Tuesday, May 19, 2009

Silent Languages

Забонхои хомуш

به دبيراه پارسی

Забонхо хам мисли инсонхо ва гиёххо зода мешаванду меруянд, меболанду мешукуфанд, бузургу сутург мешаванд, пиру камзур мешаванд ва мемиранд. Дар ин миён бархе умри бештар доранд, шуморе хам чавонмарг мешаванд, иддае хам тагйири шакл медиханду умри дубора мебинанд.

Шояд дар ахди Хахоманишиён касе бовар намекард, ки рузе забони оромй дар остонаи нобудй карор бигирад. Забоне, ки аз ФаластинуИсроил нашъат гирифту доман густард ва саросари Ховари Миёна, Хинду Чин ва Офрикои Шимолиро дарнавардид, бо китобхои мукаддас вориди Фарангистон шуд ва забони нигориши дарбории Хахоманишиён буд. Доманаи корбурди дабира ё хатти оромй густардатар буд ва дар бистари он расмулхатхои дигаре, ба монанди дабираи пахлавй шакл гирифтанд.

Аммо акнун аз он хатту забони баном ному нишони андаке бокй мондааст. Бунёди омузишй, илмй ва фархангии Созмони Милал (UNESCO) забони оромиро дар фехрести забонхои «катъан дар хатар» карор додааст. Ба навиштаи рузномаи Гордиян, чопи Ландан, танхо 7000 тан дар шахри Малулаи Сурия то кунун ба ин забон харф мезананд ва шумори гуишварони забони оромии навини гарбй, ки забонест нисбатан мутафовит аз оромии кухан, ба хашт хазор тан мерасад.

Давлати Сурия бо дарки хатари нобудии тамому камоли забони оромй муассисаеро барои густаришу таквияти ин забони бостонй созмон додааст ва акнун шумори бештари навчавононро метавон дид, ки Китоби мукаддаси масехиёнро ба забони асли он, яъне оромй, мехонанду мефахманд.

Дар гузашта такаллум ба забони оромй дар Сурия мамнуъ буд. Дар натича забони арабй бо шитоби физоянда чойгузини оромй мешуд. Аз суи дигар, забони фаронсавй дар давраи истеъмор чойгохи хар ду забони оромй ва арабиро тангтар карда буд. Аммо давлати Башор Асад тасмим гирифтааст бо ташкили Фархангистони Забони Оромй вобаста ба Донишгохи Димишк аз инкирози ин забон чилавгирй кунад.

Мусалламан, оромй танхо забони бостонии дар маърази хатар дар чахон нест, балки бино ба бароварди ЮНЕСКУ, шумори ин даста аз забонхо дар миёни наздик ба 6000 забони роич ба худуди 2500 мерасад.

Бунёди ЮНЕСКУ ба ифтихори рузи байнулмилалии забони модарй (21 феврие) шакли электруники «Атласи таъомулии забонхои ру ба инкироз»-ро дар шабакаи чахонии Интернет мунташир кардааст. Бо истифода аз ин абзори дичитол метавон дарёфт, ки дар кадом кишвар чи забоне дар остонаи нобудй карор дорад ва шиддати ин хатар то чи андоза аст.

Беш аз сй донишманди забоншинос дар ин тархи ЮНЕСКУ панч дарачаи хатари инкирози забонхоро мушаххас кардаанд: ноамн ё хатарнок, катъан дар хатар, шадидан дар хатар, бухронй ва мансухшуда (нобудшуда). Коркарди миёнкунишй (интерактив)-и ин сафха ба шумо ичоза медихад, ки масалан, аз вазъияти 25 забони ру ба нобудй дар Эрон огох шавед, ки аз ин миён ду забон то кунун ба куллй ба торих пайвастаанд: забони чабалй, аз гуишхои оромии калимй дар Курдистон ва «лишон дидон», яке дигар аз гуишхои оромии калимй дар Озарбойчони Эрон.

Вале забонхое хам дар Эрон хастанд, ки дар сурати адами мувозибат аз онхо пас аз муддате кутох нобуд хоханд шуд. Ба монанди забони мондойи бо худуди 300 гуишвар дар Ахвоз, забони курушй дар устони Форс, ки дар соли 1992-и мелодй 200 тан ба он такаллум мекарданд ва сурой ё гуиши оромии масехй дар Техрону Казвин, ки дар соли 1997 танхо 60 гуишвар дошт.

Дар Афгонистон 23 забон ба мурокибати бештар ниёз доранд. Забони мугулй бо 200 гуишвар дар вилояти Хирот ва забони тирохй бо худуди 100 гуишвар дар чануби шарки Чалолобод аз чумлаи осебпазиртарини онхоанд.

Точикистон бо сарзамину чамъияти камтар шумори камтари забонхои осебпазир дорад. Ёздах забон дар ин кишвар дар холоти мухталифи инкироз карор доранд, аммо хеч як дар холати бухронй ё мансухшуда нест. Забони ишкошимй, аз забонхои помирй бо 1000 гуишвар, забони рошорвй, аз хамин шохаи забонхо бо 2500 гуишвар ва забони ягнобй, бозмондаи забони бостонии сугдй бо худуди бист хазор гуишвар дар фехрести забонхои ру ба инкирози Точикистон омадаанд.

No comments: