Ин забонҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон забони модарии тоҷикон аст: порсӣ, шуғнӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, вахӣ, яғнобӣ.
Пас оё месазад, ки фақат яке аз ин забонҳоро “тоҷикӣ” биномему талвеҳан ("косвенно") дигар забонҳои тоҷиконро ғайритоҷикӣ бидонем? Ба ҳеч рӯй!
Табъан, намешавад чунин кард, магар ин ки бо тоҷикон сари душманӣ дошта бошем. Танҳо касе, ки мухолифи якпорчагии тоҷикон аст, ин корро мекунад (Ё касе, ки кардаву нокардаи худ надонад). Ба ҳамин далел ҳам Кремлин номи фақат як забони тоҷиконро “тоҷикӣ” номид, то дар миёни тоҷикон тухми нифоқ бипошад.
Пас ба ҳамаи ин забонҳо (порсӣ, шуғнӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, вахӣ, яғнобӣ...) мешавад гуфт “забонҳои тоҷикӣ”. Аммо ба ҳеч рӯй набояд яке аз онҳоро “тоҷикӣ”-тар аз мобақӣ донист, ки хилофи асли якпорчагию иттиҳоди миллист. Ҳамаи онҳо ба як андоза тоҷикӣ, яъне эронӣ ҳастанд.
Аз ин рӯ тоҷикони огоҳ ба забони миллии худ “порсӣ” мегӯянд, ки номи ростину асили ин забон аст ва аз корбурди истилоҳи сиёсии таҳмилӣ ва тафриқаангези “забони тоҷикӣ” худдорӣ мекунанд.
No comments:
Post a Comment