Сайфуллоҳ
Сафаруф, аз истротежистҳои аршади давлати Тоҷикистон, ситораи ҳафта буд. Ба ҳар
далеле салоҳи кори давлат бар ин буда, ки посухи худ ба ҳамоиши мухолифонаш дар
Олмонро аз даҳони ӯ пахш кунад. Посухи оқои Сафаруф як ҳақиқатро ҷор мезад: набуди
дурандешӣ ва саводу дирояти сиёсӣ ҳатто дар Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдӣ
(истротежик)-и давлат. Марказе, ки интизор меравад роҳро аз чоҳ ташхис
бидиҳаду ноҷии давлат бошад, беш аз пеш чоҳро жарфтар меканаду давлату миллатро
ба сӯи он савқ медиҳад.
Оқои
Сафаруф ба забони худаш мегӯяд:
“Агар
ёдатон бошад, чанд сол пеш суоле шуда буд ъоид ба “Гурӯҳи 24”-у Додоҷон
Атовуллоев. Ман гуфта будам, ки онҳо дар сиёсати мо ҷои холианд. Яъне онҳо
наметавонанд ҳеч таъсире ба Тоҷикистон бирасонанд. Чунки дар инҷо заминаи
иҷтимоъӣ надоранд. Лекин (ҳоли) ҳозир ман таъкид мекунам, ки ин раванди
муттаҳидшавии қувваҳои гуногуни сиёсӣ дар беруни кишвар, бахусус бо пешравии
Ҳизби Наҳзати Ислом(ӣ) ба амнияти миллии мо хатари хеле ҷиддӣ дорад”.
Яъне
худаш ба кӯтоҳбинии сиёсии худаш эътироф кардааст, ки он чи пиндошта буд, ғалат
буда. Шӯрбахтона, натиҷае ҳам, ки ҳоло бад-он
расида, на танҳо хатои чанд сол пешашро ҷуброн намекунад, балки бар ъумқи
вахомати авзоъ меафзояд.
Нигаронии Сафаруф аз ин нест, ки нерӯҳои мухолифе вуҷуд
доранд, балки аз он аст, ки ин нерӯҳо фаъъол ва муттаҳид шудаанд. Яъне дар
гузашта ҳам ин нерӯҳо буданд, аммо парокандагии онҳо хатарашонро барои давлат
камтар карда буд. Аз суҳбатҳояш чунин бармеояд, ки норозию мухолиф будани
мардум барои ӯ аҳаммияте надоштааст; иттиҳоди мардум аст, ки нигаронаш мекунад.
Манзураш аз “амнияти миллӣ” ҳам дар идомаи суҳбатҳояш равшантар мешавад: ҳифзи
давлати мавҷуд.
Сафаруф барои тарсондани афкори ъумумии Тоҷикистон намуна
меоварад: Либӣ, Ъироқ, Сурия, Тунис, Миср. Ва мегӯяд: “ҳамон ҳаракатҳо... ин давлатҳоро чаппаву роста
кард, ҳамин гуна ҳаракатҳои хавфноки сиёсӣ ба вуҷуд наоянд”. Аммо дар дарки
далели вуқӯъи он рӯйдодҳо, ки “давлатҳоро чаппаву роста кард”, ҳанӯз ъоҷиз аст.
Ҳанӯз дарнаёфта, ки амнияти як кишвар рӯи сарнайзаи сарбозонаш устувор
намемонад. Таҳти фишору таъаддӣ намешавад амниятро то дергоҳ ҳифз кард. Амнияти
миллӣ ва ҳатто давлатӣ танҳо ва танҳо аз роҳи расидагӣ ба гилояҳои мардум,
маҷол додан ба ибрози мухолифатҳои мусолиматомез, таҳаммули ҳузури гурӯҳҳову
ҳизбҳои мухолифи давлат муяссар мешавад. Ҳамин роҳе, ки даҳаҳост бисёре аз
кишварҳои фарангӣ ихтиёр кардаанд ва акнун ҳеч як аз ҳамоиши нерӯҳои
мухолифаш дар ҳеч як гӯшаи ҷаҳон нигарон намешавад.
Он “ҳаракатҳои
хавфноки сиёсӣ” танҳо замоне падид меояд, ки ҳамаи роҳҳои эҷоди тағйири
мусолиматомез аз роҳи интихобот ба рӯи мардум баста шуда бошад. Ва ин дақиқан
ҳамон иттифоқест, ки дар ҳамаи кишварҳои мавриди ишораи ӯ (Либӣ,
Ъироқ, Сурия, Тунис, Миср) сурат гирифта буд. Пас мухолифати бархе бо давлати
кунунии Тоҷикистон аслан ҳеч таъаҷҷубе надорад. Ононе, ки мавриди ситам воқеъ
шудаанд, худбахуд мухолиф мешаванд. Он чи таъаҷҷуб дорад, ин аст, ки
истротежисти Тоҷикистон ҳанӯз далели бурузи ин ихтилофот ва поёни талхи гурезнопазири
ин моҷароро дарк намекунад. Вақте ки ҳамаи сӯрохҳои як зарфро мебандеду оташи
зерашро баланд мекунед, он зарф баночор мунфаҷир мешавад.
Ду сол пеш, чанд ҳафта қабл аз ин ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ
таътил шавад, гуфта будам, агар дарҳои ҲНИТ баста шавад, дари шайтанат боз
хоҳад шуд. Ва чунин ҳам шуд. Ва ҳеч шакке нест, ки бо афзоиши фишор бар ҷомеъа,
хафа кардани садоҳои мухолиф, ғасби дороиҳои мардум, дареғ доштани ҳаққи зиндагӣ
дар сарзамини худ аз шаҳрвандони Тоҷикистон дари шайтанат бозтару бозтар хоҳад
шуд ва саранҷоми он на барои миллат хушоянд хоҳад буду на барои давлат.
Зимнан, давлат ва миллат ду мафҳуми мухталифанд ва
намешавад “амнияти миллӣ”-ро амнияти давлатӣ фарз кард. Яъне миллат набояд баҳои
ҳифзи курсии шуморо бипардозад. Давлат хидматгори миллат аст, чун бо пули
мардуми ъодӣ мечархад. Танҳо дағдағаи давлат бояд фароҳам кардани тамоми
шароити зиндагии инсонии шоиста барои миллат бошад. Зиндагии инсонии шоиста
ҳамроҳ бо эътирозу мухолифат ҳам ҳаст. Давлат бояд тобу таҳаммули эътирозу
мухолифати валинеъмати худ, корфармои худ, яъне миллатро дошта бошад. Дар ғайри
ин сурат, он давлат нест, балки як гурӯҳи ғосиб аст, ки ҳаққи миллат барои
зиндагии шоиста дар хонаи худро поймол кардааст. Гурӯҳест, ки пули мардумро
мегираду кори мардумро анҷом намедиҳад.
Густохии оқои Сафаруф дар он суханронӣ ба ҳадде мерасад,
ки ӯ аз рӯзноманигорон мехоҳад “дар ин масъала хушрӯй кор кунанд ва эҳтиёт
кунанд ва нагузоранд, ки ҳаракатҳои Либӣ, Ъироқ, Сурия, Тунис, Миср, ки
давлатҳоро чаппаву роста кард”, дар Тоҷикистон такрор шавад. Яъне корро то ба
ин ҳад расондаед, ки имкони такрори он рӯйдодҳои вайронгар дар Тоҷикистон ҳам
падид омадааст. Ва ҳоло аз рӯзноманигорон мехоҳед, ки ин харобкории шуморо
ислоҳ кунанд? Яъне корро шумо
хароб кардеду рӯзноманигорон дуруст кунанд? Агар аз аввал ба суханони рӯзноманигорон
гӯш медодед, шояд ниёзе ба ин дархост намемонд? Рӯзноманигорон
чорае ҷуз баёни ҳақоиқу вақоеъ надоранд ва навкари давлат нестанд. Оне, ки
навкар аст, рӯзноманигор нест.
Ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Ба ҷои ташдиди иқдомоти
саркӯбгарона, ки ваъдаи оқои Сафаруф буд, дари сулҳу мусолиматро бигшоед ва
ҳузури миллатро ба расмият бишносед; бо тамоми тафовутҳояш. Аз шумо, давлатиён,
ки корро то ба ин ҳад расондаед, интизор меравад, аз иштибоҳҳои худ дарс
бигиред ва авзоъро бадтар аз ин накунед. Нафси аммораро маҳор кунед, ъишқ ба
курсиро аз дил биронед, барои миллат имкони интихоби ояндаи худро фароҳам
кунед, то он рӯйдодҳои вайронгари “чаппаву ростакунанда” аз Моми Меҳани мо ба дур
бимонад!
No comments:
Post a Comment