Tuesday, September 28, 2010

Forbidden Fruit Is Sweetest

Меваи мамнӯъ ширинтар аст

(вижаи "Ногуфтаҳо"-и Нигоҳ)

Шояд ин мавзӯъ ҷузъи ногуфтаҳо набошад. Борҳо гуфта шуда, аммо дар лобалои торих нуҳуфтааст. Ҳамон меваи мамнӯъе, ки бино ба ривояти динҳои сомӣ, Одаму Ҳавво хурданду аз биҳишт ба замин парт шуданд. Гӯё ҳикматест азалӣ, ки дар рӯҳияи кунҷкови навъи башар ҳакк шудааст ва ҳамчунон рӯи замин ҳам дунболи он меваи мамнӯъи ширин мегардад.

Бо муруре ба торихи башарият метавон ин ҳикматро радёбӣ кард, ки ҳамвора мардум суроғи он меваи мамнӯъро гирифтаанд. Ҳар чи мамнӯъ аст, марғубтару хостанитар аст ва ҳар чи муҷоз аст, мавриди он ҳама таваҷҷуҳ нест.

Аммо аҷаб он ки ин ҳикмати мубарҳану равшан пайваста аз чашму зеҳни сардамдорону давлатдорон меуфтад ва барояшон дардисарҳое месозад, ки саранҷом ба сарнагунишон меанҷомад. Ҳокимоне, ки дар Эрони подшоҳӣ мехостанд ба зӯр мардумро аз ислом бикананду дар ҳайъате дигар биороянд, аз тахту тоҷи худ маҳрум монданд. Чун тӯдаҳо ба самти он меваи мамнӯъи ширин шитофтанд. Солҳо баъд аз он ҳокимони Эрони исломӣ ба зӯр бар сари занон ҳиҷоб афканданду бар фарқи мардон муҳри намоз кӯбиданд. Натиҷа он буд, ки мебинем: тӯдаҳо аз меваи таҳмилӣ гурезонанд ва дубора дар ҷустуҷӯи меваи мамнӯъ сардамдорони режимро дучори махмаса кардаанд.

Пас ҳар он чи таҳмилист, макруҳ аст ва ҳар он чи мамнӯъ, хостанист.

Чанде пеш дар хабаргузориҳои ҷаҳон хабаре дарз кард, ки дар Покистон бештар аз ҳар кишвари дигар вожаи “секс”-ро аз тариқи ҷустуҷӯгари интернетии Google меҷӯянд. Ин гузориш бовари ғолиби мардуми Ховарзаминро зери суол бурд, ки кишварҳои Ғарбро маҳди сексу таназзули ахлоқӣ медонанд. Зоҳиран, масъалаи сексу аъмоли ҷинсӣ бештар дағдағаи фикрии афродест, ки дар ҷомеъаҳои баста ва суннатӣ ба сар мебаранд ва кишварҳое, ки мушкилашонро бо ин мавзӯъ ҳал кардаанд, онро дар раддаи аввали ниёзҳояшон қарор намедиҳанд. Аммо занҷиру завлонаҳои иҷтимоъию урфӣ дар кишварҳое, ки ҳанӯз бо ин муъзал дасту панҷа нарм мекунанд, ин мавзӯъро табдил ба музоҳимати зеҳнии бисёре кардааст. Дар натиҷа, ҳифзи зоҳир ба вазифаи дараҷаи якум табдил мешавад ва ҳифзи ботин аҳамияти худро аз даст медиҳад. Ба ҳамон шеваи достони Эраҷ Мирзо дар бораи як зани ҳиҷобӣ, ки дар мулоқоте бо як мард исматашро бохт, аммо ҳамчунон хушнуд буд, ки печаи ҳиҷобашро аз даст раҳо накард:

Вале чун исмат андар чеҳрааш буд,
Аз аввал то ба охир чеҳра нагшуд.
Дудастӣ печа бар рух дошт муҳкам,
Ки чизе н-ояд аз мастуриаш кам.
Чу хурдам сер аз он ширин кулӯча,
“Ҳаромат бод!” гуфту зад ба кӯча.
Ҳиҷоби зан, ки нодон шуд, чунин аст,
Зани мастураву маҳҷуба ин аст...
Чу зан таълим диду дониш омӯхт,
Равоқи ҷон ба нури биниш афрӯхт,
Ба ҳеч афсун зи исмат барнагардад,
Ба дарё гар биуфтад, тар нагардад...
Чу дар зан иффату озарм бинӣ,
Ту ҳам дар вай ба чашми шарм бинӣ...
Куҷо фармуд пайғамбар ба Қуръон,
Ки бояд зан шавад ғӯли биёбон?!..

Аммо ширинии меваи мамнӯъ танҳо дар ин ҳарфу ҳадиси магӯ нест, балки ба ҳитаи сиёсат ҳам доман мекашад, ки як намунаи онро дар боло зикр кардем. Намунаҳои фаровони дигар ҳам ҳаст, ки суқути импротурии Шӯравӣ аз наздиктарину барҷастатарини онҳост. Ҳар чи мамнӯъ буд, тамоюл офариду марғуб шуд. Агар диндорӣ мамнӯъ бошад, бединӣ макруҳ мешавад. Ва агар диндорӣ иҷборист, бединӣ хостанист. Ба қавли шоъир:

Парирӯ тоби мастурӣ надорад,
Чу бандӣ дар, зи равзан сар барорад.

Агар маҳбубияти раҳбари як кишвар бар мардум таҳмил шавад, раҳбар манфур мешавад. Ва агар танаффур аз шахсе бар тӯдаҳо таҳмил шавад, ҳисси бечоранавозии фитрии мардум шахси мавриди назарро маҳбуб мекунад.

Ин вокунишҳои воруна (баръакс) ҳамвора сидқ кардаанду мекунанд. Барои намуна, гуфтугӯи ахири раисиҷумҳурии Эрон бо шабакаи телевизюни омрикоии Fox News, ба бовари бисёре, аз Маҳмуди Аҳмадинажод чеҳрае мазлуму маҳбуб тарсим кард, чун гӯянда бидуни риъояти одоб бар раҳбари як кишвар чунон метохт, ки гӯӣ бо дузди як баққолӣ тараф аст.

Кӯтоҳсухан, аз ин ҳикмати бостонӣ метавон ба осонӣ дар ҳар заминае аз зиндагӣ баҳра бурд. Агар моилем, ки як меваи бахусус ширин ҷилва накунад, беҳтар аст мамнӯъаш накунем. Шуъури инсонӣ саранҷом онро ба таври шоиста арзишёбӣ хоҳад кард. Андешае, ки сардамдорони имрӯз мамнӯъаш медонанд, фардо бар худи онҳо ҳукумат хоҳад кард. Шинохти озодонаву дақиқи он андеша метавонад чашмҳои баста бо шираи таъассубро боз кунад ва натиҷаҳои беҳтаре дар пай дошта бошад. Муҳим он аст, ки суфраамон аз анвоъи меваҳо холӣ намонад ва ҳамеша имкони гузиниш вуҷуд дошта бошад. Пас боиста аст, ки дар айни раҳо кардани андешаҳои мавҷуд бо канкошу мунозирот дар паи тавлиди андешаҳои тоза ва созанда бошем, то шояд меваи ширинтаре арза шавад, ки аз қазо мамнӯъ несту ҷаззобияти бештаре дорад.

No comments: