Диёри арҷманди мо
Ба сӯги шоъираш нишаст...
Дирӯз пур аз умед будему имрӯз тиҳӣ шудем. Дирӯз навиди беҳбуди
ҳоли устодро додему имрӯз садҳо паёми таслияти дӯстони дуру наздикро мехонем. Ҳасрати
дидани рӯи гармаш ба дилҳо монд. Ва танҳо садост, ки мемонад. Садои тасаллобахшу
пурнишот, ки аз бистари марг ҳам бо ханда мегуфт, хуб асту нақоҳати андаке дораду
базудӣ ба зиндагии ъодӣ бармегардад. Касе, ки дар хилвати бемористони “Истиқлол”
дошт пар-пар мешуд, ба фарзандону пайвандону ёронаш пайваста тавсия мекард, ки
мувозиби саломатии худашон бошанд. Парастори муъолиҷаш ҳам гуфта, зарфи як
ҳафтаи муроқибат аз устод ба хулқу атвори инсонию хушбинию шӯхтабъии ӯ дил
бохтааст. Ҳар ки ӯро як бор дида буд, ба фаросату шарофаташ тан медод.
Ин ҳасрат ҳам ба дилҳо монд, ки ҳаргиз Дастонро надид. Дастону Париюши ман дигар на модарбузурге доранду на падарбузурге. Устод Гулназар падарбузурги фавқулъода меҳрубоне буд ва ба наваҳояш муҳаббати лоятаноҳӣ дошт. Барои ҳамаашон абёте суруда буд. Чаҳор сол пеш ин ду байтро дар зодрӯзи Париюшам ба ӯ тақдим кард:
То дар дили ман меҳри Париюш бувад,
Дар сина маро баҳори гулпӯш бувад.
То лаҳну садои ӯ ба гӯшам бирасад,
Овози ғаму ғусса фаромӯш бувад.
Дастон, ки омад, номашро писандиду бадоҳатан гуфт:
Рустами Дастон, дар ин майдон дигар танҳо наӣ,
Бо дуъои Пири Тусӣ достони мо расид.
Ба Фирдавсию “Шоҳнома”-аш вафодории фарзандона дошт.
Халқи ман!
Ъурёнии табъи ту чист?
Аз ҳарири ҳарфи Ҳофиз ҷома кун.
Номаи иқболи ту афсурдааст,
Рӯ ба шеъри қудсии “Шаҳнома” кун.
Гапфурӯшонат дукон бикшодаанд
Ҷои кони ҳикмати ту, сад дареғ.
Дар қиёси хирмани ҳазёнашон
Хас намояд давлати ту, сад дареғ...
Ва ламаҳоте аз хотирот мемонад...
Устод Гулназарро аз бачагӣ мешинохтам. Дӯсти наздики падари
ъазизам буду солҳо баъд хешованди сабабӣ шудем. Дар давраи навҷавонии
ъисёниам аз ду бузургворе, ки барояшон арҷи бисёр қоил будам, дархости насиҳат шуд.
Аз онҳо хостанд, то маро андарз кунанду роҳу чоҳ нишон диҳанд, то дигар дар
ҳафтаномаи “Адолат” мақола нанивисам. Он ду бузургвор, ки акнун лобуд дар ъарши
малакут ба дидори ҳам расидаанд, Даврон Ашӯруф ва Гулназар Келдӣ буданд. Панду
андарзи ҳар ду ин буд, ки талошу пайкорамро канор нагзорам. Устод Гулназар
гуфт: “Агар дар дурустии роҳе, ки интихоб кардаӣ, шакке надорӣ ва ин роҳро бахубӣ
сабук-сангин кардаӣ, аз роҳат барнагард. Шояд ҳамин боварҳои ту дуруст бошад. Офарин,
ки ҷуръаташро дорӣ!”
Баъдан дарёфтам, ки устод марде батамом озодандешу миллист
ва худаш ҳам тан ба ҳарфи зӯр намедиҳад ва, масалан, дар бораи рӯйдодҳои
баҳманмоҳи хунини 1990 (замоне ки Маскав ба Душанбе дигарбора лашкаркашӣ карду
25 тоҷикро кушт) нивишта буд:
Наврӯз дер кард,
Дар кӯчаҳои шаҳр гули лола сар кашид,
Ҳар лола ҳасрате,
Ҳар лола нолае.
Наврӯз дер кард
Дар зери осмони яхафшони тирарӯ,
Аз лобалои ҳотаи симини барф
Бишкуфт лолазор,
Ҳар лола машъале,
Ҳар лола ахтаре.
Он кас, ки барги лолаи табхола чиданист,
Оташ фитад ба домани савдояш!
Он кас, ки шамъи лолаи сарзинда куштанист,
Зулмат расад ба манзили уммедаш!
З-ин кӯча дӯш хотирам осуда мегузашт,
З-ин раста дӯш ҷони ман аз ғусса раста буд,
Ман по куҷо ниҳам, ки ба ҳар ҷо, ки рӯ кунам,
Ҳар лола навхатест,
Ҳар лола ъошиқест?!
Ман хун хурам ҳамора, ки аз чист ёди ман
Аз лола арғувон?
Ман хун шавам ҳамора, ки аз ҷилди “Тоҷикон”
Як сафҳа зери пост!
Наврӯз дер кард,
Наврӯзи лолазори Душанбе шукуфтааст.
Доғе нуҳуфтааст...
***
Солҳо баъд, ки домодаш шудам, нигарони таъсири ҳирфаи худам
бар мақому манзалати устод дар маҳофили ҳоким будам. Рӯзе ин нигарониро ҳузуран
бо ӯ дар миён гузоштам. Устод бо сиъаи садри сутуданӣ ва то ҳадде бепарво гуфт:
“Аз ман пурсидаанд, ки барои чи домодат ину он нивиштааст. Ман ҳам тавзеҳ
додам, ки домодам кӯдак нест ва марди рӯзгордида аст. На ман ба кори ӯ коре
дораму на ӯ ба кори ман”. Хандиданд. Ва ин ъайни воқеъият буд. Тӯли ин ҳама
сол, ки аз осмони сиёсии Тоҷикистон бар сари ман борони туҳмату таҳдид боридааст, ҳатто як бор ҳам аз ман нахоста буд, ки забон гоз бигирам, хафа
шавам, қаламамро бишканам. Дар идома ҳам гуфт: “Зимнан, ман аз ҳузур дар
интихоботи баъдӣ ҳам инсироф додам. Маҷлисро ҳам дидем. Кори беҳуда аст. Ҳамин
шеъру шоъирӣ бароям бас!” Ва дигар ба Маҷлис нарафт. Ва ҳамон ҳиссу мазмунро
дар чакомае муфассалтар тавсиф кард:
Маҷлис
Ҳеч донӣ, ки дар ин маҷлисгоҳ
Ҳозиру ғоиби ман яксон аст
Ва ба ин минбару ин воъизу ин дамдамаҳо корам нест?
Бибарад мисраъи Ҳофиз
Ба саропардаи қудсам.
Бидиҳад нашъаи ъумри ҷовид
Сухани Хизрии Хайёмам.
Бинамояд ду биҳишту ду ҷаҳиму ду ҷаҳонам
Рӯбарӯ ойинаи соҳири Бедил
Ва мани инҷойӣ
Онҷоям,
Ки дар ин боргаҳи нокасу кас
Бо касе ҳавсалаи борам нест .
Ҳеч кас огаҳ нест,
Ки дар ин маърази лутфу карами маснӯъӣ
Ҷуз ғами шеър вафодорам нест.
Аз мукофоту ҷазое, ки ба сар меборад,
Яке аз шодии дил мадҳуш аст,
Дигар аз ғусса дилаш метаркад.
Масту савдоии савдои ҳиҷо,
Ба ҳамон тарҳи сабоҳии яке байт, ки аз хотири ман мегузарад,
Фориғ аз хешаму ҳамсояи маҷлисгоҳӣ.
Шукр, шукр!
Бо ҳавасҳои хасак ҷони гирифторам нест.
Қодирам, то ҳама рӯзу ҳама шаб лоф занам,
Ки дар ин мулк тиҳисаршорам.
Ё ҳамон гуна ки Лоиқ гуфта:
Хирсро ном барам Хоҷаи Хизр.
Лек шармам ояд,
Аз ту, эй чашмаи саршори мусаффои Ватан,
Ки маро панди сафокориву покӣ додӣ.
Аз ту шармам ояд,
Эй умеди нигаҳи чашми гадои сари роҳ!
Аз ту шармам ояд,
Эй Оянда!
Хуни дил мехураму дидаи хунборам нест!
Сояи сабзи чанорони Душанбе
Раҳи савдои маро мепояд,
Нафаси ёсумании Варзоб
Оғуши дарди маро меҷӯяд,
Нигаҳи ъошиқи дилдодаи шеър
Шуълаи сӯзи маро мехоҳад.
Эй хушо маҷлиси риндонаи Ҳофиз!
Эй хушо маҳфили паймонаи Хайём!
Эй хушо анҷумани ойинаи ҳамдили Бедил!
Ба дигар ҳолу ҳаво корам нест,
Ба Худо, корам нест...
***
Аммо ҳамеша хушбин буд. Бовар дошт, ки “чунон намонду чунин
низ ҳам нахоҳад монд”. Тоҷикистонро ъошиқона дӯст дошт. Ба пешрафти андаки Меҳан
ҳам меболид. Дар ҳар гуфтугӯе, ки бо ӯ доштам, мегуфт, ки авзоъ рӯ ба беҳбуд
аст ва кишвар дорад ободтар мешавад. Аз роҳандозии нерӯгоҳи Роғун фавқулъода
хурсанд шуда буд. Бисёр умедвор буд, ки сулҳу оромиши кишвар халале набинад ва Тоҷикистон
тавсеъа кунад. Аз сафарҳояш ба манотиқи мухталиф мегуфт ва ин ки чи пешрафтҳое
онҷо ба чашмаш хурдааст. Аммо дардҳои ниҳониашро дуррсон бар дафтараш фурӯ
мерехт:
Ашке бирез бар сари Шаҳнома аз алам,
Аз кӯҳи нанги мо зи чӣ Рустам намерасад?
***
Лабони ташнаи соҳил таманнои дигар дорад,
Чи суд аз нолаҳои ту, агар Сайҳуну Ҷайҳунӣ?!
Маро бегонагии ошное мекушад рӯзе,
Дарунӣ мешавад оё Абӯрайҳони Берунӣ?!
***
Душанбе монаду гардаш намонад,
Давояш монаду дардаш намонад,
Қатори мардҳои ҷоннисораш
Илоҳӣ номи номардаш намонад.
***
Ҳама донову як доно пайи бедории мо нест,
Ҳама вассофи Наврӯзанду як ғунча шукуфо нест.
Намедонам ба кӣ гӯям ғами афсонаҳоямро:
Зи хар пур шуд раҳи дунёву Исое ҳувайдо нест.
***
Эй ба бедорӣ ту дида хобҳо,
Дида дар хоб оташи гирдобҳо!
Нағма зан чун ғӯки хушбахт аз фараҳ
Дар муҳити мурдаи мурдобҳо!
***
Махзани ашъор буд. Фирдавсиву Ҳофизу Хайёму Бедилу Нодирпуру
Симину Лоиқро дӯст дошт ва ҳамвора аз осори онҳо нақл мекард. Ҳаргиз ҳарфи
миёнтиҳӣ ба миён намеовард. Хушмашраб буд. Ва аҳли шӯхӣ. Шӯхтабъиаш ба ашъораш
ҳам роҳ ёфта буд:
Чунонат роҳ мепоям,
Ки ҳамкорам маъошашро.
Чунонат дӯст медорам,
Ки пурхур деги ошашро.
Чунонат мехурам афсӯс,
Ки деҳқон наску мошашро.
Чунонат мекашам андӯҳ,
Ки ҳамсоя кулоҳашро.
Чунонат пос медорам,
Ки Жопун подшоҳашро.
Чунонат саҷда меорам,
Ки ҳинду гови роҳашро...
Афзун бар шӯхтабъӣ, дар яке аз вопасин тамосҳои телефунӣ бо
устод дарёфтам, ки ъошиқи футбол аст. Ҷӯёи ҳоли тими маҳбуби инглисиаш Лестер
шуд; дуруст пас аз он ки Лестер ба далели мавҷи дувуми куруно дубора баста шуд.
Дар ниҳояти шигифтии ману Дилором мураббию бозикунони тимро баршумурд. Ин
саргармии устод бароямон тозагӣ дошт.
***
Тоҷик ба маънои воқеъии калима буд. Гирифтори ҳеч навъ
таъассубе набуд ва ба ҳамаи милалу боварҳои инсонӣ эҳтиром мегузошт, аммо
ъалоқаи хоссе ба Эрони бостону аслу решааш ва забоне дошт, ки аз посдорони
аслиаш буд:
Маро дар пӯст ҷои турку тозӣ нест,
Ки ман парвардаи Эрони тақдирам.
Агар дар ҷилди ман авлоди ман гунҷад,
Намемирам, намемирам, намемирам!
(“Руҷӯъи Монӣ”)
Дареғогӯи Эрон мӯя дорад
Сари хоки парешони каёнаш.
Бибояд ҳайкале он сон пай афканд,
Ки Рустам хезаду Рахшу камонаш.
***
Эй лафзи дарӣ, нишони тоҷик туӣ,
Дар ҳар ду ҷаҳон ҷаҳони тоҷик туӣ.
Аз Санҷару Чингизи замон бокам нест,
Донам, ки паноҳи ҷони тоҷик туӣ!
Фарзанди асили Бухоро буду дарди фурӯ рехтани сарзамини
пешинаш озораш медод. Дар соли даргузашти устод аз он рӯйдоди шум дуруст 100
сол мегузарад:
Гиря кун, гиря кун чу абри баҳор
Дар сари гӯри бенишони падар.
Магар аз хоки хуфта бархезад
Лолаҳое чу доғи банди ҷигар.
Ин замин сарбасар яке дахма-ст,
Дахмаи шайху шоъиру сарҳанг.
Сари ҳар пушта метавон бигрист
Аз ғами бенишонии фарҳанг.
Ин замин сарбасар яке қабр аст,
Марқади хашму шӯру тӯфонҳо,
Оби чашмони ту магар шӯяд
Гарди даврону хоки нисёнҳо.
Оби чашмат магар кунад лабрез
Чашмаҳои дарии лаббаста,
Сангҳое магар кашад боре
Ҳасрати кӯзаҳои бишкаста!
Тоҷик инҷо агар асар дорад,
Ҷуз мазори харобу яксон нест.
Мадфани бепаноҳи Сомонӣ
Пуштибони ҷалоли Сомон нест.
Кай зи дӯши манораҳои баланд
Осмонҳо фуруд меояд?
Аз раҳи оби Зарфишон рӯзе
Шоъири Панҷрӯд меояд?
Панҷаи зарнисори настаълиқ
Мекашад домани забони маро,
Сабзае, к-аз сиришки ту сабз аст,
Мекушад, мекушад хазони маро!
Гиря кун, гиря кун чу абри баҳор
Дар сари гӯри бенишони падар.
Хушксорӣ хушат намеояд
Дар Бухорои ҷовидони падар.
Аз лофи газофу тамаллуқу чоплусӣ мутанаффир буд:
Зинда бошӣ, эй диёри номдори лоф,
Дар паноҳи осмони беғубори лоф.
Боғҳо бишкуфтаву себаргаҳо шодоб,
Бехазон бошад ба ъолам навбаҳори лоф.
Бигзар аз афсонаи авҷу барори ъумр,
Бо ману ту бас бувад авҷу барори лоф.
Пай фикан нав-нав деҳу шаҳри ҷаҳонафрӯз,
Зиндагӣ кун дар Хуҷанду дар Ҳисори лоф.
Дар ғарибӣ луқма ҷустан кори ъоқил нест,
Музд бистону тараб кун дар диёри лоф.
Сардии дунё куҷову ҷони сармоӣ?
Зинда бодо офтоби шуълабори лоф!
Табъи ъурёну тани ъурён, чи менолӣ?
Шарм медор аз дукони бешумори лоф.
Осмон банди ғурури кӯҳҳои лоф,
Хокдон маҳви шукӯҳи обшори лоф.
Суфраҳо мамлувви нони лоф мебинам,
Комҳо ширин зи қанди хушгувори лоф.
Бори беъор аст агарчи лоф, мехоҳам
Лофзан мирад ба хорӣ зери бори лоф!
***
Фарзандонашро беандоза дӯст дошт. Ороми Дилам дар мақоми
таҳтағорӣ (кӯчактарин фарзанд) чун мардумаки чашм барояш ъазиз буд. Вақте ки Ороми
Дилро ба Ландан бадрақа мекард, ба гӯшам андарзе падарона хонд: “Духтарам дар
Ландан ҳеч касе ҷуз Шумо надорад. Ҳам падару модару ҳам хоҳару бародараш Шумо
ҳастед. Орзумандам, ки ғамхори якдигар бошед”.
Эй ъумри ман набуда ҷуз ъумри дӯстдорӣ,
Эй рӯҳи ман набуда ҷуз рӯҳи ғамгусорӣ,
Эй хоки ман набуда ҷуз хоки ҳамдиёрӣ,
Баҳри Худо, бигӯед, ин меҳри ман куҷоист?!
***
Хушбахт буд. Дӯстону дӯсторонаш бештар аз душманонаш буданд.
Гули сари сабади маҳофил буд. Ва мурдан дар Ватанро мояи хушбахтӣ ва бемаргии
инсон медонист. Бахте, ки гумон аст барои ман муяссар шавад, аммо устод ба
хостааш расид.
Касе ҳаргиз намедонад, ки роҳаш то куҷо пайдост,
Валекин дар Ватан мурдан бувад бемаргии инсон.
Даме, ки пуштаи ту мешавад аз хок болотар,
Ту боло мекунӣ хоки Ватанро як ваҷаб ал-он...
Намедонам, ки меҳре мебарад сӯи мазори ман
Ва ё аз ёд хоҳад шуд диёри ормони ман,
Вале боди Ватан дорад шабу рӯзи маро обод,
Вале санги Ватан монад ҳамон санги нишони ман.
Ному нишони устод Гулназар на танҳо бар санги Ватан, балки бар
нишони ҳувияти Ватан ҳам ҳакк шудааст. Равонатон шод бод, устод. Дурӣ маҷол
надод, ки пайкаратонро ба хок биспорам, аммо Шуморо бо рухи шоду хандонатон ба ёд
месупорам.
No comments:
Post a Comment