Monday, June 18, 2012

Parsiname. Part 2

Порсинома
Бахши 2

(вижаи ҳафтаномаи "Нигоҳ")

Пеш аз пай гирифтани ин сафари фарҳангӣ иҷоза бидиҳед ба чанд рӯйдод ва ҳақиқати муҳимми торихӣ бипардозем, ки тасвирро равшантар мекунад.

Бухорои давраи мавриди назари мо (авохири садаи 19 мелодӣ) Бухорои дарҳамшикастае буд. Дар воқеъ, Бухоро аз замони зимомдории Оли Манғит ба баъд рӯ ба уфул ниҳод. Манғитҳо ҳамон туркҳои чағатоии дастнишондаи Нодиршоҳи Афшор буданд, ки баъд аз марги подшоҳи Эрон (1740) Бухороро ба ирс бурданд ва аз соли 1868 мелодй (1247 ҳиҷрии хуршедӣ) то поёни ъумри аморат таҳти қаймумат (протекторат)-и Русияи тезорӣ буданд. Дар яке аз тасвирҳои Восилӣ Верешогин (Василий Верешагин), наққоши садаи 19-и рус сарбозе бухороиро мебинем мулаббас ба пероҳани гушоду дарози сурх, бо камону пайкону таркаш, омодаи ҳамла. Дар оғоз тасаввури сардамдорони Аморати Бухоро ин буд, ки бо ёрии Худованд бо ҳамин камону пайконҳо мешавад ҳуҷуми куффори русро дафъ кард. Аммо то шикаст хурданд, навое дигар навохтанд ва ба тезор (царь)-и рус лақаби “Оқпошшо” (Сапедподшоҳ) доданд ва ба фармони ӯ гардан ниҳоданд, бо ин умед, ки ба ъунвони туюлдор (вассал)-они Оқпошшо то абад тоҷу аврангашонро ҳифз кунанд... Аммо чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд.

Вопасмондагии Аморати Бухоро танҳо дар фанновариҳои низомии қурунивустоӣ (асримиёнагӣ)-аш набуд, балки сартосари аморат куҳна шуда буд ва фурӯ мерехт. Ҳатто агар артиши рус ба сарвақташ намерасид, боз ҳам фурӯ мерехт, ҳамонанди деворе, ки аз бунёд хароб шудаву мунтазири бодест, ки ба заминаш бикашад. Ва дар ин сарзамини бахтбаргашта танҳо 2 дарсади мардум хатту саводи хондану навиштан доштанд.

Ин ҳақиқат яке аз бузургтарин далелҳои мухолифони алифбои порсӣ дар Тоҷикистон аст. Ба заъми ин соҳибназарон, агар дубора ба хатти порсӣ баргардем, мизони савод дар кишвар ба ду дарсад боз хоҳад гашт; чун гӯё “хатти порсӣ ба андозае сахту мушкил аст, ки андак касе аз паси омӯхтанаш бармеояд”. Далели дигарашон ин аст, ки “бо хатти пириллик тавонистем 100 дарсади мардумро босавод кунем”. Албатта, ин ҳам як лофи шӯравиёна аст, чун баростӣ, ҳаргиз 100 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон пирилликхон нашуданд ва буданд касоне, ки пойбанди порсӣ ё ҳатто хатти лотин монданд ва бо пириллик миёнаи хубе надоштанд. Бузургони миллат ҳам аз Садриддин Ъайнӣ гирифта то Мирзо Турсунзода осорашонро ба хатти порсӣ менавиштанд ва ҳаргиз тан ба ноҳамвории пириллик надоданд.

Аммо бад нест дар баробари ду дарсади саводи мардуми Аморати Бухоро мизони саводи импротурии Русияи тезориро ҳам бисанҷем, то дарёбем, ки моҳияти хат мизони саводро таъйин намекунад. Албатта, бояд мизони пешрафти ин ду сарзамин дар он давраро ҳам мадди назар дошта бошем, то таносуби ин муқоисаро дарёбем. Дар соли 1897 мелодӣ дар Русия омори саводи мардумони сокини импротурӣ мунташир шуда буд, ки бино бар он, Русия бо ҳамин хатти сириллик аз камтарин мизони савод дар миёни кишварҳои урупоӣ бархурдор буд. 78 дарсади ҷамъият бесавод буданд ва 39 дарсад метавонистанд бихонанд (яъне аксарият саводи навиштан надоштанд).

Ё ба қавли Дмитрий Бикуф (Быков), шоъиру нависандаи шаҳири рус, ки ҳамин чанд рӯз пеш (14.06.2012) дар родю «Эхо Москвы» суҳбат мекард, “мизони савод дар Русия дар поёни садаи 19 шаш дарсад буд ва ҳамин ки ба 30 дарсад расид, инқилоб шуд”. Ва баростӣ, мизони бесаводӣ дар як кишвари урупоӣ чун Русия дар он замон музҳик буд. Масалан, ҳудуди 48 дарсади мардуми устони Маскав бесавод буданд ва Сан-Петерзбург, ки пойтахти он буд, 41 дарсад бесавод дошт. Дар устонҳое чун Смоленск, Нижгород, Астрахан, Қазон, Томск ва Уфо аз 76 то 94 дарсади мардум бесавод буданд.

Оё шоиста аст, ки даму дастгоҳу тӯпу туфанги Оқпошшоро бо камону пайкону таркаши амири Бухоро муқобили ҳам бигзорем? На. Агар шоиста мебуд, шояд пои Оқпошшо ба сарзамини мо намерасид. Бухоро як аморати дар ҳоли фарсоиш буд, ки пӯсидагиаш чи дар артиш ва чи дар дигар ъарсаҳои зиндагии иҷтимоъӣ ҳувайдо буд. Савод ҳам наметавонад мустасно бошад. Агар мизони пешрафти Русияи тезорӣ ва Аморати Бухороро мадди назар дошта бошем, мизони савод дар ин ду сарзаминро ҳам мутаносибан ъайни ҳам мебинем. Яъне Русияи тезорӣ ҳам дар босавод кардани мардуми худ комгортар аз Аморати Бухоро набудааст. 

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи Броён Спунер ва Вилём Ҳулувей дар китоби “Саводомӯзӣ дар ҷаҳони порсигӯ”, мизони болои саводи порсигӯён ва фаровонии дабирони порсинавис аз ъомилҳои аслии мондагории забони порсӣ дар минтақае ба ин густардагӣ будаанд (Literacy in the Persianate World, edited by Brian Spooner and William L. Holloway, p.16, Philadelphia, 2012). Яъне ҳамаи он ду дарсад ҷамъияти босаводи Аморати Бухоро порсихону порсинавис буданд ва савод аз ъомилҳои аслии мондагории порсӣ дар минтақа будааст.

Бад-ин гуна, ин иддаъои дилбохтагони хатти пириллик, ки “тоҷикҳо сирфан ба туфайли хатти русӣ босавод шуданд” як иддаъои чирт, жож, беҳуда ва миёнтуҳист, ки кӯчактарин далели ъилмӣ надорад. Яъне ин содагии пириллик набуд, ки “100 дарсад”-и мардуми Бухорои Шарқиро босавод кард, балки шеваи эъмоли омӯзиш буд, ки дар мизони саводомӯзии чи Русия ва чи Бухоро (ва чи дигар бахшҳои импротурии Шӯравӣ) ҷаҳише бузург падид овард.

Дар идомаи ин ёддоштҳо мекӯшам муқоисае ҳам миёни хатти порсй ва алифбоҳои чинию жопунӣ анҷом диҳам, то собит кунам, ки чинию жопунӣ бамаротиб сахттар аз порсист, аммо зариби ҳуши чиниҳою жопуниҳо бамаротиб болотар аз зариби ҳуши мост. Пас ҳатто агар алифбои порсиро мушкил бидонем, боз ҳам ба суди ҳуши мост. Пас нӯши ҳушаш кунем, то қадре ҷилав биуфтем.

No comments: