?
Ин пурсиши устод Лоҳутӣ ҳамчунон бар сари
миллати мо овезон аст. Шояд “ҳарду” посухи осонтаре бошад. Яъне ҳам “ъадовати
бегонагон” ва ҳам “бозичаи даст шудани ёрон” даст ба дасти ҳам додаанд, то Ватан
вайрона шавад. Аммо дар ин миён бозичаи даст шудан гуноҳи бузургтарест, чун
шуъуру шарофати инсониро зери суол мебарад. Дар ҳоле ки вайрона кардани кишваре
ғайр барои ағёр (бегонагон) таклифи виҷдонии чандоне надоштааст, бавежа ин ки
талоши онҳо аз ин “вайрона кардани кишвари ғайр” беҳбуд бахшидан ба ҳолу вазъи
кишвари худӣ будааст.
Он мисраъро Лоҳутӣ дар бораи Эрон суруда,
аммо дар мавриди ҳар ватани дигаре ҳам, ки вайрона шуда, сидқ мекунад.
Баъдан мафҳуми “Ватан” барои Лоҳутӣ
густардатар шуд ва афзун бар Эрон тамоми Шӯравиро ҳам Ватани худ медонист. Барои
Лоҳутӣ, ки аз Кирмоншоҳу Теҳрони Эрон ба Маскаву Душанбеи Шӯравии истолинӣ паноҳ бурда буд, Ватан ҳамоне
шуд, ки дар он зиндагӣ мекард, афзун бар сарзамине, ки дар он зодаву парварда
шудаву пушти сар гузошта буд.
Барои насли ман Ватан ғолибан ҳамонест, ки
дар он ба дунё омадаанд. Бо таваҷҷуҳ ба буридагии наслҳои мо аз ҷаҳони хориҷ,
Ватани мо ҳам хурдтар аз оне буд, ки рӯи нақша мебинем. Маъмулан таборузи
меҳандӯстӣ дар миёни наслҳои мо бештар ба таърифу тамҷиду тавсиф аз қишлоқи худ
маҳдуд мешавад. Ва агар фаротар биравад, ба таърифу тамҷиду тавсиф аз шаҳристон
(ноҳия)-и худ мерасад. Ва дар пайи талошҳои фаровон барои “равшанфикр шудан” як
равшанфикри мо мекӯшад дар таърифу тамҷиду тавсифи Ҷумҳурии Тоҷикистон санги
тамом бигзорад. Ва дар ниҳоят равшанфикри мо шоъир мешавад.
Дар тамоми ин
таърифҳо аз Ватан шакли сиёсии он рӯи нақшаи ҷаҳон мадди назар аст. Масалан,
шоъире, ки васфи “тоҷик”-ро месарояд, ба фикри афроде нест, ки дар Афғонистону
Узбакистону Чин ҳам худро “тоҷик” меноманд. “Тоҷик”-и шоъири мо фақат тоҷики
Тоҷикистон аст. Бад-ин гуна шоъири мо вафодории худро ба шаклу сурати Ватани мо
рӯи нақшаи сиёсӣ ҳифз мекунад. Ва албатта, ин ҳолат ба шеъру адаб хулоса
намешавад, балки дар тамоми ъарсаҳои зиндагӣ ба шакли боризтаре ҷилва мекунад.
Дар натиҷа, агар дар Тоҷикистон суҳбат аз “тоҷик” шавад, тасаввур сирфан дар
мавриди тоҷикони Тоҷикистон аст. Тоҷикони дигар қурбонии тасаввури мо аз Ватан
мешаванд. Тасаввуре, ки таслими нақшаи сиёсӣ шудааст. Нақшаи сиёсие, ки дар
кашидани он тоҷикон ҳеч нақше надоштаанд.
Тоҷикони Тоҷикистон
бо шӯру ҳаяҷон ҳамасола торихи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сусиёлистии
Тоҷикистонро ҷашн мегиранд; бо ин нидо, ки “Шӯравӣ барои аввалин бор пас аз
ҳазор сол давлатдориро ба тоҷикон баргардонд!” Ва камтар касе дар миёни мо дарк
мекунад, ки он торих рӯзи хурду рез шудани Ватани бамаротиб бузургтари мост. Ёди
касе нест, ки Ватани пешини мо Бухорои Бузург буд, ки акнун миёни се ҷумҳурии
Туркманистону Узбакистону Тоҷикистон тақсим шудааст. Яъне ҳамин 100 сол пеш
Ватани гузаштагони мо “Бухоро” ном дошт; бамаротиб паҳновартар, бо забони дарӣ
(расмӣ)-и порсӣ. Акнун барои насли мо, ки нақшаи сиёсӣ маҳаки таъйини мафҳуми “Ватан”
аст, Бухоро хотирае беш нест... Ва ҳатто тоҷиконаш. Мо ҳамасола торихи кӯчаку
хор шудани Ватанамонро “бо тантана” ҷашн мегирем. Зеро мафҳуми “Ватан” ба зеҳни мо аз рӯи нақшаи
сиёсӣ мунтақил шудааст. Нақшае, ки тоҷикон дар кашиданаш ҳеч нақше надоштаанд.
Аммо ҳастанд касоне, ки
нақшаи сиёсӣ барояшон сирфан як нақшаи сиёсӣ аст, на баёнгари ҳувияти онҳо.
Сиёсат метавонад рӯи замину ҳаво марз бикашад, аммо наметавонад аз қалбу мағзи
онҳо бигзарад. Барои онҳо, “сарҳади тоҷик забони тоҷик аст” (ба қавли Бозор
Собир дар солҳои хуштараш). Барои онҳо, забони порсӣ ҳадду марзи сарзамини
ростини тоҷиконро таъйин мекунад. Ва ин даста аз афрод Тоҷикистону Узбакистону
Туркманистону Эрону Афғонистону бахшҳои порсигӯи бархе дигар аз сарзаминҳоро
Ватани худ медонанд. Чун ин даста аз афрод ба бозиҳои сиёсӣ маҳал намегузоранд.
Бозиҳои сиёсӣ Ватани мову шуморо ҳар чанд сол як бор инҷову онҷо мекунад, аммо
ҳувияти инсоне, ки барои худаш эҳтиром қоил аст, тағйирнопазир аст.
No comments:
Post a Comment