Monday, March 03, 2008

Kremlin Awaiting Mr Bear (Cyr Persian)

Расули Шодон, Маскав
tajikistanweb.com


Кобили пешбинитарин раъйгирй дар Русия аз замони фурупошии Иттиходи Шуравй то кунун огоз шуд . Мардум пои сандукхои раъй мераванд, то ба раёсати чумхурии Дмитрий Медведев машруъият диханд. Пирузии Медведевро химояти ошкори раисичумхурии кунунй ва назарсанчихои ахир мусаллам кардааст . Бино ба назарсанчихо, худуди 75 дарсади чамъият аз вориси баргузидаи Путин химоят мекунанд.

Медведев се ракиб дорад, ки ба бовари коршиносон, хич кадом дар ин ракобат барои у хатари вокеъй ба шумор намеоянд. Хатто худи ракибони у – Геннадий Зюганов, рахбари хизби ру ба заволи Кумунист; Владимир Жириновский, рахбари хизби фавкимиллигарои Либерол Демукрот ва Андрей Богданов, чехраи ношиноси сиёсй – дар мавриди пирузии худ хеле мутмаин ба назар намерасанд. Номзадии нахуствазири пешин Михаил Косянов радди салохият шуд. Кумисиюни марказии интихобот муддаъист, ки шуморе аз имзохои чамъовардаи у такаллубй будааст.

Номзадии Гарри Каспаров, яке дигар аз мухолифони сарехуллахчаи Кремлин низ вориди баргахои раъй нашуд, чун хаводорони у ичоза надоштанд барои баргузории нишасти илзомии пешбарии номзад толореро ичора кунанд. Эътилофи «Русияи дигар», ки Каспаров аз рахбарони он аст, касд дорад дар эътироз ба «интиколи гайриконунии кудрат ба Дмитрий Медведев» рузи душанбе дар саросари Русия даст ба рохпаймойи бизанад. Намоишхои эътирозии пешини ин эътилоф дар гузашта аз суи пулиси Русия пароканда шуда буданд.

Александр Коновалов, тахлилгари умури сиёсй дар Маскав, мегуяд: «Номзадхои мухолиф ба духтарони раксандаи канори як овозхони поп дар руи сахна мемонанд. Хузури онхо дар пасманзари сахна тамошои онро хушояндтар мекунад.» ("Russia’s Election Laws Favor Kremlin Candidate", VOA, 01 March 2008).

Созмони Амният ва Хамкории Урупо аз эъзоми нозирони интихоботй худдорй кардааст. Ба навиштаи хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, ин созмон муътакид аст, ки махдудиятхои эъмолшуда тавассути макомоти Русия имкони анчоми назорате шоистаро салб кардааст.

Ин интихобот нуфузи густардаи Владимир Путин дар сиёсатхои Русияро хифз хохад кард, чун бо интихоби Медведев ба макоми раёсати чумхурй Путин нахуствазири у хохад шуд. Ин мухимтарин омили суъуди Дмитрий Медведев дар чадвалхои назарсанчист, бо ин ки дар гузашта у хеле шинохташуда набуд. Ва хузури хамин омил ракибони Медведевро такрибан ба куллй халъи силох кардааст.

Пруфесур Дмитрий Шушарин, коршиноси масоили Русия дар Маскав , дар гуфтугу бо Родю Замона (Омстердом) гуфт : « Интихоботи рузи якшанбе бетафовутии мардуми Русия дар мавриди раисичумхурии ояндаашонро нишон медихад. Чун ба эътикоди мардум, хатто агар окои Медведев раисичумхурй шавад, боз хам Русияро Владимир Путин рахбарй хохад кард.»

Бархе дидгохи дигар доранд. Рузномаи Daily Telegraph- и чопи Ландан дар гузорише вижа менависад: «Бо ин ки окои Путин аз маркази кудрат фосилаи чандоне нахохад гирифт, нишонахое хокй аз он аст, ки окои Медведев намехохад ба арусак (лухтак)-и окои Путин табдил шавад.» Ин рузнома бо истинод ба суханони Медведев дар хафтаи гузашта менависад: « Русия чашмандозе васеъ ва дар айни хол мушкилоти кобили мулохизае дорад. Як чунин давлатро метавон танхо бо раёсати чумхурии кавй идора кард, сарфи назар аз ин ки чи касе дар чи даврае ин курсиро дар Кремлин ишгол кардааст.»

Конуни Асосии Русия макоми нахуствазириро тобеъи раёсати чумхурй медонад. Аммо Владимир Путин аз хамин холо талвехан ишора кардааст, ки нахуствазирии у аз нахуствазирии кунунй мутафовит хохад буд. Гузориш шудааст, ки Путин дар макоми нахуствазирй аз ихтиёроте бештар дар заминаи хатти машйи низомй, хоричй ва амниятй бархурдор хохад буд. Аз суи дигар, камтачрубагии нисбии Медведев дар сиёсатхои дохилй ва байнулмилалй уро ба химоят ва забардастии Путин вобаста хохад кард. Ба эхтимоли зиёд, хамин омил Владимир Путинро барангехт, ки як муъовини камтар шинохташудаи нахуствазир ва раиси ширкати инхисории Гозпрумро вориси тахти худ баргузинад.

Дар вокеъ, бад-ин гуна Путин метавонад пурзуртарин давлатмарди кишвар бокй бимонад. Дар сурати истеъфои ногахонии Медведев Путин дубора ба курсии раёсати чумхурй боз хохад гашт ва аз ин рох монеъи конуниро пушти сар хохад гузошт, ки ба касе ичоза намедихад се давраи пайихам ба макоми раёсати чумхурй мунтахаб шавад. Худи Путин хам эхтимоли бозгашташ ба Кремлин дар ояндаро рад накарда ва касди худ барои эъмоли нуфуз бар ворисашро низ пинхон накардааст. Руи ин хисоб, гумон намеравад хатти машйи Русия дар баробари Осиёи Миёна барои чандин соли дигар мавриди бознигарии чиддй карор бигирад.

http://tajikistanweb.com/030208_ruselex_cyr.html

No comments: